19 July 2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот таъин гардиданд, иброз доштанд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии оддӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва ҳориҷӣ таъин гардиданд.

Читать далее

«ШОҲИН - БМТ» - «АРТЕК» ДАР ТОҶИКИСТОН

- Ҳанӯз аз давраи фарорасии таътили тобистонаи мактабиён урдугоҳи мо серодам буд. Аз 1 то 14 - уми июн аллакай хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз имкониятҳои мавҷудаи урдугоҳ бархурдор буданду истироҳати бофароғат мегузарониданд, - иброз дошт муовини директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шоҳин - БМТ» - и шаҳри Гулистон Умеда Раҳимова.

Боиси қайд аст, ки урдугоҳи «Шоҳин - Бонки Миллии Тоҷикистон» дар як вақт метавонад 700 нафарро бо истироҳат фаро гирифта, бо ҷои хоб таъмин намояд.

Вақте вориди урдугоҳ шудем, аллакай машғулиятҳои амалӣ оғоз ва роҳбарони маҳфил бо наврасону ҷавонон машғули эҷодиёти навбатӣ буданд. Табиати зебою нотакрори соҳили Баҳри тоҷик, дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, пешайвонҳои барҳаво, толорҳои варзишиву истироҳатӣ, маҳфилҳои кулолгариву дӯзандагӣ, рассомиву муҳрабофӣ, рақсу шиноварӣ ба истироҳаткунандагон руҳияи нек бахшида, истироҳати онҳоро бофарғат мегардонад.

Аз 18 маҳфиле, ки дар урдугоҳ амал менамояд, ҳашт маҳфил варзишӣ буда, 3 ҳавзи шиноварӣ бо назардошти синну соли истироҳаткунандагон ҳамарӯза пуроб асту барои обутоб ёфтани кӯдакон хизмат мерасонад.

Алҳол дар урдугоҳ басти сеюм амал менамояд. Агар аз 1 то 14 - уми июн дар урдугоҳ дар баробари мактабиёни Ҷумҳурии Қазоқистон наздик 70 нафар аз вилоят ва 48 наврас аз шаҳри Душанбе истироҳат карда бошанд, дар басти дуюм, ки аз 25 - уми июн то 5 - уми июл давом кард, 510 нафар истироҳткунанда аз имкониятҳои мавҷудаи истироҳатгоҳ бархурдор шуданд. Аз ҷумлаи бо истироҳат фарогирифтагон 85 нафар аз ҳисоби соҳибкори саховатпеша дар урдугоҳ фароғат доштанд. Зиёда аз ин донишомӯзони ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё, фарҳанг ва тараққиёт», 80 нафар камбизоату нимятимон, 23 нафар аъзои маркази забономӯзии «Аркон» дар басти дуюм ҳамроҳи мураббиёни соҳибтаҷриба дар фазои сулҳу оромихоҳи кишвар истироҳати бофароғат доштанд. Дар басти сеюм бошад, беш аз 650 нафар қабул шуданд, ки 60 нафар намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона», 140 нафар аъзои маркази империяи «Дониш», 14 нафар ятими кулл аз шаҳри Гулистон ва 20 нафар кӯдаку навраси Ҷумҳурии бародарии Қирғизистон дар биноҳои хуштарҳи замонавӣ таътили худро хуш мегузаронанд. Истироҳаткунандагон бо панҷ маҳал хӯроки гарм таъмин буда, ҳамарӯза барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки онҳо ҳусни тоза мегирад. Азбаски урдугоҳ байналмилалӣ асту аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, Украинаву Федератсияи Россия ҷавонону наврасонро ба оғӯш мегирад, бештар бо забони русӣ муошират менамоянду дар омӯзиши забонҳои дигар низ таваҷҷуҳ менамоянд.

Як фарқияти хоси урдугоҳи «Шоҳин - БМТ» аз дигар истироҳатгоҳҳо дар он аст, ки барномаи истироҳатӣ ва ҳам шароити онҳо ба лагери байналхалқии «Артек» - и Қрим бисёр монандӣ дорад. Барномаҳои фарҳангии як бахш, албатта, аз дигараш фарқ дошта, маротибаи дуюм такрор намешавад. Бачаҳо давоми даҳ рӯзи истироҳат дар урдугоҳ бо ҷамъоварии ашёи табиати гирду атроф машғул мешаванду кӯдакони хурдсол ҷобаҷокунии расмҳои омехтаро меомӯзанд. Бозиҳои волейболу футбол, тенниси рӯи миз, сурудхониву рақси милливу хориҷӣ машғулияти дӯстдоштаи кӯдакону наврасон ба ҳисоб меравад.

Мураббиён, роҳбарони маҳфилу сарварони созмон, ки аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои дувуму сеюм тариқи озмун аз рӯи шартҳои дастурамали «Роҳнамои коргар» ғолиб омада, ба кор ҷалб шудаанд, мекӯшанд, ки давраи таътили истироҳаткунандагон хотирмон гузарад. Сарвари созмон Улуғбек Хоҷаев, ки худро охирин хатмкунандаи лагери «Орлёнок» меҳисобад, иброз медорад, ки ҳамаи кӯшиши роҳбарияти урдугоҳ баҳри ҷолиб гузаштани давраи кӯдакию наврасии дар «Шоҳин» - будагон равона шудааст. Ҳамчунин истироҳаткунандагон аз таомҳои лазизи кормандони ошхона Мухтор Дадоҷонов ва Мавлуда Шеронова тановул намуда, ба онҳо аҳсант мехонанд.

Дар толори хурди синамо бошад, ҳафтае чанд маротиба филмҳои гуногун ба намоиш гузошта шуда, китобҳои пурмазмуни китобхонаи урдугоҳро метавонанд ҳаводорони каломи бадеъ мутолиа намоянд.

Сардори урдугоҳ Мадина Дадохонова иброз медорад, ки кормандон тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри хушу хотирмон гузаронидани таътили тобистонаашон равона месозанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳунари миллии қуроқдӯзӣ

Дар китоби “Фарҳанги забони тоҷикӣ” қуроқ ба маънои чизи аз порчаҳои гуногунранг бо тартиби махсус дӯхташуда маънидод гардидааст. Қуроқ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, аз замонҳои қадим дӯхтани он маъмул мебошад. Дар шаҳри Панҷакент ҳунармандон ба ин касб шавқ доранд. Пораҳои матоъро, ки дорои сифати баланданд, ба ҳам пайваста, барои дастархону кӯрпача, болишту ҷузвдонҳои ороишӣ истифода мебаранд. Чунин амал аз сарфаву сариштакор будани занони тоҷик дарак медиҳад.

Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегар-донад.

Он ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Боиси қаноат- мандист, ки зебоӣ ва ҳунари қуроқдӯзӣ ҳаводорон ва харидорони зиёде дорад, хоса хориҷиён бо як дид шефтаи ин ҳунари воло мегар-данд.

Қуроқдӯзӣ аз матоъпораи гуногун ҳунари баландро талаб мекунад. Агар ҳавасу шавқ бошад, барои ҳунарманд хеле осон аст. Имрӯз замони пешрафти илму техника буда, хонаи арӯсонро бо мебелҳои замонавию қолинҳо оро медиҳанд. Мо набояд фарҳанги миллии худро фаромӯш созем.

Анъанаи густурдани кӯрпача ва дастархони қуроқ зеби хонаи тоҷикон аст ва аз нав эҳё гардидани он суннати фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ҷавонони замони истиқлол дар баробари илмомӯзӣ касберо ҳам бояд интихоб намоянд, ки дар оянда барои пешрафти зиндагӣ кӯмак кунад, он анъанаҳои гузаштаи сарфаву сариштакории занони ҳунармандро аз нав эҳёгар бошанд.

Имрӯз мо - омӯзгорон вазифадор ҳастем, ки дар интихоби касби шогирдон бештар аҳамият диҳем, чунки дар баъзе маврид баъди хатми мактаб ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷавонон бояд касберо интихоб намоянд, ки шавқманд бошанд ва дар оянда аз онҳо манфиат гиранд.

 Манзура ХОЛОВА,
 омӯзгори МТМУ № 30
 шаҳри Панҷакент

Читать далее

ДАРМОН ОЁ АЗ FИЗОИ СОЛИМ САРЧАШМА НАМЕГИРАД?!

Тавре огоҳем, дар даромадгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов, шаҳри Хуҷанд дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ташкил шудааст, ки аз он дар ҳолати зарурӣ аёдаткунандагон харидорӣ менамоянд. Дар рӯзи гармои фасли тобистон ба аёдати хешовандон рафтему шоҳиди он гардидем, ки тарзи нигаҳдории маҳсулот ва шароити санитарӣ - гигиении он ба талабот мувофиқ нест.

Гармии баланд асар карду барои харидани оби нӯшокӣ вориди мағоза гардидам. Он рӯз тибқи маълумоти обуҳавосанҷон ҳаво аз 40 то 42 дараҷа гармиро нишон медод. Дар мағоза баробари нӯшокиҳои ташнашикан маҳсулоти ширӣ, йогурт, равғани зард, қиёми шир, майонез ва шарбатҳои мевагиро дар рафҳо (на дар яхдон!) гузошта буданд. Магар таркиби маҳсулоти ширӣ дар ҳарорати 40 дараҷа гармӣ вайрон намешавад? Сабаби аз яхдонҳо берун мондани маҳсулоти шириро фурӯшандаҳо дар нарасидани яхдонҳо маънидод намуданд. Бояд гуфт, ки яхдонҳо бо обҳои ташнашикан пур карда шудаанд.

Дар кунҷи дигар тухм зери гармии шадиду ҳавои кушод фурӯхта мешуд. Оё Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ин ҳамаро зери назорат намегирад? Дар ҳоле, ки ба ин гармои шадид дар яхдонҳо маҳсулоти хӯрока дар ду - се рӯз вайрон шуда истодааст. 

Дар маконе, ки кор аст, камбудӣ низ дида мешавад, вале то дараҷае нест, ки ҳамаро ба ҳоли худ гузорем ва касе хоҳад ба таври худ фаъолият барад.

Дар беморхонаи вилоятӣ аз шаҳру навоҳии вилоят беморон бистарӣ мешаванд ва ба аёдати онҳо хешовандон меоянд, ҳол он ки ин мавзеъро маркази шаҳр меноманд. Масъулинро мебояд сари ин масъала андешанд. Зеро нодида гирифтани камбудӣ ба муаммои рӯз табдил хоҳад ёфт!

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее