03 September 2019

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ректори Донишгоҳи федералии Қазон Илшот Ғафуров

Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ректори Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Россия Илшот Ғафуровро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф таъмин гардида, барои таҳсили донишҷӯён тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Рӯзи 2 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни сафари кории худ ба шаҳри Конибодом собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят дар ин рӯз аз ҳоли собиқадорон Шарофатҷон Ваҳҳобова ва Омина Иброҳимова, ки солҳои дароз барои рушди соҳаҳои гуногун заҳмат кашидаанд, хабар гирифта, онҳоро ба муносибати фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихи миллат 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Читать далее

Дар хоҷагиҳои кишоварзии Конибодом маъракаи пахтачинӣ оғоз ёфт

2 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом маъракаи пахтачинӣ оғоз ёфт.

Дар ин рӯз Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии ба номи Д.Исоев ташриф оварда, бо кишоварзон суҳбат намуд. Дар аснои суҳбат иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоев дорои 138,64 га замин буда, дар он 94 саҳмдор фаъолият доранд. Кишоварзони хоҷагӣ соли равон дар 80 гектар пахта, 8 гектар гандум, 8 гектар ҷуворимакка ва 7 гектар беда кишт намудаанд.

Читать далее

Баррасии муроҷиати шаҳрвандон масъалаи муҳим

Санаи 2-юми сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарои сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Раиси вилоят қабл аз баррасии масъалаҳои шаҳрвандон таъкид дошт, ки эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом

Санаи 2-юми сентябри соли 2019 Раиси вилоят Рачаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.  Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

- Мулоқоти мову Шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми ҷумҳурӣ, алалхусус сокинони сарбаланди вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки ҳангоми сафари корӣ дар вилоят 20-25 августи соли равон баён гардиданд, ҷиҳати бо дастовезҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии ин иди умумимиллӣ бо азму талоши нав аҳлона меҳнат карда истодаанд, - зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Читать далее

Оғози мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Конибодом

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида шуд.

Чуноне дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ иттилоъ дода шуд, кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони маҳалла ба дарозии 700 метр мумфарш карда мешавад. Барои анҷоми корҳо 175 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, пудратчӣ муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом мебошад.

Читать далее

Ифтитоҳи ду толори варзишӣ дар шаҳри Конибодом

Рӯзи 2 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Конибодом дар маросими баистифодадиҳии ду толори варзишӣ ширкат варзид.

Яке аз ин толорҳои варзишӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Конибодом ҷойгир буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Тўлқунбой Деҳқонов бо харҷи 400 000 сомонӣ сохта шудааст. Бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав беш аз 500 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хуб ба варзиш машғул шаванд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳри Конибодом

2 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ва гузаронидани қабули шаҳрвандон ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят сараввал дар маросими ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 –и шаҳр иштирок кард.

Читать далее

ҲАДАФИ “СУFДИЁН” МУАРРИФӢ ДАР ҶАҲОН

Дар арафаи ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии иборат аз 10 ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тазаккур бояд дод, ки меҳмонхонаи мазкур дар заминаи собиқ меҳмонхонаи «Ленинобод» азнавсозӣ гардида, таъмини имкониятҳои хизматрасонии муосир барои меҳмонону сайёҳон ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонхона биноест, ки ҷои истиқомати муваққатии мусофирон ва меҳмонон ба шумор рафта, ҳуҷраҳои алоҳидаи зистро дорост. Баробари вусъат ёфтани робитаю алоқаҳои иқтисодии байналхалқӣ ва туризм сохтмони меҳмонхонаҳо тадриҷан зиёд мегардад. Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз меҳмонхонаҳои тобеи муассисаҳо 46 меҳмонхона барои 4298 нафар мавҷуд буд, ки «Ленинобод» дар қатори машҳуртарин ва калонтарин дар ҷумҳурӣ номнавис гардидааст. Он ҳанӯз соли 1976 бунёд ва ба истифода дода шуда, сайёҳону меҳмонони кишвар дар ин макон маскан гирифта, зебоиҳои гирду атрофи шаҳри Хуҷандро аз баландӣ тамошо мекарданд.

Бо мурури замон бинои меҳмонхона эҳтиёҷ ба таъмиру азнавсозӣ пайдо карда, мутобиқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи додани иҷозат барои азнавсозӣ» дар бинои ҶСК Меҳмонхонаи «Ленинобод» корҳои азнавсозӣ оғоз гардид. Сохтмончиён дар ин давра заҳмати беандоза кашида, биноро пурра таъмир ва дар қисми пеши он бинои иловагӣ сохтанд. Минбаъд мардум меҳмонхонаро бо унвони «Суғдиён» мешиносанду аз хизматрасониҳои муосири он бархурдор хоҳанд гашт. «Суғдиён» дорои 172 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи люкс буда, дар як вақт метавонад ба 300 нафар хизмат расонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳарчанд дар шаҳри Хуҷанд 13 ва дар ҳудуди вилоят 54 меҳмонхона бо фарогирии беш аз 2 ҳазор мизоҷ дар як вақт амал дорад, аммо дар маркази шаҳр, дар соҳили рӯди Сир ва шафати боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ қарор гирифтани чунин як меҳмонхонаи замонавӣ хотири меҳмононро шод ва табъи маскунони муваққатиро болида мегардонад. Зеро тамоми 8 ошёнаи болоии меҳмонхона дорои ҳуҷраҳои бо усули замонавӣ оро ва муҷаҳҳазонидашуда буда, бархе аз ҳуҷраҳо бо мақсади муаррифии шоистаи анъанаҳои миллии тоҷикона нақшбандӣ гардидааст.

Нафари вориди меҳмонхона шуда нахуст аз тамошои толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, ҳамчунин ҳунарҳои дастии ҳунармандон баҳраманд гашта, аз анъанаҳои неки ниёгони халқ бархурдор хоҳад шуд. Дар нуқтаи қабули меҳмонон кормандони хушахлоқу дорои хислатҳои ҳамида, масъулиятшиносу маҳорати касбидошта ва донандаи чандин забони хориҷӣ ба пешвоз баромада, меҳмонону сайёҳонро бо шароити истироҳатии меҳмонхона шинос хоҳанд кард.

Меҳмонону сайёҳон ҳамчунин метавонанд аз хизматрасониҳои толори маҷлис барои 60 нафар, толори варзишии дорои таҷҳизоти варзишӣ, маҷмааи фароғатӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми туркӣ, буғхонаҳои хушку нам, кошонаи ҳусн, нуқтаи гиёҳдармонӣ ва дигар иншооти хизматрасон бархурдор бошанд. Ҳуҷраҳо бо оинаи нилгун, яхдон, телефон, шабакаи интернет, лавозимоти гигиенаи шахсӣ муҷаҳҳаз буда, арзиши хӯроки наҳорӣ, истифодаи шабакаи интернет, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳ ройгон аст.

Директори меҳмонхона Абдумалик Содиқов иброз медорад, ки «Суғдиён» дар вилоят калонтарин ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, азнавсозии ин гуна иншоот боиси муаррифии шоистаи санъату тамаддуни пурғановати тоҷикона барои хориҷиён мегардад. Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, манзури оламиён гардонидани иншооти сохташавандаи тоҷиконаю муаррифии табиати зебою нотакрори кишвари биҳиштосо ва имконоти зиёди туристидошта шаҳодатгари меҳмондӯстии халқи тоҷик мебошад.

Пас аз баистифодадиҳии меҳмонхона рӯзи дигар қатори меҳмонҳо ду нафар сокини кишвари Австралия - Батрум Ричард Бохдан ва Фейрли Салми Терис меҳмони мо шуданд.

Ричард Бохдан таассуроташро аз сафараш ба шаҳри Хуҷанд нек арзёбӣ намуд. Барои ӯ махсусан боду ҳавои мусоиди назди дарё ва тамошои Маҷмааи таърихии «Боғи Камоли Хуҷандӣ» писанд омадааст. Хушмуомилагии роҳбалади меҳмонхона ва донистани забони хориҷӣ, ки боиси бемамоният гуфтугӯ кардани онҳо шуд, меҳмононро шод гардонид. Рисолати меҳмонхона низ дар ҳамин аст, ки ба мизоҷон хизматрасонии босифатро пешниҳод намуда, барои онҳо шароити мусоиду бароҳатро фароҳам оварем, - қайд кард директори меҳмонхона.

Салми Терис бошад, дар китоби қайди меҳмонхона ва навори хотиротии он иброз медорад, ки «Тирози ҷаҳон» будани шаҳри Хуҷандро шунида буду акнун бо чашмонаш дид. Ба Салми бахусус меваҳои тару тозаи табиӣ, ки бо дастони худ аз шохи дарахти анҷиру себ ва шафтолу кандааст, писанд омадааст.

– Гумон намекардам, ки харбузаи аз палак кандашуда чунин бӯи хушу гуворо дорад, - мегӯяд меҳмони австралиягӣ.

Боиси тазаккур аст, ки то ин муддат дар қатори дигар меҳмонони дар «Суғдиён» истироҳатдошта 21 нафар хориҷӣ, аз ҷумла аз давлатҳои Исроил 4 нафар, Озарбойҷон 2 нафар, Ӯзбекистон 7 нафар, Федератсияи Россия 4 нафар, Олмон 1 нафар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 1 нафар дар ҳуҷраҳои барҳавои меҳмонхона истироҳат доштанду аз меҳмоннавозии хоси тоҷикона бархурдор шуданд.

Шароити хизматрасонӣ ва имконоти васеи истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон дар ин иншооти замонавӣ масъулони меҳмонхонаро ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани он водор сохта, барои ҷалби бештари мизоҷон дар оянда таҳияи сомонаи интернетӣ, истифодаи васеи роҳҳои гуногуни таблиғу ташвиқ, шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои махсуси сайёҳӣ ва меҳмонхонавӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии дохилӣ ва беруна, ташкилоти байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, варзишгарон бошад, ҳадафҳои асосии пешгирифтаи масъулони «Суғдиён» мебошад.

Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАРОВАТИ БОFИ “ОЛАМИ АНГУР” ВА ШАҲДИ ЗАҲМАТ

Суҳбати мо бо раиси Хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» - и Ҷамоати деҳоти Марҳамати ноҳияи Ашт шахси ташаббускору навовар дар самти хоҷагидорӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов вобаста ба баргузории Иди ангур дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

ӯ изҳор намуд, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 - уми августи соли 2019 дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ, барои аҳли заҳмати Хоҷагиҳои деҳқонии «Ифтихор» ва «Олами ангур» рӯҳбаландии беқиёс бахшид, зеро ин амали арҷгузорӣ ба ҳосили боғу токзор буда, тадбири беназир аст. Гумон мекунам, ин меваи соҳибистиқлолӣ ва идҳои сирф миллии мо маҳсуб мешавад. Иди ангур, ки дар канори соҳили Сир дар мавзеи меҳмонхонаи фараҳафзои «Суғдиён» бо ҳузури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирмону пурвусъат доир шуд, фазои саодатмандӣ бо азму нияти поку дилҳои кушоди боғдорону токпарварон, полезкорону ҳунармандони асили миллати тоҷик рангорангу беғубор буд. Ин бахти заҳматкашон, кишоварзону меҳрпайвандони обу замини диёри биҳиштосоямон мебошад.

- Оё Хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» дар самти иди хосаи ангур кору пайкорашро боз ҳам мушаххасу ҳадафманд ба роҳ монда, мавқеи ҳосилрасониро устувор нигоҳ медорад?

- Албатта, мақсади кишоварзону токпарварони мо ба рушди боғдорӣ нигаронида шудааст ва бо боварии том гуфта метавонем, ки имрӯз заҳмати аъзои хоҷагӣ дар дувоздаҳ гектар боғи ангури замонавӣ, чунонки мегӯянд, токзори меваҳояш гуногун хеле калон аст.

Аслан ниҳоли ток ба камобӣ устувору пуртоқат аст, вале мо барои парваришу ташкили корҳои кишоварзӣ ва азхудкунии қитъаҳои бекорхобидаи замин ва обчакориву полезкории аъзои хоҷагӣ як чоҳи амудӣ кофтаву оби ҷонбахши он нерӯмандии замину афзуншавии ҳосилот шуд. Аз ин ҷиҳат, аз моҳи март сар карда, давоми навад рӯз боғи ангурро бо ниҳолҳои токи серҳосилу хушсифат вусъатобод намудем. Ҳоло дар боғи мо сенздаҳ навъи ангур вуҷуд дошта, ниҳолҳои ток бо решаҳояшон аз панҷ давлати дунё ворид карда, парвариши агротехникиву агрономии онҳо ба роҳ монда шудааст.

- Мегуфтед, ки ниҳолҳои ток, ки ангурҳои хушсифат медиҳанд, ба кадом кишварҳо хос аст ва чӣ хусусияте доранд?

- Аввал ба қисми дуюми саволатон ҷавоб ҳамин аст, ки навъҳои ангур пешпазак буда, ҳосили он бо сарҳои бутун ва донаҳои қаҳрабоӣ барвақт мепазад, ҳусайнии сиёҳ ва сафед, кишмиши зард, сиёҳ, тоифӣ, шоҳона, аз Австрия, Испания, Украина ва ӯзбекистон оварда шудаанд. Тоҷикистони биҳиштосоямон макони ангурҳои шаҳдбор буда, бо ширинӣ, хушсифатӣ ва давогиашон умуман дар миқёси боғҳои ҷаҳон назир надоранд, қиёснопазиранд, кишварамон аз нури офтоби оламтоб саршор аст, ангурҳои боғи дилкушои мо саросар баҳраварӣ аз он доранд.

Дар боғи «Олами ангур» меваҳои шаҳдбору ангури ширину гуворои содиротӣ мерӯянд, парвариш меёбанд ва дастархони ҳар хонадону мардуми манотиқро нур мебахшанд.

- Хуб, ба фикри Шумо боғ кадом вақт ба ифодаи худатон, нурбор мешавад?

- Дар кори деҳқонӣ, боғкорӣ ва зироатпарварӣ тухмии хушсифат, пайванди ниҳолҳои серҳосил ва созгори ҳар минтақа, таркиби хоку обу замин нақши муҳим дорад. Боғи ангури мо аз ниҳолҳои хушмеваву серҳосил таркиб ёфтааст. Ба ниҳолҳои ток навъҳои серҳосилу ба шароит мутобиқшавандаро пайванд карда, аз замин се метр боло, ба ҳавозаҳо бардошта шудааст. Ба нигоҳубини агротехникӣ ва ҳифзи растанӣ эътибори махсус медиҳем. Буридани навдаҳои ток, хомтоккунӣ ва сарҳои ангурро аз равзана ҳамоил кардан ва дигар амалҳои боғдорӣ саривақт ва бо сифати баланд гузаронида мешаванд. Замини ниҳолҳои ток аз алафҳои бегона озод буда, ҳамеша дар ҳолати шудгор нигоҳ дошта мешавад. Вақте ки замини атрофи решаҳои ниҳоли ток нарму дар ҳолати хуб мебошад, решаҳо қувват мегиранду ба пухтани сарҳо ва донаҳои ангур мусоидат менамоянд. Боғи «Олами ангур» хусусияти аз дигар боғот фарқкунандаи хос дорад. Навоварие намудем, ки дар боғоти дигар гумон мекунам, вуҷуд надорад. Ниҳолҳои ангури кишмиши сиёҳу зард, махсусан сиёҳи бедонак, тезтар мепазад, ки ин навъ талабгорони зиёд дорад. Ин навъи ангур дар минтақаи ҷануби кишвар - Ҳисор ва мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то понздаҳ - бист рӯз пеш мепазанд ва харидоргиранд.

Мо ангури навъи дерпаз ҳам дорем, ки дар саҳроҳои Хоҷагии деҳқонии «Ифтихор» парвариш карда мешаванд. Сифаташ аъло, қанднокиаш афзун дар ҳолати талабот буда, дер нигоҳ дошта мешавад. Воқеан, ангури кишмиши сиёҳро дар замин хушк карда, бо намуди мавиз содирот менамоем, ки барои ин амал, аъзои хоҷагиамон таҷрибаи хуби корӣ доранд.

- Дурнамои «Олами ангур» - ро чӣ гуна тасаввур менамоед?

- Мегӯянд, ки нақша корро ба меъёр медарорад, дурнамо ин роҳнамо, ин меҳвари фаъолияти мост. Бо нақшаву дурнамо боғи «Олами ангур» - ро вусъатпазир медонем. Ҳамин сол барои беҳбуди кор гармхонаи замонавӣ бунёд карда, дар ин самт дар Ҷумҳурии ӯзбекистон таҷрибаи хуб омӯхта омадем. Дар гармхона ангури наву тару тозаи кишмишҳои сиёҳу зард дар зарфи чаҳор соат ба мавизи хушсифат табдил мешавад. Дар миқёси вилоят чунин гармхона вуҷуд надорад.

Чизи дигар ин аст: мо ду сардхона бунёд намудем, ки барои нигаҳдории ангур дар муҳлати дуру дароз мутобиқ мебошанд. Ба фаъолияти сардхонаҳо дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ашт оғоз бахшидем, таҷҳизоти яхдонии онҳо аз Федератсияи Россия ворид карда шудаанд. Аллакай маҳсулотро барои фасли зимистон омода менамоем. Ангурҳои шаҳдбор дар ҳаҷми 400 тонна захира карда мешаванд.

Пас аз суҳбат бо фаъолияти хоҷагии дигари ангурпарварӣ, ки Бахтиёр Мақсудҷонов сарвар аст, шинос шудам. Хоҷагӣ 4,4 гектар боғоти ангур дорад, ки се сол пеш ташкил ёфтааст, бо гузашти вақт домони боғ ба чор садяк васеъ карда шудааст. Роҳбари хоҷагӣ чаҳор сол қабл ба шаҳри Турсунзода рафта, кору пайкори профессор, ангурпарвару боғбони номӣ Ҳоҷӣ Неъматро амиқ омӯхтааст.

Рушди боғдорӣ, ангурпарварӣ самти сердаромади иқтисоди миллӣ буда, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва оилавии ҳар узви Хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» мусоидат хоҳад кард.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее