05 September 2019

Эътибор ба соҳаи кишоварзӣ - омили рушд

Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар даврони Истиқлолият ҷиҳати ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон имконият фароҳам оварда шуд, ки соҳиби замин гарданд. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо дасту дили пок меҳнати содиқона менамоянд.

Имрӯз дар ноҳия 2600 хоҷагии кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд. Соли ҷорӣ кишоварзон дар майдони 4428 гектар картошка ва дар 1400 гектар замин сабзавоту полезиҳо кишт намуданд.

Имсол ҳосили ҳамаи зироатҳо фаровон гардид, ҳатто кишоварзон аз заминҳои лалмӣ ҳосиле ба даст оварданд, ки дар ин даҳсолаҳо нишондиҳандаи беҳтарин аст. Кишоварзони ноҳия ният доранд ҳосили картошкаро ба 120 ҳазор тонна расонанд ва дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд.

Бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯз дар хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой корҳои сохтмонӣ идома дорад. Амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб ба рушди ноҳияи Деваштич мусоидат менамояд.

Зеро бо бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим дар қаламрави ноҳия 5 ҳазор гектар замин обёрӣ ва ҳолати мелиоративии 12 ҳазор гектар замин беҳтар гардида, ҳазорон ҷойи кории нав ташкил мешавад.

Аз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳо ба Пешвои муаззами миллат миннатдории самимии кишоварзони ноҳияро иброз менамоям.

Алиҷон МУҲАММАДИЕВ,
раиси Хоҷагии  деҳқонии «Муҳаммадиев»,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфт

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи А. Қушатов шинос шуд ва ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳусни оғоз бахшид.

Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, саҳми кишоварзону пахтакорони соҳибтаҷрибаи он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас мебошад.

Читать далее

ДАР АФКОРИ ҶАВОНОН АНДЕШАИ СОЛИМРО ПАРВАРЕМ

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки ба халалдор кардани сохибистиқлолӣ ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз  тафриқаандозӣ чизи дигар нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ,  носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии худ шахсро ба инкори ҳакикат, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва корҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон дар масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эътибор дода мешавад.

 Устодони факултети молия ва
иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хучанд

Читать далее

Домани некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст

Ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 28 сол пур мешавад, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона, ҷоҳилоне ҳастанд, мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла собиқ раиси ТТЭ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд.

Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳои як зумра нафарони ба гуфти худашон  дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Имрӯз даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

ТТЭ Ҳизби наҳзат дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИТ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест. Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест.

Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати  мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеаи сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Ҷавонони донишгоҳ рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ  даст ба дасти ҳамдигар дода, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ собитқадамона камари ҳиммат мебандем.

Муталиб Маҳмудов,
мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

ҲНИ ва робитаи он бо созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз соли 1991 то 29-уми сентябри соли 2015 дар арсаи сиёсии Тоҷикистон фаъолияти расмӣ дошт, мебоист дар таъмини ҳифзи истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ саҳм гирад. Аммо он ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, барои пиёда сохтани онҳо аз мақомоти давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон сӯиистифода бурданд.

Маълум гашт, ки таи ин солҳо ҲНИ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфта, боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шудааст. Оташи ҷанги бародаркуш, ки дар афрӯхтани он ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон даст дошта буд, ҷони ҳазорҳо сокинони бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурда, ба сари мардуми кишвар бадбахтӣ ва фоҷеаҳои гӯшношунидро овард.

ҲНИ ҳарчанд тамоми аҳдофи ғаразнок ва фаъолияти экстремистию террористии худро бо ниқоби дину мазҳаб рӯйпӯш мекард, вале рӯйдодҳои моҳи сентябри соли 2015 бори дигар моро ҳушдор дод, ки чашм ба сӯи ҳақиқат боз кунем ва парда аз рӯи ин гурӯҳи тафриқаангезу ифротгаро бардорем.

Вуҷуду бақои чунин ҳизби ифротгарову иртиҷоӣ ба сулҳу амният ва Ваҳдату Истиқлолияти кишвар хатари ҷиддие дорад. Мо мавҷудияти ҲНИ ва амалҳои ғайриқонунии онро маҳкум намуда, даъвоҳои пешвоёнашро беасос меҳисобем ва ба чунин афроди хоину ватанфурӯш нафрату надомат менамоем.

 Имрӯз ташкилоти террористии наҳзат, ки бар зидди Ватани худ мубориза мебаранд, фирефтаи созмони байналмилалӣ шудаанд. Кабири ки роҳбари ин ташкилоти мардумфиреб аст, фикр мекунад, ки то охир САҲА пуштибонашон мебошаду, инҳо мардумро фиреб карда, ҳамин тавр мегарданд.

Бояд садди роҳи ин золимон гардид. Мо бояд аз фаъолияти инҳо хабардор бошем ва аз хатарҳои онҳо худро эмин нигаҳ дорем.

Тоҷикистон айни ҳол яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи қитъаи Осиё ба ҳисоб рафта, тавонистааст, ки дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои сулҳпарвару озодандеш муайян намояд.

Мо аҳли ҷомеаи омӯзгорону зиёиён ҳамеша ва доимо аз сиёсати хукумат дастгирӣ  мекунем. Кӯшиш менамоем ҳушёриву зиракии сиёсиро дошта бошем.

Устодони кафедраи забони англисии
 факултети забонҳои шарқи ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров

Читать далее

Ҳизби наҳзати исломӣ шохобаест аз САҲА

Шукри Истиқлол, ки мо  зери осмони соф озодона зиндагонӣ менамоем.  Аммо, баъзе аз бехабарон, ки худро ҳомии дину давлат ҷилва медиҳанд, кӯшиши онро намуданд, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг бикашанд.

Онҳо худро мусалмон меноманд, ва аъзои ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон буда, худро исломӣ нишон дода, одамонро ба гирду атрофи хеш ҷалб намуда, бар ҷанги зидди давлату миллат мехонанд. Дар куҷои дини Ислом омадааст, ки мусалмон бар зидди бародари мусалмони хеш ҷиҳод эълон намояд? Фақат Исломро онҳо ниқоби хеш намуда, мардуми оддии бехабар аз ҳолро тавассути дин истифода намуда, барои манфиати хеш мекӯшанд. Ба аъзоёни ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон чи намерасид, ки ин роҳи сиёҳро пеш гирифтанд, охир давлат барои онҳо тамоми шароитро фароҳам намуда буд, то онҳо ба одамон аз дину шариат дарс бидиҳанд, ибрат омӯзонанд, аммо онҳо намак хӯрда, курнамакӣ  намуда истодаанд.

Ошкор гаштани ғаразҳои нопоки ин хоинони дину ватан ва гуреза гаштани онҳо ба кишварҳои хориҷа, боиси фош гаштани дигар сарпарастони таҷовузгару тарафдор аз терроризму падидаҳои номатлуб гардид. Мақсади ин созмон муттаҳами худ сохтани давлатҳо буда, манфиат ва ҳуқуқи башарро сӯистифода мекунанд. Ба ин монанд яке аз созмонҳо САҲА мебошад. Имрӯз ташкилоти террористии наҳзат, ки бар зидди Ватани худ мубориза мебаранд фирефтаи онҳо шуданд. Кабири ки роҳбари ин ташкилоти мардумфиреб аст, аз дастгириву кӯмаки бевоситаи ин созмон бархурдор буда, гумон мекунад, ки дастгирии он беинтиҳост.

Мо бояд садди роҳи ин золимон гардида, нагузорем, ки моро низ тақдири ҳасратомезу ҷигарсӯз ва муноқишаву ҷангҳои хонумонсӯзи дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳо воқеъпазируфта  дучор ояд.

Аз ҳамин лиҳоз мо бояд аз фаъолияти инҳо хабардор бошем ва аз хатарҳои онҳо худро эмин нигаҳ дорем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳифзи Ватан ва таъмини Истиқлолу Ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем. Ба қадри сулҳу амнияти кишвар расида, барои муҳофизати он камари ҳиммат бандем ва нагузорем, ки осмони софу беғубор ва фазои ороми диёри биҳиштосоямонро касе халалдор созад.

Устодони факултети забонҳои шарқи
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Читать далее

Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм ва, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар  надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.

Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.

Мирсаидов Р.,
устоди ДДХ 

Читать далее

Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Мутаассифона, то кунун баъзе фирориёни ҳизби террористиву ифротӣ эъломшудаи наҳзат дар хориҷа аз «адолат» – у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ коре барои ҷомеаи Тоҷикистон ва барои миллат кардаанд.

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангез бо тамоми қувваи бадкориҳо туҳмату буҳтон мерезанд.

Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накукирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад.

Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи – 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд.

Нахзатиён хостанд аз дини мубини ислом суистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд.  Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обруву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардондани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад.

Устодони кафедраи
Электроника
и ДДХ

Читать далее

Ҷомеа алайҳи терроризм ва экстремизм

Дар ҷомеаи муосир баробари дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар баъзан муаммоҳое сар мезанад, ки он проблемаи инсонияти кураи арз аст ва баъзе ҷавонони кишвар ҷиҳати камсаводиву бехабарӣ аз набзи сайёра ба он гирифтор мегарданд. Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки дар ҷомеаи мо зидди он муборизаи беамон мебаранд ва дар ин раванд корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омада истодааст... 

Мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад.

Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст мезананд.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ манъ карда шудааст.

Вале мутаассифона баъзе аз ҷавонони мо бо роҳи фиребу гумроҳӣфирефтаи ифротгароён гашта, ба доми онҳо меафтанд ва  ҳаёти худро доғдор ва ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Сабаби асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, гумроҳшавӣ, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар гардида истодааст. Давлату ҳукумати Тоҷикистон сиёсати созандаву бунёдкорро пеша намуда, ҳадафи асосиаш нигоҳ доштани неъматҳои бузурги истиқлолият ва ягонагиву ваҳдати миллист. Имрӯз барои решакан ва пешгирӣ намудани хатари экстремизму терроризм “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, №776 таҳия ва қабул гардида, ҳамаи мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии кишвар бо корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд то ки шаҳрвандон ва ҷавонон аз хатари ин падида огоҳ ва эмин бошанд.

Омили дигари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявии ҷавонон ва бекории онҳо бошад, аз ҷониби дигар ба онҳо таъсири муҳити беруна низ хоҳ нохоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъсир мерасонанд. ҳарчанд ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ҳам, вале аз мадди назари волидайн дур мондаанд. Пас ин ҷо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати кору фаъолият ва рафтору амали насли ҷавон низ нақши калидӣ мебозад. Ҷавонон мехоҳанд аз илми муосири ҷаҳонӣ бархурдор, ҳамқадами замон бошанд, таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷиро азхуд намоянд, ҷойи кори муносиб дарёфт намоянд. Вале, гоҳо надоштани таҷрибаи ҳаёти онҳоро ба мушкилиҳои ҳаётӣ дучор мегардонад. Ҷавонон солҳои сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, аз меҳри падарию модарӣ ва зану фарзандон дур мемонанд, муҳити бегона онҳоро фаро гирифта, рафтору гуфтору муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ тағир медиҳанд...      

Бояд ёдовар бояд шуд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.  Ягон кас ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари нуфузи падидаҳои номатлуб ба ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ новобаста аз дину мазҳаб ва миллату халқиятҳо ниёз доранд. Аз ин рӯ, зарурате пеш меояд, ки дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа арзишҳои олии инсонӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда, аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён бардорем. Дар пиёда кардани ин андешаҳо лоиҳаҳои хурду бузург аз ҷониби ҷавонони эҷодкор дар ҳамаи соҳаҳо бояд ба тавсиб расад.

ҳамарӯза ҳар як амал, рафтору гуфтор ва муносибати ҷомеа бар зидди ин падидаи хатарноки аср нигаронида шуда, тарғибгару ташвиқгари асосии ҳадафи дурбинонаи созандагӣ ва таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ бояд бошад.

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия намудани видеофилмҳо ва намоишу баррасӣ намудани оқибатҳои даҳшатноки ин муаммои доғи рӯз дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷой додани он дар шабаҳои иҷтимоӣ (интернет, сомонаҳо, вайбер, одноклассники...), расонаҳои хабарӣ (телевизиону радио) ва ғайра аз манфиат холӣ нест.

Устодони кафедраи забони англисии
факултети забонҳои шарқ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Созандагӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси мо бояд бошад!

 

 

 

Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаи башарӣ ба таври равшан собит месозад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷӯшу хурӯши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст.

Ҳар  давлат дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро дорад. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароғдори маънавият дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд ва маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ дар ҷомеаи башарӣ шинохта шаванд.

Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрӯз давлатҳои худкомае ҳам арзи ҳастӣ кардаанд, ки ҳарчи бештар саъй бар ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар ин амр дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор гирад. Як силсила рухдодҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷӯ ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.

Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол бояд мусоидат кунад. Имрӯз эҳсоси амиқи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ дар шуури тоҷик маъво ёфтааст, аз ин рӯ, бояд созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҳар як ватанпарвари асил қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад.

Фарҳанги баландпоя роҳи бо Ватан ва Тоҷикистон будан аст. Дарки асли масъала ва дарёфти калиди ҳаллу фасли солими муаммои сангину пурихтилофи ифротгароӣ дар чорчӯбаи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ ҳарчи бештар моро дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод…

С. АЪЗАМОВ, мудири кафедраи
 адабиёти муосири тоҷики ДДХ

 

 

 

Читать далее