15 August 2019

Бемории ВНМО (СПИД) табобатнашаванда, вале идорашаванда

Аз чӣ сабаб бошад, дӯсти наздикам вақтҳои охир камнамо буд. Баъди дарс ба хабаргирии ӯ рафтам. Дарро хоҳараш кушода гуфт, ки бародараш бемор аст. Ман ҳайрон шудам, охир ду рӯз пеш дар ӯ ягон нишонаи беморӣ набуд. Ба наздаш даромадам, ҳама вақт ҳангоми вохӯрӣ маро ба оғӯш мегирифт, ин дафъа бо нӯги даст саломат кард.

Бемориашро пурсам, “шамол кашидаам, бо тезӣ сиҳат мешавам”, гуфту аммо чашмонаш суханони ӯро тасдиқ намекарданд. Баъди пурсишҳо ба бемории ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) гирифтор шуданашро гуфт. Ӯ мехост донишгоҳро тарк кунад. Вақтҳои охир ҳамроҳи аҳли оила дар як ҷо наменишаст, бо хешу табор равуоро канда буд. Аз одамон худро канор мегирифт. Падараш, ки инсони оқил буд, ба ӯ мефаҳмонид, ки ин беморӣ танҳо бо воситаи наздикӣ кардан бо ягон шахс, сӯзандору ва хун сироят меёбад. Ӯ метавонад хонданашро идома диҳаду мунтазам табобат гирад.

Ҳоло ӯ зери назорати духтурон қарор дорад. Ман низ то қадри имкон ба ӯ кӯмак мерасонам, қувваи равонӣ мебахшам, - менависад дар саҳифаи худ яке аз истифодабарандаи сомонаи фейсбук.

Дарвоқеъ, агар ба ин беморӣ беэътиборӣ намоем, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Имрӯз бемории ВНМО хусусан, байни ҷавонон паҳн мегардад, ки ба ояндаи онҳо таъсири ҷиддӣ расонида, бо марг анҷом меёбад.

- Соли 2018 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10 ҳазор 695 нафар расида, 7 ҳазори онҳоро мардҳо ва боқимонда 3,7 ҳазорро занон ташкил мекунанд, - мегӯяд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои аввалини беморӣ соли 1991 муайян шуда, он бештар бо воситаи истифодаи маводи мухаддир, сӯзандору, хун, инчунин, бо воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят мекунад. Сабаби бештари гирифторшавӣ ба ВНМО, пеш аз ҳама надоштани маълумоти кофӣ, сустии ирода мебошад. Бо ҷавоне, ки гирифтори ин бемористу панҷ сол инҷониб бар зидди он мубориза мебарад, суҳбати телефонӣ доштем. Нахост ному насабашро ошкор кунем.

- Ман маводи мухаддирро истеъмол мекардам, аммо аз ин беморӣ тамоман хабар надоштам. Ба корҳои шаҳвонӣ даст зада, гирифтори бемории ВНМО гардидам. Ҳоло дар назорати духтурон ҳастам ва аз ҷониби давлат дорувории ройгон мегирам. Агар тарзи дурусти табобатро ба роҳ монем, бо ин беморӣ муддати зиёд зиндагӣ кардан мумкин аст.

Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, рӯҳафтода шуда, аз ҷамъият канораҷӯӣ мекунанд, аз ҷониби атрофиён зарбаи равонӣ мебинанд, ки ин ҳолат ҳатто ба худкушӣ оварда мерасонад. Мо бо 6 нафар духтарони аз 18 то 20 - сола, ки аз минтақаҳои гуногуни вилоят ҳастанд, ҳамсуҳбат шудем.

Аз пурсиши гузаронидаамон маълум гардид, ки бештари ҷавонон сабаби сироятёбиро дар беэҳтиётии духтурони дандон медонанд, ки ин андеша хато аст ва инчунин ба андешаи онҳо беморӣ гӯё ба воситаи нафас ва салом кардан мегузарад.

Саида Муниева, мудири кафедраи дерматовенерологияи Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфт:

- Вируси норасоии масунияти одам ҳоло байни мардум, хусусан ҷавонон назар ба солҳои қаблӣ бештар шудааст. Бемориро танҳо бо роҳи ташхиси тиббӣ метавон муайян кард. Он нишонаи махсуси худро надорад, барои ҳамин бештари гирифторони беморӣ баъди муайян кардани ташхис бовар намекунанд.

Дар маркази ВНМО ба беморон роҳи мубориза бар зидди беморӣ ройгон омӯзонида мешавад.

Беморӣ бо се роҳ - аз модар ба кӯдак, алоқаи ҷинсӣ ва хун сироят мешавад.

Солимии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст. Ба тақдири гирифторони ин беморӣ бетараф набошем.

Нигора ҶӮРАЕВА,
Рӯзноманигор

Читать далее

НАЙРАНГБОЗИҲОИ НАВБАТӢ

“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпул мебошад. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.

Шоҳидони ҳол қоиланд ва ин ҳам ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки бо барқарор шудани ҳукумати советӣ, чун бобокалонҳои Мирзо Салимов (ҳоло Салимпур) иштироки фаъол дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва кормандони давлатӣ доштанд, хонахез аз ин водӣ фирор карда, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун сар мепечанд. Аслан кореро ки Салимпул такрор мекунад. «Оянда роҳнамое ҷузъ таърих надоштааст». Хислатҳое аз қабили давлатбадбинӣ, нафрат ба кормандони ҳукуматӣ, овозапароканӣ, муллову балвопарастӣ, митингбозӣ, надоштани эҳсоси миллӣ дар вуҷуди ин хомакаҷ решаи авлодӣ дошта, аз аҷдодони босмачиаш ба мерос гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, вақте Салимпур босмачиҳою наҳзатихоро ҳимоя мекунад, ӯ амалан ба ҳимояи аҷдодони худ даст мезанад.

Салимпур лаганбардор ва таблиғгари навбосмачиҳо ва кашишу ҷазабаи Салимпур ба ақидаи босмачизм-наҳзатизм ва эҳёи ин ҳаракатҳои ақибмондаи асримиёнагӣ дар махзани шайтонии «Ахбор.ком», паҳлӯҳои норавшанеро аз шаҷараи авлодии Салимпур ифшо месозад. Рост мегуфтаанд, ки хун сӯи хун мерафтааст.

Хонандаи ҷавон, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидааст, ба муаррифии бештари Салимпур ниёз дорад. Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби тахрибкорӣ ва худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракати хатарноки наҳзатӣ, вале дар асл зиддимардумӣ пайвастааст.  Салимпур, падарсолори дӯрӯғгӯён бошад, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додааст, он қадар дурӯғ коридааст, ки ҳисобаш гум аст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунад.

Наҳзати исломӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ки ин истилоҳи устувори ҳуқуқист.  Салимпур аз ҷумлаи афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст, ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари М.Салимпур намебуд, оё ба минбари ифротзадаҳо табдил меёфт? Нерӯи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанонаш сарф намекард.  

Ин хабарнигори шариатмадори кабирипараст бо ёрдамчиҳои «манбаъи иттилоотӣ»-аш ғайбату дурӯғро дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ дар пеши хоҷагонаш чаппаву воруна нишон медиҳад ва бар ивази он хоҷагонаш ба назди ӯ устухоне мепартоянд.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

Ифротгароӣ – зуҳуроти номатлуб

Ба майдон омадани гуруҳу созмонҳои мамнӯи ифротию террористӣ, аз назорат дур мондани муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоиинтернетӣ, истифода аз усулҳои номуассири татбиқи идеологияи давлатӣ дар сатҳи маҳалҳо, фаъолияти заифи аксар ҳиззбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бекорӣ аз силсилаимасъалаҳое ҳастанд, ки амнияти миллӣ ва идеологии кишвари моро зери хатар мебаранд.

Гуруҳҳои созмонёфтаи «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Ал-қоида», «Ҳаракати исломии Туркистон » ба унвони сарчашмаи хатар ба амнияти миллию давлатӣ зикр мешаванд. Ин гуруҳҳо ҳосили сиёсату бозиҳои геополитикист, ки ба онҳо як навъ ранги исломӣ додаанд ва аз ислом сӯиистифода мешавад.

Ба андешаи ман дар дурнамо хавфи таҳдиди ин гуруҳҳо ва тамоюли шомилшавии аҳолӣ ба ҳаракатҳои экстремистӣ метавонанд боз ҳам афзоиш ёбанд, зеро яке аз омилҳои асосии рушди ифротгароӣ дар ин минтақа бавуҷудоии монеаҳо дар муҳоҷирати кори аҳолӣ ба Федератсияи Руссия мебошад, ки аз ин ҳисоб сафи нафарони бекор меафзоянд ва бекорӣ яке аз заминаи асосии амалҳои ҷиноӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз дувоздаҳ то бист соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Аммо агар иштирокдорони муқовиматҳои мусаллаҳона ихтиёран тарки ифротгароӣ карда, ба Ватан баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд.

Тибқи илми этимология ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳм, таҳлука, воҳима буда, оназ ҷониби ташкилотҳо, гуруҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад.

Умуман мафҳуми терроризм ва экстримизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Имрӯзҳо низ истилоҳи «экстримизм» муаммои муҳими ҳалталаби ҷаҳон гардидааст ва Тоҷикистони мо низ аз ин амали нохуш барканор нест. Экстримистон барои расидан ба мақсади ғализашон ҷавононро аслиҳаи худ қарор додаанд. Зеро шахсони ифротгар хуб медонанд, ки мафкураи ҷавонон дар айни инкишоф аст ва онҳо шавқу рағбати зиёди донистанро доранд. Онҳо таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, зудбовару зудамал ҳастанд. Онҳо ба навдае монанд ҳастанд. ки ба кадом самт гардиш диҳӣ , ба ҳамон самт месабзанд.

Нону намаки Ватанро хӯрдану бар намакдон носипосӣ кардан аз амалҳои ҷавонмардона нест. Ҷавонмард бояд дилу забонаш як бошад.

Моро зарур аст, ки ба қадри нону намаки давлат ва миллат бирасем ва ба он нафароне, ки суханҳои ғаразнок мегӯянд, ҷавобҳои сазовор бидиҳем. Насли калонсол нагузоранд, ки насли навро ифротгарон гирифтори доми худ бисозанд ва бо ваъдаю фиреб онҳоро чун худ ғуломони зархариди хоҷагони берунӣ намоянд.

Чашм бояд боз карду ҳақиқату дастовардҳоро дид. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат зиёда аз 4000 масҷид дар хидмат қарор дорад.

Мамадҷонов Самиҷон,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Гафуров

Читать далее

Саге, ки тӯъмаи ӯ устухон аст…

Мо имрӯз дар ҷомеае зиндагӣ карда истодаем,ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафсуни сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, то рафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дорад, бинобар ин ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро овардааст.

Дар ин раванд таъмини амният , сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ,пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.

Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамараи нерӯи инсонӣ,ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд,ки ҷиҳати иҷрои онто бояд тамоми сохтори мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем.

Мо ҷавонон, ки ояндаи мамлакатем вазифадор ҳастем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Хушбахт он касест, ки Ватан дошта бошаду дар фазои Ватани ӯ саршори меҳру муҳаббат ва лабрези сулҳу салоҳият ҳукмфармо бошад.

Мадиева Ойбодом- муаллимаи кафедраи
фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии ДДХ

Читать далее

НОМАИ МАККОРОНА

Узви вобастаи ТТЭ ҲНИ Сайидюнуси Истаравшанӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз номаи табрикотӣ навиштааст. Дар номаи худ ӯ қайд мекунад, ки соли нав барои Тоҷикистон соли шукуфоӣ гардида ва корҳои ҳукумат дар асоси тарозуи адолат гардад ва ҳама тобеи  қонун бошанд.

Баъди мутолиаи мақолаи ба ном таҳлилии мазкурро ба чунин хулоса омадан мумкин аст:

Якум ин ки орзуҳо орзуҳои хуб мебошанд, вале хуб мебуд, ки барои амалӣ гардидани он ТТЭ ҲНИ бо тамоми аъзоёну фаъолонаш, ки имрӯз дар хориҷа мебошанд фаъолияти иғвогаронаи худро бас намуда бо меҳнати ҳалол машғул шаванд.

Дуюм тавре маълум аст Кабирӣ, Сайидюнус ва даҳҳо дигарон имрӯз дар хориҷа бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ба дассисабозию иғвогарӣ машғул ҳаст. Ҳамаи фаъолияти онҳо дар заминаи иғвогарию бадномкунии беасос то ба имрӯз идома дорад.

Сеюм бошад Сайидюнус боз мегӯяд бояд тарозуи адолат дар ҳамаи корҳо бошад.

Ҳамин орзуро агар барои худ ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ агар таманно кунад ва онро дар рафтори худ роҳандозӣ намоянд, хеле хуб мегарданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки онҳо дар хориҷа танҳо бо корҳои иғвогарию сиёҳкорӣ машғул ҳастанд. Тамоми корҳои мақсади фазоми сиёсии ҷомеаро дар Тоҷикистон ноором намуда ҳаёти осоиштаи мардумхор халалдор кардан мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат пойдор гардида ва шаҳрвандон бо орзую ниятҳои нек бо меҳнати осоишта машғул мебошанд.

Албатта, ин фазо ба Сайидюнус ва дигар ҳаммаслакони ӯ маъқул нест. Бинобар ин онҳо бо корҳои иғвогарию тӯҳматкорӣ машғул ҳастанд. Маҳз барои ҳамин хизматашон аз хоҷагонашон маблағ мегиранд ва дар хориҷа зиндагӣ мекунанд.

Бо ҳамин табрикоти маккоронаи худ Сайидюнус мехоҳад обро лой намуда ҷомеаро фиреб диҳад ва худро хайрхоҳ нишон диҳад. Лек онҳо ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Имрӯз аҳли ҷамъияти моро масъалаи экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Терроризм ин ҳодисае мебошад, ки барои тинҷию оромӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ба тамоми ҷомеаи мо хатар пайдо мекунад.

Айни замон гурӯҳи террористон, ки онҳо ғаразҳои сиёсии худро фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳи террористи пеш аз ҳама вайрон кардани оромии давлати демократӣ мебошад. Ба ҳамаи мо маълум мебошад, ки гурӯҳҳои террористон барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба дин такя мекунанд, ки ба дини ислом хеҷ алоқаманди надорад.

Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дар замони муосир зиёд шудааст. Баъзе аз ҷавонон шаҳрвандони ҷумҳурии мо аз номи гурӯҳи давлатии Исломии меҷанганд, ки хеле ташвишовар аст. Айни хол дар давлати мо ҷавонон шароити фаоъолияти кори ва таҳсил кардандро доранд.

Имрузҳо хамаи ҷавонон дар шабакаҳои интернетӣ , бо воситаи ахбори омма бо тариқи газетаҳо огоҳ ҳастем, ки дар давлатҳои исломи вазъият чӣ гунна ноором аст. Бинобар ин мо бояд аз ин фикру ақидаҳо баргашта, ҳамаи қувваю маҳорати худро баҳри беҳдошт намудани ваъзи оромии мамлакатамон сафарбар намоем.

Ф.Холматова,
устоди кафедраи молияи ва қарзи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Гафуров 

Читать далее

Фитнаҳои навбатии наҳзатиён

Иғво ва фитна андохтан байни мардум ҳаргиз инсонро ба мақсуд намерасонад ва дини ислом ҳам, пеш аз ҳама,ваҳдату меҳрубониву якдигарфаҳмиро эътироф менамояд. Дар ҳар ҳодиса ва воқеа ҳатман ду ҷиҳати фаҳмиш ҳаст, ин ки тарафи хуб ва бад, ё манфиатбахш ва зиёновар. Барои ҳамин набояд масъалаеро якҷиҳата фаҳмид.

Ҳодисаҳои нохубу дилгиркунандае, ки солҳои охир дар арсаи ҷаҳонӣ ва баъзан қаламрави Тоҷикистони азизамон ба вуқӯъ омад, ба туфайли гумроҳиҳои маҳз ҷавонон рух дод ва рух дода истодааст. Чандин нафар ҷавонон аз дуруст дарк накардани дини ислом, ки мусалмониро танҳо дар намоз хондан, риш мондану сатр пӯшидан медонанд, ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастанд.

Ин ноогоҳиҳо ва нофаҳмиҳои маҳз ҷавонон ва наврасон боиси нороҳативу ноосудагии ҷомеа гашта истодааст. Онҳо моҳияти аслии дини исломро нафаҳмида ба зоҳирпарастиву худпарастӣ пардохтаанд, бехабар аз он, ки дар дини ислом муҳим ботин аст. Дили софу беолоиш, иттифоқ, дилеро таскин бахшидан, ободкорӣ, дасти мадад ҳамеша дароз кардан ва муҳимтар аз ҳама сулҳу ваҳдатро дар байни мардум ҷорӣ кардан ва онро ҳифз намудан аст.

Муқаддас Неъматова,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Гафуров 

Читать далее

ҲУШЁРИИ СИЁСИРО НАБОЯД АЗ ДАСТ ДОД!

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ашхос ё гурӯҳҳои мухолифине ҳастанд, ки ба тинҷиву оромӣ ва истиқлолияти давлатии хеш шукрона накарда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мехоҳанд, аминияти Ватани хешро халалдор кунанд.

Аз як ҷиҳат равандҳои бузурги геополитикӣ мамлакати кӯчаки моро низ дар канор монда наметавонад. ҲНИ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ кӯшиш кард. Аммо тири онҳо хок хӯрд. Ба мақсади нопоки худ нарасиданд, ин бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ислом ва фарҳанги исломӣ дар тӯли чандин садсола пойдевори ҳаёти маънавии халқи тоҷик буда, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз сиёсат то муносибатҳои маишӣ-оилавӣ ворид гардидааст, аз ин рӯ, дин ва ташкилоти динӣ дар системаи ҳаёти сиёсии ҷамъият мавқеи махсусро доранд. Аммо фаҳмонидани ин масъала, кори аз ҳама муҳим аст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби боз якчанд нафар ашхос, ки тоҷик ҳастанду давлати хориҷа умр ба сар мебаранд «Форуми озодфикрони Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Таъсисдиҳандагони ин форум ҷурналист Темур Варқӣ, раиси ҳизби сотсиал-демократӣ дар ВМКБ Олим Шерзамонов, ҷурналисти дигар Равшан Темуриён ва Сайидюнуси Истаравшанӣ ташаббускори ин форум ҳастанд. Дар баромадҳои худ онҳо ишора ба он доранд, дар Тоҷикистон озодии сухан, матбуот умуман озодфикрӣ вуҷуд надорад. Ҳайратовар аст, ки онҳо натанҳо зидди давлату ҳукумати Тоҷикистон баромад намуда истодаанд, инчунин тарафдори М.Кабирӣ низ нестанд. Аз ин ба хулоса бояд омад, ки ашхос ё гурӯҳе, ки ба Ватани худ бевафо ҳастанд, ба ягон кас содиқ ва дӯст шуда наметавонанд.

Хулоса, замоне фаро расидааст, ки мо ҷавононро аз раҳгумзанӣ ва ҳамроҳшавӣ ба сухани чунин шахс ё гурӯҳҳои нохалаф боздорем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия намоем.  

М.ШАРИПОВ,
устоди кафедраи таърихи  Ватан ва археологияи ДДХ

Читать далее

ҲНИ сарчашмаи ифротгароӣ

Ҳизбу ҳаракатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом меҳисобанд.

Бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоту вазоратҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниятҳои номатлуби  ҳизби наҳзат  фош гардонида шуданд. Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд.

Дар баробари ҳамаи ин бархе низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд, ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад.  Мутаассифона, баъзе афроди ҷомеа ба ақидаҳои ботили ифротгароён дода шуда, ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегарданд. Бештари ин гуна афродноогоҳ мебошанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги гурӯҳҳои ифротӣ дода шуда, зиндагии худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ рохбари ҲНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷангзада бархе шаҳрвандони кишвари мо бевосита иштирок карда, ҳалок шуданд.

Дар шароити имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷахон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он ҷиҳати вусъат ёфтани низоҳои мазҳабӣ ва арзи ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзи зиракии сиесии шахрвандон аҳамияти бағоят мухимро касб менамояд.  Вале ин падидаи номатлуб на танҳо пайванди худро аз манзилҳои харобкардаи худ кандани нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро дорад.

Мо ҷавонон тарафдори сулҳу озодӣ ҳастем ва то ҷон дар бадан дорем барои ватани азизамон Тоҷикистон хидмат намоем.

А.Файзиев,
устоди ДДХ

Читать далее

Омилҳои пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонй ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад. Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ – фаъолиятҳои худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафҳои худ ва содир кардани чиноятхри экстремистӣ ва террористй равона кардаанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидӣи экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро талаб мекунад.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020 ҳуҷҷати барномавӣ буда, ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бар зидӣи экстремизм ва терроризм муайян мекунад.

Баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб такмили заминаи ҳуқуқӣ ва сохторӣ, мусоидат ба ташаккули муносибати шуур ва рафтори таҳаммулпазиранда, муттаҳид намудани кушишҳои мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ дар деҳот ва деҳот, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти салоҳиятдор дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор зарур аст.

Нилуфар АБДУВАЛИЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее