01 October 2019

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИҶРО КАРДАНИСТ

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1353 аз 3 – юми  сентябри соли 2019 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992 - 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷавонмардони далеру шуҷои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Гулистон ихтиёран барои хизмат дар Комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъ омаданд.

Тибқи иттилоъ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ метавонад дар рӯзҳои наздиктарин нақшаи даъватро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонад.

Масъулин мегӯянд, алҳол аз Комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилоят ҷавонмардоне, ки бо хоҳиши худ барои ҳимояи марзу буми Ватан рафтанианд, омада истодаанд ва дар рӯзҳои наздик гусели наваскарон баргузор хоҳад шуд.

Чун ба саҳни Комиссариати ҳарбии вилоят рафтем, ҷавонони навдаъвати шаҳру навоҳии зикргардида бо рӯҳияи баланд бо ҳам сӯҳбат доштанд.

Равшан Кучаков хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, ихтиёран барои ҳимояи ватан равона аст. Мавсуф зодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, хизмат дар  сафи Артишро натанҳо қарзи фарзандӣ, балкӣ ифтихор ва шарафи бузург меҳисобад. Равшан бар он ақида аст, ки ҷавонони матиниродаи миллати тоҷик бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан - Модар раванд, зеро хизмат мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву ходогоҳӣ мебошад.

- Ваъда медиҳам, ки бо сари баланд хизмати Ватанро адо намуда, ба назди падару модари худ бармегардам, - мегӯяд ӯ.

Аваз Шодиев аз ноҳияи Шаҳристон буда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан – Модар раҳсипор ва барои ҳимояи марзу буми миллати кӯҳанбунёди хеш омода аст.

-  Боиси хушнудист, ки имрӯз садҳо ҷавонмарди ба ору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва ифтихори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан  дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омода ҳастанд, ки қарзӣ ҷавонмардии худро иҷро намоянд, - мегӯяд Аваз Шодиев.

Қодиров Обидҷон,  аз Ҷамоати Адрасмогни шаҳри Гулистон мебошад.  Зимни суҳбат  ӯ қайд намуд, ки дӯст доштани Ватан аз имон аст.

- Бояд ҳар як фарди соҳибақл ин маъниро дарк намуда, барои ҳимояи марзу буми кишвараш тайёр бошад. Зеро имрӯз агар мо, ҷавонони саодатманд Ватани худро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ надорем, оромиву осудагии мардумро каси дигар халалдор менамояд.

Имрӯз бояд ҳар як ҷавонмард барои адо намудани қарзи фарзандии хеш ба хизмати Ватан – Модар равад. Бояд хонаву дари худро пос дорад. Нагузорад, ки каси дигаре омада, нооромии кишварашро халалдор созад, - иброз намуд номбурда.

Ҷоиз ба зикр аст, ки барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби обутоби зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра ҷавонписарон шуҷоату мардонагиро меомӯзад.  Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст. Бинобар ҷавонон бояд аз хизмати Ватан саркашӣ накарда, барои дифои он ҳамеша омода бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”
Читать далее

ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БОЛО РАФТААСТ,- мегӯянд мардуми Ворухзамин

Халқи шарафманду сарбаланди Исфарамарз, бахусус ҷавонписарони Ҷамоати деҳоти Ворух хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург ҳисобида, хизмати ҳарбиро ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ арзёбӣ менамоянд.

Ин аст, ки Қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2019»-ро мардуми Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо хушнудӣ пазируфтанд. Онҳо бо масъулияти дучанд дарк намудаанд, ки хизмати Ватан-Модар қарзу шарафи инсонист.

Имрӯз 38 нафар ҷавонписари Ворухмарз ва 46 нафар Чоркӯҳӣ омода будани худро ба хизмати Ватан – Модар дар амал нишон дода, гуселкунандагон ва наздикони худро бовар кунонданд, ки сарбаландона адои хизмат менамоянд.

- Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷаҳони наверо ба рӯи наваскарон боз хоҳад кард. Ҷавонмардони далеру шуҷоъ аллакай эҳсос кардаанд, ки  ки ҳар як ҷавонмард ҳатман ин мактаби мардонагиро бояд гузарад. Зеро шароити будубош ва хизмат дар қисмҳои низомӣ хуб аст. Утоқҳои таълимӣ, майдончаҳои машқ,  хонаи хоб, утоқҳои истироҳатӣ бо фарогирии шароитҳои замонавӣ барои сарбозон муҳайёст, ки инро сарбозон бо чашмони сар хоҳанд дид.  Дар як вақт онҳо метавонанд,  худро ҷисман обутоб дода, бар илова ҷаҳони маънавии хешро низ бой гардонанд, ба қадри зиндагӣ, падару модар, ёру пайвандон бирасанд. Хушбахтона, ин нуктаҳоро ҷавонписарони синни даъвати ҳарбӣ аллакай дарк кардаанд ва нақшаи умумии даъватро ҳанӯз аз оғози он барзиёд иҷро намуданд. Ин аст, ки имрӯзҳо 260 нафар ҷавонмарди шуҷои ватан ҷои худро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинанд,- иброз дошт муовини раиси шаҳри Исфара, раиси комиссияи даъвати шаҳр ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Ҳамасола дар ду мавсим маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки ба он ҷавонони синни даъватӣ ҷалб мешаванд. Алҳол дар ҷумҳурӣ, маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ оғоз гардид.

Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст. Тавре муовини аввали раиси ноҳия Тоҳир Азиззода иттилоъ дод, тибқи нақшаи пешбинишуда бояд дар мавсими навбатӣ 26 нафар ҷавон ба хизмати Модар - Ватан фиристода шаванд. Рӯзи гузашта 20 нафар ҷавон бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан ба маркази вилоят фиристода шуда, 3 нафари дигар аз муоинаи тиббӣ гузашта истодаанд.

- Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар байни аҳолӣ, алалхусус ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Алҳол ҷавонон бо хоҳиши худ номнавис гардида, барои адои хизмат дар назди Модар - Ватан раҳсипоранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

“Нолаҳои бод”

Китоби нави шоир ва рӯзноманигори тоҷик Аъзам Хуҷаста бо номи «Нолаҳои бод» тариқи интишороти «Тоҷпринт» мунташир ва дастраси ҳаводорони шеъри ноб гардид.

«Нолаҳои бод» достонест, ки аз саҳнаҳои кӯчидани мардуми кӯҳистон ба дашт, мушкилоти солҳои аввали муҳоҷират, рафъ шудани мушкилот ва ба гӯшаи зебои Тоҷикистон табдил шудани дашти Дилварзин қисса мекунад. Достон бо вазну оҳанги маснавӣ навишта шудааст.

Воқеан, ба қавли рӯзноманигор Салими Аюбзод, ки дар пешгуфтори китоб мегӯяд "дар таърихи пуршебуфарози тоҷикон қабат ба қабат дардҳое хуфтаанд, ки ҳанӯз паҷӯҳида ва баён нашудаанд. Он дардҳои муштараки инсонҳо зиндаанд ва дар таҳхонаи ҳофизаи миллӣ чашм ба роҳи суханвароне нишастаанд, ки рӯзе биёяд, мӯ ба мӯ онҳоро мӯя кунад, аз раг - раги ҷонаш гузаронад ва аз сидқи дил росту рушоду фаҳмо онҳоро бигӯяд ва бо ин малҳами шифобахше ба рӯяшон бигузорад. Агар мо ҷисми зиндаем, бояд ин дардҳоро ҳис кунем ва машаққати онҳоро бикашем, вагарна тафовуте аз ҷасадҳои равон нахоҳем дошт".

Достони мазкур бозгӯйи ҳамин гуна бахше аз дардҳои мардум аст. Дарди ҷудоӣ аз зодбум, муҳоҷирати маҷбурӣ, беадолатӣ, маргумири садҳо нафар, беқадрии инсон, шикастҳо, захмҳо ва заҳрҳо. Дарде, ки нешаш то охирин ҳуҷайраи дил мерасад ва нақшаш ҷовидона мемонад.

Ёдовар мешавем, ки Аъзам Хуҷаста, то кунун маҷмӯаҳои шеърии "Соярӯшан”, “Чашмаи зулол”, "Омад баҳор бе ту", "Сапедаро салом" ва "Истгоҳи зиндагӣ" - ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намудааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

«Сайёҳӣ - омили рушди иқтисодиёти кишвар»

Ҳамасола санаи 27 - уми сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Бахшида ба ин ҷашн тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати татбиқи босамари нақша - чорабиниҳои Барномаи рушди сайёҳӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ - омили рушди иқтисодиёти кишвар» баргузор гардид.

Дар конфронс муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ муаррифии ҳарчӣ бештари имконоти сайёҳӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, дарёфти истеъдодҳои нав миёни масъулони соҳа, тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи бештари донишҷӯён ба соҳаи сайёҳӣ, омодасозии кадрҳо, муаррифии мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ мебошад.

Дар ҳамоиш масъулини сохторҳои вилоятӣ, соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхона, осоишгоҳ, осорхона, бонкҳо, роҳбарияти муассисаи олии таълимӣ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Масъалаҳои рушди минтақаҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилоят дар ҷараёни кори конфронс баррасӣ гардид.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАҶДИДИ НБО “ҚАЙРОҚҚУМ” ИҚДОМИ НЕК АСТ!

Истеҳсол ва таъмини барқ зербинои муҳими иқтисодиёт ба шумор меравад ва дар пешрафти тамоми соҳаҳои дигари мамлакат нақши ҳалкунанда мебозад. Дар шароити табиӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии ҳамаҷониба тараққӣ додани соҳаи саноат пеш аз ҳама рушди системаи энергетикии мамлакат ба шумор меравад. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ, иқлим ва муҳит аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ҷои якумро ишғол менамояд.

Ба кор даромадани дуюмин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” далели он аст, ки Ҳукумати кишвар ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги нав аҳамияти хоса медиҳад. Ҳамзамон, мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави энергетикӣ имкон медиҳад, ки нерӯгоҳҳое, ки солҳои дароз кор мекарданд ва аз ҷиҳати техникӣ фарсуда шудаанд, бе халалрасонӣ ба таъмини муназзами барқ навсозӣ ва таҷдид карда шаванд.

Яке аз нерӯгоҳҳое, ки дар таъмин ва истеҳсоли барқ, махсусан, дар шимоли кишвар нақши муҳимро дорад, ин Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» мебошад, ки ба ҳисоби миёна дар як сол 600 - 650 миллион килоВатт/соат барқ истеҳсол менамояд ва ин иншоот ба системаи энергетикии Тоҷикистон тавассути 5 хатти интиқоли барқи 220 - киловолта, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, ноҳияи Ашт ва 5 хатти интиқоли барқи 110 - киловолта ба шаҳри Хуҷанд ва минтақаҳои Хоҷабоқирғону Дарғот барқ медиҳад, пайваст мебошад.

Таҷдиди иншооти энергетикӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин бобат аз ҷониби институтҳои байналмилалии маблағгузорӣ ҳар сол лоиҳаҳои зиёде пешниҳод ва амалӣ мегарданд. Дар сафари навбатӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуда буданд.

Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» зиёда аз шаст сол инҷониб хизмат мекунад ва табиист, ки бо мурури замон таҷҳизоти он кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва ба таъмиру тармим ва навсозии ҷиддӣ ниёз доранд.

– Дар таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони нерӯгоҳ вайроншавӣ зуд - зуд ба амал омада, таъмири онҳо хароҷоти зиёдатиро ба миён меоварад. Илова бар ин, бо сабаби фарсудашавии таҷҳизот иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ кам шуда, он дар реҷаи маҳдуд фаъолият мебарад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи мазкур соли 2014 созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО «Қайроққум» - ро дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида буд. Дар натиҷаи азнавсозии пурра иқтидори он аз 126 то 174 мВт зиёд мешавад, – гуфт дар суҳбат директори нерӯгоҳ Файзуллоҷон Авезов.

Ҳарчанд НБО «Қайроққум» ҳамагӣ 18 фоизи талаботи вилояти Суғдро қонеъ гардонида, 82 фоизи дигар аз ҳисоби системаи ягонаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад, таҷдиди он аҳамияти калон хоҳад дошт. Алҳол дар ин самт чӣ корҳо ҷараён доранд?

– Дар доираи Лоиҳаи “Таҷдиди НБО “Қайроққум”, ки дар ду марҳала пешбинӣ гардида буд, баъди сафари навбатии Пешвои миллат корҳои санҷишӣ дар марҳалаи аввал оғоз гардиданд. Айни ҳол тамоми конструксияҳои сохтмонии нерӯгоҳ, ҳаҷми трубинаҳои бузурги иншоот нақшакашӣ шуда, ба таҷдиди аввали сохтмон тайёрии ҳамаҷониба дида мешавад, – қайд кард Низом Орифов, сармутахассиси нерӯгоҳ. – Дар марҳалаи дуюм бошад, ивази чанд агрегату генераторҳо, трубинаву дастгоҳҳо, трансформаторҳои қуввагии шиддатҳояшон гуногун дар назар аст. Дар марҳалаи сеюм пешниҳоди техникии аз нав таҳриршуда ва молиявӣ аз ҷониби 7 ширкат пешкаш гардид. Арзёбии пешниҳодҳо аз ҷониби аъзои комиссияи баҳодиҳӣ, ки аз ҳайати кормандони соҳавии ШСХК “Барқи тоҷик”, НБО “Қайроққум” ва мушовирони байналмилалӣ Ширкати ILF (Австрия) ва Ширкати Stғcky Ltd (Швейтсария) мебошанд, ба анҷом расонида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои таҷдиди нерӯгоҳи мазкур яке аз пешсафтарин ширкатҳои дунё, ки дар таҷдид ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ таҷрибаи бузург доранд, ба кор ҷалб гардидаанд. Муҳлати ба анҷом расидани таҷдиди нерӯгоҳ 57 моҳ буда, айни замон корҳо дар самти лоиҳакашии муфассалӣ аз тарафи ширкатҳои мазкур рафта истодаанд.

- Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чаҳоруми миллӣ эълон карда шуд. Мо шоҳиди онем, ки дар шаҳру деҳот ҳар сол даҳҳо ва садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта шуда истодаанд ва аксарияти онҳо ба нерӯи барқ ниёз доранд. Бинобар ин, таҷдиди НБО “Қайроққум” бисёр иқдоми дурандешона ва муфид хоҳад буд, – мегӯяд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода.

Аз оғози таҷдиди НБО “Қайроққум” фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла деҳқонон низ беҳтар мегардад. Дар ноҳияҳои калони пахтакори вилоят, аз қабили Ашт, Мастчоҳу Зафаробод ва баъзе ноҳияҳои дигар заминҳо ба воситаи пойгоҳҳои барқӣ обёрӣ карда мешаванд. Агар барқ ба қадри кофӣ мавҷуд набошад, ҳосили дилхоҳи пахта, ки ашёи муҳимтарини корхонаҳои саноатӣ аст, ба даст намеояд.

Коршиноси соҳа, мутахассиси варзида Қодир Собиров, ки зиёда аз 40 сол собиқаи корӣ дорад, бар он андеша аст:

– Аз лиҳози барқи обӣ кишвари мо нисбат ба мамлакатҳои дигар имтиёз дорад ва шароити соҳибистиқлолӣ имкон медиҳад, ки барқи тавлидшудаи аз зарурат изофаи онро ба дигар кишварҳои ниёзманд содирот кунем. Баъди пурраву комилан мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Роғун» шароити боэътимоди моддӣ пайдо мешавад, ки иқтидорҳои корхонаҳои азим боз ҳам нерӯманд шуда, истеҳсоли маҳсулоти бозоргирро афзоиш бахшанд. Аҳамияти таъмиру тармими НБО «Қайроққум» тақозои давру замон буда, аз аҳамияти хуби иқтисодӣ низ орӣ нест.

Мо ҳам умед мебандем, ки дар натиҷаи ба истифода додани нерӯгоҳҳои нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои кӯҳна истеҳсоли қувваи барқ меафзояд, корхонаҳои нави саноатӣ боз ҳам бештар бунёд мешаванд ва Тоҷикистони азизи мо ба кишвари пешрафтаи саноатӣ табдил меёбад.

Гулҷаҳон Турсунзода,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Читать далее

Беҳтаринҳо муайян шуданд

Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Даври аввали озмуни вилоятӣ дар кӯдакистони рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ғолибони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Зафаробод аз рӯи шартҳои дониш ва маҳорати касбии мураббия, таҳлили ҳолатҳои равонӣ - педагогӣ, тасвир ва сохтани манзара  ва мизи мудаввар доир гардид. Ба дониш ва маҳорати иштирокчиёни даври аввали озмун ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳои воқеӣ гузоштанд. Панҷ нафар беҳтаринҳо мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври асосии вилоят роҳхат гирифта,  нафари ғолиб дар ин марҳила ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” вилояти моро муаррифӣ хоҳанд кард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пули мошингузари “Дӯстӣ” мавриди истифода қарор гирифт

30 сентябри соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров дар минтақаи сарҳадии Овчӣ-қалъачаи Тоҷикистон ва Қулундии Қирғизистон пули мошингузари “Дӯстӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Пули мошингузари “Дӯстӣ”, ки бар асари селфароӣ чанд сол пеш вайрон шуда буд, бо маблағгузории ҳарду тараф бунёд гардид ва 12 метр дарозиву 8 метр паҳноӣ дорад.

Читать далее