02 March 2020

Раҷаббой Аҳмадзода занони собиқадорро бахшида ба​ Рӯзи Модар табрик намуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз занони фаъолу собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, онҳоро ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар табрик кард.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба манзили истиқоматии сокинони ноҳияи Ашт – Мунаввара Зокирҷонова ва Саодат Каримова ташриф овард. Бояд гуфт, ки Мунаввара Зокирҷонова ва Саодат Каримова даҳсолаҳо дар соҳаи маориф фаъолият бурда, дар тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Читать далее

ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд

Дар Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 март Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР)  натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилон ба парламенти мамлакатро, ки дирӯз, 1 март, баргузор гардид, эълон намуд.

Тавре Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг бо иштироки намояндагони аҳзоб, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 16,50%-и овозҳо ва 4 ҷойро дар парламент,  Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% ва 1 ҷой, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% ва 4 ҷой, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,10% ва 1 ҷой, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11%, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 50,40% -и овозҳои интихобкунандагон ва 12 ҷойро дар палатаи поёнии парламенти мамлакат  соҳиб шуданд.

Бахтиёр Худоёрзода ҳамчунин номи 41 нафар вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшударо эълон намуд.

Дар интихобот 86,4 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи овоз додан ҳастанд, иштирок намуданд.

(Хабари мазкур бо маълумоти бештар такмил дода мешавад).

 

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ян Тзечи мулоқот намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари комиссияи Ҳизби Коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ Ян Тзечиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегии ҳамаҷониба ва ҳамсояи наздик буда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ҳамеша ҳавасманд мебошанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуданд

Субҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Таъкид бояд кард, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамагӣ 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Читать далее

Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода 4 нафар бонувони фаъолу хизматнишондодаро бо Рӯзи аввали баҳор ва Рӯзи модар таҳният гуфт

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар рӯзи нахустини фасли баҳор ва дар остонаи Рӯзи Модар, ки бо ҳам тавъам аст, як гуруҳ занҳои собиқадор ва хизматнишондодаи шаҳри Хуҷандро айёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои идона тақдим доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо ёдатшудагон Фотима Самадова, муаллимаи хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ, Бималика Холматова, табиби халқии ИҶШС, Ҳамроҳ Тоҳирова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх», Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва Мукаррам Бузрукова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аз ҷумла таъкид намуд, ки аввалин омўзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомўзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ў тарбия мекунад. Бузургии зан - модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи рӯзи 1 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи вилоят ба участкаи интихоботии “Хуҷанд”, №27 ташриф оварда, дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзид.

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо субҳи имрӯз оғоз ёфт. Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ 13 ҳавзаи якмандатӣ, 70 ҳавзаи вилоятӣ ва 1045 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, барои ҳар як участка рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шудааст. Аз 2 689 157 сокинони вилоят 1 555 174 нафар ҳамчун интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд.

Читать далее

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои навтаъингардидаи Ҳукумат ва раисони кумитаву идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Читать далее