03 January 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати гармхонаҳо ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода шинос шуданд

3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар деҳаи Зарбдор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Доно” шинос шуданд.

Читать далее

ДАСТГИРӢ БОИСИ САРСАБЗИСТ!

Бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз соли 2019 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ давоми ду сол мораторий эълон шудааст, ки аз он қариб 2000 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад. Ин аст, ки соли равон соҳибкорон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, баҳри пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Баргузории озмуни вилоятии “Соҳибкори соли 2019” далели ин гуфтаҳост. Боиси қайд аст, ки соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии рушди кишвар буда, маҳз фаъолияти хуби соҳибкорон метавонад, вазъи иқтисодии кишварро беҳ гардонад ва дар самти воридоту содироти молу маҳсулоти мухталиф саҳми зиёд гузорад.

Бо яке аз иштирокчии фаъоли озмун, ки ба гирифтани унвони “Соҳибкори беҳтарини соли 2019” мушарраф гардид ва имрӯз ҳамагон ӯро ҳамчун гулпарвар мешиносанд, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Абдусалом Шодибеков суҳбате доштем.

- Дар Қасри маданияти «Арбоб» ҷамъбасти озмуни “Соҳибкори соли 2019” доир гардид, ки соҳибкорони пешқадам, аз ҷумла Шумо низ ба гирифтани мукофот шарафёб гаштед. Умуман, дар ин ҷода Шумо ба кадом муваффақиятҳо ноил шудед?

- Як қатор соҳибкороне, ки дар озмуни вилоятии «Соҳибкори соли 2019» иштирок карданд, ба гирифтани мукофоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рӯи бахшҳои мухталиф мушарраф гардиданд. Ман низ қатори беҳтаринҳо дар бахши татбиқи технологияи инноватсионӣ ғолиб дониста шудам.

Боиси қайд аст, ки дастгирии соҳибкорон аз ҷониби роҳбарият дар самти рушди соҳибкорӣ моро ба дастовардҳои назаррас ноил гардониданд. Ҳамчун соҳибкори сол миннатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданиам, зеро дар ҳама баромадҳояшон доир ба дастгирии соҳаи соҳибкорӣ ва пеш овардани имтиёз ба соҳибкороне, ки нав ба фаъолият оғоз кардаанд, ҳарф мезананд. Маҳз, дастгирии роҳбарият боиси рушд ёфтани соҳаи соҳибкорӣ дар самтҳои мухталиф гардида истодааст.

Алҳол барои саҳм гузоштан якчанд гармхона ташкил карда, дар он парвариши помидору бодиринг, қулфинаю кабудӣ ба роҳ монда, дастраси сокинон карда истодаем. Баробари ин, дар 4 гармхона гулҳои мухталиф шинонидем, ки занону духтарон бо кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин гардида, баҳри беҳтар кардани вазъи иқтисодии оилавиашон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

- Офаридани тарҳи зебо ва диққатҷалбкунанда чӣ гуна даст медиҳад ва Шумо онро аз кӣ омӯхтед?

- Аз овони хурдӣ ба гулпарвариву дарахтшинонӣ рағбати зиёде доштам ва беш аз 15 сол аст, ки дар ин самт фаъолият мебарам. Баробари ин дар тренингу семинарҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва берун аз кишвар иштирок карда, дониши худро сайқал додаам. Имрӯз барои фароғату истироҳати сокинони вилоят ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонону наврасон бо тарҳи гуногун гулҳои рангоранги мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабзу буттаҳои ороиширо шинонида истодаем.

Дар фасли сармо инсон бештар ба зебоӣ ниёз дорад. Боиси таъкид аст, ки дар мавсими имсолаи зимистон дар Боғи Камоли Хуҷандӣ аллакай беш аз 30 ҳазор гули рангоранги мавсимӣ ва дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 200 ҳазор гули зимистонаи виолла шинонида шудааст ва мо умед дорем, ки онҳо ҳусни шаҳрро боз ҳам зебо мегардонанд.

 - Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли равон озмун - фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» доир гардида буд. Дар ин озмун Шумо низ ҷойи намоёнро ишғол намудед.

- Дарвоқеъ, соли равон мо дар фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардидем. Тавре дар яке аз вохӯриҳо масъулин ба мо иттилоъ доданд, соли 2020 низ озмуни мазкур баргузор мегардад. Ин навбат фестивали “Сайри гули лола” дар боғи навбунёди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбист, ботантана таҷлил мешавад.

 - Барои ҷалби сайёҳон дар боғи Камоли Хуҷандӣ кадом корҳо ба сомон расонида шуданд?

- Сайёҳӣ аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Эълони солҳои 2019 - 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба пешрафти соҳаи ояндадори сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Ин иқдомҳои бевоситаи роҳбарияти кишвар дар самти рушду густариши соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони биҳиштосо натиҷаҳои назаррасро рӯи кор овард. Тоҷикистон кишвари барои сайёҳон ҷолиб ба шумор рафта, расму оини куҳан, таъриху тамаддуни бою рангин, мавзеъҳои диданиву тамошобоб, анъанаҳои хоси мардум ва меҳмоннавозии тоҷикон василаҳои асосии ҷалби сайёҳон ба шумор мераванд.

Дар ин радиф дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баҳри ҷалби сайёҳон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, сохта ба истифода додани роҳи танобӣ боис гардид, ки миқдори зиёди сайёҳони хориҷӣ ба боғ ташриф оранд. Ҳамзамон, дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва қадима дар боғ дӯконҳои ҳунармандонро ҷой додем, ки баробари вориди боғ шудан сокинон, меҳмонон ва сайёҳон бо ашёву асбобҳо, либосу лавозимоти рӯзгори қадима ошно мегарданд. Ин ҳама баҳри эҳё ва нишон додани тамаддун ва таърихи бойи мардуми тоҷик аст.

Бовар дорам, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари сайёҳӣ дар радифи мамлакатҳои рушдкарда мавқеъ ва ҷойгоҳи назаррасро касб хоҳад кард. Зеро имрӯз дар кишвари мо замина ва имкониятҳои мусоиду фаровон барои густариши бештари соҳаи сайёҳӣ мавҷуд аст.

Суҳбаторо Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ғунчаи гулро меҳри афзун бикшояд

Барои аз наздик шинос шудан бо кору меҳнати аҳли заҳмати Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва манзилии коммуналӣ» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аҳд намудам, аввал минтақаҳоеро, ки ин ташкилот дар онҳо нақш дорад, аз мушоҳидаи худ гузаронам. Мавзеъҳоро дидам, доираи кору пайкори аҳли заҳмат ва муошират бо ҳар як коргари дар иҷрои вазифа муътақид бароям хеле таъсирбахшу гуворову самимӣ буданд.

Онҳо зебоӣ меофаранд, ободкорӣ доранду меҳнати таҳтидилонаашон ҳаёти воқеиро рангу тароват, ҳусну малоҳат, дилкашу пурфараҳ месозад. Зебоиофарон, ки дар дилҳошон ғуборе надоранд, қалбҳояшон ҳамеша сайру бунёди гулистон буда, мехоҳанд, ҳама аъзои ҷомеа-мардуми созандаву ободкор ва меҳмонони гиромии диёрамон шоду фараҳманду масрур бошанд. Ҳар сухани аҳли кори ин муассиса, алалхусус, касони дар самти гулу гулкорӣ алоқаманд, бар дилам маъво гирифтаву завқи меҳнату касбашон, ба гуфтаи мутафаккире, «Моҳ андохт сипар, чун тарафи рӯи ту шуд».

Инак, бо директори Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилии коммуналӣ»-и ноҳия Мирзоғанӣ Эргашев вохӯрдам ва дар доираи фаъолият, азму кӯшиш ва нақшаҳои ҳадафманди аҳли заҳмати ин соҳаи муҳими ободкорӣ ва пурҷилогардонии муҳити зист дар назди Арчаи солинавӣ дар маркази ноҳия суҳбат намудам. - Алҳол дар муассисаи мо наваду ҳашт нафар кору пайкори пурманфиат доранд ва имрӯз ҷаҳду азму суботамон барои бо натиҷаҳои беҳтарин ворид шудан ба соли дуҳазору бист нигаронида шудааст, - гуфт Мирзоғанӣ Худойбердиевич.

 - Доираи кору меҳнатамон барои чароғонгардонӣ, нигоҳубини фаввораҳо, шиору овезаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ки ҳувияти худшиносиву худогоҳӣ доранд, аз ҳама фараҳафзо ин кабудизоркунӣ, гулшинониву гулкорӣ мебошад. Дар ҳамаи амалишавии тадбирҳои касбиву меҳнатӣ мутахассисон - сардори қитъа, агроном, сармутахассис, муовини директор, мудири анбору ронандаи муассиса қобилияти ташкилотчигӣ, кордонӣ ва навҷӯии худро нишон медиҳанд. Заҳматкашон Абдумавлон Ҳомидов, О.Шокиров, Ҷӯрабой Набиев, Раъно Кенҷаева, Манзура Тоҷиева, Зӯҳро Шарифова, Меҳрӣ Норматова, Мушарраф Абдувалиева, Раҳматҷон Калонов дар пешрафти кор нақши муайян доранду мавқеи хоси хешро дар кори пурманфиат баҳри ҷомеа пайдо кардаанд. Муассиса дар асоси нақшаи чорабинӣ фаъолияташро пеш мебарад: моҳ ва муҳлати иҷрои корҳо муайян буда, ҳар мутахассис, шахси масъул дар пешбурди тадбирҳо мутасаддӣ ва уҳдадор аст.

Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи меҳнатии муассиса дар ҳама фасли сол серкоранду саргарми шуғли ободонӣ. Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба ҷашни миллии таърихӣ нақшаҳои азимро ба иҷро расонидан дар назди Муассисаи давлатии «СОК ва ХМК» - и ноҳия гузошта шудааст. Масалан, аҳли заҳмат аз имрӯз барои омода намудани заминҳо, қитъаҳо ва мавзеъҳои барои гулшинонӣ, кабудизоркунӣ, бо ғизо бой гардонидани таркиби хок, воситаҳои обрасонӣ, ба гуфтаи деҳқонони солор, дасту остин барзадаанд.

Яъне, имрӯз сад ҳазор метри мураббаъ хоки замин побел, аз алафҳои бегона тоза кардаву бо обмонии маҳин зиёда аз сад ҳазор бех гулҳои гуногуни зимистона барои оро ва зебову хушнамуд гардонидани кӯчаву роҳҳо, хиёбонҳои ноҳия шинонида шудаанд. Беш аз сад ҳазор дона тухмии гули Канаи сурх барои захира дар анбор нигоҳ дошта мешавад. Кабудизоркунии замини саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва атрофи он борабт идома дорад, ҷойҳои гулшинонӣ дар гардишгоҳи деҳаи Овчиқалъача ва ноҳия тайёр карда, алафи ҳамешасабзи назди муҷассамаҳои «Шаҳидон», «Аспи Сомон» ва Лавҳаи фахрӣ дар маркази нигоҳубин қарор дода шудааст.

Дар тамоми фасли сол роҳи протоколӣ аз муҷассамаҳои «Шаҳидон» - и маркази ноҳия то «Лочин»-и дармадгоҳи шаҳри Хуҷанд зебову рӯҳнаво, фараҳбахшу пурнур, аз алафҳои бегона тоза нигоҳ дошта мешавад. Тадбири дигар - дар ҳар сад метр шинонидани гулҳои сабдарги сафед ва Канаи сурх дар моҳҳои феврал, март ва апрел амалӣ мегардад, ки ба ин амал сардори қитъа Ҷӯрабой Набиев ва агроном Абдумавлон Ҳомидов мутасаддӣ, масъул, вазифадоранд. Коргарони кадибузоркунӣ А.Бойматов ва А.Мӯъминов ба нигоҳубини ҳамешасабзии гулҳо, алафҳои ороишӣ, дар рӯзҳои ид ва ба пешвози меҳмонони олиқадр парафшон кардани парчамҳо ва шиору овезаҳо ваколатдор мебошанд.

 - Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилии коммуналӣ»-и ноҳия барои дар ҳамаи дувоздаҳ ҷамоати деҳот ва як шаҳраки ноҳия раванди ободониву бунёдкорӣ, гулкориву кабудизоркунӣ, дигар амалҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳоро пайваста амалӣ мегардонад, - гуфт дар интиҳои суҳбат директор Мирзоғанӣ Эргашев. -Ҳадаф ва рисолати мо корҳои ободониро бомасъулият ва ҳувияти ватандорӣ ба иҷро расонидан аст.

Оре, ташаббускорӣ, кӯшишу ғайрат дар иҷрои вазифа, донишу малака ин нишонаи бо виҷдони пок хизмат кардан буда, ба гуфторе, чашми ҳар кас мешавад аз ҷилваи гул равшан…

Муқимҷон АЛИШЕХЗОДА,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Маърифат ва ҷаҳонбинӣ - рисолат!

Ба ҳамагон маълум аст, ки озмуни умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”... бо ташаббус ва эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, соли 2019 он аввалин маротиба гузаронида шуд. Дар ин озмун одамони синну соли гуногун иштирок карда, қобилияту маҳорати худро нишон доданд.

Дар Паёми худ Ҷаноби Олӣ солҳои минбаъда низ давом додани ин чорабиниро таъкид карданд. Пешвои миллат дар ин радиф ба ҳар як сокини кишвар, хоҳ хурду хоҳ калонсол “дар як сол хондани на кам аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир” - ро тавсия намуданд.

Ин пешниҳодро ҷомеаи омӯзгорони мо дастгирӣ карданд, зеро мутолиаи китоб баҳри васеъшавии ҷаҳонбинии омӯзгор, махсусан муаллимони фанни забон ва адабиёти тоҷик нақши муҳим дорад.

Ман ҳамчун омӯзгор, ки собиқаи шонздаҳсола дар соҳаи маориф дорам, ба хулоса омадам, ки муаллимон пеш аз оғози ҳар таътил ба хонандагон мувофиқи синну солашон ва имконияти китобхонаи мактабӣ хондани асарҳоро тавсия диҳанд. Барои ин аввал бояд худи омӯзгор масъулият ҳис намуда, асарҳои тавсиямешударо мутолиа кунад ва дар китобхонаи шахсияш он китобҳоро дошта бошад.

Озода ТОҶИБОЕВА,
муаллимаи МТМУ №50 - и
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ба имзо расонида шуданд

Дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”,  “Дар бораи хазинадорӣ”  ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ”  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Читать далее