01 July 2019

Тарҷумаи “Маҳбуб – ул - Қулуб” - и Алишер Навоӣ

Чанде пеш бо ташаббуси академик Кароматулло Олимов «Маҳбуб - ул қулуб» - и Алишер Навоӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тавассути нашриёти «Ирфон» дастраси хонандагон гардид.

Асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ аз чеҳраҳои намоёни адабиёт ва сиёсати асрҳои ХIV - ХV дар замони ҳукмронии Темуриён мебошад.

Аз асарҳои  Навоӣ, аз ҷумла «Маҳбуб – ул - қулуб» авзои замон ва фитнаҳои дарбор, манфиатҷӯию бадхоҳии мансабталабон, бесалоҳиятӣ, майпарастӣ ва бебандубории Султон Ҳусайн Бойқаро ба назар мерасад.

 «Маҳбуб – ул - қулуб»  миёни доираи адабии Хуросону Мовароуннаҳр машҳур будааст. Нусхаи хаттии ин асар дар китобхонаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва кишварҳои дигар  маҳфуз буда, хушхат аст ва ороиши зебо дорад. Аз ҷумла, дар нусхаҳои дастхати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нусхаи ин асар мавҷуд аст. Соли таълифи асар 906 - уми ҳиҷрии қамарӣ буда, аз ҷумлаи охирин асарҳои Алишер Навоӣ мебошад.

Он аз ҷиҳати услуб ва тарзи баён то ҳадде ба «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ монанд буда, Навоӣ таҳти таъсири китобҳои мазкур асари худро эҷод кардааст.

«Маҳбуб - ул қулуб» - ро аз забони туркии чағатоӣ - ӯзбекии қадим, аз рӯи нусхаи чопи кириллии соли 1966 - уми Тошканд, академик Кароматулло Олимов ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, таъкид месозад, ки ин асар бо он веҷагӣ, ки танқиди шадиди иҷтимоӣ дорад, аз «Гулистон» ва «Баҳористон» фарқ карда, Навоӣ гурӯҳҳои гуногуни аҳолиро бо хислатҳояшон тасвир намуда, ба онҳо баҳо додааст.

Асар аз се қисмат иборат аст ва ҳар яки он чандин фасл дорад, ки дар ҳар фасл аҳволу афъоли гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ  аз ҷиҳати мақоми иҷтимоӣ ва хислатҳои мушаххаси он тасвир ва тавсиф шудаанд.

«Маҳбуб – ул - қулуб» асари тарҷумаҳолист, ки дар баробари нақли ҳаёти муаллиф баёнгари ҳаёти иҷтимоии замони нависандаи асар  мебошад.

Дар асар Навоӣ чун мунаққиди ҷасур аз давлат ва давлатдории Темуриён маълумот дода, дар бораи подшоҳони золим, вазирону ноибони тороҷгару ноинсоф, судурон ва соҳибмансабони ҳукумат, ҳамзамон шоирону нависандагон, паҳлавонону ҳунармандон, санъаткорон, тоҷирон ва бисёр дигарон маълумоти дақиқ пешниҳод карда, фикру андешаи хешро баён доштааст.

Академик Кароматулло Олимов ҳадафи тарҷумаи «Маҳбуб – ул - қулуб» - ро ошно кардани хонандагони тоҷик бо ин асари  мутафаккири бузург унвон кардааст, ки хидмате дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва адабии ду халқи ҳамсоя ва бародар мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Фаъолияти судманди дастҷамъона

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят санаи 28 - уми июни соли 2019 дар толори Кохи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ҷасласа аъзои Шӯро, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ ва васоити ахбори оммаи вилоят иштирок доштанд.

Дар Шӯрои ҷамъиятӣ пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа бинобар тағйироти кадрӣ ба ҷои Раҳматзода Рустам Мирзо Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур ба ҳайси намояндаи комилҳуқуқи Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд, ба ҷои Сарфароз Фаттоҳзода Сатториён Матлуба Амонзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва ба ҷои Толмас Душабоев, раиси кунунии Ҷамъияти Ӯзбекони вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб шуданд.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоят рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017 - 2020», иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро муҳокима ва таҳлилу баррасӣ намуданд.

Мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017 - 2020» маърӯза намуд. Зимни гузориши хеш мавсуф қайд кард, ки баҳри таҳкими фаъолият, такмил ва ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба масъалаҳои ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳодисаҳои экстремистию террористӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Баҳри пешгирии паҳншавии ғояҳои террористию экстремистӣ гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ фаъолияти густурда доранд. Кори ин гурӯҳҳо махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷоннок ба роҳ монда шудаанд.

Зимни музокирот Шуҷоат Ҳасанова, Дилбар Самадова, Илҳоми Ҷамолиён ва чанде дигар аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ роҷеъ ба ин масъалаи муҳими ҷомеа ибрози назар намуда, роҳи ҳалли муамморо дар фаъолияти дастҷамъона унвон карданд.

Пешниҳод шуд, ки бо Раёсатҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши вилоят гурӯҳҳои кории доимамалкунанда таъсис дода, байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад.

Чунончӣ раиси бахши Суғдии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён баланд бардоштани саводи расонавии ҷавонони кишварро айни зарурат ва ба манфиати кор дониста, таъкид дошт, ки маҳз камсаводии гурӯҳи ҷавонон, маълумоти кофӣ надоштани онҳо зимни истифодаи интернет, бавиҷа шабакаҳои иҷтимоӣ боиси шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад.

 Пешниҳод карда шуд, ки барои баланд бардоштани саводи расонавии ин насли ҷомеа талоши бештар ба роҳ монда шавад.

Иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар гузориши сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимҷон Ҳакимзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар муҳокимаи масъалаи мазкур таъкид шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани стратегияи миллии рушд тадбирҳо бояд ҷоннок гардад ва дар ин робита мақомоти дахлдор чораҳои мушаххасро саривақт амалӣ созанд.

Аъзои Шӯро Маъруф Юсуфов ва Парвиз Ҷабборзода зимни музокирот бо таъкиди ин маънӣ фаъолияти дастҷамъонаи тарғиботиву ташвиқотии ташкилоти ҷамъиятии миқёси вилоятро саривақтӣ маънидод карданд.

Таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маърӯзаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сӯҳроб Рустамзода бозгӯ шуд. Мавсуф корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт миёни аҳолии вилоят қаноатбахш унвон карда, зикр намуд, ки сол то сол мардум моҳият ва манфиати ин қонунро дарк намуда истодаанд. Таъкид шуд, ки роҳандозии ин қонун аз омилҳои таҳрикдиҳанда дар самти беҳдошти некӯаҳволии сокинони кишвар мебошад.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд, ки фаъолият дар самти иҷрои қонуни мазкур пурзӯр шавад.

Дар интиҳои ҷаласа Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур дар маҷмӯъ фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоятро хуб арзёбӣ карда, барои беҳтар шудани сифати кори Шӯро чанд пешниҳоди судмандро арза дошт. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки минбаъд ба хотири таъмини сифати баланди фаъолият аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ соле ду маротиба ба раиси Шӯро аз натиҷаи фаъолияти хеш ҳисобот пешниҳод намоянд, ҳамзамон барои самаранокии корҳо фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии шаҳру навоҳии вилоят марҳала ба марҳала натиҷагирӣ шавад.

Баъди музокираву мубодилаи афкор роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба кори хеш анҷом бахшид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар шаҳри Минск иштирок намуданд

30 июн дар шаҳри Минск дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии «Динамо» иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ширкат варзиданд.

Читать далее

Мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия

30 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактори шаҳри Минск боздид намуданд

29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Комбинати кишоварзии «Дзержинский»-и Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Читать далее

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

28.06.2019, Беларус

Муҳтарам Александр Григоревич,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Беларус барои меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намоям.

Ҳамчунин мехоҳам ба дӯстони беларусӣ дар робита ба ташкили хуби ҷашни бузурги варзишӣ – Бозиҳои дуюми аврупоӣ табрикоти амиқамонро изҳор дорам.

Тавре муҳтарам Александр Григоревич зикр намуд, зимни музокироти имрӯза доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус баррасӣ гардид.

Читать далее

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо гардиданд:

Читать далее