April 2019

15 April 2019

Ифтитоҳи бинои Маркази саломатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ

13 апрели соли равон дар маҳаллаи Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бинои Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Тавре дар маросими баистифодадиҳии иншооти соҳаи тандурустӣ иттилоъ дода шуд, Маркази саломатӣ аз 6 утоқи корӣ иборат буда, он дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардид.

Читать далее

Бабри барфӣ ба ҳифз эҳтиёҷ дорад

Семинари минтақавӣ

Санаҳои 10-12-уми апрели соли равон дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия, кормандон, олимон ва мутахассисони ҳифзи муҳити зист, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон  семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ» доир гардид.

Дар семинар мавзӯъи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он дар табиати байни марзӣ, таҷрибаи давлатҳо ва амалияи беҳтарин, мониторинг, баъзаи маълумот ва мубодилаи иттилооти давлатҳои минтақа барои нигаҳдории самараноки экосистемаи бабри барфӣ дар Осиёи Марказӣ, механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ ва пуррагардонии аҳдномаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокимаву хулосабардорӣ қарор дода шуд.

Дар семинар зикр гардид, ки бабри барфӣ дар 12 давлати олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон сукунат дорад. Ивазшавии иқлим, афзоиши таъсири инсон ба экосистемаҳои табиат, бемеъёр чарронидани чорво, коркарди қитъаҳои замин барои кишоварзӣ, вайроншавии хок ва сохтани роҳҳо аз масоили глобалӣ мебошанд, ки ба афзоиш ва нигоҳдории бабри барфӣ ва маҳалли паҳншавии он таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Дар кори семинар қайд гардид, ки 20 қаторкӯҳ дар Тоҷикистон: Помир- Олой ва Тиёншон минтақаи зиндагӣ ва афзоиши бабри барфӣ буда, расман шикори ин ҳайвон чун ҳайвони нодири таҳти ҳифзи давлат қарордошта, аз соли 1988 пурра манъ шудааст.  Дар Тоҷикистон тахмин то 220 ҷуфт бабри барфӣ буду бош доранд. Аз қадимулайём бабри барфӣ дар ривояту асотирҳои давлатҳои гуногуни олам, аз ҷумла ниёгонамон чун озодапаланг оварда шуда, он нишони шуҷоат, мардонагӣ, баландмартабагӣ, ғолибият ва қувват аст.

Айни ҳол дар тамоми олам аз 4 ҳазор то 6 ҳазору 500 бабри барфӣ боқӣ мондааст. Шикори ғайриқонунӣ ва ивазшавии иқлим хатарҳои асосӣ барои зинда мондани ин ҳайвони нодир мебошанд.  

Аз тарафи мақомоти дахлдори давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи табиат Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ вобаста ба нигаҳдорӣ ва ҳифзи ин ҳайвони нодир чораҳои мушаххас ва чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешаванд. Барои ҳифзи бабри барфӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2013 декларатсияи Бишкек ва барномаи глобалӣ оид ба нигаҳдории бабри барфӣ ва экосистемаҳои он қабул гардидааст. Барномаи мазкур муштарак буда, дар 12 давлат амалӣ мегардад.

Ҷалби аҳолии маҳалҳо ба нигаҳдории экосистемаҳо ва ҷалби ашхоси масъул ба ҳифзи табиат, гузаронидани як қатор барномаҳои омӯзишӣ дар макотиб ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ таи солҳои охир самараи хуб овардааст. Одамон нигоҳдории гуногунии биологӣ, масъулияти ҳифзи табиат ва боигариҳои онро бештар дарк намуда, дар ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ бештар саъйу кӯшиш доранд.

Дар семинар бори дигар муҳимияти нигоҳдории бабри барфиро ҳамчун ҳайвоноти нодир ва амалӣ намудани чорабиниҳои ҳамаҷонибаро барои ҳифзу нигаҳдории ин ҳайвон дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои ҳифзи самараноки экосистемаҳои бабри барфӣ дар Осиёи Марказӣ мониторинги минтақавӣ ва системаи ҳисоби маълумотҳо бо технологияҳои навин, ҷалби ҷамоатҳо ба мониторинг ва ҳифзи экосистемаҳо ба роҳ монда шудааст.

- Ҳар як давлат аллакай таҷрибаи худ ва нияти пешниҳоди амалияи беҳтарини чорабиниҳоро барои ҳифзи бабри барфӣ дорад. Имрӯз корҳои ба иҷро расида, аз ҷумла таҳқиқоту мониторингро ҷамъбаст намуда, мо метавонем масъулияти навро барои ноил гардидан ба нишондоди муҳим «Нигоҳдории 20 манзараҳо то соли 2020» ба дӯши худ гирем, - қайд намуд дар баромадаш муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзод Сайдулло Назар.

Дар фарҷоми семинар намояндагони чор давлати минтақа - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ доир ба масъалаи ҳифзи бабри барфӣ, объектҳои шикори ӯ, экосистемаҳо ва манзараҳо дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олойро ба имзо расониданд.  

Умед аст, ки масъулини соҳа барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ ва экосистемаҳо минбаъд низ чорабиниҳои самарабахш андешида, маърифати экологии аҳолиро тақвият мебахшанд. 

 Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рушди деҳот - омили муҳими пешравии ҷомеа

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ маҳсуб ёфта, зиёда аз 70 фисади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ доранд. Бинобар ин давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди деҳот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Ҳукумати кишвар бо дарки масъулият се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро сари вақт роҳандозӣ намуд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2000 - ум таъкид намуда буданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст.

 Бунёд ва ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», хатти интиқоли барқи 500-кВ «Ҷануб - Шимол», 220-кВ «Лолазор - Хатлон», барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтӯда - Пули Хумрӣ) дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб - Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад.

 Дар ин давр иқтидорҳои барқистеҳсолкунандаи кишвар нисбат ба иқтидорҳои марҳалаи то истиқлолият 928 МВт афзоиш ёфта, аз 4 338 ба 5 266 МВт расонида шуд.

 16 - уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Бо иштироки Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои бузурги миллиамон ба мардуми кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва тантанаҳои ифтитоҳи навбати аввали ин иншооти аср то ҳанӯз аз назар ва таассуроти мо дур нашудааст.

 Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори дигар тарбиҳои стратегӣ ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шуда, бо мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншооти нақлиётӣ идома ёфта истодаанд. Аз ҷумла, нақбҳои автомобилгарди «Шаршар», «Чормағзак», «Шаҳристон» ва роҳҳои автомобилгарди «Душанбе - Бӯстон - Чаноқ», «Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош», «Душанбе - Данғара» таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

 Таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳдошти ҳолати мелиоративии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд.

 Тӯли роҳандозӣ шудани ин ҳадафи миллӣ сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва воридоти техникаи кишоварзӣ вусъати тоза касб намуданд.

 Дар ин бобат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намудааст, ки “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020” аз ҷумлаи он мебошад.

 Воқеан, давоми солҳои охир татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ба рушди деҳот заминаи мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ - аз кишвари аграрӣ - индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани кишвар эълон карда мешавад. Соли 2018 дар кишвар содироти пахта назар ба соли 2017 ду баробар афзудааст ва дар сурати пурра коркард шудани он даромад то 10 карат зиёд хоҳад шуд. Ин бошад, ба зиёд шудани ҷойи корӣ, баланд шудани маоши коргарон ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

 Мувофиқи маълумот ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дошта, дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудаанд.

 Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 115 Ҷамоати деҳот (шаҳрак) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» фаъолият дошта, наздик 1000 кумитаи маҳаллаҳо дар рушди ҷомеа ва татбиқи қарору барномаҳои давлатӣ саҳм мегиранд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади фаъолияти бонизоми сохторҳои давлатӣ дар минтақаҳои аҳолинишин чанд ноҳия ва ҷамоату деҳоти нав таъсис ва марказҳои маъмурии онҳо бунёд ёфтанд. Дар мавзеъҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Деваштич, Мастчоҳ маҳал ва шаҳракҳои нав бо номи «Сайҳун», «Моҳпарӣ», «Баҳористон», «Навбунёд» ва ғайра бунёд гардиданд.

Давоми соли 2018 ва то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2000 иншооти гуногун бунёд ва таъмиру тармим шуданд.

Танҳо соли гузашта дар вилоят аз сарчашмаҳои гуногун аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва тариқи ҳашар 49 иншооти соҳаи маориф бо фароҳамоварии 7300 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Давоми солҳои охир бунёди муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо вусъати тоза касб намуда, қасрҳои фарҳанг, боғҳои фароғатию истироҳатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифта, ба рушди соҳа ва тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат намуданд.

Ҳамчунин, тибқи Квотаи Президентӣ таҳсили духтарон аз ноҳияҳои дурдаст дар донишгоҳҳои олии кишвар, аз буҷети вилоят маблағгузорӣ шудани ноҳияҳои субвенсионӣ, қабули барномаи дарозмуддат ва миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дастгирии иҷтимоии давлат нисбат ба рушди деҳот маънидод хоҳанд шуд.

Тибқи нақшаи пешакӣ то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят зиёда аз 6200 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ бунёд, барқарор ва таъмиру тармим гардида, инфрасохтор ва сатҳи хизматрасонӣ дар деҳот боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд. Дар раванди корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорони ватандӯсти вилоятро бо пайравӣ аз иқдомҳои наҷибона ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар амалисозии кори хайру савоб, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва дастгирии оилаҳои ниёзманд хоса зикр намудан ҷоиз аст.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин пешниҳод карданд, ки Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

 Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар суханронии худ борҳо қайд намудаанд, ки ҳамаи дастовардҳои замони Истиқлолият аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маншаъ гирифта, имрӯзҳо низ вазифаҳои асосии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори омма таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии миллат мебошад. Зеро, ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик қутбнамое гардид, ки дар заминаи он мо бо хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба марҳалаи нави зиндагӣ – таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азизамон рӯ овардем.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва ҷойгоҳи махсус дорад. Бори чорум аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Баробари ин, ҷаҳонишавии босуръати ҷомеа, пешравии илму технология, таҳаввулоти глобалии ҷаҳон ва афзоиши бемайлони аҳолӣ назди давлату ҷомеа вазифаҳои нав гузошта, моро водор менамояд, ки ҳамқадами замон бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи вилоят дар партави сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ баҳри амалисозии нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси вилоят оид ба эълон намудани «1300-рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми муносиби худро мегузоранд.

 Аъзам ҲОТАМӢ,

 ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии

 Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,

 Олимҷон МИРМУҲАМЕДОВ,

 Мирзоғуфрон ҒАФУРОВ,

 сармутахассисони шуъбаи рушди

 иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Кишти босифат - асоси фаровонҳосилӣ!

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалигардонии рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи саноати сабук, шуғлнокии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ беҳсозии дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.

Бобати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат баҳри мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон бобати афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук, соли гузашта дар вилоят бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода силсилаи тадбирҳо амалӣ гардиданд.   

Бино ба иттилои намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода соли 2019 кишоварзони вилоят тибқи дурнамои пешбинигардида дар майдони 60 ҳазор гектар кишти пунбадона ва истеҳсоли 140 ҳазор тонна пахтаро пешбинӣ намудаанд. То имрӯз дар майдони 21592 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин 36 фоизи дурнамои кишти пахтаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ашт 34,1, Бобоҷон Ғафуров 43,1, Зафаробод 31,4, Конибодом 47,7, Мастчоҳ 31,9, Спитамен 33,5 ва Ҷаббор Расулов 38,5 фоизи дурнамои пешбинишуда таъмин гардидааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят бояд кишти пунбадона то 20 – уми апрели соли равон ба охир расад. Вале, бино ба гуфти А. Маҳмудзода аз сабаби номусоид омадани обу ҳавои имсола кишти пунбадона ба таъхир гузошта шудааст.

Соли гузашта тибқи маълумоти оморӣ дар майдони 57194 гектар кишти пахта гузаронида шуда, зиёда аз 113 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар як гектар 19, 7 сентнериро ташкил намуд.

Имрӯз дар вилоят 18 навъи чигитро корхонаҳои коркард захира намудаанд, ки аз он хоҷагиҳо истифода бурда истодаанд. Масалан навъҳои маҳаллию хориҷӣ аз қабили “Флория”, “Флеш”, “АДН -123”, “Чуансу”, “Синзиян”, “Ориёӣ”, “Неъмат”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Деҳқон бобо”, “Зуҳал”, “Тезпур” ва дигарро кишт намуда истодаанд, - гуфт номбурда.

Яке аз роҳҳои баландшавии ҳосили зироати пахта ба истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои селексионии тезпаз, серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва дорои сифатҳои хуби нах дошта мебошанд, ки бе сарфи иловагӣ ба амал бароварда мешаванд.

- Афзоиши истеҳсоли пахта танҳо аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешқадами кишт, самарабахш ба роҳ мондани кори тухмипарварӣ, махсусан тухмипарварии ибтидоӣ, беҳбудии корҳои селексионӣ бо навъҳои нави пахтаи ватанӣ анҷом дода шавад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ҳамагон бояд дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳанд, - гуфт А.Маҳмудзода.

Ноҳияи Спитамен, ки яке аз ноҳияҳои пахтакор ба ҳисоб меравад, мувофиқи нақшаи дурнамо соли равон бояд дар майдони 6400 гектар кишти пунбадона гузаронида шавад. То ба санаи 9 – уми апрели соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия иҷрои нақша дар майдони 1886 гектар ё худ 33,5 фоизи нақша ба анҷом расидааст.

Тибқи иттилои сармутахассиси раёсати кишоварзии ноҳия Эҳсоналӣ Нуралиев имсол нисбат ба соли гузашта дар ноҳия кишти пунбадона 575 гектар зиёд ба роҳ монда шудааст. Дар як рӯз кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид дар майдони 81 гектар кишти чигит мегузаронанд. Ҳамчунин, бо мақсади хубтар ба роҳ мондани маъракаи кишт дар ноҳия 18 тухмипошаки замонавӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки кишоварзон бемамониат аз онҳо истифода бурда, кишти пунбадонаро пеш бурда истодаанд.

Бино ба иттилои манбаъ дар хоҷагиҳои ноҳия асосан тухмии навъҳои “Флория”, “Дирам”, “Флеш”, “Хуҷанд – 67” ва дигар навъҳои маҳалливу хориҷиро кишт карда истодаанд. Ҳосилнокии ин навъи тухмиҳо зиёд буда, имсол азм доранд, аз ҳар гектар то 30 сентнерӣ дурри гаронбаҳо ба даст оранд. Хоҷагиҳои тухмипарвари ноҳия, аз қабили ҶДММ “Спитамен – Текстайл” (2100 гектар), Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) ба номи Т. Ӯлҷабоев (880 гектар), АИО “Саидқӯрғон” (130 гектар), АИО “Зарзамин” (570 гектар) кишти пунбадона мегузаронанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Хоҷагии тухмипарварии ҶДММ “Спитамен – Текстайл” яке аз хоҷагиҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, имконият дорад, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Хоҷагии мазкур асосан ба тухмипарварӣ машғул буда, дорои беш аз 3500 гектар замини обӣ аст ва ҳамасола дар майдони 2100 гектар пунбадона кишт намуда, аз 25 то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кишти босифат ва саривақтӣ асоси фаровонҳосилӣ ба ҳисоб меравад, - иброз намуд Эҳсоналӣ Нуралиев.

Хоҷагидорон азм доранд, ки ҳар як ваҷаб заминро босамар истифода бурда, бо кишти тухмиҳои хушсифат ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Инчунин, аз обу ҳавои муносиб истифода бурда, ҳарчӣ барвақт кишти пунбадонаро ба итмом расонида, ният доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва вазъи мусоид дурнамои кишти пахтаро гузаронида, парвариш ва истеҳсоли ашёи саноатиро нисбат ба соли гузашта зиёд намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳадаф – мубориза бар зидди малах ва ҳифзи растанӣ

Семинар – машварати вилоятӣ

13 апрели соли 2019 дар минтақаи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ семинар – машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва роҳҳои пешгирии зироатҳои кишоварзӣ аз ин ҳашароти зараррасон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш аз саҳми ин муассиса дар пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниву зироатҳои кишоварзӣ ҳарф зада, бобати ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт дастуру маслиҳатҳо дод. Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирии киштзорҳо аз ин ҳашарот бо дастгирии Раиси вилоят ҳа ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти сол соли равон 200 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани заҳрдоруҳо ҷудо гардидааст.

Читать далее

12 April 2019

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2019

12 апрели соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2019 доир гашт.

Дар ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо ва дигар сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.

Читать далее

Ҷамшед Урозов, сокини ноҳияи Мастчоҳ омодагии худро баҳри иҷрои қарзи фарзандӣ баён кард

Ҷамшед Урозов, сокини нуздаҳсолаи деҳаи Нурофарини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ омодагии худро иброз дошт.

Ҷамшед Урозов мегӯяд, маҳз тавсифи бародараш аз шароити хизмати аскарӣ ӯро водор кардааст, ки қарзи фарзандии худро адо намояд. Бародари ӯ Хуршед соли гузашта дар синни нуздаҳсолагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт ва ҳоло дар Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.

Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ субҳи имрӯз зимни суҳбат бо Ҷамшед аз ин тасмими ӯ ситоиш карда, онро нишонаи ҷавонмардию ватандӯстӣ ва намунаи ибрату пайравӣ ба дигар ҳамсолонаш донист.

Нашрияи маҳалии "Нигоҳи халқ"  дар такя ба қавли Майор Алиҷон Ниёзов, комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳгузориш дод, ки тибқи қарори комиссияи даъват Ҷамшед лоиқ ба хизмати ҳарбӣ дониста шудааст ва ӯ метавонад хизмати худро дар сафи Гвардияи миллӣ давом диҳад.

- Ҷамшед Урозов дар аризаи худ ба унвони раиси комисмияи даъват навиштааст, ки мехоҳад дар Гвардияи миллӣ хизмат кунад. Мо аризаашро баррасӣ кардем. Хулосаи комиссия чунин шуд, ки ӯ сазовори хизмат дар Гвардияи миллӣ аст. Дар ин бора қарори комиссия низ ба тасвиб расидааст,-илова намуд комиссари ҳарбии ноҳия.

Ёдовар бояд шуд, ки то имрӯз Ҷамоати шаҳраки Обшорон ва Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳия нақшаи даъватро иҷро намудаанд ва дар дигар ҷамоатҳо гусели даъватшавандагон идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Рисолати вакилӣ – хидмати шоиста ба мардум

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғддаъвати панҷум

12 апрели соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти Раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаи маорифи вилоят ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Читать далее

Панҷакент: Эътибор ба кишти картошка

Сокинони калонсоли вилоятамон огоҳ ҳастанд, ки дар даврони шӯравӣ дар шаҳри Панҷакент масоҳатҳои зиёди заминҳои корам баҳри кишти тамоку истифода мегардид. Бо тақозои вақт ва шароит дар заминҳои корами ин минтақаи кишвар парвариши зироатҳои дигари хоҷагии қишлоқ ба роҳ монда шуд, ки аз он заҳматкашон ба муваффақиятҳо ноил гардида истодаанд.

Солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмин намудани дастархони аҳолии кишвар бо маҳсулоти арзону хушсифат бештари ин заминҳо ба кишти картошка махсус гардонида шуданд.

Тавре ба мухбири рӯзнома муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Фирӯз Ёров изҳор дошт, танҳо соли равон заминҳои кишти картошка нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор гектар афзун карда шуд.

-Имсол деҳқонони хоҷагиҳо азм доранд, ки дар 5 ҳазор гектар кишти картошка гузаронанд. Аз ин ҳисоб то 1 - уми апрел дар 1786 гектар кишти барвақтӣ гузаронида шудааст,-зикр кард Фирӯз Ёров. - Ният доштем, ки кишти картошкаи барвақтиро дар масоҳати бештар гузаронем, аммо боронҳои аввалибаҳорӣ ба ин имкон надоданд. Маъракаи кишт моҳҳои апрелу май ҳам давом меёбад. Ҷоиз ба зикр аст, ки имсол дар масъалаи дастраскунии тухмӣ ба деҳқонон ягон мушкилот пеш наомад. Соли гузашта дар мавсими гузаронидани кишт арзиши картошкаи тухмӣ хеле гарон буд, соли равон бошад, онро хоҷагиҳо аз навоҳии Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо нархи арзон - аз 80 дирамӣ то 1,20 сомонӣ дастрас карданд.

Кишти картошка дар ҳамаи 14 Ҷамоати деҳот ба нақша гирифта шуда, алҳол дар Ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Чинор, Халифа Ҳасан, Ёрӣ кор дастаҷамъона бо ҷӯшу хурӯш давом дорад.

Дар минтақаҳои мухталифи Панҷакент вобаста ба иқлимашон кишт дар муҳлатҳои гуногун гузаронида мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии ҷамоатҳои деҳоти Моғиён, Вору, Фароб, Шинг ин маърака каме дертар шурӯъ мегардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба иқлими минтақаи Панҷакент тухмии картошкаи навъҳои маҳаллии Шукрона, Пикассо ва тухмии аз кишвари Федератсияи Россия овардашуда Галла мутобиқат карда, асосан деҳқонон ин навъҳоро кишт менамоянд.

Ҷиҳати кишти зироати шолӣ гуфтан лозим аст, ки имсол тибқи нақшаи дурнамо бояд ба 1400 гектар кишти шолӣ гузаронида шавад. Замини кишти шолӣ аз ҳисоби заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридкардашуда нисбат ба соли гузашта 157 гектар афзун шудааст. Ҳамчунин, имсол мувофиқи дастуру супориши Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби заминҳои навазхудкардашудаи соҳили дарёи Зарафшон кишти шолӣ дар Панҷакент боз 100 гектар изофа шуд. Бояд гуфт, ки дар ин нишондиҳандаҳо заминҳои кишти аҳолӣ дохил нест. Соли равон дар мавриди дастраскунии тухмии шолӣ низ муаммо ба миён наомадаанд. Тухмии хушсифатро ба шоликорон деҳқонони хоҷагии махсусгардонидашудаи тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назаров аз Ҷамоати деҳоти Хурмӣ бо арзиши арзон пешниҳод намуданд.

Боиси қаноатмандист, ки Раиси вилоят ҳар дафъа ҳини сафари корӣ ба Панҷакент бо дастуру маслиҳатҳо ва дастгирии пайвастаашон ба кишоварзон кӯмак мекунанд. Ҳангоми сафар рӯзи 8 - уми апрели соли равон ба шаҳри Панҷакент баҳри сари вақту дар муҳлатҳои муқарраршуда ба охир расонидани маъракаи кишти картошка, шолӣ ва дигар зироатҳо дастуру маслиҳатҳо дода, изҳор доштанд, ки ба ҷашни мубораки шаҳри Саразм, 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон нишондиҳандаҳо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ беҳтар шаванд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ФЕСТИВАЛ ДИЛҲОРО БА ҲАМ ОВАРД

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба вилояти Суғд хушу хотирмон боқӣ мемонад. Бо дастгирӣ ва иштироки Сарвари кишвар ба истифода супурдани як қатор иншооти муҳим, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту меҳанпарвар бунёд гардидааст, гувоҳи он мебошад, ки мардуми тоҷик аз азал ободкориву хайру эҳсон ва саховатмандиро рисолати худ қарор додаанд. Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои миллӣ, аз қабили сайри гули лола, пухтани таомҳои гуногуни миллӣ дар соҳили дарёи Сир аз тарафи кадбонуҳои соҳибмалакаву беназири суғдӣ иштиҳоовар буду ба дилҳо сурур мебахшиданд.

Хаймаҳои зебо бо катҳои кандакоришудаи миллӣ пеш аз ҳама ба ҳусни ин маҳал файзу баракати дигар мебахшид. Ороишоти гуногунрангу назаррабои хаймаҳо бо лафзи хуши занони ҳунарманд диққати ҳар нафарро ба худ ҷалб карда, хӯрокҳои лазизи миллӣ ҳаваси касро меовард. Танинандозии сурудҳои фолклории суғдиён диққати меҳмонони алалхусус пойтахтро ба худ ҷалб месохт.

Дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ», ки дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ҳунармандони шаҳру навоҳӣ таомҳои миллиро, аз қабили шавла, оши бурида, мастоба, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, ширбиринҷ, оши бо дӯғ, оши кӯча ва амсоли онҳоро омода ва пешниҳоди мардум гардониданд. Дар се деги калони яктоннагӣ ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешвози самимонаи ҳунармандон ба завқ омада, назди хаймаҳо бо ошпазон суҳбат оростанд ва ташкили чунин базмҳоро аз анъанаҳои неки ниёгон номиданд.

Дубора эҳё бахшидан ва рушд додани расму оин ва ҳунарҳои ниёгон фоли некест дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки бешак, анъанаҳои миллии моро таҷассум месозанд.

Амин Аминов – раиси Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ифтихор баён сохт:

– Бонувони мастчоҳӣ аслан ду намуди хӯроки миллӣ – қурутоб ва фарбешро пешниҳод карданд, ки ҳарду ҳам аз ҷониби Пешвои миллат баҳои арзандаро соҳиб шуд. Хӯроки фарбешро кадбонуҳои моҳир як шаби дароз мисли суманак мепазанд ва маҳсулоти он асосан аз гандум иборат аст. Мо – мардуми ноҳияи дурдасти вилоят анъанаҳои миллии бобоиро нигоҳ дошта, боз чандин хӯрокҳои гуногунеро пешниҳод карда метавонем, ки номҳои аҷиби гуногун ва тамъи бемисл доранд.

Соҷидаапа, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми суҳбат гуфт, ки хаймаҳои наврӯзии ороишӣ бештар диққати маро ба худ ҷалб сохтанд. Аз тамошои як шаҳраки шаклан миллӣ ва мазмунан муосир, ки бо тамоми зебоиҳо мардуми гирду атрофро сарҷамъ оварда, шодию нишоти шаҳрвандон тасаввурнопазир буд. Сайри гули лоларо намегӯед, рангобарангиҳои тирукамонро ба хотир оварда, табиати воқеан зиндаи муосирро танинандоз намудааст.

Кимёхон Мусайямова – устоди филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара:

– Мардуми Исфара низ дар ҳунармандӣ ҳамто надоранд. Мо ба Фестивали таомҳои миллӣ чор намуди хӯрок – суманак, далдаи ҷанубӣ, угрои мошдор, оши палов бо равғани зағиру кабобитокиро пешниҳод кардем, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуш пазируфта шуданд. Сарвари давлат маслиҳат доданд, ки ин қабил хӯрокҳоро тез-тез пухта истем, то аз байн нараванд. Оши палови Исфараро низ беҳтарин номида, пешниҳод карданд, ки дар пойтахти мамлакат намояндагии худро кушода, фаъолиятамонро ба роҳ монем.

Хаймаи идонаи наврӯзии ноҳияи Ашт низ ба таври миллӣ бо насби шиору овезаҳои тарғибкунандаи баҳору Наврӯз оро ёфта буд. Рӯи мизи идонаи онҳо бо ороишоти ҳафтсину ҳафтшин, тунукча, гулманту, бурида, атола, барги ток, ширкаду, макка, фатир, самбӯса, пишлоқ, салла, мураббову ширқиём ва ғайра хоси маҳал оро ёфта, кадбонуҳои аштӣ бо чеҳраҳои хандон меҳмононро истиқбол гирифтанд. Дар гӯшаи дигари наврӯзгоҳ кӯдакону наврасон арғунчакбозӣ, лалакпарронӣ, ланкабозӣ, гӯштин ва дигар мусобиқаҳои миллиро ба намоиш гузошта, табъи бинандагонро шод гардониданд.

Дар доираи баргузории Фестивал миёни ҳунармандон дар чанд номинатсия, аз ҷумла «Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ», «Хаймаи беҳтарин», «Ороиши даcтархони беҳтарини наврӯзӣ», «Дастони моҳир», «Самбӯсабанди беҳтарин», «Самбӯсахӯри беҳтарин», «Угробури беҳтарин», «Намоиши фолклори беҳтарин» ва амсоли ин озмунҳо доир гардиданд. Ғолибони се ҷойи аввали ҳар номинатсия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо туҳфа ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее