13 August 2019

Маҳсулоти тозаву тар доим харидор дорад!

Имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда соҳибони худро пайдо намуд, яъне замин ба дасти соҳибаш - деҳқонони асили кишвар дода шудааст. Деҳқонон онро бо қувваи дастони худ ба гардиши кишоварзӣ дароварда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда, дастархони сокинонро аз неъматҳои табиат фаровон гардонида истодаанд.

Ҳангоми гузар намудан аз шоҳроҳҳои муосири Истаравшан – Хуҷанд, Хуҷанд – Ғафуров – Конибодом - Исфара мебинем, ки чӣ қадар деҳқонон маҳсули меҳнати худро ба фурӯш гузоштаанд, ки арзиши онҳо, албатта, нисбат ба нархи маҳсулоти дар бозор буда арзонтар аст. Дар қадди шоҳроҳҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои Деваштичу Зафаробод чунин ҳолатро вохӯрдан мумкин аст. Имрӯз аз сабаби гармии ҳаво талабот ба маҳсулоти полезӣ, аз қабили тарбузу харбуза ва дигар меваҷот зиёд аст.

Деҳқонон ва занҳои хонанишини шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Зафаробод дар қадди роҳҳо фурӯши маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотро ба роҳ монда, ҳосили дастранҷи худро ба фурӯш гузоштаанд. Ҳангоми суҳбат аён гардид, ки дар аксар чунин фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ занҳо бо ҳамроҳи фарзандонашон машғули савдо ҳастанд. Дар воқеъ, ҳамаи маҳсулоти дастранҷи чунин марказҳои фурӯш арзон ва сифаташ, аз маҳсулоти бозор фарқияте надорад.

Зимни сафар ба шаҳри Конибодом зиёда аз 15 бозори сарироҳиро дидем, ки дар он занҳо ва деҳқонони ҳудуди шаҳр машғули савдои маҳсулоти хеш буданд.

 Фурӯшанда Шаҳодатхола дар суҳбат қайд намуд, ки барои зиндагии оилаашро пеш бурдан маҳсулоти полезӣ, инчунин помидору бодиринг ва дигарҳоро парвариш намуда, имрӯз бошад, ҳосили онро барои сокинон пешниҳод намудааст. Мавсуф дар як рӯз аз 40 то ба 100 сомонӣ маҳсулот мефурӯшад.

- Аксарияти сокинон маҳсулоти полезиро аз мо бо сабаби арзон буданаш омада харид мекунанд, зеро ба гуфти худи мизоҷон алҳол нархи тарбузу харбуза дар бозорҳо хеле гарон аст, - мегӯяд Шаҳодатхола.

- Дар сурати ба бозор баровардани маҳсулоти хеш, ба мо фоидае намерасад, зеро роҳкиро ва дигар хароҷот сарфи беҳуда аст. Дар назди хонаҳои хеш маҳсулоти худро ба фурӯш баровардан хубтар аст, - мегӯяд сокини дигари шаҳр Аҳрорхоҷа.

- Онҳоро ҳам бояд қадр намуд. Аз саҳар то бегоҳ дар замин машғули меҳнат ҳастанд. Чаро мо инро бояд қадр накунем? Ҳол он ки маҳсулоти онҳо аз маҳсулоти бозор ягон фарқият надоранд, нархашон бошад, дастрас ва қаноатбахш аст, - иброз медорад як нафар мизоҷи бозорҳои сарироҳӣ Сафарбек аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Аксарияти фурӯшандагони бозорҳои сарироҳӣ чунин ҳолатро ба инобат гирифта, назди хонаҳои худ ба фурӯши маҳсулот машғул мешаванд, то каме ҳам бошад меҳнаташонро қадр намоянду даромад ба даст оранд. Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки фурӯшандаҳои сарироҳии ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов дар як рӯз ба маблағи беш аз 300 сомонӣ маҳсулот мефурӯшанд.

Имрӯз, ки дар кишвари мо аксар сокинон дар деҳот умр ба сар доранд, зиндагии худро маҳз аз замин ва маҳсулоти он ба пеш мебаранд.

Инҷо қайд намудан бамаврид аст, ки чунин бозорҳо мавсимӣ мебошанд ва маҳсулоти тару тозаро ба сокинон пешкаш мекунанд.

Дар чунин бозорҳои сарироҳӣ танҳо деҳқонон ва занҳои хонашин сабзавоту мева ва полезиҳои истеҳсол намудаи худро ба фурӯш баровардаанд.

Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Муроҷиати шаҳрвандон: Мақсад, мушкилот ва маърифат

Тибқи иттилои мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт Ҷамшед Маҳкамов тайи соли равон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 1759 нафар, аз ин миқдор тариқи хаттӣ 1348 нафар, шифоҳӣ - 236 ва ҳуқуқӣ 174 нафар сокинон барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат кардаанд.

Аён аст, ки шаҳрвандон дар ҳалли масоили гуногун ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳ мегиранд. Чун ҳамешагӣ мушкилоти бештар дар самти гирифтани замин ва баҳси он, шаҳодатномаи истифодаи замин, ёрии моддӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои иқтисодӣ, мактабу маориф ва соҳаи тандурустӣ, таъмин бо ҷойи кор, оид ба парасторӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба назар мерасад.

Дар бобати вориди аризаҳои хаттӣ қайд кард, ки аз 1348 ариза 135 - тоаш ҳалли мусбати худро ёфтаву 47 ададаш мавриди санҷиш қарор доранд. 1031 ариза вобаста ба соҳаҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор фиристода шудаанд. 33 ариза қонеъ гардонида нашудааст, ки сабабҳои асосӣ ба мақомоти судӣ марбут будани он аризаҳо, дарёфт нагардидани ҷойи кор ва ғайра мебошанд.

Гуфтан мумкин аст, аксари сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон ва Ошоба бо мушкилоти замин муроҷиат мекунанд. Аммо аз ҷараёни қабул бармеояд, ки онҳо мебоист аввал ба ҷамоатҳои худ муроҷиат менамуданд.

Яке аз масъалаи муҳим он аст, ки аксари сокиноне, ки соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шудаанд, то ҳол сохтмонро оғоз накардаанд. Метавон дар ин самт Ҷамоати шаҳраки Шайдонро мисол овард: агар соли 2017 зиёда аз 600 нафар соҳиби қитъаи наздиҳавлигӣ шуда бошанд, то ин замон наздики 70 - 75 нафар ба сохтмон оғоз кардаанду халос. Мардум дар бобати гирифтани қитъаҳои наздиҳавлигӣ бетоқатӣ мекунанду пайваста дари мақомотро мекӯбанд, аммо баъди соҳиби замин гардидан аз пайи сохтмон намешаванд.

Ҳамчунин, баъзе шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба қавле даст диҳӣ, аз оринҷ медоранд. Ин ҷо мақсади муроҷиат баҳри ёрии моддӣ аст. Баъзеҳо мехоҳанд пайваста ёрии моддӣ гиранд. Аммо бояд дар хотир дошт, шаҳрвандоне, ки камбизоатанду ба ёрии моддӣ ниёз доранд, кам нестанд. Масъулин вазифадоранд, ки то қадри имкон ва бо навбат мушкили онҳоро ҳал намоянд.

Таҳмина МИСРОБӢ,
ноҳияи Ашт

Читать далее

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дирўз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар машварати корӣ рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода дар рўзҳои таҷлил аз Иди саиди Қурбон собиқадорону ниёзмандонро аёдат кард

Дар рўзҳои таҷлил аз Иди саиди Қурбон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзмандро аёдат карда, ба онҳо кумакҳои модӣ расонид.

Раиси вилоят нахуст ба манзили сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Русола Самадова ташриф оварда, ў ва аҳли оилаашро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик намуд. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадоронро аёдат менамояд. Таъкид карда шуд, ки Русола Самадова давоми 40 сол дар колхоз фаъолият бурда, ҳамчун пахтакори соҳибтаҷриба шинохта шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид гардид, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Читать далее

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

10.08.2019, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд.

Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям.

Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид мебошанд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Иди саиди Қурбон - иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат ва покию назофат аст!

Субҳи 11 август сокинони вилояти Суғд дар масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо намози Иди саиди Қурбонро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик намуд.

Читать далее

Дар шаҳри қадимаи Саразм ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад

9 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои бостоншиносӣ дар шаҳри қадимаи Саразм шинос гардиданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, айни замон дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” бо роҳбарии ходимони калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш С. Бобомуллоев, А. Раззоқов, Ш. Қурбонов ва бо иштироки тармимгарон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон Р.Бурҳонов, М. Раҳмонов дар ҳафриётҳои ХI, XII, XIII ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад. Дар ҳафриётҳои III, IV ва V бошад корҳои поксозӣ ба анҷом расонида шуда, ҳудуди ҳафриётҳо барои барқарорсозӣ омода карда шуд.

Читать далее

Дар Панҷакент ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани​ 5500 – солагии Саразми бостонӣ баргузор гардид

Санаи 9 август дар Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ Қоҳир Расулзода ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳмияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Читать далее

“АХБОРКОМ” ИФШОГАРИ ҶИНОЯТҲОИ НАҲЗАТӢ (Фикррониҳо дар ҳошияи “Сабти видеоии С.Нурӣ)

Ба ҳама маълум аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ баъди исбот гардидани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳояш бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон гардидааст. Тибқи қонун тамоми роҳбарияту аъзоёни ин ташкилот террористанд.

Читать далее