06 June 2019

Парвози ҳавопаймоҳо байни Эрону Тоҷикистон барқарор шуд.

Парвози нахустини ҳавопаймоиширкати“ВоришЭйрлайнз”азМашҳадбаДушанбе, парвозҳоимустақиммиёниТоҷикистонуЭронробаъди“танаффус”-иҳаштмоҳабарқароркард.

Читать далее

Имрӯз-Рӯзи байналмилалии забони русӣ. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ин забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад

Аз соли 2011 инҷониб дар бештари мамлакатҳои дунё 6 июн  ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Читать далее

Иран пообещал Таджикистану не поддерживать признанные террористическими организации

Иран и Таджикистан взяли на себя взаимные обязательства сотрудничать в таких областях, как обеспечение безопасности, борьба с преступностью, предотвращение насильственной смены конституционного строя, борьба с терроризмом и экстремизмом, а также их финансирование, предотвращение незаконного оборота оружия, взрывчатых веществ, нелегальной миграции, торговли людьми. Об этом говорится в меморандуме по итогам встречи глав внешнеполитических ведомств Таджикистана и Ирана в Тегеране 1 июня, сообщает пресс-служба таджикистанского Министерства иностранных дел.

Читать далее

ЛӮХТАКИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

Бо мақсади соф намудани кирдорҳои номатлубона ва бешафқату разилонаи лангандбардорон ва тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хусусан худи Муҳиддин Кабирӣ ба воситаи расонаҳои интернетӣ чунин фикрҳои разилона ва пучу беасосро иброз менамояд.

Ба ғайр аз он, ӯ сабабҳои асосии нишаст ба ин гуна ҷоҳоро хусусан аз сабаби бо ҳам мувофиқат надоштани қишри дунявӣ бо динӣ баҳогузорӣ менамояд ва ба ҳамаи инҳо хусусан сиёсати сулҳҷӯёна ва ба худ ваҳдатро таҷассумнамояндаро ҳамчун сарчашмаи асосӣ мешуморад.

Инчунин бо мақсади сафедсозии оқибатҳои харобиовар ва фалокатбори ҳаракатҳои аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, шахси манфури дарболо қайдшуда, аз навор тариқи телевизион ва дигар васоитҳои ахбори умум ба намоиш гузоштани чунин задухӯрдҳо ва ба валангор табдил додани ҳама гуна ҷойҳои ҷамъиятиро ҳамчун бардӯрӯғ ва сохта тартибдода шуда мебинад ва мегӯяд, ки гӯё сабаби асосии ба вуҷуд омадани ҳама гунна заду хӯрдҳо хусусан ин аз кор боздоштани ҳама гуна масҷидҳо ва дигар ҷойҳои барои намозу ниёз муқарраршуда аст. Ва дар ин бобат ҷавоне, ки худ аъзои ҳизби наҳзати асту бо мақсади роҳ надодан ба ин монеъаҳо даст ба кирдори ҷасурона мезанад ҳамчун шахси ба ватан ва ҷомеъа зидбаромада баҳогузорӣ мешавад. Ба ғайр аз он, он кушторҳо ва бетартибиҳое, ки дар маҳбасҳо ба вуқӯъ меоянд, гарчанд аз тарафи маҳкумшудагон амалӣ гарданд ҳам, аммо сабабгори асосӣ худи ҳукумати мамлакат меҳисобад.

Муҳидин Кабирӣ чунон беасос ва гӯё, ки аз дигар сайёра омадааст фикрронӣ мекунад. Ё Кабирӣ аз ҳодисаҳои мамлакатҳои дигар ва аз таърих дониши комил надорад? Гӯё, ки ҳамма нодон асту танҳо ӯ доно аст.

Нисбати сабаби ошӯб дар маҳбас қайд карданиям, ки сабаби он гуногун шуда метавонад. Масалан, ошӯби маҳбаси “Аттика” дар ИМА, ки зиндониён беҳтар кардани шароит ва аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқии нажодиро талаб карданд, ки ҳукуматдоррон дар 15 дақиқа ошӯбро бартараф карданд, ки дар натиҷаи он 43 нафар зиндониён ва 10 нафар муҳофизони маҳбас кушта шуданд.

Ошӯби соли 2013 дар зиндони “Урибана”-и Венесуэла, ки баъд аз эълон кардани кофту коби предмети яроқ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа зиёда аз 60 нафар кушта шуда, 120 нафар зиндониён захмдор шуданд. Масалан, дар маҳбаси “Карандируи” Бразилия соли 1992 ошӯб бо сабаби оддитарин, яъне муноқишаи ду нафар зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 111 нафар зиндониён кушта шуданд.

Бояд такид намуд, ки чунин мисолҳо ниҳоят бисёранд ва сабабҳои сар задани ошӯби зиндониён гуногун мебошад, ки дар мамлакатҳои Ғарб чунин ҳолат зиёдтар ба назар мерасад. Аз ин бар меояд, ки чунин фоҷиаҳо аз ҷомеа на он қадар вобаста мебошад. Аз сабаби ба ҷомеа хафнок будани инсон онҳо зиндонӣ мегарданд, ки ҳатто дар мамлакатҳои абарқудрат ва “гӯё” ниҳоят сатҳи баланди низоми демократӣ доранд, ҳукми қатл амал мекунад.

Нисбати “дар мактабҳо низ вуҷуд дошани хушунат” мисолҳои бисёри мамлакатҳои Ғарб, аз он ҷумла ИМА-ро низ овардан мумкин аст, ки дар ин мамлакат мактаббачагон ҳамсабақони худро катл мекунанд. Масалан, дар 9,5 соли охир аз 250 ҳолати тирпарониро дар мактаб ба қайд гирифтаанд.             

Дар ИМА аз истифодаи интернет рӯз аз рӯз худкушии наврасон зиёд шуда истодааст, ки инро аз хабарҳои расмии ВАО ҳамагон медонанд.

Ҳангоми хондани луқмаи бефаҳмонаю беасоси Кабирӣ – “ҷомеаро дар фазои ихтилоф ва кинаву адоват нигоҳ дорад” хандаи одам ба миён меояд, ки ба фикрам Кабирӣ яку якбора “40 сола таваллуд шуда бошад”. Мо дар мактаб бо ҳамсинфон ва ҳамсабақон барои ҳар чӣ мунокиша, зано-занӣ ва ҷангҷол мекардем ва ба фикри ман чунин ҳолат дар ҳама ҷо ва ҳама давру замон буд. Агар боз фаҳмотар фикрронӣ намоем, бояд мунокишаи кӯдакро дар оила пай барем, ки дар ҳама оила буд, ҳаст ва хоҳад монд.  

Аз ин лиҳоз, ин гуна фикрронии М. Кабирӣ ниҳоят бе маъно ва бефаҳмона мебошад. Аз ин гуна фикрронии ӯ  хулоса кардан мумкин аст, ки хоҳиши ҷомеаро ноором сохтан мекӯшад.

Аз ин рӯ мо ҷавонон бояд ҳамчун қувваҳои пешбарандаи ҷамъият кӯшиш ва заҳмату меҳнати шахсӣ, аз рӯи имкон дастёрӣ дароз карда, нагузорем, ки фазои ҳаёти осуда ва сириштаи моро аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои қадшуда, лухтакони хоҷаҳои хориҷӣ, бо ҳама гуна ақидаҳои ифротангез, гумроҳкунанда ва беасос халалдор намоянд. Нест бод душманони миллату давлат!

Каримов Р.А. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Читать далее

ХАРИ БЕЧОРА

То андозае буғлу кина доштани Муҳиддин Кабириро зидди давлату ҳукумат танҳо аз курсихоҳиву гурсначашмии ӯ шаҳодат медиҳад. Тайи чанд соли охир, ки ӯ дар вазифаи вакили халқ буд бо хориҷиён аҳдҳо баста, хуни миллатро мемакид. Вакте, ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон ба поймолкуниҳои қонун гузашт, ба роҳбари он амр карда шуд, ки ба хориҷи кишвар сафар кардани ӯ то анҷоми корҳои ҷустуҷуи ғайриимкон аст. Акнун дар худи ҳамин ҷо савол ба миён меояд ки чаро Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷа фирор кард? Магар аз бегуноҳӣ?:

-Не-не ӯ агар дар ҳамаи ин корҳои манфур даст намедошт ҳаргиз ин мамлакати биҳиштосоро партофта намегурехт. Даст доштани Кабирӣ дар амалҳои ҷиноятӣ, ки дар Тоҷикистон  шудааст исбот шуданд. Аз ҳамин сабаб аст, ки давлату ҳукуматро мехоҳад пароканда кунад. Буҳтони ӯ дар ин моҳи муборак чунин аст, ки гуё халқи тоҷикро аз намозу рӯза боздоштаанд. Лекин ҳар яки мо медонем, ки ин чунин нест. Чи тавре дар мисраҳои боло қайд кардам, ин кай мефаҳмида бошад, ки ба гуноҳи у мардуми тоҷик шарик нестанд ва шарикӣ ҳам нахоҳанд кард. Харигариҳои Кабирӣ то кай давом меёфта бошанд?

 Агар фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро таҳлил кунем, роҳбари хиёнаткори ӯ Кабирӣ барои миллату давлат кори кӯчаке ба анҷом нарасонидааст. Ба мо маълум аст, ки 27 соли охир Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ қуллан пешрафта гардида, дар пеш моро марҳилаҳои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт интизор аст. Хамаи кӯшишу ғайрати роҳбарияти кишварва халқи тоҷик барои беҳбудии вазъи рӯзгори мардум, таъмини зиндагии шоистаи сокинони ин сарзамин равона шудааст. Аммо душманони миллату давлат намехоҳанд, ки ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Онҳо душманони инсоният буда, касби онҳо даст задан ба исёну ҷудосозии фарзанд аз падару модар мебошад.

 Аммо миллати тоҷик сияҳкориҳои онҳоро ҳамеша мефаҳмид ва кирдорҳои бади онҳоро нисбати мамлакат ҳамеша дарк менамуд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад шахсеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофтаи худ ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил созад.

Аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани он мебошад. Ислом худ дини пок асту покиро мехоҳад. Афроди ба монанди Кабирӣ инро ба худ ниқоб карда амалҳои ғаразонаи худро анҷом доданианд.

Имрӯз мардуми кишвари Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва воқеъбинона дарк менамояд.

Тошматова М.Д. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

ҚАҲРАМОНСОЗӢ ЧИ ЛОЗИМ?

Мисли дигар мақолаҳои ихтилофангез маводи кунунии Муҳаммадиқболи Садриддин саросар аз таърифу тавсифи шахсияти Кабирӣ буд. Гуё ки Кабириро ба унвони шоҳи охиратзамон баробар карда бошад.

Мо тарафдори он шахсем, ки сулҳу салоҳ, оромию тинҷӣ, бародарӣ, муносибатҳои байниҳамдигариро ба мо овардаанд, инчунин фазои солими кору зиндагӣ дар дохили давлат ва берун аз онро ба мо муҳаё намудаанд, ҷони худро дареғ надошта, дар шароитҳои вазнини давлату миллат роҳи сулҳу шукуфоиро пеша намуданд. 

Дар давоми 28 соли истиқлолият, ки давлат рӯ ба инкишофи тез овардааст, нафароне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатро вайрон намуда, аз худ қаҳрамонсозӣ кунанд. Қаҳрамонсозии хоинон ба фоидаи давлат набуда, ба фоидаи ашхоси ҷинояткор ва наҳзатиёни ифротӣ аст. Ин турфа ватандустон мехоҳанд давлатро нобуд намуда,  давлати нави ба ном исломии худро таъсис бидиҳанд.

Баъди мутолиаи мақолаи мазкур саволе ба миён меояд, магар мо мусулмон нестем? Суханҳои бардурӯғи тарафдорони Кабирӣ ҷон надоранд, ки мо онро имрӯз тарафдорӣ бикунем. Аз беақлӣ ва камиродагии баъзе аз ҷавонону наврасони мо истифода намуда, наҳзатиён кушиш ба харҷ медиҳанд то сафи худро зиёд гардонанд. Аммо мо аҳли зиёи ҷомеа кушиш ба ҳарҷ медиҳем, то решаҳои ифротгарориро дар ҷомеа несту нобуд гардонем.

Абдуллоев М.М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Читать далее

АЛҲАЗАР АЗ НАҲЗАТ!

Баъди шикасти пай дар пайи худ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони милии Тоҷикистон даст ба навиштани мақолаву изҳоротҳои муғризона пардохта, кушиш дода истодаанд то симои разили худро ба хонандаи тоҷик нек нишон диҳанд.

Тоҷикистонро дигар қисмат намудан маъное надорад. Ҳама бояд танҳо дар атрофи “Тоҷикистони ободу озод Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардем. Ватанамонро аз ин ҳам дида ободу зебо гардонем ва барои рушди нумуи он камари ҳиммат бубандем. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳоло ҷомеаи Тоҷикистонро як руҳияи сулҳ ваҳдат фарогир аст.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

ҒУЛОМИ НАФС

Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо”-ро гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ТТЭ ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст. Зеро наҳзатиҳо равиш ва биниши исломии анъанавии моро иваз карда, аз маҷрои аслӣ дур сохтанд ва боиси ихтилофи шадиди ақидавӣ дар ҷомеа гардиданд.

Кабирӣ дар баромади онлайнии худ дар бораи сиёсати ихтилофандозӣ сухан кард. Гӯё, ки дар расонаҳои давлатӣ иттиҳомотеро алайҳи рӯҳоният, наворҳои фаҳшу таҳриккунанда ва нафратбарангез ба паҳн кардан шурӯъ карда бошанд. Аз як тараф пеши роҳи зиёиёни кишварро гирифт, то бо қишри рӯҳоният ва мазҳабии ҷомеа дар иртибот набошад. Аз тарафи дигар фазои кинаву нафратро ба вуҷуд овард. Натиҷа ин шуд, ки як зумра ҷавонони миллат рӯ оварданд ба гуруҳҳои ҷангҷӯ. Чун барои онҳо фазои боз намонда буд. Ин гапи нав нест. Зеро Кабирӣ баъди гуреза гардиданаш фақат ва фақат чунин гапҳои муғризона мезанад.

Раҳбари Паймони миллӣ ҳамчунин пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундравро маҳсули ҳамин фаъолияти иғвоангезона ва фишорҳои давлат хонд. Лек ин гапи дурғи маҳз аст. Маҳз бо ибтикорот ва роҳбаладии ТТЭ ҲНИ буд, ки ҷавонони моро барои таҳсил ба мамлакатҳои хориҷа ва махсусан арабӣ фиристоданд. Он ҷавононеи ноогоҳ аз надонистани таърифу фарҳанги пурраи мазҳаби мо ба дигар мазҳаб гаравида, бар муқобили давлату миллат ва ҳатто падару модари худ сухан карданд. Ин ҷо гуноҳи ифротишавии ҷомеаро ба сари мақомот равон карданӣ Кабирӣ аблаҳист.

Мо сокинони ҷомеаи Тоҷикистон набояд фирефтаи суханони шахсоне гардем, ки барои ободиву осоиштагии Ватани азизамон саҳм нагузоштаанду танҳо ғуломи нафсу хоҷагони хориҷиашон гаштаанд.

Имрӯз ҷомеаи тоҷик, чӣ онҳое, ки ҳаёти дунявӣ пеш мебаранд ва чӣ онҳое, ки арзишҳои исломӣ маҳаки зиндагияшон аст, бо нигоҳе ба рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳони ислом ва ёдоварии ҳаводиси солҳои аввали истиқлоли кишвари худ, ба ин хулоса расидаанд, ки дин ва ақидаи мазҳабӣ наметавонад дар кишвар ҳоким бошад. Давлат бояд истисноан дунявӣ бошад, зеро дигар шаклаш номумкин, ношуданӣ ва нокоромад аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ТТЭ ҲНИ-ро наметавон ҳатто як ҳизби ҳомии арзишҳои динӣ номид. Ин як гурӯҳи тундрав ва террористӣ буда, дар дохили кишвар ҳеҷ нерӯи солиме қабулаш надорад. Номи исломро ба худ гузоштанаш ҳам имтиёзе барояш намеорад. Имрӯз дунё пур аст аз ҷараёну ҳизбҳое, ки бо номи ислом қад кашидаанд, аммо на танҳо исломӣ нестанд, балки мавҷудияташон ҳамагӣ бар зарари мусулмонҳост. Ва инро мардуми мо огоҳона дарк мекунанд.

Валиева Д.М. – ассистенти кафедраи

аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

Читать далее

Мафкураи заҳролуди ватанфурӯшони хоин

Ҳарзагӯиҳои хоинонаи аъзои ба ном Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои бегона маскун гирифта, сӯи Ватани аҷдодӣ сангпартоӣ мекунанд, шунидаю хонда, кас ангушти ҳайрат мегазад.

Хусусан, мусоҳибаи “Тасним” бо Алим Шерзамонов ҳар фарди соҳибвиҷдони ватандӯстро наметавонад дар канор гузорад. Фикру андешаҳои нохалафонаи онҳо аз дилсиёҳӣ ва хиёнат ба Ватани аслӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳайрон мешавед, ки нафаре, ки бо оби поку нони ҳалоли волидайн дар оғӯши табиати зебои Тоҷикистон ба камол расидааст, чӣ тавр забонаш меравад чунин суханонро баён созад?. Нафари солиму содиқ наметавонад ба ҷониби замини аҷдодӣ санги маломат равона созад ва ин барои ӯ бадтарин ҷазоест дар ин олами ҳастӣ.

Баёни фикрҳои носолим гувоҳ аз он аст, ки мафкураи ин нафарони нобакор аллакай аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ заҳролуд шудаасту ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ онҳоро тарк гуфтааст. Ин нохалафон дар макони бегона зери тазйиқи хоҷагони хориҷӣ ба онҳо имону виҷдони худро фурӯхтаанд ва ҳиссиёти олии инсонӣ, ба монанди хештаншиносию худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ба аҷдод ва ғайра аз мафкураи онон кайҳо берун рафтааст.

М.СОБИРОВ,
дотсенти ДДХ

Читать далее

Мубориза бо терроризм амали дастаҷамъона

Дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон вобаста ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бо иштироки устодону донишҷӯён мулоқот доир гардид.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оид ба ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар раванди мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ибрози назар намуд. 

Сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шукрулло Раҳимзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷамшед Зубайрзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон М.Нурзода ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр Маҳмадюсуф Қозиев перомуни пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ибрози назар намуданд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее