February 2020

14 February 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

14 феврал дар толори Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло — муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат кадрҳои ҷавон таъин гардиданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд.

Читать далее

Ҷашни Рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Санаи 14-уми феврал ба муносибати Рӯзи байналмилалии тақдими китоб дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабӣ таҳти унвони “Дӯстдорони китоб” баргузор гардид.

Ин ҳамоиш ҷиҳати  баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва тарғибу ташкиқи  муҳаббат ба китобхонӣ роҳандозӣ шуда, хубу хотирмон ҷарён гирифт.

Дар оғози маҳфил Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ перомуни нақши мутолиа дар рушди ҷомеа сухан намуда, ҳозиринро бо рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб таҳният гуфт.

Ҳамзамон дар бораи  аҳамияти мутолиа навори тарғиботӣ ба намоиш гузошта шуда, миёни иштирочиёни маҳфил суолу ҷавоб сурат гирифт.

Озмуни беҳтарин эссе, ки дар мавзӯи “Ман китобро дӯст медорам” эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва китобҳои тозанашр қадр шуданд.

Ҳамзамон, садорати факултетҳои донишгоҳ баҳри ҳамкории зич ва ташрифи пайвастаи устодону донишҷӯён ба китобхонаи марказии донишгоҳ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи мазкур ҷойҳо аввал, дуввум ва савум ба факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик ва факултети физика ва техника дода шуд.

Ҳамчунин, директори китобхона ҷиҳати тарғиби китобу китобдорӣ ва ҳамкориҳои судманд дар самти беҳбуд бахшидан ба маънавиёти мардум ба як қатор намояндагони воситаҳои ахбори омма сипоснома ва китобҳои арзишманд тақдим намуд.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Забон – ҳастии миллат

Ҷаласаи ҳайати нави Комиссияи вилоятии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 11 феврали соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҳайати нави Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гашт, ки дар он олимону адибон ва роҳбарони ташкилоту муасисаҳои вилоятӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласаро муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи вилоятии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Баҳоваддин Баҳодурзода ифтитоҳ намуда, дар бораи нақш ва мақоми забони давлатӣ, ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бобати вазифаи навбатии аъзоёни комиссияи вилоятӣ дар соли 2020 ҳарф зад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода аъзоёни комиссияи вилоятиро бо нақшаи чорабиниҳо дар соли равон шинос намуд. Тибқи нақша аъзоёни комиссия ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар шаҳру навоҳии вилоят, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар шуъбаю бахшҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корхонаҳои муштарак ва муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор хоҳанд дошт.

Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон М. Шарифзода,   профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдусаттор Абдуқодиров, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Карим Шариф ва дигарон баҳри фаъолияти пурсамари комиссияи вилоятӣ таклифу пешниҳоди судманд баён доштанд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МУТОБИҚАТИ СИФАТ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Давоми соли 2019 кормандони Марказ ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум 3132 санҷиши корӣ гузарониданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов.

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки дар ин давр 3359 ҳолати камбудиву қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки бо қарорҳои Марказ 1659 парвандаи маъмурӣ оғоз карда, нисбат ба қонунвайронкунандагон қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ бароварда, ба маблағи 302850 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1700 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ва марказҳои ташхиси минтақавӣ ворид шуд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдори таъмини ҷазои маъмурӣ бароварда, ба маблағи 274175 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳо 577025 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 – ум 148625 сомонӣ зиёд аст.

 Сардори Марказ ҳамчунин изҳор намуд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнок, маҳсулотҳое, ки муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификат аз ҷониби мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар соли 2019 ба миқдори 126317 килограмм маводҳои гуногуни хӯрока, маҳсулотҳои гӯштӣ, қаннодӣ ва сохтмонӣ, ба миқдори 287960 литр равғани растанӣ, машруботи спиртӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи умумии 5523875 сомонӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2018 - ум 4530874 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар давоми соли 2019 аз ҷониби мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани корҳои сертификатсиякунонӣ ба миқдори 18 000 килограмм, ба маблағи 360000 сомонӣ чойи сиёҳи ғайристандартӣ (истеҳсоли Ҳиндустон), ба миқдори 60 тонна равғани пахта ба 407261 сомонӣ ва ба 67 тонна бензини навъи АИ 89 ба маблағи 325002 сомонӣ (истеҳсоли Ӯзбекистон) барои ба талаботи стандарт ва регламенти техникӣ мутобиқ набудан ғайристандартӣ дониста, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва тибқи низоми гумрукии «Руэкспорт» аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда шуд.

Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шуъбаҳои Марказ фикру андешаҳо иброз гардид. Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ВА АФЗАЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ

– Воридоти буҷети вилоят аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар соли 2019 – ум беш аз 250 миллион сомонӣ ё 128 фоизи нақшаро ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 55,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба воридоти амалии соли 2018 – ум 66,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, – иброз дошт дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати молия дар вилоят Анвар Мирзозода.

Хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2019, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, ҳамагӣ дар ин давр, тибқи ҳисоботи пешакӣ, ба иқтисодиёти вилоят 1889,2 миллион сомонӣ равона гардид ва ин 96,6 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Ҳамчунин, Анвар Мирзозода қайд намуд, ки дар маблағгузориҳои буҷети маҳаллӣ дар даври ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмӯъ ба соҳоти зикршуда дар соли 2019 – ум 1483,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки ба 78,5 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ баробар аст. Давоми моҳҳои январ – декабри соли 2019 дар натиҷаи санҷишҳо, ки кормандони шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия ва мутахассисони аудити дохилии Раёсати молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 474 ташкилоту муассиса гузарониданд, ба маблағи умумии 6331,6 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

Аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1707, 5 ҳазор сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2873,3 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 22,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 675,8 ҳазор сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ мебошанд.

Шарифҷон Аҳмадов – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар бобати фаъолияти Раёсат маълумот дода, афзуд, ки дар даври ҳисоботӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 379001,2 ҳазор доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.

Дар миқёси вилоят ба иҷора супурдани амволи давлатӣ аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунҳои марбутаи соҳа ба роҳ монда шудааст. Дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 982 шартномаи иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 3683841,29 сомонӣ маблағ ворид гардид.

– Санаи 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд намояндагии МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти расмӣ оғоз намуд, – иттилоъ дод сардори Раёсати мазкур Ш.Аҳмадов.

Ҳамчунин, дар кори нишаст сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок намуда, ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

13 February 2020

Захираи маҳсулоти кишоварзӣ кофист?

Агар захираи як - дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар хона як роҳи таъминот бошад, дар ҳаҷми калон захира намудани маҳсулот дар анборҳо, яхдон, сардхонаҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон ва аввали баҳор то истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии нав нақши асосӣ дорад.

Дар вилояти Суғд барои захираи маҳсулот беш аз 30 адад яхдон, сардхона, беш аз 100 анбори калон ва ба миқдори зиёд анборҳои хоҷагиҳои деҳқонию шахсони алоҳида истифода мешаванд. Ғалла, картошка, якчанд номгӯи сабзавот, меваю ангур дар ин анборҳо ва сардхонаҳо захира карда, марҳала ба марҳала, аз охири тирамоҳ сар карда, дар зимистон ба бозори истеъмолӣ бароварда мешаванд. Ин омили асосии дар давраи зимистон дастрасӣ доштан ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, ин захираҳо имкон медиҳанд, ки то фасли баҳор ва марҳалаи минбаъда низ бозор бо маҳсулоти зарурӣ таъмин шавад. Дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои нигоҳдории картошка анборҳои заминӣ ё чағора истифода мешаванд. Дар ин гуна анборҳо таркибу сифати табиӣ ва намуди картошка хуб нигоҳ дошта мешавад.

Бино ба гуфти муовини сардори идораи кишоварзии ноҳияи Деваштич Абдумалик Ҳодиев дар ноҳия зиёда аз 120 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Захираи он бошад, то имрӯз 55 ҳазор тоннаро дарбар мегирад, ки аз ин наздики 5 ҳазор тоннааш картошкаи тухмӣ мебошад.

Дар ноҳияи Шаҳристон барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд. Бунёди ингуна сардхона бо риояи талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара сардхонаи нав сохта, қисми бештари маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст. Мусоидати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад.

Бино ба гуфти Иброҳим Мутуллозода, сардори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят бо маблағгузории мутамаркази Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сардхонаҳо зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст.

- Мо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ менамоем ва ин ба мо имкон медиҳад, то маҳсулотҳои кишоварзиро арзон ва инчунин бо сифат захира намуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ мусоидат кунем, - гуфт И.Мутуллозода.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сохта шудани сардхонаи замонавӣ имкон дод, ки қисми ҳосили боғоти муассиса захира шавад.

Директори ин муассиса Толиб Ҳасанов дар суҳбат гуфт, ки сардхонаро дар се марҳала истифода мебарем. Алҳол барои давраи зимистон нигоҳдории меваю сабзавотро барои хуб нигоҳ доштан ва бо меваҳои тару тоза таъмин намудани бозори дохилӣ истифода бурда истодаем. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи зимистон бозорро таъмин намуда, даромади хуб гирем.

Бино ба гуфти номбурда, ба миқдори 110 тонна себ, анор, ангур ва сабзӣ захира ва ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, боқимонда 15 тоннаи ингуна маҳсулот дар сардхона нигоҳдорӣ мешавад.

Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки имрӯз захира кофист. Сифати маҳсулот низ хуб нигоҳ дошта шудааст. Онҳо метавонанд, то моҳҳои апрел хусусиятҳои худро нигоҳ доранд.

Дар вилоят ҳоло як қатор иқдомҳои соҳибкорон ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди сардхонаҳои замонавӣ амалӣ мешаванд, ки барои нигоҳдории ҳаҷми калони маҳсулот ва содироти меваю сабзавот пешбинӣ шудаанд.

Хулоса метавон гуфт, ки чунин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, дар мавсими сармо кормандону мутахассисони ин соҳа баҳри хизматрасонии хуб ва бо сифати баланду нархҳои нисбатан арзонтар пешкаш намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум минбаъд низ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БО ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ВА ВИҶДОНИ СОФ

Ба баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзҳои башумор мондаанд. Ҳамагон ба ин маъракаи сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида, шахсони дахлдор ва масъулин корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Бо мақсади огоҳ шудан аз рафти омодагиҳо ва ҷараёни корҳои иҷрошуда аз участкаи интихоботии № 43 - юми ноҳияи Бобоҷон Fафуров дидан намудем.

Саҳни участка тозаву озода, шиору овезаҳо бо матнҳои пурмазмун ва таблиғотиву ташвиқотӣ тавассути деворнигораҳо насб шудааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайёст.

Ҳуҷҷатҳои марбут ба интихобот: протокол ва қарорҳои комиссияи участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тақвимӣ, рӯйхати аъзои участка, ҷадвали навбатдорӣ дар участкаи интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, маълумотнома ва гузоришҳои комиссияи участкаи интихоботӣ ва ҳудуди участка дар ҷувздонҳои алоҳида ҷойгиранд. Ҳамчунин, дафтарҳои қайди навбатдорон, арзу шикоятҳо, бақайдгирии ташрифи мушоҳидони байналмилал ва миллӣ, намояндагони васоити ахбори умум, фикру мулоҳизаҳо, бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ ва дафтарҳои воридотию содиротӣ ба таври таблитса мавҷуд буда, аз омода будани участка ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарак медиҳанд.

Раиси участкаи интихоботии № 43 Қурол Муллоқулов чунин иброз дошт: - Ҳанӯз аз оғози моҳи январи соли 2020 тайёрӣ ба маъракаи интихобот шурӯъ гардида, қарори комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси комиссия ба тасвиб расид. Бояд қайд намуд, ки комиссияро дар муносибатҳо бо комиссияҳои болоии интихобот, дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандон намояндагӣ менамоянд. Кори комиссия, тибқи талаботи банди 22 - юми «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, комиссияро лозим аст, ки воситаҳои молиявии барои комиссия ҷудошударо аз рӯи таъинот ва мақсаднок истифода барад ва ҳисоботи молиявиро сари вақт ба комиссияи ҳавзавии интихобот супорад. Ҳамчунин комиссия салоҳият дорад, ки вазифаҳоро байни муовини раис, котиб ва аъзои комиссия тақсим намояд.

Алҳол дар участкаи интихоботии №43- юм барои сари вақт тартиб додани рӯйхати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ ва бо тартиби муқарраргардида шиносонидани интихобкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, назорати он ба уҳдаи раиси участка вогузор гаштааст. Ваколатҳои дигари вобаста ба интихобот, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастурамал амалӣ гашта, дар навбати худ котиби комиссия тамоми ҳуҷҷатҳои коргузориро ба роҳ мондааст. Аъзои участкае, ки ба комиссияи участкавии интихоботӣ шомиланд, вазифадор шудаанд, ки ҳангоми иҷрои ваколатҳо бояд бетараф ва холис бошанд. Ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд, фикрҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар ҷаласа хаттӣ баён намоянд.

- Дар участкаи интихоботии № 43 - юм дар маҷмӯъ 1965 нафар интихобкунанда иштирок менамоянд, ки аз онҳо 10 нафарашон бори аввал дар маъракаи интихоботӣ ширкат меварзанд. Барои онҳое, ки бемори барҷомонда ҳастанду имкони ба участкаи интихоботӣ омадан надоранд, қуттиҳои сайёр ташкил хоҳад шуд. Бояд зикр дошт, ки дар участка тамоми шароит барои нафароне, ки кӯдакони маъюбу бемор ва ширхора доранд, муҳайё буда, дар ҳуҷраҳои алоҳида шахсони масъул ба нигоҳубини кӯдакон машғул хоҳанд шуд.

Бовар дорем, ки интихоботи навбатӣ шаффоф сурат гирифта, сокинон нисбат ба интихобшавандагон эътибори махсус зоҳир менамоянд ва ҳамчунин ҳар шахси вазифадор ва интихобшуда бо дасту дили гарм, виҷдони соф ва дарки масъулият барои ободии маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳрак, ноҳия ва кишвари биҳиштосои худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, - зикр дошт раиси участка.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Мафкураи ҷавононро аз падидаҳои номатлуб ҳифз намоем!

Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст. 

Мутаассифона, ҳодисаҳои нангини солҳои сипаригашта дар кишвар содиргашта, ҳодисаи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар соли 2019 ҳамчун амалҳои хиёнаткоронаи афроди хатарнок ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Чун ин фаъолият мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амалҳои террористӣ ва экстримистӣ ба ҳисоб рафта, ба дараҷаи ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудаанд. 

Дар ин замина, на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ин амалҳои тарҳрези – шуда, маҳсуб меёбанд. Боиси таассуф аст, ки дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкили ин амалҳои нангин заминагузор мебошанд. Шароитҳо барои чунин кирдорҳои нангин аз тарафи қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯй ташкил карда мешаванд. 

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. 

Дар замони мавҷудияти мавҷгириҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан хеле мушкил аст. Ҳамчунин торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияҳои иттилоотиро дар ин раванд набояд аз мадди назар дурр созем. Ҳамин аст, ки интернет дар замони мо, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар фазои иттилоотӣ ва афкори умум, бахусус ҷавонон доранд. Аз ҷумла аксаран аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. 

Густариш додани амалҳои терористию экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи олам ҳамагонро ҳушдор месозад, ки дар ин масъала бетарафию канора ҷӯӣ накарда, мавқеи инсонгароёнаи худро муайян созем.

Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба амалҳои бешарафона даст мезананд. 

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. 

Ҷавонони раҳгумзадав бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода намуда истодаанд.

Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад. Ҳамагон бояд огоҳ бошем, ки идеологияи онҳо терористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини ислом аст. 

Имрӯз ин масъала ба мушкили доғи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аҳли ҷомеа, бахусус мо, устодонро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то паҳншавии ин тамоюли номатлуб пешгирӣ гардад.

М.Шарифова,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Амалии муғризонаи нотиқи беамал…

Тибқи расонаи хадамоти хабарии назди Прократураи ҷумҳурӣ сокини деҳаи Ниёгони шаҳри Ваҳдат Д.Шарипов дар чопхонаи номаълум матолиби хусусияти террористию ифротгароидоштаро интишор менамудааст. Чунонки аз баъзе маълумотҳо бармеояд, гӯё  ин матолиб «изҳори назари ӯ» будааст, вале он хатои маҳз аст. Зеро барои ба нашр расонидани ин ё он матлаб мебоист аз ягон нашрияи давлатию хусусӣ бояд иҷозат ва қарорашро мегирифт. Дигар ин ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бе иҷозати нашриёто интишори китоб қатъиян манъ буда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Маълум аст, ки тарғибу ташвиқи ғояи терроризму ифротгароӣ дошта худ ҷиноят аст. Бар замми ин ба нашр расонидани чунин матлабу маълумотҳо амали ҷиноятии ӯро афзун мекунад.

Д.Шарипов зодаи деҳаи Ниёгон аст, амалеро иҷро намудааст, ки хилофи номи деҳааш аст. Зеро ниёгону аҷдодони тоҷикон бо пок нигоҳ доштани аъмоли дини ислом ба чунин амалҳо ва мартабаҳое расидаанд. Аз қабили Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки яке аз поягузорони назария ва амалияи дини ислом мебошад, ки бо мазҳаби худ ном ва мартабаи дини мубини исломро баланд бардоштааст. Дигар аз шахсони бонуфуз дар таҳлили ҳадисҳои пайғамбар ва сураҳои Қуръон Имом Бухорӣ мебошад, ки бо ин амал мақому манзалати бориз дорад ва аз шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷики асри IҶ мебошад.

Бо амали хеш Д.Шарипов мехоҳад, ки шахсони ноогоҳро гумроҳ созад ва ба роҳи ифротгароӣ моил созад. Аслан ба ин гуфтаҳо ва амалҳои муғризона шахсоне моиланд, ки аз таърих, мазҳаб, оини таҳаммулгароёнаи дини мубини ислом огоҳ нестанд.

Ба аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон гуфтанием, ки чунин ашхоси тасодуфӣ эътимоду боварӣ накунанд. Зеро ин гуна матлабҳои ношоиста мардумро ба гумроҳӣ бурда, минбаъд ба ифротгароиву тундгароӣ ворид мекунад.

Саъдиқул МАҲКАМОВ,
сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи
халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее