February 2020

21 February 2020

Артиши миллӣ ва амнияту суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол

Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.

 Эмомалӣ Раҳмон
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cанаи 23-юми феврали соли 2020 дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбубамон 27-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бояд шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ намуд, ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».

Таърих шаҳодат медиҳад, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид, то имрӯз корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина, Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфта, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид шуд ва аз ҳама муҳим, бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида, тибқи талаботи меъёрҳои моддаи 5 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», алҳол Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ номгузорӣ шудааст.

Ба андешаи мо, мақсад аз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амният ва бехатарии миллӣ, таъсис додани қувваҳо ва қисмҳои ҳарбии зудамал, афзоиш додани теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ новобаста аз мавҷудияти мушкилот бо аксар давлатҳои ҷаҳонӣ, махсусан бо Федератсияи Россия ҳамкории дуҷониба дорад. Тоҷикистон шарики стратегии Федератсияи Россия маҳсуб меёбад ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Имрӯз дар макотиби гуногуни ҳарбии Россия беш аз 500 мутахассиси тоҷик дарс меомӯзанд.

Дар самти пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давлатҳои гуногун, ба мисоли Ҷумҳурии Халқии Хитой (зиёда аз 40 нафар), Ҷумҳурии Ҳиндустон (зиёда аз 60 нафар), Британияи Кабир (ҳар сол 2 нафар), Канада (8 нафар), Ҷумҳурии Федералии Олмон (9 нафар), Франсия (35 нафар) ва Амрико (4 нафар) таҳсили ҳарбиро идома дода истодаанд. Бо ҳамкории масъулини вобастаи низомии давлатҳои Франсия, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Амрико дар Донишкадаи ҳарбӣ ва литсейҳои ҳарбии ҳудуди кишвар курсҳои махсуси омӯзиши забонҳо ташкил ёфтаанд, ки мақсади асосии онҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва низомиён мебошад.

Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нисбат ба неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро такмил медиҳад. Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди неруҳои ба амнияти ҷаҳон таҳдидкунанда ва дар маҷмӯъ қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Хушбахтона, имрӯз новобаста аз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд. Дар ин самт нақши Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа, ки бо Фармони Президенти мамлакат аз моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст, хеле калон аст.

Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи ҳайати умумии Артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ – сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ – зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Дар ин раванд, барои насли ҷавони Ватани азизамон муҳимтарин мактаби обутоб ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз, хизмати ҳарбӣ барои ҳаёти ҳар як ҷавонписар мактаби омӯзиши шуҷоату мардонагӣ буда, заминаи азхуд намудани арзишҳои муқаддастарини ҳаёт, меҳвари густаришдиҳандаи эҳтироми Ватан ва ватандорӣ, омили содиқона муҳофизат кардани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосоямон ба шумор меравад. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ ҳаматарафа ташаккул меёбад.

Афсарону сарбозони шуҷои мо пайваста дарк менамоянд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Воқеан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе манотиқи кишвари маҳбубамон баҳри фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгароёнаи хоинону душманони миллати тоҷик бо гузаронидани даҳҳо амалиёти махсус садоқат ва матонати худро ба Ватани азизамон борҳо собит кардааст.

Барои таъмини шароити хуби адои хизмати ҳарбӣ, имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон - беҳтар кардани шароити хизмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ буда, ҳамасола дар доираи ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ музди меҳнат ва маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.

Маҳз, бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони соҳибдониши ҳарбӣ мебошад.

Ҳамзамон, давоми солҳои охир бо манзили истиқоматӣ таъмин шудани оилаҳои як қатор хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сохтмони шаҳракҳои гуногун барои низомиён ва дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта шудани бунёди зиёда аз 300 биною иншоот ва инфрасохтори таъиноти гуногуни соҳаи ҳарбӣ шаҳодат аз дастгириву ғамхориҳои ҳукумати мамлакат мебошад.

Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки соҳиби Артиши миллии ҳифзкунандаи марзу буми кишвари азизамон ҳастем ва ҳаёти осоиштаи халқи маҳбубамон, маҳз аз самараи хизмати софдилонаи ҳар як ҳизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Ҷавонони имрӯза бояд ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро чун вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи ҷонию имонии худ бидонанд.

Содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ танҳо барои ноил гаштани чунин мақсадҳо бояд равона бошад:

- хизмати Ватан - Модар, ҳимояи марзу буми кишварро чун рисолати азалии ҷавонмардона доштан;

- дар қалби худ самимона ҷой намудани ҷавонмардӣ, нангу номуси миллатдорӣ, шуҷоат ва далерӣ;

- пос доштани азму талош ҷиҳати таъмини амнияти Ватани хеш аз истилогарони дохилӣ ва берунӣ;

- дар заминаи таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар хизмати ҳарбиро чун мояи шараф, рисолати мардонагӣ ва ифтихори ватандорӣ донистан.

Дар ин росто, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии шуҷоатманди кишвари соҳибистиқлоламон, ба он нафароне, ки баҳри амнияти Тоҷикистони азизамон бо ҷонфидоӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, ба он ҷавонмардоне, ки мехоҳанд, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд софдилона хизмат намоянд, аз суханҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниям:

«Шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд».

Биноан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, дар ҳифз намудани манфиатҳои халқу давлатамон, пойдории сулҳу субот, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ғолибҷон САНАВВАРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

20 February 2020

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола, санаи 23- юми феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва кулли мардуми шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳифзу ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.

Читать далее

Барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дирӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба Шумо барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо зуҳури эпидемияи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он гардидааст, изҳори минатдории самимӣ менамоям.

Читать далее

Ғамхорӣ нисбати пиронсолон

Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи сиёсии дарпешистода Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мунтазам амалҳои хайриявиро ба роҳ монда истодааст.

Аз ҷумла, санаи 14 феврали соли равон бошандагони хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷандро  номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ аёдат намуданд.

 Дар рафти аёдат барои бошандагони ин муассиса дастархони идона ташкил гардид. Ба пиронсолон  таомҳои миллӣ, ширинӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан пешниҳод шуд.

Як гурӯҳ ситораҳои санъати вилоят бо барномаи фарҳангӣ хотири аёдатшудагонро шод намуданд.  

ҲХДТ шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҷавонон - насли ояндасози кишвар

Имрӯз падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизму терроризм дар кишварҳои гуногун доман паҳн карда, ба амнияти минтақаҳои алоҳидаи олам таҳдид доранд, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Гурӯҳҳои ифротгаро, ки аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ мешаванд, як ҳадаф доранд: ин ҳам бошад, ноором кардани вазъи сиёсии кишварҳои мухталиф, таъмин намудан бо аслиҳа ва аз ин ҳисоб ба даст овардани манфиат.

Барои ҳамин мегӯянд, террорист на ватан дораду на миллату на мазҳаб. Ифротгароён дар мактабҳои махсус омода карда мешаванд ва барои онҳо муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст. Онҳо монанди лӯхтак ҳар як супориши хоҷагонашонро иҷро мекунанд. Мутаассифона, бархе хоинони миллат, роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои хориҷа паноҳ бурда, имрӯз вазъи сулҳу субот, ободиву осудагии мамлакати моро, ки худ аз ҳавои он нафас гирифтаанду обу нон хӯрда, ба воя расидаанд, дида наметавонанд ва баҳри ноором намудани вазъи сулҳу суботи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Барои амалӣ гардондани ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна восита, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.

Бинобар ҳамин, имрӯз, ки авзои ҷомеа пуртазод аст, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, огоҳона амал намоянд, то фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.

Кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст. Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро чун зуҳуроти хавфнок шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфии кишварамон саҳм мегузорем. Зеро ин ободию осоиштагӣ ва сулҳу субот ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо, ҷавонон баҳри он мекӯшем, ки давлати тозаистиқлоламон доимо пойдор бошад, ваҳдату ҳамдилӣ бобақо бошад ва бо неруи муттаҳидӣ кишварамонро обод созем.

 Имрӯз дар синфхонаҳои барҳавои донишгоҳҳои бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз таҳсил намуда, мо, насли ояндасози кишвар масъулем, ки дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоем, ба арзишҳои миллиамон арҷ гузорем, бо бунёдкориву созандагӣ сарзаминамонро обод намоем, то ки фардоиён дар кишвари пешрафтаву мутараққӣ зиндагӣ кунанд.

Зуфнуна МӮСОҶОНОВА,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Fафуров

 

 

 

Читать далее

Ниёз ба ақидаҳои бегона надорем...

Бо гузашти солҳо бисёр пӯшидаҳо кушодаву номаълум маълум ва ниқобҳо бардошта мешаванду симои аслӣ ва ҳақиқии ҳар як воқеаи таърихӣ равшану аён мегардад ва ҳар як фарди ватандӯсте, ки доимо аз ҳоли сиёсиву иҷтимоии кишвар нек огоҳ аст, метавонад ба фарқи дӯсту душман ва неку бад бирасад ва мақсаду ҳадафҳои ғаразноки иддаеро дида истода, ҳеҷ вақт хомӯширо ихтиёр намекунад ва то ҷое ҳаст, мекӯшад ҳақиқатро ба омма бирасонад ва ба роҳи рости зиндагӣ далолату даъват мекунад ва чунин амал аз ҳаққҳои мусалмон нисбати мусалмон аст, ки ҳар яки мо бояд риоя кунем ва ҳамеша бо ҳам бошем ва муттаҳид.

Алалхусус имрӯзҳо, ки ҳуҷуми иттилоотӣ баҳри ноором сохтани кишвар равона карда шудааст ва бояд ҷомеа, бахусус, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри пойдории сулҳу ваҳдат саҳм гузорем. Зиёда аз ҳазору чорсад сол аст, ки тамоми анъанаву ҷашну маросим ва маъракаҳои худро тибқи мазҳаби ҳанафӣ анҷом медиҳад ва он тамоми вуҷуди моро фаро гирифтааст ва мо ба ягон роҳу равиш ва мазҳабу равияи дигар ниёз надорем.

Акнун, саволе ба миён меояд. Чаро имрӯз базеҳо дар диёре, ки зиёда аз ҳазору чорсад сол ба мазҳабе, итоат мекунад, ки хеле мукаммал ва ҷавобгӯи тамоми масъалаҳои диниву дунёвӣ аст, ақидаҳои бегона ва ҳизбу равияҳои зидди мазҳабиро тарғибу ташвиқ мекунанд? Мақсаду ҳадаф чист? Ҳадафи чунин ашхос нопок аст. Онон бо истифода аз дини мубини ислом ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешаванд, вазъи ороми кишварро ноором кардан мехоҳанд. Мо, бояд аз ТТЭ ҲНИ ихвониҳо ва дигар равияву ақидаҳои ғайри мазҳаби ҳанафӣ дури дурӣ ҷӯём ва баракоти махсус ва тинҷию оромӣ фақат дар муттаҳидӣ аст...

Н.ҲИДОЯТОВ, 
имомхатиб

Читать далее

Иғвоангезиву ҳангомасозиҳои ТТЭ ҲНИ

Наздик панҷ сол мешавад, ки ТТЭ ҲНИ ташкилоти ғайриқонунӣ эълон карда шудааст.  Фаъолияти хоинонаи пайравони ин ҳизб на танҳо аз ҷониби мардуми кишвар, балки аз ҷониби кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда мешавад. Зеро ин ашхос бо амалҳои зишти пасипардагӣ, иғвоангезиву ҳангомасозӣ онҳо ба оромии кишвар таҳдид эҷод менамоянд. Рӯз аз рӯз тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет паҳн кардани маводҳои сохтаву бофта аз ҷониби ТТЭ ҲНИ бештар ба назар мерасад, ки ҳадаф аз он байни мардум тафриқаандозӣ мебошад.

Ҷомеа имрӯз ба хубӣ аз мақсадҳои аслии ин ҳизб огоҳӣ дорад. Зеро дар тӯли даврони фаъолияти қонуниаш ягон амали химоякунандаи манфиатҳои халқ, ягон корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби пайравони ин созмон ба назар нарасид. Имрӯз зарурат ба ташкили низоъ ва додани имконияти дигар ба ин хоинон нест. ТТЭ ҲНИ дар хотираи таърихи кишвар аз худ саҳифаҳои нангинро боқӣ мондаанд. Кирдорҳои зишту разилонаи ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ торафт афзоиш ёфта, он аз оддитарин амалҳои иғвоангез то ҳуҷуми мусаллаҳона аст.

Мо ҳадафи ягона-таъмини Ваҳдати миллиро дар дил мепарварем ва якдилу якмаром, устуворона дар роҳи он қадам мениҳем ва намегузорем, ки ТТЭ ҲНИ тафаккури сокинони кишвари азизамонро бо мафкураи тангу торики хеш заҳролуд созад.

З.КОМИЛОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Терроризмро маҳкум бояд кард

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Дар марҳалаи ҳозира яке аз ҳадафҳои асосии ифротиён барангехтани тафриқаандозӣ миёни афроди ҷомеа мебошад. Террористон ҳаргиз меҳнат намекунанд, балки дар паноҳи хоҷагони тамаъҷӯяшон ҷой гирифта, айбҷӯи месозанд.

Ба қадри истиқлолият расидан, арзишҳои муқаддаси пос доштан қарз, масъулият, шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа аст. Ба пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб сатҳи пасти зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ таълиму тарбияи нокифояи насли наврас боис мегардад. Дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврасу ҷавон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн, мактаб ва аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Мо, омӯзгорон ва роҳбарони синф пайваста дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ, дар соатҳои тарбиявӣ аз боби муҳимияти ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу маънавии халқи тоҷик сухан мегӯем. Дарси хештаншиносӣ ба муаррифии муқаддасоти миллӣ ба насли наврас мусоидат мекунад.

Ҳамаи имкониятҳо барои рушд ва пешрафти насли наврасу ҷавон муҳайёст. Танҳо моро мебояд, ки муҳаббати толибилмонро ба Ватан ва хештандорӣ афзуда, онҳро чун ворисони бо нангу ор тарбия намоем.

Мо омӯзгорон, волидайн ва ҳар фарди ҷомеа вазифадорем садди роҳи шомилшавии чавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ириҷоӣ гардем, зеро мубориза алайҳи терроризм амали дастаҷамъона аст.

 Шаҳло ЁРМАТОВА,
муовини директор оид ба
 таълимӣ МТМУ №10 шаҳри Бӯстон

 

Читать далее

МАЪРИФАТИ ҶАВОНОНРО БАЛАНД БАРДОРЕМ

Аз рӯзе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, солҳо сипарӣ гардиданд. Ин қонун дар байни ҷомеа мавриди андеша ва муҳокимарониҳои зиёд қарор гирифт. Яке мавҷудият ва амали  қонунро қабул кардаву дигаре андеша дошт, ки бе он ҳам то имрӯз тавонистем насли ояндасозро тарбия намудем.

Мардуми тоҷик то ҳол нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст. Аммо имрӯзҳо як зумра хоинони Ватан андешаи ноором кардани сулҳу суботи кишварро дошта, мардуми диёр, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Аслан фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ҷалби ҷавонони сустиродаю сода ва бо роҳи хиёнаткорӣ гумроҳ кардани онҳост. Нодида гирифтани рафтори ношоистаи ҷавонон аз ҷониби аҳли ҷомеа, гузашт ба хатоиҳои онҳо, беэътиборӣ нисбат ба рафторашон оқибатҳои боз ҳам вазнинтару ногувортарро ба бор хоҳад овард. Дар ин самт омӯзгорон бояд дар ҳамкорӣ бо падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷавонону наврасонро бештар ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, иштирок дар маҳфилҳои ҳунармандӣ ҷалб намоянд. Вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон пеш аз ҳама, тарбияи дурусти фарзандон ва аз роҳи бад баргардонидани онҳо мебошад. Наврасону ҷавонони моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз замони осоишта ва сулҳу суботи кишвар фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагардида, бо омӯхтани илму дониш машғул шаванд. Барои пешгирии зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавононро баланд бардошта, муқаддас будани Ватан-Модар, сулҳу субот ва арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонидан лозим аст. 

Сабабгори сар задани амалҳои номатлуб пеш аз ҳама, паст будани маърифат ва дониши ҷавонону наврасон мебошад.  Падару модаронро мебояд, ки ҳамеша аз ҳоли фарзандони раҳдурашон, ки дар муҳоҷирати меҳнативу таҳсил қарор доранд, бохабар бошанд, нисбат ба онҳо бепарвоию ғофилӣ накунанд.  ҳамеша ҳушдор диҳанд, ки  бо ягон равияи ифротӣ ва шахси ношинос риштаи дӯстӣ набанданд, барои маблағи ночиз ва бедардимиён худро ба доми хоҷагони хориҷӣ наафкананд, роҳи нодурусти зиндагиро интихоб накунанд.  Аз ҷиҳати дигар ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки нисбат ба тақдири ҳар шахс бетарафӣ зоҳир накарда, дастҷамъона бобати пешгирӣ аз амалҳои номатлуб кӯшиш намоем.  

Наргис ҚОДИРОВА,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Гимназияи № 24, шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

Қувваи мо дар иттиҳод аст

Терроризм ва экстремизм дар замони муосир  дар рӯйхати хатарҳои глобалӣ ҷойҳои нахустинро ишғол менамояд, онро «вабои аср» номидаанд.

Сабаби ҳамаи ин бесарусомониҳоро Мавлудахон Усмонова, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи гимназияи № 1, шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил  дар беаҳамиятӣ нисбат ба илму дониш ва ноогоҳии ҷавонон мебинад, ки сиёсати давлатӣ, ҳадафҳои асосии дини Ислом ва хоҳишҳои хешро намефаҳманд. Гурӯҳҳои террористӣ аз ин истифода бурда, ҷавононро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ба доми худ меандозанд. Муаллима гуфт, ки бо ин «вабои аср» танҳо тавассути кӯшишҳои якҷоя ва муттаҳид намудани қувваҳо мубориза бурдан мумкин аст, зеро таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ кас дар ягонагӣ ба ягон  мақсад ноил нагаштааст. Аз ин хотир, дар гимназияи мо  маҳфили «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм» амал мекунад. Мақсад аз ташкили маҳфил огоҳ намудани ҷавонон, баррасии  паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, дарки  ҳуқуқҳои шахсӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ва шукрона аз даврони соҳибистиқлол мебошад.

- Ба ин хатар, ки ба амнияту осоиштагии ҷомеа таҳдид мекунад,  бояд хотима гузошта шавад,- гуфт Хусрав Валиев, хонандаи синфи 10-и мазкур.

Ӯ таъкид менамояд, ки сабабҳои шомилшавии чавонон ба ҳизбу харакатҳои гуногун аз бисёр ҷиҳат ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодабарии телефонҳои мобилӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, вазифаи волидон назорати фарзандон дар истифодабарии интернет мебошад.

Сабаби дигарро ӯ дар норасоии меҳру муҳаббат ва эътибор, кофӣ набудани аҳамияти падару модарон мебинад. Дар натиҷа, кӯдак ин аз дигарон бо ҳама роҳҳо гирифтан мехоҳад, ки ин оқибати хуб надорад. Аз ин рӯ, меҳр, муҳаббат ва назорат сабаби беҳтар гардидани зиндагии инсон шуда метавонанд.

Оё шумо фикр мекунед, ки мубориза бар зидди ин муаммо, падидаи номатлуби ҷомеа танҳо вазифаи Ҳукумати мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ин ки омӯзгорон ва волидон аст?

Албатта, не. Тарбияи  насли наврас ин вазифаи ҳар як шаҳрванд ва умуман, ҷомеаи муосир  мебошад.

Пас, муттаҳидсозии қувваҳо баҳри пешгирии паҳншавии ин хатар, ки таҳдид ба  зиндагии осоишта ва фазои сулҳу ваҳдат гардидааст, зарур аст.  

Суман РАҲМАТУЛЛОЕВА,
муҳассили синфи 10, Гимназияи №1
ба номи Раҳим Ҷалил

Читать далее