11 July 2019

ОБУ РАНГИ МО БА ОЛАМ ГУЛ МЕКУНАД…

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони биҳиштосоямон, кишвари куҳанбунёдамон фазои амну осудагӣ ҳукмрон буда, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ марҳала ба марҳала устувор мегардад. Биноан, ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид пазируфта, иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалӣ - об, захираҳои обӣ ва дастрасӣ ба ин неъмати бебаҳои табиат дастгирӣ, ҷонибдорӣ ва намуна мавқеъ пазируфтаанд.

Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ ҷиҳати осон намудани мушкили миллиардҳо сокини сайёра - шароит фароҳам овардан барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об баромадҳои пурмуҳтаво, судманд ва бунёдӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин мушкилоти печида ҷалб намудаанд, ки басо арзишманду пурбаҳост.

Иқдом ва ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла - оид ба эълом доштани «Соли 2003 - Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 - 2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об - 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ба орзуву ормони мардуми ҷаҳон, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд.

Ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон аз рӯзи 22 - юми марти соли 2018 дар ақсои олам мавҷ зад, оғози амалро муваффақ ва мушарраф гардид. Ташрифи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба кишварамон Тоҷикистон, баҳои арзандаи ӯ ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба, талошҳои кишварамон дар ҳалли мушкилоти умдатарини сокинони сайёра ва хусусан, ташаббусҳои Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» боз як гувоҳи равшани афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосои мо ва Сарвари хирадманди давлатамон дар арсаи ҷаҳон аст.

Кишварамон саргаҳи оби тоза буда, сарчашмаи ташаббусҳои башардӯстона эътироф шуда, маҳбуб ва комёб аст. Биноан мо хушбахту фараҳманд ҳастем, ки ҳамин тавр як кишвари зебо ва табиати нотакрор дорем. Ин ҳама боиси авҷи илҳом, сарчашмаи эҷод ва сухани ваҷдовари аҳли адаб, маърифату маъонӣ гардида, бо чашми ибратпазир ҳарфи дил мегӯянд. Аз ин лиҳоз, ташаббуси чаҳоруми байналмилалӣ доир ба об ва захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, қадру қимати ин неъмати табиат ба аҳли эҷод илҳом бахшида, уҳдадор месозад, то маънӣ бипазирад, яъне ба ифодаи бузургон «ҷавҳари дониш агар ҳаст, нигин оина аст».

Дар ин раванд мехоҳам доир ба иқдом ва илҳоми хоси як тан аз аҳли маърифат - омӯзгори эҷодкор, китобдӯст ва адиб аз Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Тӯхтасун Қодирӣ чанд ишорае бинамоям. Аввалан ӯ омӯзгори муваффақ аст, ба қалам эҳтирому ихлос дорад, муаллифи маҷмӯаи лавҳаю мақолаҳо, ҳикоёти хурду панду андарзҳои хоси худ аст. Мавзӯи об, захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ӯро талқин намудаанд, ки суханашро дар масири маҷмӯа бо номи «Покии мо зи покии об аст» бинависад. Маҷмӯаро бо шавқ хондам ва донистам, ки муаллиф Тӯхтасун Қодирӣ кӯшиш намудааст, то таҳлилҳои зеҳнии хешро аз нигоҳи нав - дар ҳошияи ташаббуси бунёдии масоили об шарҳу баён созад. Менависад: «Дар ноҳияи Ашт ҳафт сой мавҷуд аст - Долонасой, Даҳанасой, Понғозсой, Ошобасой, Ғудоссой, Аштсой, Пунуксой. Дар ноҳия инчунин рӯихати чордаҳ минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти маҳаллӣ 4300 метр селроҳаҳоро тоза карданд. Дар Аштсой 2000 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд. Дар маркази ноҳия 400 метр, дар Пунуксой 270 метр соҳилмустаҳкамкунӣ, 1000 метр селроҳа аз регу шағал тоза карда шуд».

Сокини деҳаи Понғоз бобои Абдуқодир ба муаллиф гуфта будааст: «Ман замони кӯдакӣ аз модарам борҳо шунидаам, ки мегуфт, ба об туф накун, партов наандоз, обро беҳуда нарез, эҳтиёт кун. Ин ҳикматҳои модарамро ҳоло ба фарзандонам талқин мекунам, зеро аз фаровонии об исрофкориву беқадргардии онро зуд - зуд мебинам. Понғози азизи моро деҳоти об мегӯянд. Понғозсой аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ин деҳаи ободу гулгаштҳои онро маҳз об гулзору сарсабз кардааст. Воқеан ҳам дар ҳама шароит ба қадри бояду шояд обро ҳифз накарда, аз рӯи мисоли «Ҳарчӣ бисёр шуд, хор шуд» амал мекунем, ки боиси таассуф аст. Барои бештар дарк намудани қадру манзалати об филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои телевизионӣ ва наворҳои кӯтоҳмуддат низ саҳми арзанда дорад».

Муаллиф дар қисмати «Тоҷикистон кишвари обҳои зулол» аз факту далелҳои асоснок истифода карда, мавқеи диёри азизамонро дар самти захираҳои обӣ равшан нишон додааст. Таъкид менамояд: «Об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст. Рангорангии табиати Тоҷикистон, шукуфтани гулҳо, сабзиши рустанӣ, мавҷи сабзи теппаҳо ба шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд».

Ба хотир меоварем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли дуҳазору ҳафтдаҳ сафар кардани Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва ширкат дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» қадршиносии саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами мо дар ҷаҳони муосир ба ҳайси яке аз кишварҳои пешсафи масъалаҳои об шинохта шудаанд.

Аз оғози узвият ба Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо ин созмони бонуфуз ҳамкориҳои густурда дошта, бо ташаббусҳои наҷиб баромад мекунад ва барои роҳандозии бисту се бунёду барномаи СММ дар ҳудуди кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ХАЁЛИ ХОМИ ХОИН

Имрӯзҳо дида истодаем, ки боз як гурӯҳи гумроҳон ва ҷоҳилон, тарафдорони ҳизби террористии наҳзат бурун аз кишвар, дар мамлакатҳои бегона бо сарварии Кабирӣ боз “машварату” “пикет”-ҳои хешро доир намудаанд. Муҳиддин Кабирӣ ҳарфҳои “тилло”-ии хешро ба ном мардуми тоҷик пешкаш карда истодааст. Аслан бигирем, ин ҷаласаҳо ба гӯши касе намефорад, вале барои иҷора додани толорҳо бо нархи гарон соҳибкорони хориҷӣ низ тарафдоранд. Бо як салобат Кабирӣ сухан меронад, чаппак мезанад ва дигарон, ки тақдирашонро сиёҳ кардаанд, атрофи ӯ давр мезананд. Гумон намекарда бошанд ин гумроҳон, ки  Кабирӣ рӯзе ононро  низ тарк хоҳад кард ва боз гурӯҳи дигари гумроҳони навро дарёфт мекунад.

Ин ҷавонони рӯзсиёҳ ва нафарони гумроҳгашта боре ҳам намефаҳмида бошанд, ки нақшаҳои Кабирӣ пурхун ва бар зарари ҷони онон аст! Боре ҳам дарк намекунанд, ки аз дасти фитнаҳои ӯ чандин нафарони гумроҳ паси панҷара аз кирдори разилонаи худ пушаймонанд. Андеша намекунанд, ки агар Кабирӣ эҳтиром ба модари худ, ки ҳам қарзу ҳам фарз барои фарзанд аст, медошт, дар ҳолати вакил дар парлумони кишвар буданаш ҳадди ақал дар ҷанозаи ӯ иштирок мекард.

Агар дили Кабирӣ ба ҳаммаслаконаш месӯхт, ононро тарк намекард, намегурехт, то ҳатто кормандони фаъоли дастгоҳи ҳизби террористии наҳзат аз фирори Кабирӣ бехабар монданд, ба монанди фаъоли шӯрои занони ҳизби наҳзат Зурафо. Баъди аз маҳкама озод гаштанаш гуфт, ки Кабирӣ моро фиреб кард. Мулло Айёмиддину Қиёмиддини Ғозӣ низ аз фитнаҳои Кабирӣ дар филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва "Решаҳои ноаён" хуб мисолҳо оварданд. Пас дигар ҷои аз гумошта шудан ба гуфторҳои Кабириву наҳзат нест, яқин шуд, ки наҳзат бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ танҳо ба фитнакорӣ машғул будаасту халос!

Кабирӣ имрӯз дар кишварҳои дигар пайи наҷоти хеш мекӯшад, вале намедонад, ки азми ӯ бефоида мемонад, зеро оҳи модарон, ки фарзандашонро гумроҳ кард, аз гиребонаш хоҳад гирифт. Кабирӣ ҷавоби сазовор хоҳад дид.

Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маълум буд, ки ҳадафи аслии саркардагону аъзои он ихтилофандозӣ байни мусалмонон буда, бо ин роҳ онҳоро бо кашмакашҳо ва гирудорҳо овора намуда, муфт соҳиб гардидан ба моликияти онҳо маҳсуб меёфт. Айни замон низ бо манъ гардидани фаъолияти ин ташкилоти ифротӣ ва фаъолияти ғайриқонунии боқимондаҳои наҳзат дар кишварҳои хориҷӣ маълум гардида истодааст, ки террорист Муҳиддин Кабирӣ аз шеваи куҳнаи худ ба истилоҳ худхоҳӣ ҳанӯз ҳам фаровон истифода бурда, мехоҳад ҳамаи мухолифини Тоҷикистонро зери тасарруфи фикрӣ ва баъдан тасарруфи амалии худ дароварда мавқеи ноустуворашро устувортар гардонад ва бо ин роҳ аз хоҷагонаш маблағҳои калони муфтро ба даст оварад. Вобаста ба ин дар дигар нашрҳои маводҳои таҳлилгарон исбот ҳам гардида буд, ки Кабирӣ сиёсатмадор нест, балки як тоҷир аст, ки маблағгузории хоҷа бозорашро гарм нигоҳ медорад.

Дадобоева М. – ассистенти кафедраи
 назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

ҲАРЗАГӮЁНИ АҚЛБОФТА

Роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ боз аз шеваи дерини худ истифода карда, мардуми тоҷикро аз нав ба доми худ кашида, зиндагии ободи хамватанони моро ноором карданианд.

Онҳо сохибистиклолиро дар бадномкунии роҳбарон аз онҳо истеъфо талаб кардан дида, худро дилсўзи Ватану мардумпарвар эълон дошта, оммаро ба қонуншиканиву бетартибиҳо даъват менамоянд. Бо айби ҳамин «ватанхоҳону ҳомиёни истиклолият» солҳои 90-уми асри гузашта кишвар оғуштаи хун гардид. Ҳазорон бегуноҳон ба ҳалокат расидаю иқтисодиёти кишварамон харобу валангор ва дастгоҳи давлатдориамон фалаҷ гардид.

Шукри Офаридагор, ки оқибат даҳшату ҷангу сарсонию саргардониҳо дар кишвари тоҷик бахту саодат ва сулҳу субот ҳукмрон гардид, ки ин дастовардҳо барои қулли мардум аз ҷонашон ҳам азизтар аст.

Агар ин “ватанхоҳону ҳомиёни истиқлолият” (ТТЭ ҲНИ) воқеан миллатдӯсту ватанпарвар мебуданд, бо назардошти риояи маърифати баланди гузаштагонамон дар як кишвари бегона боз забон ба бадномкунии ҳамватанони хеш намекушоданд.

Бешак, онҳо боз нияти пиёда кардани нақшаҳои навбатии худро доранд, ки ин нақшаҳои дар ҳамкори бо душманони хориҷии миллату мамлакатамон тарҳрезидашуда ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахти чизе намеоваранд.

Аммо мо аҳли зиёи ҷомеа, ба ин ҳамватонони бегонапарастамон бо қатъияти том исҳор медорам, ки дигар касе ба ҳарзаҳои шумо гӯш намедиҳад.

Аз Шумо, ҳарзагӯёни ақлбохта даъват ба амал меоварем, ки ба амалҳои нангини хеш хотима бахшидаву нисбати сиёсати давлату ҳукумат некнияту хайрхоҳ бошед, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ, оромиву ободии кишвар ва рўзгори босаодати шаҳрвандон тамоми кўшишҳоро ба харҷ диҳем.

Маъмуров А.М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Читать далее

МАНСАБТАЛОШИИ ТТЭ ҲНИ

Маҳз хоинони миллат солҳои 90-ум сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ, боиси пароканда шудани халқи азияткашидаи тоҷик гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдории якпорчагии Тоҷикистони азизамон замоне буд, ки роҳбарои ТТЭ ҲНИ худро пуштибон меҳисобиданд. Аммо  динро ниқоб намуда ба таври руякӣ амал карда, ақидаи ифротгароиро тарғиб мекарданд. Маблағҳои муфти хоҷагонашонро ба даст оварда, зиндагонии хешро пеш мебурданд. Тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид мекарданд. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасид, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надошт.

Ончунон моҳирона суханпардозӣ менамуданд, ки баъзе афроди он солҳо дар мушкилот саргум ба ба суханҳои онҳо боварӣ мекард. Бехабар аз он, ки ҳамаи гуфтаҳои онҳо танҳо дар забон буду ба гӯшаи фаромӯшӣ ҷо мегирад. Халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки онро низ роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкил карда буданд. Наҳзатиён мехостанд бо роҳи зӯрӣ мардуми озоду оромро мутеъ намуда ғуломи худ созанд, мехостанд ҳокимият ва сохти давлатдориро тағйир диҳанд. Аммо нақшаҳои онҳо абадан зери хок рафт. То ташкил гардидани ин гурӯҳи террористӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон оромию осудагӣ ҳукумфармо буд ва мардум ҳатто аз ин ҷиноятҳои зикршуда хабаре надоштанд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд. Ҳизби наҳзат ҳамчун нерӯи аҳримании харобкор дар кишвар ва арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аз дасти ин хиёнаткорон чизе намеомад, намеояд ва нахоҳад омад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.

Айни ҳол дар хориҷи мамлакат қарор дошта худро “қаҳрамони сулҳ” ва “ғамхори миллат” номиданашон боиси хандааст. Зеро баҳри курсӣ ва мансаб ҷангро худ саркарда, имрӯз бошад ранги “мусича” аз бегуноҳии худ сухан мекунанд.

Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи конститсионии ДДҲБСТ

Читать далее

НИФОҚАНДОЗОН

Дар шароити имрӯзаи таърихи башарият зуҳури фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси нигаронӣ ва изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин таҳаввулоти фоҷиабарангез баҳри аз байн бурдани истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани  ҷангҳои шаҳрвандиву ҷанҷолҳои мазҳабӣ гардидаанд.

Ҳизбу харакатхои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дин меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад, динро тараккӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин ақалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд, ки ин акида махз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ханӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд.

Ҳизби наҳзати ислом барои барангехтани иғво дар солҳои 90-ум мавқеи асосиро ишғол менамояд. Маҳз наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боиси пароканда шудани халқи тоҷик ва бозичаи дасти дигарон шуданд. Сипас ҷанги шаҳрвандӣ сар зад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштии худ имруз новобаста аз найрангҳои ба миёномада дар ҷаҳон мавкеи асосӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдории як порчагии Точикистони азизамон замоне буд, ки ТТЭ ҲНИ худро пуштибон мехисобид ва зери парда таносуби сиёсат ба динро нишон медод. Ҳзиби наҳзат  манфиатхояшро дар зери никоби дин чо карда онхоро амали кардани шуд. Лекин ҳизби наҳзат динро ба таври руякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд. Ақидаҳои ҲНИ аз сатҳи тафаккур баромада ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин ҳолат аъзоёни ҳизби наҳзати ислом тарзи зиндагонии  пайравони дигар дину мазҳаб ва миллатро дар ошкоро танқид карда, нисбати онҳо амал оштинопазири нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад.

Қурбониёни ТТЭ ҲНИ асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода, барои дафъи он кўшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

ТАЛБАНДАГИИ «ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ»

Пас аз шикасати пай дар пайи наҳзатиҳо ва амалҳои зиддимиллии онҳо дар соли 2018, ки яке аз асоситаринашон созмон додани ба истилоҳ «Паймони зиддимиллӣ», аслан паймони наҳзатӣ буд, онҳо боз ҳам амалҳои душманонаашонро идома медиҳанд.

Бо ин созмони дурӯғин ва наҳзатмеҳварашон роҳбари наҳзатӣ мехост ба мисли хирс пусти хешро вобаста аз ҷави замон иваз намояд ва хешро ба ҳайси роҳбари ин паймон дар чеҳри дунявӣ ба намоиш дароварад, ки дар он муваффақ нагардида, шармандаву беобрӯй гардид. Аммо барои баъзе аз инсончеҳраҳои ҳувиятбохта мафҳумҳои зиёде, ки арзишҳои меҳварии инсониро ташкил медиҳанд, ба шумули шарм ва обрӯй аслан арзиш надоранд. Ҳамин аст, ки аз шармандагии қаблӣ заррае таҷриба нагирифта даст ба «иқдомҳои нав» мезананд.

Ҳарчанд ин «Паймон» - паймони чанд ҷинояткори наҳзатмеҳвар беш нест, аммо роҳбари наҳзатӣ, ки эҳсоси тамомиятхоҳӣ ва қудрату нуфузи сиёсиро дар сар мепарварад, мехоҳад ин онро «Паймони миллӣ» унвон кунад, то нафси ноороми қудратхоҳии хешро тассалӣ бахшад ва аз тарафи дигар барои боз ҳами дасти талбандагӣ дароз намудан назди ҳоҷагони худ ва аз онҳо маблағи бидуни ранҷ ба даст овардан онро ҳамчун муҳраи манфиат ба гардиш дарорад.

Сомонаи иттилоотии “Кимиёи саодат”, ки мутааллиқ ба яке аз гумоштагони хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва аъзои хориҷии  наҳзат аст, ахиран дар сомонаи хеш иттилоъеро гузоштааст, ки раиси худхонди «Паймони миллӣ» (аслан зиддимиллӣ) рӯзҳои наздик конфронси матбуотӣ доир менамояд ва ҳар нафаре суоли хешро бо он пешниҳод намояд. Аввалан ҳеҷ ҷинояткоре, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дорад, ҳаққи аз номи милллат баромад карданро надорад, зеро ӯ ҷиноят содир кардааст ва боястӣ дар назди қонунгузорӣ ҷавоб гӯяд. Дуввум, ҷинояткор чи салоҳият ва имконоте дорад, ки ба суолоти дигарон ҷавоб диҳад, магар ин маҳз аз шахсияти популистӣ ва худнамоӣ кардани роҳбари ҷиноятпешаи наҳзатӣ нест. Сеюм ин тудаи ҷинояткор бо ҳар номе, бо ҳар ниқобе, ки худро вонамуд насозанд ҳамон ҷинояткоронеанд, ки тайи тамоми фаъолият зидди миллат ва мардуми хеш анҷом додаанд. Чаҳорум, берӯиву маккорӣ ва фитнагариву риёкорӣ то ҳаддест, ки дуздону авбошон ва ҷинояткорон, ки ҳама собиқаи ҷиноӣ доранд, нишасте ташкил мекунанд ва онро «Паймони миллӣ» низ ном мебаранд. Панҷум, аз таъйин намудани ин нишасти матбуотӣ пайдост, ки роҳбари фирории ҷиноятпешаи наҳзатӣ бо дастури муассисон ва сарпарастонаш мехоҳад дар ниқоби як шахсияти дунявӣ ва миллӣ аз худ чеҳранамоӣ кунад. Ҳамин аст, ки ин хабарро аввалин шуда, пойгоҳи иттилоотии Сайидюнус мулаққаб бо номи “Кӯри Юнус”. Зеро аз наҳзат ва роҳбарияти ҷиноятпешаи он улгӯ тарошидан, намуна сохтан, музахраф бофидан, афсона ва қиссаҳои дурӯғин пардохтан фаъолияти таҳлилӣ-иттилоотии “Кӯри Юнус” ва пойгоҳи ӯро ташкил медиҳад. Чунки бо наҳзатиҳо робитаи танготанги ақидатӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад ва ҳар ду аз як маркази тасмимгирӣ идора мешаванд.

Маълум аст, ки “Кӯри Юнус”дар хидмати кадом мақомот қарор дорад ва бо истифода аз пойгоҳи махсуси иттилоотӣ ва мафкуравӣ ва персонали таҳлилӣ ба чӣ кор иштиғол меварзад. Гумроҳ кардани хонанда ва корбарони сомонаҳо ва расонаҳо, ба сӯйи беҳувиятӣ ва беасолатӣ кашидани онҳо ва саранҷом мазҳабӣ кардани ҷомеаи иттилоотӣ мароми ҷанобашон аст. Агар чунин нест, чаро дар баробари далоиле, ки алайҳи мафкураи бегона ва рӯҳи мазҳабзадагӣ баъзе доираҳои таҳлилӣ манзур месозанд, ҳатто як бор тафаккур намекунад ва аз рӯйи инсоф (на аз рӯйи ихлос) ва муҳимтар аз ин, инсонвор ба масоили динӣ-мазҳабӣ бархӯрд намекунад? Инашро ҳам мефаҳмем: ё хоҷагонаш иҷоза намедиҳанд ва ё худ ба дараҷае беҳуввият шудааст, ки ҳатто дар ҳолати ба ҳаракат даромадани раги ҳувияти миллӣ онро аз беху бун бармеканад.

Бояд дар ёд дошт, ки “Кӯри Юнус” мактаби мафкуравӣ, мазҳабӣ ва сиёсии хориҷиро гузашта, соҳиби «дипломи» муборизи сарсахти иттилоотӣ ва мафкуравиро дорост. Ҳамин аст, ки ҳамеша аз ҳизби зиддимиллӣ ва зидиинсонии ҷиноятпешае, ки дар тамоми раванди фаъолияти хеш танҳо куштору нобудӣ ва вопасгароиву таасубзадагиву хурофотро дар баданаҳои иҷтимоӣ тасаллут бахшидааст, аз он ҳимоят мекунад.

Нурмаҳмадзода Ю. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

Читать далее

Бонги беасос ҳубоб аст!

Аз ахборе, ки мухолифини кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши “ҳаводорон” - и худ кардаанд, дарёфтем, ки: “Дирӯз, 3 июл ҳайати Тоҷикистон, ки барои посух гуфтан ба суолҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони милал ба Женева рафта буд, Суисро тарк кард». Баъди мутолиаву таҳлили мантиқии ҳаматарафаи ин ахбор ба хулосае омадем, ки ин нукта низ аз таҳлилҳои бемантиқу бардурӯғи мухолифини кишвар беш нест.

Худ ҳар як ахбору маълумоте, ки ин тоифаи мардум пешкаши хонандаи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунанд, гаштаву баргашта ба суолҳои пурпечутоби пайдарпай равона месозад: чаро ин мардум аз баста шудани ҲНИ ин қадар “аламзада” ҳастанд, ки ҳар туҳмату буҳтоне, ки бар сарашон омад, ҷониби Тоҷикистон равона месозанд?

Чаро ҳар мӯреро, ки дар кишвар меҷаҳад, чун фил ба худ қабул мекунанд? Чаро ободии кишвар, оромии мардуми онро намехоҳанд?

Дар ҳоле, аз Аврупо нишаста бонг мезананд, ки ин ҳама кору фаъолияту ҷонканиҳои мухолифини баҳри “ободӣ” - ву “осудагӣ” - ву “озодӣ” - и мардуми “азияткашида” - и халқи тоҷик равона карда мешавад. Чаро бо чашми сар намебинанд, ки мо куллан ОБОД ҳастем! Мо ОЗОД ҳастем!

Ҳар мақолоту ахборе, ки аз ҷониби мухолифини кишвар бар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегардад, танҳо барои манфиати баъзе аз ашхосон ба монанди М.Кабириву пайравони ӯ роҳандозӣ карда мешаваду халос.

Дар ин нигоришот танҳо бонги беасоси Кабириро мехониву механдӣ: ин мард баҳри боло бурдани манфиатҳои худ, ҳатто падару набераву хонаводаи хешро зери нишон қарор додааст, магар ин аз рӯи мардист?

То ҷон дар тан дорем, намегузорем, ки сулҳу суботи Тоҷикистони азизи моро касе халалдор созад!

С.РАБИЕВ,
М.Эгамбердиева,
устодони Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Буҳтонҳои нави наҳзатиҳо

Чанд тан ватанфурӯшони «Паём.нет» оид ба нишасти 126 - уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки доир ба масоили “Риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании шаҳрвандони Тоҷикистон” дар шаҳри Женева баргузор гардид, навори пур аз сакта ва муғризона дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода ва пахш кардааст. Ин навор ҳеҷ далели воқеӣ ва мантиқӣ надорад.

Тавре, ки Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зимни мулоқот таъкид намуд, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар меҳвари асосии фаъолият қарор додааст. Инсон дар Тоҷикистон манзалату мартаба дорад, ин нукта ба ҳамагон равшан аст.

Дар ин нишаст Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба самтҳои мухталиф савол ироа дошт ва Прокурори Генералӣ ҷавоби муъҷаз, вале хеле мантиқиву барои ҲНИ дандоншикан дод.

Ҳеҷ ҷои шакку шубҳае нест, ки ин лошахӯрони худбохта миллатфурӯшӣ доранд.

Дар ин навор баъдан Кабирӣ бо либосе намудор мешавад, ки дигар бӯйи сиёсат намекунад ва ранге аз исломи ноб дида намешавад.

Ин ватанфурӯш, чунон ҳарф мезанад, ки гӯё дигар мардум кӣ будану чӣ кардани ин лаинро фаромӯш карда бошанд. Чунон ҳарф мезананд, ки меангорӣ, роҳбарияти ҲНИ дар ҷанге, кушторе ва бесарпаноҳ мондани ҳазорон занону кӯдакон бегуноҳ бошанд.

 Илёс КАРИМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!

Маълум аст, ки дар замони муосир масъалаи шомилшавии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, содир гардидани амалҳои таҳрибкорӣ ва даҳшатафканӣ боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гардида истодааст. Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳон бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда истодааст. Масъалаи ҳамкориҳои дастаҷамъона дар самти муқовимат бар зидди амалҳои терроризму ифротгароӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарафзои ҷомеа хеле назаррас дар кишвари мо низ аст.

Дар ин маврид нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бориз буда, дар ин чорабинӣ махсус зикр гардид, ки «Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад».

Мардуми саодатманди тоҷик хуб огоҳ ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90 - уми асри гузашта бо дасисабозиҳои бадхоҳони миллат ва амалкарди фарзандони нохалаф ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, оқибатҳои ногувори ин ҷанги хонумонсӯз ҳанӯз аз хотирҳо нарафтааст. Маҳз, бо хиради азалии мардуми шарифи кишвар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат хомӯш карда шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Мо, аҳли ҷомеа ба насли наврасу ҷавонон пайваста талқин намоем, ки ба тақдири ояндаи худ ва миллат бетараф набошанд. Мо як Ватан ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст ва Ватани азизи худро мисли модар дӯст дорем.

Дар мамлакат бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор, пешгирӣ, қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм ҳанӯз 16 ноябри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва аз 8 декабри соли 2003, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои ҷомеаи башарӣ гардида истодааст. Барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ аз таълимоти исломӣ фарсахҳо дур аст ва он ба исломи ҳақиқӣ алоқамандие надорад. Ҳамин тавр, яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи терроризми замони муосир дар он аст, ки террористон минбарҳои васоити ахбори умумро омили тарғиби ҳадафҳои хеш қарор дода истодаанд.

Бо ин мақсад моро зарур аст, ки дар ин раванд, яъне мубориза ва набардҳои иттилоотӣ бештару пештар омода гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монем.

Бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ бояд аҳли ҷомеа имрӯз муттаҳидтар гардида, баҳри истиқболи санаи саодати миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукуфоии бештари кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоем.

Ф.ҶАББОРЗОДА,
раиси Суди шаҳри Бӯстон

Читать далее

Гирифторони нафрати умум ва рӯсиёҳон

Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқ гардида, онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини Ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ, демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад.

Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ, демократӣ ва миллӣ муаммоҳо ҷой доранд. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Ҳамзамон, мехоҳанд, ки кори ҷаҳон мувофиқи хости онҳо ҷараён дошта бошад.

Бештари ин гуна афроди ҷомеа, ки дар гузашта дузду ҷинояткор ё ба нашъамандӣ машғул буданд, барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии бошиддат вазъи сиёсии ҷаҳон бо тағйиру таҳаввулоти босуръати шадид пеш рафта, низоъҳои байнимазҳабӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандонро бештар талаб мекунад.

Дар ҳоле, ки ин падидаи бад натанҳо пайванди худро дар манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди растании заҳрпечак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо азму талошу боварӣ роҳ ба сӯи ояндаи ободу шукуфони Ватани азизамон гиранду бар қасди нохалафон обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Таърих довари ҳақбин аст ва ҳар киву ҳар чӣ, ки алоқаманду вобастаи амалҳои нопоканд, дар назди қонуни зиндагӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванду номашон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мешаванду гирифтори нафрати умум мешаванд.

М.Қодирова,
муаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее