13 February 2020

Захираи маҳсулоти кишоварзӣ кофист?

Агар захираи як - дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар хона як роҳи таъминот бошад, дар ҳаҷми калон захира намудани маҳсулот дар анборҳо, яхдон, сардхонаҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон ва аввали баҳор то истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии нав нақши асосӣ дорад.

Дар вилояти Суғд барои захираи маҳсулот беш аз 30 адад яхдон, сардхона, беш аз 100 анбори калон ва ба миқдори зиёд анборҳои хоҷагиҳои деҳқонию шахсони алоҳида истифода мешаванд. Ғалла, картошка, якчанд номгӯи сабзавот, меваю ангур дар ин анборҳо ва сардхонаҳо захира карда, марҳала ба марҳала, аз охири тирамоҳ сар карда, дар зимистон ба бозори истеъмолӣ бароварда мешаванд. Ин омили асосии дар давраи зимистон дастрасӣ доштан ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, ин захираҳо имкон медиҳанд, ки то фасли баҳор ва марҳалаи минбаъда низ бозор бо маҳсулоти зарурӣ таъмин шавад. Дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои нигоҳдории картошка анборҳои заминӣ ё чағора истифода мешаванд. Дар ин гуна анборҳо таркибу сифати табиӣ ва намуди картошка хуб нигоҳ дошта мешавад.

Бино ба гуфти муовини сардори идораи кишоварзии ноҳияи Деваштич Абдумалик Ҳодиев дар ноҳия зиёда аз 120 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Захираи он бошад, то имрӯз 55 ҳазор тоннаро дарбар мегирад, ки аз ин наздики 5 ҳазор тоннааш картошкаи тухмӣ мебошад.

Дар ноҳияи Шаҳристон барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд. Бунёди ингуна сардхона бо риояи талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара сардхонаи нав сохта, қисми бештари маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст. Мусоидати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад.

Бино ба гуфти Иброҳим Мутуллозода, сардори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят бо маблағгузории мутамаркази Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сардхонаҳо зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст.

- Мо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ менамоем ва ин ба мо имкон медиҳад, то маҳсулотҳои кишоварзиро арзон ва инчунин бо сифат захира намуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ мусоидат кунем, - гуфт И.Мутуллозода.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сохта шудани сардхонаи замонавӣ имкон дод, ки қисми ҳосили боғоти муассиса захира шавад.

Директори ин муассиса Толиб Ҳасанов дар суҳбат гуфт, ки сардхонаро дар се марҳала истифода мебарем. Алҳол барои давраи зимистон нигоҳдории меваю сабзавотро барои хуб нигоҳ доштан ва бо меваҳои тару тоза таъмин намудани бозори дохилӣ истифода бурда истодаем. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи зимистон бозорро таъмин намуда, даромади хуб гирем.

Бино ба гуфти номбурда, ба миқдори 110 тонна себ, анор, ангур ва сабзӣ захира ва ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, боқимонда 15 тоннаи ингуна маҳсулот дар сардхона нигоҳдорӣ мешавад.

Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки имрӯз захира кофист. Сифати маҳсулот низ хуб нигоҳ дошта шудааст. Онҳо метавонанд, то моҳҳои апрел хусусиятҳои худро нигоҳ доранд.

Дар вилоят ҳоло як қатор иқдомҳои соҳибкорон ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди сардхонаҳои замонавӣ амалӣ мешаванд, ки барои нигоҳдории ҳаҷми калони маҳсулот ва содироти меваю сабзавот пешбинӣ шудаанд.

Хулоса метавон гуфт, ки чунин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, дар мавсими сармо кормандону мутахассисони ин соҳа баҳри хизматрасонии хуб ва бо сифати баланду нархҳои нисбатан арзонтар пешкаш намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум минбаъд низ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БО ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ВА ВИҶДОНИ СОФ

Ба баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзҳои башумор мондаанд. Ҳамагон ба ин маъракаи сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида, шахсони дахлдор ва масъулин корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Бо мақсади огоҳ шудан аз рафти омодагиҳо ва ҷараёни корҳои иҷрошуда аз участкаи интихоботии № 43 - юми ноҳияи Бобоҷон Fафуров дидан намудем.

Саҳни участка тозаву озода, шиору овезаҳо бо матнҳои пурмазмун ва таблиғотиву ташвиқотӣ тавассути деворнигораҳо насб шудааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайёст.

Ҳуҷҷатҳои марбут ба интихобот: протокол ва қарорҳои комиссияи участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тақвимӣ, рӯйхати аъзои участка, ҷадвали навбатдорӣ дар участкаи интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, маълумотнома ва гузоришҳои комиссияи участкаи интихоботӣ ва ҳудуди участка дар ҷувздонҳои алоҳида ҷойгиранд. Ҳамчунин, дафтарҳои қайди навбатдорон, арзу шикоятҳо, бақайдгирии ташрифи мушоҳидони байналмилал ва миллӣ, намояндагони васоити ахбори умум, фикру мулоҳизаҳо, бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ ва дафтарҳои воридотию содиротӣ ба таври таблитса мавҷуд буда, аз омода будани участка ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарак медиҳанд.

Раиси участкаи интихоботии № 43 Қурол Муллоқулов чунин иброз дошт: - Ҳанӯз аз оғози моҳи январи соли 2020 тайёрӣ ба маъракаи интихобот шурӯъ гардида, қарори комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси комиссия ба тасвиб расид. Бояд қайд намуд, ки комиссияро дар муносибатҳо бо комиссияҳои болоии интихобот, дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандон намояндагӣ менамоянд. Кори комиссия, тибқи талаботи банди 22 - юми «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, комиссияро лозим аст, ки воситаҳои молиявии барои комиссия ҷудошударо аз рӯи таъинот ва мақсаднок истифода барад ва ҳисоботи молиявиро сари вақт ба комиссияи ҳавзавии интихобот супорад. Ҳамчунин комиссия салоҳият дорад, ки вазифаҳоро байни муовини раис, котиб ва аъзои комиссия тақсим намояд.

Алҳол дар участкаи интихоботии №43- юм барои сари вақт тартиб додани рӯйхати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ ва бо тартиби муқарраргардида шиносонидани интихобкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, назорати он ба уҳдаи раиси участка вогузор гаштааст. Ваколатҳои дигари вобаста ба интихобот, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастурамал амалӣ гашта, дар навбати худ котиби комиссия тамоми ҳуҷҷатҳои коргузориро ба роҳ мондааст. Аъзои участкае, ки ба комиссияи участкавии интихоботӣ шомиланд, вазифадор шудаанд, ки ҳангоми иҷрои ваколатҳо бояд бетараф ва холис бошанд. Ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд, фикрҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар ҷаласа хаттӣ баён намоянд.

- Дар участкаи интихоботии № 43 - юм дар маҷмӯъ 1965 нафар интихобкунанда иштирок менамоянд, ки аз онҳо 10 нафарашон бори аввал дар маъракаи интихоботӣ ширкат меварзанд. Барои онҳое, ки бемори барҷомонда ҳастанду имкони ба участкаи интихоботӣ омадан надоранд, қуттиҳои сайёр ташкил хоҳад шуд. Бояд зикр дошт, ки дар участка тамоми шароит барои нафароне, ки кӯдакони маъюбу бемор ва ширхора доранд, муҳайё буда, дар ҳуҷраҳои алоҳида шахсони масъул ба нигоҳубини кӯдакон машғул хоҳанд шуд.

Бовар дорем, ки интихоботи навбатӣ шаффоф сурат гирифта, сокинон нисбат ба интихобшавандагон эътибори махсус зоҳир менамоянд ва ҳамчунин ҳар шахси вазифадор ва интихобшуда бо дасту дили гарм, виҷдони соф ва дарки масъулият барои ободии маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳрак, ноҳия ва кишвари биҳиштосои худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, - зикр дошт раиси участка.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Мафкураи ҷавононро аз падидаҳои номатлуб ҳифз намоем!

Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст. 

Мутаассифона, ҳодисаҳои нангини солҳои сипаригашта дар кишвар содиргашта, ҳодисаи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар соли 2019 ҳамчун амалҳои хиёнаткоронаи афроди хатарнок ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Чун ин фаъолият мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амалҳои террористӣ ва экстримистӣ ба ҳисоб рафта, ба дараҷаи ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудаанд. 

Дар ин замина, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ин амалҳои тарҳрези – шуда, маҳсуб меёбанд. Боиси таассуф аст, ки дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкили ин амалҳои нангин заминагузор мебошанд. Шароитҳо барои чунин кирдорҳои нангин аз тарафи қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯй ташкил карда мешаванд. 

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. 

Дар замони мавҷудияти мавҷгириҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан хеле мушкил аст. Ҳамчунин торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияҳои иттилоотиро дар ин раванд набояд аз мадди назар дурр созем. Ҳамин аст, ки интернет дар замони мо, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар фазои иттилоотӣ ва афкори умум, бахусус ҷавонон доранд. Аз ҷумла аксаран аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. 

Густариш додани амалҳои терористию экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи олам ҳамагонро ҳушдор месозад, ки дар ин масъала бетарафию канора ҷӯӣ накарда, мавқеи инсонгароёнаи худро муайян созем.

Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба амалҳои бешарафона даст мезананд. 

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. 

Ҷавонони раҳгумзадав бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода намуда истодаанд.

Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад. Ҳамагон бояд огоҳ бошем, ки идеологияи онҳо терористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини ислом аст. 

Имрӯз ин масъала ба мушкили доғи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аҳли ҷомеа, бахусус мо, устодонро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то паҳншавии ин тамоюли номатлуб пешгирӣ гардад.

М.Шарифова,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Амалии муғризонаи нотиқи беамал…

Тибқи расонаи хадамоти хабарии назди Прократураи ҷумҳурӣ сокини деҳаи Ниёгони шаҳри Ваҳдат Д.Шарипов дар чопхонаи номаълум матолиби хусусияти террористию ифротгароидоштаро интишор менамудааст. Чунонки аз баъзе маълумотҳо бармеояд, гӯё  ин матолиб «изҳори назари ӯ» будааст, вале он хатои маҳз аст. Зеро барои ба нашр расонидани ин ё он матлаб мебоист аз ягон нашрияи давлатию хусусӣ бояд иҷозат ва қарорашро мегирифт. Дигар ин ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бе иҷозати нашриёто интишори китоб қатъиян манъ буда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Маълум аст, ки тарғибу ташвиқи ғояи терроризму ифротгароӣ дошта худ ҷиноят аст. Бар замми ин ба нашр расонидани чунин матлабу маълумотҳо амали ҷиноятии ӯро афзун мекунад.

Д.Шарипов зодаи деҳаи Ниёгон аст, амалеро иҷро намудааст, ки хилофи номи деҳааш аст. Зеро ниёгону аҷдодони тоҷикон бо пок нигоҳ доштани аъмоли дини ислом ба чунин амалҳо ва мартабаҳое расидаанд. Аз қабили Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки яке аз поягузорони назария ва амалияи дини ислом мебошад, ки бо мазҳаби худ ном ва мартабаи дини мубини исломро баланд бардоштааст. Дигар аз шахсони бонуфуз дар таҳлили ҳадисҳои пайғамбар ва сураҳои Қуръон Имом Бухорӣ мебошад, ки бо ин амал мақому манзалати бориз дорад ва аз шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷики асри IҶ мебошад.

Бо амали хеш Д.Шарипов мехоҳад, ки шахсони ноогоҳро гумроҳ созад ва ба роҳи ифротгароӣ моил созад. Аслан ба ин гуфтаҳо ва амалҳои муғризона шахсоне моиланд, ки аз таърих, мазҳаб, оини таҳаммулгароёнаи дини мубини ислом огоҳ нестанд.

Ба аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон гуфтанием, ки чунин ашхоси тасодуфӣ эътимоду боварӣ накунанд. Зеро ин гуна матлабҳои ношоиста мардумро ба гумроҳӣ бурда, минбаъд ба ифротгароиву тундгароӣ ворид мекунад.

Саъдиқул МАҲКАМОВ,
сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи
халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир бошем!

Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ исбот намуд, ки ба сари қудрат омадани ҳизбҳои динӣ оқибат бо қафомонӣ ва зиддияти равияву мазҳабҳои ҷомеа меанҷомад. Зеро бо роҳи зӯрӣ бор кардани ақида ба мардум ва бо шеваҳои тундгароӣ идора намудани давлат аз ҳар ҷиҳат боиси нобудии низоми сиёсӣ мегардад. Ба сари қудрат омадани «ихвониҳо» дар Миср ва зиддияти мазҳабӣ дар Афғонистон, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Маълум аст, ки чунин ҳизбҳои исломӣ аз ҷониби қудратҳои сиёсии махсуси ҷаҳонӣ пуштибонӣ карда мешавад. Набояд он рӯзҳои сахти солҳои аввали истиқлолият, ки кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, фаромӯш намоем.

Имрӯз низ аз ҷониби созмону ташкилотҳои кӯшишҳо барои ноором кардани вазъи суботу ороми ҷомеа ба назар мерасад. Гарчанде онҳо берун аз кишвар қарор дошта бошанд ҳам, бо роҳҳои гуногун мехоҳанд афкору андешаи мардумро вайрон намоянд. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.                                           

Имрӯз ТТЭ ҲНИ мухолифи роҳи интихобнамудаи кишвар мебошад. Бо ҳар восита кӯшиш менамояд, ки низоми сиёсии дунявиро аз байн барад, озодии виҷдонро, ки Конститутсия ба шаҳрвандон кафолат додааст, бекор намояд.

Аз ин рӯ, мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар фикри таҳкими суботу оромии кишвар ва рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем. Дастаҷамъона муқобили зуҳуротҳои номатлуб, ифротгароиву терроризм мубориза бурда, нагузорем, ки мақсадҳои ғаразноки душманони миллат амалӣ гардад.

 Шӯҳрат САИДЗОДА,
н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ғосиби беамал ва тарғиби ифротгароӣ

Дар замони муосир бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро мавҷи нооромиҳои сиёсӣ фаро гирифтааст, ки аксари онҳо мазҳабӣ аст. Бисёр мардуми мусалмон дар замони имрӯза азият кашида истодаанд. Онҳое, ки аз номи дини мубини ислом баромад намуда, мардумро гумроҳ месозанд аз тарафи баъзе мамлакатҳои абарқудрат ҷонибдорӣ мебинанд. Ҳаракатҳои сиёсии онҳо хислати террористию экстремистӣ дошта, ба миллат, забон, урфу одат ва анъанаҳои милливу фарҳангии миллату халқиятҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Бархе хоинони кишвари мо низ, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштаанд, бо супориши хоҷагони хориҷиашон кӯшиш доранд ба амну субот ва оромии Тоҷикистони биҳиштосоямон халал ворид намоянд. Яке аз чунин шахсон истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Шарипов Далер мебошад, ки дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 асару мақолаҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро ғайриқонунӣ ба чоп расонидааст ва асарҳои нашрнамудаи ӯ дорои хусусияти ифротгароёна мебошанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз он давлате нест, ки амалҳои террористиро нодида гирад. Баръакс, давлати мо дар замони муосир дар арсаи байналхалқӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар роҳи мубориза бо терроризм ва эктремизм ба ҳисоб меравад.

Ба Шарипов Далер ва ҷонибдорони ӯ чунин пешниҳод карданием, ки тарғиби ғояҳои ифротгароёна ин баланд бардоштани мақоми ислом нест. Дини ислом дини поку беолоиш буда, ба инсонҳои нохалафу нопок ниёзе надорад. Имрӯз зумраи инсонҳои бесаводу дунёбехабар, ки аз ягон қоидаву қонунҳои шариати ислом хабар надоранд,  аз номи ин дини муқаддас сӯиистифода мекунанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки яке аз ҷонибдорони фаъоли ҳаракатҳои террористиву экстремистист, бо якчанд суханҳои худ Далер Шариповро ҳақ ҳисобида, ӯро ҷонибдорӣ намудааст. Имрӯз душманони миллати тоҷик мехоҳанд, бо ҳар гуна суханҳои беарзиш ба кишвари худ бӯҳтон зананд. Аммо мардуми шарафманди мо сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд ва медонанд, ки ҳақ ба ҷониби кист. Бинобар ин душманони миллати тоҷик ягон вақт ба мақсадҳои нопоки худ нарасидаанд ва нахоҳанд расид.

М.МУҲАММАДИЗОДА,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Хоинони миллат ё косалесии Саидюнус

Санаи  01.02.2020 маркази матбуоти  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”  хабар додааст, ки Шарипов Д. А., шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавони 32 сола давоми солҳои 2013-2019 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст.  Мақолаҳои мазмуни ифротӣ дошта, ба мақсади ҷудоиандозӣ байни мардум  равона шудаанд, ки онро қонунгузории миллии кишвар манъ менамояд.

Шарипов Д.А. соли 2019  ба амалҳои муғризонаи худ идома дода, рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Китоби ӯ дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, мақсади муаллиф вайрон кардани мафкураи мардум, махсусан ҷавонон мебошад.

Дар доираи талаботи қонун Шарипов Д.А., аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи кишвари мо шахсе, ки кирдори барои ҷамъият ва давлат хавфнокро содир менамояд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Аммо хоини миллат Юнуси Истаравшанӣ дур аз Ватан, дасисагӯӣ намуда, Далер Шарипови экстремистро ҷонибдорӣ намудааст. Ин нохалафон аз оғози фаъолияти хиёнаткоронаи худ дини мубини исломро ҳамчун сипар истифода намуда, дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашонро иҷро мекунанд, ки боиси роҳгум задани баъзе ҷавонон мегардад.

Саидюнуси Истаравшанӣ, ки аз хиёнати зиёд карданаш ба халқу миллат ҳатто, забони модарии худро гум кардааст ва бо як сабки эронии душворфаҳм менависад, мубаллиғи ғояҳои ифротии ТТЭ ҲНИ мебошад. 

Мақомоти қудратии кишвар чанд китобҳои истифодаашон дар Тоҷикистон мамнӯъро дарёфт ва мусодира намудааст, ки ба қалами Саинюнус низ мансуб буданд. Ин шахси бевиҷдон ва ватангадо тану ҷон,  ақлу инсоф ва имону дини худро қурбони хоҷагони тундраву ноинсофи худ кардааст.

Тамоми шаҳрвандони кишвари мо бояд б ин вабои аср терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя ва беамон барем, то ки ягон решаи чунин хоинони миллат дар хоки Ватани мо насабзад.

И.ҶАББОРОВ,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Насиҳат ё иғво?

Ба туфайли соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии азизамон-Тоҷикистон дар радифи дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ба нашри осори мухталифҷанр шароити мусоид фароҳам оварда шуда, силсилаи калони таълифоти илмӣ, адабӣ, бадеӣ, публитсистӣ манзури мардум гардонида шудаанд. Вале, мутаассифона, дар қатори чунин осори арзишманд навиштаҳое низ зуҳур намудаанд, ки ҳадафи аслӣ аз таълифи онҳо ба шӯр овардани мардум, ба ду сангар ҷудо намудани онҳост.

Ба иллати чунин иғвоҳо мардуми тоҷик солҳои 90-уми асри гузашта чӣ мушкилиҳоро аз сар гузаронид, ҳамагон хуб дар ёд доранд. Имрӯз низ бархе бадхоҳони миллату давлат мехоҳанд бо ҳар роҳ миёни мардуми тоҷик иғво барангезанд, вазъи сулҳу суботи кишварро ноором кунанд.

Бо ин мақсад онҳо «насиҳатнома» -ҳое таълиф мекунанд, ки ҳадафи аслии онҳо вайрон кардани мафкураи мардум аст. Як роҳи чунин иғвобарангезии онҳо нашри китобҳои хусусияти экстремистӣ дошта аст. Чунин ашхос бо вуҷуди он, ки обу ҳавои ин ватанро нафас кашидаву, нону оби онро хӯрдаанд ва ин сарзамин меҳани аҷдодони онҳост, бо ҳар роҳ мехоҳанд, мардумро ба кӯи саргардониҳо баранд, модарро аз фарзанд ҷудо созанд, писарро муқобили падар гузоранд. Дар матлабу мақолоти Шарипов Далер Абдуманноновичҳамин гуна хусумат эҳсос мешавад. 

Шамил НАЗАРЗОДА,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои ифротиён нагардем!

Таҳдиди рӯзафзуни экстремизми байналмилалӣ, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ирфотгаро ҳар фарди ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Терроризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Терроризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон зери ниқоби арзишҳои динии бебунёд паҳн гардидааст, ки ин хатари калони иҷтимоӣ дорад.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ кишвари мо низ истисно нест. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.

Имрӯзҳо ташкилоту ҳизбҳои ифротие ҳастанд, ки кӯшиш доранд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо рафтору кирдори ғайриқонунӣ амалӣ намоянд.

Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ буда, аз асли таълимоти исломӣ, аз ҷанбаъҳои маънавию рӯҳонии он умуман баҳраманд нестанд. Онҳо аз арзишҳои хуби инсонӣ - таҳаммул, некиву накукорӣ, раҳму шафқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил мекунанд, дур мебошанд, рӯҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату иғвоангезӣ наздик аст.

Таҳлили вазъияти кишварҳои доғи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бетарафӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Ҳадафҳои қатлу куштори онҳо, пеш аз ҳама, занону кӯдакон ва намояндагони дину маҳзабҳои ғайр қарор гирифтаанд. Террористон ва ифротгароён манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва иғвоангезанда дар тамоми дунё торафт зиёд шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Имрӯз мебояд бо гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳои абадқудрат созмон ва маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз дини мубини Ислом, ки оини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои иғвоангезӣ ва террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор ва ноором месозанд, бояд муборизаи оштинопазир бурд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷаво- нон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва ба пуррагӣ нафаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд. Паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин гуна равияҳо гардидааст. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат мебошад.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ, инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Бояд ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротгароёна нашавад, балки роҳи дурусти зиндагиро интихоб намуда, баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

Ҷ.РАҲИМОВ,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее