08 November 2019

Таъсисёбии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр

Нусхаҳои хаттӣ баёнгари таъриху фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд моҳи апрели соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр таъсис ёфт. Кормандони  шуъба аз замони таъсисёбӣ то имрӯз зиёда аз 400  китоби дастнавис ва чопи сангӣ харидорӣ  ва ҷамъоварӣ кардаанд.

Барои ҳаматарафа рушд кардан ва пешрафти кори шуъба ҷамъоварии китобҳои дастхат, чопи сангӣ идома ёфта, дастхатҳои маҳфуз дар бойгонии осорхона мавриди омӯзиш қарор дорад.

Аз байни ин китобҳо нусхаҳои нодире ҳастанд, ки аз арзишмандтарин осори ниёгони мардуми тоҷик мебошад. Дар ин радиф метавон китобҳои “Асрору-л-фотиҳа”, “Маъориҷу-н-нубуват”, “Мавоҳибу-н-алия”, “Захирату-л-мулук”, “Тазкирату-ш-шуаро” ва чандин китобҳои дигарро ном бурд. Аз ҷониби ходимони илмии шуъба то ин дам маълумотнома доир ба ҳар як китоби маҳфузбуда омода шуда, бархе аз онҳо, ба монанди: “Маъориҷу-н-нубуват”, “Мирвоҳу-л-арвоҳ”, “Девон”- и Алишери Навоӣ, “Тӯтинома”, “Дурру-л-аҷоиб” дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба табъ расидаанд.

Шуъба нақша дорад, ки феҳрасти нусхаҳои хаттии харидро пурра нашр намояд.

Мавҷуда Бойматова
Корманди илмии шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Читать далее

Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия

8 ноябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рўзи кормандони милитсия бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кормандони мақомоти милитсияи вилоят ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи иштирокдорони ҷамъомад расонида, кулли кормандони милитсияро бо иди касбӣ табрик намуд.

Читать далее

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар

Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмиву техникии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот намуданд

7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори Тоҷикистону Франсия барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ муҳокима гардид.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд

7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо ҳамватанон изҳори хушнудӣ карда, бо онҳо дар бораи пешравиҳои Ватан ва оид ба рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон суҳбат карданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот намуданд

7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо «Ташкилоти Оғохон оид ба рушд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия

7 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи «Орли»-и Франсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Франсия самимона истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Мурғи аълосифат” ва ҶДММ “Маҳмуд ва Компания”

7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Гулистон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” аз наздик шинос шуд.

Бояд таъкид кард, ки сохтмони корхонаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи аълосифат” моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва айни замон корҳо тибқи нақша идома дорад.

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти радиои «Аврупои озод, Радиои озодӣ» Ҷеймӣ Флай мулоқот намуданд

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Гулистон

7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Гулистонро мавриди таҳлил қарор дода, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохторҳои вилоятӣ супоришҳо дод.

Читать далее