08 May 2019

Ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

 

 

 

  

Номгӯи чорабиниҳо

Санаи баргузорӣ

Макон

1.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тениси рӯи миз (байни бонувон) барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

13-14 майи 2019

Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд

2.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2004 барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

14-18 майи 2019

Варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон

3.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

13-14 майи 2019

 

ноҳияи Мастчоҳ

4.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2002 барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

14-17 майи 2019

Варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд

5.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гӯштини камарбандӣ (тарзи классикӣ) барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

20-21 майи 2019

«Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан

6.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба волейбол (бонувон) барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

13-16 майи 2019

Толори варзишии «Чемпион»-и ноҳияи Ҷ.Расулов

7.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гӯштини миллии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

17-18 майи 2019

Маҷмааи варзишии ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

8.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

14-16 майи 2019

 

ноҳияи Ашт

9.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

16-18 майи 2019

 

шаҳри Исфара

10.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба дастхобонӣ байни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

16-18 майи 2019

 

шаҳри Исфара

11.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба велосипедронӣ (трек) барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

 

20 майи 2019

 

шаҳри Хуҷанд

12.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба баскетбол байни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

17-20 май 2019

 

ноҳияи Бобоҷон Fафуров

13.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шиноварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

17-18 майи 2019

 

шаҳри Хуҷанд

14.

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба картинг барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

  4 майи 2019

 

шаҳри Хуҷанд

15.

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба тирпаронӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

21 майи 2019

 

шаҳри Хуҷанд

 

 

Читать далее

ИҶРОИ БАРНОМА -ТАҚОЗОИ ЗАМОН!

Дар даврони тараққиёти техника ва технология ҳар хонандаи мактабро мебояд кор бо компютерро омӯзад ва дар ин ҷода Раёсати маориф ва шӯъбаҳои он корро ҷоннок созанд. Ҳанӯз 11 декабри соли 2017 «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022» тасдиқ гардида буд, ки фаъолияти онро Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Раёсати маорифи вилоят назорат мекунад.

Дар вилоят 928 муассисаи таҳсилотӣ амал мекунад. Давоми се моҳ 267 компютер харидорӣ шуд. Алҳол хонандагони мактабҳои вилоят аз 17 ҳазору 429 компютер истифода мебаранд. Баробари ин 1039 адади он таъмирталаб аст. Аз рӯи нақшаи барнома то охири сол бояд теъдоди компютерҳо ба 2 ҳазору 886 расад.

Агар ба омор назар афканем, дар кадом сатҳ қарор доштани Барнома баръало эҳсос мешавад, нақшаи харидории компютер дар шаҳру навоҳии Деваштич, Гулистон, Бӯстон, Зафаробод, Мастчоҳ дар сатҳи паст қарор дошта, давоми се моҳ ягон адад дастрас нашудааст. Имрӯз барои амалишавии ҳар Барнома маблағ ҷудо мешавад. Сабаби сари вақт бо компютер таъмин накардани мактабҳои таҳсилоти умумиро мудирони маориф дар кофӣ набудани маблағ арзёбӣ карданд.

Насриддинзода Ҷамолиддин - мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Бӯстон:        

- Соли таҳсили 2018 - 2019 ба мактабҳои шаҳр 20 адад компютер харида шуд. Алҳол барои харидории компютер аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар назар аст, ки ба маблағи ҷудошуда моҳи август дар машварати августии омӯзгорон ба мактабҳои шаҳр компютер дастрас хоҳад шуд.

Абдуғаффор Аҳмадов - мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Гулистон:     

- Давоми се моҳи авввал аз рӯи Барномаи мазкур харидорӣ нашудани компютер, дар норасогии маблағ буд. Ҳоло бошад, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маблағ ҷудо шудаасту моҳи оянда 65 адад компютер харидорӣ ва ба мактабҳои шаҳр дастрас мегардад.     

Нуриддин Боқиев - мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ:

- Дар семоҳаи аввал бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 58 адад компютер ба соҳаи маориф харидорӣ карда шуд, ки ин 32 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Давоми сол бояд 175 компютер харида шавад.

Мадина Обидова – директори маркази технологияи информатсионии ноҳияи Деваштич:

- Давоми семоҳаи аввали соли равон 3 адад компютер харидорӣ карда шуд. То охири сол нақшаро ба пуррагӣ иҷро хоҳем кард.   

Дилафрӯз Ниёзқулова - мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод:

- Сабаби то ба имрӯз ба мактабҳои таҳсилотӣ харидорӣ накардани компютер дар набудани маблағ аст. Аксар вақт маблағе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо мешавад, дар семоҳаи дуюм дастрас мегардад. Умед дорем, ки дар семоҳаи дуюм компютер ба пуррагӣ харида мешавад.           

Аз гуфти мудирони шӯъбаҳои соҳаи маорифи шаҳр ноҳияҳо бармеояд, ки иҷроиши Барнома ба таври дуруст ба роҳ монда шудаасту масъулин дар ин ҷода пешсаф ҳастанд ва рӯзҳои наздик масъалаи харидории компютерҳо ба пуррагӣ  ҳалли худро меёбад. Вале, шубҳаовар будани маълумотҳо касро ба андеша водор месозад, ки чаро имрӯз нисбат ба соҳаи маориф, алалхусус дар самти иҷроиши Барнома хунукназарӣ зоҳир мешавад. Чунончӣ, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва директори маркази технологияи информатсионии ноҳияи Деваштич дар харидории компютер маълумоти бардурӯғро пеш оварданд, зеро бино ба иттилои Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Раёсати маорифи вилоят давоми се моҳ ягон адад компютер харида нашудааст! Ҳадаф аз пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар чист?!

Баробари ин дар самти иҷроиши Барнома, алалусус дар бобати таъминот бо компютер пешравиҳо дида мешавад. Тавре директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Юсуфҷон Домуллоҷонов қайд кард, шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент ва Хуҷанд дар иҷроиши барномаи компютеркунонӣ пешсаф ҳастанд. Ҳарчанд дар умум барнома 99,3 фоиз иҷро шуда бошад ҳам, аммо дар самти компютеркунонӣ ҳамагӣ 9,3 фоизро ташкил медиҳад. Сабаби таъминоти нокифояи компютер дар кофӣ набудани маблағ арзёбӣ мегардад!  

И. Расулов - донишҷӯ аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ:   

- Соли сипарӣ ба макотиби олӣ дохил шудам ва дар ин ҷо аз тараққиёти техникаву тенологияи муосир огаҳ гаштам. Ростӣ, вақте дар мактаби миёна таҳсил доштам, аз дарси технологияи информатсионӣ кам бархурдор мешудам, зеро омӯзгор барои наздикӣ кардан ба компютер иҷозат намедод. Танҳо дониши назариявӣ доштему дар амал худро санҷидан ғайриимкон буд. Ҳоло додари хурдиам дар он ҷо таҳсил мекунад ва мегӯяд, ки хонандагон аз компютерҳои пештара истифода мебаранду то ҳол компютери нави ҳозиразамон ба чашм намерасад.             

Ин гуфтаҳо касро ба андеша водор месозанд ва дар ин самт низ нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Шояд масъулин дар пешниҳоди иттилоот ба саҳлангорӣ роҳ додаву шумораи компютерҳои ба ном «давраи бобоӣ» - ро пешниҳод кардаанд!   

- Имрӯз дар самти технологияи информатсионӣ муаммои асосӣ нарасидани мутахассис аст, алалхусус барои маркази мазкур низ нарасидани соҳибкасб нигаронкунанда мебошад. Барои як марказе, ки барномаи мазкурро роҳбарӣ мекунад ва дар иҷроиши он корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад, се корманд басанда нест, - гуфт Юсуфҷон Домуллоҷонов.

Боиси қайд аст, ки дар Барномаи мазкур оид ба мунтазам таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо компютер ва таъсиси синфхонаҳои нави компютерӣ, ҷудо намудани маблағ барои татбиқи барнома, саривақт аз эътибор соқит кардани маҷмӯи таҷҳизоти техникии кӯҳна ва корношоям ва ғайраҳо омадааст, ки имрӯз сатҳи иҷроиши он ба талабот ҷавобгӯ нест. Хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ то ҳол дар синфхонаҳо компютерҳои кӯҳнаро истифода мебаранд. Ин ҳама аз беаҳамиятии масъулин бармеояд. Умед дорем, ки моҳҳои наздик муаммоҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанду хонандагон аз компютерҳои наву замонавӣ истифода мебаранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАҚВИЯТИ ҲАДАФИ МИЛЛӢ

Сиёсати ҳадафсози кунунии мамлакат ҳоло бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатиро меъёри талаботи замони муосир қарор додааст. Аз ин лиҳоз ҳадафи чорумм стратегӣ - саноатикунонии кишвар буда, дар ин самт чанд барномаҳои давлатӣ ба тадриҷ амалӣ гардонидаву давоми соли охир дастовардҳои назаррас афзун гаштааст.  

Ин аст, ки алҳол дар шаҳру навоҳии вилоят, алалхусус ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷрои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сазовор таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои муосири замонавӣ вобаста ба талаботи замон ва рушди минбаъдаи он ва дар ин самт фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро  сармашқи кори худ қарор додаанд. 

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида шуда саноатчиёни ноҳия дар се моҳи соли равон ба маблағи беш аз 240 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин даври соли гузашта ба маблағи 34 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

-  Алҳол аз 98 корхонаи саноатии ноҳия  69 - тои он фаъолият намуда, аз ин 49 корхона,  аз ҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди  «Ғаллаи Суғд», «Технологияи полимерӣ», «Косибон», «Сахо», «ҳамкории босифат», «Зафариён», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», «Ширкати Азизӣ», «Афзали Суғд» ва дигарон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба соли гузашта зиёд намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки 20 корхона аз сабабҳои набудани фармоишгар, ба охир расидани ашёи хом сурати афзоиши муҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин даври соли 2018 кам намуданд, - гуфт Аъзамҷон Каримов,- инчунин 29  корхона аз сабаби фаъолияти мавсимӣ доштан, набудани фармоишгар, ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолият накарданд. Шумораи кормандони соҳа 2000 нафар буда, нисбати соли гузашта 66 нафар зиёд ва музди миёнаи маоши саноатчиёни ноҳия 1281 сомонӣ мебошад.

Бино ба маълумоти масъулини соҳа дар се моҳи соли равон 4 корхонаи нави саноатӣ ва хатҳои технологии иловагӣ аз тарафи соҳибкорон ба истифода дода шуд, ба монандӣ ҶДММ «Сайҳун 2015», ҶДММ «Моҳир», ҶДММ «ТЕК Азия-транс» ва ҶДММ «Ширкати Баҳор» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки боз 22 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

- Умуман дар назар аст, ки то охири соли равон боз 9 коргоҳи истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шавад. Саноатчиёни ноҳия минбаъд низ азм доранд ҷиҳати бартарафсозии  камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани сурати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пардохти саривақтии музди маош ва андоз, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ тамоми тадбирҳои заруриро  меандешад, - изҳор дошт А.Каримов.

Маҳз раванди бомароми бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, ки нақши коронаҳои истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, даромади буҷет, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус, рӯзгори сокинони ноҳия, вилоят ва дар маҷмӯъ кишвар муассир хоҳад буд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

СОҲИЛИ СИРДАРЁ ОБОД МЕГАРДАД!

Дар доираи сабзкорию ободкориҳо бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин муаррифии соҳаи сайёҳиву ҷалби бештари сайёҳону гардишгарон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд сохтмони иншоот ва бунёдкориву ободонӣ бомаром идома дорад. Шаҳри Хуҷанд нисбат ба солҳои пешин зебову обод ва гулпӯшу сарсабз гардидааст. Гулҳои рангоранги баҳорӣ ва дарахтони ҳамешасабз ба шаҳр ҳусни нав зам кардааст.    

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд 5 мавзеи шиноварӣ дар назди соҳили Сирдарё бояд бунёд гардад. Дар ин раванд чанде пеш роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шуда буданд, ки барои тоза нигоҳ доштани соҳили дарё тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Боиси қайд аст, ки соли гузашта бо ибтикори Раиси вилоят обутобгоҳ (дар рӯ ба рӯи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд) ба пуррагӣ таъмир ва бақарор шуд. Соли сипарӣ сокинону меҳмонон бо хушнудӣ ба шиноварӣ меомаданд. Мавзеи мазкурро макони беҳтарини шиноварии шаҳр номидан мумкин аст.    

Даврон Шокиров сардори сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд:

- Алҳол дар шаҳри Хуҷанд як обутобгоҳ ҳаст ва дар фасли тобистон сокинон ва меҳмонон дар он ҷо оббозӣ мекунанд. Боқимонда обутобгоҳҳое, ки солҳои пеш амал мекарданд, аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ барои шиноварӣ манъ  шудааст. Ҳоло дар кӯчаи Раҳмон Набиев, наздикии чойхонаи Сирдарё обутобгоҳи замонавӣ бунёд шуда истодааст. Дар он ҷо майдони бозии волейболу баскетбол ва ҷой барои ивази либос сохта мешавад.

Барои огаҳии бештар пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмониву ободонии гирду атрофи соҳил ба ин мавзеъ раҳсипор шудем. Аён буд, ки дар ин ҷо нав ба корҳои ҳамворкунӣ оғоз карда, заминро омода менамоянд. Чанде аз сохтмончиён бо таъмири булдозер машғул буданд.

Чун аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ пурсон шудем, изҳор доштанд, ки се рӯз инҷониб корҳоро оғоз кардаанду вале муҳлати ба охир расидани он маълум нест. То мавсими шиноварӣ вақт хеле кам мондааст. Оё дар муддати кӯтоҳ обутобгоҳи замонавиро сохта, ба истифода додан мумкин аст? Инро танҳо вақт нишон медиҳад.

Дар ин ҷода масъулин бояд муҳимияти сохтмонро дарк кунанд, зеро дар таътили тобистона ҷавонону наврасон аз оворагардӣ дур гашта, бо обутоби бадан, алалхусус, шиноварӣ машғул мешаванд.

Наргизаи Воҳидзода - сокини кӯчаи ба номи Абдулло Норов:

- Аз оғози сохтмони обутобгоҳи нав хушнуд шудем, зеро он дар наздикии кӯчаи мо буда, акнун бо аҳли оилаамон метавонем ҳар бегоҳ дар он ҷо истироҳат кунем. Дар соҳили рӯ ба рӯ обутобгоҳи замонавӣ ҳаст, вале ростӣ барои то он ҷо расидан бароямон нақлиёт лозим буд. Акнун пас аз бунёди обутобгоҳи нав ягон монеа вуҷуд надорад. Умед мебандем, ки он то фасли тобистон ба пуррагӣ сохта мешавад.        

Сипас, ба назди пули Ҷашнӣ, ки сокинон дар фасли гармо бештар ба он ҷо барои истироҳат мераванд, равон шудем.   

Гирду атроф аз алафҳои бегона пур шудааст. Гӯё дар он соҳил фасли сармо паси сар нашуда бошад. Ҳолати кунунии он ҳузнангез буда, касро ба ҳайрат меорад. Наход баробари чунин ободкориҳо назди соҳили дарё аз назарҳо дур монда бошад.  

Алиҷон варзишгар буда, ҳар субҳ дар ин мавзеъ бо машқу тамрин машғул мешавад. Ӯ мегӯяд, ки касе ин маконро барои обод кардан наомадааст.

- Тобистон ин ҷо сокинони зиёд барои истироҳат меоянд. Мутаассифона, то ҳол аз ҷониби масъулин, алалхусус кормандони ҳифзи муҳити зист нисбат ба тоза нигоҳ доштани атроф чораандешӣ нашудааст. Ин маконро бесоҳиб номидан ҳам мумкин аст.

Дар соҳили боғи Ғалаба низ ҳолат нигаронкунанда буда, ба як мавзеи бесоҳиб мубаддал ёфтааст. Дар назди соҳил ду нафарро вохӯрдем, яке моҳӣ медошту дигаре партовҳоро мебардошт. Дар бобати вазъи кунунии соҳили дарё онҳо чунин изҳори нигаронӣ карданд:

- Солҳои пеш нафарони зиёде барои шиноварӣ ҷамъ мешуданд, вале имрӯз дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст. Шояд аз ҳамин сабаб ин макон ба мавзеи бекас ва нообод мубаддал шудааст. Баъзе нафарон партовҳоро ба даруни халта андохта, ба дарё мепартоянд ва касе парвои ифлосии обро надорад. Гоҳҳо худ партовро аз дарё мебарорам, вале аксар вақт он байни қамишҳо муддати зиёд меистад. Ба кормандони муҳити зист муроҷиат карданиам, ки чаро нисбат ба тозагии соҳилҳо хунукназарӣ мекунанд, партовҳои ба дарё ва соҳил ҷамъшуда кай тоза мешавад?                

Тавре аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд маълумот доданд, барои аз ғарқшавӣ нигоҳ доштани сокинон ва сайёҳон дар соҳилҳои хатарноки дарёи Сир навиштаҷотҳои огоҳкунандаи “Диққат!!! Дар ин мавзеъ оббозӣ кардан манъ аст. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред!” ва “Минтақаи хавфнок!” гузошта шудааст.            

Дар воқеъ, гирду атрофи соҳилҳои Хуҷандшаҳр ба ободӣ ниёз дорад. Новобаста аз оне, ки аз ҷониби Раёсати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граҷданӣ барои шиноварӣ иҷозат дода нашудааст, масъулинро мебояд соҳилҳои Сирдарёро аз алафҳои бегонаву партов тозаву гирду атрофро обод намоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

РОҲҲО МУМФАРШУ ТАРМИМ МЕГАРДАНД

Роҳ ва роҳдорӣ чун дигар соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии пешрафту ободонии кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушду нумӯъ ва баланд бардоштани шароити иҷтимоии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Бо фарорасии фасли гармо фаъолияти масъулини идораи роҳсозӣ ва роҳдорӣ низ дучанд гардидаву алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт корҳои таъмиру тармим, шағалпӯш ва мумфаршкунии роҳҳо бо маром ҷараён дорад, зеро ки роҳро оинаи рӯзгор, рӯшноӣ ва нишони ҳаёт гуфтаанд.     

Масъулини соҳа дар нақша доранд, ки имсол дар маҷмӯъ 2166,8 километр роҳҳои автомобилгарди вилоят корҳои таъмиру тармим гузаронанд, ки аз он 169,4 километр таъмири асосӣ, 923,9 километр таъмири ҷорӣ ва 1073,5 шағалпӯш мебошад.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи  нақлиёт ва коммуникатсияи МИҳД-и вилоят Олимҷон Очилзода мувофиқи нақша давоми соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Конибодом – 187,9 километр, Исфара 157,6, Истаравшан 97,7, Панҷакент 79,5, Гулистон 45, Хуҷанд 35, Бӯстон 9, Истиқлол 6 ва дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 271,6, Кӯҳистони Мастчоҳ 242, Деваштич 215,5, Ашт 159,4, Айнӣ 126,5, Шаҳристон 127,4, Спитамен 127,4, Ҷаббор Расулов 94,7, Зафаробод 87,7, Мастчоҳ 85,8 километр корҳои таъмиру тармим ва мумфаршкунӣ гузаронида хоҳад шуд. Алҳол беш аз 500 километр, яъне 23,7 фоизи нақша ба иҷро расидааст.

Бино ба гуфти масъулини соҳа мувофиқи нақша барои корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ҳамагӣ ба маблағи 96 миллиону 886 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, аз буҷети вилоят 57 миллиону 382,4 ҳазор сомонӣ ва боқимонда аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, сохторҳои марбута, соҳибкорону аҳолӣ дар назар дошта шудааст.   

ҳамчунин масъулин изҳор доштанд, ки роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят саривақт бо истифода аз рӯзҳои гарму мусоид бо сатҳу сифати хуб таъмиру тармим хоҳад гашт.

М.САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд” 

Читать далее

ПАНҶАКЕНТ: Вусъати корҳои ободонӣ дар авҷ

Сокинони шаҳри Панҷакент чун дигар шаҳру навоҳии кишвар талош доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол намоянд.

Бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмони 405 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2018 - ум 68 биною иншоот ба истифода дода шуданд.

Дар се моҳаи аввали соли равон бошад 82 адад биною иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маҷмӯъ 150 ададро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар дигар биною иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад, ки марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамагӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент 116 майдончаи варзишӣ, як қисмаш дар назди мактабҳо мавҷуд мебошад. Инчунин шаш майдончаи нави варзишӣ дар ҳудуди шаҳр ва се адад дар ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла деҳаи Сарикамари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Чимқалъаи Ҷамоати деҳоти Саразм сохтмони майдончаҳои нави варзишӣ идома дорад.

Бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 20 ададро ташкил медиҳад, ки дар соли 2018 - ум 3 адади он яъне дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Пушти Қурғони Ҷамоати деҳоти Моғиён ва деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразм мавриди истифода қарор гирифт.

Дар соли равон 10 адад, дар соли 2020 - ум 3 адад ва дар соли 2021 - ум 4 адад бунёд карда мешавад.

Бунёди 30 бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта, дар соли 2018 - ум 13 адад сохта мавриди истифода қарор гирифта, айни ҳол сохтмони 3 адади он идома дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҳаҷман калон, аз ҷумла сохтмони бинои истиқоматии 11 ошёна, 5 бинои истиқоматии 9 – ошёна, бинои истиқоматии 6 ошёна, бинои истиқоматии 8 ошёна, бинои иловагӣ дар назди беморхонаи марказии шаҳр, бинои иловагӣ дар назди таваллудхонаи шаҳрӣ, бинои истиқоматии 5 ошёнаи болохонадор, бинои меҳмонхона барои 150 ҷой, бинои истиқоматии 4 ошёна, бинои маъмурии Раесати Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохтмони мактаб барои 640 хонанда дар шаҳраки Саразми Ҷамоати деҳоти Саразм бо маром идома доранд.

Имрӯзҳо мардуми шарифи шаҳри Панҷакент бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии кишвари азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолиятро дар сатҳи баланд истиқбол хоҳанд гирифт.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Кирмакпарварӣ: таваҷҷӯҳ меафзояд

Дар саноати сабук пилла ашёи хоми пурбаҳо маҳсуб меёбад ва он дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла дар авиатсия низ барои омода намудани парашютҳо мавриди истифода қарор мегирад.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Рушди соҳаи кирмакпарварӣ барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шуда, мутобиқи он пешравии соҳа дар нақша тарҳрезӣ гардидааст.

Оид ба пиллапарварӣ дар вилоят директори Идораи фаръии «Пиллаи Суғд» Парвез Бегматов гуфт, ки имсол тибқи дурнамо ба кирмакпарварон бештар аз 10550 қуттӣ тухми кирмаки навъи хитоӣ дастрас карда, то 6 майи соли 2019 дар вилоят ба миқдори 10 ҳазору 420 қуттӣ тақсимот шудааст. Айни ҳол тақсимоти 130 қуттӣ, ки барои мавзеъҳои иқлимашон баландкӯҳ пешбинӣ шудааст, дар шаҳри Исфара, аз ҷумла дар деҳаи Ворух тақсимоти 40 қуттӣ идома дорад. Дарахтони тути ин минтақа барги майда дошта, аз ҳисоби хунуктар будани ҳаво кирмак дертар бедор мешавад.

Бино ба иттилои масъулини соҳа дар ноҳияҳои Конибодом 15 тоннаю 300 килограмм ва Ашт 1210 килограмм пилла ҷамъоварӣ шудааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ҷамъоварии пилла идома дорад.

Айни ҳол кирмакҳои 5282 қуттӣ дар арафаи пиллапечӣ қарор дошта, кирмаки 3850 қуттии дигар дар даҳаи панҷум, ки онро даҳаи калон низ меноманд, пас аз 1-2 рӯз ин кирмакҳо низ ба танидани зоча шурӯъ мекунанд.

Мутахассисон қайд менамоянд, ки аз солҳои 1991-1992 кирмакпарварӣ дар вилоят хеле паст рафта, бо несту кам шудани базаи хӯрока, яъне дарахти тут рушди соҳаи кирмакпарварӣ низ мушкил гардида буд.

Илова бар ин дар майдонҳое, ки онҳоро дарахтони тут иҳота мекунанд, кишт кардани юнучқаву пиёз ва заҳрдору задан ба онҳо ба нашъунамои дарахти тут таъсири манфии худро расонид.

Аз нав ба таври аврупоӣ доир намудани таъмири хонаҳо боис гардид, ки бештари аҳолӣ аз парвариши кирмак дар хонаҳои худ даст кашиданд. Зимнан бояд гуфт, ки барои парвариши як қуттӣ кирмак 60-70 метри мукааб ҷой лозим аст. Ҳоло бошад кирмакҳо дар саройҳо ва ҷойҳои номувофиқ парвариш карда мешаванд, ки ин ҳолат хоҳ нохоҳ ба сифати пилла таъсири манфӣ мерасонад.

Барои рушди соҳаи пиллапарварӣ дар вилоят ду ширкат «ВТ Силк» ва «Ганҷ» бо Идораи фаръии «Пиллаи Суғд»  ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Идораи фаръии «Пиллаи Суғд» бо ширкати «Ганҷ» таи ду сол инҷониб ҳамкорӣ менамояд ва байни онҳо шартномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2026 ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи ҳамкорӣ ширкати истеҳсолии «Ганҷ»  солҳои 2017-2018 барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ зиёда 600 ҳазор бех ниҳоли тут аз ҷануб оварда, ба шаҳру ноҳияҳо мувофиқи талаботашон тақсим карда шудаанд, ки деҳқонон ба парваришу нигоҳубини онҳо машғуланд.

Ҳамкориҳои судманд зина ба зина баҳри рушд кардани соҳа дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз нав бунёд кардани тутзор, пешгирӣ намудани нобудшавии тутзорҳо равона карда шудааст.

Имсол ба кирмакправарони вилоят ба ҳар як килограмм пилла 10 сомонӣ пули нақд дода мешавад. Барои ҳар як қуттӣ бошад, 50 сомонӣ пешпардохт карда шудааст.

Аз ҷониби ширкати «ВТ Силк» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда, имсол барои кирмакпарварон 850 ҳазор сомонӣ пули нақд маблағгузорӣ шудааст.

Ҳарчанд ба парвариши кирмак талабот кам аст, барои ашёи хоми он талабот бисёр мебошад. Аз ин рӯ, аз тарафи кормандони соҳа ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба кирмакпарварӣ бо баланд бардоштани арзиши пилла ба роҳ монда шудааст.

Аввалҳо нархи як килограмм пилла 5-6 сомонӣ буд, ҳоло он ба ду баробар, ҳатто зиёдтар бардошта шудааст. Оянда дар назар аст, ки коркарди ниҳоии пилла дар ҷумҳуриамон пурра ба роҳ монда, арзиши як килограмм пилла низ то ба 30 сомонӣ баланд карда мешавад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

РОҲҲО ОИНАИ ВАҲДАТАНД

Шахсияти дорои ақлу заковати дурнамодошта билкулл дурахши хуршеди ҷаҳоннаморо мемонад, ки мо ин мӯъҷизоти илоҳиро айнан дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи наздик 30 соли президентиашон мушоҳида мекунем ва аз ҳазорон ҳазор муъҷизакории созандагию бунёдкориашон дар ҳар шаҳру навоҳии мамлакат шукрона дасти дуо мебардорем, ки пайваста ба умрашон умр, ва шуҷоату матонат зам гардад.

Ҷавобан ба даъватҳои навбатии Паёми Пешвои миллат, ки солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудааст, Тоҷикистони урдубиҳишти мо боз ҳам ҳусни дигар мегирад. Аз наздик ба манзари торафт рушду нумуи ҳар қитъаи вилояти бостонии Суғд чашм медӯзем. Дар ду-се соли охир аз қудуми сабзкори Пешвои муаззам дар майдонҳои асрҳо нокорам аллакай як қатор шаҳраку иморатҳои бисёрошёна қомат афрохтаанд. Чунончӣ мебинем, дар ин давра зиёда аз 60 меҳмонхонаи замонавӣ, 14 осоишгоҳ, роҳҳои зиёди асфалтпӯш ва нақбҳои туннелӣ ба истифода дода шудаанд. Илова бар ин, роҳи танобии Хуҷандшаҳр дуюмин дар мамлакат ба кор даромад, ки наздик 64 ҳазор нафар сайёҳу меҳмонон аз он дидан карданд.

Ба ҳамин монанд шаҳракҳои навбунёду хушманзараи Хуррамшаҳр, Сайҳун - 2, Сайҳун - 1, Баҳористон, Боғи Шайх Камоли Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, Обшорон, Суғдиён, Зарнисор (ноҳияи Мастчоҳ) маҷмӯи ин бунёдкориҳои азими Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки бо суръати тез меафзояд, нафақат дар чандин мақолаҳои публитсистию хабарӣ, садҳо повесту романҳои адибони соҳибқалам ғунҷонидан аз имкон берун аст. Зери шиори "300 - рӯзи  зарбдор" ба истиқболи 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти миллӣ пайваста бунёду дигаргунсозиҳои шаҳракҳои Сайҳуну Обшорон, ё худ Баҳористону Истиқлол метавон чанд мавзӯи аввалиндараҷаи маҷаллаю повести адибон гардад. Аз тарафи дигар бо саъйу талоши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ноҳияҳои он, аз ҷумла раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ба аз навсозию мумфаршгардонии роҳҳои байниноҳиявию хоҷагӣ аз он далолат мекунад, ки бо худмаблағгузорию дастгирии тоҷирони олиҳиммат даҳҳо кӯчаю растаҳо ҳуснобод шуда, бо гузаронидани хатти нуктаҳои оби тозаи ошомиданӣ кулли истиқоматкунандагони кӯчаю маҳаллаҳо изҳори миннатдорӣ ба сарварону ташаббускорони ҳотамсимо доранд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳои ҳастии худро ба корҳои ободонии диёр додашуда Муҳаммадраҳим Азимзода хатмкардаи Донишгоҳи аграрии шаҳри Душанбе мебошад. Шахси хоксору меҳнатзода зуд ба дилу дидаҳои мардум ҷой мешудааст. Мардум аз ӯ хоҳиш менамоянд, бо булдозераш роҳҳои ноҳамворро зебо гардонад. Дар дафтарчии кисагиии Муҳаммадраҳим чунин қайдҳо ба чашм мерасанд;

Спитамен-Мастчоҳ-30км, Хуҷанд-Мастчоҳ-30км, Бустон-Чаноқ-20км, Меҳргон (Мастчоҳи кӯҳистон)-15км, кӯчаи калони Калинин-2км, Роғ-2км, кӯчаи ба номи табиби мардумӣ шодравон Содиқбек Ҷаҳонгиров-1,5км ба мумфарши хушсифат табдил дода шудаанд, ки аз хушнудӣ кулли аҳолӣ бо табақу дастархон оши хайрия доданд.

Ногуфта намонад, ки доир ба тарғибу ташвиқот ва ба ҳаёт баровардани нуктаю хулосаҳои Паёми Пешвои миллат Комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо комиҷроияҳои ҳизбии худ дар алоқамандӣ бо ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо бо ташаббусҳои ватанхоҳона ҳам дар равнақи рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ, ободонӣ, маъмурӣ, маданӣ ва ҳам дар дастгирии ниёзмандону пиронсолон, обутоби маънавию сиёсии ҷавонон низ пайваста корҳои зиёди созандагӣ мебаранд. Беҳтарин ташаббускоронро дастгирӣ намуда, дар вазъияти тантанавӣ бо сипосномаю инъомҳои хотирмон рӯҳбаланд мегардонанд.

Мо бо устоди роҳ Азимзодаи Маҳмадраҳим, ки паси чархи мошини мумфаршкунии шаҳроҳи Бустон-Зарнисор менишаст, зеҳн монда медидем, ки роҳсози номӣ аз юмну сарбаландиаш лабханди гуворо, ба ояндаи неки Ватан бовар дорад.

Усмон Олим,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон,

собиқ муовини сармуҳаррири рӯзномаи

"Паёми Суғд", Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ

Читать далее

Вусъати корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат бо мақсади вусъат бахшидани корҳо бунёдкориву созандагӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019 - 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки иқдоми мазкур дар байни сокинони ноҳия ҳамчун санади умедбахш пазируфта шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сарварии раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим чораҳои муосирро роҳандозӣ намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2018 Форуми соҳибкорони ноҳия дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон баргузор гардид. Айни ҳол дар ноҳия бо Меморандуми якдигарфаҳмӣ намояндагии «Котиботи байналхалқии захираҳои об» дар Тоҷикистон барои лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаи навбунёди Файзободи Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия 3,6 миллион сомонӣ маблағ ворид сохт.

Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ баҳри беҳтар гардидани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии ноҳия чораандешӣ намуда истодааст. Алҳол бинои иловагии дуошёнаи  муассисаи таълимии № 9 барои 240 нафар хонанда дар як баст, воқеъ дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо маблағҳои буҷетӣ ва ҳам бо дастгирии бевоситаи сарпарастон сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҷумҳурии ӯзбекистон сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 1260 нафар хонандагон дар ду баст, воқеъ дар деҳаи навбунёди Андарсойи Ҷамоати деҳоти Т. ӯлҷабоев ва аз ҳисоби буҷаи вилоят сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи №12-и Ҷамоати мазкур бомаром идома дорад, ки дар соли таҳсили 2019-2020 мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ баҳри амалӣ намудани барномаҳо як зумра корҳо ба анҷом расонида мешаванд.

Шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири куллӣ бароварда шуда, қубурҳои обу корезӣ иваз ва ҳудуди беморхона чароғон гардид.

Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш намуда, дар ин самт як қатор иншооти хизматрасонию маъмурӣ сохта, мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ сохтмон ва таъмири 363 иншооти гуногун ба нақша гирифта, дар соли 2018-ум 82 тои он иҷро гардид.

Дар пешорӯйи бинои МИҲД-и ноҳия як хиёбони ҷадид, иборат аз пояи Нишони миллӣ бо баландии 25 метр ва Парчами миллӣ бо баландии 50 метр, фаввора, роҳравҳои бо санги элегант ва сафолакҳо орододашуда, нишастгоҳҳо, дарахтони ҳамешасабз бунёд шуда, намои берунии бинои МИҲД-и ноҳия куллан навсозӣ шуда истодааст.

Корҳои таҷдиди қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Куруш низ босуръат пеш меравад. Дар назди ин бино як хиёбони фароғатӣ барои сокинону меҳмонон бунёд шавад. Назди қасри мазкур пояи Парчами миллӣ бо баландии 32 метр насб гардида, он дар рӯзҳои иди Наврӯзи Аҷам мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Фирӯз АТОЗОДА,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Читать далее

САБАҚИ ПИРИ КОР

Деҳқонӣ фаъолиятест, ки ҳамарӯза дар амалия омӯхтану аз бар кардани соҳаи кишоварзиро тақозо дорад. Маҳз ҳамин аз бар кардан минбаъд самара меоварад ва кору пайкори ҳамин гуна деҳқон ба дигарон дарси ибрат мегардад. Хоҷагии деҳқоние, ки сарварии онро деҳкони солор Ҷумъабой Раҳимов бар уҳда дорад, дар ноҳияи Зафаробод намунаи ибрат аст.

Ин хоҷагии деҳқонӣ соли 2006 ташкил шудааст, ки дорои 20 гектар замин мебошад. Дар хоҷагӣ 21 нафар саҳмдору мутахассис, тракторчиву обмон, муҳосиб ва дигарон фаъолият мебаранд.

Ҷумъабой Раҷабов - сардори хоҷагӣ дар суҳбат иброз дошт, ки айни ҳол дар 50 фоизи заминҳои хоҷагӣ пахта кишт мекунанд, ки он аз 10 гектар зиёдтар аст. Хароҷоти пахтакорӣ зиёд бошад ҳам аз меҳнати софдилонааш деҳқон зиён намебинад. Дар баъзе солҳо нархи пахта паст гардад ҳам, хоҷагидорон аз пахтакорӣ манфиат ба даст меоварданд.

Аз таҷрибаи кишоварзӣ бармеояд, ки дар пахтакорӣ бояд муҳимтарин омилҳо риоя карда шаванд. Масалан, пеш аз кишт бояд ба ҳолати замин аҳамият дод, дар заминҳои санглох ниҳолҳои пахта қадпаст мешавад. Аз ин лиҳоз, масофаи байни қаторҳо бояд наздиктар бошад. Дар заминҳои порудор ва камсанглох кишти қаторҳо нисбатан дуртар гузаронида мешаванд ва сабзиши ниҳолҳо аён гардида, қади баланд доранд. Дигар он, ки қитъаҳои замин бояд ба пуррагӣ бо ниҳолҳо таъмин карда шаванд, зеро дар сурати холӣ мондани замин ҳосилнокӣ кам мегардад. Дар пахтакорӣ инчунин гузаронидани корҳои агротехникӣ, ба монанди нарм кардани қаторҳо, ягонаи ниҳолҳо, обмонӣ, дорупошӣ ва ғайра бояд саривақт амалӣ карда шаванд. Инчунин назорат бурдани қитъаҳои замин оид ба пайдоиши ҳашарот, бемориҳои растанӣ ва дигар зараррасонҳо зарур мебошад. Дар сурати аз ҳашарот ё дигар зараррасонҳо осеб дидани ниҳол ба даст овардани ҳосили баланд ғайриимкон мебошад. Дар маҷмӯъ ҳамаи натиҷаи ҳосилғундории кишоварз аз коркарди замин ва нигоҳубини растанӣ ва ниҳоят аз муносибати худи деҳқон ба замин вобаста аст.

Аз тарафи деҳқонони хоҷагии пахтакори мазкур барои ҳосилхезӣ ба заминҳои пахта саривақт поруи маҳаллӣ дароварда, нурии минералии КМУ ва дигар дорувориҳое, ки барои нигоҳубини ниҳолҳои пахта зарур мебошанд,  пошида мешаванд.

Саркор мегӯяд, ки масъалаи таъмини об дар ноҳия сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Соли гузашта ва имсол низ нисбат ба солҳои пешин беҳтарии назаррас  мушоҳида мешавад. Чанде қабл Раиси вилоят низ оид ба ҳамин масъала ба ноҳия ташриф оварда, аз ҳолати таъмиру кори пойгоҳҳои обкашӣ аз наздик ошно гардид. Дар вохӯрӣ мо огоҳ гардидем, ки барои таъмири насосҳои обкашӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят низ маблағ ҷудо шудааст.

Дар хоҷагӣ инчунин зироатҳои дигар ба монанди ғалладонагиҳо, картошка, сабзӣ, пиёз, юнучқа, харбузаву тарбуз ва ғайра кошта, парвариш мекунанд. Дар сурати аз худи хоҷагидорон изофа будани ҳосил маҳсулот ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда мешавад.

Сардори хоҷагии деҳқонӣҶумъабой Раҷабов гуфт:

- Соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиамон ташриф оварда, ба фаъолияти мо баҳои баланд доданд. Ҳамон солҳо, кишоварзони мо аз ҳар гектар 22-23 сентнерӣ ҳосили пахта мегирифтанд. Хоҷагӣ бо кӯшишу ғайрати зиёд фаъолияти худро ҷоннок карда, ҳосили фаровони пахта аз 30 то 46,7 сентнерӣ аз ҳар як гектар ба даст овардаанд. Ин ҳама аз файзи ташрифи Пешвои миллат ба хоҷагӣ буда, аз ҳамон сол инҷониб ҳосилнокии майдонҳо баланд шудааст.

Бо доир шудани ислоҳоти замин дар кишвар дастрасии бевоситаи деҳқон ба замин имконпазир гардид ва айни ҳол худи деҳқон муайян мекунад, ки кадом зироат дар замин кишт карда шавад.

Деҳқонӣ дар асоси таҷрибаи ҳамарӯза пайдо шуда, аз ҳар рӯзаш кор меомӯзад. Таҷрибаву маслиҳати пирони кор ба марди деҳқон намунаи ибрат буда, роҳнамоест барои расидан ба муваффақият.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее