08 October 2019

Сайёҳӣ рушд меёбад

Дар Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Бӯстон масъалаҳои рушди сайёҳӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ташаккули тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардид.

Дар кори ҷаласа тибқи нақша аз рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2010, № 560 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаётисолимдар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2011-2020”,аз 3-юми майи соли 2014, № 294 “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, аз 1 марти соли 2018, № 80 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2018-2020” натиҷагирӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида масъули рушди сайёҳии шаҳри Бӯстон Бахтовар Ҷумъаев, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Бахтиёр Мӯъминов ва сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила Мавзуна Латифова маърӯза намуданд.

Гуфта шуд, ки баҳри иҷрои қарорҳои мазкур қарорҳои дахлдори раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул гардида, тибқи он корбарӣ дар ин самтҳо бомаром ҷараён дорад.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар фарҷоми кори Шӯро масъулонро баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф намуд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бустон

Читать далее

Рӯнамои китоби “Тулӯи ҳақиқат”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бо ширкати бештар аз 200 нафар олимону устодон ва донишҷӯён, бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи муаллимон маҳфили муаррифии китоби тозанашри “Тулӯи ҳақиқат” баргузор  гардид. 

Китоби мазкур маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китобҳои пурарзиши илмиву таърихӣ ва адабии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  аз ҷониби  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва эҳтимоми шахсии Раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир” интишор шудааст.Маҳфилро  Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, аз моҳият ва арзиши китоб изҳори назар намуд.

Аз ҷумла зикр намуд, ки ин китоб армуғони арзандае бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавриди шинохти ҳақиқати таърихӣ оид ба роҳи пурпечутоби миллати тоҷик дар масири таърих маҳсуб мешавад. Ӯ гуфт, ки мақолоти дар китоб фароҳам омада, бори дигар собит менамояд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик қарор доранд ва осори илмиву адабии он кас сарчашмаи мӯътамади илмӣ барои муҳаққиқони муосир маҳсуб меёбад.

Дар суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султозода тазаккур дод, ки арҷгузорӣ ба таърихи тамаддуни кишвар, илм адабиёт ва мақому манзалати чеҳраҳои мондагори миллат аз самти асосии тадқиқоти Сарвари давлат маҳсуб меёбад, ки он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдату истиқлолияти Ватани маҳбубамон муассир аст. Вай нашри китобро дар арафаи Рӯзи забони тоҷикӣ фоли нек дониста, дасрас намудани онро ба хонандагон, махсусан донишҷӯёни мактабҳои олӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Тоҷибой Султонзода  муборакбодии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва нашри китоби “Тулӯи ҳақиқат”ба самъи ҳозирин расонид.Ҷӯрабек Исомаддинов, номзади  илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маърӯзаи пурмӯҳтавои” Пешвои миллат ва масъалаҳои таърихи миллат” оид ба мақолаҳои “Тулӯи ҳақиқат” дар мавриди таърихи миллат ва кишвар изҳори назар кард. Аз ҷумла оид ба саҳми шоёни Пешвои миллат дар маърифати сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва ташаккули мактаби таърихнигорӣ дар марҳилаи нави таърихӣ, идома ва таҳаввули корномаҳои шахсиятҳои бузурги миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров дар раванди таҳқиқи таърихи тоҷикон ба ҳозирин бо санадҳои мушаххас нақл кард.

Зери мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – ҳомӣ ва  пуштибони забони тоҷикӣ” Мӯсо Олимҷонов, номзади илмҳои филология  дар мавриди сиёсати давлатии забони миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мондагори Пешвои миллат дар шинохти сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, хадамоти фарзандони фарзонаи миллат дар густариши забони тоҷикӣ, мақоми шоистаи забони тоҷикӣ ба унвони забони илм дар масири таърих, истиқрори мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру ҳидоятҳо дар амри таъмини покизагии забони тоҷикӣ, мақом ва ҷойгоҳи он дар миёни забонҳои олам, таъмини асолат ва рисолати забони миллӣ дар шароити нави таърихӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавии тоҷикон ҳарф зад. НуралӣНурзод, номзади илмҳоифилология дар мавриди бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси маънавии халқи тоҷик, паҷӯҳиш ва тарғиби адабиёти миллӣ, эҳёи обидаҳои таърихӣ ҳамчун рукни барҷаста ва бузурги таъмини истиқлолияти маънавии халқи тоҷик,ки муаллифон дар радифи дигар ҷустуҷӯйҳои амиқи илмии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳқиқ қарор додаанд таваққуф намуд.

Номзади илмҳои филология Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таъкид кард, ки ҳарчанд то кунун маҷмӯаҳои мақолоти ҷудогонае дар иртибот ба таҳқиқи падидаҳои мухталифи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рӯи кор омадаанд, аммо китоби “Тулуи ҳақиқат” метавонад, сароғози боз як равиши тозаи таҳқиқи марҳилаҳои муҳим ва ҳассоси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор равад.

Мусанниф Саидумрон Саидов намунаҳои аввалини китобро ба Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло  ва чанд нафар аз олимони маъруф, ки ҳадя намуд. Ӯ гуфт, ки теъдоди муаййани ин китоб ба муассисаҳои таълимиву илмӣ, китобхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо эҳдо хоҳад шуд.

Мавҷуда ӮРУНОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее

Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ

Ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар конференсия олимон ва устодони филиали донишкада ва зиёда аз 150 нафар омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи муассиса Ш.Рустамов оғоз бахшида, роҷеъ ба мафҳум ва моҳияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забон ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон дар даврони Истиқлолият, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳои маънавӣ, пуштибонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз забони давлатӣ ибрози андеша намуд.

Баъдан тибқи барнома М.Юсуфова, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ ва масъалаҳои таълими он дар МТМУ», С.Ҷӯраева, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ таҳти унвони «Тадбирҳои халқӣ ва истифодаи он дар муошират», Э.Салимов, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии  ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо мавзӯи «Забон оинаи фарҳанги миллӣ», Д.Фарҳодзода, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №10 шаҳри Бӯстон таҳти унвони  «Андешаҳо оид ба асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат»,  Н.Абдуллоева, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №5 шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Истифодаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарсҳои забони тоҷикӣ» маърӯзаҳо намуданд.

Бахши илм ва инноватсияи
ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд

Читать далее

«Табиби паррон» ба Фестивали байналмилалии «Ábish Álemi» меравад

Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба  Қазоқистон мераванд.

Бино ба иттилои саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов ҳунармандони театр бо намоишномаи “Табиби паррон” дар Фестивали байналмиллалии Театрҳои касбӣ «Ábish Álemi», ки санаҳои 11-14-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад , ширкат меварзанд. Намоишнома аз рӯи асраи Ҷ.Б.Молҳер, бо коркарди нависандаи ӯзбек Ш.Бошбеков ба саҳна гузошта шудааст ва ҳунармандон Диловар Султонов, Ҳакимҷон Ахмедов, Сурайё Хӯҷаева, Мирзоумар Мирзоаҳмадов, Дилшод Сайфиддинов, Фаёз Бойматов, Азиза Худойбердиева ва дар саҳнаҳои умумӣ Фирдавс Ҷӯраев, Ҳикматулло Аҳадов, Орифа Ғафурова, Насиба Каримова нақш меофаранд.

Бояд қайд кард, ки ин дувумин сафари намоишномаи «Табиби паррон»-и Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба хориҷи кишвар мебошад.

Ҳунармандони театр дар ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз-2019", ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор шуда буд,  иштирок ва сафари хотирмоне доштанд. Дар ин сафар намоишномаи  «Табиби паррон»  писанди мухлисон гашта, аз ҷониби мутахиссисон баҳои баланд гирифта буд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварӣ ва коркарди​ пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

7 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо рафти ҷамъоварии пахта ва қабули он аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят зимни боздид аз пахтазори ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва хоҷагии деҳқонии ба номи Шарифбой Юлдошев бо саҳмдорону чинакчиён суҳбат намуда, таъкид кард, ки саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз имконияту шароити муносиб бояд дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта кўшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд ва нагузоранд, ки маҳсули заҳматашон талаф ёбад.

Читать далее

Беш аз 50 000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд

Дирӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо ҳузури муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони навоҳии пахтакор, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди пахта доир шуд, рафти ҷамъоварии пахта ва қабули он аз тарафи корхонаҳои коркарди пахта мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Читать далее