02 January 2020

Конфронси илмиву назариявӣ

Дар толори Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд конфронси илмиву назариявӣ дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ин ташкилоти бонуфуз таҳти унвони “Иттифоқҳои касаба – марҳалаи тозаи рушд ва ҳамкориҳо” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он  намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раисон ва намояндагони Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят, фаъолон ва мутахассисони соҳа, олимон, донишмандон ва муҳаққиқон ширкат варзиданд.

Конфронсро дотсент Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида гуфт ки ҳадафи конфронс дар партави дастуру супоришоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор додани фаъолияти дирӯз ва имрӯзи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мусоидат намудан ба амалишавиии Барномаи давлатии Иттифоқҳои касаба ва баррасии роҳу усулҳои муосири рушд ва ҳамкориҳо, ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои  беҳдошти вазъи фаъолияти кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.

Сипас, намояндаи Мақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиивилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ҳозиринро бо ҷашни якасраи Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи он аст, аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муборак намуд ва аз мақому манзалати ин ташкилот сухан кард. Дар мавриди ҳамкориҳо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳодҳои ҷолиб баён кард.  Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода низ ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

   Аз рӯи барномаи конфронс таҳти мавзӯи “Назаре ба таърихи таъсис ва рушди иттифоқҳоикасаба”номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муаррихи номвар Ҷӯрабек Исомаддинов баромад карда, аз таърихи  пайдоиш ва рушди иттифоқҳои касаба  изҳори назар кард. Дар барномаи ӯ самтҳои фаъолияти Иттифоқҳои касаба дар замонҳои мухталиф мавриди таҳлил қарор гирифт ва аз аҳамияти ин ташкилот ба ҷомеа мисолҳои фаровон ироа намуд.

Дар маърӯзаи Иброҳимҷон Ҷабборов, номзади илмҳои таърих,  декани факултети таърихи  ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров “Рушди Иттифоқҳои касаба дар даврони Истиқлол” оид ба фаъолият ва ташаббусҳои наҷиби Иттифоқҳои касаба дар замони Истиқлол сухан рафт.

Маърӯза таҳти унвони “ Эмомалӣ Раҳмон ва марҳалаи тозаи рушду ҳамкориҳои  Иттифоқҳои касаба дар замони муосир” аз ҷониби Шарифулло Абдуллозода раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ироа гардид, ки аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар пешрафти фаъолияти Иттифоқҳои касаба сухан рафт. Ӯ гуфт, ки Сарвари давлат ба фаъолияти мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ба мо ҳамчун қувваи созандаву пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварӣ доранд. Махсусан, мулоқоти Сарвари давлат  бо роҳбарон ва  фаъолони иттифоқҳои касабаи кишвар ба марҳалаи нави фаъолияти густурда ва пурвусъати ин соҳа, ки аҳли меҳнати ҷумҳуриро ба ҳам овардааст, оғоз бахшид. Дар маърӯзаи “Ҷавонон ва иттифоқҳои касаба”, ки Шӯҳрат Саидов - номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, устоди ДДҲБСТ ироа кард, нақши ҷавонон дар пешрафти соҳа буд.

Сипас, дар назди ҳозирин  Хадамоти хизматрасонии фарҳангиву эҷодии “Корбар”, ки ба тозагӣ  дар назди Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таъсис дода шудааст, муаррифӣ гардид.

Саидумрон Саидов - номзади илмҳои филология, яке аз ташаббускорони таъсиси хадамоти мазкур гуфт, ки “Хадамоти хизматрасонии адабию фарҳангии “Корбар” барои ташкилу баргузории конфронс, форум, семинар, шабҳои эҷодӣ, маҳфилҳои илмиву адабӣ, ёдбуд ва мизҳои мудаввар машғул аст ва ҳадафи он баланд бардоштани маърифат ва маданияти муколамаву муҳовара  дар ҷомеа мебошад.

Дар поёни конфронс озмуни “Иншои беҳтарин”, ки барои донишҷӯёни донишгоҳҳои вилоят аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд эълон шуда буд, ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому тӯҳфаҳои пулӣ эҳдо гардид.

Читать далее

Тафаккури ифротӣ бебунёд!

Дар замони имрӯза як гурӯҳи ифротӣ - хоинони миллат Ватани мо ва зиндагии ободу осудаи мардуми онро дида натавониста, баҳри ноором кардани вазъи сулҳу субот кӯшиш мекунанд. Ин аз мо, ҳар як шаҳрванди ватандор, новобаста аз касбу кор, синну сол ва аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ тақозо дорад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Таҳдиди ин зуҳурот, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳо метавонад сади роҳи ин падидаи хатарзо гардад.

Маҳз равиши таблиғот, истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Саволе ба миён меояд, ки чигуна бояд ҳар шаҳрванд дар мубориза бо экстремизм оштинопазир бошад! Доир ба саволи мазкур бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Албатта, ҳар шаҳрванди ватандӯст дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар як нафар шаҳрванди кишвар равона шудааст.

Ҳамин тавр, ҳаракати имрӯзаи ифротгароӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил мебошад. Дарки ин нуқтаи муҳим ва дарки ҳадафҳои ин гурӯҳҳо бояд муносибати ҳар як шаҳрвандро нисбати онҳо муайян кунад.

Суботу амният, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии ҷумҳурӣ барои мо як арзиши калидӣ аст. Имрӯз бояд тамоми мардуми кишвар дар мубориза баҳри пешгирии ин зуҳуроти хатарзо муттаҳид гарданд.

М.ШАРИФОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДАИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Худшиносии миллӣ дар комёбиҳои фарҳангӣ, илмӣ, техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳанги ҳуқуқию сиёсӣ зоҳир мегардад. Дар навбати худ ибтидою анҷоми корҳои мазкур ба маданияту одоби ҳар як фарди ҷомеа робитаи ногусастанӣ дорад.

Халқи тоҷик дорои фарҳанги бостонист ва зарур аст, ки ҷомеаи имрӯзаи мо дар сатҳи маданияту маърифати олӣ зиндагӣ дошта бошад. Мутаассифона, дар ҷомеа афроде низ ҳастанд, ки бо ахлоқи ғайриинсонии худ осоиштагии мардумро халалдор месозанд. Бинобар он, моро лозим меояд, ки дар такя ба нишондоди Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оид ба таълиму тарбияи насли оянда зиёдтар ҳарф бизанему тадбирҳои судманд биандешим.

Дар замони ҷаҳонишавӣ фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ифротгаро, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва зери ниқоби ислом амал мекунанд. Ҳол он ки Исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надошта, ин падидаи нанговар ба хотири бадном кардани дини муқаддас аз тарафи душманон роҳандозӣ мешавад. Дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгароии ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Ва имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Лекин боиси таассуф аст, ки ба гурӯҳу ҳаракатҳо баъзе шаҳрвандони мо, аз ҷумла, ҷавонони сустиродаву ноогоҳ низ шомил гардидаанд. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз бо гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, ки ба амалҳои террористӣ даст мезананд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Барои ба ҳадафҳои нопоки худ  расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии мардум таъсир расонидан мешаванд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба бархе хоинони миллат мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки байни мардум тухми кинаву адоват кошта боз мардумро  ба  ҷудоиандозиҳо  кашанд.

Чун ба солҳои даврони соҳибистиқлолӣ назар афканем, мебинем, ки чӣ қадар масҷидҳо сохта шуда, мардум дар ибодат озоданд, чӣ қадар оромгоҳҳои шахсони бузурге, ки дар дини ислом маъруфу машҳур буданд, таъмиру тармим карда шудаанд! Бо забони тоҷикӣ нашр гардидани китоби Қуръони карим ва дигар тадқиқотҳои мукаммал оид ба осори динӣ, Донишгоҳи исломӣ дар пойтахти мамлакат, имконоти озодонаи зиёрати Хонаи Худо, ки барои шаҳрвандони мамлакат имконпазир гардидааст, аз он далолат медиҳад, ки дар раванди тараққиёти ҷомеа шароитҳои хубро фароҳам оварда шудааст. ҳама иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар кишвар  дастгирӣ меёбанд. Аммо,  баъзе ашхоси нотавонбин пешрафти кишвари худро дида натавониста, ба таври пинҳонӣ ниятҳои нопокашонро амалӣ карданӣ, сулҳу суботи кишварро ноором карданӣ мешаванд.

Ояндаи ҳар миллат ҷавонони боилму фарҳанг ва баору номуси он ҳастанд, зеро онҳо бо созандагии худ метавонанд обрӯю эътибори миллати хешро дар байни оламиён баланд бардоранд ва боиси ифтихору сарбаландии халқу Ватани худ гарданд. Ҷавонон нерӯи созандаи имрӯзу фардоянд, ки бо худ мояи асливу ҷавҳари ахлоқии миллатро пеш мебаранд ва бо ин роҳ пайванди наслҳоро таъмин месозанд. Зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз дар байни ҷавонони мустақил ва арҷгузор ба мероси фарҳангӣ шахсони эҷодкор, навовар ва фаъоли ҷамъиятӣ ба воя расидаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай  роҳи худро интихоб кардааст. Мо, устодони донишкадаро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар ҳамсӯҳбат шавем, аз дунёи ботиниашон бохабар гардем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш,  илмомӯзӣ ташвиқ намоем ва дар зеҳни онҳо хештаншиносию меҳанпарастиро парварем, то тамоюли номатлуб идома наёбад.

 З.ҶАЛОЛОВА,
дотсенти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ДАР НИҚОБИ НАВ

Тавре, ки маълум аст дар чандин даҳсолаи охир фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ густариш ёфта ин тоифаи бадкешу бадгавҳар ва хоину малъун ба хотири хиёнат намудан ба Ватан ва миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ гирифта, барои гумроҳсозии миллат кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд ва сад дар сад бовар дорам, ки пас аз ошкор шудани чеҳраи воқеии ин наҳзатиёни палид, мардум ҳатман хулосаи зарурие дар бораи ин тоифа хоҳад баровард.

Зеро шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта аъзоёни ин ҳизби террористӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолияти густардаро ба роҳ монда дар ин давра садҳо амалҳои террористиро содир намудаанд. Танҳо аз соли 1997 то соли 2016 аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 30 амали террористиро содир намудаанд, ки ин дар таърих собиқа надорад.

Ҳамчунин ин наҳзатиёни палид дар ҳамкорӣ бо хоҷагони хориҷияшон ва созмонҳои ба ном мазҳабии террористӣ солҳои 90-уми асри гузашат дар қаламрави кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз намуданд, ки ба миллат зарбаи бузурге буд ва ҳамон вақт мақсади ин палидони наҳзатӣ несту нобуд кардани миллати тоҷик ва ба қисматҳо тақсим намудани Ватани азизамон буд.  Ҳоло бошад, пас аз ошкор шудани воқеияти ин наҳзатиён ва эълон гардидани ҲНИ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ аъзоёни ин ҳизби террористӣ бо роҳбари палиди он Кабирии малъун ба хориҷи кишвар паноҳ бурда аз ҳамон ҷо мустақиман аз ҷониби хоҷагонашон сармоягузорӣ ва ҳимоят мешаванд.

Аммо ин интиҳои кор набуда, наҳзатиёни палиду касиф ва разилу бадкеш ба хотири гумроҳ намудани миллати тоҷик дар шабакаи ҷаҳонии интернет якчанд сомонаи интернетии худро таъсис намудаанд, ки тариқи он ҳар рӯз барои паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва гумроҳ намудани миллат матлабу ахбори бардурӯғ ва иғвобарангезро нашр менамоянд.

Ҳамзамон ин наҳзатиёни лаин ва гумроҳу баднафсу шикампарвар барои пинҳон намудани чеҳраи манфури худ ва гурехтан аз гуноҳҳои кардаи худ дар Аврупо Ташкилоти террористӣ-экстремистии Паймони миллиро таъсиси додаанд, ки мустақиман аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон таъмини молиявӣ карда мешавад ва ин ташкилоти террористии зиддимиллӣ ҳам мақсадаш гумроҳ намудан ва фиреб додану сарсон сохтани сокинони кишвар мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ташкилоти террористии нави наҳзатиён ниқоби нави ин манфурон ва аҷдаҳонафсону пулпарастону ғуломтабиатони  буда, бо ҳамин роҳ кабирии палид мехоҳад дар миёни ҷавонон ҳаводор пайдо намуда,  стратегияи хоинонаи  зиддимиллии худро амалӣ созад.  Агар ба таври дигар гӯем хар ҳамон хару ҷуллу туқумаш нав.

Умедворам, ки ҷавонон ва насли огоҳи миллат аз ин найрангу макри хоинонаи кабирии палиду авбош ва террорист огоҳ гардида, барои фиретф нагардидани ҳамсолони худ, бетарафиро ихтиёр наменамоянд.

Зеро ин кабирии фоҳишасирату ғуломтабиат барои гумроҳ сохтани мардум ва болида гардонидани табъи хоҷагонашу ба даст овардани маблағ аз ягон роҳи шайтонӣ даст намекашад.

Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Алайҳи терроризму экстремизм оштинопазир бошем!

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Террористон бо содир намудани ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд. Онҳо, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дурӯғин мехоҳанд сафи аъзои худро зиёд намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Ҳукумати мамлакат тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод. Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад.

Таҳдиди хориҷии зуҳуротҳои болозикр, барои кишвари мо пеш аз ҳама дар вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида мешавад.

Пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерӯҳои ифротӣ буд.

Таҳлилҳои солҳои сипаригашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнашон, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа эътибори махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кӯшиш намоянд, то тавонанд ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.

Бояд гуфт, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши кишвамонро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амн нигоҳ дорем.

Шамил НАЗАРЗОДА,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Сулҳу амонӣ – ҳадяи олӣ

Мо - ҷавонони  зодаи даврони  Истиқлол  мудом кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳем, то  зиракии  сиёсиро аз даст надода бо шукргузорӣ аз сиёсати хирандмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами Миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зиндагӣ  намуда  истодаем.  Ҳамаи он хоинони миллате, ки аз  соҳибистиқлоливу   пешравии мо ҳасад бурда, мехоҳанд  бо ҳар гуна  роҳу  равиш ҷавонони моро гумроҳ созанд, хатои бузурге хоҳанд кард.    

Дар ҳақиқат, қарни 21- қарни рушди босуръати илму техника, технологияҳои иттилоотӣ ва бархурди тамаддунҳо буда, давлатҳои абарқудрат сиёсати ҷаҳоншавиро пеш гирифтаанд. Онҳо дар зери ниқоби демократия  кӯшиш мекунанд, ниятҳои бадхоҳонаи худро амалӣ созанд, ки воқеаҳои даҳшатбори Ироқ, Сурия ва Украина аз он гувоҳӣ медиҳанд. Чӣ тавре ки маълум аст баъди пош хӯрдани ИҶШС ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани кишварҳои соҳибистиқлол, давлатҳои абарқудрат сиёсати дар зери таъсири худ нигоҳ доштани ин ҷумҳуриҳоро пеш гирифтанд. Аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо баҳонаи демократикунонии ҷомеа давлатҳои абарқудрат бо истифода аз идеологияи дини мубини ислом ба таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шуруъ намуданд.

Омилҳои дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонанд, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути шабакаи Интернет паҳн мешаванд. Бинобар ин, вазъи имрӯза, раванди тезутундшавии манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, бархурди тамадунҳои гуногун, зарурияти ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар назди ҳар як фарди кишвар алалхусус, наврасону ҷавонон вазифа мегузорад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба муқобили ҳама гуна гурӯҳҳои ифротгаро, ҷудоиандоз мубориза бурда, дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем. Хусусан, ҷавонони мо бояд фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳо ва идеологияи бегона нашуда, хуб андеша намоянд, то ин ки рафторашон боиси пушаймонӣ нагардад.  Дар ҷанги Сурия бархе аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок намуда, ба ин гурӯҳҳои экстремистӣ пайвастанд. Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо шомилшавии ҷавонон ба гуфти таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ин гуруҳҳо мешаванд. Чуноне ки аз расонаҳои хориҷӣ бармеоянд, ин гурӯҳҳо ба онҳо маблағ ва, ҳатто, ҷойи кори хубро ваъда мекунанд. Инчунин дуруст надонистани моҳият ва мазмуни дини мубини Ислом низ ба ин сабаб мегардад, зеро ҷанги мусулмон бо мусулмон ҳаргиз ҷиҳод нест, ба ҳалокат расидани мусулмон аз дасти мусулмон ҳеҷ гоҳ маънои «шаҳид» шуданро надорад.

Мавриди зикр аст, ки кишвари мо  бо мушкилӣ бошад ҳам, бар зидди ин гуна қувваҳои ҷудоандозу ифротгаро собитқадамона мубориза мебарад, зеро миллати куҳанбунёди мо аз имтиҳони сангини ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, ва сулҳу амониро ҳамчун олитарин ҳадяи худованд ва Истиқлолият пос медорад. Аммо воқеаҳои солҳои охир ҳар як фарди кишварамонро ҳушдор медиҳад, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи ҳаргуна дасисаю бозиҳои сиёсӣ нагардем. Мо - ҷавонон фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нашуда, ҷавобан  ба ғамхориҳои Сарвари давлатамон  бо шукргузорӣ  Ватани  маҳбубамонро  ободу зебо  мегардонем.

Алишер ҒОИБОВ,
устоди ДДХ

Читать далее

Зиракии сиёсиро аз даст набояд дод

Вокуниши полковники мустаъфии ВКД ҶТ Назаров Қурбоналӣ воқеан қалби касро ба дард меоварад. Аслан, ҳар фарде, ки ақли солим дорад, аз фалокати  ба сари ягон махлуқи зинда омада бетараф буда наметавонад ва ҳеҷ набошад, чашмаш пуроб мешаваду дилаш ба дард меояд, чӣ ҷои гуфтан дар бораи шахсони наздикаш! Мутаассифона, алҳол ашхосе ҳастанд, ки бадбахтии дигарон онҳоро қуввату тавон медиҳаду баръакс, муваффақияташонро дида наметавонанд. Имрӯз ашхосе ҳастанд, ки барои мансаб, маблағ ва ё аксар вақт ваъдаҳои бардурӯғ ба ҳар кору ҷиноят омодаанд.

Баъди пошхӯрии ИҶШС ҳизби террористии ба ном исломӣ чун яке аз ҳизбҳои амалкунанда дар Тоҷикистон фаъолияти густурда дошт. Зери ниқоби дини мубини ислом, ки марому мақсадаш ваҳдату ягонагист (на куштору ҷудоиандозӣ!) мақсадҳои ғаразноки худро тарҳрезӣ намудан гирифт. Шахсони ноогоҳи камсавод, ки аз асли ислом хабаре надоранд, ба гуфтаҳои онон бовар намуданд. Албатта, шахсоне, ки фикрронии дурусти мантиқӣ доранду қаноатро пешаи худ гирифтаанд, фирефтаи суханони беасосу бемантиқ намегарданд. Як қатор қонунҳо аз қабили қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд қабул карда шудааст, ки тибқи он ба ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.

Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ маҳфилҳои зиёде амал мекунад, ки барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии кӯдакону наврасон ва ҷавонон тарҳрезӣ гардидааст. Хулоса, имрӯз дар Тоҷикистони азиз тамоми имконот барои пеш бурдани ҳаёти оқилона ва барои кишвару ҷомеа нафъовар фароҳам аст ва ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва шомили ҳар гуна ҳизбҳои шубҳаноку зараровар нагарданд.

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии
забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Якдилӣ, ҳамбастагии мо – сади роҳи кӯрдилон

Соли 2019 ҳам ба ҳукми таърих мегузорад.     

Пӯшида нест, ки дар ин сол бисёр ватанфурӯшон, аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ, террористӣ, аъзоёни ҳизби наҳзати ислом хостанд, бо саҳнасозӣ дар назди хоҷагони худ обрӯи набудаи худро ҳифз намоянд.

Шармандагии гумроҳон дар Варшава яке аз мисолҳост. Соли ҷорӣ, дар Варшава ҷаласае бо ибтикори созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла САҲА баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Дар ин ҷаласа гуруҳе  бо ном мухолифин, аъзоён ва пайравони ҳизби наҳзати ислом ва дигар гумроҳон боз ҳам ба сиёҳ кардани миллати тоҷик остин барзаданд. Онҳо хостанд, ки бо ин амалашон бори дигар таваҷҷуҳи ташкилотҳои байналхалқӣ ва хоҷагонашонро ба худ ҷалб намуда, бо роҳи муфт соҳиби маблағ гарданд. Аммо боз ҳам нашуд...

Охир дуруғ ҳам ҳад дорад, ноинсофӣ ҳам ҳудуд!

Ҳеҷ аз хотири таърих фаромӯш намешавад, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта намояндагон, пайравон ва роҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои нопокашон вазъи кишварро ноором сохтанд. Оташи ҷанг дар кишварамон аланга гирифт. Тафриқа ва ҷудоиандозиии аъзоёни ҳизби наҳзати ислом, ки сароғози саҳнаҳои хунин дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта гардид, дар таърихи давлатдории мо доғ гузошт. Баъдан маълум шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ, қаблан аз ҷониби бадхоҳони миллат ва пайравони ТТЭ ҲНИ барномарезӣ шуда буд. Таъсири онро ҳанӯз мардуми тоҷик эҳсос мекунад. То ҳанӯз ҳам писаргумкардае дар ғами фарзандаш месӯзад, падаргумкардае ду чашмашро дар роҳ намеканад, ки рӯзе падараш меояд ва дарвозаро мекушояду  бо овози баланд мегӯяд, ки «Ман омадам». Олиме, фозиле, донишманде ва садҳо зиёии дигарро мо дар натиҷаи ин ҷанги таҳмилӣ аз даст додем, агар ин тавр намешуд, зиёиёни мо дар рушди ин ва ё он соҳа саҳми арзанда мегузоштанд, дастовардҳои мо боз ҳам афзун мегардид. Танҳо бурди мо ин аст, ки бадхоҳони миллати тоҷик натавонистанд, ки сарҷамъӣ ва якдилии моро аз байн бубаранд. Давлати моро ба нобудӣ бикашанд, бар сари миллати мо фарҳанги бегона ва урфу одатҳои ғайрро бор кунанд. Хоинону бадхоҳон хостанд бо истифода аз номи дини мубини Ислом ғаразҳои худро амалӣ созанд, аммо дар охир ниқоб аз рӯйи ин тоифа одамон бардошта шуд. Мардум огоҳ гардид, ки пайравон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар воқеъ кистанду дилу нияташон чист!.

Ботадриҷ чеҳраҳои зериноқобии аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ як-як рӯнамоӣ шуд. Соли 2015 вақте симои аслии наҳзатиён ошкор гардид, тибқи қонун фаъолияти ин ташкилоти террористӣ дар кишвар манъ карда шуд. Косалесону думравон ва аъзоёну пайравони ин ҳизб рӯ ба Апрупо ниҳоданд. Ҳарчанд дар солҳои пешин мардуми онҷойҳоро кофар мехонданд, вале имрӯз дар зери қаноти онҳо маскан гирифтанд, панаҳ ёфтанд. Ба Аврупо рафта, боз ҳам ба сиёҳ намудани номи кишвари худ шуруъ намуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дом андохта, бархе аз ҷавонони сода ва онҳое, ки аз нигоҳи сиёсату дин  маълумоти зарурӣ надоранд, фиреб доданд ва ба кишварҳои ҷангзада даъват намуданд. Сарнавишти ҷавононе, ки аз кишварҳои ҷангзада бо ҳар роҳу восита баргаштанд, гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад. Гурӯҳҳои бадхоҳ барои шустани мағзи бархе аз ҷавонон аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мекунанд. Табъизи динӣ роҳи аз ҳама маъмули наҳзатиҳо барои расидан ба мақсадҳои нопокашон аст, ки аз заъфи бархе аз сокинон суйистифода мекунанд. Вале бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!..

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!. Ин иқдоми накӯи бадахшониён зинда сурудани суруди миллӣ ҳар пагоҳӣ дар оғози машғулият ва дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби мардуми кишвар истиқболи гарму самимӣ ёфт. Вале боз ҳам гуруҳҳои бадхоҳ ин сарҷамъӣ ва муттаҳидии мардумро дида натавониста, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дуруғпароканӣ машғуланд. Ин зумра касон, ки лофи ватандӯстӣ мезаданд, якдилӣ мегуфтанд ва ваҳдату садоқатро тараннум мекарданд, имрӯз аз ваҳдату ҳамдилии мо метарсанд, чунки мо муттаҳидтар гардем, онҳо заифтар мешаванд. Ин тавр сурат гирифтани кор ба хоҷагони онҳо хушоянд нест, барои ҳамин душманони миллати мо дар ҳеҷ сурат аз дастовардҳои мо, пешравии мо ва шукуфоии мо истиқбол намекунанд!. Бо ҳар баҳона мехоҳанд, ғайбат ва туҳматро нисбати мардуми мо бештар кунанд. Кори онҳо ҳамин аст.

Имрӯз, ки мо мардуми тоҷик муттаҳидтар шудем ва ин давлату миллатро бо арзиши ҷон ҳифз мекунем, аз ҳеҷ гуруҳе ё мухолифе ва ё ташкилоту созмони террористӣ ҳаросе надорем. Мардуми сарзамини мо, ки ҳамаи он сахтиву зорӣ, хорӣ ва мушкилиҳоро дар замони ҷанги таҳмилӣ аз сар гузаронида аст, Истиқлолияти давлатиро муқаддас медонад, гиромӣ мешуморад ва ин Ватани азизро чун модари худ дӯст медорад! Муҳаббат, садоқат, якдилӣ, ҳамбастагии миллати мо садрест, ки онро касе қудрати шикастан надорад.

Мақсади мо, роҳи мо - роҳи расидан ба орзуву ормонҳои гузаштагонамон аст!

Ифтихорӣ мо - Давлати мо - давлати соҳибистиқлолу ҷовидонамон аст!

Эътибори мо Миллати мо-миллати ваҳдатофар, намунаи аҳли башар аст!

Шиори мо  Тоҷикистон ба пеш, ҳамеша ба пеш аст!

Субҳиддини Шаҳобиддин

Читать далее

БО ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Терроризм дар замони мо ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил гардида, назари дуруст, баҳодиҳӣ ба он бояд дар маркази афкори ҷамъият ва ҳар як фарди он бошад. Дар қомусҳо терроризм ҳамчун амал ва таҳдидҳо алайҳи ҷамъият, гурӯҳҳои аҳолӣ, шахсони алоҳида, идораҳои давлатӣ ба василаи террору зӯроварӣ кардан, тарсонидан бо ягон амали дигар ва дар натиҷа нигоҳ доштани онҳо дар ҳолати ҳаросу даҳшат шарҳ дода шудааст.

Амалҳои террористӣ аз замонҳои қадим вуҷуд доранд. Натиҷаи амалҳои террористӣ сабаби ҷангу ҷидолҳои шадиду даҳшатноки дурудароз мегаштанд.

Амалҳои пайдарпайи террористӣ дар аксари мамлакатҳои қитъаҳои Амрико, Европа, Осиё, Африқо аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм қувват ва шакли нави даҳшатангезро гирифта, мақоми байналмилалӣ пайдо кардааст. Террор шакли оммавӣ гирифта, бисёр мамлакатҳоро чун тори анкабут печонида, мисли саратон реша паҳн кардааст. Ҳар рӯз мо хабарҳое аз Афғонистон, Ироқ, Сурия оиди террори оммавӣ мешунавем, шоҳиди марги ҳазорон одамони бегуноҳ ҳастем.

Яке аз сабабҳои чунин “равнақу ривоҷ” ёфтани терроризм ва шакли байналмилалӣ гирифтани онро бо зиддиятҳои гуногунҷабҳаи байни давлатҳо ва системаҳои абарқудрати охири асри ХХ ИМА ва СССР маънидод мекунанд. Бо дохил шудани қӯшунҳои шӯравӣ ба Афғонистон (соли 1979) мақомотҳои махсуси ИМА дар лагерҳои ҳамҷавор бо Афғонистони мамлакати ҳамсоя - Покистон ба омӯзонидан ва муҷаҳҳаз сохтани теъдоди калони “муҷоҳиддин” оғоз карданд, ки бояд алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза мебурданд. Роҳбарӣ ва роҳнамоии аксари гурӯҳҳо амалан аз тарафи хадамотҳои махсус, сарпарастиашон ва таъминоташон бо маводи ҳарбӣ аз тарафи чандин гурӯҳҳои бонуфузи сиёсӣ ва молиявӣ аз Амрикову давлатҳои исломӣ амалӣ мешуд.

Дар ин кор яке аз симоҳои баъдан маъруфгашта Усома Бин Лодан, роҳбари Ал - Қоидаи машҳур низ буд, ки бо хадамотҳои Амрико ҳамкорӣ дошт. Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1989 қӯшунҳояшро аз Афғонистон хориҷ кард, вале терроризми ташкилнамудаи онҳо чун ҷини аз кӯза баромада аз итоат саркашӣ карда, характери умумиҷаҳонӣ гирифт, то ҳадде ки террористон давлатҳои худро ташкил карданд – Давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ –ИГИЛ), ошӯбу даҳшат дар Афғонистону Сурия, Ироқу Яману Ливия ва дигар мавзеъҳо авҷ гирифт ва ин ҷойҳоро ба харобазор табдил дод. Имрӯз бошад, қувваҳои зидди терроризм муттаҳидгаштаи Шарқу Ғарб наметавонанд, ин марази асри ХХI решакан кунанд.

Таъсири терроризмро дар таърихи кӯтоҳи Тоҷикистон мо баръало ҳис кардаем, ҳодисаҳои хунини солҳои аввали Истиқлолият ба ин шаҳодат медиҳанд. Зархаридону “мутахассисони” хориҷӣ саҳмгузори ин ҳодисаҳо буданд, ки дар натиҷа зиёда аз 150 000 нафар нобуд шуда, миллионҳо гуреза гаштанд, миллиардҳо талафоти молӣ ба хотири мо абадӣ нақш мондаанд. Баъд аз бастани Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ба даст омадани ваҳдати миллӣ (соли 1997) боз ҳам баъзе амалҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида алайҳи соҳибистиқлолӣ идома ёфтанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои характери террористидошта дар аксар давлатҳо манъ гашта кӯшишҳои ғаразноки худро давом дода истодаанд. Мутаассифона, баъзе ҳамдиёрони мо, махсусан ҷавонон ба доми тазвири онҳо гирифтор мешаванд, фирефтаи таълимоти бардурӯғи онҳо мегарданд, дар қатори зархаридон дар хориҷа меҷанганд ва дар дохили Тоҷикистон шомили ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ шудаанд. Дар солҳои Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдат истиқрор шуд, вазъияти сиёсӣ ба эътидол омад, давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гашт, таҷрибаи сулҳи моро дар хориҷа меомӯзанд. Мо бояд ин ганҷи бебаҳоро муҳофизат кунем, биандешем, ки он бо кадом баҳое ба даст омадааст.

Як бор ба вазъи кишвари ҳамҷавори мусибатзадаамон Афғонистон, ки дар он ҷо чил сол боз давлат ва ҷамъият наметавонанд, ба созиш оянд, ба алангаи оташи Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман, Ливия ва баъзе дигар давлатҳо нигарем ва дарси ибрат барои худ гирем, ҷавонону наврасонро аз таъсири урфу одату идеяҳои барои мардуму мазҳаби мо бегона муҳофизат намоем, хулосаҳои лозимӣ барорем. Баъзе нозукиҳои ҳуқуқии ба терроризм хосро баҳри дуруст дарк кардани ин амал бояд қайд кард, то онро аз дигар ҷиноятҳои ба назари аввал монанд, аз қабили одамкушӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва амсоли инҳо фарқ намоем.

Дар қонунгузории аксари давлатҳо, инчунин дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм ҳамчун ҷинояти махсусан вазнин нисбат ба ҷамъият дониста шудааст. Ба таркиби ин модда амалҳо, аз қабили тарконидан, сӯзонидан, дигар кирдорҳои ба ҳаёти одамон хавфовар, расонидани зарару зиёни махсусан калони молӣ, ба амал овардани оқибатҳои барои ҷамъият хатарнок, ангехтани ваҳму ҳарос дар байни мардум, фишор овардан ба мақомотҳои давлатӣ бо мақсади иҷроиши талаботи террористон, ангехтани низоъҳои миллӣ, наҷодӣ байни маҳалҳо ва ғайра, таҳдиди иҷро намудани ин гуна амалҳо низ ҳамчун амали террористӣ дониста шудааст. Дар сурати иҷро гаштани ин амалҳои террористӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ё гурӯҳи бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи яроқи оташфишон, ё аз тарафи гурӯҳҳои муташаккил, ки оқибати махсусан вазнин доранд (марги одамон, хисороти бузурги молӣ ва ғайра) барои ҷинояткорон, хусусан дар ҳолати такроран содир намудан ҷазоҳои гуногуни авфнопазир пешбинӣ шудаанд.

Чораҳои ҷазои ҷиноятҳои террористӣ то ҳадде нисбат ба ҷазоҳои моддаҳое, ки таркибашон амсоли ҳамин ҷиноят мебошанд, аз он сабаб вазнинтар аст, ки ҳадафи асосии терроризм зидди манфиатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Дар баробари амалан содир намудани ҷиноятҳои характери террористидошта, таҳдид, ҳатто ба тарзи шифоҳӣ нисбати содир кардани онҳо низ амали террористӣ дониста шудааст, новобаста аз он, ки ин гуна таҳдид ва амалҳо оқибати нохуш надошта бошанд. Дар ҳамаи ҳолатҳои зикршуда ҷавобгарӣ ба вуқӯъ меояд, агар чунин ҷиноят қасдан, бо дарки оқибати он аз тарафи ҷинояткор ё гурӯҳи ҷинояткорони мукаллаф, яъне бошууру масъул бо мақсади зиён расонидан ба амнияти ҷамъият содир шуда бошад.

Чӣ хеле ки маълум мешавад, дар амалиёти террористӣ ҳадафи ҷиноят, пеш аз ҳама, амнияти ҷамъият ва давлат, манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳаёт ва саломатии одамон, моликияти шахсӣ ва давлатӣ мебошад, ки ба шакли тарконидан, сӯзонидан, бо дигар роҳ зарар расонидан, чунончӣ бо амалҳои ба ҷамъият хатарнок ба монанди паҳн кардани касалиҳои сироятии ба ҳаёти одамону ҳайвоноту наботот зараровар, нобуд кардани хатҳои барқ, сарбандҳои об, ангехтани ҳар гуна низоъҳо ва ғайра содир гаштаанд. Донистани ин маълумот барои ҳар як фард, хоҳ ҷавон бошад, хоҳ пир зарур аст, то дар гуфтору рафтори худ доир ба ин масъалаи муҳим андеша намояд, донад, ки оқибати ин гуна ҳуқуқвайронкунӣ чист ва кадом ҷазо ӯро мунтазир аст. Бинобар кӯшад то сулҳу ваҳдату амният дар Тоҷикистон абадан барқарор бимонад. Ба ин хулоса мисол шуда метавонад амалиёти террористии дар моҳи ноябри соли ҷорӣ рухдода, ки гурӯҳи зиёда аз синафараи террористон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ҳамла оварданд, бештарашон нобуд карда шуданд.

Хеле ташвишовар будани ин амал дар он аст, ки дар байни террористон занҳо ва наврасон – хонандагони мактабҳо буданд. Ин гурӯҳ пешакӣ дар як манзилгоҳе ҷойгир шуда, тайёрӣ дидааст, вале аҳли маҳалла, масъулони ноҳия ба ин эътиборе надодаанд. Гурӯҳ бемамониат амалиёти худро гузаронид ва талафоти ҷониву молӣ расид. Ин шаҳодати он аст, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёр бошад, масъулиятро нисбати амнияти ҷамъият ҳис кунад, то ин гуна амалҳо сари вақт ошкору пешгирӣ карда шаванд ва ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввали Истиқлолият боз такрор наёбанд. Мафкураи ҷавонону наврасон дар давраи ташаккулёбӣ мебошад.

Аз ин сабаб на ҳама вақт ва на ҳамаи онҳо қобилияти дуруст таҳлил намудан, хулоса баровардан аз ҳар гуна иттилооти аз кӯча, интернет, мубаллиғон дастраснамудаашонро доро мебошанд ва наметавонанд, дар зиндагии рӯзмарра ин маълумотро ба роҳбарӣ гиранд. Бинобар ин мо бояд дар ҳама сатҳ ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса диҳем, то он зери таъсири таълимоти ба ҷамъиятамон бегонаву дар оқибат зараровар намонад. Гарчанде барои баъзе масъулон хулосаҳои дар зер навишта нодуруст намояд ҳам, ба назари ман, бисёр чорабиниҳои тарбиявие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз онҳо мегузаранд, ташкилашон аз ҳад зиёд расмӣ, аз рӯи шаблонҳои сол ба сол обшуста ва аз қиёфаю рафтору муносибати иштирокчиёнашон гӯё иҷборӣ ҳастанд, аз маросим ба маросим, аз ид ба ид гузаронида мешаванд.

Аз ин сабаб ин чорабиниҳо камтаъсир буда, ҷоннок нестанд, натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд ва ҷавонону наврасонро ба худ ҷалб намекунанд. Ба ин бояд иқрор шавем ва дар ин ҷабҳа ба ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ахлоқии насли ҷавон, бунёди асосҳои ватанпарастиву ҳурмату эҳтиром нисбат ба ҷамъият, ба риояи қонунҳои он диққати махсус диҳем, то ҳар як навҷавон дар оянда ҷои дурусти худро ёбад, манфиати ҷамъиятро бошуурона дарк ва ҳимоя кунад.

Бояд бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ғояҳои ба тарзи радикалӣ тағйир додани сохти ҷамъиятӣ муборизаи беамон бурд, то заррае аз онҳо дар мафкураи насли наврас ҷой наёбад ва бошуурона аз тарафи ҷавонон рад карда шавад. Ман солҳои тӯлонӣ дар соҳаи амният кор кардаам ва оқибати фоҷиаовари саҳлангорӣ нисбати ин гуна амалҳоро дидаам. Барои ҳамин ҳам чунин андешаҳоямро мехоҳам, ба диққати хонандагон пешкаш намоям.

Насриддин НИЗОМОВ,
шаҳри Панҷакент, нафақахӯр,
полковники мустаъфии Вазорати амнияти Тоҷикистон,
Корманди фахрии амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ

Читать далее

МО - ТАРАФДОРИ ҲАЁТИ ОСОИШТА!

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳро «исломӣ» мехонанд, ки ҳадафи чунин созмонҳо, ҷараёнҳо ба манфиати худ истифода бурдани давлатҳои ҳамсоя аст ва дар ин масъала ҳар як шахс ҳушёрӣ ва зиракиро набояд аз даст диҳад. Ифротгарони равияҳои тундгаро, пеш аз ҳама, ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири шабакаи террористии «Ал-қоида» буда, зери ниқоби дини мубини Ислом золимию кушторҳои оммавӣ ба амал оварда истодаанд.

Масъалаи экстремизм ва терроризм ҳамчун омили хатарноки ҷаҳони муосир баҳогузорӣ мегардад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Ба ин гурӯҳ одатан шахсоне шомил мегарданд, ки дониши кифояи динӣ надоранд, дар оилаҳои носолиму номуросо тарбия гирифтаанд ё ин ки бо мақсади аз нафаре қасос гирифтан ба ин гурӯҳ шомил гаштаанд. Он ифротгароёне, ки одамонро даъват мекунанд, ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд, гӯё онҳоро дар он ҷо ҳаёти осоишта, серию пурӣ интизор аст.

Дар асл дарӯғ аст, зеро нафароне, ки аз он ҷо баргашта омадаанд, даҳшати ин давлатро дида, аз корҳои кардаашон пушаймон ҳастанд. Маънои «ҷиҳод» ҳимоя кардани Ватани худ аз душманони беруна мебошад. Бинобар ин, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Н.СОБИРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее