03 February 2020

Арҷгузорӣ ба хидмати беназири собиқадорон - рисолати нек!

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ чун анъана собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла собиқадори ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳотам Шокиров ва собиқадори меҳнат Кучак Муллоҷоновро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар аснои суҳбат зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.

Читать далее

«Офтобак» - беҳтарин кӯдакистон дар ноҳия

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳини сафари корӣ аз ҷараёни бунёди кӯдакистони хусусии «Офтобак», ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов бунёд мешавад, боздид намуда, ин иқдоми соҳибкорро боиси дастгирӣ арзёбӣ намуд. Кӯдакистони мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 160 нафар тифлони саодатманд бунёд мешавад. Дар сурати ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистон 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, бобати бо сифати баланд ва мутобиқ ба завқи кӯдакон бунёд намудани ҳуҷраҳои таълимӣ – тарбиявӣ, эътибор ба омӯзонидани забониҳои хориҷӣ ба масъулин дастур дод.

Читать далее

Майдони Парчами давлатӣ боиси ифтихормандӣ!

Чуноне зикр гардид, дар шаҳраки Бӯстон ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ якчанд иншооти муҳим, аз ҷумла, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба ҷараёни корҳои сохтмони  майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шинос гардида, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур дастуру супоришҳо дод. Мавриди зикр аст, ки баландии Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил дода, ба яке аз мавзеъҳои ободу зебои ноҳия мубаддал хоҳад гашт.

Читать далее

Варзишгоҳи муосир - мусоидат ба рушди варзиш ва солимӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо ҷараёни бунёди варзишгоҳи марказӣ аз наздик шинос гардид.

Зикр бояд дошт, ки  соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳия барои лоиҳакашӣ ва сохтмони як зумра иншооти иҷтимоӣ дастуру ҳидоят дода буданд.

Читать далее

Бунёди Қасри фарҳанг - мусоидат ба рушди маънавиёт

Санаи 1 - уми феврали соли 2020 Раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, аз наздик шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва дар сӯҳбат бо сохтмончиён таъкид дошт, ки иншооти мазкур бо ибтикори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, тибқи лоиҳа барои  1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Бунёди муассисаи нави таълимӣ – ҳуснфизои шаҳраки навбунёд

Санаи 1 - уми феврали соли 2020 Раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ нахуст дар шаҳраки навбунёди Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён бо ҷараёни бунёди муассисаи таълимии навбунёд аз наздик шинос гардид. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон бунёд гардида, тибқи лоиҳа, барои сохтмони иншоот 12 миллион сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст.  

Чуноне масъулини соҳа иттило доданд, сокинони шаҳрак ба бунёд ва фаъолияти муассисаи таълимӣ ниёзманд ҳастанд ва бинои хуштарҳу замонавии мактаби замонавӣ ҳуснфизои шаҳрак хҳад гардид. 

Читать далее

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

Вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ

Бунёди беш аз 30 иншоот ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ

1 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ намуда, ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ошноӣ пайдо намуда, ба мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳия ҳусни оғоз бахшид. Чуноне ҳамагон огаҳӣ доранд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Алҳол ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ ва ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд ва азнавсозии даҳҳо иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ, аз ҷумла бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар иншооти муҳими ноҳия шинос гардида, бобати вусъати корҳо, таъмини иҷрои нақшаву ниятҳои нек, таъсиси ҷойҳон нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзгори мардум масъулинро вазифадор намуд.

Читать далее

Ноҳияи Ҷаббор Расулов: КОРРО АЗ ОБОДОНӢ ОҒОЗ МЕКУНЕМ!

- Давоми соли 2019 дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Ҷаббор Расулов 44 нафар қабул шуданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 14 адад кам мебошад. Сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз, Гулхона, Ҳаёти нав ва шаҳраки Меҳробод бештар муроҷиат кардаанд. Сокинон бобати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, қитъаи замин барои сохтмон ва гирифтани тасдиқномаи камбизоатӣ аризаҳои худро пешниҳод кардаанд, - иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.

Рӯзноманигорон бештар ба масъалаҳои нақшаҳои минбаъда дар ноҳия, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои мавзеи Рухак, обод кардани Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ, фаъолияти корхонаи саноатии ҶДММ «Органик Ян», муроҷиати шаҳрвандон, рушди соҳаи саноат ва энергетика, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷиноятсодиркунӣ дар байни ҷавонону наврасон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, бо китобҳои таълимӣ фаро гирифтани муасисаҳои таълимӣ, баргузории маъракаи сиёсӣ - интихоботи соли 2020, таваллуд дар хона, таъминот бо об, ободии мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷойҳои истироҳатӣ, оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, рушди моҳипарварӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ноҳия таваҷҷуҳ намуданд.

Дар мавриди содиршавии ҷиноят иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 332 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари он қаллобӣ ва дуздӣ мебошад. Баробари ин аз ҷониби ноболиғон 21 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 13 адад зиёд мебошад.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода қайд кард, ки мардуми ноҳия барои ободу зебо гардонидани ноҳия, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ҳалли муаммоҳои сокинон, сари вақт иҷро кардани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят камари ҳиммат мебанданд.

Ҳамчунин, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ тамоми қувва ва нерӯи худро сафарбар хоҳанд кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар беҳтар мегардад?

 

 

 

Ба саволҳои намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ посух дод. ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти соли сипарӣ баррасӣ гардид. Дар баромади хеш мавсуф изҳор дошт, ки дар даври ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ҳолати мелиоративии 863 гектар замин ба маблағи 615 ҳазор сомонӣ беҳтар гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд, ки ин барои боз ҳам зиёд доман паҳн кардани заминҳои корам дар ноҳия ва фаровонии маҳсулот дар бозор мусоидат менамояд.

Зариф Назирӣ ҳамзамон оид ба соҳаи саноати ноҳия маълумот дода, афзуд, ки соли сипарӣ 19 коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуда, аз 103 корхонаи саноатӣ 98 коргоҳ фаъолият карданд. Дар ин марҳала 5 корхона аз сабаби набудани фармоишгар ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолият надошт. Бояд гуфт, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1359 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 - ум ба маблағи 230 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар бахши роҳу нақлиёт гуфта шуд, ки дар ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорону аҳолӣ беш аз 280 километр роҳ, аз ҷумла 23, 1 км таъмири асосӣ, 148 км таъмири ҷорӣ, 110 км шағалпӯш карда шудааст. Оид ба суоли дар хусуси ҷой доштани муаммо дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофирбарӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дадобой Холматов ва Исмоил раиси ноҳия иброз дошт, ки воқеан ин масъала чанд соли охир ҷой дошта, баҳри ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида, ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод гардида, дар ин самт теъдоди автобусҳо бештар гардонида хоҳад шуд.

Ҳамчунин, доир ба суоли оид ба фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ масъулин изҳор доштанд, ки ҳамагӣ 36 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 6254 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, беш аз 4 ҳазор нафар дар навбат қарор доранд. Барои боз ҳам фарогирии бештари кӯдакон дар назар аст, ки соли равон 3 муассисаи нави томактабӣ ба фаъолият оғоз намоянд.

Боиси зикр аст, ки Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳия беш аз 40 ҳазор аҳолӣ дошта, маҳз дар деҳаи Сомғори ин мавзеъ сӣ сол инҷониб муассисаи томактабӣ фаъолият надошту қисме аз сокинон, ки шароит доштанд, кӯдакони худро ба боғчаҳои бачагонаи шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон меоварданд, ки ин мавзӯъ борҳо дар рӯзномаи вилоятӣ пайгирӣ гардида буд.

Бино ба гуфти раиси ноҳия, то нимсолаи аввали соли равон ин муассисаи то ин дам бекорхобидаи деҳа пурра таъмир гашта, ба фаъолият оғоз менамояд. Дар сурати амалӣ гаштани ин нақша беш аз 200 кӯдаки сокинони он бо шароити хуби таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд, ки ин орзуи деринтозори мардуми маҳаллӣ мебошад.

Зариф Назирӣ доир ба омодагиҳо ба ҷашнҳои бузурги таърихӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки аз 1282 банди нақшаи чорабинии таҳияшуда соли 2019 – ум 758 банди он амалӣ гардида, дар натиҷа беш аз 9 ҳазор ҷойи кории нав ва мавсимӣ ташкил гардидааст.

 Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Читать далее

БА МАЪРАКАИ СИЁСӢ ОМОДААНД

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз 4 - уми декабри соли 2019, № 1380 ба тасвиб расида, дар ин раванд мутобиқи моддаҳои 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» санаи 1 - уми марти соли 2020 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ баргузор мегардад.

Интихобот равандест, ки дар ҷараёни он мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз зинаҳои поён то боло дар асоси принсипҳои демократӣ ташкил карда шуда, шахсони мансабдори интихобӣ дорои ваколати ҳокимиятӣ мегарданд. Интихобот маъракаи муҳими сиёсист, ки интихобкунандагон ба воситаи вакилони худ ба уҳдаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори интихобӣ ҳуқуқи амалигардонии ҳокимияти давлатиро мегузоранд.

Дар асоси гуфтаҳои болоӣ қарори комиссияи ҳавзавии интихоботии «Бобоҷон Fафуров», №14 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 5 аз 19 - уми декабри соли 2019 «Дар бораи ташкил намудани участкаҳои интихоботӣ, рақамгузорӣ, муайян намудани марказ ва ҳудуди онҳо ва ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Fафуров», № 14 даъвати шашум» ба тасвиб расида, дар ин замина дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ 50 участкаи интихоботӣ оид ба гузаронидани интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.

Участкаи интихоботии № 42, ки қароргоҳаш бинои тӯйхонаи «Амир» - и Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров мебошад, ҳудуди маҳалла ва кӯчаҳои Мурод Шодибоев, Ёва, Абдухалил Ашӯрматов, Абдулло Ӯрунов, Эргаш Рӯзиев, Миришкор, Абдуҷаббор - саркор, қаҳрамон, Неъматҷон Муродов, Саидвалӣ Исматов, Турсуной Бойматова ва бинои баландошёнаи Ёваро дар бар гирифта, шумораи интихобкунандагонаш 2791 нафар мебошанд.

Раиси участкаи интихоботӣ Сабоҳат Шералиева иброз медорад, ки дар қатори интихобкунандагон 85 нафар муҳоҷири меҳнатӣ, 41 нафар овоздиҳандаи бори аввал ва 3 нафар бемори барҷомонда номнавис шудаанд. Тамоми ҳуҷҷатгузориҳои участкаи интихоботӣ ба таври мукаммал ба роҳ монда шуда, аъзои участка бо нишонаи тасдиқкунандаи шахсият ва вазифаҳояшон омодаи кор ҳастанд. Навбатдорон ҳамарӯза дар участкаи интихоботӣ қарор дошта, дар ҷузвдон ва дафтари навбатдорӣ қайд мегузоранд. Муовини раиси участкаи интихоботӣ Розия Каримова ва котиб Санавбар Юлдошева назоратро аз фаъолияти аъзои участкаи интихоботӣ доимӣ ба роҳ монда, ҳамаи шароитҳоро барои гузаронидани интихобот омода намудаанд.

Қайд бояд кард, ки барои интихобкунандагон дар қароргоҳи участка ҳуҷраи модару кӯдак ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда, дар сурати пайдо шудани зарурат метавонанд, аз имкониятҳои он истифода баранд.

Ҳамчунин, байни интихобкунандагони кӯчаҳои Миришкори Боло ва Миришкори Поён корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба чӣ гуна гузаронида шудани маъракаи интихоботӣ ба роҳ монда шуда, шиору овезаҳо дар назди қароргоҳи баргузории интихобот насб карда шудаанд.

 «Гӯшаи интихоботӣ» шумораи интихобкунандагону рӯйхати мукаммали онҳо, ҳудудҳои маҳалла, реҷаи рӯз, нақшаи корӣ ва маводи иттилоотиро дарбар гирифта, аз омодагии пухта ба интихобот дарак медиҳад.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее