03 February 2020

Суботе баҳри созандагӣ ва хуррамгардонӣ

 

 

 

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки партовҳои партовгоҳҳои шаҳр дар як шабонарӯз ду маротиба бардошта шавад.

Махсусан эътибори ҷиддӣ ба партовгоҳҳои кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ равона шуда, навбатдорон аз ваъзи тозагии шаҳр давоми рӯз мунтазам бохабар гарданд, ин ва дигар мушкилоти мавҷудаи шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотии шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нишасти матбуотии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гашт, ки дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ва масъулони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Нахуст раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд давоми соли 2019 иттилоъ дод. Зимни гузориш қайд гардид, ки шаҳри Хуҷанд давоми соли 2019 ба нишондиҳандаҳои баланд шарафёб шуд. Бино ба иттилои раиси шаҳр, соли гузашта буҷети маҳаллӣ ба маблағи 183468,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда ба 27928,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мавсуф зикр кард, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2019 ба миқдори 1 миллиарду 291 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки он 172,1 миллион сомонӣ ё 15,4 дар сад афзудааст. Дар корхонаҳои шаҳр 98 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешаванд, ки аз онҳо 66 намуд маҳсулот нисбат ба ҳамин даври соли 2018 зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст. Аз тарафи 16 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 206,6 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот шудааст. Инчунин, аз ҷониби 60 корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 343,7 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин иброз дошт, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида, ҳоло бо назардошти солҳои пешина 4493 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1795 нафар барои таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудаанд.

Сипас, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба суоли рӯзноманигорон, ки ба самтҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла хизматрасонии коммуналӣ, муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, таъмиру азнавсозии макотиб ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди сайёҳӣ ва нигоҳдошти асолати биноҳои таърихӣ, сохтмони корхонаҳои муштарак, ободонии маҳаллаҳо, омодагӣ ба маъракаи интихобот, ободонӣ дар минтақаҳои шаҳр ва ғайра алоқаманд буданд, ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар поёни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати боз ҳам назаррас шудани натиҷаҳои фаъолият рӯзноманигоронро ба ҳамкорӣ даъват ва хоҳиш кард, ки дар ошкорсозии камбудиву норасоӣ ва мушкилоти ҷомеа бо баррасӣ ва бозгӯи муаммои ҷойдошта мусоидат намоянд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳакиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее