14 February 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

14 феврал дар толори Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло — муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат кадрҳои ҷавон таъин гардиданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд.

Читать далее

Ҷашни Рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Санаи 14-уми феврал ба муносибати Рӯзи байналмилалии тақдими китоб дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабӣ таҳти унвони “Дӯстдорони китоб” баргузор гардид.

Ин ҳамоиш ҷиҳати  баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва тарғибу ташкиқи  муҳаббат ба китобхонӣ роҳандозӣ шуда, хубу хотирмон ҷарён гирифт.

Дар оғози маҳфил Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ перомуни нақши мутолиа дар рушди ҷомеа сухан намуда, ҳозиринро бо рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб таҳният гуфт.

Ҳамзамон дар бораи  аҳамияти мутолиа навори тарғиботӣ ба намоиш гузошта шуда, миёни иштирочиёни маҳфил суолу ҷавоб сурат гирифт.

Озмуни беҳтарин эссе, ки дар мавзӯи “Ман китобро дӯст медорам” эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва китобҳои тозанашр қадр шуданд.

Ҳамзамон, садорати факултетҳои донишгоҳ баҳри ҳамкории зич ва ташрифи пайвастаи устодону донишҷӯён ба китобхонаи марказии донишгоҳ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи мазкур ҷойҳо аввал, дуввум ва савум ба факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик ва факултети физика ва техника дода шуд.

Ҳамчунин, директори китобхона ҷиҳати тарғиби китобу китобдорӣ ва ҳамкориҳои судманд дар самти беҳбуд бахшидан ба маънавиёти мардум ба як қатор намояндагони воситаҳои ахбори омма сипоснома ва китобҳои арзишманд тақдим намуд.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Забон – ҳастии миллат

Ҷаласаи ҳайати нави Комиссияи вилоятии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 11 феврали соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҳайати нави Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гашт, ки дар он олимону адибон ва роҳбарони ташкилоту муасисаҳои вилоятӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласаро муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи вилоятии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Баҳоваддин Баҳодурзода ифтитоҳ намуда, дар бораи нақш ва мақоми забони давлатӣ, ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бобати вазифаи навбатии аъзоёни комиссияи вилоятӣ дар соли 2020 ҳарф зад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода аъзоёни комиссияи вилоятиро бо нақшаи чорабиниҳо дар соли равон шинос намуд. Тибқи нақша аъзоёни комиссия ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар шаҳру навоҳии вилоят, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар шуъбаю бахшҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корхонаҳои муштарак ва муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор хоҳанд дошт.

Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон М. Шарифзода,   профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдусаттор Абдуқодиров, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Карим Шариф ва дигарон баҳри фаъолияти пурсамари комиссияи вилоятӣ таклифу пешниҳоди судманд баён доштанд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МУТОБИҚАТИ СИФАТ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Давоми соли 2019 кормандони Марказ ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум 3132 санҷиши корӣ гузарониданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов.

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки дар ин давр 3359 ҳолати камбудиву қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки бо қарорҳои Марказ 1659 парвандаи маъмурӣ оғоз карда, нисбат ба қонунвайронкунандагон қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда, ба маблағи 302850 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1700 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ва марказҳои ташхиси минтақавӣ ворид шуд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдори таъмини ҷазои маъмурӣ бароварда, ба маблағи 274175 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳо 577025 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 – ум 148625 сомонӣ зиёд аст.

 Сардори Марказ ҳамчунин изҳор намуд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнок, маҳсулотҳое, ки муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификат аз ҷониби мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар соли 2019 ба миқдори 126317 килограмм маводҳои гуногуни хӯрока, маҳсулотҳои гӯштӣ, қаннодӣ ва сохтмонӣ, ба миқдори 287960 литр равғани растанӣ, машруботи спиртӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи умумии 5523875 сомонӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2018 - ум 4530874 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар давоми соли 2019 аз ҷониби мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ ба миқдори 18 000 килограмм, ба маблағи 360000 сомонӣ чойи сиёҳи ғайристандартӣ (истеҳсоли Ҳиндустон), ба миқдори 60 тонна равғани пахта ба 407261 сомонӣ ва ба 67 тонна бензини навъи АИ 89 ба маблағи 325002 сомонӣ (истеҳсоли Ӯзбекистон) барои ба талаботи стандарт ва регламенти техникӣ мутобиқ набудан ғайристандартӣ дониста, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва тибқи низоми гумрукии «Руэкспорт» аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда шуд.

Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шуъбаҳои Марказ фикру андешаҳо иброз гардид. Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ВА АФЗАЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ

– Воридоти буҷети вилоят аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар соли 2019 – ум беш аз 250 миллион сомонӣ ё 128 фоизи нақшаро ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 55,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба воридоти амалии соли 2018 – ум 66,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, – иброз дошт дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати молия дар вилоят Анвар Мирзозода.

Хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2019, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, ҳамагӣ дар ин давр, тибқи ҳисоботи пешакӣ, ба иқтисодиёти вилоят 1889,2 миллион сомонӣ равона гардид ва ин 96,6 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Ҳамчунин, Анвар Мирзозода қайд намуд, ки дар маблағгузориҳои буҷети маҳаллӣ дар даври ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмӯъ ба соҳоти зикршуда дар соли 2019 – ум 1483,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки ба 78,5 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ баробар аст. Давоми моҳҳои январ – декабри соли 2019 дар натиҷаи санҷишҳо, ки кормандони шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия ва мутахассисони аудити дохилии Раёсати молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 474 ташкилоту муассиса гузарониданд, ба маблағи умумии 6331,6 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

Аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1707, 5 ҳазор сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2873,3 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 22,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 675,8 ҳазор сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ мебошанд.

Шарифҷон Аҳмадов – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар бобати фаъолияти Раёсат маълумот дода, афзуд, ки дар даври ҳисоботӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 379001,2 ҳазор доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.

Дар миқёси вилоят ба иҷора супурдани амволи давлатӣ аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунҳои марбутаи соҳа ба роҳ монда шудааст. Дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 982 шартномаи иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 3683841,29 сомонӣ маблағ ворид гардид.

– Санаи 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд намояндагии МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти расмӣ оғоз намуд, – иттилоъ дод сардори Раёсати мазкур Ш.Аҳмадов.

Ҳамчунин, дар кори нишаст сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок намуда, ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее