07 May 2019

Шаҳристон: Вусъати тадбирҳои нек

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбад.

Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар ноҳия сохтмони 68 иншоот ба нақша гирифта, то ин дам 22 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар се моҳи аввали соли равон се иншоот - мағозаи озуқавории соҳибкор Муртазоқул Мирзоев, бинои кошонаи ҳусн ва сехи дӯзандагии соҳибкор Нодира Ибайдуллоева дар деҳаи Навкенти Ҷамоати деҳоти Бунҷикат мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади рушди сайёҳӣ дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе аз тарафи соҳибкор Аюб Худойбердиев бинои иловагии ошхонаи “Додоҷонбобо” мавриди истифода қарор дода шуд. Бино аз 5 ҳуҷра иборат буда, ҳуҷраҳо бо назардошти санъати баланди меъморӣ бунёд ва барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ баргузории конфронсу маҳфилҳо ва семинарҳо мусоидат менамояд.

Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 27 - уми апрел дар ҳудуди ноҳия ҳашари умумихалқӣ бо ҷалби васеи аҳолӣ ва кормандони касбу кори гуногун, дар маҷмӯъ бо иштироки 4100 нафар доир гардид.

Дар ин рӯз сокинони деҳаи Ваҳдат дар назди маҷмааи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳашар ташкил намуда, дар сабзу хуррам сохтани гирду атроф, таъмиру азнавсозии маҷмаа саҳми худро гузоштанд.

Сокинони деҳаи Ваҳдат азм доранд, ки то рӯзи солгарди Иди Ғалаба маҷмааи ёдбуди иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пурра азнавсозӣ намоянд. Дар айни ҳол ба маблағи зиёда аз 12 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармим ба анҷом расидааст.

 Сокинони деҳаҳои Суғдиён, Навкент ва Ободӣ низ ба ҳашар баромада, лавҳаву муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузошташударо тозаву озода намуданд.

- Дар ҳашари умумихалқӣ дар баробари аҳолӣ ва дигар кормандони касбу кори гуногун кормандони Идораи кумитаи замин, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноатӣ – кишоварзӣ»-и ноҳия, бахши САҳШ ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ фаъолона иштирок намуданд, - гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия И.Шоаҳмедов.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Ҷавонон нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат мебошанд!

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят

Санаи 6-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ» - и маркази вилоят ҷаласаи нахустини  Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси Шӯро, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят ҳарф зад ва вазифаҳои навбатиии Шӯрои вилоятиро муайян намуд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат! Ҳамаи Шуморо бо солгарди Рӯзи Fалаба, ки рӯшантарин саҳифа дар таърихи корномаҳои мардуми сулҳпарвари ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик аст, муборакбод менамоям. Қаҳрамониву шуҷоати фарзандони матиниродаи мо дар ин муҳорибаҳо бемисл буда, дар радифи садҳо халқияту миллатҳо баҳри мубориза бо душманони ғаддор ҷоннисорӣ кардаанд.

Ин нукта дар яке аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст: «Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини Fалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд».

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
озод намудани Иноятзода Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иноятзода Баҳром бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шавад.

Читать далее

Машварати кории Раиси вилояти Суғд

Рӯзи 6 май дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.

Дар машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулини соҳаи кишоварзӣ ҳузур доштанд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ба амал омадани ҳолати фавқулода ҳангоми фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметево, ки сабаби ҳалок шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Читать далее