05 March 2020

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шовализода)

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ

Читать далее

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло

Читать далее

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Овозаҳои беасос набояд боиси ба таҳлука афтодани мардум гардад

“Мардуми шарифи вилояти Суғд бояд донанд, ки то имрӯз ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии воридшавии вируси мазкур тамоми чораҳоро роҳандозӣ  менамояд. Бархе аз шахсони манфиатхоҳу фурсатталаб овозаҳои беасосро ба вуҷуд овардаанд, ки ин набояд боиси ба таҳлука афтодани мардум гардад”. Ин нуктаро имрӯз, 5 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фурӯшандагону харидорони бозорҳои маркази вилоят иброз дошт.

Раиси вилоят бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шахсан аз бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе”-и маркази вилоят боздид намуда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дод. Дар аснои суҳбатҳо қайд карда шуд, ки пайдо шудани овозаҳои беасос боиси ташвиши бархе афроди зудбовар гардида, ин ҳолатро шуморе аз ҳаннотон ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Читать далее

КОРОНАВИРУС ДАР КИШВАР БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ, сокинони кишварро лозим аст, ки ба ин ҳама суханҳои беасос бовар накунанд

Имрӯз сару садоҳои зиёди бардурӯғ дар бораи хурӯҷи бемории гузарандаи коронавирус дар кишвар зиёд шудааст. Чунин овозаҳо боиси болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозор низ шудааст. Бо мақсади ба таҳлука наафтодани мардум ва ҳолати воқеии имрӯза дар бинои КВД “Кохи матбуот” бо иштироки Сардори маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии вилояти Суғд  Умед Нуруллозода, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев брифинг баргузор гардид.

Зикр гардид, ки мирӯз ҳамаи овозаҳо бардурӯғ буда, дар қаламрави кишвар то ба ҳолати имрӯза ягон нишонаи ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар тавассути гузаргоҳҳо вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд, сараввал аз назорати духтурони сироятшинос гузашта, сипас дар муддати 14 шабонарӯз таҳти назорати доимии духтурон қарор мегиранд.

Сардори маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии вилояти Суғд  Умед Нуруллозода қайд намуд, ки имрӯз дар миқёси вилоят 111 нафар дар карантин қарор доранд. Алҳол 252 нафар шаҳрванде, ки вориди вилоят гардидаанду пас аз ба охир расидани муҳлати карантин ба назди оилаҳои худ сиҳату саломат баргаштаанд.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев зикр дошт, ки бояд мардум ба ин ҳама овозахои бардурӯғ дода нашаванд. Вазъият дар қаламрави кишвар тинҷу ором аст. Ягон нишонаҳои бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо моро лозим аст, ки ба қоидаҳои санитарӣ риоя намоем. Зеро ҳамаи касалиҳо аз ифлосӣ оғоз меёбад.

Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки имрӯз мардуми мо набояд аз чораҳои пешгирикунандаи ин вирус дар ҳарос бошанд ва ба таҳлука афтанд.

Дар ҳамаи гузаргоҳҳо, аз ҷумла дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан аз ҳисоби духтурон навбатдории шабонарӯза ташкил шудааст. Ҳар нафаре, ки вориди вилоят мешавад, сараввал аз назорати духтурон мегузарад. Яъне имрӯз қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирӣ аз ин беморӣ пурзур карда шудааст.   

Дар охир масъулин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки ба ин суханони беасос бовар накунанд. Имрӯз давлату ҳукумат ба хотири пешгирӣ намудан аз ин беморӣ ва баҳри сиҳатии мардум тамоми чораҳои заруриро андешидааст.  

Истамҷони Наҷмиддин,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва чароғи равшани ҳар як хонадонанд

4 марти соли 2020 дар Қасри маданияти Арбоб бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли модарон ва занону духтарони иззатманди вилоятро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо саломативу хотирҷамъӣ, хушбахтӣ, рўзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

Читать далее

Чашми хоинони миллат некиро намебинад!

Аммо ин озодиву ободи Ватан   осони барои мардум ба даст наомадааст. Ҳоло ҳам дар ҳар як хонадони миллати тоҷик хотира аз даҳшатҳои солҳои 90-ум сарзада боқӣ мондааст ва такрор гаштани он рӯзҳоро ягон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон намехоҳанд. Аз аввал мардуми кишвар умед бар он доштанд, ки сулҳу ободӣ дар Ватан ҷорӣ мегардад ва ҳар як сокини мамлакат осоишта зиндагӣ мекунанд.

Лекин то ҳол гуруҳҳое ҳастанд, ки пешрафти ватанамонро дида наметавонад. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромию осудагии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Мушоҳидаи чунин амалҳои разилонаи хоинони миллатро мо солҳои 1992-1997 ва ҳамчунин моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи ТТЭ ҲНИ мушоҳида кардем. Мутассифона имруз баъзе аз ин хоинони ватан дар як қатор кишварҳои олам паноҳ бурда ба кишвари азизамон сангандозӣ мекунанд. Аммо ин амалҳои он нафарон барои кишвари мо як маротиба давраи вазнини ҷанги шаҳрвандиро ба миён овард, ки шаҳрвандони бо ору номуси миллати тоҷик онро паси сар намуда, ҳоло дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки ин тоифа чӣ мақсад доранд? Магар онҳо бо обу ҳавои ҳамин сарзамин ба камолот ва мақоме нарасиданд? Магар ҳамин сарзамин амалҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ-ро бахшида дар қатори ҳизбҳои сиёсӣ ҷой надод? Аммо нафароне, ки ин ғамхорию меҳрубони ватани азизи худро намедонанд, аз кардаҳои худ пушаймон намегардад ва пайваста бозичаи он хоҷагони хориҷи худ мегардад ва барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки нафарони бадхоҳи Ватан кумак карда истодаанд.  Дониста бошед эй Хоинони миллат, имруз мо, ҷавонон аз ин сарзамини куҳани тоҷик ва Тоҷикистонӣ буданамон ифтихор менамоем, ва бар зидди ин нохалафони ҷомеа то ҷон бар тан дорем, мубориза мебарем. Бо тамоми масъулият манфиатҳои давлатиро дифоъ намуда, саҳми хуро дар рушди Ватани хеш мегузорем. Соҳибватан будан, аз ватандорӣ ифтихор кардан ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз аломатҳои ватандӯстии ҳар ҷавон мебошад.

Самандар РӮЗИЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 

Читать далее

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: «Нарх танзим гардида, вазъи бозор дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад!»

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии сирояти коронавирус дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба таҳлука овардааст, асоси воқеӣ надошта, бардурӯғ ва носаҳеҳ мебошанд. Зеро захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳои мамлакат ба қадри зарурӣ мавҷуд аст ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври муқаррарӣ фаъолият намуда истодаанд.


 

Тибқи маълумоти расмии мақомоти дахлдор, то ба имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва воридшавии вируси мазкур тамоми чораҳоро роҳандозӣ  менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими бозорҳо ва пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввалин тамоми тадбирҳоро андешида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд, ба ҳамаи ҳамватанон муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дода нашаванд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», Хадамоти зиддиинҳисорӣ пайваста дар бозорҳои ҷумҳурӣ мониторинг гузаронида, барои роҳ надодан ба болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулот тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки бо мақсади пешгирӣ ва чораҷӯӣ аз поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандон ва назорати доимии вазъи бозори молӣ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ телефони боварӣ фаъол мебошад, ки дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва аз нархҳои муқаррарӣ баланд фурӯхтани молу маҳсулот ба телефони боварии 21-21 муроҷиат намоянд.

АКС аз бойгонӣ

 
Читать далее

«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Душмани аслии мо вирус не, балки ҳарос, воҳима ва стигматизатсия аст»,  омадааст дар муроҷиати ширкати саноатии «Фаровон-1» ба аҳолии мамлакат, ки имрӯз дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст:


 

«Дар робита ба паҳн шудани маълумот дар бораи он ки коронавирус ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ошкор шудааст, аҳолии Тоҷикистон ба харидани миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ шурӯъ намудаанд. Чунин вазъиятро зиёд паҳн намудани паёмҳо тавассути мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи паҳншавии вирус боз ҳам бадтар месозад.

Пешгирӣ маънои воҳима карданро надорад, балки чораҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолиро дар назар дорад.

Ширкати «Фаровон-1», ки яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони орд дар ҷумҳурист, ба шумо иттилоъ медиҳад, ки захираҳои маҳсулоти тайёр ва инчунин захираҳои гандум метавонанд сокинонро бардавом бо орди навъҳои гуногун таъмин кунанд. Дар интиқоли гандум ба ҷумҳурӣ мушкилот вуҷуд надорад ва шарикони асосии мо аз Қазоқистон низ аз мо даъват ба амал меоранд, ки ба ваҳму воҳима наафтем.

Нуқтаҳои тиҷоратии хусусии мо маъмулан дар тамоми шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

Мавриди зикр аст, ки ҳолати паҳнкунии иттилоот ба нарх ва инчунин норасоии орд таъсир намерасонад. Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват менамоем, ки ба ваҳму воҳима наафтанд. Тавре мегӯянд: танҳо амалҳои одию фаҳмо аз воҳима наҷот медиҳанд.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки орд ва равғанро бо нархи баланд аз ҳаннотҳои гуногуни беинсоф, ки мехоҳанд аз ин ҳолати  шумо истифода кунанд,  харидорӣ накунед …».

 

Читать далее

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Ба овозаҳои беасос бовар накунед! Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд»

ДУШАНБЕ, 05.03.2020./АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд.


Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо асос надоранд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд.

Масъалаи таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,  вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ доранд.

Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

Соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо инчунин зикр карданд, ки «овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз Чин ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд».

Читать далее

«Озоди» и «Фридом хауз» вносят хаос

Сегодня здравомыслящая общественность поняла, что многие из МНО (НПО), подобных неправительственной правозащитной организации  Freedom House (Фридом хаос, FH, «Дом свободы») являются разносчиками хаоса, разрушительной энергии и  гражданского раскола.


Различные МНО, позиционирующие себя защитниками прав человека, строителями демократии и гражданского общества, под различными вывесками и  предлогами надолго оседают на территории стран влияния во всех частях света и ведут там свою подрывную деятельность.  Freedom House, наряду с подготовкой «бархатных революций», попутно готовит традиционный ежегодный доклад «О свободе в мире», где распределяет оценки степени свободы граждан, СМИ, поведения властей государств мира.  Подобной ерундой штатные аналитики FH  при поддержке советников в области политологии, местных и международных СМИ, правозащитных групп и экспертов занимаются и в Таджикистане, анализируя состояние дел с политическими правами и гражданскими свободами.

По мнению FH, только 14-18 % населения мира живёт в странах со «свободной» прессой; в «несвободных» странах существуют 45%. Причём, сами граждане из анализируемых государств реально такой градации не ощущают. По большому счёту, им не холодно, и не жарко от оценок американских правозащитников. Большинство независимых экспертов считают, что доклады названной организации носят заказной характер  и идеологический подтекст, имеют тенденциозный, избирательный подход, содержат двойные стандарты и подтасовки фактов. Оценки FH необъективны и провокационны. Несомненно, что деление стран на «свободные», «частично свободные» и «несвободные» идеологически окрашено, имеет конъюнктурный и откровенно предвзятый характер. Технология подготовки таких материалов отработана до мелочей. Выискиваются отдельные факты нарушений, которые, разумеется, можно обнаружить в любое время в любой стране. Затем делаются тенденциозные обобщения, и единичные факты превращаются в «доминирующие тенденции». Страны классифицируют в нужном заказчику порядке по «уровню демократического развития», как это видится из Белого дома и в соответствии с американским пониманием свободы и демократии. Госдепартамент США активно использует прикормленные СМИ, в числе которых «Радио Озоди», публикующее подобную клевету,  и так называемые правозащитные организации. Все они, как правило, базируются в Вашингтоне, Лондоне, других столицах ЕС.  Одними из таких является FH и «Озоди» (Прага). Как только случается событие, противоречащее или наоборот, играющее на руку интересам США, в ход идут заготовленные реплики типа: «Freedom House выражает серьёзное беспокойство в связи с …»; «данные положения вызывают сильное беспокойство, так как серьёзно ограничивают права граждан Таджикистана, России, Казахстана…» и так далее по списку, в зависимости от срежиссированной США ситуации. Из года в год 12 стран евразийского региона, бывших республик Советского Союза, за исключением стран Прибалтики с «консолидированной демократией», имеют одни из самых низких показателей свободы прессы в мире. Ни одна из них не причислена к «свободным». FH, лоббируя интересы Белого дома, вмешивается во внутренние дела других государств, публикует политически ангажированные доклады, которые тиражирует в СМИ через  «Озоди». Но авторитетные международные организации прекрасно знают FH и «Озоди», как инструмент информационной политики США. В руководстве и попечительском совете сидят действующие и отставные сотрудники ЦРУ. Например, один из директоров  FH - Питер Акерман, крупнейший специалист по «бархатным революциям», организовывал для  молодёжи тренинги на темы «как быстро и эффективно уничтожить родное государство», «как вести ненасильственные действия».

Хотя, FH заявлена как неправительственная организация, львиная доля её бюджета (до 80 %) финансируется посредством грантов Госдепартаментом США, Управлением международного развития (USAID), а также средствами из фонда National Endowment for Democracy (NED). Главной целью своего существования провозгласила мониторинг «демократических изменений», «поддержку демократии» и «защиту демократии и прав человека». «Защитники прав человека» засветились в подготовке и проведении всех без исключения государственных переворотов последних десятилетий. Например, в Украине. Как показывает практика, резкий рост активности организаций такого рода как FH при информационной поддержке «Радио Свобода» и её региональных филиалов типа «Озоди»  означает только одно - жди социальных бед и политических потрясений. Например, в Кыргызстане уже после «революционных» событий доподлинно выяснилось, что через «Дом свободы» сюда поступали деньги на осуществление переворота, надолго ввергнувшего страну в анархию и нищету.

Присутствие «Фридом хауз» не обошло стороной и Таджикистан.  Сотрудники этой МНО не только являются наблюдателями за политической жизнью независимого государства, но и активными её участниками. Однако, за иностранной аббревиатурой, представительными фасадами офисов, за дипломатическим иммунитетом, гуманитарной помощью и прочими «благими» намерениям, нередко кроются далеко идущие планы - взять развитие ситуации в чужой стране в свои руки, под тотальный контроль. 

4 марта с.г. «Фридом хауз» опубликовала Ежегодный отчет "Свобода в мире — 2020: борьба за демократию в отсутствие лидеров", где Таджикистан оказался среди 29 стран мира, где последние десять лет наблюдается катастрофическая ситуация с соблюдением прав и гражданских свобод. При этом «Фридом хауз» только констатировала ухудшение, но никак не комментирует ситуацию с правами и гражданскими свободами в Таджикистане. Примечательно, что, согласно социологическому опросу и анкетам в соцсетях, сами жители Таджикистана, которых уже 9,5 миллионов, никак не ощущают на себе этой «катастрофы», считая свою жизнь достойной, благополучной и перспективной.  Подтверждением этому стали парламентские выборы, успешно прошедшие 1 марта, на которых граждане страны выразили свою позицию, проголосовав за одну из 7 политических партий. Поэтому опубликованные заключения FH о соблюдении прав и гражданских свобод в Таджикистане не соответствуют реальному положению дел в стране. Но  «правозащитники»  «Фридом Хаос» активно продолжают навязывать своё присутствие, так как её хозяев не устаивает, что в регионе полным ходом, но без их участия, идёт экономическая и военная интеграция. Ведь не для этого они разваливали Советский Союз, чтобы на его просторах возникали новые мощные объединения, подобные СНГ, ШОС и ОДКБ.

Информационную поддержку «Фридом Хаос» оказывает «Озоди», также существующее на средства американского госдепа. При этом «Озоди» озвучивает только те события, которые выгодны недружественным антиконституционным силам. Например, в то время, когда в других авторитетных СМИ было опубликовано сообщение о том, что  Таджикистан поднялся в рейтинге Глобального индекса миролюбия ,«Озоди» оставил эту новость без должного внимания. Также «Озоди» проигнорировало факт, что накануне парламентских выборов одна из компетентных международных организаций опубликовала рейтинг состояния защищённости государств и граждан, в котором Таджикистан  признан одной из самых безопасных стран. Положительные оценки международных наблюдателей относительно успешно проведённой выборной кампании в РТ также не были отражены на сайте названного СМИ.

Спрашивается, зачем давать аккредитацию журналистам «Озоди», которые грубо нарушают пункты Положения Представительства некоммерческой корпорации «PCE/PC.ИНК.»  в РТ, регламентирующего его деятельность в Таджикистане? В частности, согласно ст.II, «Озоди» обязуется распространять информацию, основанную на фактах, обеспечивать доступ к объективным новостям, способствовать укреплению гражданского общества и взаимопониманию среди людей, выступать в качестве примера для местных СМИ, способствовать развитию партнёрских отношений с местными учреждениями СМИ, установлению тесных связей между странами в регионе и мире. Согласно ст.III, «Озоди» должно вести законную деятельность, предусмотренную законодательством РТ, руководствуясь законами этой республики.

Очевидно, что «Озоди» перечисленные нормы своего же Положения не соблюдает. Следовательно, согласно ст. IX названного документа, «ликвидация данного представительства (т.е. радио «Озоди») может быть осуществлена на основаниях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан».

 

               Олим Якубов,

Центрально-азиатское аналитическое бюро

 

Читать далее