02 November 2019

ИҒВОГАРӢ ДАР ҚОЛАБИ ГУЗОРИШИ ХАБАРӢ. Изҳороти Кумитаи тадорукоти Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

 ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ (идеологӣ) хидмат карда,

Читать далее

Президент РТ Эмомали Рахмон едет в Европу

  На следующей неделе президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Швейцарию, Чехию и Францию, а также не исключено посещение других стран Европы.

Читать далее

«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир

         Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тўлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми гурўҳҳои манфиатдори минтақавӣ ва сиёсатҳои

Читать далее

Фульвио Мартушиелло: «ЕС и Таджикистан продолжат дальнейшее плодотворное сотрудничество»

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /НИАТ «Ховар»/. Сегодня делегацию Европейского Парламента во главе с Фульвио Мартушиелло, председателем делегации ЕС в Комитетах парламентского сотрудничества со странами Центральной Азии, а также по связям с Туркменистаном и Монголией, принял Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон. По итогам встречи делегация Европейского Парламента провела брифинг для местных и зарубежных СМИ.

Читать далее

Ғаразҳоро аз дил биронед!

Вобаста ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик дар воситаҳои ахбори омма, махсусан, сомонаҳои интернетии расонаҳо як қатор матолиби зиддунақиз, суҳбату мусоҳибаҳо ва баёнияву изҳоротҳо рӯи сафҳа пайдо мешаванд. Дар ҳамин гуна матолиби иғвоангез ва моҷароҷӯ ақоиди ботил инъикос меёбад. Ба ин мисол шуда метавонад навиштаҳои раҳбарият ва аъзоёни Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки пайваста пеш аз воқеаҳои муҳими сол нашр мешавад. Ин маънои онро дорад, ки онҳо миёни мардуми тоҷик тухми кинаву адоват мекоранд. Ҳарчанд маълум аст, ки ҳар гуфтори асосу беасосро омода мекунанд ва аз чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд. Вобаста ба сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоштаҳо рӯзҳои охир зиёд шуда истодааст ва давлату ҳукуматро зери интиқод мегиранд. Масалан, матлаби охири дар сомонаи «Паём.нет» интишорёфта далели ин гуфтаҳост. Дар он наҳзатиҳо дар бораи сафари Пешвои миллат ба Аврупо нақл карда, мегӯянд, ки Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябри соли ҷорӣ вориди Суис хоҳад шуд. Рӯзи 7 ноябр ӯ аз Фаронса дидан мекунад. Қарор аст дар як сафари якҳафтаина аз чанд кишвари Аврупоӣ боздид кунад. Ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин дар ҳолест, ки сафари Президенти кишвар ба чанд кишвари Аврупо сафари расмӣ буда, дар он ягон ҷои махфӣ будан ҷой надорад.

Президенти ҷумҳурӣ ба кулли гуфтаи хеш содиқ мемонад ва ҳамаи онро бечуну чаро амалӣ  месозад. Вале нигорандаҳои наҳзат бо такяи дурӯғин ба коршиносон зикр мекунанд, ки ба «Паём» муяссар шуд аз се манбаъ дар сатҳҳои гуногун тасдиқи хабарро пайдо кунад. Вале ин дурӯғи маҳз аст. Чунки пайравони наҳзат афроди манфиатҷӯ буда, мақсадҳои хешро амалӣ мекунанд, вале барои давлату миллати тоҷик кореро иҷро кардан намехоҳанд. То ба кай наҳзатиҳо мардумро фиреб медиҳанд, то ба кай бо чашми мардум хок мепошанд. Боре фикр намекунанд, ки мардум бедор шудаанд ва суханҳои ҳақро аз ботил пай мебаранд ва дигар ба ин суханҳои бофта бовар надоранд.

Ин сомона, ки зери ақидаҳои бегонапарстӣ амал мекунад, дар бораи вазъи имрӯзаи кишвар чандин сухан меронад, ки навиштаҳо ба ҳам мувофиқат намекунанд ва зидди ҳам ҳастанд. Пас, ба он чӣ гуна метавон боварӣ пайдо кард, вақте як санадро сад намуд таҳриф мекунад ва боз дар он фикри шахси муаллиф, ё фикри шахсии муассис ва чанд манфиатхоҳро инъикос менамояд.

Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки ин сомонаи ифротӣ аз ҷониби давлатҳои наздик ба маблағгузори наҳзат таъсис дода шудааст, вале он матлаберо интишор дода, диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии кишварро мехоҳанд, ба он равона кардан мехоҳад, ки то гумроҳ созад ва аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд. Аммо онҳо берун аз кишвар фирорӣ ҳастанд, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебаранд. Муборизаи номардона ва чоплусона.

 

Р.Раҳимов

 

Читать далее