09 January 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ “Пайванд” ва Муассисаи давлатии “Боғи миллӣ” дар шаҳри Душанбе шинос шуданд

8 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд”, ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати қариб 5 гектар, аз ҷумла дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Читать далее

“ТОҶИКОН” КИТОБИ РӮИМИЗИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Агар хоҳед, ки обрӯи халқи худро нигоҳ доред ва шаъну шарафи онро афзоед, маслиҳати ман ин аст: хонед, таърихи кишвари худро чуқур омӯзед ва аҷдодони худро шиносед. Фаромӯш накунед, ки корномаи илмии Шумо дар роҳи тараққиёти иқтисодиёт ва маданият кӯмак мерасонад» - мехонам дар пештоқи яке аз толорҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров.

Ин сатрҳои пурмуҳтаво, ин суханҳои баландмазмун, ки ифодагари замири нависандааш мебошад, аз ҷониби кӣ навишта шуда бошад? Кист ӯ, ки ин қадар орифона, отифона ва қаҳрамонона сухан мегӯяду ба халқаш таъкид менамояд, ки донистани таърихи кишвар боиси пешрафти мамлакат мегардад. Ӯ кист, ки байни ҳамагон ин қадар маҳбубият дораду номи қаҳрамониро ба худ гирифтааст?

Ба ному насаби ин шахсияти нотакрор номи ноҳияи калонтарини вилояти Суғдро, муассисаҳои таълимию донишгоҳи бузургтаринро, ки ҳамасола даҳҳо ва садҳо ташналаби илмро ба оғӯш мекашад, гузоштаанд. Ҷавоби суоли худро аз суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дармеёбам: «Рӯҳи тавонои фарзанди фарзонаи халқ, академик Бобоҷон Fафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ - «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушду такомули таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд.

Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зарра - зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум ҳастанд». Нуктаҳои бунёдии Паёми навбатии Сарвари давлат ҷиҳати аз фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани шоҳасари Бобоҷон Fафуров китоби «Тоҷикон» бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик мо, мардуми кишварро басо хушнуд гардонд. Зеро арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург буда, Бобоҷон Fафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.

Профессор, устоди Донишгоҳи Кобул Ҷалолиддини Сиддиқӣ дар мақолаи худ таҳти унвони «Бозтоби паҷӯҳишҳои муҳаққиқони тоҷик дар Афғонистон» ё худ чанд сухан аз нашри «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров дар Афғонистон чунин менависад: «…бо амиқ шудани равобити дӯстонаи Афғонистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ робитаи фарҳангӣ ва маданӣ ҳам густариш ёфт. Донишҷӯёни университети Кобул дар симои устодони шӯравӣ беҳтарин рафиқ ва беҳтарин омӯзгорони хешро мебинанд. Ин буд, ки мо тасмим гирифтем барои огоҳии бештари устодон ва донишҷӯён китобҳои таърихӣ, фалсафӣ ва иҷтимоӣ аз забони тоҷикии кунунӣ ва ҳуруфи маъмули он ба дарӣ ва ҳуруфи арабӣ баргардон ва чоп шавад.

Дар ин замина, китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони ростин ва вафодор ба идеология ва методологияи пешрави асри мо қарор гирифт. Ва қарор шуд, то ин китоби арзанда ҳам баргардон гардад ва барои чоп омода сохта шавад. Ҳамчунин, мудири кафедраи таърихи умумии факултети улуми иҷтимоӣ, ки дар яке аз конгрессҳои ҷаҳонӣ дар Деҳлии Нав бо Бобоҷон Fафуров ҳамсуҳбат шуда буд, ба дониши ҳайратангези таърихии вай шефта гашта, таъкид кард, ки ин кор дар навбати аввал бояд сурат гирад. “Ин кор дар шароити он рӯзҳо, бисёр бо душворӣ пеш мерафт. Ман аз соати 3 - и рӯз то соати 11 - и шаб дар хонаи Равшан Раҳмон кор мекардам. Ва баъд аз ҳар фасл аз китоби «Тоҷикон», ки ба итмом мерасид, ним соат истироҳат мекардем ва бақия боз корамонро бо шиддат анҷом медодем.

Ҳатто баъзе шабҳо, ки рӯшноии барқ қатъ мегашт, бо чароғи карасинӣ боз ба кори худ идома медодем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба аъмоли зидди мардумии душманони мардуми Афғонистон, ки бо ба пирӯзӣ расонидани инқилоби миллӣ ва демократии Савр дари хушбахтӣ ва пешрафтро ба рӯи тамоми бошандагони Афғонистон кушода буданд, таваҷҷуҳ намедодем, то дар зарфи ду моҳ китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров дар ду бахш ба чоп супурда шуд».

Бале, «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи мардуми тоҷик ҳамроҳи халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст. Ва фарозу фурудҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст. Аз ин асар таърихшиносон, бостоншиносон, диншиносон, наҷодшиносон, башаршиносон, ҷуғрофидонон, забондонон, адабиётшиносон, рассомон, фолклоршиносон ва дигар муҳаққиқони риштаи улуми гуногун метавонанд, баҳра бигиранд ва истифода намоянд. Ин аст, «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров аз сӯи муҳаққиқон ва хонандагони бисёр ба некӣ истиқбол шуда, мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифтааст, мардум онро мутолиа карданд ва писандиданд.

 Ба гуфтаи Президенти кишварамон, дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз асли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.

Санаи 31 - уми декабри соли 2019 ба рӯзи тавлиди таърихнигор, шарқшинос, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ИҶШС, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров 110 сол пур шуд. Номи алломаи Машриқзамин Бобоҷон Fафуров на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ақсои олам маълуму машҳур аст, зеро аз ӯ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст, ки «Тоҷикон» ном дорад. Хушбахтона, номи ин инсони шариф ва таърихшиноси нотакрор барои миллату мардуми тоҷик ҷовидона аст. Баҳри нигаҳдорӣ ва пояндаву зинда доштани хотираи неки ин абармард корҳои бузург ба анҷом расидаанд. Иқдоми наҷиб ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аввалан таъсис додани осорхонаи Бобоҷон Fафуров дар зодгоҳаш бошад, чопи навбатии китоби «Тоҷикон» ва тақдими он ба ҳар оилаи кишвар аз инсондӯстию меҳанпарастӣ ва қадр кардани гузаштагони худ аз ҷониби Сарвари давлат мебошад.

 Доктори илмҳои таърих, профессор, директори муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров - Ҳабибулло Холҷӯраев таъсиси осорхонаро аз арҷгузории Сарвари давлат ба заҳмати абармардони кишвар медонад. - Дар яке аз сафарҳоям ба Москва ҳамроҳи як гурӯҳ олимон ба осорхонаи нависандаи машҳури рус Лев Толстой ба Ясная Поляна рафтем. Дурии роҳ магар яке аз ҳамроҳонамонро кӯфта кард, ки гуфт: «Осорхонаи Толстой хеле аҷоиб будааст, аз он таассуроти ғанӣ бардоштем, лекин чаро он дар пойтахт - Москва бунёд наёфтааст. Аз дурии роҳ азият кашидем». Бобоҷон Fафуров, ки аз ин суҳбат бохабар буданд, андешамандона гуфтанд: «Аслан осорхонаи одамони машҳур дар зодгоҳашон сохта мешавад. Инсон, пеш аз ҳама, дар макони тавлидёфта - Ватани худ бояд соҳибобрӯ гардад».

 Ҳар як сухани аллома Бобоҷон Fафуровро Ҳабибулло Холҷӯраев ҳангоми таъсиси осорхона ба номи он кас ба ёд меовард. Гарчанде ки устод Бобоҷон Fафуров суханашонро он замон ба номи каси дигар нигаронида гуфта бошанд ҳам, аммо онро ба сифати ишора қабул карда, ташаббуси Сарвари давлатамон баъди боздид аз маҳалли зисти Бобоҷон Fафуров ва таъсиси осорхона писанди ҳамагон гардид. Таваҷҷуҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҳодисоту воқеаҳои солҳои 90 - уми асри гузашта ва аҳволи иқтисодии мамлакат, норасоии маблағ барои эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ иқдоми хайрхоҳонаи таъсиси осорхонаро дар нимароҳ намонд. Президенти мамлакатамон дар баробари шиносоӣ бо сохтмони бинои осорхона якҷоя кардани хоначаҳои хурд - хурди мавҷуда, аз байн бардоштани деворҳои он ва ба толори васею барҳаво табдил додани ин маконро дастур доданд. Таклиф аз ҷониби ҳамагон писандида гардид ва ба иҷрояш камари ҳиммат бастанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки маҳз бо ташаббуси Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон осорхона мақоми ҷумҳуриявиро доро буда, бо номи «Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров» дар ҷаҳон шуҳратёр шудааст. Месазад, ки имрӯз «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Fафуров китоби рӯимизии ҳар фарди тоҷик гардад, зеро он моро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки таи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҳидоятгар аст.

Бояд гуфт, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловариҳои гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Маҳз зинда кардани зиндагиномаи мардуми тоҷик аз ҷониби академик Бобоҷон Fафуров имрӯзиёнро водор месозад, ки бо номи калонтарин ноҳияи вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, даҳҳо кӯчаву мавзеъҳои таърихӣ, ки номи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуровро гирифтааст, ифтихор дошта бошему насли ояндаро аз ориёитабор будани худ бохабар созем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ сарафроз бошем.

Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Мақсад: ТАЪМИН БО МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ

Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ зиёд гардида, деҳқонони заҳматкаш имрӯз дар заминҳои худ ба кишту кор ва парвариши зироатҳои гуногун машғуланд. Ислоҳоти кишоварзӣ ва соҳиби замин гардидани деҳқон боиси фаровонии бозорҳои вилоят гардид.

Солҳои пеш нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, бахусус бозори “Панҷшанбе” - и шаҳри Хуҷанд, аз қабили помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот гарон буду боиси кам истеъмол намудани бархе аз сокинон мешуд. Алҳол дар фасли зимистон арзоншавии арзиши нархи сабзавоти тару тоза сокинони вилоятро қаноатманд намудааст. Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки ҳоло дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус бозори “Фаровон” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Ашроф” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов, бозори марказии ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент ва бозори “Панҷшанбе” – и шаҳри Хуҷанд нархи як килограмм помидор аз 15 то 16 ва бодиринг бошад, 16 сомонӣ аст, ки ин нисбат ба солҳои пеш фарқияти зиёд дорад.

Ин ҳама фаровонҳосиливу арзонии бозор дар фасли сармо аз ташкил ва хуб ба роҳ мондани гармхонаҳои замонавӣ мебошад. Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди гармхона ва парвариши намудҳои гуногуни сабзавот эътибори ҷиддӣ медиҳанд, ки дар фасли сармо ба дастархони мардум файзи тоза мебахшад. Алҳол дар ноҳия 163 гармхонаи замонавӣ мавҷуд аст, ки дар 15,3 гектари он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидор - 2,7 гектар, бодиринг - 1,9 гектар, лимӯ - 5 гектар, 1,3 гектар дигар намуди сабзавот ва 3,3 гектар гулҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Давоми соли 2019 - ум дар гармхонаҳо 398 тонна сабзавот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2018 - ум 155,4 тонна зиёд аст. Барои тасдиқи гуфтаҳо ва ба хотири аз наздик шинос гардидан бо фаъолияти гармхонаҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии кушоди ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дидан намудем.

Тибқи иттилои Ашӯрбой Тоҷиев, кишоварзи ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаев дар мувозинаи хоҷагӣ се ҳазор гектар замини кишт мавҷуд аст. Дар хоҷагӣ 32 гармхона бо масоҳати 6,34 гектар мавҷуд буда, дар 2,65 гектари он, аз ҷумла помидор – 0, 63, бодиринг – 0,53, лимӯ – 0, 16 ва дар майдони 1, 33 гектар гулҳои ороишии мавсимӣ кишт карда шудааст. Ҳангоми боздид аз якчанд гармхонаи хоҷагӣ аён гардид, ки ҳосили имсолаи помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот хуб буда, охири моҳҳои январ ва феврал пухта мерасад ва онро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш мебароранд. Равшан Абдуллоев, иҷоракори хоҷагӣ дар се гармхона кишти помидорро ба роҳ мондааст, ки дар охирҳои моҳи январ ба бозори “Панҷшанбе” – и шаҳри Хуҷанд ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳангоми ворид гардиданамон ба гармхона иҷоракор барои нигоҳубин ва додани ғизоҳои лозима ба помидор машғул буд. - Аз хурдӣ ҳамроҳи волидайнам дар замин ба кишту кор машғул будам. Инак, панҷ сол мешавад, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ ба кишту парвариши помидору бодиринг машғулам. Ният дорам, бисёр меҳнат намуда, ҳосили хушсифат ба даст орам ва мардумро бо маҳсулоти тару тозаи худӣ таъмин намуда, бо ин васила зиндагии худро пеш барам, - гуфт зимни суҳбат Равшан Абдуллоев.

Бояд гуфт, ки тухмии помидори киштшуда асосан навъҳои серҳосили ватаниву хориҷӣ буда, он ҳосили хуб медиҳад. Толиб Абдуллоев дар 6 гармхонаи дар ихтиёрдоштааш 0, 54 гектар кишти помидор ва Саидбой Маъруфов дар 7 гармхона ба миқдори 0,8 гектар кишти лимӯ ва 0, 40 гектар гулҳои ороишии мавсимиро ба роҳ мондаанд. Кишоварзони ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ният доранд, ки аз ҳар як гармхона аз 4000 то 4500 - сентнерӣ ҳосили хушсифат ба даст оварда, фаровонҳосилӣ ва танзими нархи бозорро таъмин намоянд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии хоҷагӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки гармхонаҳо бо тарзи замонавӣ бунёд гардида, дар онҳо иҷоракорон машғули коранд. Шумораи умумии иҷоракорони хоҷагии мазкур ба 1800 нафар расидааст. Бино ба иттилои Мухторҷон Тоҷиев, мутахассиси пешбари Сарраёсати кишоварзии вилоят дар вилояти Суғд 440 гармхона мавҷуд аст, ки 270 адади он навъи хитоӣ мебошад. Масоҳати умумии гармхонаҳо 24,92 гектар буда, дар 22,56 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

 Ҳамасола ба зиёд намудани кишти помидору бодиринг дар гармхонаҳо аҳамияти бештар дода мешавад. Дар натиҷа масоҳати кишти помидор ба 14,47, бодиринг 4,71 ва дигар сабзавот ба 3, 38 гектар расонида шуд. Ба ғайр аз ин, дар майдони 9,55 гектар парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст, ки алҳол нашъунамои хуб дорад. Манбаъ меафзояд, ки то санаи 26 - уми декабри соли 2019 дар гармхонаҳои вилоят 72, 5 тонна помидор, 35,03 тонна бодиринг, 8,8 тонна дигар сабзавот ва 42,7 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки талаботи аҳолӣ нисбат ба сабзавоти тару тозаи ватанӣ дар фасли зимистон зиёд аст.

 Аз ин лиҳоз, масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки барои таъсиси гармхонаҳои замонавӣ ва парвариши сабзавот чораҳои зарурӣ андешида, сокинони вилоятро дар ҳама фасли сол бо сабзавоти хушсифати худӣ таъмин намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,  
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Хиёнат ба Ватан нобахшиданист!

Гузашти вақт собит сохт, ки сабабгор ва барангезандаи асосии ҷанги шаҳрвандӣ кӣ будаасту манфиатхоҳон аз ин ҷанги шаҳрвандӣ кадом гуруҳ будаанд.

Ташкилкунандагону оташдиҳандагон роҳбарияту аъзоёни фаъоли ҳизби экстремистии назҳати ислом бо маблағгузории хоҷагони хориҷии худ буданд. Ҳизби мазкур аз замоне, ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷуз моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, кори хайру савобе накардааст. Оқибати амалҳои онҳоро ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда, худро мусичаи бегуноҳ мешумориданд. Ба ҳамагон возеҳ равшан аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо номи Наҳзати исломи Тоҷикистон бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ чи нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро барҳам зананд.

Ҳарчанд, ки дар солҳои аввали Истиқлолият борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуданд, аммо хилофи солҳои қабл дар амали соли 2015 анҷом додаашон зуд тирашон хок хурд ва чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба мардум ошкор шуд. Солҳои тӯлонӣ онон ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони кишвар таассубро талқин мекарданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои ТТЭ ҳНИ дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гуруҳу ташкилотҳои террористӣ мебошанд.

Мо ин шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткорро маҳкум менамоем ва худро узви ҷудонашавандаи ҷомеа шумурда, баҳри субботу оромӣ ва ободии кишвари азизамон пайваста талош менамоем.

Ҳ.ҚУРБОНОВ,
 ассистентикафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Дурӯягии наҳзатиён ошкор шуд!

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми тоҷик талху душвор ба шумор рафта, иштирокчиёни фаъоли он маҳз ташкилоти ТТЭ ҲНИ буд, ки мақсади оинномавии онҳо аслан дигар буд.

Он ҷинояткориҳое, ки аъзои ин ташкилот содир намуданд, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш намешаванд. Он амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ на танҳо дар чаҳорчӯбаи ахлоқ ва қонун, балки умуман ба меъёрҳои мусулмонӣ наздик нест. Оё ҳамаи он виҷдонашонро азоб намедиҳад, ки имрӯз онҳо дар барои сулҳ суханҳои баланд мегӯянд, гӯё ғами манфиати мардумро фикр мекарда бошанд. Вале дар асл дини мубини исломро ниқоб намуда, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Дар натиҷаи корҳои тарғиботии онҳо, бархе аз ҷавонон, ки дониши комили динӣ надоранд, гумроҳ шуда, ба ин ташкилоти ифротӣ ҳамроҳ шуданашонро надониста монданд. Натиҷаи интихоботи парламентӣ, ки моҳи марти соли 2015 дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷа ТТЭ ҲНИ ниҳоят фоизи пасти овозҳоро соҳиб гардид, нишонаи он аст, ки дар ҷумҳурӣ нуфузи паст дорад. Зеро дар тӯли солҳои фаъолияти худ ягон барномае, ки метавонад ба манфиати ҷомеа ва давлат бошад, барои ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида бошанд, пешниҳод накардааст, танҳо фаъолияти дурӯягӣ ва тафриқаандозиро пеша кардааст.

Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, ки тамоми фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст. Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналхалқӣ равона намуда ва дар ин самт барномаҳои дурнамо таҳия ва амалӣ гардида истодаанд. Ҳеҷ як таҳдид ба монанди муроҷиатномаи ТЭТ ҲНИ ба давлатҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналхалқӣ наметавонад обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст намояд. Бояд ин созмони ифротӣ минбаъд ба сиёсати дохилии давлати мо дахолат накунад, зеро вай ба ин кор ҳуқуқи маънавӣ надорад. Бо қарори Додгоҳи олии мамлакат Ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти экстремистиву террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он дар қаламрави мамлакат расман манъ гардид.

  Ҷ.ТӮРАЕВ,
 сармуаллимикафедраи иқтисоҷаҳонии
Донишгохи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ мебояд

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти аз ҳама ташвишовари замони муосир ба шумор меравад, ки мутаассифона, тамоми ҷомеаро фаро гирифта, яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир гардидааст.

 Чуноне, ки ҳар як зуҳурот ё ҳаракат заминаи пайдоиши худро дорад, терроризм низ омилҳои пайдоиши худро доро мебошад. Шакли ибтидоии пайдоиши он ифротгароӣ ё тундгароӣ аст. Ифротгароӣ маънои даъват кардан ба нооромиро дорад. Агар ин амалҳо пешгирӣ шаванд, бовар аст, ки терроризм ва хавфи он дар ҷомеа камтар мешавад.

Мушоҳидаву таҳлили вазъи ҷомеа нишон медиҳад, ки сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ ин, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо мебошад.

Илова бар ин, ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ, ки барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ аксар махфӣ фаъолият мебаранд, ба тори нозуки эътиқоди мардум нохун мезананд. Зеро медонанд, ки масъалаи имон масъалаи ҳассос аст ва ба тариқи он мардумро фирефтан осон аст. Яъне, дини мубини Исломро барои ноил шудан ба хостаҳояшон истифода мебаранд.

Мутаассифона, баъзан ҳолат найрангҳои ифротгароён натиҷа ҳам медиҳад, чунки бештар барои расидан ба ҳадафҳояшон насли ҷавон ва корноозмудагонро ҷалб мекунанд. Онҳо медонанд, ки ҷаҳонбиниву фаҳмиши ҷавонон нав ташаккул ёфта истодааст ва ҳар масъалаеро, ки ба онҳо талқин кунед, эҳтимоли пайравӣ ва бовар карданашон бештар аст. Масъалаи ҳушёрии сиёсӣ ва лаёқати таҳлил кардану муқоиса намудан ва ё чизеро надониста, пайравӣ накардан ба ақидаи ҳар кас маҳз барои ҳамин таъкид шудааст, ки ҷавонон бепарво набошанд. Аммо, афсӯс, ки баъзе ҷавонон ин таъкидҳоро чандон ҷиддӣ қабул намекунанд.

Албатта, ба якборагӣ аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале омилҳоеро, ки барои ба вуҷуд омадани терроризму экстремизм замина фароҳам овардаанд, дар алоҳидагӣ бартараф кардан мумкин аст. Дар ин роҳ қадами аввал ҳарчӣ бештар саводноку бомаърифат намудани ҷавонон, сипас, таъмини ҳар як ҷавони бомаърифат ва соҳибтахассус бо ҷойи кор мебошад. Зеро собит шудааст, ки мушкилии аксарияти шомилшудагон ба сафи ҳаракатҳои экстремистӣ маҳз муҳтоҷиву дастнигарӣ аст.

Ҳар як фарди ҷумҳурӣ, бахусус мо – ҷавононро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаъол бошем.

Яъқуб ҲОШИМЗОДА,
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Тафаккури ҷавононро аз падидаҳои номатлуб ҳифз дорем!

Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, ҷалби ҷавонон ба сафи ин созмонҳо ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона дар нуқоти гуногуни сайёра боиси нигаронӣ гардидааст. Мавҷудияти муаммои зикргардида ҳамчун доғи рӯз муаррифӣ гардида, ба ташвиш овардааст. Имрӯз созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ беш аз 500 ададро ташкил дода, ҳамаи онҳо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муғризона ва нопокиро доранд.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд, дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

Ҳуҷуми гурӯҳи террористӣ ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод», ки бо истифода аз силоҳи оташфишон шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба вуқӯъ пайваст, аз ҳамин гуна амалҳои даҳшатовар ба ҳисоб меравад.

Ин ҳодиса касро ба андеша водор месозад: чаро аъзои гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ баъзан аз ҳисоби занон, ҷавонон ва  наврасону нобилиғон ва, ҳатто, оилавӣ худро ба куштор медиҳанду дигаронро низ аз ҳаёт маҳрум месозанд? Чаро арзишҳои инсонӣ, фарҳангӣ барои онҳо қадре надорад? Дар асл  инсон экстремист ва ё террорист таваллуд намешавад, вале аз ӯ экстремисту террорист омода месозанд...

Гурӯҳҳои ифротӣ аввал шаҳрвандон бахусус ҷавононро ба доми худ фирефта месозанд ва баъдан ононро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон истифода мебаранд. Мақомоти қудратӣ террористонро метавонад, ки ҳангоми даст ба ҷиноят заданашон дастгир кунанд ва ё безарар гардонанд, аммо дар марҳалаи аввали фирефта гаштани онҳо аз ҷониби мубаллиғон ва ё шабакаҳои интернетӣ ба ҳаракатҳои террористӣ кор пӯшида мемонад.

Инсони комилу огоҳ мӯрчаеро ҳам наметавонад озор бидиҳад, аммо чӣ тавр инсон ба қотили худкуш, ба террорист табдил меёбад.

Муҳаққиқони терроризм ва экстремизм аз ҷиҳати равонӣ тафаккури террористонро ба риштаи баррасӣ ва таҳлил кашида, ба ду масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаанд, мароқзоҳиркунии беандоза ба ин амал ва ғояи воқеан худро қаҳрамон ва фидоӣ шинохтани онҳо.

Дар замони кунунӣ баҳри ба вуҷуд овардани таваҷҷуҳ ва мароқзоҳиркунӣ дар гурӯҳи муайяни одамон дар ҷомеа эмиссарҳо, мубаллиғон (таблиғгарони ин падидаи номатлуб) ва дигар ниҳодҳои аз таълимоти махсус гузашта фаъолият мебаранд. Дар ин росто, барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мегардад. Бояд гуфт, ки тавассути компутер метавон дар як сония ба 10 ҳазор нафар мактуби тарғиботӣ ирсол намуд.

Насли наврас дар иҳотаи тарзи ҳаёти дунявӣ ба воя мерасад. Дар чунин ҳолат ғояи сохта, метавонад барои ҷалб гаштани инсони бетаҷриба ва ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ мусоидат намояд.

Мубаллиғони ифротгароӣ дар байни ҷавонон бештар барои таблиғи ғояҳои худ ва ҷалби онҳо ба сафҳояшон кӯшиш мекунанд, зеро дар ниҳоди онҳо алҳол «ман»-и худияшон инкишоф наёфтааст.

ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки аз ҷониби олимону донишмандони ришта­ҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ дар байни ҷомеа, аз ҷумла ҷа­вонон, дар самти муқо­вимат бо ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷиҳати омӯзиши замина­ҳо ва сарчашмаҳои зуҳури ин падидаҳо корҳои муҳими илмӣ анҷом дода, дар самти роҳу равишҳои муқовимат ба экстремизм ва тер­ро­ризм пеш­ниҳодҳои мушаххаси хешро бо ҳадафи коҳиши хатар­ҳои он дар ҷомеа изҳор доранд, баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддин заминаи созгор гузоранд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз қабили СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра ҳамкории тарафайн муфид ва барои ормонҳои инсоният ҷавобгӯро ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамин сиёсат мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои трансмиллӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеа талаб менамояд баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа табдирҳои муҳим минбаъд низ пиёда гардонида шаванд.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Дурӯғатро ба касе гӯй, ки туро нашносад!

Нафаре, ки мехоҳад ҳақиқатро баён созаду мардум ҳақиқати ӯ бовар кунанд, чунин боварӣ ҳамон вақт барояш муяссар мешавад, ки худаш ҳақиқатпарасту рӯзгораш ҳақиқӣ бошад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё аз ҳақиқат сухан мекунад. Аммо ҳол он, ки нахуст мебояд ба аъмоли хеш нигарад. Ин ҷо сухан дар бораи Саидюнуси Истаравшанӣ меравад. Номи аслияш Оятулло Саидюнус аст. Саидюнуси Истаравшанӣ сохта асту бас ва ингуна тахаллусро ӯ танҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад.

 Акнун истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ худ қазоват кунед, ки сомона ва номаш ҳам сохта буда, ҳар як калимаи хабару мақолаҳое, ки ӯ нашр месозад, дурӯғ, кинаву адоват, бадхоҳи нисбати мардуми тоҷик баръало ба мушоҳида мерасад.

 Ӯ мунтазам зикр мекунад, ки ҳамеша бояд ҳақиқатро гуфт! Ва кош худаш ҳам ҳамин тавр мекард, на ин, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷиёнатон шуда, бар сари мадуми тоҷик тӯҳмату дасиса занӣ.

 Ин фард даъвои ҳақиқатро дораду вале худаш тӯли 15 -20 сол мешавад, ки дар бораи худаш ҳама гуна ҳақиқатро пинҳон медорад.-муддати ин солҳо дар Эрон зиндагӣ мекунад, равияи шиаи дини Исломро қабул кардааст. Аммо дар Фейсбук бошад макони зисташро Лубнон нишон медиҳад.

Саидюнус дар солҳои 90-уми асри гузашта бо духтари яке аз ходимон намоёни динӣ Мулло Маъруфҷон, ки ба Эрон кӯчида, шиа шуда буд ва баъдан ба Тоҷикистон баргашта тавба карду аз ин домоди шиа рӯй гардонид, издивоҷ карда буд.

 Дар солҳои 2000-ум Саидюнус бо супориши махсус ҳамсари худро ба шаҳри Тошканд фиристод. Зоҳиран дар хадамоти махсуси Ӯзбекистон рисолати махфии зан маълум буд, ки дар Тошканд вай боздошт шуда, ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум гардид. Саидюнус аз ҳабс озод шудани ҳамсарашро интизор нашуда, дубора хонадор шуд. Вақте ки ӯ бо ҳамсари дуюмаш моҳи асалро мегузаронид, зани аввалаи ӯ рӯзҳои охири ҳаётро дар зиндони Ӯзбекистон паси сар менамуд ва дар он ҷо вафот кард.

 Замоне, ки ҲНИ дар Тоҷикистон фаъолият дошт, Муҳиддин Кабирӣ Саидюнусро, ки шиа шуда буд, сахт огоҳ мекард: мабодо дар бораи мо чизе нанависӣ, ки маро ҳам ба шиагароӣ мутаҳам мекунанд.

 Вақте, соли 2015 фаъолияти ин ҳизб мамнуъ шуд, Оятулло Саидюнуси нав баромад яке аз мубаллиғони асосии ғояҳои Муҳиддин Кабирӣ шуд.

 Аз ин ҷост, ки сохтакорӣ, фиребу найранг, иғвову дасисагӯияшон ифшо шуд. Мардум симои ҳақиқии ононро шинохт. Мардуми мо, ки солҳои 90- ум шоҳиди воқеаҳои даҳшатбор гашт, имрӯз кӣ будани сабабгори асосии ин фоҷеаҳоро донист, дигарбора намегузорад, нохалафе оромии кишварро халалдор кунад.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
омӯзгори МТМУ №40 ба номи Аминов Неъмат

Читать далее

ЧЕҲРАИ МАНФУРИ ИФРОТИЁН

Дар ҳазораи сеюми мелодӣ чунин вазъият ба вуҷуд омад, ки дар тамоми ҷаҳон падидаҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм зиёд гардиданд ва дар ин росто гурӯҳҳои мазҳабиву равияҳои гуногун низ фаъолияти худро густариш доданд ва аз доираи хурди як давлат ба хориҷ паҳн гардиданд.

Ҳоло садҳо равияву гурӯҳҳо ба ҷомеа зарари бузург дошта, пайомадҳои манфиро низ ба бор овардаанд.

Феълан ин гурӯҳу равияҳо бо созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ робитаи мустақим доранд, ки ин барои ҷомеа хатаровар аст.

Яке аз чунин ҳизбу ҳаракатҳо ТТЭ ҲНИ аст, ки бо кӯмаки молиявии хоҷагони хориҷӣ ва душманони миллати тоҷик таъсис ёфт ва барои ба мақсадҳои нопоки хеш расидан кишварро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонид.

Тавре баъдан маълум шуд, аъзо ва саркардагони ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ дар мактабҳои созмонҳои террористии бузург таълим гирифтаанд ва бар зидди инсону ҷомеаи озоди башарӣ мубориза мебаранд.

Имрӯз зарур аст, ки шаҳрвандон кӣ будани ин тарафро бифаҳманд ва дар ҳифзи якпорчагии кишвар дастаҷамъона саҳмгузор бошанд. Зеро хоинону душманони миллати тоҷик мисли солҳои 90 - уми асри гузашта дар ниқоби дӯст ва ҳомии арзишҳои диниву мазҳабӣ ворид гардида, ба мо чӣ хиёнатҳоро раво диданд, ҳама намедонад. Ҳамин тоифа буданд, ки аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар ниқоби ҳомӣ ва посдорандаи арзишҳои динӣ худро муаррифӣ намуда, хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар бегуноҳро рехтанд, зиёда аз як миллион нафари гурезаву беватан сохтанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё рисолати Ислом рехтани хуни инсони бегуноҳ аст?

Ҳол он ки ин дин озор додани мӯреро раво намедорад. Оё рисолати мусалмон низоъ афкандану дасисабозӣ кардан аст?

Акнун фурсате расидааст, ки чеҳраи манфуру душманонаи аъзои ТТЭ ҲНИ - ро фош намоем ва ниқоб аз чеҳраҳои онон бардорем.

Зеро дар ҳолати надонистани воқеият хавфи гумроҳ шудани инсонҳо, бахусус ҷавонон вуҷуд дорад ва бояд расонаҳои иттилоотӣ дар ин маврид бетараф набошанд.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ –
металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ҳадафҳои нопок амалӣ намешаванд!

Муғризон ва хоинони миллат чун диданд, ки амалҳои нопокашон ба ҳадафи аслиаш намерасад ва миллати тоҷик соҳибфарҳангу соҳибдавлат асту рахнаандозӣ ва тафриқаандозӣ, баръакс, миллати тоҷикро муттаҳид мекунад, тактикаи душманонаи худро дигар намуда, акнун ба он даст мезаданд, ки нопоку разилонро аз байни худи тоҷикон дарёбанд. Ин буд, ки бо ҷалби маблағҳои ҳангуфт аз хоҷагони разил, нафарони ҳирси хиёнаткорро аз дохили кишвар дарёфтанд ва бо заҳролуд кардани майнаи пучашон онҳоро омода карданд, ки бешармона ба миллату аҷдодони худ амалҳои ношоистаро анҷом диҳанд.

Чунин падидаи номатлуб ба сифати гурӯҳи муташаккил ҷамъ гардидан аз нафарони майнапуч рӯйи кор омад, ки хиёнатпешаю сиёҳдилии ононро то имрӯз мардуми бофарҳангу боору номуси кишвар эҳсос менамоянд. Нафаре, ки майнааш холию заҳролуд бо иғвою бӯҳтон аст, ҳеҷ вақт натавонад орому осуда будану зистан, зеро ин тоифа тинати нек надоранд, разиланд. Таассуфовар аст, ҳазорҳо нафар ҷавонони майнаи беолоишдошта ва аз муқаддасоти дини Ислом ноогоҳи қишрҳои мухталифи ҷомеа фирефтаи ниятҳои разилонаи нафарони нопок мешаванд. Онҳо бехабаранд, ки ин зумраи муғризони виҷдонфурӯшу ватангадо бо маблағи хоҷагони хориҷӣ майнаи онҳоро заҳролуд кардаанду рӯҳу ҷисми онҳоро бо мақсадҳои нопоки худ идора мекунанд.

Зиндагонӣ дар ҷомеаи солиму осуда, соҳиби оилаи пойдор, ҷойи кори мувофиқ, муносибати хубу муоширати озод бо ҳамкорону ҳамсоягон, дӯстону хешу ақрабо, ифшои озодонаи андешаҳои фитрӣ ва дигар музаффариятҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтани нафарони нопок аз разолати онҳо шаҳодат медиҳад. Зеро ҳар фарде, ки соҳибтафаккур асту ҷаҳонгашта, бохабар аз навгониҳои олам, огаҳӣ дорад, ки дар ҷаҳон ягон давлате, ки ҳукумати қонуниаш бо халқаш доимо ҳамдилу ҳамтинат, пайвасту муттаҳид бошанд, ангуштшуморанд. Кишвари мо давоми давраи кӯтоҳи соҳиб истиқлолӣ соҳиби дастовардҳои бузурги таърихӣ гашт, тавонист, ки дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро бо иқдомҳои шоистааш ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, муқовимат ба падидаи номатлуби терроризму экстремизм бо сарбаландӣ муаррифӣ намояд. Ин дастовардҳои танҳо нафарони разилу бадтинат, иғвогару тафриқаандоз, хоину хиёнатпеша дида наметавонанду дур аз Ватани аҷдодии хеш истода, сангпартоӣ мекунанд. 

Итминони комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари кишвари мо баҳри расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд ва ягон нохалафро намегузоранд, ки мақсадҳои муғризонаашро амалӣ намояд.

Мурод СОБИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее