February 2020

27 February 2020

Нақшофарӣ дар бозии ниҳонӣ...

Имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҷой паноҳ бурда ва бо дастгирии хоҷагони хориҷияшон чанд расонаи ифротиро дар шабакаи интернет таъсис додаанд, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароӣ машғуланд.

Яке аз чеҳраҳои манфури ин тоифаи бадкеш Маҳмадиқболи Садриддин аст, ки барои  гумроҳ кардани мардум сомонаи Ислоҳ.нет-ро ташкил кардааст ва манфиати хоҷагони хориҷиашро болотар аз ҳама медонад ва маводҳои иғвобарангезро ба нашр мерасонад.

Ҳарчанд маълум мешавад, ки ин ифротгаро барои ба даст овардани маблағи бештар матлабҳои носаҳеҳро бештар ба нашр мерасонад, аммо ҳақиқати ҳолашро мехоҳад аз мардум пинҳон нигоҳ дорад. Вай талош менамояд, ки зиёдтар худашро паси парда нигоҳ дорад ва ватандӯст нишон диҳад, аммо ҳақиқат ин аст, ки як риёли хоҷааш аз ҳама арзишҳо барояш боло меистад.

Чун ин рафтори ин хоини Ватанро фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ алайҳи миллати худ мубориза мебарад ва арзишҳои бузург, мисли Ватан, Модар барояш ягон қимате надорад ва барояш як сухани хоҷаи хориҷиаш қонун асту вай танҳо  барои фирефта сохтани мардум аз ин арзишҳо истифода менамояду халос.

Файласуфи бузурги Шарқ Муҳаммад Зарринтоҷи Кордон перомуни рафтори ин тоифа чунин изҳори назар кардааст: “ Инсоне, ки аз бузургтарин арзиш барои ноил шудан ба мақсадҳои нопокаш истифода мекунад, вай ҳамоно ҷойгоҳаш партовгоҳест, ки худ арзиши инсониро надорад.”

 Оре ин тоифаи бадкеш мисли ТТЭ ҲНИ аз ислом ва дигар арзишҳо ба мақсадҳои нопоки худ истифода намуда, дар миёни ҷомеа нақш мебозанд ва ба ҳамин восита мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд.

Ҳарчанд миллати тоҷик кайҳо фаҳмидааст, ки аъзои ТТЭ ҲНИ барои паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд ва мехоҳанд, ки миллатро гумроҳ намоянд, аммо ин тоифа ҳанӯз ҳам фирк мекунанд, ки ба миллат ва Ватан хиёнат намуда, барои хоҷаҳояшон хидмати бузург мекунанд.

Аммо ҳоло ҳақиқат ошкор гардидааст. Мардум аллакай медонанд, ки ин он душманони аслии миллати тоҷик мебошанд ва  зери ниқоб нақшофарӣ менамоянд.

М.АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон, дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ – бебунёд!

Дар даҳсолаҳои охир зуҳури гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки аксарияти ин гурӯҳҳо  бештар заминаи мазҳабӣ доранд.

Мо борҳо шоҳиди он гардидаем, ки террористон ба хотири гумроҳ намудани мардум ва ба хотири  аз байн бурдани арзишҳои волои фарҳангӣ осорхонаву китобхонаҳоро оташ задаанд ва садҳо нобиғаҳои асрро ба қатл расонидаанд.

Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ равшан мебинем, ки чӣ тавр солҳои 90-уми асри гузашта равшанфикрон ва зиёиёнро ба қатл мерасониданд, то мардумро ба гумроҳӣ баранд. Хиёнати наҳзатиён боис гашт, ки хуни зиёда 150 ҳазор нафар ҳамдиёрони мо рехта шуд, ҳазорҳо кӯдакон ятиму бепарастор монданд, ба иқтисодиёти мамлакат зарари калони иқтисодӣ расид.

Аммо имрӯз низ роҳбарон ва аъзои ин ташкилоти хиёнатпеша дар давлатҳои хориҷа паноҳ бурда, доираи фаъолияти террористӣ -экстремистии худро фарох сохтаанд ва мехоҳанд вазъи суботи кишварро ноором созанд. Бояд пеши роҳи ин душманони миллатро гирем, нагузорем ки онон ҷавонони кишварро ба доми фиреби худ кашанд. ТТЭ ҲНИ ҳамкорияшро бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ба роҳ мондааст, ки дар ин бора дар расонаҳо матолиби мустанаде ба нашр расида буд.

Ҳоло ин хиёнатпешагон дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бештар мехоҳанд, тариқи расонаҳои иттилоотӣ, ки бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон фаъолият мебарад, амалҳои ифротгароёнаашонро идома диҳанд.

Онҳо бештар ба нашри маълумоти бардурӯғ ва маълумоти иғвобарангез машғул шуда, ният доранд, ки ҷавононро фирефта созанд.

Ҳоло ин хоинон бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон дар Аврупо паноҳ бурда, он ҷо фаъолияти террористиро пеш мебаранд, ки дер ё зуд ҳатман Аврупо аз ин хиёнатпешагиашон огоҳ хоҳад шуд ва аз сарҳадаш берун хоҳад сохт.

Дар чунин вазъи пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавонони кишварро зарур меояд, ки бештар ба варзиш ва илмомӯзӣ машғул гарданд, худро қурбони ин гуна гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ насозанд ва фирефтаи суханони бардурӯғи онҳо нагарданд.

Шукриниссо СОБИРОВА,
омӯзгори ДКМТ дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Омили хатарзо ба амнияти башар

Тавре маълум аст, аксарияти аъзои ТТЭ ҲНИ вобаста буданашонро бо дигар  созмонҳои террористӣ инкор мекарданд ва, ҳатто, худро ҳомиёни дин мешумориданд, ки дертар парда аз рӯи ин ҳама маълумотҳо бардошта шуд ва чеҳраи воқеии онон ошкор гардид.

Ҳамчунин ҳамаи маълумотҳои вобаста ба ин созмони террористӣ    ва робитаҳояш бо хоҷагони хориҷияш ва созмонҳои террористӣ ба таври комил ошкор шуд ва соли 2019 барои ин хиёнатпешагон соли шикаст буд.

Зеро маҳз дар соли 2019 ҳақиқатҳо ошкор шуд ва ҳама он пинҳонкорие, ки онон анҷом медоданд, ифшо гардид. Маълумотҳои пинҳон ба миллати тоҷик чеҳраи ҳақиқии ин ифротгароёнро ошкор сохт ва чандин созмонҳои байналмилалӣ ҳам ин ташкилотро терористӣ-экстремистӣ эътироф ва фаъолияташро дар давлатҳои аъзо маҳкум намудаанд.

Зеро омилҳои хатарзо барои амнияти башарият ҳамин созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз аксарияти кишварҳо ин созмонҳои террористиро ба рӯйхати гурӯҳу созмонҳои хатарнок ворид сохтаанд ва дар сомонаҳову нашрияҳо роҷеъ ба ин маълумоти барзиёде нашр гардидааст.

ТТЭ ҲНИ аз соли 1997 то соли 2016 дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористиро содир намудаанд, ки ин барои кишвар хеле зиён овардааст. Лек бо вуҷуди ин онон феълан ба нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез машғуланд. 

Инчунин аз ҷониби ин тоифа, ки худро ҳомиву ворисони мазҳаб меҳисобанд, поймолкунии шаъну  шарафи инсон дида мешавад, ки дар ягон дин ин амал раво нест. Онҳо исломро танҳо ба хотири гумроҳ сохтан, фирефта намудани мардум истифода менамоянду халос ва рафтору амалашон ҳам ба ислом ягон рабте надорад.

Ҳамзамон робитаи ТТЭ ҲНИ бо созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ба таври ошкоро маълум гардидааст ва чуноне, ки медонем ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ таълимоти худро аз рӯи барномаи ҳамин созмон мегиранд ва ин созмон дар чандин кишвари ҷаҳон террористӣ эътироф шудааст ва ба садҳо гурӯҳҳои террористӣ ёрии молиявӣ мерасонад аз ҷумла ба ТТЭ ҲНИ низ.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ М.Мурсиро, ки роҳбари ташкилоти террористии  “Ихвон-ул-муслимин” буд, бародари ҳамақида ва ҳамфикри хеш мешуморад, ки ин, албатта, бедалел нест ва далелаш ҳам ҳамон робитаи пинҳонӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз моро зарур меояд, ки бештар ба омӯзиши ҷиддии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пардохта дар шинохти ташкилотҳои террористӣ ба аҳли ҷомеа мусоидат намоем ва шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони ноогоҳро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро эмин дорем.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори ДКМТ дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

26 February 2020

ҲАДАФ - БАЛАНД БАРДОШТАНИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим ин пайваста ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул будан аст. Саломатии миллат аз солимии ҷомеа сарчашма мегирад. Дар ҳамин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи варзиш кӯшишҳои ҳамаҷониба дорад. Зиёд шудани теъдоди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ далели ин гуфтаҳост.

Дар ин замина, хостем, аз шароити машқу тамрини варзишгарон дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии вилояти Суғд» огоҳ шавем.

Бино ба иттилои директори муассиса Давронхон Алихонов, имрӯз ҷавонон ва наврасон пайваста ба варзиш машғуланд. Барои тамрини онҳо дар муассисаи варзишӣ ҳама шароитҳои зарурӣ муҳайёст. Айни замон дар 25 гурӯҳ ба беш аз 263 варзишгар 13 мураббии соҳибтаҷриба нозукиҳои 16 навъи варзишро меомӯзониданд.

Мавсуф илова намуд, ки давоми се - чор моҳи гузашта бо дастгириҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода онҳо тавонистанд, ҳафт навъи варзиши намуди олимпиро ҷорӣ намоянд, ки асоситаринашон намудҳои гӯштини тарзи озод, юнонӣ - румӣ, дзюдо, тенниси рӯи миз, тенниси калон, бадминтон ва бокс ба ҳисоб мераванд. Аснои шиносоӣ маълум гардид, ки масъулини муассиса нисбат ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар даври тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020” бетараф нестанд.

- Толори машқу тамрин дар сардии зимистон гарм нигоҳ дошта мешавад. Зеро барои варзишгар, пеш аз ҳама, шароит фароҳам овардан зарур аст, ки бо либоси сабуки варзишӣ тамрин намояд, - мегӯянд масъулин.

Ҳамчунин, ҷой барои либосивазкунӣ ва ҳаммом бо ҳама шароитҳои муосир муҷаҳҳаз буда, дар рӯзҳои наздик як толори барҳавои дигари вазнбардорӣ ба истифода дода мешавад.

Д. Алихонов худ варзишгар буда, баҳри пешрафти соҳаи варзиш ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин муассиса барои варзишгарон шароити хуби тамринро муҳайё намудааст. Мавсуф бо дастгириҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд дар самти шиноварӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар рӯзҳои наздик барои варзишгарон ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои заруриро муҳайё месозад.

Имрӯз ҷавонону наврасони синни аз 6 - сола боло метавонанд, дар намуди варзиши сабук, аз ҷумла гимнастика ба машқу тамрин фарогир шаванд.

Фаъолияти муассиса доманадор буда, айни замон дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ дастпарварони ин мактаби варзишӣ бо варзишгарон машғули машқу тамринанд.

Дар идомаи суҳбат Д. Алихонов зикр дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии мактаби варзишӣ тайёр намудани варзишгарони ботаҷриба мебошад. Давоми соли сипаришуда бо кӯшишҳои ҳаматарафаи устодони риштаи варзиш нисбат ба соли пешин дастовардҳо зиёд гардидааст. Агар соли 2018 варзишгарон ба хазинаи мактаб 120 медал ворид намуда бошанд, пас соли 2019 ин адад ба 213 расидааст.

Ин шаҳодати он аст, ки имрӯз бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ва Раиси вилоят мушкилиҳои ҷойдошта ҳал шуда истодаанд. Хурсандиовар аст, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, нуфузи кишварамонро боло мебардоранд. Ин аст, ки соли сипарӣ дар ҳашт мусобиқаи сатҳи бонуфуз иштирок намуда, сазовори 12 медал, аз ҷумла 5 медали тилло гардиданд.

Гуфтан зарур аст, ки имрӯз устодони риштаи бокс шогирдони худро дар беҳтарин шароит ба тамрин ҷалб намудаанд, ки натиҷаи он Чемпиони Осиё гардидани Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54 килограмм мебошад.

Устодон ва варзишгарони ин мактаб ҷидду ҷаҳд доранд, то дар соли 2020 ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Дар ин замина онҳо пайваста машқу тамринҳоро ба роҳ монда, маҳорати варзишии худро боло бурда истодаанд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ ин иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ЭҲСОСИ КАСБИЯТ ДАР РАДИФИ ЗАҲМАТ

Омӯзгор Ҳасан Содиқов яке аз ташкилотчиёни соҳаи мактабу маориф, гузашта роҳбари муваффақи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.

Дар оинаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва рӯзгори зиёиён – маърифатафрӯзон ӯ аз шахсиятҳои соҳибдонишу роҳнамои насли навраси замони муосир симову чеҳраи намоён дорад. Ӯ дар деҳаи ҳамешасабзу хушманзара, ба қавле, парвозгоҳи одамони сарбаланд – Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳ ба дунё омадааст. Мардумони ин гӯшаи фирдавсмисоли кишварамон дилкушоданду заҳматкаш, зебоипарастанду масъулиятдон. Хурду бузургсолонаш ҳама дар такопӯи ободонӣ, созандагӣ, дар роҳи манфиатбахшии ҷомеа, диёри арҷмандамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои қатъӣ доранд.

Ҳангоме ки бо омӯзгор-педагог Ҳасан Содиқов дар мавзӯи маърифату маънавиёт суҳбат доштем, ӯ аввал мухтасар аз роҳи донишандӯзӣ ва кору пайкори минбаъдааш сухан гуфт. Суханони ӯро чунин маъно бардоштем, гӯё «насиб зи боғи офариниш меваи муҳаббат, меҳру садоқат шудааст». Соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу ҳафт ӯ дар муассисаи ибтидоии деҳа ба таҳсил дил баста, баъди муҳоҷират ба Дилварзини тоҷикон хонданро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Мастчоҳ идома дода, ин таълимгоҳро соли ҳазору нӯҳсаду шасту ҳафт бомуваффақият хатм намудааст. Ва худи ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ шомил шуда, ин донишгоҳи муътабарро соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду як ба итмом расонида, ба оғӯши фаъолияту меҳнати омӯзгорӣ фаро гирифта мешавад. Тақдири хизмат дар сафи армия ӯро солҳои ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду ду то ҳафтоду сеюм ҳамчун соҳиби маълумоти олӣ аз имтиҳони ҷавонмардӣ гузаронд.

Минбаъд фаъолияти мустақилона барояш решапайванд шуд: солҳои ҳафтодуму ҳаштодум дар вазифаҳои муовини директор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 бо азму суботи ба худ хос кор кард. Давоми бисту ду соли расо, аз соли ҳазору нӯҳсаду наваду як то дуҳазору сенздаҳ сарварии МТМУ №24 - и ноҳияро бар уҳда дошт. Дар байни омӯзгорон, директорони макотиб ва зиёиёни ноҳия мавқеи устувор, эътибору шарафмандиро таҳким бахшид. Ба гирифтани унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омӯзгори дараҷаи тахассуси олӣ сазовор шуд. Чунинанд роҳи камолоти касб, маърифат ва таълиму тарбият дар соҳаи маориф, ки Ҳасан Содиқов онро бардамона тай намудааст.

- Мегӯянд, зиндагӣ кӯшиш асту кӯшиш аст. Барои он ки инсон созанда аст, умраш беному нишон нагузорад, мебояд тарҳи зиндагии хешро бо дилаш, бо меҳраш созад ва бо ақл иҷрояш намояд, - мегӯяд Ҳасан Содиқов. – Ҳамин маъниро ба хубӣ дарк ва маҷрои кору меҳнат, зиндагиву ҳаётомӯзиро мебояд, ки бештару хубтар эҳсос намуда, даст ба кӯшиш қавитар гузорем.

- Яъне, ки муҳити зиндагӣ, кору меҳнатро худ бояд сохт? - савол медиҳем ба ӯ.

- Ин муҳитро, яъне ҷавҳари зиндагиву эътибори кору заҳматро ҳар кас бо дил, ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва забони худ месозад, агар он муҳит ба накӯкорӣ, манфиатрасонӣ ва дастгирӣ бахшида бошаду ҳамчун оина пурҷило, софу нурбор аксандозӣ намояд, - мегӯяд Ҳасан Содиқов.

Омӯзгори варзида, маърифатафрӯзи деҳа, педагоги соҳибтаҷриба Ҳасан Содиқов фарҳангдӯст, адабиётдӯст ва эҳтиромовари забони шевои тоҷикӣ мебошад. Дар меҳвари суҳбат ӯ чунин суханони воқеъбинонаро изҳор намуд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Президентамон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки «Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад».

- Дар ин самт, - гуфт ӯ,- оид ба гиромидошти забон ва мероси фарҳангиву тамаддун аз таърих ёдовар шавам ва аз дафтарчаи хотироташ чунин ҷумлаҳоро бихонд: – «Устод Садриидин Айнӣ соли ҳазору нӯҳсаду бисту ҳашт дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (шумораҳои 4 - 5) мақолае навишта, хулосаи шарқшиносеро тақвият додаанд: «Лаҳҷаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тафтиш нашудааст. Дар ин лаҳҷа аз ҷиҳати луғат ва аз ҷиҳати эъроб бисёр хосиятҳо ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд, дар ин лаҳҷа замирҳо ва феълҳо назар ба лаҳҷаи ҳозираи Эрон ба таъсири забони бегона камтар дода шудаанд…»

Аз суҳбати Ҳасан Содиқов хеле баҳравар гардидем ва дар дил гуфтем, ки хислатҳои бо дониш фарогир буданаш, аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик ва адабиёти халқҳои дигар абёти зиёдеро азбар карданаш, дар лаҳзаҳои даркорӣ барои исботи фикраш шоҳбайтеро далел оварданаш ӯро обрӯманд намудаанд. Ин марди зиёӣ, ба қавле, саропо сидқу сафо, инсони комилу батадбир аст. Маҳбуби хонаводааш, азизи фарзандону наберагон аст, ки ҳама ӯро идеали ҳаётии хеш меҳисобанд.

Давоми фаъолияти омӯзгориаш ҳамчунин ӯ ба корҳои эҷодӣ пайваст, чун узви созмони рӯзноманигорони кишвар навиштаҳояш дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дарҷ гардидаву паёму башорати сухану қалами накӯкорона барояш овардаанд.

Гуфтаанд: - Инсон қобилияти фикр карданро дорад, мутобиқи зарурати тафаккураш ҷаҳони ботинии хешро месозад. Биноан, омӯзгори собиқадор, ботаҷриба ва педагоги ҳақиқӣ Ҳасан Содиқов ҳама амалкарди худро аз иродаи нек, накӯхисолӣ, тафаккур ва афкори хеш бархурдор гардида, ҷавҳару вологавҳарии илму дониш меҳисобаду хоксорона гуфтаи мутафаккиреро мисол меоварад: «Обу ранги мо ба олам оқибат гул мекунад, Бар замин ҳарчанд чун барги ҳино афтодаем».

Омӯзгори собиқадор ва эҷодкори соҳибмаърифат, собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Сафар Сафарзода мегӯяд, ки муаллим Ҳасан Содиқов фарди ростқавл асту содиқ будан ба касбу дониш нишони одамияти ӯст. Бо ӯ поктинатӣ, покдилӣ, поксириштӣ, покниятӣ тавъаманд. Дар ин раванд Мирзоҳамдам Шарифзода – Аълочии матбуоти Тоҷикистон, собиқ сармуҳаррири нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ - «Машъал» фикри худро чунин баён менамояд: - Имрӯз муаллим Ҳасан Содиқов собиқадори соҳаи мактабу маориф мебошаду ба дараҷаи баланди педагогӣ расидааст. Вале ин шахси хушниҳод фурӯтанӣ, сабурӣ ва сатҳи баланди маданияти худро ҳеҷ гум накардааст.

Биноан мо ба навиштаҳои худ бо ифодаи нури дили ӯ сафои одамият аст, хотима мебахшем, ки ин як ҳақиқати ба ҳазор оина тобон эҳсос мегардад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

аъзои Иттифоқи

 журналистони Тоҷикистон

Читать далее

«Ҳақиқати Суғд» ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ


Матбуот аслиҳаи пурқудрат ва буррост ва дар ҳама давру замон бояд ҷорчии ҳақиқат бошад. Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз оғози таъсисёбии журналистикаи муосири тоҷик дар саргаҳи матбуоти тоҷик қарор гирифта, 90 сол аст, ки дар рушду таҳаввули рӯзноманигорӣ саҳм мегузорад. Рӯзнома аз оғози фаъолият мактаби хешро таъсис дод ва дар оғӯши он садҳо рӯзноманигорони касбӣ тарбия гирифтанд ва ин анъана аз насл ба насл идома меёбад.

«Ҳақиқати Суғд» дар фазои иттилоотии Тоҷикистон баробари иҷрои рисолати азалии хеш чун расонаи маҳаллӣ дар тарғибу ташвиқи сулҳу амният, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими андешаҳои башардӯстона саҳми бориз дорад. Рӯзнома аз оғози фаъолияти хеш ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии хонандагони худ аҳамияти аввалиндараҷа медод.

Тараннуми меҳри Ватан, ҳимояи марзу бум ва тарғиби ғояҳои ватанпарварона ҷавҳари мундариҷоти маводи рӯзномаро ташкил медод. Агар ба оинаи таърих назар дӯзем, идомаи ин анъанаи некро дарозои 90 сол ба мушоҳида мегирем. Хосатан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин рисолати хешро рӯзнома беш аз пеш дарк мекард.

Воқеан, аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ газета садоқати хешро нишон дод. Журналистон ва кормандони газетаи «Стахановчӣ» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба душвориҳои замони ҷанг нигоҳ накарда, кӯшиш менамуданд, рисолати касбии хешро дар назди Ватан - модар ба ҷо оранд. Чунончӣ, санаи 23 - юми июни соли 1941 рӯзномаи «Стахановчӣ» дар гӯшаи «Меҳнаткашони вилояти Ленинобод тайёранд, дар ҳар як дақиқа ҳар як супориши партия ва ҳукуматро иҷро карда, Ватани худро қаҳрамонона мудофиа кунанд», хабару мақолаҳоро аз митингҳои эътирозие, ки дар Ленинобод, Нов, Пролетар, Ӯротеппа, Чкалов, Қистақӯз баргузор шудааст, интишор намудааст.

Дар ҳамин шумораи газетаи «Стахановчӣ» Раҳим Ҷалил мақолаи «Марг ба фашизм» - ро чоп кардааст ва дар он нафрату адовати ба фашистон доштаи халқи худро ифода намудааст.

Мақоли Садриддин Айнӣ «Чингизи асри ХХ» ҳам, ки яке аз муҳимтарин мақолаи ватанхоҳонаи устод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад, дар рӯзномаи мазкур (шумораи №195 (343), 15 - уми августи соли 1941) нашр шудааст.

Давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзнома дар баробари хабару мақола тавассути ашъори адабӣ, бавиҷа шеъру достон ва ҳикояҳои пуртаъсир дар тарғибу ташвиқи ватандориву ҳимояи марзу бум саҳм мегузошт. Навиштаҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳиддин Фарҳат, Муҳиддин Аминзода, Қ.Осимӣ ва дигарон меҳри Ватан ва садоқат ба марзу бумро тараннум мекарданд. Масалан, машҳуртарин шеъри Ҳабиб Юсуфӣ «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» дар шумораи №177 (325) аз 25-уми июли соли 1941 дар саҳифаи 3-юми рӯзномаи «Стахановчӣ» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нашр шудааст. Дар поёни шеъри мазкур санаи навишта шудани он ба тарзи зайл оварда шудааст: «Ҳабиб Юсуфӣ, Сталинобод, 25.VI.1941». Пас метавон гуфт, ки хонандагони вилоят аввалин бор тавассути рӯзномаи «Стахановчӣ» бо ин шеър, ки минбад гимни мардуми тоҷик мегардад, ошно гаштаанд. Дар ҳамин шумора шеъри Қ.Осимӣ «Қасами мо», Мирсаид Миршакар «Уқоби озод», шеъри М.Исаковский «Таронаи походӣ» дар тарҷумаи Раҳим Ҷалил нашр гардида, ба таблиғу ташвиқи муборизаи беамон бар фашизм бахшида шудааст. Чунончӣ, дар шеъри Мирсаид Миршакар омадааст:

Шағоли мурдахӯр девона Гитлер,

Ҳавас дорад, ки хокамро кунад зер.

Ҳавас дорад, ки озодии манро,

Кунад помолу гирад ин чаманро.

Ҳавас дорад, вале ман зинда ҳастам,

Ба ҳифзи хоки худ поянда ҳастам.

Намемонам, ки ғоратгар дарояд,

Ба мулки ман дари ғорат кушояд.

Воқеан, рӯзнома на танҳо паҳнкунандаи аввалини хабару рухдоди замон буд, балки ба сифати аввалин минбари шоирону нависандагон низ дар муаррифии ашъори тозаэҷоди онҳо саҳм мегузошт. Бисёре аз навиштаҳои таблиғотиву даъваткунандаи Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Фарҳат, Ҳаким Карим аввалин бор дар рӯзнома нашр шудаанд. Чунончӣ, мақолаи Р.Ҷалил «Марг ба фашизм» нафрату адовати ба фашистон доштаи халқро ифода мекунад.

Шеърҳои Мирзо Турснзода «Хотираи капитан» («Стахановчӣ» №198(346) аз 19.08.1941. с.2), Абулқосим Лоҳутӣ «Супориши модари советӣ» («Стахановчӣ» №216 (364), 09.09.1941. с.2), «Ба бародарони рус» («Стахановчӣ» №223(371), 17.09.1941. с.2), Раҳим Ҷалил «Мактуби модар ба писар» («Стахановчӣ» № 223(371), 17.09.1941. с.2), А.Шуурӣ (Аминҷон Шукӯҳӣ) «Шердухтар мезанад» («Стахановчӣ» №272 (419), 13.11.1941. с.2) ҳамин гуна мавзӯъву муҳтавои ватандӯстонаву таблиғотӣ доштанд.

Дар солҳои 1940 - 1945 рӯзнома дар тарғибу ташвиқи ҳаёти партиявӣ, инъикоси вазъи фронт, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, баланд намудани рӯҳияи ватанхоҳона, бештар намудани умеду бовар ба фардо, арҷгузории ғалаба, муттаҳидиву садоқати мардуми вилоят саҳм гузоштааст. Дар он солҳо рӯзнома таҳти рубрикаҳои «Аз бюрои информатсионии советӣ», «Ягонагии халқи советӣ душманро маҳв мекунад», «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалабаамон», «Ба армияи амалкунанда», «Дар соатҳои охирин», «Омӯзиши ҳарбии аҳолӣ», «Қаҳрамони ҷанги ватанӣ», «Техникаи ҳарбиро аз худ мекунем», «Ҳаёти партиявӣ», «Патриотҳои халқи советӣ», «Пахтачинӣ дар авҷ», «Ба давлат пахта бисёр медиҳем», «Дар фронти ҷанги ватанӣ», «Хабарҳои охирон», «Аз ахбороти бегоҳии… (сана», «Аз ахбороти пагоҳии... (сана)», «Ҳамаи корамонро ба манфиати фронт тобеъ мекунем» мавод интишор намудааст.

Ҳафиза Наимова аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карда, фаъолияти рӯзноманигоронро дар он давр қаҳрамонӣ унвон кардааст, ба виҷа дар ин росто саҳми занону духтаронро таъкид намуда, зикр кардааст, ки он замон «кори рӯзнома хеле душвор гардид. Чунки дар қатори ҳазорон ҷанговарон журналистон ҳам ба ҳимояи Ватан мерафтанд. Аз ҷумла Муҳаммадҷон ва Маннон Нурматовҳо, М.Эркабоев, А.Умаров, Ҳаким Набӣ, Ю.Бобоев, Ҳ.Содиқ ба хизмати Армияи Советӣ рафта буданд. Дар редаксияи газетаи вилоятии «Стахановчӣ» қариб аз нисф зиёди коллективро занону духтарон ташкил медоданд. Дар ин солҳо Муҳаррама Шокирова котиби масъул буд. Хоҳарон Шарафнисо, Наҷминисо, Қумринисо кор мекарданд. Ин хоҳарон аввалҳо дар матбаа кор кардаанд. Вақте ки дар матбаа қувваи корӣ намерасид, худи ҳамин хоҳарон материали тайёркардаи редаксияро чида медоданду дар саҳифабандӣ ба Қамар Қаюмова ёрӣ мерасониданд. Дар ин солҳо Марҳамат Хоҷаева, Умринисо Алиева мусаҳҳеҳ буданд.

Материалҳои рӯзномаро муҳаррири нав аз ҷанг омадаю маҷрӯҳ Ҳоҷӣ Содиқ бо машинистка Отуной Сатторова тайёр мекарданд, муаллим, устод Раҳим Ҷалил ҳамеша дар редаксия машғули кор буданд. Баъд аз ҷанг ба редаксия Хайрӣ Муҳиддинова омад».

Баъди солҳои ҷанг, ҳангоми барқароркуниҳои баъдиҷангӣ, сипас дар солҳои 70 - 80 - уми асри ХХ рӯзнома ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии меҳнаткашон, хусусан насли ҷавонон, диққати доимӣ дода, гӯшаи махсуси «Ватанам - СССР» - ро ташкил кардааст, ки моҳе ду маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд.

Ҳамзамон, рубрикаи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» низ вобаста ба ин мавзӯъ маводи ҷолиб пешниҳод менамуд. Мавриди зикр аст, ки маводи ин гӯша ва рубрикаҳоро журналисти ҷангноманавис Ҳасанбой Шарифов ба ӯҳда дошт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (айни ҳол «Ҳақиқати Суғд») барои хизматҳои шоёнаш дар тараннуми ватандорӣ ва саҳми боризаш дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ба муносибати 30 - солагии Иди Ғалаба бо Грамотаи фахрии КМ ДОСААФ, правленияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Комиссариати ҳарбии республика мукофотонида шудааст, ки боиси ифтихор ва саодатмандист.

Имрӯз рӯзнома инъикоси дастовардҳои неъмати бузурги миллат – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, рисолати аслии хешро дар инъикоси мавзӯъҳои умдаи рӯз, иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, тарғибу ташвиқи суръати нав касб кардани ҷараёни созандагӣ дар вилоят, бунёди шаҳру шаҳракҳои нав, ободии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона намуда, ҷаҳду талоши рӯзнома бобати солимии афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ошкор сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷудаи ҷомеа боиси зикру таҳсин аст.

Аҳамияти виҷа ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии насли ҷавони ҷомеа аз мавзӯъҳои доимобаррасишавандаи рӯзнома буда, матолиби ҷолиб аз корнамоиву қаҳрамонии ҷавонписарон пайваста дарҷ мегарданд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

Нерӯи барқро сарфакорона истифода бояд бурд!

Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамчун роҳи паст кардани талафоти неруи барқ, ки пайваста сурат мегирад, дар асоси ҳадафҳои раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард. Бо ҷорӣ гардидани истифодаи таҷҳизоти каммасраф ҳанӯз дар нимсолаи аввали соли 2009 дар кишвар нуқтаҳои махсуси фурӯш ифтитоҳ ёфтанд.

Чунин иқдом дар доираи татбиқи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия амалӣ шудааст. Дар ин муддат ташкилоту идора ва аҳолӣ ба истифодаи ин таҷҳизот гузаштанд, ки манфиати он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба корхонаву ташкилот буда, боиси коҳиш ёфтани ҳолатҳои садаманокӣ дар истгоҳҳои барқӣ ва кам гардидани серборӣ дар трансформатору дигар инфрасохтори интиқолдиҳандаи неруи барқ гардидааст.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, истифодаи таҷҳизоти каммасраф сарфаи неруи барқро то панҷ маротиба кам мекунад.

Ногуфта намонад, ки истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ва беаҳамиятӣ дар истифодаи неруи барқ метавонад, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, беш аз нӯҳ сол аст, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, аз ҷумла фурӯзонакҳои камхарҷ дар мамлакат ҷорӣ гардидааст.

Масъалаи дигар ин аст, ки алҳол аксарияти сокинон ҳанӯз ҳам аз лампаҳои тафсон, ки то ҳол дар савдо қарор доранд, истифода мебаранд. Ҳарчанд истифодаи чунин лампаҳо сарфи неруи барқро бештар гардонад ҳам, сокинон фикр накарда, онро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Мутахассисон таҳлил намуданд, ки дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион кВт - соат баробар мешавад, яъне ивази лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион кВт - соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 - мегаватта баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф хароҷоти беҳудаи неруи барқро пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи оилавӣ манфиати бештар мерасонем.

Дар доираи сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров дидем, ки бо вуҷуди ин то ҳол истифодаи лампаҳои тасфон дар баъзе аз хонаҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасанд, ки он ба зарари истеъмолкунандагон мебошад.

- Фарши гарм боиси паст шудани сифати шиддати қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мегардад. Ин ҳолат ҳамасола, махсусан дар фасли сармо ба сифат ва ҳам талафоти неруи барқ таъсиргузор аст, - гуфт дар суҳбат сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд Шералӣ Ҳоҷиев. Аз тарафи мутахассисони раёсат дар соли сипаришуда 80 қоидавайронкунии истифодаи барқ ва гармӣ ба қайд гирифта шуд, ки маблағи он 56 ҳазору 782 сомониро ташкил медиҳад.

Тартиб додани санад аз тарафи мутахассисони раёсат дар давоми як соли гузашта беш аз 1138 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодабарии қувваи барқро ошкор намуданд, ки маблағи он зиёда аз 157 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари бо роҳҳои ғайри расмӣ гирифтани неруи барқ аз хатҳои барқӣ, истифодаи зиёди он сабаби сербории хату таҷҳизоти барқӣ ва талафоти неруи барқ мегардад. Ҳоло ҳам аҳолӣ ва ҳам корхонаю муассисаҳо барои гармидиҳӣ, эҳтиёҷоти истеҳсоли техникӣ, кору хизматрасонӣ, рӯзғордорӣ асосан аз нерӯи барқ истифода мебаранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи манбаи дигари энергия, ба монанди ангишт, газ ва ғайра кам гаштааст, ки аз ин сабаб серборӣ асосан ба соҳаи барқ мебошад. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани неруи барқ боиси аз талабот зиёд сарф шудани он мегардад. Рӯзона дар вақтҳои таъмини кофии рушноӣ ҳам фурӯзон будани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар бисёр иншооту хонаҳо мисоли истифодаи бефоидаю аз меъёр зиёди қувваи барқ аст.

Ин ҳолатҳо асосан дар марказҳои хизматрасонӣ, дӯкону мағозаҳо ба мушоҳида мерасад. Ин гуна ҳолатҳо шаҳодати он аст, ки соҳибони корхонаю муассисаҳо ба қадри истеҳсоли қувваи барқ намерасанд. Талаботи истифодаи сарфаҷӯёнаи энергияро риоя намекунанд ё худ истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф низ боиси на танҳо сарфи зиёди энергияву хароҷоти зиёд ба истеъмолкунанда, ҳамзамон зарар ба хату таҷҳизоти барқӣ аст.

Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

25 February 2020

МЕҲРОБОД – ШАҲРАКИ БЕҲТАРИНИ СОЛ

Ҳамасола озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳрак, ҷамоат, деҳа ва маҳалла дар шаҳру деҳот гузаронида мешавад. Соли 2019 Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов шаҳраки беҳтарин дар вилояти Суғд дониста шуд.

Зумрад Муталлибзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зикр дошт, ки дар шаҳраки Меҳробод ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ва нишондиҳандаҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корҳои ободонию созандагӣ вусъат бахшида, якчанд иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар маркази Ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани хиёбони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 50 метр, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 24 метр, ба истифода додани Маркази саломатии «Меҳробод», кӯдакистони хусусии «Нурафшон» барои 250 кӯдак иборат аз се ошёна, кӯдакистони хусусии «Файзбахш» дорои ду ошёна барои 240 нафар кӯдак мардуми меҳнатқарини ноҳияро сарбаланд намуда, азму талоши онҳоро дар роҳи ободониву созандагӣ дучанд гардонид.

Дар ин радиф ба истифода дода шудани майдончаҳои варзишии замонавии «Ланглиф» ва «Истиқлол» симои шаҳракро куллан тағйир дода, ба он ҳусни тозае зам намуданд. Ҳамчунин, 8010 метр роҳҳои Ҷамоати шаҳраки Меҳробод мумфарш гардида, 14580 метр хатҳои обгузар азнавсозӣ шуд. Дар ҳудуди ҷамоат бошад, барои сарсабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо зиёда аз 3500 бех дарахтҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси вилояти Суғд ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидаанд.

Шаҳрак бо ҳиммати соҳибкорони маҳаллӣ ва татбиқи лоиҳаҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ободу хуррам гашта, садҳо иншооти хурду миёнаи тавлидотӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангиву варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Мақсади баргузории озмун вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадафи ниҳоӣ - ободии диёр, рӯзгори осуда ва зиндагии шоиста аст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Назорати иҷрои қонунгузории замин пурзӯр гардид

Соли 2019 ба мақомоти Прокуратураи вилоят 11302 муроҷиат ворид гардидааст, ки аз ин 3711 ададашро бевосита кормандони мақомот баррасӣ намуда, 665 адади он қонеъ карда шудааст.

 Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 375 санади эътиноӣ оварда, 298 қарори ғайриқонунӣ ва бармаҳали мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, 129 парвандаи маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст,- изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Изатулло Муҳаммадӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти Прокуратураи вилоят дар соли 2019.

Мавсуф изҳор намуд, ки дар ҷараёни санҷиш ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳолатҳои вайрон кардани муҳлат, бе баррасӣ мондан ва аз натиҷаи баррасӣ ба муаллифон хабар надодан ошкор гардида, 325 санади эътиноии прокурорӣ бароварда, 493 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида, нисбат ба 7 нафар бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст. Изҳор гардид, ки назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр шуда, аз натиҷаи санҷишҳо 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, 4394,98 гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда, ба 260 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин 230 адад вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътирозҳо оварда шудааст.

Ҳамчунин, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи тандурустиро санҷида, аз натиҷаи он 290 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, нисбат ба 44 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи буҷет, моликияти давлатӣ, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ 31 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2,4 миллион сомонӣ зарар ошкор ва барқарор шудааст.

Дар ин давр аз тарафи муфаттишони прокуратура 1840 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳодисаҳои куштор, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ғайраҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, ба 1167 адади он тафтиши пешакӣ ба анҷом расонида, 983 адад ба мақомоти судӣ ирсол шудааст.

Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ТАЛОШ БАҲРИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ

Фармони Президенти кишвар аз 4 - уми декабри соли 2019 оид ба гузаронидани интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба тасвиб расид. Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад» шаҳрвандонро водор месозад, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок ва ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Раванди баргузории интихобот дар шаҳру ноҳияҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Бо ин суол ба Иномҷон Тӯраев – раиси участкаи интихоботии ноҳиявӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен, даъвати шашум муроҷиат намудем:

- Ҳамагӣ баъди чанд муддат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби интихобкунандагон сурат хоҳад гирифт. Интихобот равандест, ки дар ҷараёни он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз зинаҳои поён то боло дар асоси принсипҳои демократӣ ташкил шуда, шахсони мансабдори интихобӣ дорои ваколати ҳокимиятӣ мегарданд. Тавассути интихобот интихобкунандагон метавонанд, ба воситаи вакилони худ шахсони мансабдори интихобӣ ва мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатиро уҳдадор намоянд, ки дар иҷрои вазифа пурмасъулият бошанд. Хушбахтона, аз ҷониби комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин зинаҳои поёнии он корҳо тавре ба роҳ монда шудаанд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсии умумиҷумҳуриявӣ бо масъулияти баланд иштирок хоҳанд кард. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда дар мавзеъҳои интихоботӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

- Омодагии ноҳияи Спитамен ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Оғози моҳи январи соли 2020 - ум барои мардуми кишвар бобарор омад. Дар радифи таҷлили ҷашнҳои бузурги мамлакат баргузории боз як маъракаи муҳими сиёсию умумиҷумҳуриявӣ дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро хушнуд гардонд. Омодагӣ ба маъракаи интихобот ҳанӯз чанд моҳ пеш сурат гирифта, қарори комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси комиссия ба тасвиб расид. Мувофиқи талаботи банди 22 - юми «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти комиссия ба роҳ монда шуда, дар кори он мебоист мақсаднок истифода шудани воситаҳои молиявии барои комиссия ҷудошуда, ҳисоботи он, ҷадвали навбатдории аъзои комиссия, шиору овезаҳои таблиғотию ташвиқотӣ, гӯшаҳои интихоботӣ, ҳуҷраҳои комиссияҳои интихоботӣ дида баромада мешуд. Муайян гардид, ки то ин муддат ҳуҷҷатҳои вобаста ба интихобот: протокол ва қарорҳои комиссияи участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати аъзои участка, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, маълумотнома ва гузоришҳои комиссияи участкаи интихоботӣ ва ҳудуди участка, нақшаи тақвимӣ, ҷадвали навбатдорӣ дар участкаи интихоботӣ дар ҷувздонҳои алоҳида ҷойгир буда, дафтарҳои қайди навбатдорон, арзу шикоятҳо, бақайдгирии ташрифи мушоҳидони байналмилал ва миллӣ, намояндагони васоити ахбори умум, фикру мулоҳизаҳо, бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ ва дафтарҳои воридотию содиротӣ ба таври таблитса дар участкаҳои интихоботӣ мавҷуданд.

- Номзадҳо аз 35 ҳавзаи интихоботӣ пешниҳод шуда, мулоқот бо онҳо ҷараён дорад. Ҳар як номзад бо барномаи пешазинтихоботии худ бо мардум вохӯрӣ доир намуда, худ ва фаъолияташро муаррифӣ менамояд. Оид ба номзадҳои бақайдгирифташуда ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллию ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳаминро бояд қайд намуд, ки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолияташонро дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар асоси конференсия ҳизбҳо вакилони худро ба номзадӣ пешниҳод карда, самти худпешбарӣ низ дар ин мақом қарор дорад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ва ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд. Дар чорчӯбаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи дигар қонунҳои амалкунанда фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳоро ба вакилӣ доранд ва ё шахсони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳибият ба мандати вакилӣ талош меварзанд, зарур аст.

- Дар анҷом оид ба маъракаи интихобот чӣ гуфтаниҳо доред?

- Камтари дигар вақт мондааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби 74 ҳазору 299 нафар интихобкунандаи ноҳияи Спитамен интихоб шаванд. Тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса мардуми меҳнатқарини Спитаменро даъват ба амал меорам, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош варзанд, раъйи худро ба номзадҳои арзанда дода, кӯшиш намоянд, ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромию осудагӣ ва ободии мамлакати соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее