January 2020

31 January 2020

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов

«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Читать далее

Муаррифии асали тоҷик дар Покистон

Бо мақсади барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, тақвият бахшидан ба рушди устувори иқтисодиёт, фароҳам овардани фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзудани иқтидори содиротӣ бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон санаҳои 22 - 23 январ намояндагони доираҳои соҳибкории мамлакат, аъзоёни Палата, занбӯрпарвар Салим Салимов ва корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ «Ноrti-Ехро» - и шаҳри Лоҳур иштирок намуданд.

Бино ба гуфти муовини сардори Палатаи савдо ва саноати вилоят Ғайрат Қобилов, дар Намоишгоҳи маҳсулотҳои кишоварзӣ «Ноrti-Ехро» танҳо маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаи хоҷагии кишоварзии ин давлат ба намоиш гузошта шуда, дар доираи намоишгоҳ Форуми байналмиллалӣ дар мавзӯи «Рушди содироти маҳсулоти озуқаворӣ» баргузор гардид, ки дар кори форум намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар доираи намоишгоҳ намояндагони корхонаҳо бо роҳбарони як қатор ширкатҳо, марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак вохӯриҳои судманд бо намояндагони ширкатҳо аз кишварҳои Англия, Полша, Туркия, Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон ва Афғонистон доир намуданд.

- Иштирок дар чунин намоишгоҳҳо барои соҳибкорон хеле манфиатовар мебошад ва аз ҷониби ширкатҳои Англия, Полша ва Туркия ба сифат ва таъми асали мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, барои харидорӣ намудан омода мебошанд ва баъди бастани шартномаи ҳамкорӣ содироти асалро ба роҳ мемонем, - иброз дошт занбӯрпарвар Салим Салимов.

 Палатаи савдо ва саноати кишвар тасмим гирифтааст, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ меандешад ва давоми соли ҷорӣ барои иштироки соҳибкорон баҳри муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.

М. САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Зафаробод: НИГАРОНИИ РОНАНДАҲО АЗ ХАРОБИИ РОҲ

Дар маҷмӯъ, аз роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳияи Зафаробод 183 километри он ба таъмири асосӣ ниёз дошта, барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунад.

Вазъи хароби роҳҳои маҳаллӣ ронандагони воситаҳои нақлиётро дар ноҳияи мазкур сахт ба ташвиш овардааст. Ронандае, ки моро ба ноҳия бурд, гуфт: «Аз вазъи хароби роҳҳо мо - ронандагон сахт дилгир шудаем». Ба қавли ин ронанда, ки номашро Валӣ гуфт, «ҳатто, роҳҳои баъзе ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳоли хароб доранд. Аз ин ҳолати роҳҳо мо ҳар моҳ мошинҳои худро таъмир мекунем. Он маблағи ночизеро, ки аз мусофиркашонӣ ба даст меорем, барои харидани қисмҳои эҳтиётии мошин ва таъмири он харҷ менамоем».

Бобати ин масъала сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Комил Шодмонов гуфт, ки аз 205 километри роҳи дар мувозинаи муассиса қарордошта 163,8 километраш роҳҳои маҳаллӣ буда, 183 километри он ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Ҳафт километри ин роҳ байналлилалӣ мебошад. Ба гуфти мавсуф, барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағ ҷудо кунад. Аммо барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ягон маротиба маблағ аз тарафи буҷети ноҳия ҷудо нашудааст. Бояд гуфт, ки барои таъмири асосии як километр роҳ наздик як миллион сомонӣ маблағ лозим аст. Рӯз то рӯз вазъи роҳҳои маҳаллӣ бадтар шуда истодаанд.

Даҳҳо ронандаи дигар аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар фасли зимистон, вақте борону барф зиёд меборад, ҳаракат дар роҳҳои ноҳия барои нақлиёт хеле мушкил мегардад. Инчунин, роҳи мошингарди Зафаробод - Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 34,2 километр дарозӣ дорад, аз километри 20 то 24 - ум ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи Зафаробод – Дӯстӣ, ки дарозиаш 27,6 километр аст, як қисмаш соли 2016 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз километри 8 то 21 - ум таъмири пурра гардида, боқимода ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Ба гуфтаи масъулони муассиса, дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 57 аломати роҳ намерасад. Роҳҳои маҳаллӣ бошад, қариб ки аломатҳои роҳ надоранд. Барои насби онҳо низ маблағ зарур аст, ки ин ҳолат бояд бартараф шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз роҳҳои маҳаллии ноҳия тӯли 35 сол аст, ки таъмири асосиро надидаанд ва ниёз ба таъмири ҷиддӣ доранд. Барои бартараф кардани мушкилии ҷойдошта таваҷҷуҳи хосаи мақомоти маҳаллии ноҳия лозим аст. Мо интизори ибтикори масъулин ҳастем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳунарҳои ороишӣ аз санг

Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии маҷмааи таърихию фароғатии “Қалъаи Хуҷанд” даври вилоятии озмуни ҳунарҳои ороишӣ аз санг бахшида ба солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбаст гардид. Озмун дар асоси қарори Раиси вилоят таҳти №13 аз 13 - уми январи соли 2020 дар бораи баргузории озмуни вилоятии ҳунарҳои ороишӣ аз санг доир шуд. Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ - ҳунармандон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Аз қадимулайём дар шаҳрҳои Исфараву Истаравшан, Ҳисор ва Кӯлобу Саразм ба касби сангтарошӣ эътибори хоса медоданд ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ рушд ёфта буд.

Дар намоиш сайёҳон аз Британияи Кабир - мутахассиси таърихи санъат Дан Арессон ва Флоренс Кейфел иштирок намуда, иброз доштанд, ки маҳсули дастони ҳунармандон ба онҳо писанд омадааст.

Ҳашт рӯз аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорем, то ин муддат мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Хуҷанд сайру сайёҳат намудем. Мардуми тоҷик хеле меҳмоннавозанд, бо чеҳраи кушод ва ҳамеша туҳфаи хотиравӣ омада, моро истиқбол мегиранд. Ният дорем, дубора дар фасли баҳор ташриф оварда, табиати зебои онро бинем, - мегӯяд Арессон.

Мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов иброз дошт, ки мақсади асосии озмун тарғибу ташвиқи миллат, табиат ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти ороишӣ аз санг дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Аъзои ҳакамон маҳсули ҳунари иштироккунандагонро аз назар гузаронида, ба маҳсулоти онҳо аз ҷиҳати сифат, дизайн, инъикоси мероси таърихию фарҳангӣ, табиӣ, этнографӣ баҳогузорӣ намуданд. Озмуни мазкур се давраро дар баргирифта, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон се ҷои ифтихорӣ муайян гардида, ҷои сеюм насиби Алиҷон Мансуров - ҳунарманд аз ноҳияи Шаҳристон бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ гардид. Ҷои дуюмро Ҷамшед Ҳасанов аз шаҳри Истиқлол ишғол карда, бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 2000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Ҷои якум бошад, насиби Ғолиб Усмонов аз шаҳри Хуҷанд шуд ва бо диплому мукофотпулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз гардид.

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳо

30 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор гармхонаҳо шинос шуд.

Раиси вилоят нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти гармхонаҳои соҳибкор ва гулпарвар Абдусалом Шодибековро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, аз тарафи соҳибкор панҷ гармхона ташкил гардида, дар онҳо парвариши помидор, бодиринг, қулфинай ва гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар гармхонаҳои  ташкилнамудаи Абдусалом Шодибеков 40 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, коргарон ҷиҳати таъмин намудани бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас мегузоранд.

Читать далее

30 January 2020

Вакилон аз ҳисоби занон афзунанд

Нишасти матбуотии Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо иштироки рӯзноманигорон доир гардид.

Дар рафти нишаст ба сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода аз тарафи рӯзноманигорон бештар доир аз фаъолияти занони роҳбарикунанда, бекоршавии ақди никоҳ ва сабабҳои асосии он, шумораи занҳои хонашин, тақдири занони пас аз ба тасвиб расидани Қонун дар бораи авф аз маҳбасҳо озодгардида суолҳо дода шуд.

 Хуршедахон Хоҷазода ба саволҳо посух гуфта, иброз дошт, ки имрӯз аз 1 миллиону 332,9 нафар зану духтарони вилоят 7678 нафарашонро занони роҳбарикунанда ва 1267 нафар хизматчии давлатиро ташкил медиҳанд. Алҳол аз ҳисоби занони вилоят як нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакили Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳии вилоят ва 543 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Қобили қайд аст, ки фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор назаррас буда, дар соли 2019 - ум 60 нафар бонуи ҳунарманд, соҳиби гранти Раиси вилоят гардиданд.

Дар вилоят 4274 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, он нисбат ба соли гузашта 228 адад зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо ин якдигарнофаҳмӣ, беморӣ доштани яке аз тарафҳо, дахолати волидони яке аз тарафҳо, таҳаммулнопазирӣ, хиёнати ҳамсарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ, вазъи пасти иқтисодӣ мебошанд, – иброз дошт Хуршедахон Хоҷазода.

Ҳамчунин, дар рафти нишасти матбуотӣ аз фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб дода, иброз намуд, ки шумораи ҷавонони то сини 30 сола дар вилоят 906 ҳазору 500 нафар буда, теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар давраи мазкур 669 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи гирандагони стипендияҳо дар вилоят 788 нафар буда, 95 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 130 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, 519 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва 44 нафар сарпараст мебошанд.

Дар соли 2019 дар вилоят 8237 нафар ҷавони бекор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 694 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади дарёфти таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки 552 варзишгар, аз ҷумла 102 зан ба 60 чорабинӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзиши вилоят 303 медал, аз ҷумла 108 тилло, 64 нуқра ва 131 биринҷӣ ворид намуданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Беҳдошти сифати тадбирҳои фарҳангӣ

Зимни нишасти матбуотӣ вазъи соҳаи фарҳанги вилоят баррасӣ гардида, сардори он Бахтиёр Қосимов ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт. Мавсуф зикр дошт, ки имрӯзҳо соҳаи фарҳанг ба як қатор пешравиҳо ноил шуда, сохтмони чандин муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳӣ идома дорад ва барои ин маблағҳо ҷудо гардидааст.

Дар назди Раёсати фарҳанги вилоят Шӯрои бадеӣ амал мекунад, ки тамоми камбудиҳои соҳаро назорат бурда, пайи ислоҳи онҳо мебошад. Масалан, сурудҳои бемазмун набояд ба таваҷҷуҳи тамошобин роҳ ёбанд.

Оиди сарфи маблағҳое, ки барои вазъи беҳбуди соҳа ҷудо карда мешаванд, Б.Қосимов посух дод, ки албатта, ягон соҳа аз камбудӣ орӣ нест ва ин ислоҳшаванда аст. Дар ин маврид то имрӯз ягон хатоии ҷиддӣ ба назар нарасида, тамоми маблағҳо баҳри беҳдошти вазъи соҳа масраф мегарданд ва ин кор аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ҳар сари чанд моҳ тафтиш карда мешавад.

Китобхонӣ, ҷалби ҷавонон ба китоб, таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва рушди таърих масъалаҳое буданд, ки зимни нишаст матраҳ гардиданд. Ба пешниҳоди рӯзноманигоре оиди дар истгоҳҳои шаҳри Хуҷанд кушодани нуқтаҳои китобхона ва ё армуғонҳои мусиқӣ сардори Раёсат гуфт, ки албатта, мо бо ширкати мобилии «Тселл» ҳамкорӣ карда истодаем. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ин ширкат ба нақша гирифтаем, ки интернети бемаҳдуди «Вай - фай» - ро бо суръати баланд дар истгоҳҳо ба роҳ монем ва шаҳрвандон метавонанд, аз он васеъ истифода баранд. Албатта, дар фосилаи ками интизории нақлиёт онҳо наметавонанд китобро гирифта мутолиа намоянд, аммо аз сайтҳои электроние, ки китобҳои гуногун ҷой дода шудаанд, истифода баранд.

Бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанг ва санъати миллӣ баҳри баланд бардоштани маънавиёт, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ баргузор гардида истодаанд. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Таъмирталаб будани баъзе китобхонаҳои шаҳру деҳот, клубҳо, нарасидани асбобҳои мусиқии миллӣ, таҷҳизоти тақвияти овоз, мизу курсиҳо, либосҳои саҳнавӣ ва дар мактабҳои санъат норасоии воситаҳои техникӣ ин ҳама мушкилоти соҳа буда, масъулон онро хуб медонанд.

Бино ба гуфти Б.Қосимов, барои бартараф сохтани ҳолатҳои мазкур кӯшиш намуда истодаанд. Илова карда шуд, ки ба ин камбудиҳо нигоҳ накарда, Раёсати фарҳанги вилоят нақшаҳои зиёде дорад.

– Нақшаҳои муайян тартиб дода истодаем ва роҳи ислоҳи камбудиҳои мазкур ҳам ҳаст. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти соҳа, албатта, бе камбудӣ намешавад ва мо марҳала ба марҳала баҳри беҳтар шудани вазъ кӯшиш дорем, – изҳор дошт мавсуф.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол нишасти матбуотии раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар он муовинон, мудирони шуъбаву сохторҳои марбутаи шаҳр ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал раиси шаҳр Худойназар Амонзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2019 маълумот дод. Аз ҷумла гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли гузашта дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар даври ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 102,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 14 миллиону 720,8 ҳазор сомонӣ ворид шуд.

Нақшаи қисми даромади буҷет ба санаи якуми январи соли равон 109,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 10 миллиону 991 ҳазор сомонӣ ба буҷет 12 миллиону 34,2 ҳазор сомонӣ мaблaғ ворид гардид.

Ҳамчунин, раиси шаҳр зикр намуд, ки қисми даромад аз рӯи нӯҳ намуди андоз зиёда аз 100 фоиз ба иҷро расида, ба буҷети маҳаллӣ иловатан 1 миллиону 43,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки барои корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал масраф гардид.

Нақшаи андози иҷтимоӣ бошад, 88,4 фоиз иҷро гардида, нақшаи ғайрибуҷетӣ 4 миллиону 311 ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет 3 миллиону 948,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ба ҳолати 31 - уми декабри соли гузашта 91,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ин давр бо нархҳои муқоисавӣ ба зиёда аз 39 миллиону 639 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбати ҳамин даври соли 2018 - ум 144,7 фоиз мебошад. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 28 миллиону 400,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба 154,8 фоиз баланд бардоштанд. Дар шаҳр 3 коргоҳи хурди истеҳсолӣ бо таъмини 12 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Инчунин, аз ҳашт лоиҳаи инвеститсионии ба нақша гирифташуда айни замон дар ҳафт лоиҳа корбарӣ рафта истодааст. Дар ин давр, ҳамзамон ба маблағи 878 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва 4 миллиону 632 ҳазору 800 сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен

29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен озод гардида, Темурҷон Нуъмонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин карда шуд.

Читать далее

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Комил Салимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов озод гардида, Қудратзода Тоҳир Толибӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Читать далее