01 May 2019

Рушди содироти маҳсулот ва ҷалби сайёҳон - вазифаи муҳим

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд

Санаи 1 майи соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, соҳибкорон ва шарикони рушд, намояндагони бизнес – ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои мақомоти давлатӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кори Шӯрои навбатӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва Барномаҳои давлатӣ ҳарф зад.

Читать далее

БОЗ ЯК ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУҒДСИНАМО

Муассисаи давлатии "Суғдсинамо" ба номи Комил Ёрматов барои филми "Тангно" соҳиби Ҷоизаи байналмиллалии 15-умин Фестивали байналмилаллии филмҳои мусулмонии Казони Русия гашт.

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми "Тангно" ва директори "Суғдсинамо"  мегўяд, ки филм аз ҷониби тамошобинони фестивал гарм қабул шуд.

-Хеле хушбахт будем аз қабули гарм. Наздик будани мавзўъву ғояи филм ба қалби тамошобини рус ва дигар халқиятҳои ин ҷашновора боиси маҳбубияти филм шуд. Тамошобинон филм ва қаҳрамони он Армонро дўст доштанд, ба ҳунари офарандагии Муҳаммад Раҳматуллоев, ҳунарманди ҷавони "Суғдсинамо" баҳои баланд дода шуд, мегуяд Муҳиддини Музаффар.

Гуфтанист, ки мутахассисон ба кадбияти филм ва ғояву мавзўъи "Тангно" , ба ҳунари  муаллифони сенария устод Сорбон ва Бахтиёр Каримов баҳои баланд доданд.

 Иштирок кардан ва миёни 44 давлати дунё  соҳиби Ҷоизаи  ҷашнвораи байналмиллалӣ шудани синамогарони вилоят  боиси ифтихор аст.

Гуфтанист ки филми "Тангно" дар бахши озмунии филмҳои ҳунарӣ  ва филми "Умар-ако" дар коргардонии  Далери Имомалӣ, дар бахши филмҳои кўтоҳ кишвари моро дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аст. Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ» таҳия шуда, дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Маскав наворбардорӣ шудааст ва аз  муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад. Нақши асосиро дар ин филм Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст.

С.ҲАКИМЗОДА,
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарбахши идоракунии давлатӣ, бахусус ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал таҳия гардида, хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзалиятҳо ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.

Читать далее

РУХАК АЗ НАВ НЕРӮ МЕГИРАД

Таҳлил, натиҷа ва ояндабинӣ

Манзараи умумӣ

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва дар ин замина паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, бунёди боғу токзорҳои нав, афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ток ва амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2016 - 2020» ва қарори Раиси вилоят аз 8 феврали соли 2016, №70 як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд.

Дар асоси ин Барнома соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 140 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 251 гектар боғ ва 61 гектар токзори кӯҳна аз нав барқарор шуданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тариқи обёрӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаи мавзеи Рухак ва қисмати болоии он, ки ба Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дорад, чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди мавзеи Рухак ва қисмати болои Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамагӣ 2947,82 гектар қитъаи замин мавҷуд буда, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2350,63 гектар аз он ҷумла: 26,50 гектар замини корами обӣ, 41,75 гектар боғот, 128,20 гектар токзор, 210,20 гектар боир ва 1944 гектар замини дар кишоварзӣ истифоданашаванда ва ба ноҳияи Ҷаббор Расулов 560,59 гектар аз он ҷумла: 122,21 гектар корами обӣ, 14,85 гектар боғот, 4,26 гектар токзор, 8,93 гектар тутзор, 18,86 гектар боир ва 385,41 гектар замини барои кишоварзӣ истифоданашаванда мансуб мебошад.

Бояд зикр намуд, дар мавзеи, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутааллиқбуда, 93 замин - истифодабаранда мавҷуд буда, тибқи чораҳои андешидашуда, дар асоси қарорҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳуқуқи истифодабарии 11 заминистифодабаранда қатъ гардонида, заминҳои мазкур ба фонди махсуси ноҳия гузаронида шудааст.

Дар ин заминҳо бо иқдоми раиси ноҳия тариқи ҳашар дар майдони умумии 46 гектар замин боғи нав бунёд гардидааст.

Асли воқеа дар чист?

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз ҳолати кунунии боғу токзори минтақаи Рухаки Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин мавзеъ омада, аз наздик ошно шудем. Он рӯз ҳаво боронӣ буду мавзеъро сабзу хуррам дидем. Ду - се сол пеш ҳам бо вазъи ин минтақа шинос гардида будем. Муаммои об хоҷагидоронро ба ташвиш оварда, ҳамаи току дарахтон дар ҳолати хушкшавӣ буданд. Ҳини боздид аён гардид, ки минтақа дубора обод шуда, заминҳоро ба гардиши кишоварзӣ дароварда истодаанд.

Айни ҳол барои обёрӣ намудани минтақа дар ноҳия пойгоҳи обкашии ба номи Исмоил Қоҳиров пурра аз таъмир бароварда, таъминоти об беҳтар, як пойгоҳи обкашиеро, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмонда буд, барқарор кардаанд. Баъди ба кор шурӯъ намудани пойгоҳи мазкур дар минтақаи Рухак заминҳои бекорхобида аз нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд, ки ин ҳам барои фароҳам овардани ҷойи корӣ ва зиёд намудани маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Бино ба гуфти сардори идораи кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳомидҷон Ҳакимбоев як қисми заминҳои минтақаи Рухак аз шабакаи минтақавии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва қисми дигари он аз минтақаи худи ноҳия обёрӣ мешавад. Соли ҷорӣ дар 46 гектар замини бекорхобидаи ин мазеъ, ки чандин сол аз тарафи соҳибонаш самаранок истифода бурда нашуда буд, тибқи қарори раиси ноҳия ба фонди махсус гузаронида, ба шахсони алоҳидаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия вобаста гардид. Дар он ниҳолҳои бодом шинонида шуда, имрӯз нашъунамои хуб доранд.

Дар ин мавзеъ зиёда аз 200 гектар замин мавҷуд буда, обёрии наздик 120 гектари он аз пойгоҳи обкашии ноҳияи Ҷаббор Расулов шодоб мегардад.

Заминҳои ин мавзеъ ҳанӯз соли 1980 корам гардида, аз 1200 то 1300 тонна ангур истеҳсол ва содироташ низ ба роҳ монда мешуд. Як муддат аз сабаби фарсуда гардидани лӯлаҳои обгузар муаммои норасоии об ба миён омад. Хатти оби ин мавзеъ аз минтақаи Деҳмой - 4 - и ноҳияи Ҷаббор Расулов солҳои шӯравӣ кашида шуда буд.

Аз сабаби он ки лӯлаҳо фарсуда буданд, то ҷойи зарурӣ об қариб ки омада намерасанд. Имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳолати обрасонӣ беҳтар, заминҳо дубора барқарор ва боғу токзори нав ташкил карда истодаанд.

Яке аз муаммоҳои асосӣ имрӯз партовгоҳи шаҳри Бӯстон мебошад, ки дар минтақаи Рухак ҷойгир шуда, наздик 20 гектарро ташкил медиҳад. Дар он партовҳои зиёдро мепартоянду ҳангоми вазидани шамол салафану зарфҳои пластикӣ ва қоғазпораҳо парида, заминҳои токзор ва болои дарахтонро мепӯшонанд. Тариқи ҳашар ҳар ҳафта ду - се маротиба бо иштироки сокинону кормандони касбу кори гуногун партовҳо тоза карда мешавад.

Ба ин мавзеъ об меояд?

Ҳангоми боздид аз рафти корҳои саҳроӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Домуллоҷон - саркор” шинос гардидем. Зимни суҳбат раиси хоҷагӣ Абдуллоҷон Домуллоҷонов гуфт, ки бесабаб “Аз некон боғ ба ёдгор мемонад”, нагуфтаанд. Тайи солҳои охир дар хоҷагӣ тадбирҳои мушаххас дар самти боғу токпарварӣ рушд меёбад.

- Бахусус, супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар самти эҳё ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ моро дилгарм ва рӯҳбаланд месозад, - гуфт ӯ.

Оиди таъминот бо оби полезии ин минтақа Абдумӯъмин Лакимзода - сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, барои беҳтар намудани вазъи обёрии мавзеи Рухак пойгоҳҳои обкашии ба номи Исмоил Қоҳиров ва Рухак - 2, ки якчанд сол инҷониб фаъолият надоштанд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 400 ҳазор сомонӣ ва ноҳия 80 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Айни ҳол бинои пойгоҳи обкашӣ пурра аз таъмир бароварда, боз як агрегати иловагӣ бо иқтидори 400 литр дар як сония барқарор гардид. Пойгоҳи обкашии Рухак - 2, ки наздик 20 сол аз фаъолият бозмондаву бинояш фарсуда гардида буд, аз нав барқарор ва вазъи агрегату трансформатори нав ва хатти интиқоли барқ кашида шуд. Зиёда аз 4,5 километр лӯлаи пластмасӣ харидориву насб гардида, барои обрасонӣ омода мебошад. Аз ин пойгоҳи обкашӣ 240 гектар замин ва аз пойгоҳи обкашии Рухак наздик 50 гектар замин обёрӣ карда мешаванд.

Ҷиҳати барқарор намудани иншооту лӯлаҳои обрасонии минтақаи Рухаки ноҳияи Ҷаббор Расулов ва азнавсозии шабакаҳои обрасонии минтақаи мазкур бо дастгирии Раиси вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, аз тарафи идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар пойгоҳи обкашии Деҳмой – 4 ба дарозии 320 метр лӯлаи обрасонии оҳании фарсудашуда канда, ба ҷойи он қубурҳои нави оҳанӣ насб карда, 3 агрегати пойгоҳ аз таъмир бароварда шудааст. Аз ҷониби ҶДММ “Ганҷи Ҳилол” ба дарозии 1600 метр новаи обрасонӣ таъмир карда шуд.

Натиҷаи тадбирҳои мушаххас

 Баҳисобгирии таҳлили ҳосилнокӣ ва ҳолати истифодабарии 597,22 гектар замини минтақаи Рухаки ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пурра мавриди истифода қарор додани заминҳои мазкур чораҳои қатъӣ андешида шуданд.

Соли равон аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замини ноҳия ҳамагӣ 16 гектар замини корами обии аз кишт берунмонда муайян карда шудааст. Заминҳои мазкур ба ҶДММ “Ганҷи Ҳилол” - и ноҳия мансуб мебошад. Бинобар он нисбат ба маъмурияти ҶДММ “Ганҷи Ҳилол” дар асоси моддаи 1561 Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маъмурӣ андешида, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои мазкур дастур дода шудааст.

Имрӯз дар байни замини қаторҳои боғҳо лӯбиёгиҳо, полезӣ, ҷуворимакка ва дигар намуди зироат кишт шудааст. Дар 12 гектар замини боқимонда кишти пахта гузаронида мешавад. Аз сабаби номусоид омадани обу ҳаво заминҳо аз кишт бозмонданд. Рӯзҳои наздик дар онҳо кишт гузаронида мешаванд.

Солҳои пешин ҳамагӣ як насос фаъолият мебурд, ки он дар як сония 140 литр обро таъмин мекарду халос. Имсол бо кӯмаки роҳбарияти вилоят пойгоҳҳои обкашӣ ба пуррагӣ таъмир гардида, лӯлаҳои нав насб шудаву ду ҳавзи обпарто таъмири капиталӣ шудааст.

Имрӯз дар майдонҳои корам дарахтони зардолу, олуча, ток, олуи сиёҳ шинонида шудааст. Дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода буд, ки алҳол ин минтақа куллан тағйир ёфта, кишти зироатҳо амалӣ мегарданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ёде аз Аминҷон Шукӯҳӣ

Нишасти 172-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид адибону олимон, омӯзгорони забон ва адабиёти макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мухлисони каломи бадеъро ба ҳам овард. Маҳфил бо силсилаи сурудҳои сарояндагони ноҳия дар матни устод Аминҷон Шукӯҳӣ оғоз ёфт. Дар сухани муқадимавии худ мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Бимоҳрӯ Қосимӣ зикр кард, ки Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои наврӯз баробари ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кард ба маркази чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ табдил ёфта аст.

Сипас, Шавкат Шарифов, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маърӯзаи худ  “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллии ҷомеа” оид ба ташаббусҳо, кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат дар густариши ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа бо санадҳои мушахас ва собит ибрози назар намуд.

 Баъдан Неъматҷон Файзуллоев, доктори илмҳоифилология, профессори  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Аминҷон Шукӯҳӣ –шоири тавонои тоҷик” маърӯза хонд.

Маълум гардид, ки Аминҷон Шукӯӣ барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва як «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.Соли 1994 сазовори унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (пас аз маргаш) гардидааст.

Нависандаи номвари тоҷик Маъруф Бобоҷон, ки аз шогирдону ҳамкорони устод Аминҷон Шукӯҳӣ ба шумор меравад хотираҳои рӯшани замони шогирдиву ҳамкориашро барои ҳозирон нақл кард. Нависанда аз сифатҳои фардии устод Аминҷон Шукӯҳӣ аз ҷумла ватандӯстиву фидокорӣ, меҳнатпарвариву ташаббускорӣ ва монанди инҳо ёд кард ва гуфт, ки мавсуф нисбати шогирдон ва ҳамкорон ғамхор ва хайрхоҳ буд.

Духтари хурдии шоир Махфират Шукӯҳӣ аз рӯзгори оилавии падари хеш ҳикоят кард ва аз баргузории ин маҳфил, ки ба фаъолияти қиблагоҳиаш бахшида мешавад сипосгузорӣ кард. Набераи шоир Фирӯзабону  бо қироати силсилаи шеърҳои бобои худ ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид. Дар маҳфил азҷониби сарояндагони маъруфи ноҳияиБобоҷон Ғафуров силсилаи сурудҳо аз эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ садо доданд, ки толор ба базмгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфт.

Башорат АЛИЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хучанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуов

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Деваштич

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун шинос гардид.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони муассисаи томактабии ҷамоат бо 240 ҷой идома дорад. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ ширкати “Суғдсохтмонсоз” мебошад.

Читать далее

Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич дар 30 гектар замини бекорхобида боғу тозкор бунёд намуданд

30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти бунёди иншооти муҳими хоҷагии халқ ба ноҳияи Деваштич сафар кард.

Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона меҳнат карда, барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат кӯшиш намуда истодаанд. Ба иттилои роҳбарияти ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то соли 2021 дар қаламрави ноҳия беш аз 300 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад.

Читать далее

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд. АКС

Шаби 30-юми апрел 84 кӯдаку навраси тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.

Читать далее