18 February 2020

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... Ҷавоб ба ruzinew.blogspot.com

Сомонаи ruzinew.blogspot.com бо нашри як мақола, ки он “Шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз куҷо сарчашма гирифт ва то кай идома меёбад?”


кӣ будан ва чӣ мақсад доштани худро ифшо намудааст. Ба рости ҷомеа дар ягон давру замон аз одамони бадгӯ, бадбин ва иғвогар холӣ набуд. Соли 2020 дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор мешаванд. Яке аз сабабҳое, ки дар кишварамон ҳаргуна хабару садоҳо аз ҳар куҷоҳо баромада истодаанд, маҳз ана ҳамин чорабиниҳои сиёсист. Муаллифи сомонаи болозикр талош намуда, заҳмат кашида чанд саҳфаеро сиёҳу сафед намудааст. Аз шахсиятҳои таърихӣ ба монанди В.И.Ленин ва И.В.Сталин, ки дар таърих ба неки ёд мешаванд, ёдовар шуда, онҳоро низ аз фикри хоми худ гузаронидааст. Инҳо нафароне буданд, ки қаҳрамонҳои майдонҳои набард, бо номи онҳо худро зери тонки фашистони истилогар мепартофтанд ва ё тани худро дар дами тири душман сипар менамуданд. Душман тоқати шунидани ин номҳоро надоштанд. Айни замон душманони Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо шунидани номи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хобу фароғат ва аз хӯрдану нӯшидан мемонанд. Табийист, ки ҳадафи муаллифи иғвогар низ маҳз Президенти кишварамон Э. Раҳмон мебошад. Гӯё муаллифро як эълон аз шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук  оид ба эълони курси омӯзишии Ҷавонон пайрави Пешвои миллат маҷбур ба навиштани чанд сатри бадбӯ ба шаъни Президентамон ва аҳли оилаи  эшон намудааст.

Аммо ӯ фаромӯш намудааст, ки халқ, миллат, қаҳрамонони худро доранд ва барои онҳо агар даркор шавад, ҷонфидоӣ мекунанд. Номҳое, ки бо он Президенти кишварамон ёд мешавад ба ӯ арзанда аст, зеро онро халқ номгӯзорӣ намудааст, ки он шаҳодат аз маҳбуб будани эшон аст.

Душманони миллати тоҷик аз қадим як фикр ва як мақсад доштанд. Яъне бо ҳар роҳу восита сарнагун намудани сохти давлатдории тоҷикон аст. Мутаассифона дар гузашта ба онҳо муяссар ҳам шудааст, ки собиқ роҳбарони кишварамон Қ. Маҳкамов ва Р. Набиевро маҷбур намоянд то онҳо аз вазифа даст кашанд. Акнун онҳо дар пайи сарнагун намудани ҳукумати кунунӣ ва роҳбари он  мебошанд. Бинобар ҳамин ҳам ҳар иқдом ва ҳар ташаббусе, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон сурат мегирад, барои душманони миллат ғайриқабул мебошад. Дар ин амалҳо онҳо нишонаҳои шахспарастиро мебинанд. Ибораҳои Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, ки ба Президентамон мансуб дониста мешавад, талхаи душманонро кафонидааст. Дар ҳақиқат арзанда ҳаст. Ин шахсиятпарастӣ нест, балки ҳақиқат аст ва аз қалб омадааст. Ҳар касе ношукри аз роҳбарии Э. Раҳмонро дорад, душман аст. Ҳар як кор, амалу гуфтор андоза дорад. Барои чӣ муаллиф дар туҳматноми дуру дарозу дуруғини худ як бор ҳам аз хизматҳои Э. Раҳмон, Президенти кишварамон ёдовар нашудааст. Бовар ҳаст, ки ӯ низ хуб медонад, ин хизматҳоро, аммо супориш чунин будааст, ки ӯ навиштааст. 

 

 

Сафо Каримзод, омӯзгор аз шаҳри Душанбе

 

 

 

Читать далее

Мулоқот бо интихобкунандагон

 

 

 

Дирӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент мулоқот бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Панҷакент 21 Шодизода Парвиз Шодибой, ҳафт нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятӣ, 40 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрӣ, ки аз тарафи ҲХДТ пешниҳод гардидаанд, баргузор шуд.

Дар мулоқот аъзои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вилоятии вакилони вилояти Суғд ва вакили Маҷлиси шаҳрии шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, корманди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Боҳирҷон Раҷабов иштирок доштанд.

Шахси боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ ва шахси боэътимоди Шафеиён Ислом Зиёзода доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов ба тарафдории номзадҳои арзанда сухан карданд.

Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Муҳаммадмурод Сафарзода, корманди шуъбаи маорифи шаҳр Маҳбуба Ҳабибӣ ва дигарон низ дар бораи қудрати бузург ва созандаи ҲХДТ ва номзадҳои арзанда андешаҳои хешро баён намуданд. Шафеиён Ислом Зиёзода ва Шодизода Парвиз Шодибой оид ба фаъолияти поягузори ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди бесобиқаи мамлакат бо факту далел суханҳои шоиста гуфтанд. Қайд шуд, ки сохта шудани беморхонаи марказӣ, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳр, сохтмони мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайраҳо бозгӯи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар соли 2019 фаъолияти хешро бо натиҷаи назаррас ҷамъбаст намуд. Шумораи кормандони ҷамъият 856 нафар аст, ки аз он 183 нафар зан мебошанд. Ин нуктаҳоро дар нишасти матбуотӣ Давлатшо Шобутолибов - муовини директори генералии “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” иброз дошт.

Дар рафти нишаст рӯзноманигорон оид ба сабабҳои ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймо, ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва фаъолияти хатсайр, корҳои ободонӣ, назорати мутахассисони тиб оид ба бемориҳои сироятӣ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Зикр гардид, ки парвоз дар фурудгоҳ аз ҷониби 8 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба монанди “Сабир”, “Ютэйр”, “Уральские авиалинии” ва “Боди шимолӣ” (Северний ветер), як ширкати ҳавопаймоии “Чайна Саузерн” - и Ҷумҳурии Халқии Чин ва ду ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон Эйр” ва ҶСК “Тоҷик Эйр” ба амал бароварда шудаанд. Тибқи реҷа, имрӯз ҳавопаймоҳо аз “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба 13 шаҳри Федератсияи Россия парвоз намуда истодаанд. Миқдори умумии хатсайри доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 6 маротиба буда, “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар соли 2019 - ум ба 663 435 мусофир хизматрасонӣ намудааст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 123 203 нафар, яъне 22, 8 фоиз зиёд аст.

Ҳодисаи ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймо 636 адад буда, омилҳои онро масъулин аз обу ҳаво, маҳдудият, вайроншавии техникии ҳавопаймо, дер омадан аз фурудгоҳи макони парвоз, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо буда, нисбат ба соли 2017 - ум 77 адад кам ба назар мерасад. Кормандон ва масъулини “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷад” баҳри беосеб ба манзил расонидани сокинон ҳамеша саъю талош доранд.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 - “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” як қатор корҳои ободонӣ амалӣ гардида, нишасткурсиҳои замонавӣ, фаввораву чароғакҳои ороишӣ насб шудааст. Сохтмони бинои нави Аэровокзал бо иқтидори мусофиргузаронии тақрибан 500 нафар дар як соат таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии бинои меҳмонхона ва сохтмони бинои ошхона ва тарабхона амалӣ шуда истодааст.

Н. Шарифов - мудири дармонгоҳи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» иттилоъ дод, ки мутахассисони соҳаи тиб мусофирони аз хориҷа омадаро аз муоинаи тиббӣ гузаронида истодаанд. Маълум гардид, ки як нафар аз Ҷумҳурии Халқии Чин тавассути Федератсияи Россия ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, мусофирони аз давлати Чин дохилгардида дар чораҷӯиҳои маъмурӣ ва тиббию беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ таҳти назорати мутахассисони соҳаи тиб дар Беморхонаи сироятии вилояти Суғд ва беморхонаи шаҳри Бӯстон қарор доранд. Ҳамаи мусофирон аз назорати мутахассисони тиб бо ёрии таҷҳизоти тиббии ташхискунанда - тепловизор аз муоина мегузаранд, – иброз дошт мавсуф.

Рӯзноманигорон аз боғи ороишӣ ва гармхона барои парвариши гулҳои ороишию помидор дидан намуданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МУҲОҶИРОН БО ҶОЙИ КОРӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Давоми соли 2019 аз ҳисоби сокинони вилоят 108702 нафар ба хориҷа сафар карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 - ум 3754 нафар зиёд аст. Сабаби асосии он ба охир расидани муҳлати манъи воридшавии муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва кушода шудани роҳи онҳо ба Федератсияи Россия мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки шумораи умумии ба Ватан баргаштагон 113821 нафар аст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 13032 нафар зиёд аст. Боиси қайд аст, ки дар соли 2019 - ум 3 213 нафар муҳоҷир аз вилоят бинобар вайрон ё риоя накардани талабот ва қонунҳои марбутаи дохилии кишвари хориҷии иқоматдошта ҳуқуқи муваққатан воридшавиро аз даст додаанд.

- Боиси таассуф аст, ки соли сипаригардида ҷасади 200 нафар фавтида ба Ватан баргардонида шуд. Аз ин ҷумла, 8 нафар дар ҳодисаи куштор, 128 нафар бинобар беморӣ доштан, 38 нафар дар ҳодисаи нохуш ва 4 нафар бо сабаби даст ба худкушӣ задан оварда шуданд, - қайд кард Зайнура Шарифӣ.

Таъкид гардид, ки ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 439 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта муроҷиат карданд, ки аз ин миқдор 61 нафар зан мебошанд. Дар натиҷа 131 нафар бо кори доимӣ, 29 нафар бо кори ҷамъиятии музднок ва 82 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, ба 22 нафар барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

- Дар соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо 1489 нафар ашхоси аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намуданд. Аз ин теъдод 156 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ва 10 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ба 1124 нафари онҳо кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шуд, - гуфт сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ.

Доир ба омӯзонидани ҳунарҳои дастӣ ба занону духтарони хонашин Ш.Нодирӣ гуфт, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бо ташаббуси сохторҳои мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар заминаи муассисаи таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳо синфхонаҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ ва ғайраҳо ташкил шуда, шаҳрвандон пас аз хатми он метавонанд, соҳиби шаҳодатнома гардида, сатҳи зиндагии худро беҳ намоянд.

- Ба 937 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 2864,2 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт шуд. Маблағи гирифташуда асосан ба самти тиҷорат ва истеҳсолот, аз ҷумла чорводорӣ, паррандапарварӣ, хариду фурӯши либосҳои мактабӣ, занбӯрпарварӣ, кишоварзӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ равона шудааст, - қайд кард Ш.Нодирӣ.

Дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ду сохтор саволҳои мухталиф пешниҳод гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иродаи комили ҳамгироӣ

Дар раванди омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 марти соли равон баргузор мегардад, дар шаҳри Исфара низ тадбирҳои мушаххас бо низоми муайян пеш мераванд.

Мутобиқ ба муқаррароти комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагӣ 79 участкаи интихоботӣ ташкил гардида, 64 адади он дар ҳудуди макотиби шаҳр ҷойгир шудаанд. Дар тамоми участкаҳо шароити мусоиди овоздиҳӣ муҳайё карда шудааст. Тибқи иттилои Саидхоҷа Бақоев - раиси комиссияи ҳавзаи «Исфара», №20 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯихати интихобкунандагон тартиб дода шуда, ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо кабинаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои махсус, дастуру ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

- Дар маҷмӯъ, дар ҳавзаи якмандатӣ 160 ҳазору 126 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз он 9 ҳазор нафар бори аввал дар интихобот иштирок хоҳанд намуд. Мутаассифона, дар мо шумораи онҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд, 33 ҳазору 804 нафар, қариб 22 фоизро ташкил мекунад, вале аз рӯи таҳлилҳо, ҳамасола то моҳи март қариб 10 ҳазор сокини шаҳр аз муҳоҷират бармегарданд - иброз дошт мавсуф.

Масъулин қайд намуданд, ки участкаҳои калонтарин зиёда аз 2 ҳазор интихобкунанда дорад ва тибқи талабот, ба 500 нафар як кабина гузошта шавад. Ҳангоми ташкили кабинаҳо ҳатман бояд барои ашхоси имконоти маҳдуддошта шароити махсус оғоз аз даромадгоҳ барои бемамониатии онҳо ба эътибор гирифта шавад. Ҳамчунин, имсол дар ҳавзаҳои интихоботӣ, тибқи талабот, хонаи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ бо шароити хуби зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Барои маъюбони гурӯҳи якум қуттиҳои сайёр омода шуда, рӯзи интихобот намояндагони участкаҳои интихоботӣ ба манзили истиқоматии онҳо мераванд.

- Алҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ, шиносоиву вохӯриҳои вакилон бо мардум ҳамарӯза, тибқи реҷа, гузаронида шуда истодааст. Пеш аз муҳлат барӯихатгирии аҳолӣ ба итмом расонида шуд. Хабарномаҳо пурра омода шуда, ба мардум дастрас намуда истодаем, - гуфт раиси комиссияи участкавии Қасри фарҳанги «Кимёгарон» - и шаҳр Салимҷон Усмонов.

Чуноне зимни шиносоӣ дар маркази шаҳри Исфара фароҳам будани шароит ва фазои мусоиди тадбирҳои сиёсию пешазинтихоботӣ шаҳодат аз онанд, ки масъулин дар ин самт омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Аз ҷумла, дар ҳама ҷойҳои намоёни кӯчаҳои шаҳр шиору овезаҳо пурра насб гардидаву дар мақомоту сохторҳои мухталиф, биноҳои баландошёнаву марказҳои тиҷоратӣ, муассисоти таълимиву тандурустӣ, бонкҳо ва дар маҷмӯъ, дар маҳалҳои серодами ҷамъиятӣ шиорҳои даъвативу иттилоотӣ бобати интихобот насб карда шудаанд. Ин ҳама шаҳодати онанд, ки роҳбарону масъулон маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд ва вазъияти ҳамгироӣ баргузор менамоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Китоби нав: "Навҳаи доркӯб"

Интишороти "Орван" дар шаҳри Теҳрон, нахустин маҷмуъаи ҳикояҳои Фирдавси Аъзамро бо номи "Навҳаи доркӯб" мунташир кард.

Хонандагони форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоир мешинохтанд, акнун аз тариқи ҳикоёти  ӯ бо андеша ва афкори шоир дар қолаби наср ошно хоҳанд шуд.

 Дар китоби аввалини нависандаи ҷавон шаш достони ӯ – "Сафар", "Тоблу", "Ҷудоӣ", "Рақси кабӯтар", "Навҳаи доркӯб" ва "Афсонаи гунҷишкҳо" ҷой дода шудаанд ва дар онҳо нависанда масоили мубрами рӯзгори моро аз манзари як нависандаи кунҷков ҷӯё шудааст.

Абдуқодири Рустам, нависандаи саршиноси тоҷик, дар  пешгуфтори китоб қайд мекунад, ки: "Дар аввалин маҷмуъаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунонки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби воҷаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад".

Дар матни пушти ҷилди китоб чунин  омадааст:» Ӯ дар "Сафар" мусибати адиби ростгӯро баён мекунад. Дар "Рақси кабӯтар" моро бо зани бадбахте ошно месозад, ки дар тасаввурамон ӯ хушбахтарин маликаи замин аст, дар "Ҷудоӣ" мавзӯъи фироқро тарсим менамояд. Дар "Тоблу" фоҷиаеро ба риштаи тасвир мекашад ва "Навҳаи доркӯб" бонгест, ки моро ҳушдор медиҳад: ҳой Инсон, суннатро фаромӯш накун. Аз "Афсонаи гунҷишкҳо" намегӯем, беҳтар аст онро худ бихонед ва бибинед чи дарду андӯҳе аз дили шоир фаварон мезанад».

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее