February 2020

27 February 2020

НАМОЯНДАИ ПИСАНДИДАИ МАРДУМ

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоби вакилони арзанда ба парлумони кишвар қарор дорад. Ин маърака дар ҳаёти сиёсии мамлакат нақши тақдирсозро мебозад. Зеро дар ҳар интихобот мардум на танҳо раъй медиҳанд, балки вакилон барномаҳои амали худро тарҳрезӣ карда, самтҳои асосии рушду тараққиёти мамлакатро муайян месозанд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузургест. Мусаллам аст, ки неруи солиму созандааш то имрӯз ин халқу миллатро эмин дошта тавонист. Танҳо фардони худшиносу бедордилаш саҳифаҳои дурахшони таъриху миллати хешро меомӯзанд ва бо тарғиби ғояҳои бузург нафъ мерасонанд. Мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки бештар таърихшиносон ва афроде, ки ҷонфидои таълиму тарбия ҳастанд, дар ҳифзи хотираи таърихӣ, густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва рушди тафаккури ҷомеа саҳм гирифтанро рисолати аввалиндараҷаи хеш қарор медиҳанд ва баҳри иҷрои он бо тамоми ҳастӣ омода мебошад.

Ба ҳайси ин гуна симоҳои қавиирода ва фидокор чеҳраи нуронӣ ва пурҷозибаи муршиди хирадпеша ва дурандеш устоди азизу гиромиам Шарифзода Ғиёсидин Абдуваҳҳоб пеши назар ҳувайдо мешавад. Ба назарам чунин менамояд, ки ин раҳнамои беҳамто дар радифи меҳанпарастони кишвари маҳбубамон аз зумраи парчамбардорон, ҷонфидо мақоми шоиста касб кардаанд.

Нуктае басе ибратомӯз аст: бо тақозои сарнавишти нек устод Ғиёсиддин Шарифзода ҳамоно пас аз хатми мактаби олӣ ба вазифаҳои масъулиятталаб пешбарӣ гардида, хушбахтона, аз уҳдаи иҷрояшон баромада тавонистанд. Бешак, дарк кардан мумкин, ки ҷиҳати дар ҷодаҳои мушкил муваффақона қадам паймудани эшон дар навбати аввал, дониши комил, ақлу хиради тоза ва ниҳоят ҷасорату матонати устод муъҷиби аввалиндараҷа гардиданд.

Ин ҷониб ба ҳикмати рӯзгор дар ҳайрат мемонӣ: инсон ба ҳадди донишмандӣ, кордонӣ ва ҳимматбаландию ғайратмандӣ серталаб ва то андозае нозукмизоҷ мегардад. Ғиёсиддин Шарифзода давоми роҳбариашон чи дар шуъбаи фарҳанг ва чи дар шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ бо амалӣ намудани нақшаҳои созанда дар рушди соҳаҳои номбурда саҳми назаррас гузоштаанд.

Аҳли гавҳаршиноси ноҳия бештар дар ғоибии устод боифтихор мегӯянд, ки дар замони роҳбарии эшон фарҳанг ва маорифи ноҳия ба пешравиҳои зиёде ноил гардиданд ва ин ба андозаи назаррасе ба юмни роҳбарии оқилонаи Ғиёсиддин Шарифзода марбут аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок ва сарнавиштсоз эълон карда, мақоми онро дар ободию гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон муҳим арзёбӣ карда, чунин таъкид намуданд: «Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад, насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба хоку оби муқаддаси Тоҷикистони биҳиштосо ва халқи куҳанбунёди хештан устодамро пайваста дар ҳар макону замон водор сохт, ки саҳмашонро дар ҷодаи эъмори фардои босаодати Меҳани азизашон бештару пурфайзтар гардонида бошанд. Маҳз, бо чунин нияти ватанпарварона Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб дархостҳои сершумори мардуми ноҳияро ба ҷон пазируфта, тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 ширкат намоянд.

Шоистаи қайд аст, ки барномаи пешазинтихоботии ин номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршор аз ҳадафҳои созанда буда, ҷавҳари ҳар банду фасли он дар навбати аввал, маҳз ба хотири саҳми бештар гирифтан ҷиҳати рушду гулгулшукуфии давлати соҳибистиқлоламон созмон ёфтааст ва метавон гуфт, ки бо чунин мухтассоти хештан аз барномаҳои довталабони дигар бартарӣ касб кардааст. Иқтисодиёти Тоҷикистонро неруи дучандон бахшидан, ба ҳадди имкон заминаи моддию техникии шохаи калидии хоҷагии халқи кишвар - илму маорифро мустаҳкам намудан ва ба шарофати ин ҳама фароҳам овардани рӯзгори шоистаи мардум ва озод намудани онҳо аз ҳама гуна ниёзмандиҳо аз қалби барномаи амал ва хостаҳои ниҳонии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода қарор дода шудаанд.

Мусаллам аст, ки нуктаҳои асосии сармашқи кори ин номзади арзанда ифодагари сиёсати пайгиронаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Интихобкунандагон итминони комил доранд, ки амалӣ гардидани нақшаҳои тарҳрезикардаи номзадашон ҳатман ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат мусоидат хоҳад намуд. Равона кардани фаъолияти босамар ва мусоидат дар омӯзиши фарҳангу таърихи миллат, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва ба ин васила тарбияи насли созандаю дорои тафаккури солим, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар роҳи мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, азхудкунии донишҳои замонавӣ, бахусус фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳо, мутолиаи китоб ва тарғиби мероси ғании маънавии ниёгон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақа бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ҳарчи тезтар аз ҳолати садамавӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, ҷалби аҳолӣ, соҳибкорон, саховатмандон ба таъмир ва навсозии муассисаҳои соҳаи маориф дар деҳоти минтақа, амалишавии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат номгӯи мухтасари барномаи номзад мебошанд. Ғиёсиддин Шарифзода дар ҳар мулоқот бо мардум таъкид медоранд, ки маҳз иҷрои нақшаҳои зикршударо рисолати аввалиндараҷаи хеш меҳисобанд. Ҳамзамон, мусоидат дар таҳкими волоияти қонун, истифодаи оқилонаи захираҳои табиии минтақа, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихии тоҷикон – Саразми бостонӣ ва маҷмааи фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Нақибхони Туғрал, истифодаи самараноки захираҳои кони ангишти Канте ва бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ, боғҳои нав ва корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, навсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва чанд нуктаи муҳими дигар ба доманадорӣ ва ҳаётӣ будани тадбирҳои барномавии номзад далолат мекунанд.

Гумон дорам, ки устоди гиромиқадрам ба баҳои банда барин шогирдон заррае ниёз надоранд, бинобар ин, танҳо ба хотири тасаннои дили худ ва садҳо ҳаводорон ва мухлисони ин марди шариф гуфтанӣ ҳастам: - Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб номзади арзанда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва мавсуф ин гуна рисолати заҳматталаб ва масъулиятхоҳро бо сарбаландӣ ба ҷо оварда метавонанд. Боварии комил дорам, ки мардуми заршинос ва заковатманд ба ҷонибдории устод Ғиёсиддин Шарифзода якдилона овоз медиҳанд, зеро устод номзади арзандаи мардуми зодбуми хештан мебошанд.

Башорат Ҳакимова,

дотсенти Донишгоҳи

 давлатии ҳуқуқ, бизнес

 ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Таҷлили 20 – солагии Созмони хонандагон

Тибқи қарори Раиси вилоят бахшида ба 20 – умин солгарди таъсисёбии Созмони хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои мухталиф доир гардиданд.

Санаи 26 феврали соли равон чунин як чорабинии бошукӯҳ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки сараввал намояндагони соҳаҳои маориф, ҷавонон, толибилмони фаъол, роҳбарони Созмонҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят дар тантанаи гулгузорӣ ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ иштирок ва раҳпаймоӣ намуданд.

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Созмони хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомониро дар болоравии ҳисси худшиносӣ, ватанпарастӣ ва донишандӯзии мактабиёни вилоят шоиста арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ як қатор озмунҳои вилоятӣ, аз қабили «Ватанпарвар», иншои беҳтарин дар мавзӯи «Саразм – ифтихори миллӣ», расми беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон – кишвари зебои ман» ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмунҳо ва хонандагони фаъол Диплом ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

Читать далее

Фирефта шудан пушаймонист!

Миллати тоҷик аз азал соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буду ҳаст ва чунин мемонад. Мутаассифона, муғризони миллат бо амалҳои нопоки худ бо рахнасозиву тафриқаандозӣ мардумро фирефтаи амалиёти душманонаи худ гардонда, бо маблағҳои ҳангуфт дар сиришти ҷавонону наврасон тухми аҳриманӣ кишт кардан мехоҳанд.

Дар баробари ин хоинони миллат бо заҳролуд кардани андешаи мардум нафаронеро байни худ ҷамъ меоваранд, то ки кирдорҳои разилонаашонро дар амал иҷро намоянд. Шахсе, ки дар тинаташ иғвою буҳтон ҷо гирифтааст, ҳеҷ гоҳ наметавонад, орому осуда бошад. Таассуфовар он аст, ки ҷавонони гумроҳи андешаи беолоишдошта ва ноогоҳ аз муқаддасоти дини Ислом фирефтаи ниятҳои разилонаи ин нафарони нопок мешаванд. Онҳо бехабаранд, ки ин зумраи ватанфурӯшу ватангадо бо маблағи ночизи хоҷагони хориҷӣ тафаккури онҳоро заҳролуд карда, рӯҳу ҷисмашонро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Фарди соҳибтафаккуру ҷаҳонгашта ва аз навгониҳои олам бохабар бояд донад, дар ҷаҳон давлате, ки ҳукумати қонуниаш бо халқаш ҳамдаму ҳамтинат, пайвасту муттаҳид аст, хеле ангуштшуморанд. Дар давраи кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ бошад, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гашта, тавонист, ки бо иқдомҳои шоистаи пешгирифтааш ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, муқовимат бо падидаҳои номатлуби экстремизму терроризм байни давлатҳои ҷаҳон шинохта гардад ва кишвари худро бо сарбаландӣ муаррифӣ намояд.

Ман боварии комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, тамаддунофару соҳибватани мо барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ сарҷамъ меояд, тамоми кӯшишу ғайрат, нерӯю хиради худро барои тинҷию осудагӣ, сулҳу субот ва ободии мамлакатамон равона месозад.

Мӯниса Усмонова,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти Гимназияи
 №4, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Нақшаву нияти гурӯҳҳои бадхоҳ

Терроризм зуҳуротест, ки мустақим ё ғайримустақим ба ҳаёти ҳар як сокини ҷомеа таъсир мерасонад. То асри 21 ба амнияти давлате ва ҷомеа таҳдиди зиёд надошт. Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон садҳо ташкилотҳои террористӣ арзи вуҷуд карда истодаанд, ки ба суботи кишварҳо таъсири манфии худро расонида истодааст.

Зинаи аввали ба террорист табдилёбӣ ин радикализм мебошад. Дар ҳолате, ки онҳо гурӯҳӣ мегарданд, ин аллакай зинаи экстремизм мебошад, ки дар ҳолати аз тарафи онҳо истифода гаштани воситаҳои хатарнок аллакай ба зинаи терроризм мегузарад, ки аз ин зина гардонидани шахс хело душвор мебошад. Аз ин рӯ, бояд дар ҳолати мушоҳида намудани аломатҳои ифротгароёна дар шахсиятҳо мебояд бо онон корҳои фаҳмондадиҳӣро ба роҳ монда, онҳоро аз чунин роҳи пурхавфу хатар эмин бояд дошт. Зеро, вақте шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ки ҳадафи асосии ифротгароён низ ҷалб намудани онҳо аст, ба зинаи террорист мерасад, онҳоро аз ин роҳ баргардонидан хеле мушкил мебошад.

Дар шароити феълии пуртазоди ҷомеаи башарӣ кишвари мо низ аз хавфи паҳншавии ин зуҳурот эмин нест. Аз вазъияти ҳассос истифода бурда, баъзе гурӯҳҳои фитнаангезу дасисабоз бо паҳн кардани иттилооти тӯҳмату иғвоангез сайъ карда истодаанд ба вазъи осоиштаву ороми кишвари азизамон таъсири хешро расонанд.

Тоҷикистониён аз натиҷаҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ сабақи хуб гирифтаанд ва намехоҳанд, ки ватани азизи худро дигарбора ба шӯълаи оташ кашида, сарсону саргандон дар ҷӯстуҷӯи макони тинҷ гарданд.

Ба мо зарур аст, ки имрӯзҳо ба қадри дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот расем, баҳри мустаҳкамии пояҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, кишварамонро обод намоем.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯистифода карда истодаанд. Ин иғвогарон бо ташкили ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба дили баъзе ашхоси ноустувор ва сустирода ҷой гирифта, онҳоро гумроҳ карда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мо набояд гузорем, ки чунин иғвогарон ба мақсадҳои нопоки худ расанд, ҷавононро роҳгум созанд.

Аз ин рӯ бояд доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ чораҳои мушаххас андешида, баҳри рушди ояндаи кишвар кӯшиш намоем!

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

“ТТЭ ҲНИ” ва “Ихвон-ул-муслимин”

“ТТЭ ҲНИ” ва “Ихвон-ул-муслимин” ду ташкилоти террористиву эктремистие, ки исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, ҷинояткориҳои худро дар ҷаҳон ба амал баровардаанд. Лекин вақт довари беҳтарин аст, ва бо мурури замон ниқоби ин ду ташкилот афтода, симои дурушти онҳо ба мардум намоён гардид.

Созмони Ихвон-ул-муслимин фаъолияти мазҳабӣ ва сиёсӣ мебарад. Фаъолияти созмони номбурда соли 2003 дар Федератсияи Руссия, соли 2006 дар Тоҷикистон, дар Сурия, Урдун ва мамлакатҳои дигар ба хотири террористӣ ва экстремистӣ буданаш манъ гаштааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ташкилоти мазкур ба таври пинҳонӣ ва ошкоро дар кишварҳои мухталиф фаъолият мебарад. Барои расидан ба ҳадафҳои худ намояндагон ва ё мубаллиғони он аз ҳама воситаҳо истифода мебаранд.

ТТЭ ҲНИ шохае аз Ихвон-ул-муслимин буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, аз ин рӯ дар собиқ шӯравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар таъсиси гурӯҳҳои худро аз солҳои 70-уми асри 20 дар шакли пӯшида ва пинҳонӣ таъсис дода буданд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамин замина Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмон дода, вазъиятро дар кишвари мо ноором сохтанд. Сабаби асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз сиёсати зӯроварии ихвонипешаи ТТЭ ҲНИ буд.

 ТТЭ ҲНИ дар тамоми замони мавҷудияту фаъолияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои Ихвон - ул муслимин ба тарзи густурда истифода менамояд.

Шарифова М.-дотсенти 
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ

Аз амалиёти зиёновару фасодбори гурӯҳҳои экстремистӣ, ки солҳои охир дар гушаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодааст, натанҳо иқтисодиёти кишварҳо, балки инсонҳо низ аз самти рӯҳиву равонӣ зарар мебинанд.

Зумрае аз афроди ифротгаро, ки бар Ватан хиёнат кардаву барои манфиатҳои худ ва ғаразҳои гурӯҳиашон даст ба омилҳои шармандавору зиёновар ба халқу кишвар мезаданд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоку пурғарази худ аз ягон амали зишту нопок даст намекашанд. Ии ифротгароён паси хоҷаҳои хориҷиашон паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи кишвари худ меафкананд, иғвоангезӣ мекунанд. Аммо чунон ки дар забони мардуми мо мегуянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”.

Ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дифо намоем. Пеши роҳи ҳамагуна амалҳои иротгароёнаро гирифта, баҳри солимии тафаккури ҷомеа, алалхусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем, ба онон ҳадафҳои нопоки ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро фаҳмонем, то ки дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ хато накунанд.

Абдувоҳидов М. Р. – коргузори кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Читать далее

Ифодагари мароми мардум

Дар замони муосир ҳаёти сиёсиро бе иштироки қувваҳои бузург ва ё таъсиргузор тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро танҳо ҳамон гурӯҳҳое метавонанд, манфиати миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя кунанд, ки худ аз ин огоҳ бошанд ва бо бузургиву шаҳомат шинохта шуда бошанд. Дар мисоли ин гуна қувваи миллатдӯст ва меҳанӯст мо метавонем аъзои ХҲДТ-ро ёдрас шавем, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ мардумро ба ҳаёти сиёсӣ наздик созад ва дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал орад. Ҳамчунин дар бисёре аз кишварҳои олам нақши муассири кишвар ва миллатро муаррифӣ кард.

Ҳоло ягона ҳизбе, ки дар миёни ҷомеа ҳамчун ҳизби фидокор ва башардӯсту созанда шинохта шудааст ҲХДТ мебошад, ки барномаҳояш аллакай дастраси ҷомеа мебошад. Ва аз барномаи ҳизб хулоса баровардан мумкин аст, ки аъзои ин ҳизб бештар ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ба вуҷуд овардани ҷойҳои кории нав, сохтмони корхонаву иншоотҳои азими ёрирасон ба хоҷагии халқ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар роҳи рушд  талош намудаанд, ки ин дар шароити кунунӣ хеле муҳим мебошад.

Ҳамон гуна, ки файласуфе мегӯяд: “Ҳизбҳои сиёсии пурқудрат ба дар зиндагӣ илҳом мебахшанд ва роҳи зиндагиро сабз мегардонанд”

Воқеан ҳам ҲХДТ роҳи фардои мардуми кишвари соҳибистиқлоли моро муайян месозад ва барномаҳояш барои баланд бардоштани дарачаи зиндагӣ равона шудааст.

Ҳоло ҷомеаи кишвар бо шоҳроҳи нави созандагӣ қадами устувор мегузорад, ва дар ин роҳ мо ба муваффақиятҳои бештаре комёб шудаем, ки ин ҳам пирӯзиву бахти миллати тоҷик аст.

Таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки аз лиҳози фарҳангӣ ва маънавӣ пурқудрат бошем. Ҷиҳати саводнок гардонидани ҷомеа имрӯз аз ҷониби ҲХДТ бисёр тадбирҳои муҳим амалӣ карда шудааст, ки ин ҳимоят аз фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ мебошад.

Барномаву ҳадафҳои ҲХДТ бо мақсаду мароми шаҳрвандони кишвар тавъам аст ва ин ифодагари ҳамфикриву ҳаммаромии миллат бо ҲХДТ аст.

АБДУСАЛОМОВ М.,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ бародари “ДИИШ”

Солҳои охир амалҳои хатарноки созмонҳои экстремистию террористӣ боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда истодааст.

Шиддатнок гаштани чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама ба соҳаи иҷтимоии аҳолии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаҳо таъсири манфии худро мерасонад. Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамчун падидаҳои номатлуб мехоҳанд дар кишварҳои гуногун реша давонда, мафкураисокинон, бахусус ҷавононро заҳролуд гардонанд ва ба сафи худ шомил намоянд.Воқеан, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бурдани донишу малака метавон бар зидди чунин ҳаракатҳои даҳшатнок мубориза бурд. Зеро, сабаби ба вуҷуд омадани чунин амалҳои “ғайриинсонӣ” аз надоштани донишу малакаи кофӣ ва шомил гардидани ҷавонону шахсони ноогоҳ ба ҳар гуна созмонҳои террористӣ ва экстремистист, ки боиси нооромии оила, ҷамъият мегардад.

Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ асос меёбад. Аз ин лиҳоз, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи амният дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодааст ва ин самари сиёсати дурусти ҳукумат аст. Мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин оромии том расанд, зеро ки дар ҷаҳони муосир дар чандин давлатҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва хисороти зиёди иқтисодӣ ва ҷонӣ дар пайи худ овардааст. Дастгирии сиёсати ҳукумати кишварамон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Обидова М.Р. – сармуаллими
 кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

Читать далее

Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест...

Чашмам ба баёнияи аъзоёни гурӯҳи экстремистиву террористии Паймони миллии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии ҲСДТ» афтод. Ба ҳайрат мондам,зеро якум, ин ташкилот назди мардум ва ҷомеаи муосири мо заррае ҳам арзиш надорад. Пас чӣ ҳоҷат ба ҷонибдорӣ ва тавсияи ин ё он аҳзоби сиёсии қонунан амалкунандаи Тоҷикистон аз тарафи “Паймони тафриқаандози ифротӣ”! Дар ҳоле, ки худ ҳадафи муайян самти дар рушди босуботи Тоҷикистон надораду бофтаю сохта шабонарӯзӣ бадномкуниро пешаи худ қарор додааст. Бояд донист, ки паймони ифротизада ҳуқуқи ҷонибдорӣ ва ё таклифро надошт, надорад ва нахоҳем гузошт, ки дар байни ҷомеа реша паҳн намояд!...

Аслан, интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ буда, тибқи муқаррароти Конститутсия дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст, онро бевосита ва ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бидуни таблиғу ташвиқ ҳам медонанд, ки дар кишвар 7 (ҳафт) ҳизби сиёсӣ амал намуда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот ширкат меварзанд ва ба вакилони арзандаи худ овоз медиҳанд. Номзадҳо назди сокинон ба вохӯриву мулоқотҳои пешазинтихоботӣ ҷалб ва фаро гирифта шуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро ошкорона таблиғу ташвиқ намуда истодаанд, ки ин аз нишонаҳои давлати демократист.

Бобоҷони Хайриддин –
ҷомеашинос,
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее