02 May 2019

"Ин қадар ҷангам макун..." Мирзо Турсунзода дар хотироти писараш Масъуд.

Мирзо Турсунзода, шоири шинохта, қаҳрамони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди адибон, рӯзи дувуми май 108-сола шуд. Дар ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ бо Масъуд Турсунзода, писари калонии шоир, дар хона-музейи ӯ дар Душанбе сӯҳбат кард.

Читать далее

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад.

Читать далее

САРАЗМ - ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ

То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд.

Читать далее

ДИГАР БА ИҒВОЮ ФИТНА РОҲ НЕСТ

Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза падидаҳои номатлубе  пайдо шудаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатардор мебошанд. Яке аз ин падидаҳо гурӯҳҳои террористии “ДИИШ”, Ҳизбуллоҳ, Ихвонулмуслимин, ТТЭ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошанд.  Чанде пеш дар Ҷумҳурии арабии Миср Конфронси ҷаҳони уламои мусулмон доир гардид, ки дар он ҳамаи муфтиён ва уламои мусулмони кишварҳои мусулмонӣ ТТЭ ҲНИ-ташкилоти террористӣ эътироф карда, сармоягузорони онро душмани башарият хонданд.

Имрӯз мо, дар кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери парчами дурахшони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем. Хушбахтона, имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрвандон нисбат ба дину мазҳаб ва озодии виҷдон ягон монеа вуҷуд надорад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми ватанамон мебошад. Баъди соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон, муносибат ба дин ранги дигарро гирифт. Дар сар то сари ҷумҳурӣ дари масҷиду мадрасаҳо боз гардида, сафари ҳамватанонамон ба зиёрати хонаи Худо оғоз ёфт. Дини мубини Ислом чун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост мебошад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ТЭТ ҲНИ ба ин имконияту шароитҳои мавҷуда нигоҳ накарда худро ҳомии дину мазҳаб метарошид. Лек мақсади онҳо дигар буд.

Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд.

Бетартибиҳои соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд.  Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТТЭ ҲНИ  Кабирӣ назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТТЭ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.

Аз ҷавонону наврасон даъват ба амал меовардам, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ шомил нашаванд ва ояндаи неки худро доғдор насозанд.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

ТАРҒИБГАРИ АНДЕШАИ БОТИЛ

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз афту башараи ҳамин хел «шахсон»-и лаин, ки дар шаҳрҳои Аврупо ҳар гуна тазоҳуроту митинг доир кардаанд ва карданианд, то қиёмат безорем.

Мирзои Салимпур ҳамон собиқ хабарнигори “Радиои Озодӣ”, ки айни замон дар Аврупо умр ба сар мебарад ва барои сиёҳ кардани ватане, ки дар он хуни нофаш рехтааст, мақолаҳои провакатсиониро  чоп намуда, мехоҳад дар худуди ватани азизамон тоҷикистон фитна андозад.

Бо пай бурдани лаззати пули бедардимиёни хоҷагони хориҷӣ ва тавассути Кабирӣ расидани тақсимоти ин маблағҳо Мирзои Салимпур тамоман аз доираи арзишҳои рӯзноманигорӣ берун рафта, ҳатто ба моҳияти масъала дарк накарда, мехоҳад аз пашша фил нишон дода, нуфузи Кабириро бо ин иқдомаш боло барад. Яъне имрӯз Кабирӣ дирижёр асту Мирзо ҳамчун тарғибгари Кабирӣ кору фаъолият бурда истодааст.

Аз ин рӯ аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки нисбати сару садоҳои беасоси душманони миллат боварӣ накарда, нисбати онҳо вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд. Сомонаҳои ифротии наҳзатиён ба ғайри тарғиби арзишҳои бегона дигар ягон коре надоранд.

Ахмедова М.А. – н.и.и., дотсенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

Читать далее

Душман ҳеҷ гоҳ дастболо нахоҳад шуд

Яке аз тактикаҳои ноҷавонмардонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою  террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу усул, таблиғу ташвиқи ақидаҳои пучу бардурӯғ бо истифода аз муқаррароти дини Ислом даъват ба ҷангу ҷидол ба шумор меравад, ки боиси ба кӯчаҳои роҳбаста сафарбар гаштани шахсони бетаҷрибаву зудбовар мегардад. Амалу рафтори шахси гумроҳ нафақат ба давлату ҷомеа, балки барои хешу пайвандон хатари зиёд дошта, боиси сарсону саргардон шудани оила мегардад. 

Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсони фирефтаи экстремистон гашта, ба ваъдаҳои осмонии душманони миллат бовар карда, ҳатто зану фарзандони ноболиғи худро ба мавзеъҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ бурда, зери тиру тӯп мегузоранд. Ин амалро ягон шахси солимақл барои фарзанд, ки меваи ширин барои волидайн ба шумор меравад, раво намебинад. Шахсе, ки ба ифроту ҷаҳолат гирифтор шудааст, ғайр аз якравию бефаҳмӣ, фанатизми динӣ, бадбиниву ҷудоиандозӣ, зоҳирпарастиву хаёлҳои хом дигар чизро дидаю фаҳмида наметавонад ва ба шахси бемории рӯҳидошта шабоҳат дорад.

Аз рӯи иттилоъ имрӯзҳо чанд нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик дар Сурияву Ироқ қарордошта, аксарияти онҳо аз падару модар ятим мондаанд ва дар ҳолати қашшоқиву бесоҳибӣ қарор доранд. Ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони кишвар дар қонунгузории амалкунанда инъикоси худро ёфтааст, ки шахсони дар амалиёти ҷангии давлатҳои хориҷа иштирок карда, агар дар кирдорашон таркиби ҷинояти дигар набошад, бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.  Ин муқаррароти дурбинона дар қонунгузории давлатҳои дигар дида намешавад.

Зиёда аз 80 нафар кӯдакони бадбахту сарсонгашта, ки дар Ироқ қарор доштанд, ба Ватани азизашон баргардонида шуданд.

Барои поку беолоиш нигоҳ доштани андешаи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, ҳуввияти миллии наврасон ва ҷавонон беғаразона камари ҳиммат бубандем.

И.ҶАББОРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Фирефтаи дасисаҳо набояд шуд

Мавзӯъи доғе, ки нимаи дувуми моҳи апрел ҷомеаи Тоҷикистонро ба майдони баҳсҳои зиёд кашид, фармони Хадамоти зидди инҳисории кишвар дар бораи боло бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ буд, ки ахиран лағв гардида, нисбат ба гунаҳкорони ин амал ҷазо пешбинӣ шуд.

ҳоло дар мавриди омилҳои сар задани муаммои боло бурдани нархи интернет намехоҳам иброз назар намоям, зеро дар ин маврид баҳсу таҳлилҳову хулоса ва натиҷагириҳои зиёд шуд.

Аммо рафтори баъзе аз нафарон ва сӯиистифода аз ин вазъият барои ноором кардани кишвар боиси нигаронӣ ва таассуф аст, ки дар хориҷ ва ҳам дар дохили мамлакат табли шодӣ заданд.

Ба миён омадани чунин ҳолат, ба таҳлукаву таҳрик даромадани бархе аз сокинон ва истифодаи ин вазъият, бадномкунии давлат аз ҷониби мухолифин, Кабириву ҳаммаслаконаш моро ҳушдор медиҳанд, ки бояд зиракиро аз даст надиҳем ва манфиати давлату миллатро боло гузорем.

Бояд дар хотир дошт, ки душманони миллат майдатарин камбудӣ ва ё норасоиро интизоранд, ки миёни мардум нофаҳмиро афзоянд ва мушкилии ҷомеаро ба манфиати хеш равона созанд. Фирефтаи чунин дасисаҳо нашудан вазифаи аввалини ҳар кадоми мост.

Мардум дар натиҷаи сабру таҳаммул ва машаққатҳои тӯлонӣ  панди ниёгон “бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро” – ро пеша намуда, осудагиро пойдор кард. Сулҳи гаронбаҳои Тоҷикистон шоистаи таҳсини оламиён гардид. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.

Баҳри беҳбудии рӯзгори халқ ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат, таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳукумати мамлакат дастгигирии мардум муҳим аст, ба ин хотир сокинон ҳар фарди бонангу номи миллат қабл аз ҳама бояд ба дасисаву ҳангомаҳо фирефта нагарданд.

Мадина СУЛТОНЗОДА,

устоди Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

МАҲАЛГАРОӢ – МАРИЗИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

Дар кори пешравии ҷомеа, пойдории сулҳу ваҳдат бартараф намудан ва решакан кардани маҳалгароӣ аҳамияти муҳим дорад.

Таърихи давлатҳои ҷаҳон собит месозад, ки маҳз ба туфайли муттаҳидӣ, сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои намоён комёб гардиданд. Ба ин мисол шуда метавонад комёбиҳои давлатҳои Ҷопон, Курияи Ҷанубӣ, ИМА, Шветсия, Финляндия ва дигарон.

Бояд қайд кард, ки дар асрҳои миёна давлати Сомониён низ туфайли пойдор будани ғояҳои ваҳдату дӯстӣ ба давлати бузург табдил ёфта, ба комёбиҳо ноил гардид. Дар натиҷаи дар давлат зуҳур кардани ғояҳои ҷудонандозию бадбинӣ пас аз даргузашти Исмоили Сомонӣ заиф гардида, пароканда гардид.

Дар давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали мустақилият қувваҳои бадхоҳи мухолифин тухми кинаву адоват кошта барои қувват гирифтани маҳалгароӣ мусоидат намуданд.

Мухолифин дар майдони Шаҳидон минтақаи ҷанубро бо минтақаи ҷануб муқобил гузоштанд, ки он оқибат Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркуш оварда расонид.

Ба ғайр аз ин маҳалгароӣ ба Истиқлолият, давлат таҳдид карда хавфи барҳам додани давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба миён овард. Ба туфайли баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва барқароршавии ҳокимияти қонунӣ  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳифз карда шуд.

Маҳалгароӣ чун теғе мебошад, ки пояҳои давлатро заиф мегардонад. Пас аз хотима ёфтани ҷанги бародаркуш, барқароршавии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон марҳилаи созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид.

Бунёди нақбҳои мошингарди Истиқлол ва Шаҳристон минтақаҳои Тоҷикистонро бо ҳам пайваст карда барои тамоми фасли сол рафтуомад кардани шаҳрвандон шароит фароҳам овард.

Дар кори решакан кардани пояҳои маҳалгароӣ баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, густариш додани ғояҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз дар хориҷа ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ ба фаъолияти худ кӯшиш карда истодаанд, ки дар мамлакат аз нав тухми маҳалгароиро пошида ҷомеаро боз ба парешонию парокандагӣ оварда расонанд.

Итминони комил дорем, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат пояҳои устувор дорад ва дар кори боз ҳам пойдору устувор гардонидани онҳо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд хоҳанд гардид.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

ФИТНАГАРОНИ НАҲЗАТӢ

Бе ягон шубҳа гуфта метавонем, ки имрўз мо дар кишвари азизу маҳбубамон,  соҳибистиқлол ва зебои гулгулшукуфон, зиндаги дорем, ки  номаш Тоҷикистон аст.

Мирзо Салимпур сардабири сомонаи “Ахбор.ком” бо ҳар гуна фикру андешаҳои худ дар мавзуъҳои гуногун баромад намуда мақомотҳои қудратӣ ва Ҳукумати Тоҷикистонро бо суханҳои бофтаву сохтаи худ гунаҳкор меҳисобад.

Дар сомонаи дуруғини Мирзои Салимпул «Ахбор.ком» матлабҳои дуруғине чоп мешаванд, ки бар муқобили давлату миллат равона гардидааст.  Муносибати ба ҳам наздики Мирзои Салимпур бо Муҳиддин Кабирӣ ба ҳама маълум аст. Сомонаи ифротии “Ахбор.ком” дар хизмати Паймони миллӣ ва ТТЭ ҲНИ қарор дорад. Ҳама гуна хабару руйдодҳои майда-чуйдаро обу ранги бадеи дода онро ба арши аъло мерасонид.

Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст ҳам барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои ин нохалафони ватанфурўш на арзишҳои динӣ ва на арзишҳои демократӣ қимате надоранд. Боз як террористи ватанфурўши найрангбоз роҳбари ин ташкилоти экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бо ташкил кардани гирдиҳамоиҳо мехоҳанд ба хоҷагони худ нишон диҳанд, ки онҳо фаъолият карда истодаанд. Аммо онҳо худ намедонанд, ки онҳо дар киштии шикастае нишастаанд, ки оқибати он ғарқ шудан аст.

Барои ин моро зарур аст, ки арзишҳои миллиро аз дигар манфиатҳо боло гузорем, бо зиракии сиёсӣ ва кору амали шоистаи худ дар пешрафту тараққиёти ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Тошматова Р.Қ. – ассистенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

Читать далее

Нигаронии Котиби генералии САҲА аз ҳузури террористони наҳзатӣ дар Аврупо

Дар котиботи Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Москва, 25 - уми апрели соли 2019 ҷаласаи корӣ байни ин ташкилоти байналмилалӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир гардид.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, ҳайати котиботи СААД ва намояндагони САҲА бо роҳбарии Котиби генералии ин созмон Томас Гримингер ширкат варзида, масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳоро байни ин ду созмони байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстремистиро ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон самти афзалиятноки кори худ унвон карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд дар ин бахш иброз доштанд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва эродҳои аз ҷониби СААД ба Котиби генералии САҲА расонидашуда, ин минбар додан ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Аз тарафи котибот таъкид гардид, ки САҲА яке аз ташкилотҳои обрӯманди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ба хотири таъмини амнияту субот дар гӯшаҳои гуногуни олам саъйу кӯшиши зиёд мекунад. Вале мутаассифона, баъзе ташкилотҳои террористиву экстеремистӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи ин созмони бонуфуз сӯиистифода намуда, бо баҳонаи гӯё поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва дунявии худ, аз минбарҳои ин созмони байналмилалӣ ҷор мезананд ва ҷаҳди пинҳон кардани ҷиноятҳои қаблан содиркардаи худро мекунанд.

Котиби генералии САҲА барои пешниҳоди маълумот нисбати ТТЭ ҲНИ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин мавзуъ онҳоро низ хеле нигарон кардааст. Хеле мутаассифанд, ки баъзан доираҳои бадхоҳ ин имкониятҳои пешниҳодкардаи САҲА - ро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мекунанд.

Онҳо ин камбудии худро дарк мекунанд ва аз ин рӯ, баъди бозгашт ба қароргоҳи САҲА ҳатман як комиссияи босалоҳияте ташкил дода, масъалаи иштироки ашхоси тасодуфиву нолоиқ, ба монанди аъзоёни ТТЭ ҲНИ - ро дар ҷаласаи ин созмони байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Фаридун САФАРОВ
Акс аз сомонаи расмии СААД

Читать далее