July 2019

31 July 2019

Вазъи саҳро: Муҳимияти чораҳои ҳифзи ҳосил

Солҳои охир дар кишварамон ба рушди соҳаи пахтакорӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, ин раванд пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат суръату ҷараёни тоза гирифт. Пахтакорони хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҳосилнокии ин зироатро сол ба сол зиёд карда истодаанд. Дар ҳақиқат рушди соҳаи пахтакорӣ хеле афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишварамон таъсири мусбӣ мерасонад.

Рушду такомул бахшидан ба ин соҳа имконият медиҳад, ки аввалан ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, барои корхонаҳои саноатии кишвар ашёҳои хоми пурбаҳо муҳайё гардад. Аз ҳисоби фурӯши ин зироат ба кишвар маб-лағи хориҷӣ ворид ва дар роҳи таъмини амнияти озуқавории кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Моҳи июл баҳри пахтакорон моҳи ба ҳосил - ҳосилзамкунӣ маҳсуб меёбад. Дар ин айём рӯз ба рӯз дар ниҳоли пахта пайдо шудани шона, гул ва кӯрак авҷ мегирад. Дар ин давра зироати пахта сари вақт озуқадиҳӣ ва додани оби полезиро талаб мекунад, ҳамчунин дар ин мавсим муҳим аст, ки ҳосил аз ҳашароти зараррасон, хусусан кирми ғӯза эмин нигоҳ дошта шавад.

Барои пешгирии зарари кирми ғӯза дар қитъаҳои пахтазор чӣ корҳои муҳимро бояд ба анҷом расонид?

Айни ҳол дар хоҷагиҳои пахтакорӣ дар ниҳоли пахта пайдошавии 14-16 шохи ҳосилдеҳ мушоҳида мешавад. Ин тақозо мекунад, ки обёрии полезӣ гузаронида, сипас сарчинкунии пахтакор зарур аст. Дар ин маврид истифода бурдани пешдоманҳо ва ба сари замин баровардани шохаҳои сарчиншуда ба мақсад мувофиқ мебошад.

Агар дар қитъаҳои пахтазор ҳолатҳои тухммонӣ ва пайдошавии кирми ғӯза ба қайд гирифта шавад, барои пешгирии он се грамм трихограммаро ба як гектар дар байни 15 - 17 рӯз дода, бар зидди кирми ғӯза бошад, истифода бурдани бракон ба як гектар 1000 - 2000 адад лозим аст.

Барои нобуд кардани зочаҳои кирми ғӯза бояд дар оғози шонабандӣ истифода бурдани доминакҳои феромонӣ ду адад ба як гектар натиҷаи хуб медиҳад.

Ҳамчунин, истифода бурдани сироп ба мақсад мувофиқ буда, тайёр кардани он оддӣ аст. Ба 5 литр об як килограмм шакар ва 200 грамм хамиртуруш андохта, маҳлулро як шабонарӯз нигоҳ дошта, банкаҳои полиэтиленӣ 5 - 7 сантиметр андохта, дар қитъаҳои пахтазор дар баландии 1 - 1,5 метр гузоштан лозим аст. Ба 1 гектар пахтазор то 10 адад мондан ба мақсад мувофиқ мебошад ва ҳар рӯз субҳ бояд қитъаҳоро аз назар гузаронида, аз зочаҳои афтида тоза кардан лозим аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар даври шонабандӣ истифода бурдани сул-фури оддӣ (миқдори 20 - 30 килоро ба 1 гектар пахта чанголуд кардан) афзоиши кирми ғӯзаро пешгирӣ карда, дар ин қитъаҳои пахта миқдори ками кирми ғӯза ба қайд гирифта мешавад.

Истифода бурдани заҳрхимикатҳо бар зидди кирми ғӯза фақат дар асоси назорати пахтазор сурат гирифта, агар дар 100 ниҳол зиёда аз 8 - 10 адад кирми ғӯза ба қайд гирифта шавад, бояд коркарди кимиёвӣ гузаронида шавад.

Ба таъкиди олими соҳаи кишоварзӣ, академик А.Самадов, агар пахтазор аз алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасон тоза, замин нам ва мулоим ва бо озуқа таъмин бошад, пахта ҳосили хуб медиҳад.

Ином Қобилбеков,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
ходими калони илмии
филиали Институти
«Зироаткорӣ» дар вилояти Суғд

Читать далее

«Гӯшаи деҳқон» - пешкаши сокинони маркази вилоят

Бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд бо мусоидати роҳбарияти шаҳр дар 10 минтақаи шаҳри Хуҷанд «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуд.

-Ташкили чунин гӯшаҳо дар маҳаллаҳои «Темурмалик», «Суғдиён», «Мевағул», «Ваҳдат», «Дӯстии халқҳо», «Чорчароғ», «Масҷиди савр» ва ғайраҳо имкон фароҳам овардааст, ки мардум маҳсулоти тару тозаро бо нархҳои дастрас бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд, - зикр дошт сухангӯи раиси шаҳр М. Юсуфзод.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо боло рафтани сатҳи зиндагӣ, мардум одат намудаанд, ки молу маҳсулоти ниёзи аввал ва анвои ба рӯзгор сарфшавандаро аз наздиктарин ҳудуди маҳалли зисташон харидорӣ намоянд. Ташкили чунин «Гӯшаҳои деҳқон» имкон фароҳам меорад, ки мардум маҳсулоти арзону дастрасро дар шароити хуб ба даст оранд.

Холида Ҷӯраева, сокини маҳаллаи 8 - уми шаҳри Хуҷанд ташкили чунин дӯконҳоро талаби замон унвон намуда, таъкид дошт, ки мардум аз маҳсулоти қимату зери офтобмонда ба қавле, қимоб шуда буданд. Чун имрӯз мебинанд, ки худи деҳқонон ва ё сокинони боинсофи маҳал маҳсулотро оварда, ба ҳамсояашон фурӯхта истодаанд.

Ин шароит барои он деҳқононе, ки солҳои қабл тариқи нақлиёти боркаш дар шароити ғайрисанитарӣ ба мардум пешкаш менамуданд, хеле қулай ва ҷолиб аст.

Чунин иқдом ҳамзамон ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маводи озуқа мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон, «нақш» - и ҳаннотони бозор низ аз байн хоҳад рафт.

Карим Раҳимов, сокини маҳаллаи «Ваҳдат» - и шаҳр ба он назар аст, ки ташкили «Гӯшаи деҳқон» ва ё худ бозорчаҳои назди маҳаллаҳо дар кишварҳои минтақа ва шаҳрҳои пешрафта бештар ба мушоҳида мерасанд. Хеле хуб, ки шаҳрдорони Хуҷанд чунин иқдомро амалӣ намудаанд. Ин барои деҳқонон имконияти хуби пешрафти фаъолият аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки «Гӯшаи деҳқон» барои то 10 нафар ҷойи фурӯшӣ пешбинӣ шуда, нафароне, ки дар он молу маҳсулоти хоҷагии кишоварзиро мефурӯшанд, аз пардохти андоз ва ҷойпулӣ комилан озод мегарданд.

Воқеан ҳам маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ғизоҳои аввалини инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон онро дар шаклҳои нав ва дар шароитҳои арзандаи мувофиқ бо талаботи санитарию эпидемологӣ барои истеъмолкунанда пешниҳод месозанд.

Инчунин, тибқи тақозои замон, ҳангоми парвариш ба таркиб, ҳаҷм ва шаклу намуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, то ба солимии инсон осебе нарасад. Талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ низ онро тақозо дорад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсулоти кишоварзӣ беосеб боқӣ монад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин иқдом дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳайё намудани шароити арзанда ба мардум муҳим мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи банду басти маҳсулоти ширии ҶДММ «Нури Сафар» дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба Ҷамоати деҳоти Оббурдон ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи банду басти маҳсулоти ширии ҶДММ «Нури Сафар» шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкор Нур Бердиев бо харҷи зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ бунёд гардида, моҳи сентябри соли 2017 ба истифода дода шудааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари роҳбарияти корхона имрӯзҳо теъдоди ҷойҳои корӣ то ба 30 адад расонида шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти хоҷагидорони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак шинос гардид.

Тавре роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон” Аъзамҷон Бурҳонов зимни суҳбат бо Раиси вилоят иттилоъ дод, майдони умумии хоҷагӣ 12 гектарро дар бар мегирад.

Читать далее

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рӯзи 29 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ иштирок кард.

Маркази хизматрасонии сеошёна дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Наимхон Баҳодуров бо харҷи зиёда аз 1 млн. сомонӣ сохта шудааст.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Нимаи дуюми рӯзи 29 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду навсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар даҳҳо иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар нимсолаи якуми соли равон дар ноҳия бо харҷи 14 миллиону 560 ҳазор сомонӣ  68 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

Читать далее

30 July 2019

Навиштаи “Ахбор.ком” ба манфиати терроризм аст

             Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком”  матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террористиро танҳо ба души ДИИШ вогузор кардааст ва гунаҳкори асосӣ - ТТЭ ҲНИ-ро ба забон наовардааст.

Читать далее

Таътил чӣ гуна мегузарад?

Ҳамасола баробари фаро расидани таътили тобистона мушкилоти чӣ тавр гузаронидани он байни кӯдакон муаммоеро пеш меорад. Ин мушкилӣ кӯдакону наврасони ноҳияи Деваштичро низ дунболагир аст. Аз 100 нафар хонанда 1 ё 2 нафари дар урдугоҳҳои истироҳатӣ таътилро мегузаронанд. Имрӯз дар урдугоҳҳо ҳар гуна бозиву мусобиқаҳои таълимиву тарбиявӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷойҳо кӯдакон ба худ дӯстони нав меёбанду ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд.

Мо ба ду деҳаи ноҳия рафта, аз волидони хонандагон пурсон шудем, оё фарзандонашонро ба урдугоҳ ва ё ягон ҷои дигари истироҳатӣ мебаранд? Аз 150 нафари онҳо аксарият як посух доданд: "Дар деҳа ҳозир вақти кор. Чӣ кор мекунанд истироҳатро?!" Бегмаҳмад Бегов - директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 гуфт: "Дар ташаккулу тарбияи хонандагон меҳнат низ нақши асосиро мебозад. Кӯдаконро аз хурдсолӣ ба меҳнат одат кунонидан зарур аст.

Дар таътил хонандагон вақти пурраи худро дар саҳро мегузаронанд. Ба ҷои он, ки ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул шаванд, кори вазнини ҷисмонӣ карда, соли хониши навро бо як рӯҳияи хаста пешвоз мегиранд”.

М. Ҳақназарова модари се фарзанд мегӯяд: "Мехоҳам фарзандонам дар оянда соҳиби касбу кор шаванд. Пушаймонам, ки фарзанди калониамро аз дарсҳо ҷавоб гирифта, ба кори саҳро мебурдам. Ҳозир ӯ баробари фарорасии фасли баҳор ба Россия барои кор меравад. Акнун ду фарзанди дигарамро ҳеҷ вақт аз дарс намемононам, то мисли бародарашон азоб накашанд".

Дар ноҳияҳои дигар низ ин мушкилот вуҷуд дорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аксари онҳо баъд аз ба камол расидан рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд.

Дар ҳақиқат, ҳама пешравиву хурсандии мо сарчашма аз меҳнат аст. Аммо, барои кӯдакон бошад, ҳоло вақти истироҳату хондан ва кам - кам меҳнати сабук аст. Насли калонсолро месазад, ки барои ташаккулу нумӯи насли наврас саҳми худро гузоранд, то фардо кӯдакону наврасони мо мисли онҳо оҳи афсӯс накашанд.

Дар байни мардум ақидае ҳаст, ки мегӯянд: "Мон даврашро ронда гирад, фардо ё пасифардои дигар ин рӯзҳоро ёд мекунад". Пас, кӯдаконро на ба саҳро, балки ба хондан машғул созем. Имрӯз марказҳои забону ҳунаромӯзӣ фаъолият мекунанд. Кӯдакону наврасон дар он ҷо ҷаҳони навро барои худ кашф мекунанд.

Таътил гуфта, хонандагон набояд аз омӯзишу мутолиа дур шаванд. Мутафаккири ҷопонӣ гуфтааст: "Таътил кори майнаи сарро суст менамояд, аз ин рӯ, онро бояд ҳамарӯза машқ диҳему пайваста биомӯзем. Агар аз болои худ як рӯз кор накунем, чанд маротиба аз ҷаҳон қафо мемонем. Мо бояд дар ҳаракат бошему фикрамонро доимо ташаккул дода истем".

Ҳафиза БЕГОВА,
Рӯзноманигор

Читать далее

Мавқеи коргоҳҳои дӯзандагӣ дар таъмини либосҳои мактабӣ

Санаи 26 - уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода зимни баромадаш қайд намуд, ки тӯли нимсола иҷрои нақшаи воридоти андоз ва пардохт (бо назардошти андози иҷтимоӣ) - 102 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 11 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар рӯзҳои ҷашн ва иду маросимҳо аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва аз ҷониби сарпарастон ба 2417 нафар шахси муҳтоҷ ва оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳо расонида шуданд.

Зимнан дар ин давр дар ҳудуди ноҳия 2 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дошта, яъне омадани сел ва боришоти пай дар пай ба қайд гирифта шуда, зарари моддӣ маблағи умумӣ 8 миллону 345 ҳазору 329 сомониро ташкил додааст.

Ба осебдидагони офати табиӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр барои азнавсозии хона ва деворҳо масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар шаҳри Конибодом дар шаш моҳи соли ҷорӣ 210 ҳолати ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 7 амал зиёд буда, кушодашавии ҷиноятҳо 94,7 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, дар даври ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1761 арзу шикоят ворид гаштааст, ки дар ҳаллу фасли онҳо дахолати сохторҳои марбута эҳсос мегардад.

Дар нимсола аз 41 корхонаи калону миёна ва хурд 15 ададашон сатҳи истеҳсоли маҳсулотро баланд бардошта, 6 адади дигар ҳаҷми истеҳсолро кам бахшидаанд. Дар ин давр ду корхонаи хурди саноатӣ аз нав фаъолияташонро оғоз намуданд. Микдори корхонаҳои саноатии бозистода 18 адад буда, аз онҳо 5 адад умуман фаъолият надоранд. Фаъолияти 13 адади боқимонда мавсимӣ мебошад.

Дар шаҳру ҷамоатҳои деҳоти шаҳр 5 коргоҳи дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ бо муассисаҳои таълимии шаҳр шартнома баста, дар асоси фармоишот барои соли хониши нави 2019 - 2020 либосҳои мактабиро бо сифати хуб омода намуданд. Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа ба нақша гирифта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ боз 4 корхонаи хурди саноатӣ таъсис дода шавад.

Нишасти матбуотӣ бо саволу ҷавоби рӯзноманигорон анҷом ёфт.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

НОҲИЯИ АЙНӢ: БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ БУНЁД МЕШАВАНД

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳоест, ки мардуми кишвари азизи мо ба он шарафёб шудаанд ва инак, бистуҳашт сол мешавад, ки нашъаи даврони соҳибистиқлолӣ мечашанд. Дастовардҳои истиқлолият, рӯз ба рӯз беҳтар гардидани сатҳи зиндагонӣ ба сокинони мамлакат рӯҳбаландии бузург бахшида, дар як вақт тақозо менамояд, ки баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашанд, барои обод намудани як гӯшаи хурди он саҳм гузоранд. Баҳри ин сабаб, боис ҳам ҳаст - сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон.

Имрӯзҳо ба ин муносибат саросари сарзамини биҳиштосои мо сохтмонгоҳи азимеро мемонад, ки даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд меёбанд. Мардум бо меҳнати созандаи фидокорона машғуланд. Дар ин радиф кормандони соҳаи кишоварзӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фаъолияти худ ботадриҷ навгониҳо ворид намоянд, ба сохторҳои ҷудогонаи соҳа рушду такомул бахшанд ва бо ҳамин саҳми худро баҳри пешрафти диёр ҳамроҳ кунанд.

Ноҳияи Айнӣ аз минтақаҳои баландкӯҳи қаламрави вилоят маҳсуб меёбад. Вале новобаста ба ин мардуми шарифу сарбаланди ноҳия пайваста мекӯшанд, ки ҳар ваҷаби замини ҳосилдеҳи онро корам намоянду аз он ризқу рӯзӣ ба даст оранд. Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Мансур Носиров иброз дошт, тибқи маълумоти оморӣ ба 22 - юми июли соли равон дар ноҳия 897,5 гектар замини корам барои кишти зироатҳо мавҷуд буда, аз ин миқдор ба 500,5 гектар картошка кишт шудааст. Дар бештар аз 300 гектар ғаллаи баҳорӣ, 50,9 гектар сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, карам, ҳамчунин дар 1,2 гектар зироати равғандеҳи зағир, 45 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гардидааст. Инчунин, замини боғоти ноҳия дар 721 гектар доман паҳн кардааст.

Кишоварзони ноҳия баҳри татбиқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар мамлакат, мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат фаъолиятро ба роҳ монда, соли гузашта майдони кишти картошкаро аз ҳисоби дигар зироатҳо, аз ҷумла заминҳои кишти хӯроки чорво 33 гектар афзун намуданд.

Имрӯз киштзорони ноҳия ба як майдони фидокорӣ тадбил ёфта, деҳқонону кишоварзон ҳосили заҳмати худро меғундоранд.

То нимаи дуюми моҳи июл 780 тонна картошка ғундошта шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Ҳамчунин ба миқдори бештар аз 800 тонна ғалладона ҷамъ оварда шуд, ки аз ин 398 тонна гандум ва 402 тонна ҷав мебошад. 250 тонна сабзавот ба даст оварда шуда, 2960 тонна хӯроки чорво захира гардид.

Кишти картошка асосан дар Ҷамоатҳои деҳоти Рарз, Шамтуч, Урметан, Дардар гузаронида шуда, дар ин самт фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Тоҷикистон», «Рарз», ба номи Қорӣ Каримов, ба номи Воҳидов, ки раисонашон Темур Ҷӯраев, Камолиддин Шокиров, Баҳодур Шокиров, Соқӣ Соқиев, Абдулқувайс Миров мебошанд, дар рӯёнидани ҳосили баланди картошка назаррас аст. Ҷиҳати ғаллакорӣ дар ноҳия хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Урметан, Рарз, аз ҷумла ба номи Бобоҷон Ғафуров (раис Ҳодибой Ашӯров), «Файзбор» (раис Ёралӣ Раҳимов), Хоҷагии деҳқонии «Вешканд» (раис Саидхон Ҳоҷиев, «Истиқлол» (раис Турсуншо Қаноатов) пешқадам буда, ҳар сол аз нақша зиёд ҳосил ба даст меоваранд.

Дар боғоти ноҳия дарахтони меваи зардолу, олу, себ парвариш карда мешавад. То нимаи дуюми моҳи июл 850 тонна ҳосили зардолу ғундошта шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Дар ноҳия себу олу дертар пухта расида, имсол ҳосили интизории ин меваҳо низ хеле зиёд аз дурнамо аст. Дар соҳаи боғдорӣ боғпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Вешкант», «Меҳргон», «Куруд», ба номи Ҳасан Каримов, Қорӣ Каримов, «Тоҷикистон», «Шамтуч», «Рарз», ба номи Нақибхон Туғрал, «Зиндакон», ба номи Аслиддинов, Наим Сангинов, «Сомониён», «Кумарғ» таҷриба ва маҳорату малакаи бой дошта, аз меваҳои шаҳдбору хушлаззати боғоти хеш дастархони натанҳо сокинони ноҳия, қаламрави вилоят, балки ҷумҳуриро низ пурнозу неъмат мегардонанд. Таҷрибаи ягона бонуи боғпарвар дар ноҳия - раиси Хоҷагии деҳқонии «Сомониён» Ҳилола Раҳмонова, сарвари хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Сангинов Шамсиқул Ҳусейнов, «Куруд» Тоҳир Тоҳиров дар тамоми кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Азбаски табиати баландкӯҳи ноҳия бо анвои гуногуни гиёҳҳои шифоӣ бой аст, дар ин минтақа ба занбӯрпарварӣ шароит мусоид буда, аз ҷониби аҳолӣ ва кишоварзон парвариши бештар аз 920 оила занбӯри асал ба роҳ монда шудааст. Давоми соли равон то имрӯз зиёда аз 6 тонна асали хуштаъми шифоӣ ба даст оварда шуд, - зикр мекунад сардори Раёсати кишоварзии ноҳия. Ин раванд, яъне сол ба сол афзун намудани оилаи занбӯри асал идома дорад.

Дар нимсолаи аввали соли равон бештар аз 2960 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ ва захира гардид. Ин миқдор аз дарави якуму дуюм буда, ҷамъоварии зироати хӯроки чорво давом дорад. Нақшаи дурнамо барои захира дар мавсими зимистон 5500 тонна буда, ҳосили интизорӣ аз нақша зиёд аст. Дар ноҳия 21784 сар моли майда, 2073 сар моли калони шохдор парвариш меёбад. Хоҷагиҳои чорвопарвар «Тоҷикистон», ки асосан бо парвариши моли майда машғул аст, «Шамтуч», ба номи Аслиддинов, «Россия» мебошанд. Мудири фермаи моли майда Замон Назаров чорводори асил аст. Дар фермаи вай 2457 сар моли майда парвариш меёбад. Давоми соли равон аз ҳар 100 сар моли майда 98 - сарӣ барраву бузғола, то имрӯз бошад, 900 сар насли солим ба даст оварданд. Фаъолияти назаррасу шоистаи аҳли ин ферма дар он ифода меёбад, ки барои рамаашон қӯраи тобистонӣ ва зимистонии алоҳида доранд ва алҳол, дар мавсими гармо молҳояшонро ба водиҳои Яғноб бурдаанд, ки заминаш дар ин мавсим сарсабзу сероб аст. Дар фасли сармо бошад, чорво ба водии Вахшу Ёвон бурда мешавад. Ана ҳамин тавр ин чорвопарварон молашонро хуб парвариш менамоянду солиму бардам нигоҳ медоранд. Чорвопарварони хоҷагии «Шамтуч» соли равон аз 100 сар 100 сарӣ барраву бузғола ба даст оварданд, ки ин аз масъулияти баланди аҳли ферма дар иҷрои вазифаро нишон медиҳад. Парвариши моли калони шохдор дар хоҷагиҳои ба номи Арбобов, ба номи Аслиддинов, ба номи Ҷамол Ғоибов, «Тоҷикистон» ва «Россия» ба роҳ монда шудааст.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ парвариши 1035 сар қӯтос ба роҳ монда шудааст.

Хоҷагиҳои ба номи Аслиддинов ва «Россия» зотпарварӣ маҳсуб ёфта, ба парвариши қӯтос махсус гардонида шудаанд.

- Феълан, қариб дар тамоми соҳаҳои кишоварзӣ пешравӣ мушоҳида гардида, баҳри истиқболи сазовору шоистаи ҷашни фархундаи мамлакат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорем, нишондиҳандаҳоро дар ҳамаи самтҳои фаъолият пурраву барзиёд таъмин намоем, - гуфт Мансур Носиров.

- Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат то ҷашни 30 - солагии Истиқлолият мо дар хоҷагиҳои ноҳия таъсис додани боғҳои интенсивиро ба роҳ мондаем. Танҳо соли ҷорӣ дар масоҳати 7,11 гектар боғи нави олуву зардолу бунёд карда шуда, дар нақша ҳаст, ки солҳои 2020 - 2021 - ум низ 7 - 8 гектарӣ боғҳои интенсивӣ аз меваҳои шаҳдбори кишварамон таъсис дода шаванд.

Дар маҷмуъ, имрӯзҳо дар саросари ноҳия меҳнати босуботи бунёдкорона авҷу хурӯши тоза дошта, сокинон ва кишоварзон баҳри ботадриҷ афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила саҳми бориз гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҷаҳду талош доранд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее