06 March 2020

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар

Бонувони арҷманд!

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои умрро таманно менамоям.

Воқеан, Модар дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари фарзандони ҳакиму фарзона, далеру шуҷоъ ва соҳибэҳтиром аз мақому манзалати хос бархурдор мебошад. Саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат низ дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз бо назардошти ҳамин ҷойгоҳи хоса ва ба хотири арҷгузорӣ ба нақши онҳо мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин гариданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Маҳмудзода Насрулло, ки то имрӯз дар вазифаи Прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Читать далее

Маъракаҳо камхарҷу босарфа бошанд

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадами устувор дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии кишвари азизамон - Тоҷикистон аст.

Дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз лиҳози равонӣ кори осон набуд. Бархе аз шаҳрвандон барои амалишавии қонуни мазкур омода набуданд.

Хушбахтона, тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ сокинони кишвар сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, баҳри болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишварамон саҳми босазои худро гузоштанд.

Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он ба осон намудани зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии сокинон равона шудааст. Ҳамзамон, ин қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ таҳия гардида, метавон онро қонуни миллӣ номид.

Барои дар ҳаёт татбиқ намудани ин қонун, пеш аз ҳама, маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангӯӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо, бахусус қонуни мазкур айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар ҳар давру замон вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа ва давлату давлатдорӣ вобастагӣ доранд. Дар ин радиф пандҳои ахлоқии Бузургмеҳрро овардан айни муддаост, ки рӯзе аз ӯ пурсидаанд: «Чаро дӯстон ба осонӣ душман мегарданду душманон бо машаққат дӯст мегарданд?» Бузургмеҳр ҷавоб дод: «Чунки сӯхтан осон аст, сохтан мушкил аст, шикастан осон аст, пайвастан мушкил аст. Маблағи дар даст бударо сарф кардан осон аммо ёфтани он мушкил аст».

Бинобар ин, моро лозим, ки урфу анъанаҳои миллати худро нигоҳ дошта, барои беҳтар намудани зиндагии кӯшем, бо маблағҳои аз маъракаҳо сарфакардаамон фарзандонамонро илму дониш омӯзонем.

Абдулазиз Абдухолиқзода,

мушовири Суди вилояти Суғд

Читать далее

Раҳнамои зиндагии шоиста

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян менамояд.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз қатори дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба пешрафти соҳаи илму маориф диққати ҳамаҷониба дода, дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Далели гуфтаҳои болоӣ тавре дар Паёми навбатӣ омадааст, сохта ба истифода додани 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар онҳост.

Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ тармиму таҷдид шуда, барои илмомӯзӣ ва таълиму тарбияи насли наврас мусоидат хоҳад кард.

Нуктаи дигаре, ки дар Паём омадааст, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷист. “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллиамон расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем” омадааст дар Паём.

Ин нуктаҳо моро водор месозад, ки мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.

Ҳар фарди бедордили кишварро мебояд, ки барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои русиву англисӣ кӯшиш намояд.

Нигора РАҲИМОВА,

омӯзгори фанни

забони русии МТМУ № 31,

ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Выборы как экзамен для государственного строя и политической системы Таджикистана

Признаны состоявшимися

1 марта с.г. в Республике Таджикистан состоялись парламентские выборы, которые по оценке международных наблюдателей прошли в правовом русле и

Читать далее

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

5 марти соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳои дахлдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳӣ ва дигар масъулин баргузор гардид, масъалаи муҳими рӯз - тақвият бахшидан ба корҳои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее