01 August 2019

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

1 августи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 маълумот дод.

Читать далее

Таваҷҷуҳ: Мутахассисон заруранд!

Дар урфият мегӯянд: «Ғами зимистонро дар баҳор мебояд хӯрд». Тоҷикистон худ кишварест, ки дар минтақаи иқлимаш гарму мусоид ҷойгир шудаасту аз намудҳои гуногуни мева саршор мебошад. Бунёди боғҳои нав ва барқарор намудани боғҳои кӯҳна ба мо имконият медиҳанд, ки дар кишварамон парвариши мева зиёд шуда, аз он истеҳсоли намудҳои гуногуни консерва васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи саноат бояд ба рушди фаъолияти истеҳсоли консерва диққати бештар диҳанд.

Ба иттилои сармутахассиси идораи хӯроквории вилояти Суғд Баҳриддин Алиёров то 29 - уми июли соли 2019 дар ҳудуди вилоят ба миқдори 7612,5 ҳазор куттии шартӣ истеҳсоли консерваи меваю сабзавот амалӣ гардонида шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 2502 ҳазор адад зиёд мебошад. Тибқи маълумот дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳама зиёд истеҳсол шудани консерва, ба миқдори 3588,4 ҳазор қуттии шартӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» - и шаҳри Истаравшан ба назар мерасад. Дар баробари ин кам шудани истеҳсоли консерва дар Ҷамъияти саҳомии «Комбинати консерваи шаҳри Хуҷанд», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ЗАО Ҳасанов» дар шаҳри Исфара, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Конибодом» ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мусалло» - и шаҳри Хуҷанд мушоҳида мегардад.

Озифхон Шарифзода - мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қайд намуд, ки дар корхонаҳои консервабарории вилоят дар нимсолаи соли равон 6,4 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 2,6 миллион зиёд буда, он 168,2 фоизро ташкил дод. Ба хориҷи кишвар дар 6 моҳи соли ҷорӣ 90 тонна маҳсулоти консервагӣ ба маблағи 26,5 ҳазор доллари амрикоӣ содирот гардидааст.

Бо афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот дар кишвар аз як тараф ва содироти онҳо дар намуди консерва аз тарафи дигар, бешубҳа, бозгӯи онанд, ки мутахассисони соҳаи истеҳсоли консерва ва саноат баҳри саривақт ва ҳалли самараноки масоили пешомадаи соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои навин, дарёфти роҳҳои камхарҷи истеҳсолот ва баланд бардоштани содироти маҳсулот бояд боз ҳам бештар саъйу кӯшиш намоянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Китобхона оё чунин аст?!

Тоҷикон аз азал соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба лавҳу қалам арҷ гузошта, онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд. Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро ҳамчун сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, устоди беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор медонист.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ зиёд гардида, баҳри ба мутолиаи ҳарчӣ бештари китоб ҷалб намудани хонандагон корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла ворид гардидани китобҳои нав, дар байни хонандагон ташкил намудани озмунҳои гуногун яке аз василаи ҷалби хонандагон ба шумор меравад. Соҳои 2019- 2021 дар ҷумҳурӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз ин рӯ имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ бо маром ҷараён доранд. Вобаста ба ин сол мо кормандони рӯзнома низ тасмим гирифтем, ки аз минтақаҳои гуногун мавод омода сохта, дар саҳифаи рӯзнома дарҷ намоем. Сафари кории мо ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров басо хотирмон буд. Зеро манзараҳои дилфиреби гирду атрофи ин диёр касро моту мабҳут месозад. Мо аз аксар соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намудем. Аммо як чиз моро хеле рӯҳафтода намуд. Ин ҳам бошад, вазъи китобхонаи Ҷамоаи деҳоти Овчиқаълача аст. Китобхона дар дохили бинои кӯдакистони №13, дар як ҳуҷрачаи хурдакак ҷойгир шудааст. Бино ба гуфти мудири китобхона Муаттарахон Тӯхтаева китобхона дорои 2450 нусха, китоб буда, хонандагони зиёд дорад. Имрӯз мудири китобхона се нафар: Қодиров Абдусамад, Фаррухҷон Шарифов ва Муаттархон Сангиноваро ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» омода намуда истодааст.

Фаррухҷон зимни суҳбат иброз намуд, ки ҳамроҳи муаллима Тӯхтаева ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» тайёрӣ дида истодааст. Фаррухҷон дӯстдори адабиёти бадеӣ буда, асарҳои нависандагон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзодаро беҳад дӯст медорад. Ҳамзамон дилбастагиаш баъди мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ ба асарҳои Шекспир, Пушкин, Горкий, Эрнест Хемингуей рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Бояд зикр сохт, ки дар китобхона китобдор доир ба тамоми санаҳои таърихӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст. Аммо дар китобхона ду моҳ бештар инҷониб набудани нерӯи барқ боис шуда истодааст, ки теъдоди хонандагон дар ин марҳалаи доир гардида истодани озмуни ҷумҳуриявӣ торафт коҳиш ёбад.

Дар соле, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати китоб дар ҷомеаи имрӯзаи мо хеле боло рафтааст, дар як ҳуҷраи тангу тор ва бебарқ ҷой додани китобхона хеле нигаронкунанда аст. Ҳамзамон дар соле, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор шуда истодааст, дар чунин ҳолат хизматрасонии китобхонаи Ҷамоат хеле боиси таассуф аст. Аз вазъи ногувори китобхона, дар чунин ҳолат, бебарқу дар як бинои торик ҷойгир будани китобхона оё масъулини раёсати фарҳанги ноҳия огоҳӣ дошта бошанд? Оё ин муносибат беэътиборӣ ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар нест?

Мақсад аз иншои мавод ҷустан ва ба қалам додани камбудиҳо набуда, балки ҳадафи асосии мо он аст, ҳоло, ки вобаста ба эълон гардидани озмуни сатҳи мамлакат эътибори бештар баҳри беҳтаргардонии шароити китобхонаҳо ба миён омадааст, аз ин имконияти мусоид ба манфиати сокинони маҳалли худ истифода барем. Дар ҳоле, ки мардуми Ҷамоати Овчиқалъача, чунонки эҳсос намудем, чи хурду чи бузург, хеле маърифатдӯсту китобхон будаанд.

Тавре ба мо раиси ҷамоат изҳор дошт, дар рӯзҳои наздик тадбирҳои мушаххас андешида ва камбудии ҷойдошта дар китобхона бартараф хоҳад гашт. Мо низ ба ин умедворем ва пайгири вазъ хоҳем шуд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ВАТАНДОРӢ ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ!

Роҳбарон ва аъзои ҳизби наҳзат бо ҳар роҳу усул мехоҳанд тухми дасисаро бикорад. Нафрати мардумро гӯё зиёд карданӣ мешаванд. Ин нохалафон мехоҳанд, бо амалҳои ифротгароёнаи худ ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар  халал эҷод кунанд. Аммо тирашон хок мехӯрад. Баръакс, онҳо бо кирдори разилонаашон кӣ будани худашонро нишон доданд.

Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавонони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми фиреби ин душманону хоинони миллат меафтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати шомилгардонӣ ба сафҳои худ асосан ба қишри ниёзманди ҷомеа - бекорон, муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ ниёздошта, ҷавонони дорои донишу маърифати паст дом мегузоранд.

Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҷавононе, ки ба муҳоҷират меҳнатӣ мераванд, мегӯем:

Ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиатон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед.

Бахусус, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудаи шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносед, фирефта нашавед.

Донед, ки шахсони бегона метавонанд, шуморо гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои ифротиву террористӣ ҷалб созанд.

Пеш аз сафар дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва аз хатарҳои таҳдидкунандаи террористию экстремистӣ машварат гиред.

Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ мекунанд, бахусус, бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ. Ба паёмаку даъватҳои шахсони ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳед.

Ба доми фиреби ифротгароён наафтидани ҷавонон, бешубҳа, аз сатҳи маърифати сиёсӣ ва садоқати онҳо ба Ватан вобастагии зич дорад.

Созмони ҳизби халқӣ – демократии
Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

ДИЛИ БОКИНА НЕКБИН НЕСТ!

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суханони бесаводонаи савдогари кӯчагӣ Илҳом Ёқубовро, ки имрӯз дар ба дари Олмон нафаси ғализ мекашаду бо пули ҳароми хоҷагони хориҷиаш нафси худро ҳаром мегардонад, хондаму нафратам ба ӯ афзуд. 20 нафар ғарибу бекас ва бечораро бо тавалло ва гумроҳкунӣ паҳлӯи худ ҷамъ месозанду боз хабар медиҳанд, ки мо беш аз 300 нафарро ташкил медиҳем.

Бори дигар собит гашт, ки ӯ кӯрсавод аст! Пас барои ин бесавод кӣ вазифаи роҳбарии Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказиро вогузоштааст? Ин ташкилот ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ, оилавист ё инфиродист?

“Мансаби олӣ” доштаасту аммо калла холӣ! Ӯ замони дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ доштан худро идора карда наметавонист, пас чӣ гуна сухани вайро муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ гӯш меандозанд. Вой бар ҳоли чунин ҷавонони ватанфурӯшу иғвоангез ва гурезаву дарбадар! Саводи кофӣ надораду имрӯз аз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ҳарф мезанад.

Агар фазои сулҳу салоҳи кишвари мо ба чашми Илҳом Ёқубов дигаргуна тобад, пас ин сатри Лоиқи зиндаёдро месазад ин ҷо зикр кард:

Барои кинадорон сулҳ ҷанг аст!

Вай ва дигар ҷонибдоронаш муваффақияти кишвари моро дида наметавонанд ва ҳар оромиву сулҳу суботи кишварро бо чашми хира мебинанд. Зеро чун давлату ҳукумат корҳои пасипардагии онҳоро ошкор сохту паси зиндон бурд, акнун мехоҳанд, ки шариконашонро озод намоянд. Аммо, пушаймонӣ имрӯз суд надорад...

 Шояд рӯзе мешавад, ки назди ҷомеа барои тӯҳмату сангпартоиҳои беасосат ҷавоб хоҳӣ гуфт.

Мардуми тоҷик медонад, ки ту аз бероҳтарини бероҳаҳо, хиёнаткору фиребгартарин мебошӣ!

Кишвари мо ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардида, яке аз кишварҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсуб ёфта, имрӯз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст. Эълон шудани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст.

Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки кӯшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ сохтан доранд. Масалан, Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби назҳати исломӣ - ТТЭ ҲНИ аз қабили чунин ниҳоди диниву мазҳабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки яке аз аъзои фирории ТТЭ ҲНИ Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони ӯ дар Аврупо бо ҳар гуна баҳонаи гапҳои бардурӯғу беасос ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Торҳои ин ташкилот дар минтақаҳои Аврупо паҳну парешонанд. Итминони комил дорем, ки ҳеҷ як хоин ва бадхоҳе наметавонад бо чунин рафтори пасту разилонаи худ нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад. Имрӯз ТТЭ ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дониста шудааст. Дар ин бора хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ андеша кунанд. Набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави пешрафтҳои замони истиқлолият қарор дорад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, фаъолияти чунин инсонҳои тангназару хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, маҳкум менамоянд.

Сарвар Файзиева,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Наҳзат – нотавонбини ваҳдат

Барои наҳзатиҳои фурӯхташудаву хоин, ки меҳвари андешаву омоли разилонаи онҳоро иҷрои супориш ва маблағҳои бедардимиёни хоҷагонашон ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Ин нотавонбинон ғуломи пулу мол гардида, фақат роҳи фитнаву буҳтон ва иғвогариро пеша мекунанд.

 Ҳадафи аслии ин тангназарон гумроҳ намудани мардуми зудбовар, ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба ва бо ин роҳ ҷалб намудани онон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзат ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияти таҳрибкоронаи хеш мунтазам барои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон кӯшиш намуда, оқибат ба ин мақсади разилонаи хеш расиданд.

Ин нотавонбинон кишварро ба вартаи хоку хун кашида, мардумро ба бародаркушӣ даъват намуданд. Ин ноқобилони даҳр, ки бозичаи дасти хоҷагони хеш гардида буданд, барои таъсир расонидан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд.

Барои наҳзатиёни хиёнатпеша оромиву субот, ваҳдату иттифоқ, дӯстиву рафоқат барин арзишҳои олӣ, ҳеҷ аст. Кору рафтор ва амалкарди ин тангназарон танҳо дар доираи супоришҳои хоҷагони хеш амал кардану мамлакатро ба нооромӣ кашидан аст.

Имрӯз таҷрибаи нодири сулҳофаринии мардуми тоҷик аз ҷониби мардуми олам мавриди омӯзиш қарор гирифта, сокинони сайёра ба Тоҷикистони маҳбуб бо нигоҳи нек назар ва ҳамкорӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, бадтинатони наҳзатӣ бояд дарк намоянд, ки дар Тоҷикистон барои чунин хиёнатпешагон ҷой набуда, мардуми саодатманд аз чунин ноҷавонмардон безоранд.

Фарзона Сатторова,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ба пешгирии вабои аср - муттаҳидӣ, солимфикрӣ!

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Ба ин хотир муттаҳидгардӣ, ваҳдату ягонагии сокинони кишвар ва кӯшиш кардан баҳри таъмини амнияти миллӣ аз ҷониби ҷомеа муҳим аст.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммои ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

 Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишварамон дар хориҷ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаъҳои ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Вобаста ба гуфтаҳои боло, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Мо - ҷавонон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо омода ва баҳри гулгулшукуфии кишварамон ҳамеша саҳмгузор ҳастем.

М.БОБОҶОНОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ифротгаро беватан аст!

Шурӯъ аз ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддӣ Терроризми байналмилалӣ рӯ ба рӯ гашт. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада хавфу хатарро дар Тоҷикистони мо низ эҷод менамояд. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеа ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунем.

Шамил НАЗАРЗОДА

Читать далее

Терроризм аз ислом нест!

Инсон, ки ба дунё омад, бояд тухми накӯкорӣ корад. Аммо имрӯз баъзе аз ашхос ба қадри сулҳу субот, зиндагии орому осуда нарасида, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардида, умеду орзуи волидонро барбод, ҳаёти ширини хешро талх ва амнияту оромии Ватанро халалдор мекунанд.

Имрӯз масъалаи муҳими ҷомеа ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Тайи солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динии мазҳабҳои гуногун бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодаанд. Ғояҳои асосии дини мубини Ислом дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст. Ислом ва ё дигар динро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан комилан хатост, чун Ислом ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Онҳое, ки ҷавононро ба дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти таҳрибкоронаи худ истифода мебаранд.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ манъ карда шудааст. Чӣ гуна ва чӣ хел ҷавонон ба ин гуна ҳизбҳо ҳамроҳ мешаванд ва сабаб дар чист? Фикр мекунам, ба он ҷавононе, ки ноогоҳанд, аз илму фарҳанг дур мондаанд, дар шабакаи иҷтимоӣ беҳуда вақтгузаронӣ мекунанд, бештар хатари шомилшавӣ таҳдид дорад. Сабаби дигари даст задани ҷавонон аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, побанди молу мулк, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар боис ба доми ифротиён афтодани онҳо гардида истодааст.

Гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрди хунини мазҳабҳои этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ шудаанд.

Дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз таъсири чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Дар ин марҳалаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад мафкураи миллӣ ва заковати азалии хешро аз ин хатарҳо дур нигоҳ дорад. Барои пойдории сулҳу осоиштагӣ фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар ҷавонон пайдо кардани донишу заковати ҳаматарафа, тарбияи дуруст, шуурнокии баланд, ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Зеро, ки ояндаи Тоҷикистонамон дар дасти мо - ҷавонон аст.

Моро зарур аст,ки рӯ ба илм оварда, аҳли ҷомеаро аз ин тоифаи террористони бадандеш эмин нигоҳ дорем.

Тавҳидахон Тӯраева,
донишҷӯи факултаи забонҳои
Шарқи Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик 
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

МАКРИ НАВБАТИИ ПАЙМОНШИКАНОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дорои Конститутсия мебошад. Яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ ин озодии воситаҳои ахбори омма ва озодии сухан мебошад.

Озодии сухан ба маънои оне, ки ҳар як шахс метавонад фикру мулоҳизаи худро бе ягон таҳдид баён кунад ва ҳукуку озодиҳои худ ва дигаронро ҳифз намояд. Дар ин бора моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи медиҳад, ки “Ба ҳар як шахс озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”.  Яъне ҳар як шахси комилҳуқуқ  барои баёни андешаҳои худ дар доираи арзи эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқи дар ин ҷо дарҷ гардидааст.

Садҳо афсусу надомат, ки имрузҳо  шахсоне ёфт мешаванд ки ҷуз сиёҳ кардани сиёсати имрузаи давлату ҳукумат  дигар коре надоранд. Мехоҳанд фикру андешаҳои халқро нисбати ҳукумат манфӣ гардонанд. Онҳоро аз сиёсати хирадмандонаи имрузаи ҳукумат ва давлат дур созанд. Маҳз чунин иғвогароён буданд, ки ба сари халқи тоҷик чанги шаҳрвандиро оварданд ва Тоҷикистони азизамонро солҳо аз инкишоф боздоштанд. Аллакай мардуми фарҳандусти тоҷик ниятҳои нопоки онҳоро дарк намудааст ва ба доми онҳо дубора намеафд.

Мирзо Салимпур сардабири сомонаи “Ахбор.ком” бо ҳар гуна фикру андешаҳои худ дар мавзуъхои гуногун баромад намуда КДАМ, ВКД ва Ҳукумати Тоҷикистонро бо бофтахои худ гунаҳкор мехисобад. Ӯ хуб медонад, ки озодии сухан ва баёни фикру андешаи ҳар шахс ба инобат гирифта мешавад. Аммо мувофиқи меъёрхои хукуки агар сухани шахс исбот карда шавад баъдан чорачуйи мешавад. Агар исботу далел дошта бошад ӯ метавонист ба мақомоти давлатӣ расман муроҷиат намояд. Аммо ин корро накард. Аз ин мебарояд ки суханони ӯ ҷуз туҳмату иғво чизи дигаре  нест. Ӯ нисбати андешаҳои худ дар сомонаҳо суханони шахсони дигарро “фабрикаи чавоб” ном нихода ба риоя накардан ба этикахои журналистӣ айбдор хисобида мешавад. Оё инро дарк мекарда бошад ва ё на? Худ ки як маккори паймоншиканон аст ва айни ҳол бо чор танга пули Кабирӣ ва тарафдорони ӯ дар Аврупо рӯз мегузаронад.

Пӯлотова И. – д.и.и., профессори
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее