April 2019

18 April 2019

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия

16-17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва доираҳои соҳибкории ҳарду давлат иштирок намуданд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи чорводорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ​

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ ба Ҷамоати шаҳраки Суғдиён ташриф оварда бо вазъи чорводорӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва аҳолӣ парвариши 54984 сар чорвои калон, аз он 27604 сар модагов, 139 687 сар гӯсфанду буз, 485 сар асп, 223 899 сар парранда ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

17 April 2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд

16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон

Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохуриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.Чунин вохуриҳо қаблан дар шаҳрҳои Қазон, Москва, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Росссия доир шуда буд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Внуково – 2»-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Читать далее

16 April 2019

ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: ИҶРОИ НАҚША - 42 ФОИЗ

Барои ҳимояи арзу буми Ватан ва баҳри ба иҷро расонидани қарзи шаҳрвандӣ   дар ҷумҳурӣ соле ду маротиба маъракаи сиёсӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир мегардад. Дар ин марҳала аксарияти  ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бо хоҳиши хеш сафи Артиши миллии кишварро пурра намуда, содиқона хизмати Модар – Ватанро иҷро менамоянд.

Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз моҳи апрел оғоз гардида, то  санаи 16 – уми апрели соли 2019 дар вилояти Суғд нақшаи даъват беш аз 42 фоизро дар бар гирифтааст. Имсол даъвати баҳорона аз рӯзи аввал суст ҷараён гирифта, танҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тавонист, нақшаро таъмин намояд. Ноҳияи Зафаробод 88 фоиз ва Шаҳристон 73 фоизи нақшаро таъмин намудаанд, ки баъди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пешсафтари маъракаи даъват ба ҳисоб мераванд.

- Сабаби дар сатҳи паст қарор доштани нақшаи даъват корбарии суст аз ҷониби масъулини дахлдори шаҳру навоҳии вилоят, саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, ба муҳоҷирати меҳнати рафтани онҳо ва ҳамчунин, бархе аз волидайн фарзандони худро пинҳон мекунанд ба ҳисоб меравад, - гуфт зимни сӯҳбат сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят полковник Рустам Ғоибов.

Инчунин, мавсуф қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маърака ҳайати кории Комиссариати ҳарбии вилоят ба ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят нақша чорабиниҳои пешбининамударо баргузор намуда, бо волидайн ҷиҳат дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандонашон мулоқотҳо баргузор намуданд. Аммо, аз ҷониби раисони кумитаи маҳаллаҳо ва комиссариатҳои шаҳру навоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ суст ҷараён дорад, ки ин албатта барои паст гардидани нақшаи даъват сабаб мегардад.

Алҳол дар вилоят ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо маром идома дошта,  бино ба иттилои масъулин аз ҳамаи нишондиҳандаи паст то имрӯз шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки 19 фоизи нақшаро таъмин намудаасту халос.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Виталий Левченко сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» интихоб гардид

Яке аз футболбозони шинохтаи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Виталий Левченко ба ҳайси сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд интихоб шуд ва дар арафаи бозии даври дуввуми Ҷоми КФО имрӯз ба футболбозони даста муаррифӣ мешавад.

Виталий Левченко чанде пештар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро машқ дода, ба сармураббии дастаи миллӣ Ҳаким Фузайлов ба ҳайси мураббии тайёрии ҷисмонии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  кумак расонидааст.

Имрӯз Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Ҷоми КФО бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ширкат карда, дар аввалин машқи даста иштирок менамояд ва 17 апрел “Хуҷанд”-ро ба муқобили дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ба майдон мебарорад.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушод ва ҷавониашро дар Тоҷикистон паси сар карда, ҳамчун бозингар дар дастаи «Хуҷанд» номвар шуд. Ӯ дар 19- солагиаш ба ҳайати дуввуми клуби машҳури «Динамо»-и Киев шомил гардид. Аз соли 1994 то 2000-ум шарафи дастаи ССКА-ро ҳимоя карда, баъдан ба дастаи «Таврия»-и Симферопол гузаштааст.

Левченко давоми панҷ сол дар 9 бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиёии соли 1998 ва бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-1998 ҳимоя кардааст.

Баъди анҷом додани мақоми бозингар ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои «Княжа», «Арсенал»,«Десна»,«Еднист», дастаи мунтахаби ҷавонони Украина, Тоҷикистон, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ва пеш аз ба дастаи “Хуҷанд” омаданаш дар КФ “Криля Советов” –и Россия фаъолият кардааст.

Читать далее

МАКОНИ ФАРОFАТӢ Ё …

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки мавзеъҳои таърихиву фароғатиро ободу зебо гардонида, барои сайругашти сокинон шароити мусоид фароҳам оварем. Дар баробари корҳои ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо дар ноҳияи Спитамен мавзеъҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба ҳусни ноҳия доғ оварда, табъи сокинонро хира ва монеи сайругашти онҳо мешавад. Чунин мавзеъро зимни сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен бо чашм дидем.

Дар маркази ноҳия, воқеъ дар хиёбони ба номи «Спитамен» роҳравҳои пиёдагардие ба мушоҳида расид, ки сафолакҳояш шикаставу кафидаанду боиси ноустувор роҳ рафтани одамон мегардад. Дар атрофи он бошад, қуттиҳои пур аз партов ва зиёда аз ин партовҳои беруни он ҳусни хиёбонро коста гардонида, фаввораи байни ин мавзеъ бо бӯи ғализу партовҳои дарунаш табъи истироҳаткунандагонро хира мегардонад. Суоли матраҳ ин аст, ки наход масъулин ин ҳолатро боре мушоҳида накарда бошанд? Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки як қисми кӯчаю хиёбонҳоро ба қавле «сараму дилам» сафолакпӯш кардаву баъди чанд муддат он аз ҷо беҷо гардида, нафари гузаранда бояд бодиққат роҳ равад, то нохост пояш лат нахӯрад!... Ҳамчунин дидам, ки ҷойи баъзе аз сафолакҳои шикаста бо хок пур карда шудаасту халос.

Ҳолати дигареро низ мушоҳида намудем, ки алафҳои бегонаи худрӯй атрофи Муҷассамаи Спитаменро иҳота намуда, онро «зеб» дода истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки макони мазкур дар маркази ноҳия ва сари роҳи асосӣ ҷойгир буда, ҳар нафари ба саёҳат омада аз ин мавзеъ гузар менамояд. Дар зери сафолакҳои даромадгоҳ, алафҳо ба монанди гул, кӯчаро «оро» дода бошанд, нишастгоҳҳои шикаставу ифлосиҳои наздаш бошад, ҳоҷати сухан гуфтанро намемонад. Ҷӯйборҳои роҳи назди бозори марказии ноҳия пур аз ифлосиҳои зиёд буда, дар фасли гармо ҳамагуна бӯй ихроҷ карданаш мумкин аст, ки ин албатта ба саломатии сокинон бетаъсир нахоҳад монд.

Дар соли рушди деҳот, агар дар маркази ноҳия чунин ҳолат вуҷуд дошта бошад, пас ҳоҷат ба гирду атроф ва деҳаҳои ноҳия намемонад. Маркази ноҳия бояд ободу зебо ва намунавӣ бошад, зеро меҳмонону сайёҳон асосан аз ин роҳ гаштугузор мекунанду аз ҷойҳои таърихӣ, истироҳатию фароғатӣ дидан менамоянд.

Ҳамчунин, дар хиёбони мазкур ҳолати ногувори девори афтодаи гирду атрофи он ба назар мерасид, ки хеле ҳузнангез буд. Аз гулҳои садбаргу лолаҳо бошад, ягон нишоне ба чашм намерасид, танҳо алафҳои худрӯй ба ҷои гулҳои ороишӣ худро ба “намоиш” гузоштаанду халос…

Аз ин муносибати масъулин ба ин мавзеи фарҳангиву фароғатӣ, ки мавзеи сайру гашти сокинон ба ҳисоб меравад, дар ҳайрат мондем, ки наход маркази ноҳия то ба чунин ҳолат расидаасту ба ислоҳи он чорае наандешидаанд. Ҳол он ки ҳанӯз ин мавзеъ бояд соли гузашта, дар соли рушди сайёҳӣ ободу зебо мегардид.

Мо дар сафарҳои пешина низ чунин ҳолатро мушоҳида намуда будем ва бо гузашти қариб як сол ҳолат бадтар асту беҳтарӣ нест! Масъулини соҳа ба ин ҳолати мавҷуда чӣ мегуфта бошанд?!

Истамҷони НАҶМИДДИН,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Духтар ба сараш нишони ахтар задааст!

Ибтидо

Моҳи апрели соли 2013. Дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара маросими гусели наваскарон ба хизмати аскарӣ доир гардид. Дар рафти он назди ҳозирин хонандаи синфи 11 - уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 61 - уми деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Кӯлканд Зӯҳро Давронова изҳор дошт, ки омода аст дар мактаби олии ҳарбӣ таҳсил намояд ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунад. Ба суханони ӯ касе эътибори ҷиддӣ надод ва ҳарфҳояшро хаёлпардозиҳои ҷавонӣ пиндоштанд.

Таҳсил дар мактаби олӣ

Худи ҳамон сол З. Давронова ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи олии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, донишҷӯй гардид.

- Баромади ман, - мегӯяд Зӯҳро, - дар маросими гусели наваскарон тасодуфӣ набуд. Аз хурдӣ ба ҷавонони сару либоси афсарӣ дошта, бо ҳавас нигоҳ мекардам. Ин ҳаваси кӯдакона дар умқи дилам ҷой гирифта буд. Аз соли 2013 то 2017 дар Донишгоҳи олии ҳарбӣ таҳсил намудам. Ягона духтар байни садҳо афсари оянда будам. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати маориф ва бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара чор сол дар донишгоҳ хондам. Соҳиби касби пурифтихоре, ки тору пудаш хизмат ба Ватан, ҳимояи марзу бум ва таъмини осмони софу осудагии мардуми диёр аст, шудам.

Дар сарҳадбонӣ

Аз соли 2017 то ин дам қаҳрамони мо дар отряди сарҳадбонии 0412 - и Қӯшунҳои сарҳадии Мурғоб фаъолият дорад. Лейтенанти калон, ҳуқуқшинос, афсари шуъбачаи корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ буда, байни сарбозон корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ мебарад. Чӣ будани Ватан, ҳимояи он, посдории осудагиву оромӣ ва ҳимояи ҳар ваҷаб замини Модар - Ватанро ба сарбозон мефаҳмонад.

Дар омади гап

Модари Зӯҳро муаллимаву падараш корманди корхонаи обу ташноби шаҳр.

Дар зиндагӣ Зӯҳро пеш аз ҳама аз волидайн ва омӯзгоронаш сипосгузор аст. Онҳо барояш интихоби дурустро нишон дода, баҳри расидан ба мақсад роҳнамоӣ карданд. Бахусус, роҳбари синф Мақсудахон Сангинова ва омӯзгори фанни омодагии дифоии ҳарбӣ Зайниддин Баҳриддинов буданд, ки имрӯз Зӯҳро дар тан либоси низомӣ дорад.

Ҳамсараш Умедҷон, ки зодаи Бохтар аст, чун Зӯҳро афсар буда, ҳарду якҷоя дар отряди сарҳадии 0412-и Мурғоб кор мекунанд. Соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке ҳастанд.

Интиҳо

Азми қавӣ, иродаи матин, ҷасорату мардонагӣ ва талош барои расидан ба орзу, ки хислатҳои фарқкунандаи Зӯҳро Давронова мебошад, барои ҷавонписарон намунаи ибрат аст. Қанд зан, Зӯҳро! Духтаре, ки дар радифи садҳо ҷавонмард дар ҳимояи Ватан истодаӣ!

Абдумуталиб ШАРИФОВ,
шаҳри Исфара

Читать далее