April 2019

18 April 2019

Бадхоҳи касон ба мақсад нарасад

Терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар масъалаҳои глобалӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти давлат, мардум, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср на танҳо ба давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида, балки тамоми ҷаҳон таҳдид намуда, хислати фаромиллиро касб кардааст.

Таърихи пайдоиш, фаъолият ва кирдорҳои ҷинояткоронаи сарварони ТТЭ ҲНИ, гурӯҳҳои силоҳбадасти он собит намуд, ки ин ҳизби бо дасти хориҷиён сохташуда ва аз хориҷи кишвар идорашаванда, аз лиҳози ғоявӣ, мафкуравӣ, молиявӣ побанди мақомоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, баъди шармандавор шикаст хӯрдан, барбод рафтани ниятҳои нопокашон, радди маърака шудан низ боз дар симои ҳамин душманони миллати мо такягоҳи худро пайдо намуд.

Қарори Президенти ИМА Дональд Трамп аз 8 апрели соли ҷорӣ дар хусуси созмони байналхалќии террористї эълон кардани Корпуси Сипоњиёни инќилоби исломӣ беҳуда нест. Ҳатто давлатҳои абарқудрат низ мисли ИМА, Франсия, Олмон, Русия ва ғайра даҳшати терроризмро эҳсос намуданд.

Санаи 10 апрели соли 2019 дар сомонаи интернетии “” мақолаи мухбири агентии иттилоотии "Параллель" Олег Алексеев бо номи “Покровитель ТЭО ПИВ - КСИР объявлен террористической организацией” нашр гардид.

Дар мақолаи худ Олег Алексеев далелҳои мушаххасро оид ба пуштибонӣ ТТЭ ҲНИ будани Корпуси Сипоҳиёни инқилоби исломӣ Эрон ва даст доштани ин ниҳод ба амалу тарғиботи зидди сохти конститутсионииТоҷикистон овардааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки Эрон аз ҷиҳати дороии сарватҳои табиӣ - нафт, газ ва дигар боигариҳо тавонманд аст, аммо бештари мардуми он зиндагии камбизоатона доранд. Дар натиҷаи сиёсати таҳдид, таъзиқу фишор ба зиёиён, равшанфикрон, Эронро ҳазорон олимону мардуми оддӣ тарк кардаанд.

Мувофиқи маълумоти Олег Алексеев зери назорати Корпуси Сипоњиёни инќилоби исломӣ ва пуштибонии Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон Ҳизби террористӣ-экстримистии ҲНИ фаъолияти 20-солаи худро идома додааст. Дар шаҳрҳои Теҳрон, Гургон, Қум ва ғайра марказҳои махсуси тайёркунии террористон мавҷуд буда, гурӯҳҳои террористии ҲНИ низ маҳз дар ҳамин марказҳо тайёр карда шудаанд. Ин гурӯҳҳои диверсионӣ, террористӣ даҳҳо шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ, сиёсӣ, рӯзноманигорон, адибони тоҷик, афсарону сарбозони русро ҳадафи террор қарор доданд.

Маълум гардид, ки нақшаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби сарварони ТТЭ ҲНИ ва генерали хоин Ҳ. Назарзода моҳи сентябри соли 2015 низ аз ҷонибихадамоти ҷосусии Эрон тарҳрезӣ гардида, ин ниҳод барои амалӣ сохтани ниятҳои шумашон маблағи хеле калонро ҷудо карда буд.

Тибқи маълумоти муаллифи мақола танҳо дар соли 2016-2018 барои таъмини молиявии ТТЭ ҲНИ Эрон зиёда аз 3 млн. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Аз ин далелҳо бармеояд, ки нақшаҳои нопоку ниятҳои бадхоҳонаи ҳама гуна сарварону пуштибонҳои созмонҳои террористӣ хоҳу нохоҳ рӯзе фош хоҳад шуд ва симои аслии онҳо ба тамоми мардуми ҷаҳон маълум хоҳад шуд, ҳамчуноне, ки бо Корпуси Сипоҳиёни инқилоби исломӣ шуд.

Шарифов Ш., Ҷабборов И. устодони ДДХ

Читать далее

ДАР ХИЗМАТИ ХОҶА

Имрӯзҳо ба назар мерасад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз баргузории конфоронс ва ё як нишасти хурд, ки аз якчанд нафар аъзои гурезаи он иборат мебошанд, хабар медиҳанду дар бораи Ватан, миллат, мазҳаб, дин ва ғайраҳо сухан мекунанд ва мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Роҳбарону масъулони ин созмони террористӣ бо хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд, ки дар оянда хатарҳои зиёди гӯшношунидро дар минтақа ба вуҷуд меорад.

Ин ифротгароён бо рафтору кирдори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷиашон туҳфаҳои қимматбаҳо мегиранд.

Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони худ қарор дошта, бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Дар баробаре, ки номбурда чун саги моргазида дум ликконда мегашт, имрӯз бо як фитнагари дигар Салимпур, ки ба ном хабарнигор аст мехоҳанд фазои осудаи моро ноором созанд. Як чиро бояд иброз намуд, ки рафтору кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатиҳо арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто барои ҷоҳу маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд.

Имрӯз бадхоҳони миллат зархаридону хоинон ободии кишварро намехоҳанд, аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд. Бори дигар хотиррасон хоҳем кард, ки ин лаънатиҳои зархарид ва хоинони миллат як маротиба соли 1992 бо дурӯғу буҳтон, фиребу найранг мардумро ба майдон кашида, оқибат сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки барои мардуми Тоҷикистон басанда аст.

Ҳамаи мо имрӯзҳо аз ки будану ва чӣ мақсад доштани ин беватанҳо хуб маълумот дорем ва гуфтанием, агар марди майдон мебудед аз пинҳонӣ истода даъвои бемантиқ ба сар намекардед!! Шумо беимонтарин инсонҳоед, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳанд шуд. Шукронаи самараи неки Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Магар бахилӣ доред? Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳама тоҷику тоҷикистонист ва шумо ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳед расид.

Ғаюров Ҳ.Ш. – н.и.ф-м., дотсент, муовини
ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ

Читать далее

Муроди мо насиҳат нест, огоҳ кардану ҳушдор сохтан аст

Қарни ХХI –ро қарни таҳаввулот, аз ҷумлаи таҳаввулоти технологӣ унвон додаанд, ки он боиси навгонӣ дар ҳама самтҳои зиндагӣ гардидаву Тоҷикистон дар канор нест. Ҳамагон, бахусус ҷавонон ба ин таҳаввулот қобияти хуби мутобиқшавиро соҳиб буда, барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малака аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодаанд. Истифода бурда тавонистану ҳамқадамизамон будан як тарафи масъала бошадтарафи дигарашистифодабарандагон кистанду маданияти истифодабариро то кадом андоза азхуд кардаанд? маҳсуб меёбад.

Ба таври ҷиддӣ аз навгониву рушди илмҳои дақиқу техникӣ бархурдор буданусатҳи касбии хешро баталаботи стандарти байналхалқӣмувофиқ сохтанд ва барои рангину мазмунноку шавқовар шудани ҳаёту фаъолият ғайр аз истеъдоди кор бо технологияҳои муосир ақлу хираду фаҳму фаросатниз лозим аст, ки имрӯз риояи онро камтар ҳис мекунем.Донистани забони ҳориҷиву уҳда карда тавонистани технологияҳои муосир мазмуни инсони комилро буданро пурра ифода намекунад.

Тайи ду – се рӯзиохир оид ба масъалаи баланд шудани нархномаи хизматрасонии шабакаи иҷтимоии интернет сару садоҳои гуногуне пайдо шуда, ҳар кас мувофиқи табъу завқу ақлу тамизаш андешаронӣ мекунад. Шояд гап дар сари арзону гарон шудани нарху навои хизматрасонии интернет набошад. Ҷавонону наврасони имрӯз, ки “ғуломи интернет” шудаанду озодона андешаву фикри худро бо нутқи шифоҳиву забони худододаи модариашон иброз дошта наметавонанд (доираи на он қадар васеи ҷавонон бошанд ҳам) ба таҳлука афтодаанд, ки акнун чи кор мекунанд? Аз “ёру рафиқу ҳамдам”-и шабонарӯзиашон чи хел дил мекананд? Барои навиштани“корҳои мустакилонаву корҳои хаттӣ ”ба куҷо муроҷиат мекунанд? ва ғайраву ҳоказоҳои дигар...

Ҷавонони азиз, истифодабарандагони шабакаи умумиҷаҳони интернет аз шумоён талаб ва дархости онро дорем, ки боре сари андеша омада, рафтору кирдори худро бо тарозуи ақл баркашед (итминон дорем, ки қудрататон мерасад), ояндаи худу волидайну наслатонро хӯреду ба китобхониву китобхона рӯ оваред, зеро ҷавоби тамоми саволатон он ҷо меёбед.

Яке аз сабабҳои парешонхотирӣ, асабоният истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ мебошал. Лекин, қазоват аз худи шумост, соҳиби ақлу ҳуш ҳастед, дар муассисаҳои олӣ таҳсили илм доред, дар замони орому осуда, зери навои хуши истиқлолият зиндагӣ доред, пас бо азму иродаи қавӣба сӯи ояндаи дурахшон занед!

Мақсад аз гуфтаҳои боло, манъ кардан ва ё маҳдуд намудани фазои интернетӣ набуда, риояи маданияту одоби муоширату муносибат мебошад. Пеш аз ворид шудан ба ягон саҳифаи интернетӣ (портал, паблик чат...) андешаи он намоед, ки зарурат ҳаст ё не, агар бошад истифода аз рӯи имконият ва ба фоидаи кор бошад. Падидаҳои номатлубе, ки имрӯз ҳамагонро ба ташвиш овардаасту бештар ҷавонон гирифтори ин бало мешаванд, сабабгори асосиаш маҳз шабакаи иҷтимоии интернет аст. Тақлидкорӣ (сару либос, ришу мӯи сар, сухангӯӣ...), зудбоварӣ, иштибоҳ, ғайриқонунӣ сафар ба хориҷи кишвар, даъвои муллогӣ кардан, ба ҷо наовардани эҳтироми волидайну устодону калонсолон ва ғайра маҳсули шуғли бемақсадона аз шабакаи интернет аст.

Қодирова М.А. –муаллимаи
 кафедраи назария ва методикаи таълими забони модари ДДХ

Читать далее

МИНБАРИ ТАБЛИҒОТӢ

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои  номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои  дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда,  дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва  монанди ин дучор шудаанд.

Яке аз ташкилкунандагони гурӯҳи террористию экстремистӣ раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳидин Кабирӣ ба ҳисоб меравад. Кабирӣ, ки худ террорист ҳаст, мехоҳад сафи хешро зиёд намояд ва дар ин роҳ аз Мирзои Салимпур сармуҳаррири сомонаи “Ахбор.ком” васеъ истифода мебарад. Сомонаи ӯ ба минбари таблиғотии ақидаҳои наҳзатиён мубаддал гаштааст.

Имрӯз мо ҳали зиёи ҷомеаро зарур аст ҷавонону наврасонро аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо эмин нигоҳ дорем. Пешгирии ифротгароӣ усулҳо ва воситаҳои гуногунро дар бар мегирад, аз буклети иттилоотӣ сар карда, то омода намудани (волонтёрҳо) ихтиёриён аз ҳисоби чавонон, то он ки муошират бо ҷавонон дар сатҳи баробар сурат гирад. Ба ғайр аз ин, ба мутахассисоне, ки бо ҷавонон кор мекунанд, боз маълумоти бештар оид ба радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир пешкаш намудан лозим аст.

Имомназарова М. – сармуаллимаи
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Читать далее

САРСУПУРДАГОНИ ХОҶА

Пас аз мутолиаи баъзе мақолаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда мешаванд, рости гап, шахс дар ҳайрат мемонад. Имрӯзҳо баъзе рӯзноманигорон, аз қабили Мирзои Салимпур аз чорчӯбаи фаъолияти рӯзноманигорӣ берун рафта, бо ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу фитнаангез мехоҳанд обрӯву нуфузи Кабириро боло бардоранд.

Лекин, симои Муҳиддин Кабириро мардуми тоҷик кайҳо шинохтааст. Дар як давраи барои халқи тоҷик ҳассос ба арсаи сиёсат гурӯҳҳое ворид гардиданд, ки мақсади асссиашон ноором намудани вазъи ҷомеа ва ба ин восита расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ ба ҳисоб мерафт. Роҳбарони чунин гурӯҳҳо бо раҳнамоӣ ва дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон мардуми оддиро бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мешӯронданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра баҳри дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ муайян карда шудаанд.

Дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд илму фарҳанг ва маориф дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд, дар ин замина мавқеи муҳимро ҷавонон ишғол мекунанд. Забон, адабиёт, таърих, сарчашмаҳои хаттӣ, ёдгориҳои таърих, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи интернет, васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон нақши асосӣ доранд.

Ҷавонон бояд барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат намоянд.

Мо амалҳои нопок ва хиёнаткоронаи Мирзои Салимпур ва Муҳиддин Кабириро маҳкум карда, гуфтанием, ки дар замони муосир танҳо бо фаро гирифтани илмҳои дунявӣ ва касбу ҳунар метавон шароити зиндагии шоистаро барои худ ва фарзандон фароҳам овард.

Саидҷонов С.Ш. – сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ ДДҲБСТ

Читать далее

Ватандӯстӣ ба кирдор аст, на гуфтор!

Тоҷикистони азизи мо Ватани аҷдодии азизи ҳар як тоҷику тоҷикистони аст. Онро азиз доштану дар ҳаққи он суханҳои самимона гуфтан хеле гуворо аст.

Дар ин асос ҷавонони имрӯзаро бо ватану ватандорӣ шинос намудан, ҳақиқати ҳолро нишон додан ин вазифаи муҳими волидон, ҳамагон омӯзгорон, ва аҳли ҷомеа мебошад.

Изҳороти расмии Мирзои Салимпурро аз назар гузаронида, ба андеша афтодам, ки ӯ тоҷик асту ба манфиати кӣ ва киҳо хизмат мекунад. Чаро бо ҳар гуна андешаҳои тӯҳматангези худ майнаи ҳамагон, бахусус ҷавононро гиҷ мекунад.

Мардуми мулки куҳанбунёди мо таҳаммулпазиру дурандешанд ва кӯшишу талош доранд, ки ҷомеаи имрӯзаи навини мо, ки ба ваҳдату ягонагӣ асос ёфтааст, пойдор бошад ва солҳои сол, асрҳо барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шавад.

Чаро Мирзои Салимпур дар интернет шабакаиалоҳида кушодаасту Ватани ободу тинҷи моро сияҳ карда нишон доданӣ мешавад. Чаро ӯ ва дигар ҳаммаслаконаш дар Тоҷикистон нестанду дар кишварҳои Аврупо мезиянд, амал мекунанд. Оё онҳо Ватан надоранд? Кӣ онҳоро дастгирӣ мекунад? Агар ватандӯсти ҳақиқи ва виҷдони пок дошта бошад, пас байни тоҷикон, ки мисли ӯ мусалмон мебошанд, ҷудоӣ наандозад!

Аз ин изҳороти худ Мирзои Салимпур чӣ натиҷа интизор аст? Ӯ мехоҳад ҷомеаи имрӯзаи моро бо дасисабозиҳои худ вайрон созад? Зиндагии тинҷу ороми халқи моро мураккаб сохта, дар ҷомеа бесарусомониҳоро ба вуҷуд орад? Агар ӯ аз “ватандӯстон”-и асил марди ҳақиқию ҷасур бошад, ба сарзамини худ баргардаду дар ободии Ватани азиз якҷоя саҳм гузорад. Мо як забон, як миллат, давлат ва Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!

Раҳимҷон БОҚИЕВ,
омӯзгори литсейи физикӣ-математикии №1
ба номи академик М. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

«Пуштибони ТТЭ-ҲНИ- (КМИИ Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ) ташкилоти террористӣ эълон карда шуд». Ва ё чанд андеша доир ба мақолаи Олег Алексеев

Дар мақолаи Олег Алексеев аз АИ «Параллело» бо далелҳои мушаххас бори дигар парда аз рӯи ҳомиёну сарпарастон ва хоҷагони манфури ТТЭ ҲНИ бардошта шуд. Исбот мешавад, ки   ин ташкилотҳои хатарзо натанҳо ба давлатҳои минтақа, ҳатто ба тамоми ҷаҳон ҳамчун эҷодкунандаи хатар ва ноамнӣ муаррифӣ гардида истодаанд.

Дар изҳороте, ки 8-уми апрели соли равон Президенти ИМА Доналд Трамп таъкид менамояд, корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ (КМИИ), ки ба гурӯҳҳои террористии  роҳбарияти Эрон хизмат мекунанд, дар ҳамаи маъракаҳои террористӣ бо қувваи «Кудс» фаъолона иштирок мекунанд.

Сухан дар бораи он меравад, ки маҳз ин ташкилотҳои террористӣ дар ҳама.. ҷабҳаҳо барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ маблағҳои зиёдро масраф мекардаанд.

Ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла КМИИ, ки  аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ меёбанд, барои иҷрои ҳадафҳояшон нақшабандиҳо ва маблағгузорӣ мекунанд.

Изҳори таассуф дар он аст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз пайравонест, ки маҳз бо дастгирии ин ташкилотҳои террористӣ тайи даҳсолаҳост амалиёти ифротгароёнаи худро амалӣ месозад.

Қайд карда мешавад, ки моҳи сентябри соли 2015 барои ноором сохтани вазъияти иқтисодию сиёсӣ ва ташкили табаддули давлатӣ созмонҳои эронӣ ба ҲНИ 1 миллиону 200 ҳазор доллар маблағгузорӣ кардааст.

Имрӯз аҳли башар хуб дарк менамояд, ки терроризм  чун як падидаи занҷирбанди хавфнок барои суботи ҷомеа дар ҳамаи кишварҳо реша медавонад. Ифротгариҳову хиёнатҳои ТТЭ - ҲНИ ҳамарӯза ошкор гашта, асли вуҷуди онро давлатҳои мутараққӣ чун ИМА мешиносад.

Мутаассифона, як гурӯҳи боқимондаи ин ташкилоти террористӣ аз андешарониҳои бемантиқу ифротгароёнаи худ, алалхусус, тавассути студияи «Садои мардум» нисбат ба халқу миллати Тоҷикистон даст намекашанд.

Рушди бомароми ин ватани азиз, шукуфтанҳову рустанҳо ва пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии ин сарзамини биҳиштосоро нодида мегиранд. Гӯё, ки кӯранд. Зеро онҳо  намаки ватанзадаанд.

Хушбахтона, ҳамарӯза саҳифаҳои нави  фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагонаш  кушода шуда, асли онҳоро ҷаҳон шинохта истодааст. 

Туйғун ШАРИФОВ,
                                    ноҳияи Зафаробод

Читать далее

Муборизаи оштинопазир бо ифротгароӣ муҳим аст!

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст бояд дарк кард.

Экстремизми динӣ яке аз падидаи манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад.

Муборизаи беамон бо экстремизми динӣ ва терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим аст.

Гурӯҳҳои экстремистӣ, пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, мо - омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия намоем.

Имрӯз бояд, мо – омӯзгорон ва аҳли ҷомеа ба толибилм фаҳмонем, ки сулҳу оромӣ, фазои беғубори Тоҷикистони азиз бароямон хеле муҳим аст.

Манзура АЗИМОВА,
омӯзгори Гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Амали номатлубро пешгирӣ мебояд!

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар марҳалаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти гӯё «динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва, ҳатто, аҳли хонаводаи хеш гардонида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва терро-ристӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидану арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз кардани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки кишвари худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.

Мардуми тоҷик аз азал баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ҷоннисорӣ намуданд ва дар вуҷуди онҳо ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарстӣ ва ифтихори миллӣ ҳамеша дар ҷӯш аст. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки ягон қувваи беруна барои рахна задан ба девори мустаҳкаму мустақили тоҷикон қудрате надорад.

Бӯстон Умаров,
корманди идораи нотариалии
давлатии вилоят, майори адлия

Читать далее

Исботи амалҳои зиддитоҷикии ТТЭ ҲНИ

Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қатар ба маврид гуфтааст, ки “ТТЭ ҲНИ наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон шудааст”. Албатта, роҳбари ин ташкилоти ифротӣ аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мехост, ки мақсадҳои нопокашро амалӣ созад, аммо ба орзуҳояш нарасид.

Яке аз аъзояш ин Назарзода Ҳалим буд, ки дар Вазорати мудофиаи кишвар роҳбарӣ мекард. Аммо дар дилаш ҳамон шумбиниҳои наҳзатиаш монда будааст. Дар баробари фаъолияташ бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекардааст. Итоати ҳамон нафаронеро мекард, ки наҳзат ҳам бозичаи дасти онҳо аст. Дар якҷоягӣ мехостанд, ки дар Ватани мо нооромӣ кунанд. Дере нагузашта тамоми амалҳояшон ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Маълум гашт, ки ҳамаашон гумоштаи СПИИ будаанд. Бо хиёнат кардан ба Ватан аз ин хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ маблағҳои муфт мегирифтанд. Аз оғози фаъолияташон ниятҳои нопок доштанд.

Ҳоло бошад худашонро сафед кардан мехоҳанд, ки мо тарафдори сулҳ будем ва кӯшиш ҳам мекардем. То ҳол худашонро нишон дода истодаанд, сомонаҳо ташкил карда, бар зидди миллати худ матлабҳои зиддитоҷикии хоҷагони хориҷиашонро ба нашр мерасонанд, ҳамин аст магар тарафдори сулҳ будан? Дар асл худ ба амалҳояшон аҳамият намедиҳанд, ки чӣ кор карда истодаанд.

Борҳо ҳамаслаконашон мехостанд ба нооромиҳо даст зананд, аммо ошкор ва дастгир шуданд. Барои озодшавии баъзеҳояшон ҳоло ҳам даъвоҳо мекунанд. Ба ақли кӣ рост меояд, ки ҷинояткорро бе додани ҷазо озод кунанд. Ин аст мақсадҳояшон, зулму ғорат кардан ва мардумро фирефтаи худ сохтан аст. Ба мо маълум аст, ки ин ватанфурӯшон чӣ нияту аъмоли нопок доранд. Моро зарур аст, ки аз фиребу найрангҳояшон дурӣ ҷӯем, вагарна инҳо ҳаётамонро сӯзонидан мехоҳанд. Ба суханҳои нарму даъватҳояшон фирефта кардан мехоҳанд ва бисёр ваъдаҳои бардурӯғ ҳам медиҳанд. Бо ҳар гуна найранг ба худашон ҷалб карда, тавассути инсони осуда мақсадҳояшонро амалӣ кардан мехоҳанд.

Шукур Бозоров,
сокини шаҳри Душанбе

Читать далее