04 March 2020

ГАНҶИНАИ БЕЗАВОЛИ МАЪРИФАТ

Ҳамчун кормандони соҳаи фарҳанг – яъне матбуоти тоҷик аз нуктаҳову муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоште, ҳувияте, дар асл уҳдадорие гирифтем ва хешро дар ҷанбаи суханони асл ва рӯҳафзои Сарвари давлатамон вазифадор эҳсос намудем, ки бояд қалам ба даст бигирему бинависем.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Президентамон дар асари бунёдии худ – «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир ба ташаккул, ҳувият, сарнавишт, мавқеи гузаштагонамон, қадамҳо ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, дурнамои кишвару мардум ибрози назару таҳлилҳои бунёдӣ намуда, аз ҷумла менависанд: «…ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард. Оинае, ки акси халқро танҳо бо ҳама шукӯҳу ҷамол ё айбу нуқсон нишон медиҳад. Яъне таърих дӯсти ҳақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихор ва пуринҳирофи онро бо таҳаммул бояд омӯхт».

Басо ифодаву талқини ҳақиқат, воқеият ва муҳаббатбор аст – «таърих дӯсти ҳақиқатгӯст». Ба маънии фузундори ин ифода эҳтироми бузург оварда, боз ба навиштаи асолатфузуни асар бо чашмони дил зеҳн мемонем: «Соҳиби маданияти куҳан ва адабиёти куҳансол будани ин қавм (яъне, тоҷик – муаллифон) низ ҷои инкор нест».

Таърихи миллат – дӯсти миллат. Биноан ба як мисраи садоқатпазири Шайх Саъдӣ зеҳн мемонем: «Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ, шакар бувад».

Пешвои муаззами миллат дар Паёми бахтовару ҳувияти соҳибватанӣ махсус ба гиромидошт, қадр ва асолати забони тоҷикӣ – забони гӯёи давлатӣ эътибору эҳтиром оварданро таъкид намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».

Таърих башорат медиҳад, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои хеле қадимии дунё буда, ҷанбаи ташаккул ва такомули он беш аз ҳазору панҷсад солро фаро мегирад. Устод Айнӣ дар асари безаволи худ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (соли 1926) ба хизмати сулолаи Сомониён чунин баҳо медиҳанд: «Тамоми халқи тоҷику форс дар хусуси он, ки баъд аз истилои араб мисли як миллат ба забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд».

Дар ин радиф гуфтану навиштан масъулияти беш ба тафаккур меоварад, ки аз Паём сарчашма мегирад: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».

Таърих саҳифаҳои пурмазмуну пурғановат дораду ба мо рӯй меоварад: забони зиндаи тоҷикии форсӣ ҳамон забонест, ки бо он асарҳои ҷаҳонтоб дар солҳову асрҳо навишта шуда, то ба имрӯзиён омада расидааст. Дил меҳргоҳи муҳаббат, ҳувияти худогоҳӣ аст, бинед, бо забони зиндаву пурганҷи маъонӣ асарҳои бунёдии «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ» - и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шоирони классики мо ғазалҳову қасидаҳои беназир, устоди барҷастаи насри миллӣ – тоҷикӣ Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо», романҳои мондагор навишта, дар фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеъ, мақом ва манзалати қиёснопазир гирифтаанд. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки ин забони шевою тавоно ва ғанӣ дар мактабҳо, муассисаҳои дигари таълимӣ ва маърифатӣ дар сатҳи баланд омӯзонида, зеҳннишин карда шавад. Албатта, дар ин раванд дарсҳои забони тоҷикӣ ва адабиёт имкониятҳои бештаре доранд. Ва барои роҳандозии пурвусъати омӯзиш нуктаҳои болиғмаъно ва роҳнамои Паём – ин чароғи субҳи саодат таҳким мебахшанд: «Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».

Дар ин масир Ҳаким Носири Хусрав мефармояд: «Туро лаззат зи илм аст, аз амал бӯй, Камолатро зи илми боамал ҷӯй». Чунонки бо ақли солим эҳсос менамоему медонем ҳам, гузаштагонамон осори гаронбаҳое, пурғановате ба мо мерос гузоштаанд, ки истифода аз ин ганҷинаи бебаҳо маърифати моро афзун мекунад. Дар масири маҳбубият, муҳаббат ва меҳри бебадал ба мероси ниёгонамон Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд ва дар Паёмашон ҳам зикр намуданд, ки ҷавонон бояд рӯй ба китоб оваранд, китоб мутолиа намоянд. Маҳз, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат 4 - уми сентябр Рӯзи китоб эълон шудааст ва ҳар сол ба тарзи шоиставу вусъатманд таҷлил мешавад.

– Ҳар шахсе, ки бо китоб ҳамдаму ҳамроз мегардад, дар зиндагӣ ва тамоми самтҳои фаъолияту кор комёб мешавад, – мегӯяд олими варзидаи таърихшинос, профессор Усмонҷон Ғаффоров. – Мавлоно Ҷомии бузургвор китобро «аниси кунҷи танҳоӣ» - ву «фурӯғи субҳи доноӣ» тавсифу эҳтиром бахшидааст, ки ба фикрам, хеле ва барҷаста одилонаву оқилона мебошад.

Агар хоҳем, ки тамоми умр дар зиндагӣ сарбаланду комгор ва саодатманд бошем, бояд лаҳзае аз омӯхтан, хондан фориғ нашавем ва гӯшу ҳуш ба ҳикмати Ҳаким Фирдавсии бузургвору хирадсолор бидиҳему бибошем, ки гуфтааст: «Зи гавҳора то гӯр дониш биҷӯй».

– Бале, китоб калиди хушбахтиҳост. Калиде, ки баробари ба даст оварданаш роҳи фардои хешро мушаххас мекунед, – мегӯяд номзади илмҳои филология, рӯзноманигори шинохта Розиқҷон Муталлибов. Ба ҳамин асолат олими машҳури тоҷик, устод Шарифҷон Ҳусейнзода сухане доштанд: «Китобро дӯст доред, ки он ҳамеша рафиқи иқбол ва бахтовари шумо хоҳад буд». Аз ин рӯ, ба ҷавонони саодатманди ин Ватану ин сарзамини биҳиштосо муроҷиат мекунам, ки вақтро бесамар нагузаронида, ҳар лаҳзаи умрро ғанимат дониста, ба мутолиаи китоб бештару бо ҷиддият машғул шаванд. Бино ба суханони ибратомӯзи Носири Хусрав – «Чу хоҳӣ, то ки ёбӣ донишу ҳуш, Макун панди ҳакимонро фаромӯш».

– На танҳо забон, балки тамоми арзишҳои милливу фарҳангӣ дар ҳар давру замон ниёзҳои соҳибону омӯзандагони ин забонро қонеъ карда метавонад, – мегӯяд шоири шинохтаи тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ. – Дар ин масир аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосе меоварем: «Дастовардҳои навини моро дар соҳаи адабиёт ва илмҳои дақиқ дар саросари дунё эътироф карданд. Адибону олимони асили мо бо офаридаҳои ҷолибашон исбот карданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони бузурги худ мебошанд». Воқеан, дар китоби маърифату адаби дунё номҳои Одамушшуаро устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав ва дигарон бо хати тиллоӣ ҷовидона сабт шудаанд.

– Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанӣ ин неъмати бебаҳо, ин шукронаи ҳаёт буда, моро вазифадор менамояд, ки Ватанамонро сидқан дӯст дорем, – мегӯяд собиқадори хизмати давлатӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Мазбутҷон Воҳидов. – Ҷашнгирии вусъатбори 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири машҳури тоҷик, ғазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ бо ташаббусу сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҷонибдорӣ ва қарори ЮНЕСКО, ба гуфтаи мутафаккире, «зи меҳрборӣ нуфузу эътибори воло бахти баланд насиб шуд, баҳри хидмат назди миллат омода бош».

Воқеият ин будаву ҳаст, ки маҷмӯи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ истиқболи пурвусъат ва ҳамовозии пайваста пайдо мекунанд.

– Барои ҳифзи ин ҷойгоҳ ва боз ҳам устувор намудани нуфузи Тоҷикистони азизамон дар сатҳи байналмилалӣ, ки албатта, аз файзи сулҳу ваҳдат аст, аз нуру зиёи Истиқлолияти миллӣ аст, мо бояд бештар, зираку ҳушёртар масъулият, ҳувият, маҳбубият эҳсос намоем, – мегӯяд собиқ депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилоят ва намояндаи мардумӣ дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар солҳои ҳаштодум Абдуманнон Қодиров. – Пешниҳоди фарҳангсолоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон шудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бе ягон муболиға мағз андар мағзи ҷону хонаи дил маъво гирифтааст.

Илмҳои дақиқ рӯзгори инсонӣ, зеҳну шуури инсонӣ, ҳаёти ҷомеаро рангин, пурсафо, равшану вусъатобод мегардонанд, ҳастии ҳар қавму миллатро ҷавҳар, гавҳар ва баҳра мебахшанд. Асрҳо боз ва имрӯз ҳам шоҳкориҳои безавол, осорҳои илмии Ибни Сино, Умари Хайём, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Ал - Берунӣ, Ал - Хоразмӣ, Имом Тирмизӣ, Закариёи Розӣ, Ал - Форобӣ - нобиғаҳои нотакрор дар сафу радифу қатори шахсиятҳои номвари умумибашарӣ дар оинаи барқади ҷаҳонӣ бозтобанду муҷалло.

Шоири ғазалсаро ва рӯзноманигори волоқалам, ки тахассуси физик дорад, Сайидамин Ҷило мегӯяд: «Таърих исбот намудааст, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ риёзиёт, нуҷум ва кимиё, сабку услуб ва мактаби илмии хешро баркамол, барҷамол доштааст. Бинед, байти машҳуре дар олами илму маонӣ сайр дорад асрҳо инҷониб: «Агар Бӯалӣ сарбаландӣ гирифт, Зи юмни Ҳакими Хуҷандӣ гирифт».

Шоҳасарҳои илмиву адабӣ таҷассуми бузургии забони тоҷикианд. «Зеро забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст», – таъкид менамоянд Пешвои муаззами миллат. Аз ин лиҳоз, мо бояд мероси гузаштагонамонро, кору заҳмати ниёгонамонро бо чашми дилу эҳсоси тафаккур бубинем, бино ба гуфтаи мутафаккире, «Базми васл аст, агар майли тамошо доред, Ҳамчу оина дари дидаи худ во доред».

Бинобар ҳамин ҳам асос, рисолат ва заминаи воқеӣ ва маҳбубу маъруфу сурури ҳамагон муҳим, зарур ва муъҷиб аст.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 – уми январи соли 2020, №1445 доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 - 2040, албатта, ин самараи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон ин иқдому ин падида ба ҷомеаи мустақилу муосири мо башорати ташаббуси олӣ ва нерӯи нав унвон гирифт. Истифодаи қувваи зеҳнӣ, баҳрабардорӣ аз ғановати гавҳари илму забони модарӣ наву рангин ҷилва менамояд, дар илми муосири мо андешаҳои худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни миллӣ қувват мегирад, – андешаҳояшро солорона ифода кард собиқадори мактаби олӣ, омӯзгори фанни физика ва асосҳои кишоварзӣ Муҳаммадҷон Камолов. – Ман комилан бо ин падидаи нав мувофиқ ҳастам, итминон дорам, ки ин бастагӣ дорад бо нуру зиё ва равзанаи тобноки ҳаёти ҷомеа.

Хуллас, Паёми Пешвои миллатамон, Президенти маҳбубамон, агар образнок ифода намоем, дарахти азиму шукӯҳманди сарсабзу пурсалобат аз пурсафоии наҳри кишварамон серобу нурбор дар дидаву дил, дар зеҳну афкорамон решапайванд мебошад.

Мухтор Абдуллоев,

Файзулло Атохоҷаев,

аъзои Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

Читать далее

ММТ: МАРҲАЛАИ БАҚАЙДГИРӢ ОFОЗ ГАРДИД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми марти соли равон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши дохил шудан ба ин ё он муассисаҳои олии кишварро доранд, оғоз намуд ва он то 30 - юми апрел давом хоҳад кард.

Тавре ҳангоми суҳбат Парвиз Саидзода, сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, алҳол марказ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои омодагӣ барои имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин омодагиҳо давоми се рӯз дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Маркази миллии тестӣ курси омӯзишӣ барои нозирони минтақавӣ гузаронида шуд, ки назорати имтиҳонҳо ба зиммаи онҳост.

Чуноне аз суҳбат маълум гашт, бо мақсади супоридани имтиҳонҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва бори аввал дар ноҳияи Спитамен марказҳои имтиҳонӣ ташкил шудаанд. Дар умум, имсол дар шаҳру навоҳии вилоят 11 нуқтаи бақайдгирии доимамал ва 4 нуқтаи сайёр мавҷуд аст. Довталабон метавонанд, дар яке аз ин шаҳру ноҳияҳо, ки ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ интихоб шудааст, худро ба қайд гиранд. Падару модаронро лозим аст, ки ҳангоми бақайдгирӣ аз интихоби ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин шакл ва намуди таҳсил фарзандонашонро огоҳ намоянд.

Марказ новобаста аз ба даст овардани дастовардҳои нав ба нав, ҳамеша барои такмилу таҷдиди низом кӯшиш мекунад. Ин аст, ки ҳар сол ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба иштироки довталабон дар ИМД ва дастрасии баробар ба таҳсил мусоидат менамояд.

 - Навгонии назарраси марказ ин таҳияи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонист, ки имсол ба роҳ мондааст. Мувофиқи ин тарҳ, ду қисми имтиҳони тавассути марказ баргузоршаванда вуҷуд дорад. Довталабон вобаста аз зинаи таҳсилоташон танҳо яке аз ин қисмҳоро, яъне онҳое, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳастанд, қисми А (имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ) ва довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) қисми Б (имтиҳон дар заминаи барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ) месупоранд, - қайд намуд Парвиз Саидзода.

Ҳамчунин, довталабон - ятими кулл, маъюбон, ғолибони олимпиадаҳо, дорандаи унвонҳо ва сарбозон метавонанд, соҳиби имтиёз аз 50 то 150 балл гарданд. Ин дар ҳолест, ки агар довталаб равияи ҳамон ихтисосе, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардидааст, интихоб намояд, имтиёз дар ҳамон самт дода мешавад.

Парвиз Саидзода дар идомаи суҳбат зикр дошт, ки дар ҳолати норозигии довталаб аз риоя нагардидани тартиби имтиҳон ва ё холҳои дар имтиҳон гузошташуда метавонад аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд. Аризаи мазкур давоми се рӯз баррасӣ мегардад ва дар сурати дуруст буданаш, дубора имтиҳон месупорад.

Марказ имсол низ маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тестиро ҳамчун намуна аз тестҳои солҳои гузашта таҳия ва чоп кардааст, ки 40 фисадашон такроран истифода мешавад. Ин дастурамалҳо бо теъдоди 80 ҳазор нусха чоп ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоят ройгон тақсим шуд. Намунаи электрониашон бошад, дар сомонаи марказ гузошта шудааст. Ҳар як довталабро зарур аст, ки барои ба ҳадаф расидан дар роҳи донишҷӯӣ бар замми омодагии хуб дидан ба имтиҳонот, инчунин донистан ва риояи шарту қоидаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонсупорӣ зарур аст, - гуфт Ромиш Неъматов, сармутахассиси бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар вилояти Суғд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар имтиҳонсупорӣ ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан ва пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ муҳим аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее