03 October 2019

ОЗОДФИКРӢ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БЕҲ АСТ

Имрӯз дар кишвари азизи мо озодфикрӣ ва озодандешӣ ҳукмфармо мебошад. Дар саросари кишвар масҷидҳо, калисоҳои насронӣ ва ибодатгоҳҳои дигар динҳо ба таври озоду обод фаъолият намуда истодааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногуншаклии мафкуравӣ амалӣ карда мешавад. Муқаррар намудани як мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ ё умумии ҳатмӣ амали ғайри қобили қабули ҷомеаи мутамаддин мебошад. Ин муқаррарот маънои онро дорад, ки на Конститутсия ва на ягон санади дигари қонунгузорӣ набояд ба таври мустақим ё ғайримустақим кадом як мафкураро ба ҷомеа таҳмил намояд. Меъёри конститутсионӣ, ки тибқи он ягон мафкура наметавонад ба сифати мафкураи давлатӣ ё умумии ҳатмӣ муқаррар карда шавад, таҳкими баробарҳуқуқии мафкураҳоро дар ҷомеа кафолат медиҳад. Ҳеҷ мафкурае нисбат ба мафкураҳои дигар наметавонад афзалиятдошта бошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ин ё он мафкураро дастгирӣ намуда, баҳри татбиқи он дар амал чораҳо андешанд. Дар айни замон интихоби онҳо бояд ихтиёрӣ ва мустақилона бошад. Давлат наметавонад ба шаҳрвандон ягон мафкураро таҳмил кунад ва онҳоро таҳти ваҳму ҳароси ҷазои ҷиноятӣ ва ё дигар намудҳои ҷазо ўҳдадор кунад, ки онро ҷонибдорӣ карда омўзанд ва ташвиқу тарғиб намоянд. 

Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи САҲА дар сўҳбати худ бо телевизиони СА.TV зимни перомуни масъалаи озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд, ки ду нуқтаи муҳимро мехоҳад ба ҳозирин муаррифи кунад: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ҳамоиши барпогардида мебошад.

Ду нуқтаи муҳим аст, ки метавон онро бо бовари ба ҷомеаи ҷаҳони муаррифӣ кунем аввал ин, ки дар Тоҷикистон воқеан заминаи бисёр хуби ҳуқуқи барои татбиқи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст, зеро дар сатҳи қонуни асоси ва ҳам дар сатҳи қонунҳои соҳави озодиҳои дин ҳамчун як арзиши муҳими ҷомеа ҳимоят шуда ва Тоҷикистон як ҷомеаест, ки дар конститутсияи он ҳам ҳуқуқи пайрави кардан ба дин ва ҳам ҳуқуқи пайрави накардан аз дин, ки ҳардуяш барои ҷомеаи мутаммадин муҳим аст ҳимоя шудааст ва ҳамчунин як нуқтаи муҳим аст, ки як шароите фароҳам шудааст, ки ташкилотҳои динӣ ё иттиҳодҳои динӣ ва чуноне таъкид мекунад дини зеро, иттиҳодияи дини ин иттилои шаҳрвандони сулҳомез барои пайрави аз дин ва барои татбиқу амали кардани ибодатҳои динии худ аст.

Ҳамин тавр, дар партави гуфтаҳои Абдуллои Раҳнамо метавон ишора намуд, ки дар кишвар озодии фикр, озодии виҷдон ба пуррагӣ амал мекунад. Баромаду суханрониҳои хоинон дар ҷаласаи Варшава ягон қувваи юридикӣ надорад. Наҳзатиён бо роҳбарии Кабирӣ мехоҳанд аз худ як симои ҳимоятгарро сохтанӣ бошанд. Лек нақшаи онҳо хок хурд. Мардуми тоҷик дигар ба сухани онҳо боварӣ намекунад.

Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ – саркардаи ҷанги шаҳрвандӣ ва душмани миллат

Ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 28 сол пур шуд. Дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона, ҷоҳилоне мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд. ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гуруҳ фаъолону аъзои ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла, собиқ раиси ТТЭ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилоти ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини фирорӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), Умед Исоев, Шоиста Мамадшеховаю фарзандонаш Бегзод ва Ҷавоҳир Ӯриновҳо, ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

ТТЭ Ҳизби наҳзат дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил карда шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест.

Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, ливои дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеаи сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Ҷавонони донишгоҳ рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд.

Муталиб МАҲМУДОВ,
мутахассиси шуъбаи кор
бо ҷавонони МДТ
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

АЪЗОИ ТТЭ ҲНИ ҒУЛОМИ ПУЛУ САРМОЯ

Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонд. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро таблиғ намуданд. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд.

Дар марҳилаи охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо роҳи низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад. Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарастии молиявӣ намуда, сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик намуданд.

ТТЭ ҲНИ то ҳол бо мақсади бо роҳи зӯрӣ дар Тоҷикистон гирифтани қудрати сиёсӣ ва ба хотири бунёди «давлати исломӣ» аз ёрию пуштибонии хоҷагони бегонаи худ бархӯрдор аст. Барои ин гурӯҳе, ки дар Аврупо панаҳ бурда, барояшон баъзе доираҳои манфиатдори давлатҳои муайян сармоягузорӣ мекунанд, ҳеҷ арзише муҳим нест, на миллат, на дин, на истиқлолият ва на манфиати миллӣ. Ин гурӯҳи дурӯғпеша то он ҷо ниқобҳоро ба рӯи хеш задаанд, ки агарчи дар тӯли фаъолияташон фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанду онро бо роҳи хушунату таҳқир ва ҷисман аз байн бурдан ба барда табдил додаанд, имрӯз дар дили Аврупо ва дар САҲА аз ҳуқуқи башар ва аз ноадолатӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд.

Раҳбари фирории ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ тавассути найрангбозию иғвогарӣ ва фазлфурӯшиаш созмонҳои ифротии «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”- ро аввал ташкил дода, сипас бо онҳо иттиҳод баст.

Имрӯз ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун ғуломи бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.

Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири роҳбари давлат наҳзатиёнро нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро аз мутолиаи гузоришҳои ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, ёфтан мумкин аст.

Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, бо хашинтарин шеваҳо мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.

Хушбахтона, дар партави сиёсати дурбинонаи роҳбари давлат аз чунин вартаи ҳалокат ва нобасомониҳо раҳо шуда, вориди марҳилаи нави созандагӣ гардид.

Аҷиб ин аст, ки намояндагони давлатҳои Аврупо дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд. Вале бояд дониста бошанд, ки ин гурӯҳи хатарнок ҳар замон метавонад қиёфаи аслии хешро ба намоиш дарорад ва аз ҷониби дигар набояд ба суханбозиҳои сиёсии роҳбарони ин ҳизб, ки айни ҳол аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд ва ба амалкардҳои онҳо ҳамеша дар мухолифат қарор мегирад, зоҳирбинона назар афканд.

Замон одилтарин ва оқилтарин довар аст. Номи мубораки ҳар як шахс дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқии ӯ барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. Аммо баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад.

 Р.УСАНОВ,
 номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР ҚИСМАТ МАКУН!

Тавсияҳои дар баромади Мирзораҳим Кузовро – аъзои ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии конференсияи САҲА шунида бо изтироб баён медорам, ки ин қабил афродҳо боз барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ ба сулҳу оромӣ ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид меоранд. Пешравиҳои кишварамонро чашми дидан надорад. Арзҳои ӯро фитнаангез ва ғаразона, инчунин хиёнаткорона барои Тоҷикистон меҳисобам.

Дар кишвари биҳиштосоямон аз рӯи хусусиятҳои этникӣ таъқиб вуҷуд надорад. Баръакс, барои сокинони минтақаи Бадахшон дар ҳама соҳаҳо бартариҳо пешбинӣ гаштанд. Ҳол он, ки онҳо низ аз қабили тоҷикону намояндагони миллатҳои Тоҷикистонанд. Аз ҷумла, дар тамоми низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ин минтақаи Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар сатҳи Конститутсия бо таври ҳуқуқӣ – махсусан муқаррар гаштааст, ки яке аз ҳайтҳои кадрии мақомот бояд аз намояндаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бошад. Масалан, яке мувофиқи қисми яки моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст. Мувофиқи моддаи 89 Конститутсия бошад яке аз судяҳои Суди конститутсионӣ намояндаи ин минтақаи осмонист. То ҳатто, дар Қонуни асосӣ барои ин воҳиди маъмурӣ – ВМКБ боби алоҳида бахшида шудааст, яъне ки боби 7. Ба ҳамин гуна мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Зеро дар ҷомеаи мо барои ҳамаи шаҳрвадон имкониятҳои баробар муҳайё гаштааст.

Чи тавре, ки яке аз поягузорони давлати шӯравии мо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар маърӯзаҳои худ борҳо қайд намуда буданд, ки мо ҳама тоҷикем. Забону лаҳҷаҳои маҳаллӣ – ин дигар будани миллату халқиятро ифода намекунад…

Мо агар ба забони гуфтугӯи маҳаллӣ тавваҷӯҳ намоем, дар Тоҷикистон забонҳои маҳаллии чандин вуҷуд доранд. Аз ҷумла, забони яғнобӣ. Ин асос намегардад, ки мо ба хоинони миллат имкон диҳем, ин қисми таркибии Тоҷикистонро ҷудо намоянд.

Хушбахтона айни ҳол мардуми тоҷик ҳамарӯза аз ВАО воқиф ҳастем ва воқеан аз дастовардҳои ноил гаштаи давлату халқамон шоҳдем. Барои ин пешравиҳо бояд шукрона намуд ва баҳри рушди ин ҷомеа заррае бошад ҳам саҳми худро гузошт.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки мо шаҳрвандони мамлакат аз пир то ҷавон омода ҳастем аз дасти шахсони ифротгаро, фитнаангез, хиёнаткор Ватани азизамонро бо кадом роҳу восита набошад ҳифз намоем. Ба ҳамаи ҷумлаву суханҳои муғризонаи онҳо вокуниши саривақтӣ нишон медиҳам. 

Бобоев А.Х. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Читать далее

НАФРАТ БА НАҲЗАТИЁН ВА АМАЛҲОИ СОЗМОНИ «ҲУҚУҚИБАШАРӢ»

Барои муассисони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои ғаразонаи худ даст накашиданд ва ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд. Инчунин, дастовардҳои беназири давлату миллати тоҷик наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ мекунад. Аз ҳеҷ дурӯғу сафсатабозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд.

Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.

Афсуски, имрӯз муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ боиси таассуф мебошад. Хусусан, яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар САҲА гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Хусусан, дар ҳамоиши сентябри соли 2019 ин созмон гуфта мешавад, ки «нишасти САҲА дар Варшава, ки аслан як нишасти ҳуқуқибашарӣ аст», аммо дар ин ташкилоти бонуфузи «ҳуқуқибашарӣ»-и Аврӯпо ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуб аст.

Дар ин ҷараён роҳбари давлат дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба ин гуна ташкилотҳо ва ғуломони пулу сармоя ҷавоби хеле бамаврид мебошад: «Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро...

 Чӣ тавре, ки медонем ТТЭ ҲНИ дар мамлакати мо аз 20-уми октябри 1991, ки сарвари аввалини он Маҳмадшариф Ҳимматзода буд, иҷозати фаъолият намуданро гирифтааст, вале афсӯс бо кирдору гуфтор ва рафторҳои носолими аъзоён ва сарварони худ дар айни замон фаъолияти худро суст намудааст.

 Агар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ аз номи дини мубини Ислом сафсатаҳои нави сиёсиву иҷтимоиро барои кишвари худ - Тоҷикистон намегуфтанду намебофтанд дар айни замон низ ҲНИ дар кишвар бообрӯй боқӣ мемонд. Ҳар як фарди мусулмон дар бораи мафҳум, моҳият, мундариҷа ва мақсади дини мубораки Ислом медонад ва дар қатори ин аз номи ин дини мазкур киҳо чӣ тавр ва бо кадом восита барои манфиати худ истифода бурдани ин динро дарк менамояд ва дар қатори ин бар ҳоли ин динро чун силоҳи қатли ом истифодабарандагон бо нафрат механдад. Зеро ҷамъияти инсонӣ муосир гардида истодааст яъне мафҳум ва маънои дини мизкурро омӯхтааст.

 Он ашхосони инсонсимову ваҳшитабиат роҳи дигари рӯзгузаронӣ надоранд барои он ки гарданашон ба меҳнат хам намегардад ва барои ҳамин роҳи ростро дар зиндагӣ ёфта наметавонанд. Он инсонсимоёни бадсимо, ки гарданашонро чарбуи тайёрхӯрӣ зер намудааст ва меҳнати софдилонаро ранги заҳри қотил мебинанд барои пойдории ҳаёти осудаву осоиштаи тамоми сайёра заҳри марг гардидаанд.

Ҳамагон медонанд, ки таблиғотгароёни идеологӣ номи худро беҳуда соҳиб нагардида ба ҷони нафарони шумориданашаванда дар ҷаҳони мо зомин гаштаанд ва ҳоло низ гардида истодаанд. Он таблиғотгароёни идеологӣ ташкилотҳои бо ақидаи худ дунявиву муосир бо номи ТТЭ ҲНИ ташкил намудаанд, ки қувваи мавҷудияти худро аз хуни мардуми осоиштаву зисту зиндагонии ором дошта мегиранд. Фаъолияти онҳо дар ҷамъият на танҳо бо номи дини мубини Ислом балки ба номи инсоният иснод меоварад. Фаъолияти зараровар ва ғайри қобили қабули онҳо ба оромии сайёра зарару халал расонида истодааст. Набототу ҳайвоноти сайёра ваҳшиёна будани рафтору кирдори он носипосонро шоҳид гардида истода дудила гардида истодаанд, ки ҳашароту ҳайвоноти зараррасон барои олами муосири инсонӣ ки бошад.

 Таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, амсоли ТТЭ ҲНИ, хусусан аз ҷониби САҲА ва дигар ташкилотҳои манфиатдор мардуми софдилу содда ва боимонро беимон намуда истода, ҳаёти осоиштаи мардуми оламро бо оташи ҷанг гарм карда, миллионҳо сокинони осоиштаи сайёраамонро бехонаву дар, бе ватану кӯй ва гурезаву муҳоҷир намуда истодааст.

 Он беибоёни замони мо ҳамеша кӯшиши табаддулотҳои давлатиро доранд ва барпо кардани табаддулот, нооромӣ ва куштори бераҳмонаро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд. Ҳамеша маблағгузории роҳбарони фирории ташкилотҳои террористӣ – эктремистии наҳзати исломиро мепоянд ва баъди ба он соҳиб гардидан табаддулотҳои ҳарбиро зери сардории муфтхӯрони навбатии худ ташкил менамоянд. Мардуми мусулмони ноогоҳро барои манфиати худ истифода бурда бо силоҳи терористони наҳзатӣ табдил медиҳанд ва сабаби бегуноҳ кушта шудани халқҳои осоишта мегарданд.

 Дар ВАО мо ба гуфтаҳои намояндагони ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов ошно мегардем ва мефаҳмем, ки туҳмату буҳтонҳои онҳо нисбати Тоҷикистони мо барои мо дарс аст. Маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷикро аз номи дини мубини Ислом натанҳо мо омӯзгорон, балки тамоми халқи тоҷики муосир пеша намудаанд. Зеро ваъдаҳои бебунёди он ашхосони бесавод, ки аз номи ин дини муборак сухан меронанд, гурӯҳҳои иғвопеша шуморида мешаванд ва тарафдори оқибатҳои марговар мебошанду ҷавонони бехабарро ба доми худ мекашанд ва балегӯёнро (дастгирони ҳизбҳои ба ҷамъият бегона) бо пулҳои ба фикри худ роҳи савобро пеша менамуда таъмин мегардонанд.

 Агар фикр кунем сафҳои он ҷиноятпешагон саршори одамони аз давлату миллат норозӣ, бесаводу найрангбозон, муфтхӯру ба нотавонӣ рӯй овардагон ва аз куштори одамони бегуноҳ лаззатбарандагон мебошанд, ки ТТЭ ҲНИ-ро бо ҳамин мақсад созмон дода барои бунёди он кӯшидаанд. Аммо афсӯс, ки ягон аъзои он ташкилоту ҳизбҳо ҷои дастмеқапидагӣ надоранд ва дар ҳақиқат нимчамуллоҳои бесаводи аз мафҳуми дини мубини Ислом бехабарон дар симои ҳомиёни дин мебошанд. Онҳо ба номи дини мазкур иснод оварда истода ҳодисотҳои номатлуб ва гӯшношунидро дар ҷамъиятҳои инсонӣ барпо намуда истодаанд.

 Он беҳудаву беасос шиквакунандагон ягон кори муносибро нисбати дини мазкур иҷро намекунанд аммо адолати иҷтимоиро дар кишварҳо бо нодиданиву ношуниданӣ мегиранд. Он ташкилотҳо агар ҳақиқатро ифода менамуданд бо таври махфиёна амал наменамуданд, ки ин ҳам барои ҷавонон ва мардуми дунё дарс гардиданаш шарт ва зарур мебошад.

 Ҳоло ҷавонони кишвари мо ба мафҳум ва таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ пурра сарфаҳм мераванд. Ғаразҳои сиёсии душманони миллат ва албатта, дини мубини Исломро, ки поймолкунандагони ҳуқуқи инсоният дар рӯи замин мебошанд лаънат мегӯянд. Ҳуввияти миллиро боло дошта маърифату маънавиётро силоҳи худ намудаанд. Садди роҳи чунин аъмоли ҷамъияти ороми Тоҷикистон мебошанд.

 М.ҶӮРАЕВ,
 омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ТТЭ ҲНИ дар САҲА ба шикаст дучор шуд!

Дар нишасти САҲА намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ оид ба маъалаҳои мухталиф баромад намуда, аз ҷониби иштирокчиёни давлатҳои дигар хуб пазируфта шуданд.

Дар ин нишаст иштироки аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо бо ном “Паймони миллӣ” фаъолият дорад ва гурӯҳи дигари бадхоҳи миллати тоҷик бо ном “Гурӯҳи 24” тааҷубовар аст. Зеро, ки ҷаҳониён аз фаъолияти ғаразноку нияти нопоки ин ташкилотҳо бохабар аст ва хуб ҳам дарк намудаанд, ки онҳо ягон фоидае барои Тоҷикистону тоҷикистониён надоранд. Пас суоле ба миён меояд, ки барои чӣ САҲА онҳоро барои иштирок дар ин нишаст иҷозат доданд? Аз ин ба кори САҲА оё баҳои мусбӣ додан мумкин аст? Албатта не!

 Дар нишаст намояндагони гурӯҳҳои мухолифи Тоҷикистон оид ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳарф мезананд, ки мақсади асосии онҳо ин ҳам бошад озод намудани зиндониёни сиёсист.

Чуноне, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: “Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад” , пас ҳар он шаҳрванде, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ дорад дар чорчӯбаи ҳуқуқҳои аз тарафи давлат интишоршуда побанд аст ва бояд онҳоро эътироф намояд. Ҳар он касе, ки аз он берун меояд ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки ин мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои ҷаҳонист.

Аз ин рӯ САҲА бояд дарк намояд, ки ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳи 24 гурӯҳҳои хатарноки ҷомеа мебошанд ва ҳамеша кӯшиш менамоянд бо ҳар роҳу восита шаҳрвандонро ба доми худ кашида гумроҳ созанд ва бо ин роҳ оромӣ ва сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ ба нияти нопоки худ нахоҳанд расид ва намегузоранд, ки ин гуна гурӯҳҳои нохалаф оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор созанд.

 Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

САФСАТАХОНӢ ДАР БАРОМАДИ ХОИНОН

Шиносоӣ бо баромади намояндагони Паймони миллӣ дар ҷаласаи САҲА нафрати ҳар як шахси ақли солим доштаро боз ҳам бештар месозад. Чӣ мазҳабгароӣ, чӣ терроризм ва чӣ экстремизм - ҳама як ҳадаф доранд. Дар тамоми дунё сиёҳ кардани хукумату халқи худ ин ватанфурушист.

Он ин қадар дилсӯзу халқ бошед, намешавад, ки барои боз беҳтар кардани зисту зиндагонии халқ ягон чораҳои мушаххасро пешкаш намоянд. Агар ба баромади тамоми онҳо гӯш андозед, дарк месозед, ки мақсади ягона ва асосии онҳо дучори мамлакати тинҷу озоди мо ба низоъ ва нифоқ мебошанд ва бо ҳамин номи Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон тоза кардан мебошад. Ин парда аз рӯи чеҳраҳои шинохтаи намояндагони ин ҳизб рӯз то рӯз бардошта шуда истодааст. Барои ҳар як шахси солимақл рӯшан аст, ягон кор пурра бе хатогӣ ва бартараф кардани он ба хубӣ анҷом намеёбад. Агар, ки доимо дар кофтукобӣ камбудӣ бошед, аз хубиҳои зарурӣ бехабар мемонӣ. Ба Кабирӣ - шахси аввали ҳизб ҳунари кофтани чирк аз таги нохун аз ки расида бошад, ё худ ин хусусияти меросӣ дошта бошад. Ба чашм мерасад, ки ин ҳама дар дили ӯ алами дуриҳо аз ватан бошад. Агар ин одам обрую иззати худро медошт, аз сар то ба охир дар ҳама ҷо бо як рӯйхати доимии сиёҳкуниҳо баромад намекард. Дар китоби масалҳои асри гузашта омадааст, ки агар бо додгӯию лофзаниҳо агар як хона сохта мешуд, харҳо бо ин хисслати ба онҳо хос ким кайҳо шаҳрҳоро бунёд мекарданд. Гузашта аз ин онҳо аз созмонҳои бонуфузи олам даъват ба амал оварданд, ки худро чун мусичаи бегуноҳ, ки аз «поймол шудани ҳуқуқҳояшон» дар Тоҷикистон доимо дар азобанд, нишон додан мехоҳанд. Ҳол он ки ТТЭ ҲНИ дар кишвар ҳамчунин барангезандаи ҷанги шаҳрванди дониста шудааст. Роҳбарони ин ҳизб дар минтақаҳо барои мусаллаҳ намудани гурӯҳи муташаккили ҷинояти саҳм доштанд. Агар ин тавр намебуд, чаро «бародарон»-и мо тавассути ҳизби таъсисдодаашон - ҳизби наҳзати ислом дар байни мардуми мо тухми низоъу нифоқ, ҳисси бадбинӣ, беэҳтироми нисбат ба таъриху анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ мекоштанд. Истифодаи доимии сиёсати сиёҳкунии фаъолияти халқу ҳукумат, худро нишон додани ҷабрдидагон асосӣ ба ин ҳиллагарон мутмаинн аст, ки ҳеҷ боре намеоварад.

Намондагони ҳизб дар бораи гӯё шиканҷа дар дохили ҳабсхона бо овози баланд гап мезананду, чаро боиси марги ин қадар халқӣ оддӣ гаштанашон дар ҷанги шаҳрванди ягон ҳарфе намегӯянд. Бе хонаю бе фарзанду бе модару падар мондани халқи оддӣ ин терроризм набуда, пас чист? Агар ҳар як нафари аз дасти ин шахсони “барӯманд” - и ҳизб ҷабрдида ба ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳони даъво пешниҳод кунанд, ин “шахсони барӯманд” на дар замин ҷой меёбанду на дар осмон. Агар шумоён ҳамчун мардуми оддӣ бо бечорагии худ овора мебуданд, бо ин лофзанию туҳматбофӣ овора намебудед. Барои бечорагиҳои худ ба арзи маблағи камтарини супоришҳои хоҷагони худро бе ягон шакку шубҳа иҷро мекунед. Фикр кунед, “мусичаҳои бегуноҳ”. Мардуми тоҷик ҳаргиз ин амалу кирдорҳои зиддинсонии онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Котилону саркардагонашонро ҷазои аз ҳама вазнин – нафрату лаънати мардум ва дурии аламовар аз ватан интизор аст. Таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Пешгирии чараёну ҳаракатхои ғайриқонуни кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон дихем. Ва бо ҳамин минвол карзи худро дар назди Ватан адо намоем. ТТЭ ҲНИ ва Паймони онҳо ифротӣ буд ва мемонад.

Пӯлотова И.Р. – д.и.и., профессори
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

ДУШМАН ЯК НАФАР БОШАД ҲАМ, ДУШМАН АСТ

Дар байни мардуми заҳматкашу меҳнатқарин гашта-боргашта маърифатнокии халқи тоҷикро меомӯзем. Ин халқи кӯҳан аз қадим соҳибтамаддуну тамаддунсоз мебошад. Дар рафти корҳои тарғиботи дар барои самтасосии сиёсати хориҷию дохиликии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 5 марти соли 1999 як модари бомаърифату донишманд гуфта будаанд. «Писарам, сухани Шумо дар барои падару модар ба мо мақул шуд, шеъри дар бораи модарро ба манн навишта тед, манн ёд мегирам. Дар охир Тоҷикистони бехиштсороро падару модари тамоми халқи тоҷик намудед. Ҳақиқати ҳол ҳамин хело аст. Дар ин макон таваллуд шуда ба воя расидем, хизмат кардем ва оянда дар ин макони ҷаннатнома ҷой шавем. Ҳеҷ гоҳ аз хотир набароетон, ки Дӯстотан ҳазор нафар бошад ҳам кам аст, душман якто бошад ҳам, он дӯшман аст».

Имрӯзҳои бунёдкори халқи тоҷик дар расонаҳоли байналмилалö имрӯз ташкилотҳои хунҳӯру вайронкор - Ҳизби Таҳрир, Салафия, ТТЭ ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ва амсоли инҳо худашонро ҷабрдида, азияткашида нишон медиҳанд, аз расонаҳо истифода бурда, худро дар назди САҲА чунон вонамуд мекунанд, ки ба онҳо зулми гузаро раво дида шудааст. Ин ҳам як маҳорати актёрии онҳо аст, ки метавонанд аз ташкилотҳои маблағгузор пул гирифта, хидмати хоҷагонашонро ба ҷо оранд. онҳоро таърих ҳеҷ гоҳ намебахшад!

Дар солҳои охир Конференсияи байналмилалии САҲА ба онҳо як майдони пулкоркунӣ буду бас. Ин кирдори онҳоро ба рафтори талбандае монанд кардан мумкин аст, ки дар бозор ва ҷойҳои серодам бештар нолаву фарёд мекунад ва чун ба ҷои камодам меравад, хомӯшу сокит мегардад. Инҳо ҳам ҳамин корро карданд, валвала, иғвогарӣ ва амсоли инро ба кор бурданд, то ки зулмдида буданашонро исбот кунанду ҷайбакашонро пур карда дар Аврупо бо шароити хуби маишӣ шоҳона зиндагӣ кунанд. Таърих исбт кард, ки ин ватанбезорию вайронкор, муфтхурони ба ном ҳақиқатталош ва дар асл курситалош агар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон авф шаванд ҳам, ба кишвар намеоянд. Чунки бо иғвову дасиса пулкоркунӣ барояшон осонтар аз он аст, ки бо арақи ҷабин даромад ба даст оранд. Халқ бекор нагуфтааст, «мардро дар майдони ободкорию бунёдкорӣ мебинед». Онҳо дар таги парда фаъолияти ғайбат мебаранд. Иштироки ТТЭ ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ва амсоли инҳо маънои онро надорад, ки онҳо соҳибқудрату тавоноянд. Иштирокашон далели ҷонибдорони зиёд доштанашон ҳам гашта наметавонад. Иштирок карданд, сухан ронданд, ҷавоб шуниданд. Вайронкору одамкуш ҳеҷ гоҳ ба роҳи рост намеранд.

Дар рӯзҳои охир дастгоҳи воҳимасози ТТЭ ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24 дар расонаҳои хабарӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоиву Ютуб, Фейсбук ва ғайраҳо наворҳо ва мақолаҳоеро ба нашр расонида, иддаоҳои беасос мекунанд. Ин наворҳоро ҳам ба мисоли фарёди гадоён дар сари бозорҳо монанд кардан мумкин аст. Кӯрнамак, ватанфуруш, пири маблағталабон ва ё аниқтараш сарталабанда Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш мелаққанд, ки зиндагии минбаъдаашонро хуб кунанд. Интихоботи дар соли 2020 дар Тоҷикситон баргузоршаванда ҳам барояшон як баҳона барои пулкоркунӣ мешавад ва ҳар фурсатро ғанимат шуморида вақ-вақи худашонро расонаӣ мекунанд. Дар ин ҳолат касе ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик бошад, аз ин тӯҳмату бӯҳтонҳо, суханронони бемазмун хулосаи дуруст бароварда, барои гул-гул шукуфони давлати Тоҷикистон саҳми худро гузоранд!

Шарофиддин Гадоев, Варки, Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов ва чанд нафари дигар дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳар суханронӣ ва наворҳои дар конференсяи баргузоргаштаро расонаӣ карда, нишон додан мехоҳанд, ки онҳо зӯру тавоно ва ҳукуматдорони тоҷик ҳақиру заифанд. Бо ҳикмати халқ «Саг ак-ак мекунаду корвони бунёдкор гузашта рафтан мегирад».

Ин ҳама шаф-шафгӯӣ ва тап-тапи зағома карда гап задани онҳо танҳо як мақсад дорад, ки ин ҳам бошад, соҳиб гаштан ба мансаб, хидмат кардан ба хоҷагони пасипардагӣ ва бо ҳамин роҳ ноил гардидан ба қудрату курсиҳову вазифаҳо. Душманони дигар ҷавонон ҳам сухан карданд, аммо онҳо ҳам зархаридонанд, ки худро намоиш доданӣ мешаванд. Аммо ҳамоно ин давиданҳояшон то расидан ба каҳдон аст. Конференсияи байналмилалии Варшава дакиқан собит сохт, ки ҳадафи ТТЭ ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24 на озодӣ ва ё демократия, балки мансабталошӣ асту бас!

Ба халқи тамаддунсозам, мардуми бунёдкору созанда, ободкору ташаббускор аз дилам бовар менамоям, ки мардуми Тоҷикистон таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузаштаро аз хотир набаровардааст ва ҳаргиз ба иғвову дасисаи ин ношудон бовар намекунад. Аллакай аз ҳаёти гузаштаи худ хулосаи дуруст баровардааст. Барои ба ҳаёт тадбиқ намудани 4 ҳадафи давлати бо як фаъолияти ташкилотчигию ташаббускорö машғул мебошад.

 Сафар ЭРКАЕВ,
 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов - дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ва қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузтарини олам ворид шуданд

Читать далее

МУНОСИБАТИ ДУГОНАИ СОЗМОНИ «ҲУҚУҚИБАШАРӢ» ва ё шикасти ТТЭ ҲНИ дар арсаи ҷаҳонӣ

Роҳбарону муассисони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо сармояи хоҷагони хориҷиашон вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро печида карда, сабабгори ҳалокати беш аз 150 ҳазор одам гардиданд. Барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои ғаразонаи худ даст накашиданд ва ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардонидаанд. Инчунин, дастовардҳои беназири давлату миллати тоҷик наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ мекунад. Аз ҳеҷ дурӯғу сафсатабозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд. Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.

Афсус ки, имрӯз муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ боиси таассуф мебошад. Хусусан, яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар САҲА гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Хусусан, дар ҳамоиши сентябри соли 2019 ин созмон гуфта мешавад, ки «нишасти САҲА дар Варшава, ки аслан як нишасти ҳуқуқибашарӣ аст», аммо дар ин ташкилоти бонуфузи «ҳуқуқибашарӣ» -и Аврӯпо ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуб аст.

Дар ин ҷараён роҳбари давлат дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба ин гуна ташкилотҳо ва ғуломони пулу сармоя ҷавоби хеле бамаврид мебошад: «Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона” -ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, наҷодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо суиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд (шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2018).

Р.Усанов,
 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее