April 2019

12 April 2019

Мулоқоти судманд

Дар доираи  чорабиниҳои Рӯзи кинои тоҷик дар Ӯзбекистон директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов Муҳиддини Музаффар бо сарварон ва масъулони Ӯзбеккино мулоқот намуд.

Дар мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳои судманди тарафайн гуфтушунид ҷараён гирифта, фаъолият ва талошҳои гурӯҳи кории ҷавонони «Суғдсинамо» барои рушди синамои тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ҳарду ҷониб омодагиҳои хешро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд.

Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МАҶМААИ ИСТИҚЛОЛ: БЕМАЪРИФАТИРО САБАБ ЧИСТ?

Солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сохтмони иншооти таърихӣ-фарҳангӣ Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд аст.  

Дар маҷмаа толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир шудааст. 

Гузаргоҳи зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шуда, имрӯз аз даромадгоҳи роҳи зеризаминӣ шикасташавӣ ва шоридани оби борон дида мешавад, ки ба гуфти мақоли халқӣ, кас то бо чашми хеш набинад, ба ҳақиқат бовар надорад.  Нишастгоҳҳое, ки барои дамгирӣ гузошта шудааст, ба «дафтар»-и изҳори ишқу ошиқӣ мубадал гардидааст.

Бобати ин камбудиҳо бо директори муассиса Илҳомҷон Иномӣ ҳамсӯҳбат гардидем. Бино ба иттилои ӯ  дар тамоми гузаргоҳ ва маҷмаа камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Посбонон ҳангоми назорат бурдан чанд нафар ҷавононро, ки девораҳоро бо дасту пой шикоф намуда, гурехта рафтанд мушоҳида намудаанд. Сабти видеоиро ба шӯъбачаи назорати минтақавӣ равона намудем, то ки ин муштзӯрон дастгир гарданд. Бобати навиштаҷот дар харакҳо ва гуфторҳои ошиқона гуфтаниям, ки ҳарчанд дар ҳар ошёнаи маҷмаа кормандон назорати доимӣ мебаранд, вале дар ҳолатҳои нодида мондан бархе ҷавонон чунин рафтори ношоям даст мезананд, мегӯяд Илҳомҷон Иномӣ

 -Бино ба гуфти кормандон гузаргоҳи зеризаминиро бисёртар донишҷӯёну хонандагон убур мекунанд.

Чун ин камбудиҳо бештар аз тарафи ҷавонон ба назар мерасад, бинобар ин  бобати ин масъала андешаи чанде аз онҳоро пурсон шудем.

Ҷаҳонгир Мирсалимов – рӯзноманигори ҷавон:  Аслан бояд корҳои сохтмонӣ на ба хотири фиреби назар бошад. Мушоҳида нишон медиҳад, ки иншоот баъзан бесифат сохта мешаванд ва бо гузашти андак вақт корҳои азнавсозӣ оғоз мешавад.  Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии “Истиқлол” низ аз ин «вабо» истисно нест.  Имрӯз аллакай боми ин гузаргоҳи зеризаминӣ мечакад. Ҳамчун як шаҳрванд фикр мекунам, ин бемасъулиятӣ ва беаҳамиятии маҳз аст. Ҳоло фурсати он расидааст, ки на ба шумора, балки ба сифат эътибор диҳем. Масъулинро зарур аст, ки дар вақти бунёди корҳои сохтмонӣ то кадом андоза ҷавобгӯ ба стандартҳои сохтмон будани корҳоро назорат ва таҳлил намуда, назарфиребӣ накунанд.

Гузашта аз ин,  бунёди иншоот як тарафи масъала ҷиҳати дигари он таҳмини тартибот дар он аст. Зимни мушоҳида дидем, ки дар маҷмаа ҷо - ҷо камераҳои назоратӣ насб шудааст, аммо ба назар мерасад, ки ҳамаи девораҳои зери камераҳои назоратиро хароб кардаанд. Яъне ин ҷо суоле пеш меояд, ки магар камераҳо барои "зебоӣ" аст? Ва ё ин ки ҳар сари қадам дар деворҳои маҷмаии мазкур овезаҳои таблиғотӣ ба назар мерасад. Охир он ҷо лавҳаи эълону реклом нест. Зиёда аз ин набудан ва ё кам будани  қуттиҳои партов дар  ин иншоот масъалаи тозагии гирду атрофи биноро зери суол гузоштааст. Аммо дар баробари ин ҳама гуфтаҳо маърифати шаҳрвандон ва меҳмонон низ дар ин самт бисёр як масъалаи муҳим аст, иброз дошт мавсуф.

Абӯбакр Зиёбоев – сокини шаҳри Хуҷанд:  -Ин ҳолати ҳузнангез аз фаъолияти сохтмончиён вобастагӣ надорад. Ба фикри ман гунаҳкор роҳгузарон ва нафароне, ки иншоотро дидаву дониста хароб мекунанд ва ба ҳар чӣ дасташонро мерасонанд.

Хуб мешуд, ки роҳбарияти маҷмаабо нозирони минтақавӣ ва сарварони донишгоҳҳо назоратро қавитар созанду нагузоранд, ки ин мавзеи таърихӣ  харобазор  ва корношоям гардад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки масъулини донишгоҳҳои дар ин мавзеъ фаъолият дошта, бобати маърифати шаҳрдорӣ ва баланд бардоштани завқи ҷавонон тадбирҳои тарбиявӣ роҳандозӣ намоянд. Ин маҷмаа воқеан маконе бояд бошад, ки аз он ифтихор намоем.

 

 

 

 

   

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
суратгир И.Рабизод
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

11 April 2019

Дастоварди беназири хонандагони вилоят дар олимпиадаи номӣ ва даставӣ

Санаҳои 6-7–уми апрели соли 2019 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 11 фанни таълимӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, география, математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ) ва даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (география, математика, физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ) баргузор гардид.

Дар олимпиадаи даставӣ хонандагони боистеъдоди вилоят бо ба даст овардани  23 ҷойи ифтихорӣ  сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номӣ бошад, 19 ҷойи ифтихориро соҳиб шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.  

Дар олимпиадаҳои номию даставӣ аз ҳама бештар хонандагони шаҳрҳои Хуҷанд (13 ҷой),  Исфара (9 ҷой) медал ба даст оварданд. Қобили зикр аст, ки дар олимпиадаи имсолаи номию даставӣ  хонандагони шаҳру навоҳии Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон  дар қиёс ба солҳои пешин фаъол буда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҷом, медали рамзӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таносубан ба 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Наберагонамон ба хизмат рафтанд

Собиқадорони меҳнат ва шаҳрвандони барӯманди ноҳия ҳоҷи Муҳаммадҷон Юлдошев ва Абдурашид Ҷабборов имрӯз шукрона аз он мекунанд, ки дар қатори даҳҳо ҷавонони ватандӯст наберагонашон Зокирҷон Юлдошеву Ҳамроқул Ҷабборовро дар ин рӯзҳои гулшукуфти баҳорӣ ба адои қарзи фарзандӣ — хизмат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол гуселониданд.

Онҳо бовар доранд, ки наберагонашон бо дуои бобояшон хизмати Ватанро бо сари баланд адо намуда, назди волидайн, бармегарданд.

А. САЪДУЛЛОЗОДА,
ноҳияи Спитамен

Читать далее

Ватан аз мост - муҳофизаташ низ аз мост!

Шукр мегӯям, ки дар даврони Истиқлолият умеду орзуҳои чандасраи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшида истодаанд.

Соҳибдавлатӣ, соҳибватанӣ, соҳибихтиёрӣ барои инсон беҳтарин сарвату неъмат ба ҳисоб меравад. Аз шарофати ин неъматҳои беназир мо ба бисёр ормонҳои худ муваффақ гардидем. Имрӯз давлатамон неруманду обод ва торафт шукуфотар гардида, барои ба сар бурдани зиндагии шоиста ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳаманд, танҳо барои дастёбии онҳо бояд заҳмат кашид, илму ҳунар омӯхт, кӯшишу ғайрат кард.

Шукрона мегӯем, ки бо ҳидоят ва дастурҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизам — Ватани биҳиштосоям рӯз аз рӯз ободтар шуда, халқ аз сиёсати созандаи Роҳбари хирадмандаш пуштибонӣ намуда, бо дасту дили гарм пайи ободонии ҳар деҳу манзилаш кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳад.

Сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, ки рӯзи аввали моҳи апрел ба вуқуъ омад, ҷумла пиру барнои соири ноҳияро шоду масрур кард. Дар ин рӯзи таърихӣ ҷумла мардуми кишвар аз ободкориҳое, ки дар ноҳияи бостонии Спитамен ба амал омада буд, огаҳӣ ёфтанд. Он рӯз Пешвои миллат майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро дар назди бинои МИМҲД-и ноҳия, ки хеле дилоро ва зебо бунёд гардида буд, ифтитоҳ карданд. Ин майдон ҳусни маркази ноҳияро даҳчандон афзуда, намунаи баланди амалҳои созандагии даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад.

Иншоотҳои дигаре, ки ҳамон рӯз аз тарафи Пешвои миллат ба истифода дода шуданд, ин бинои муҳташами фарҳангӣ, ки дар он осорхонаи таърихӣ, китобхона ва мактаби мусиқӣ ҷой гирифт, бо санъати баланди миллии меъморӣ, ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз бунёд ёфта, Қасри фарҳанги деҳоти Куруш, ки бо саҳни бисёр фароғаткунӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, меваҳои Истиқлолият мебошанд.

Ба ҳамаи ин пешрафтҳо танҳо шукрона бояд кард ва ҷавобан ба ин ҳама ба Ватан содиқона ва софдилона хизмат бояд намуд. Ҳимоя кардани марзу буми Ватани озод қарз ва фарзи шаҳрвандии ҳар ҷавони бонангу номуси кишвар мебошад.

Алъон, ки даъвати баҳоронаи ҳарбии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз ёфтааст, аз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвари ноҳия, ки дар ин кишвари ободу озод аз тамоми имкониятҳо баҳраманданд, даъват ба амал меорам: дар ин маъракаи нангу номус дар сафи пеш қадам монанд, ба хизмати Ватан-Модар бо амри дил бираванд. Ватанро, ки чун модар моро ба оғӯш гирифта, дар канораш мепарварад, чун ҷон дӯстдор бошанд. Донанд, ки ин Ватан аз мосту муҳофизаташ низ бар зиммаи мост! 

Фирӯз АТОЗОДА,
ноҳияи Спитамен

Читать далее

Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон

Санаҳои 12-13-уми апрел рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар ин рӯзҳо, дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд филмҳои «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Таксӣ»-и Файзуллои Файз,  “Хоби маймун”-и Румӣ Шоазимов ва «Тангно»-и Муҳиддини Музафар намоиш дода мешаванд.

Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ вохӯрӣ бо кинематографистони Ӯзбекистон, сӯҳбату мулоқот бо ҳунармандон ва рӯзноманигорони ҷумҳурии ҳамсоя доир шуда, табодули афкор ва ошноӣ бо фазои синамои Ӯзбекистон сурат мегирад.

Муҳиддини Музаффар, коргардони ҷавони тоҷик ва директори муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов иштироки филми «Тангно»-ро дар рӯзҳои филми тоҷик дар Ӯзбекистон боиси ифтихору фараҳмандӣ арзёбӣ карда, аз рушди ҳамкориҳои фарҳангии ин ду кишвари ба ҳам дӯст сарфароз аст.

-Пеш аз оғози Рӯзҳои кинои тоҷик, мо дар маросими супоридани Ҷоизаи «ҳумои тиллоӣ» иштирок доштем. Иштирок дар чунин чорабинии бонуфузу фараҳбахш доираи ошноии моро бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ бештар ва  муносибати моро боз ҳам наздиктар сохт.

Умед дорем, ки оғози ин  ҳамкориҳои мо боиси таҳияи лоиҳаҳои бузургӣ ҳунарӣ хоҳанд шуд. Умедворам филми «Тангно» дар қатори се филми дигар, ки санаи 13-уми апрел намоиш дода мешавад, писанди тамошобинони ӯзбекистонӣ мегардад,- мегӯяд Муҳиддини Музаффар.

«Тангно» аз Ӯзбекистон ба Қазон меравад

 Хушхабари дигаре, ки аз ин сӯҳбат маълум шуд, иштироки ду филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» дар 15- умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазони Русия мебошад.

Филми "Тангно" дар бахши озмунии филмҳои ҳунарӣ  ва филми "Умар-ако" дар коргардонии  Далери Имомалӣ кишвари моро дар ин ҷағнвораи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

 Гуфтанист, ки «Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аст. Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ» таҳия шудааст. Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷиканд ва қисман дар шаҳри Маскав наворбардорӣ шудааст ва аз  муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад ва аз сахтии рӯзгори Армон ном писараке нақл мекунад, ки падараш ба Русия рафтаву дигар барнагаштааст. Нақши асосиро дар ин филм Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст. ҳунармандони шинохта чун Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ дар ин филм нақш иҷро кардаанд.

С. Ҳакимзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ОХУНДПАРАСТИИ КАБИРӢ ВА НАҲЗАТ

Ҳангоме ки доир ба ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатиён аз давраи таъсисёбиашон, махсусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва давраи баъдиҷангӣ маълумотҳо паҳн карда мешавад, аъзоёни гурезаи ин ҳизб, хоҷагони онҳо мисли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва охундҳои мутаассиби эрониён пеши назар меояд. Маҳз, пуштибони моливу модӣ будани Сипоҳи мазкур шаҳодат медод, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ва табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 ҳизби наҳзат ҳокимиятро ба даст орад. Лек тири онҳо хок хӯрд ва ниқоб аз болои ҳам наҳзату ҳам хоҷаи онҳо кашида шуд.

Охундҳои ифротии Эрон ҳизби наҳзатро ва сарварони онро, ҷабрдидагони муборизаи сиёсӣ дар Тоҷикистон шуморида аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодиву молиявӣ  дастгирӣ мекунанд, ки инсони боақл бо шунидани ин хабар ангушти ҳайрат мегазад. Зеро нафароне, ки сабабгори асосии рӯзи сиёҳу тираи миллати мо буданд, имрӯз худро мисли мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд. Мехоҳанд таърихро аз нав бинависанду худ мисли Суҳробу Рустам ва Фаридуну Ҷамшеди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қаҳрамонӣ нишон диҳанд. Лек ин қаҳрамонии онҳо, мисли қаҳрамонии байни хоину ватанфурӯшон аст. 

Аммо дар Тоҷикистон ва берун аз он кам нестанд одамоне, ки ба тарғиботи гӯё накӯкоронаи ҳизби наҳзат фирефта шуда, ба он шомил гаштаанд. Танҳо баъди дарк кардани мақсади аслии ин ҳизб, ки ба даст даровардани ҳокимияти муфт ва бунёд кардани давлати ба ном исломӣ аст, аз кардаашон пушаймон шуда, онро тарк кардаанд. Аксаран чунин одамон дар сӯҳбатҳои маҳрамона ва ошкоро ба мисоли Эшони Қиёмиддини Ғозӣ мулаққаб бо номи “Ҷенероли мардумӣ” ва Домулло Айёмиддин фаъолияти ҳизби собиқи худро зери танқид мегиранд, дар бораи амалҳои харобиовари он нақл мекунанд. Маълум шуд, ки аксари ҷанговарони наҳзат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ҷангӣ дар урдугоҳҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон машқҳои ҳарбӣ омӯхта сипас ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд. Агар бовар накунед баромади Эшони Айёмиддинро тамошо кунед, мебинед, ки аъзои собиқи наҳзат чӣ мегуяд. Агар ба таърих назар афканем дар рузҳои майдонбозии шаҳри Душанбе шиору овезаҳои “Марг ба Амрико” аз забони наҳзатиён садо медод, ки сирф характери эронӣ доштанд. махсусан дар арафаи интихобот ва маъракаҳои сиёсӣ, наҳзатиён дар байни аъзоён ва ҷонибдоронашон шиори «Касе ки бар зидди ҳизби наҳзат аст, зидди ислом аст»-ро тарғиб мекарданд. Аксарияти собиқ аъзоёни ин ҳизб фарқияти куллии ҳизби сиёсии ба ном исломиро аз дини мубини Ислом хуб дарк намекарданд.

Вақте бо мӯҳтавои мусоҳибаи собиқ қумондони мухолифин Ҳаким Қаландаров, ки дар вақташ ҷонибдор ва муборизи ғояҳои наҳзатиён, иштирокчии фаъоли муборизаи мухолифин, шинос мегардӣ, равшан зоҳир мегардад, ки наҳзатиён аз кишвари ба ном «дӯст»- Эрон ҳарҷониба дастгирӣ ёфта, маблағхои зиёде барои пешбурди фаъолияташон гирифта будаанд. Мувофиқи маълумоте, ки дар рафти мусоҳиба Ҳ.Каландаров баён кардааст, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳатто  аз бадбахтии гурезагон ва муҳоҷирони тоҷик истифода намуда, маблағҳои барои онҳо ҷудо шударо, барои таъсис додани бизнеси худ ва аъзоёни оилаашон истифода намудаанд. Бо ин роҳ маблағҳои аз хориҷ ворид шударо ҳамчун даромади бизнеси худ маънидод мекарданд. Чунин ақидаро собиқ корманди амнияти наҳзатиён Сиёҳаков (номаш ба худаш муносиб) низ дар мусоҳибааш изҳор карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани нақшаҳои гуногуни ҳизби наҳзат ба онҳо маблағҳои калон ворид мегардид ва ин пулҳои нақд барои тарҳрезӣ кардани нооромиҳо ва амалӣ гардонидани амалҳои террористии харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон масраф мешуд.

Аксаран барои ба даст овардани маблағҳои хориҷӣ, мувофиқи ақидаи Сиёҳаков ва Ҳакимов, ТТЭ ҲНИ худро пешсафи ИНОТ (Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик) нишон дода,  пулҳоро аввалан ба буду боши худ, сониян барои роҳандозӣ намудани амалҳои низомӣ дар ҳудуди Тоҷикистон истифода мебурданд. Зиёда аз ин ду сарватманди эронӣ ба аъзоёни оппозитсияи тоҷик изҳор доштаанд, ки онҳо ба ҳисоби Назарзода як миллион доллари амрикоӣ маблағ гузаронидаанд. Магар бе дастгирии молиявии хориҷӣ, махсусан Эрон як мансабдори ҳарбӣ дар шахси Назарзода метавонад пинҳонӣ гурӯҳи мусаллаҳ таъсис дода,  кӯшиши табаддулоти давлатӣ кунад?

Аслан, барои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI «инқилобҳои ранга», «инқилобҳои лолагин» ва «баҳори араб» хос буда, дар ин ҷода эрониён дар сафи пеш буда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ ба қувваҳои мухолифи гуногун дар кишварҳои араб ва ҳатто дар мамлакатҳое, ки гӯё дӯст мешуморанд,  кӯмак мерасонанд. Ин раванд то ҳол идома дорад. То  ба имрӯз пушту паноҳ ва такягоҳи наҳзатиёни хоин ва Кабирии ватанфурӯш Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Хушбахтона,  халқи ҷафокаши мо гарчанде дер бошад ҳам, сиёҳро аз сафед ва ботилро аз рост ҷудо намуда истодааст. Давлати Амрико Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба руйхати гуруҳҳои террористӣ дохил намуд. Ин иқдомро Котиби давлатии Амрико Майк Помпео дар сомонаи иҷтимоии худ “Твиттер” ҷонибдорӣ кард.

Муртазоев С. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Читать далее

САЛИМПУРРО БА САЛИМПУЛ ТАБДИЛ ДОД

Имрӯз баъд аз пахши навори мустақами роҳбари ба ном Паймони миллӣ ва Иттиҳоди ватанфурӯшон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати шахсияти Муҳиддин Кабирӣ дурӯғгӯй ва маккор мехостам фикру андешаи худро баён намоям.

Дарҳақиқат ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ дарк намуданд, ки Кабирии ҳайвонсират ба ғайр аз вайронкорӣ ва хоинӣ дигар коре аз дасташ намеояд.

Лекин афсӯс, аз ҷурналистони эҳтиёманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро дар хориҷи мамлакат ҷамъ намуда гурӯҳи нав ва ё созмони ифротиро ташкил намуд.  Аз фаъолияти ифротии худ истифода намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калон гирифта, кайфу сафо зиндагӣ мекунад.

Ман ба ҷавонони бо нангу номус ва меҳру мухаббат ба Ватани азизамон муроҷиат карда гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ба чунин «шахсон» гӯш надиҳанд ва гумроҳ нашаванд.

Шахсе, ки худро тоҷик меҳисобад ва Тоҷикистонро Ватани хеш медонад бевосита аз он, ки дар дохили кишвар ё берун аз он истиқомат ва кору фаъолият менамояд, ҳама вақт обрӯву эътибори Ватан аз ҳама боло меистад, ва барои ободиву осоиштагии ин кишвари худодод ҷони худро дареғ намедорад.

Мо бояд номи ин маккор, беинсоф ва ноодамро (Кабирӣ ва ҳамтабақони ӯро) аз хотир барорем ва ҳама вақт тасаввур кунем, ки дар рӯи Замин чунин инсон вуҷуд надорад. Барои дар рӯзномаву, телевизион ва радио, саҳифаҳои интернети номашро навиштан ё талаффуз кардан ҳайф бояд донем.

Кабирӣ бо як макру ҳилла ҷурналист Салимпурро ба Салимпул табдил дод ва ӯро зердасти худ гардонида ҳамчун лӯхтак истифода бурда истодааст. Мо рафтори инро низ маҳкум мекунем, беинсофи ва бевиҷдонии инсон барои пул то чӣ андоза қадру қимат надоштааст. Чунки ин хел шахсон дар назди пулу мол падару модар, бародар хоҳар ва даркор шавад оила ва Ватании худро низ мефурӯшад.

Аз ин лиҳоз, боварии комил дорам иғвогарону дасисабозон наметавонанд мафкураи мардуми бафарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд.

Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

Читать далее

Пушти «хуби»-ҳо бадиро раво диданд

То дирӯз барои кишварҳои пасошӯравӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси дӯст ва шарики стратегӣ ҳисоб мешуд. Зеро ин кишвар яке аз аввалин давлатҳоест, ки мустақилияти аксари ҷумҳуриҳоро эътироф карда, робитаҳои дипломатиро барқарор намуд. Махсусан, равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна қавитар шуда, доду гирифти молу коло, равобити фарҳангӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Зеро пас аз ҷанги чандинсолаи Эрон бо Ироқ, муносибати хуб надоштан бо мамлакатҳои арабӣ як навъ давлати Эронро дар вартаи танг гузошта буд.

Тоҷикистон чун давлати навроҳ дар саргаҳи соҳибистиқлолии худ аз он сарфарозӣ мекард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон диду назари хосса дошт. Охир мо чи тавр ифтихор накунем, ки забони якдигарро ба хубӣ медонистем. Таъриху фарҳанги муштарак доштем. Ва ин наздикиҳо имкон доданд, ки тарҳои бузург дар Тоҷикистон ба сурати умум роҳандозӣ шаванд. Фавҷи шаҳрвандони эронӣ аз Тоҷикистон дидан мекарданду мо низ беибо ба Эрон сафар мекардем. Касе гумон надошт, ки пушти ин ҳама «хуб»- ҳо мақсади дигаре ниҳон аст.

Мо сад дар сад изҳороти давлати Амрикоро дар мавриди пуштибонии Эрон аз ҳаракату равияҳои террористӣ афсона мехондем, агар онро дар пӯсти нохуни худ эҳсос намекардем. Гузашти айём исбот намуд, ки Эрон на ба хотири таҳкими дӯстӣ бо Тоҷикистон робитаашро густариш бахшид, балки мехост кишвари моро ҷангзада намуда, бо баҳонаи ҷанг ғаниматҳои онро берун барораду мардумро гумроҳ созад. Онҳо хеле «маккорона » ва «боадабона» ин корро дар тӯли беш аз 20 – сол идома доданд. Фиристодаҳои онҳо дар симои фаъолони наҳзатӣ аввалан миёни омма маҳбубият пайдо карданд. Он нафароне, ки аз таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар огаҳӣ доштанду аз кӯчаиодаму одамшиносӣ гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама тӯдакаш буданд, бо дасти аҳримансифатон ҷисман аз байн бардошта шуданд. Касе дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки маблағгузори асосии ҲНИ, ки тору пудаш аз бадбинии ин миллат сиришта буд, маҳз эрониён буданд. Он миллионҳо долларе, ки хоҷагони эронӣ ба Нуриву Кабирӣ фиристода мешуданд, танҳо ба хотире буд, ки рӯзи ин миллат сиёҳ бошад. Ақидаву хурофотпарастии ин нафарон ба ҳадде дар зеҳни мардум таъсир кард, ки ҳар касе мусулмонии худро ба аъзогии ҲНИ исбот менамуд.

Шикасти тилисми онҳо ҳанӯз дар солҳои навадум оғоз шуд. Дертар сулҳи деринтизор умедҳои онҳоро барбод дод. Аммо хоҷагони наҳзатӣ чун торҳои анкабут бар ҳар кошонаи мо роҳ ёфтанд. «Пешравону муъбадон»-и онҳо дар симои Кабирӣ бо «хушгӯ»-и ҳоидилҳои ҷавононро тасхир сохт. Онҳо хостанд аз дарун ин миллатро забун созанд. Мубаллиғони ҳизб дар масҷидҳо, ҳатто дар ҷанозаҳо мавизахонӣ намуда, мардумро ба «исломдӯстиву» тифоқӣ даъват мекарданд. Дар ин миён чандин ҷавонони таҳти сеҳру ҷоду монда дар мисоли Илҳому Шарофиддин, Сайидюнусу дигар «сарсупурда»-ҳо рӯи сиёсат омаданд, ки имрӯз мехоҳанд бо даъватҳои беасосу дӯруғгӯиҳои хоҷаи худ Муҳиддин Кабирӣ дар зеҳну тафаккури мардуми тоҷик роҳ ёбанд. Аммо ҳар чи қадаре, ки онҳо манфиати ҳизби худу хоҷагони худро ҳимоя кунанд, ҳамон қадар аз ҷониби сокинони кишвар ҷавоби радро мешунаванд.

Эроне, ки бо ин бузургиву ҳашамат, чун меросбари бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, дар дасти исломпарастони худ бозичае беш нест. Имрӯз ин кишвар сабабгори бисёр бадбахтиҳост, ки худи миллати сарбаланди Эрон онро тамоман тарафдорӣ намекунанд.

Мо бояд ҳушёр бошем, дӯст кист, душман кистро донем, дарк кунем ва барои ҳифзу амнияти миллати хеш кӯшиш намоем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Манбаи хатар ва ихтилофот

Ба фаъолияти ҳар як ниҳод ва ҳизбу гурӯҳ вобаста ба амал ва натиҷаҳое, ки ба даст меоварад баҳо дода мешавад. ТТЭ ҲНИ дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш иҷрои амалҳоеро нишон дод, ки сарчашмаи хатар барои миллат, ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Даст доштани роҳбарияту аъзоёни гурӯҳи ҷиноӣ дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба ду майдон кашида шудани мардуми тоҷик гардид. Ҳамин майдонбозиҳои наҳзатӣ боиси ба хун оғушта гардидани ҷомеа ва рехташудани хуни ҳазорон сокинони мамлакат, кӯдакону модарон, пирону барҷомондагон шуд. Ин бесарусомониҳо оқибат мардуми тоҷикро гурезаву ва ба азоби сахти иқтисодиву иҷтимоӣ ва бӯҳрони маънавӣ гирифтор намуд. Ба хотир овардан он рӯзҳои мудҳиш аламовар аст. Ин бадкориҳои наҳзатиёни маккор буд, ки худро ҳамчун душмани давлату миллат нишон доданд, ки амали нобахшиданист.

Мутаассифона, ин гуруҳ боз ҳам нақшаҳои худро барои халалдор кардани сулҳу субот, ҳаёти осоиштаи мо, зина ба зина тарҳрезӣ карда ва хоҳиши амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ баромад намуданд.

Ин амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро адиби маъруфи мо Лоиқи зиндаёд, бо чашми худ дид ва нисбати он вокуниш нишон медод.

Афсус, имрӯз хоинони манфиатҷӯву мансабпараст на хотири модару падар ва кӯдаку фарзанди худ мекунанд. Балки танҳо ва танҳо худро фикр мекунанд, то дар шароити хубу замонавӣ дар партави пулҳои хоҷагони худ хушу хурсандона зиндагонӣ намоянд. Онҳо боз кушиши барангехтани низоъву бадбинӣ ва хусумату ҷангро дар байни мардуми тоҷик ҳадафи худ қарор дода истодаанд. Бо ин амали худбар зидди ҳокимияти конститутсионӣ, ки инсон, ҳуқуқу ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми имкониятҳои давлатиро барои ободии ин сарзамин равона кардааст, баромад карда истодаанд. Магар ин душмании наҳзатиён бо давлату миллат нест?

Хушбахтона, нақшаҳои аҳримании онҳо шикаст хӯрд ва онҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Лек аз хориҷ истода худро бегуноҳ нишон додани онҳо амали ноҷавонмардист. Миллати тоҷик дигар фирефтаи ақидаҳои ифротии ҳизби наҳзат нахоҳад шуд. Ҳизби наҳзат ҳеҷгоҳ ғолиб намешавад.

Имрӯз бо ин ҳама иғвоҳои беасоси наҳзатиён нигоҳ накарда ҷавонмардони ҷасоратманду далер, миллатдӯсту некхоҳ ва некбини халқ барои ободиву рушди кишвар саҳмгузоранд. Дар рагу пайванди онҳо хуни қаҳрамонони миллат, мисли Деваштичу Спитамен ва дигар ҷавонмардони асили тоҷик ҷуш мезанад.

Мо, шаҳрвандони мамлакат набояд фирефтаи ақидаҳои иртиҷоии гуруҳҳои ифротӣ гашта, бар муқобили онҳо истодагӣ намоем ва нагузорем, ки осмону софу беғубори давлати мо тира гардад. Сулҳу субот, ки неъмати бузург аст, мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ҳифз намоем.

Иноятова А.И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее