August 2019

31 August 2019

Тамарина гора - символ борьбы с басмачеством

В дни рабочей поездки Президента Республики Таджикистан уважаемого Лидера нации Эмомали Рахмона в район Сангвор (бывший Тавильдаринский) был поднят вопрос об официальном названии одного из горных пиков именем Тамары.

Читать далее

30 August 2019

Раҷаббой Аҳмадзода: Рисолати мо - татбиқи ҳадафҳои воло!...

Санаи 30 – юми августи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарият ва намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатии вилоят ширкат варзиданд.

Машваратро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии корӣ ва дар ҷаласа бо фаъолони вилоят, ки санаи 24 - уми августи соли равон ироа гардиданд, ибрози назар намуд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш

Устодону омӯзгорони муҳтарам, донишҷӯён ва хонандагони гиромӣ!

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 1 - уми сентябр ҳамчун оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо як ҷаҳон ифтихору саодат аз ҷониби маорифчиён ва аҳли ҷомеа таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, кулли устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии вилоятро табрику таҳният гуфта, дар раванди таълим ва омӯхтани илму маърифат дастовардҳои беназир орзу менамоям.

Нақши муаллим дар афрӯхтани чароғи илму маърифат басо бузург буда, боло рафтани мақому манзалати омӯзгорони заҳматпеша дар ҷомеаи имрӯза боиси хушнудӣ ва ифтихор аст. Омӯзгорон баҳри беҳтар ва густурда ба роҳ мондани раванди таълиму тадрис усулҳои нави таълимро омӯхта, дар фаъолияташон истифода мебаранд, то ки хонандагону донишҷӯён ҳамқадами замон бошанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе»-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар кӯли “Душанбе”, аз ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти фароғатии ин ҷо шинос шуданд.

Читать далее

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти рақами 89 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода гузориш дод.

Читать далее

ПАЙМОНИ ХУНИН

 

Барои ҳар як миллати худогоҳ давлати мустақил, тамомияти арзӣ, парчами болафшон ва оромии ҷомеа аз бузургтарин муқаддасот ва арзишҳо буда, беҳтарин неъмат ба шумор меравад.

Читать далее

РЕВОМУТК РУШД МЕЁБАД

Барои ҳар фард он маконе, ки таваллуд ёфт, ватан аст ва он ҷо барояш азизу муътабар аст. Ҳар шахси солимақлу солимандеша мекӯшад, манзилу маконашро обод намояд, барои худ ва аҳли хонадонаш шароити шоистаи зиндагиро муҳайё созад.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба қавле, зодаи даврони Истиқлолият аст. Ҳарчанд ин хоку обу замин сарзамини аҷдодони мо аст, бо сабаби барои зиндагии муътадил шароитҳои муносиб надоштанаш аксари мардумаш ба водиҳо кӯч баста буданд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ба қавле, ин кӯҳҳои сарбафалаккашида, шаху дараҳо, талу теппаҳо гӯё ҷони дигар гирифтанд, аз нав ба ҳаёт эҳё гардиданд. Боз мардум дар деҳаҳо манзил сохтанду хонаҳо бунёд намуданд. Боз ин заминҳои нарму санглох ва сернам ба майдонҳои кишти зироат ва ба ризқрасони мардум табдил ёфтанд.

 Юнус Юнусов дар зодгоҳаш - деҳаи Ревомутк солиёни зиёд аст, ки Хоҷагии деҳқонии «Ревомутк» созмон дода, дар он зироат кишт мекунад ва бо ин амали худ ҳам ризқу рӯзии аҳли хонадонашро меёбаду ҳам чандин нафарро бо кор таъмин намудааст.

Ба суоли мо дар бораи он, ки кадом зироатҳоро кишт мекунад ва деҳқонӣ дар шароити ноҳия чигуна аст, ӯ гуфт:

- Алҳол Хоҷагии деҳқонии «Ревомутк» дорои 93 гектар замин аст. Аз он соли равон дар 27 гектар картошка кишт кардем. Чиҳил гектар боғи дарахтони меваи зардолу, себ, нок, гелос, чормағз дорем, ки ҳар сол аз он ҳосили дилхоҳ мегирем. Дар панҷ гектар гандуми тирамоҳӣ кишт кардаем, инчунин аз 5 гектар зироати хӯроки чорво мегирем. Имрӯз, рости гапро гӯям, мардуми деҳа бо рӯҳияи қаноатмандӣ ба кори кишоварзӣ даст мезананд. Чаро? Чунки дар солҳои соҳибистиқлолӣ замин ба ихтиёри худи деҳқон дода шуд, ки алҳол кадом зироат барои вай манфиатовар бошад, мекораду аз он даромад мегирад. Дар хоҷагӣ 88 нафар коргар фаъолият мебаранд. Ба қавле, ҳар кадоме бо дасту поку дили гарм вазифаи худро баҷо меоранд ва аз ҳосили бадастовардаашон рӯзгорамон фаровону дастархонашон пурнозу неъмат аст. Имсол ният дорем, аз ҳар гектар ҳосили 350 - 400 сентнерии картошкаро ба даст орем. Дар ин бобат заҳмати саҳмдорони хоҷагӣ Амин Наимов, Мирзошариф Юнусов, Ниёз Ёқубов, Давлат Алиев қобили таҳсин аст, ки туфайли меҳнати сидқидилонаашон ҳар сол ҳосили бештар аз чорсад сентнерии картошка ба даст меоранд.

Боғбонони гулдасти хоҷагӣ, пайвандгарон Ҷумъагул Ҳоҷиева, Нормуҳаммад Норов, Наврӯз Юнусов ва дигарон, ба қавле, тамоми сол аз пайи нигоҳубини ҳар дарахти меваи боғ шуда, онҳоро ба шакл медароранд, шохаҳои хушкшударо мебурранд, боғоти нав бунёд мекунанд.

- Санаи 17 - уми августи соли равон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳар сол рӯзи шанбеи сеюми моҳи август гузаронидани Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр доир намудани Иди себ ба тасвиб расид. Дар ин радиф оё дар хоҷагӣ нақшаҳои нав тарҳрезӣ шуданд?

- Ин тадбир, албатта, баҳри он аст, ки мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик дар бобати рӯёндани навъҳои нав ба нави ангур ва себ иқдомҳои тоза рӯйи кор оранд, то ки дастархони сокинони диёрамон боз ҳам аз анвои меваҳои хуштаъму болаззату биҳиштӣ фаровон гардад. Дар ноҳияи мо бо сабаби баландкӯҳ буданаш бунёди токзор хеле мушкил аст. Вале бовуҷуди ҳамин боғу токпарварон, мардуми баори ноҳия бо заҳмати беандоза токзор бунёд мекунанд ва майдони онро сол аз сол афзун мегардонанд. Аҳли Хоҷагии деҳқонии «Ревомутк» низ ба нақша гирифтаанд, ки дар радифи Амри Сарвари давлат боғоти навъҳои нави себи хубонӣ ва токзори нав бунёд намуда ҳосили онро пешкаши мардуми диёр гардонанд.

- Бо мақсади рушди бемайлони деҳаҳо, бахусус деҳоти дурдаст бо ибтикори Президенти кишвар солҳои 2019 - 2021-ум “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Дар ин радиф кадом ободкориҳо ба амал омаданд?

- Ба шарофати соҳибистиқлолӣ, агар як деҳаи худамонро мисол орам, хеле пешравиҳо дар ҳама соҳаҳо ба амал омаданд. Маркази саломатӣ чанд муддат инҷониб ба мардум хизмати саривақтии тиббӣ мерасонад, ки сокинон ба маркази ноҳия сарсон намешаванд. Ба қарибӣ ташхисгоҳ низ ба фаъолият оғоз кард, ки ташхиси хуну дигар таҳлилҳо дар худи деҳа анҷом дода мешаванд. То ин вақт бошад, сокинон баҳри ташхис ба маркази ноҳия мерафтанд. Дар чаҳор - панҷ нуқтаи фурӯшгоҳи дар деҳа бунёдшуда сокинон тамоми маҳсулоти ниёзи худ, молҳои рӯзгорро метавонанд пайдо кунанд. Дар деҳа оби ошомиданӣ барои мо муаммо буд. Ба наздикӣ бо қувваи сокинон ба масофаи 3 километр қубур шинонда, об овардем ва алҳол ин муаммо ҳалли худро ёфтааст. Давоми ду соли охир ба масофаи чанд километр ҷӯйҳо бетонпӯш карда шуданд. Ҳамаи ин пешравиҳо баҳри он мусоидат карданд, ки зиндагии мардум дар кӯҳистон торафт рӯ ба беҳбудӣ оварад, осон гардад.

Ҳамаи ин неъматҳо - зиндагии осоишта, ваҳдату ягдигарфаҳмӣ албатта, аз суботи сиёсии кишварамон аст, ки бо талошу ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатамон ба даст омадааст.

Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат дар ноҳия сол аз сол пешравиҳо, дигаргуниҳо ба амал омада истодааст. Ҳини ташрифи дирӯзаи Пешвои миллат ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки санаи бистуми август сурат гирифт, дар маркази маъмурии ноҳия боз ҳам, иншооти зиёд ба истифода дода шуданд. Беморхонаи марказии ноҳия ба фаъолият оғоз намуд. Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дари худро ба рӯи сокинон боз кард, ки баҳри сокинон хеле қулай шуд. Роҳҳои маркази ноҳия асфалтпӯш гардиданд. Парафшон шудани Парчами миллӣ, қомат рост кардани Нишони давлатӣ ба ҳусни ноҳия таровати тоза зам кард. Ҳамаи ин сокинони ноҳияро ба бунёдкориву созандагии нав ба нав ҳидоят мекунад.

Рӯирост бояд иқрор шуд, муаммои асосӣ дар ноҳияи мо мушкилии роҳ аст. Ин масъала низ ҳалшаванда мебошад. Ҳини ташрифи дирӯзаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарияти ноҳияро баҳри ҳалли ин масъала вазифадор намуданд. Ин ғамхориҳои пайваста, ки баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри ҳар як сокини кишвар нигаронида шудааст, мо, сокинони ноҳияро масъулиятнок мегардонад, ки баҳри пешрафти кишвар, ободиву осудагӣ, ваҳдату ягонагӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ бо меҳнати созанда саҳмгузор бошем.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

29 августи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитойро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз робитаҳои судманди ду кишвар - Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти истеҳсолот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки “Зарнисор” ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо муассисони ширкати “Миг Юнайтед”

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассисони ширкати амрикоии “Миг Юнайтед” Бурдей Ричард ва Олга Аранштенро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, оид ба вазъи соҳаи саноат маълумот дод. Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст ва барои расидан ба ин ҳадаф то соли 2021 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Зикр карда шуд, ки ҷониби вилоят омода аст ҳамкориҳоро бо сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшида, барои таъсиси корхонаҳои муштарак аз тамоми имкониятҳо истифода намояд.

Читать далее

29 August 2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатӣ супориданд

29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

Читать далее