03 March 2020

Он чи мардум умед дошт                              (Интихоботи шаффоф)

Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон чунин як интихоботро мушоҳида кардам.


 Интихоботе, ки комилан дар фазои орому осуда ва бе ягон мушкилӣ, сару садоҳои зиёдатӣ ва иштироки шахсони шубҳанок ва моҷароҷӯ доир гардид. Рӯзи якшанбе, якуми март, рӯзи аввали баҳор мардуми кишвар фаъол буданд. Новобаста аз он, ки рӯзи истироҳатӣ буд ва ҳар нафар дар пайи корҳои шахсӣ худ буданд, аммо дар байни аҳолӣ сухан пеш аз ҳама дар бораи интихобот мерафт. Онҳо аз як дигар аз иштирок доштан ва ё надоштанашон, ба кӣ овоз доданашон мепурсиданд, ҳамчунин якдигарро бо Иди баҳор ва ояндаи нек табрику таҳсин мегуфтанд.

Дар ҳақиқат ин чорабинӣ ба ид ҳам монанд буд. Аз субҳи содиқ садои тарона дар ҳавзаҳои интихоботӣ садо медоданд ва сокикони гирду атроф ҳам бо рӯҳи болида, барои иштирок дар ин маъракаи тақдирсоз ба ҷониби нуқтаҳои интихоботӣ меомаданд, то ин ки ба номзадҳои арзандаи худ овоз дода, ба ояндаи худ саҳм гузоранд. Бояд қайд намуд, ки барои баргузории ин чорабинӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардида буданд ва ҳамаи талаботи қонунҳои амалкунанда ва санаду меъёрҳои танзимкунандаи раванди интихобот риоя мегардиданд. Нозирони дохиливу хориҷӣ низ ба участакаҳои интихоботӣ рафту омад доштанд. Участкаҳои интихоботӣ серодам буданд. Албатта ин баёнгари он аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ рушд ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, ки худро мухолифини тоҷик ном мебаранд, бо ҳар роҳу восита мехостанд ба раванди интихоботӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни мардум овозаҳои бардурӯғ ва иғвоангезеро паҳн намуда мардумро бовар мекунониданд, ки дар Тоҷикистон интихобот як чорабинии нодаркор мебошад, ки он ғайри демократӣ ва ношаффоф баргузор мегардад. Ҳатто чунин сару садоҳоро онҳо то ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ расонидаанд. Чунин таблиғоти ноадолатонаи гурӯҳҳои мухталиф сабабҳои худро дорад. Барои мисол ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористии наҳзати исломӣ, то соли 2015 дар тамоми интихоботҳо иштирок ва номзадҳои худро пешниҳод мекард. Аммо онҳо дар ягон маъракаи интихоботӣ тарафдорони воқеии худро пайдо накарданд. Бинобар ҳамин онҳо ба ҷӯз иғвоангезӣ ва моҷароҷӯйи дигар коре карда наметавонистанд. То ҳанӯз ин амали муғризонаи онҳо идома дорад.

Яке аз сабабҳое, ки интихоботи рӯзи гузашта, яъне 1-уми март дар фазои орому осуда доир гардид дар он аст, ки он бе иштироки наҳзатиҳои ифротӣ доир гардид. Гурӯҳҳои моҷароҷӯӣ наҳзатӣ натавонистанд дар ин чорабинӣ иштирок ва ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд. Аз ҷониби дигар интихобот майдони васеъ барои барномаҳо ва амалисозии он барои ҳизбҳои сиёси кишвар буд. Дар ин интихобот ҳизбҳои сиёсӣ дар доираҳои қонунҳои амалкунандаи кишварамон иштироки фаъол доштанд.  

Аммо набояд фаромӯш сохт, ки душман то ҳанӯз аз мақсадҳои худ даст накашидааст. Гурӯҳҳои бадхоҳ ва ифротии кишварамон тамоми воситаҳоро мавриди истифода қарор додаанд. Боиси таассуфаст, ки баъзе аз хабарнигорони рӯзнома ва сомонаҳои расмии кишвар, ки барои онҳо манфиатҳои шахсӣ аз манфиатҳои миллӣ боло меистад, пойбанди чунин гурӯҳҳо гардидаанд. Онҳо бо нашри  гузоришу матолиби иғвоангезашон, пуштибонӣ аз душманони миллати тоҷикро мекунад. Бешубҳа онҳо дар ин шабу рӯз дар пайи онанд, ки чигуна матолиби туҳматомез дар бораи интихобот омода ва онро паҳн намоянд. Ин амалу кирдори онҳо бори аввал нест. Аммо тамоми кӯшишҳои онҳо бе натиҷа анҷом меёбанд. Зеро онҳо дар байни мардум тарафдорони аслии худро пайдо накардаанд.   

 

Афзалов Ардашер, ассистенти кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

 

 

 

Читать далее

Он чи мардум умед дошт                              (Интихоботи шаффоф)

Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон чунин як интихоботро мушоҳида кардам.


 Интихоботе, ки комилан дар фазои орому осуда ва бе ягон мушкилӣ, сару садоҳои зиёдатӣ ва иштироки шахсони шубҳанок ва моҷароҷӯ доир гардид. Рӯзи якшанбе, якуми март, рӯзи аввали баҳор мардуми кишвар фаъол буданд. Новобаста аз он, ки рӯзи истироҳатӣ буд ва ҳар нафар дар пайи корҳои шахсӣ худ буданд, аммо дар байни аҳолӣ сухан пеш аз ҳама дар бораи интихобот мерафт. Онҳо аз як дигар аз иштирок доштан ва ё надоштанашон, ба кӣ овоз доданашон мепурсиданд, ҳамчунин якдигарро бо Иди баҳор ва ояндаи нек табрику таҳсин мегуфтанд.

Дар ҳақиқат ин чорабинӣ ба ид ҳам монанд буд. Аз субҳи содиқ садои тарона дар ҳавзаҳои интихоботӣ садо медоданд ва сокикони гирду атроф ҳам бо рӯҳи болида, барои иштирок дар ин маъракаи тақдирсоз ба ҷониби нуқтаҳои интихоботӣ меомаданд, то ин ки ба номзадҳои арзандаи худ овоз дода, ба ояндаи худ саҳм гузоранд. Бояд қайд намуд, ки барои баргузории ин чорабинӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардида буданд ва ҳамаи талаботи қонунҳои амалкунанда ва санаду меъёрҳои танзимкунандаи раванди интихобот риоя мегардиданд. Нозирони дохиливу хориҷӣ низ ба участакаҳои интихоботӣ рафту омад доштанд. Участкаҳои интихоботӣ серодам буданд. Албатта ин баёнгари он аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ рушд ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, ки худро мухолифини тоҷик ном мебаранд, бо ҳар роҳу восита мехостанд ба раванди интихоботӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни мардум овозаҳои бардурӯғ ва иғвоангезеро паҳн намуда мардумро бовар мекунониданд, ки дар Тоҷикистон интихобот як чорабинии нодаркор мебошад, ки он ғайри демократӣ ва ношаффоф баргузор мегардад. Ҳатто чунин сару садоҳоро онҳо то ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ расонидаанд. Чунин таблиғоти ноадолатонаи гурӯҳҳои мухталиф сабабҳои худро дорад. Барои мисол ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористии наҳзати исломӣ, то соли 2015 дар тамоми интихоботҳо иштирок ва номзадҳои худро пешниҳод мекард. Аммо онҳо дар ягон маъракаи интихоботӣ тарафдорони воқеии худро пайдо накарданд. Бинобар ҳамин онҳо ба ҷӯз иғвоангезӣ ва моҷароҷӯйи дигар коре карда наметавонистанд. То ҳанӯз ин амали муғризонаи онҳо идома дорад.

Яке аз сабабҳое, ки интихоботи рӯзи гузашта, яъне 1-уми март дар фазои орому осуда доир гардид дар он аст, ки он бе иштироки наҳзатиҳои ифротӣ доир гардид. Гурӯҳҳои моҷароҷӯӣ наҳзатӣ натавонистанд дар ин чорабинӣ иштирок ва ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд. Аз ҷониби дигар интихобот майдони васеъ барои барномаҳо ва амалисозии он барои ҳизбҳои сиёси кишвар буд. Дар ин интихобот ҳизбҳои сиёсӣ дар доираҳои қонунҳои амалкунандаи кишварамон иштироки фаъол доштанд.  

Аммо набояд фаромӯш сохт, ки душман то ҳанӯз аз мақсадҳои худ даст накашидааст. Гурӯҳҳои бадхоҳ ва ифротии кишварамон тамоми воситаҳоро мавриди истифода қарор додаанд. Боиси таассуфаст, ки баъзе аз хабарнигорони рӯзнома ва сомонаҳои расмии кишвар, ки барои онҳо манфиатҳои шахсӣ аз манфиатҳои миллӣ боло меистад, пойбанди чунин гурӯҳҳо гардидаанд. Онҳо бо нашри  гузоришу матолиби иғвоангезашон, пуштибонӣ аз душманони миллати тоҷикро мекунад. Бешубҳа онҳо дар ин шабу рӯз дар пайи онанд, ки чигуна матолиби туҳматомез дар бораи интихобот омода ва онро паҳн намоянд. Ин амалу кирдори онҳо бори аввал нест. Аммо тамоми кӯшишҳои онҳо бе натиҷа анҷом меёбанд. Зеро онҳо дар байни мардум тарафдорони аслии худро пайдо накардаанд.   

 

Афзалов Ардашер, ассистенти кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

 

 

 

Читать далее

Таджикистан улучшил позиции в рейтинге безопасных стран

Таджикистан поднялся в рейтинге Глобального индекса миролюбия, но все равно не лидирует среди стран Центральной Азии


 

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Таджикистан поднялся на 12 позиций в рейтинге Глобального индекса миролюбия, составленном Институтом экономики и мира.

Из стран Центральной Азии Казахстан занял 64-е место, Кыргызстан - 95-е, Узбекистан - 102-е, а Туркменистан - 115-е место.

На последнем месте в рейтинге - предсказуемо Афганистан, на первом - Исландия. Кстати, стоит отметить, что Таджикистан по показателям обогнал Россию.

Душанбе не попал в рейтинг самых мужественных городов СНГ

Основной критерий статистики - внутренние и внешние факторы, влияющие на безопасность в стране.

К внутренним относился уровень преступности, насилия и смертности в стране, а также политическая обстановка. Во внешних - учитывались отношения с соседними станами, расходы на милитаризацию и количество террористических актов.

Таджикистан поднялся в рейтинге военной силы

Результаты показывают, что средний уровень глобального миролюбия немного улучшился в 2019 году. Средний балл увеличился на 0,09 процента, улучшение позиций наблюдается в 86 странах.

 



Читать далее: https://tj.sputniknews.ru/society/20200302/1030808198/Tajikistan-reyting-bezopasnosty.html

Читать далее

«ВТ СИЛК»: ДАСТГИРИИ САРИВАҚТӢ, СИФАТИ МАҲСУЛОТ ВА ИМКОНОТИ ИҶРОИ ШАРТНОМА

Соли 2019 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид ва тадбирҳо дар ин самт вусъатбор амалӣ гардида истодаанд. Биноан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда шурӯъ гардиданд. Ба кор оғоз намудани корхонаҳо, аз як ҷиҳат, барои баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар, бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард. Бале, соҳиби ҷои кор шудани мардум қадаме барои некӯаҳволии ҷомеа низ мегардад. Солҳои охир дар вилояти Суғд чандин корхонаҳои бузурги саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Чандин коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда аз сари нав ба кор шурӯъ карданд, эҳё гардиданд, ки ин ҳама боиси фараҳмандист.

Яке аз корхонаҳои азиме, ки соли 1999 дар базаи Иттиҳодияи муштараки «Абрешим» фаъолияти худро оғоз намуд, корхонаи муштараки «ВТ Силк» аст, ки ҳамҷоя бо мамлакати Ветнам фаъолият менамояд. Самти асосии корхонаи мазкур ба парвариши кирмак, яъне дастгирии кирмакпарварон, коркарди чандкаратаи пилла, фурӯши нахи он нигаронида шудааст. Солҳои аввали таъсисёбиаш дар корхонаи мазкур 1200 нафар кормандон фаъолият менамуданд ва иқтидори яксолаи истеҳсолии он 100 тонна шоҳӣ, аз ҷумла нахи маҳини бирешим буд. Буҳрони иқтисодӣ ба ин корхонаи азим ҳам таъсири худро расонду чандин солҳо он аз фаъолият бозмонд.

 Соли 2018 бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода корхона тавонист, аз ҷануби кишвар маҳсулот харидорӣ намуда, ба фаъолият оғоз бахшад. Чунонки муовини директори корхонаи «ВТ СИЛК» Матлуба Бобоева изҳор намуд, он вақт 12, 8 тонна пиллаи хушк харидорӣ, дастрас карда, маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳамон солҳо ба маъмурияти коргоҳ аз ҳудуди вилоят дарёфт намудани маҳсулот муяссар намешуд. Дастгирии роҳбарияти вилоят буд, корхона имконият ёфт, ки пиллаи воридшударо бо коркарди хуб, дар тӯли 2 моҳ фаъолият кунад.

Соли 2019 барои аҳли корхона соли бобарор омад. Тибқи шартнома тавонистанд тамоми маҳсулоти омоданамудаи кирмакпарварони вилоятро харидорӣ карда, коркард намоянд. Яъне ҷамулҷамъ 261 тонна пиллаи тар, 99 тонна пиллаи хушк, 4 тонна чуноне, ки мегӯянд, пиллаи сақат (брак) коркард гардид.

 «ВТ СИЛК» моҳи март ба коргоҳ тухми кирмакро ворид карда ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи шартнома дастрас намуд.

Фаъолияти корхона хеле хуб ҷараён гирифт. Саноатчиён тавонистанд, дар ҳаҷми 4048 ҳазор доллар ва ё 4 миллион сомонӣ ба хориҷи мамлакат маҳсулот содир намоянд. Ҳоло дар анбори корхона боз ба маблағи 6 миллиону 114 ҳазор сомонӣ маҳсулот нигоҳ дошта мешавад.

Ба суоли он, ки соли гузашта вазъи қабули пилла тибқи шартнома чӣ тарз ба роҳ монда шуд. Оё коргоҳ метавонад, мисли соли гузашта аз пиллаи шаҳру навоҳии вилоят харидорӣ намояд?

Посух чунин буд:

- Бале, - изҳор намуд муовини директори генералии корхона Матлуба Бобоева. - Мо имсол ҳам кӯшиш мекунем, аз пиллаи истеҳсоли маҳаллӣ маҳсулоти худро боз ҳам зиёдтар истеҳсол намоем ва ба вилоят тибқи шартнома бештару сифатнок ва ба талабот мувофиқ ворид созем.

 Барои соли 2020 бо ҶСК «Тоҷик - пилла» шартнома бастанӣ ҳастем, ки он на танҳо маҳсулотҳои худи вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳуриро дарбар мегирад. Вақте ки пиллаи шаҳру навоҳии ҷануби ҷумҳуриро ба корхона ворид менамоем, ба мо боз лозим меояд, кормандони зиёдро ба кор қабул кунем. Имсол гумон мекунам, ки ворид шудани маҳсулоти зиёд ба афзудани қувваи корӣ мусоидат менамояд. Солҳои пеш дар корхонаи мо 1000 - 1200 нафар фаъолият менамуданд. Бинобар он кӯшиш менамоем, ки баробари зиёд шудани маҳсулоти воридотӣ, боз коргарони иловагиро ба кор даъват намоем ва ин ба таъмини ҷойҳои корӣ такон мебахшад.

 Имрӯз, тибқи маълумоти пешниҳодгардида, музди маоши миёнаи кормандон 958 сомону 93 дирамро ташкил медиҳад. Қисми зиёди кормандоне, ки имрӯз дар коргоҳ фаъолият менамоянд, собиқаи чандинсолаи меҳнатӣ доранд. Онҳо, ки ба қавле, дар қӯраи ҳамин корхона обутоб ёфтаанд, низоми корро ба дараҷаи баланд медонанд, вазифаҳояшонро уҳдабароёна иҷро мекунанд.

 Сардори сехи пиллакашии коргоҳи «ВТ Силк» Абдушариф Ҳоҷибоев изҳор намуд, ки дар корхона 100 нафар корманд фаъолият доранд. Онҳо дар соҳаҳои худ таҷрибаи кофӣ дошта, баҳри баланд бардоштани маҳсулнокӣ аз таҷрибаи кори худ истифода мебаранд. Дар коргоҳи пиллакашӣ Ҷаннат Абдуллоева, калобаресӣ Мусаллам Сангинова, ёрдамчии усто Муқим Шарипов, устои баст Ҳомидбек Аминбеков, сехи пиллакашӣ Муборакҷон Бобокалонова, дар коргоҳи буғкашӣ Fаффор Воҳидов, челонгар Маъруф Шодиев дар мавсими имсола хеле фаъолияти хуб доштанд ва баҳри самаранок истифода намудани маҳсулот саҳми намоён гузоштанд. Чунончӣ, Абдушариф Ҳоҷибоев иброз намуд, имрӯз корхона ба коргарону қувваи нав ниёз дорад. Барои ин дар сехҳо шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам овардан муҳим мебошад. Бояд гуфт, ки намию ҳаври зиёд аст на ҳар кас тоб оварда метавонад.

Маҳсулотҳои истеҳсолшудаи корхона, тибқи шартнома, ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили Қирғизистон ва Қазоқистон содирот карда мешаванд. Нархи пиллаи хушк дар бозори ҷаҳонӣ барои содирот вобаста ба намуд ва сифаташ аз 6 то 12 - долларӣ барои 1 килограммро ташкил медиҳад. Нархи абрешими хом бошад, дар бозори содирот вобаста ба намуд ва сифати абрешим аз 30 то 50 доллари амрикоиро барои 1 килограмм ташкил медиҳад.

Воқеият ва ҳақиқат ин аст, ки дар раванди соли рушди саноатикунонии босуръати кишвар аҳли коргоҳ ҷидду ҷаҳд доштанду доранд, ки барои боздеҳ ва сифати баланди маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ таваҷҷуҳ ва эътибор бештар гардад. Аз ин рӯ, саъйи комил ба баланд бардоштани иқтидори қобилияти истеҳсолӣ равона гардидааст.

 Имрӯз, ки истеҳсолоти «ВТ Силк» аз дирӯза кунун барои коркарди маҳсулотҳои абрешимӣ равнақ мепазирад, дар сӯҳбат бо масъулин ва ҳангоми шиносоӣ ба корҳои анҷомпазируфта гумон мекунам, ба азми худ устувор мондан аст.

Муқоисаҳо собит намуда истодаанд, ки саноатчиён барои коркарди пилла қувва доранд. Вақт довар аст. Ва боз барояшон, ки аз моҳи март фаъолияти бештару густурдатар пеш меояд, натиҷаҳо хубтар хоҳад шуд. Азму суботу ҷаҳд ба коркарди нахи пилла дар дохили кишвар мусоид мегардад. Умед мебандем, ки кору пайкорашон ҳадафманд мешавад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

РОҲИ «КОНИБОДОМ – ХУҶАНД» ВА «АШТ – ХУҶАНД» КАЙ ТАЪМИР МЕГАРДАД?

Аввалҳои моҳи феврал барои огаҳӣ пайдо кардан аз вазъи омодагӣ ба маъракаи сиёсии кишвар, яъне интихобот озими шаҳри Исфара гаштам. Чун нақлиёти мусофирбар роҳ самти ин мавзеъ гирифт, бо зани миёнсоле, ки ҳамроҳи писараш барои харидории маводи зарурии рӯзгор ба маркази вилоят омада буд, ҳамсуҳбат шуда, то қарибии даромади шаҳри Конибодом расиданамонро нафаҳмидам.

Яке нақлиёт чунон ба тарафҳо алвонҷ хӯрдаву бардорузанро оғоз кард, ки сари мусофирон дар баъзе ҷойҳо ҳатто то шифти мошин бармехӯрд. Аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат шуда, пиндоштам, ки ронанда шояд суръатро баланд карда бошад. Аз ин лиҳоз хоҳиш кардам, ки нақлиётро оҳиста ронад. Ҳам ронанда ва ҳам мусофирон аз ҳолати ноободу хароби роҳи ин самт изҳори нигаронӣ намуданд. Воқеан маълум буд, ки ин роҳ солҳо инҷониб рӯи таъмирро надидаву ронандагону мусофиронро ба изтироб овардааст.

Чун ба роҳи самти мавзеи Кӯчкак – шаҳри Исфара расидам, роҳро пурра таъмиру асфалтпӯш дарёфтам. Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки соли гузашта бо ҳидояту дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара» беш аз 45 километр таҷдиди қитъаи роҳи «Кӯчкак – Нурафшон – Исфара – Гулистон» бо харҷи 16 миллион доллари ИМА ба итмом расонида шуда буд, ки мардум басо аз ин иқдоми Сарвари давлат ва ҳам роҳбарияти вилоят шоду қаноатманд ҳастанд, зеро ин орзуи деринаи онҳо маҳсуб меёфт.

Ронандагон сабукравҳои худро ба осонӣ пеш меронанд. Дар хатсайрҳо мусофирон бо як ҳаловат ва бехатар ба самти шаҳри Исфара сафар мекарданд. Вақте вориди шаҳр гаштам, кӯчаҳои мумфаршро дида, хеле хурсанд шудам ва ҳамсафарам, ки сокини ин минтақа буд, бобати таъмиру таҷдиди роҳҳо бо ҳавас гуфт:

- Мо, сокинон аз корҳои таҷдиди роҳҳои асосӣ, ки бо дастгирии Раиси вилоят сурат гирифт, хеле миннатдорем. Дар ин муддат ҳамчунин ба масофаи 6,7 километр роҳи автомобилгарди «Исфара - Ворух» асфалтпӯш шуд.

Сафари онрӯза дар дилам таъсири духӯра гузошт. Аз як ҷониб, роҳи ҳамвору мумфарш, вале аз ҷониби дигар роҳи вайронаву ҳузнангез?! Аз ҷумла ронандагону мусофирони самти манотиқи «Хуҷанд - Ашт» ҳолати роҳро басо ташвишовар арзёбӣ намуда, дар орзуи он ҳастанд, ки кай ин шоҳроҳи азим таъмиру таҷдид мешуда бошад?

Баҳри дарёфти посухи ин муаммо ба мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Очилзода муроҷиат намудам.

Мавсуф масъаларо шарҳ дода афзуд, ки тибқи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, таҳти рақами 165 дар бораи тасдиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ба тавсиб расида, татбиқи амалии барномаи мазкур дар се марҳалаи кӯтоҳмуддат то соли 2015, миёнамуҳлат то соли 2020 ва дарозмуддат то соли 2025 пешбинӣ шудааст. Таҷдиду таъмири роҳи «Конибодом - Деҳмой» соли 2020 ба нақша гирифта шуда, ҳамин сол корҳо бояд оғоз гардад.

Таъмиру асфалтпӯшии роҳи «Хуҷанд - Ашт» бошад, тибқи барномаи мазкур то соли 2025 ба нақша гирифта шуда, айни ҳол барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ корбарӣ рафта истодааст. Аз рӯи ҳисобҳои қаблии мутахассисони соҳа, барои пурра таҷдиду азнавсозии роҳи «Хуҷанд - Ашт» тақрибан 100 миллион доллари ИМА зарур мебошад. Бино ба маълумоти Олимҷон Очилзода, соли равон ҳамагӣ 2 ҳазору 300 километр роҳи вилоят, аз он таъмири асосӣ 163 километр, таъмири ҷорӣ 917 километр ва 1250 километр корҳои шағалпӯшкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 342,7 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят наздик 60 миллион сомонӣ ва аз буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 9 миллиону 284, 5 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки сол аз сол саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ низ дар раванди корҳои созандагиву ободонии диёр, аз ҷумла таъмиру асфалтпӯш намудани роҳҳо бештар гаштааст. Имсол низ бо иқдоми соҳибкорон ба маблағи наздик 11 миллион сомонӣ ва худи аҳолӣ ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят таъмиру асфалтпӯш хоҳад шуд.

Бо фаро расидани фасли гармо дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои азнавсозӣ, таъмир ва ҳамвору мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард бо суръат идома хоҳад ёфт. Воқеан, аз қадимулайём роҳҳо пайвандгари қалбҳо маҳсуб гардида, тавассути истифодаи он мардум мушкилоту муаммои хешро зуд ҳал мекарданд ва имрӯз ҳам чунин раванд идома дорад. Соҳаи роҳу роҳдорӣ ва баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, чун дигар соҳаҳои иқтисодии кишвар қисми таркибии он ба ҳисоб рафта, барои рушду нумӯи Ватани соҳибистиқлоламон ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад.

Маъмурахон Самадова,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЧИЛ КОКУЛИ ТУСТ ДОНА – ДОНА…

«Майдабофӣ карда модар шуста тори кокулонат» ва ё «Чил кокули ту дона – дона, бо тоқиву мӯйи майдабофат» ҳамин мисраъҳо ба хотир омаданд, вақте саҳни ҳавлӣ духтаракони гесӯвони дароздошта порае аз ҳаёти оилавии тоҷиконро ҳангоми баргузории фестивал – озмуни вилоятии «Чакомаи гесӯ», ки дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят доир гардид, намоиш доданд.

Пас аз ба тасвиб расидани қарори Раиси вилоят оид ба баргузории фестивал – озмуни вилоятии «Чакомаи гесӯ» бо мақсади муаррифии сару либоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ бахшида ба солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир карда шуда, дирӯз даври вилоятии фестивал-озмун бо ширкати занону бонувон аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар воқеъ, тавре дар чорабинӣ ҳам таъкид сохтанд, дар замони соҳибистиқлолии кишвар тавассути дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои мардумӣ, ба монанди мӯйбофӣ, оинабинон, рӯйбинон, оростани мӯй бо тарзи миллӣ аз нав эҳё шуданд, ки ҳамаи ин арҷгузорӣ ба мероси аҷдодии мост.

Дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофариду Нигина, Шаҳзодаи тоҷбарсар, ки духтаракони зебосанам буданд, ба хотир овардан мумкин аст.

Баҳри баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллии тоҷикӣ, ороишу парвариши мӯй дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дарози тоҷикона бонувони гесӯвони дароздошта бо либоси миллии дӯхти гуногун саҳнаро зеб мебахшиданд. Аслан урфу одати қадимаи халқи тоҷик аст, ки модарону бибиҳо мӯйҳои духтараконро майдабофӣ менамуданд.

Дар саҳна духтарону бонувони синну соли гуногун баробари намоиши мӯйи дароз, инчунин аз таърихи гесӯи дароз, ки ба олами афсона ва зебоӣ шабоҳат дошт, ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо бадеҳахонӣ аз таърих, аз ҳаёти занони тоҷик ва даврони қадим ёдовар гардиданд. Тавре гуфта шуд, гесӯ чун рамзи покиву назокат ва ҳусну малоҳат шинохта шудааст.

Оростану перостани мӯй таърихи куҳан дошта, дар замони гузашта низ машшотаҳо, ороишгарон худи занон буданд. Одатан то ба воя расидани духтаракон модарон гесӯвони пайвандонашонро шуставу ороста, инчунин оид ба анъанаҳои ниёгон, тарзи нигоҳубини мӯй, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ, кокул, пилтатобӣ, пилтатобии бадахшӣ, пӯпак ва дигар намуди ороиш, тозаву озода нигоҳ доштани хона, дӯхтани куртаву ҷома ошно месохтанд ва минбаъд ҳангоми ба воя расидан ва оиладор гардидан, албатта, дар оилаву хонадорӣ ба мушкилот дучор намегардиданд. Хушбахтона, ороиш ва бофтани мӯй алҳол анъанаи хос ва устувор гардида, то имрӯз ташаккулу такмил ёфта истодааст.

Фестивал - озмун аз рӯйи чор бахш - беҳтарин ороиш ва мӯйбофии қадима, ороиши мӯй дар олами афсонавӣ, ороиш ва мӯйбофии замони муосир ва гесӯи дарозтарин доир гардид. Дар анҷоми чорабинӣ аъзои ҳакамон ғолибонро муайян намуданд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирокчиёни фаъолро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард. Дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи нави варзишӣ ширкат варзид.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ таъкид кард, ки бунёду ба истифодадиҳии чунин иншоот барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муфиду саривақтӣ буда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо майдончаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо рафти таъмири пойгоҳҳои обкашии идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ашт 20 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, барои таъмиру омодасозии пойгоҳҳо ба мавсими нав аз буҷети вилоят 700 000 сомонӣ равона карда мешавад. Бино ба иттилои масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия пойгоҳҳои обкашӣ дар якҷоягӣ бо 54 чоҳи амудӣ зиёда аз 16 000 гектар заминҳои ноҳияро шодоб мегардонанд.

Читать далее