10 March 2020

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Муҳтарам аҳли қалам!

Ҳар сол чун анъана дар оғози фасли зебои баҳор аҳли қалам Рӯзи матбуоти тоҷикро ботантана таҷлил мекунад. Ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои тозаи эҷодиро таманно менамоям.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, журналистикаи тоҷик ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, ки дар натиҷа он тадриҷан ба муҳофизи воқеии манофеи миллӣ табдил ёфт.

Читать далее

Бозтоби масъалаи танзими расму ойин

дар осори равшангарони тоҷик

Яке аз мушкилоти ҷомеа ибтидои садаи ХХ ин масъалаи харҷу исрофи зиёд дар тӯй, азо ва маросими мухталиф буд, ки дар аксари навиштаҳои равшангарони тоҷик ин мушкилоти рӯз мунъакис гардидааст, таъкид намудаанд, ки бояд дар ҷомеа ҷашну маросим ба танзим дароварда шуда, харҷҳои зиёдатӣ ҳар чи зудтар барҳам дода шаванд.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ки чун яке аз равшангарони замон дар оғози садаи бист маъруф буд, дар боби ин масъала навиштаҳои зиёд дорад, ки дар сафҳаҳои маҷаллаи "Ойина” (1913 - 1915) нашр гардидаанд. Дар аксари навиштаҳояш мавсуф бо бозгӯии воқеияти иҷтимоӣ, равшанӣ андохтааст. Ӯ аз он ҳама харҷу исроф ва амалҳои зиёдатӣ дар ҷомеа ба ҳайрат омада, чунин мегӯяд:

«Ҳар чи қадар маблағе дар даст дорем, дар тӯю азо беҳуда харҷ менамоем. Бо қарз тӯй мекунем, …бой мешавем, …исроф менамоем».

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо таҳлили ҳаматарафаи авзои иҷтимоии ҷомеа ба хулосае меояд, ки сабаби аслии исрофкории зиёди мо дурӣ аз илму дониш ва бемаънавиятӣ аст. Чунки агар илм медоштем, ҳисобро низ мефаҳмидем, фоидаву зарарро дарк мекардем ва аз ин корҳо даст мекашидем.

 “Тоҷирони мо аксарият аз ҳеҷ ҷой бехабар “таваккал” – гуён амал мекунанд, ...аз надонистан дар майдони тиҷорат фиреб мехӯрем. Аз беилмӣ ва нодонӣ он ҳама мулкҳояшон аксарият аз даст мераванд ва мо меҳнаткашони сиёҳ шуда мемонем”.

Дар мақолае бо номи «Бойи зӯракӣ» (Ойина, 1914, №16, с. 270-273) Беҳбудӣ дар бораи урфу одати зиёдатӣ дар ҷомеа, дар бораи давутози як бойи бечора, ки барои тӯйи бодабдаба дар охир зери қарз монда ва бо қарзи калон бо аҳли оилааш дар ба дар мегардад, ёдовар шудааст. Беҳбудӣ ин ҳамаро аз беилмӣ медонад.

Дар боби харҷу исрофи зиёд дар маводи дигаре «Аъмоламон ё ин ки муродамон» («Ойина», 1913, №6-7) Беҳбудӣ ба аламу дарди зиёд дар боби орзуву амоли инсонӣ ҳарф зада, мегӯяд, ки меҳнати шабурӯзӣ ва машаққат кашидан барои оянда аст. Бояд ҳар кас барои ояндаи дурахшон талошу ҷадал намояд. Бино ба гуфти Беҳбудӣ, бечора косиб шабу рӯз 18-20 соат кор мекунад, баҳри он ки писарашро тӯй намояд. Он ҳама подоши заҳмати бистсола дар се рӯзи тӯй тамом мешавад. Боз Аҳмади порина, ҳавлӣ ва хона гирад…. Ба ҳоли аксари бечораҳо, ки тӯйи калон карда, зан гирифтаанд, гиря кардан лозим. Азои тӯйи серӯзаро баъзе оилаҳо даҳ сол, ҳатто якумр мехонанд, балки ба беватанӣ ва хонавайронӣ сабаб мешаванд.

Беҳбудӣ чун равшангари машҳури давр наметавонист, аз инҳо чашм пӯшад ва бо алами зиёд аз он нигаронӣ менамояд:

 «Имрӯз бархе барои додани қарзашон кӯрпаву либоси бечора келину домодро мефурӯшанд…Аҳли оила дар ба дар мешаванд. Ҳой, ин чӣ? Як навъи девонагӣ не-мӣ? Субҳоноллоҳ, қарз гирифтан, ба халқ ош додан беақлӣ нест – мӣ?».

Ба андешаи Беҳбудӣ, то ин ҳама тӯю маросим танзим нагарданд, рушду пешрафти ҷомеаро орзу намудан маънӣ надорад. Дар ин маврид Беҳбудӣ навиштаҳои зиёд дорад.

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои қиёс аз расму ойини халқҳои дигар ёдовар мешавад, ки онҳо бештар тӯйҳояшонро шомгоҳон мегузаронанд, аммо мардуми мо «… барои тӯй шуда, ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо аз кор мемонанд». Дар натиҷа чизи аз ҳама қиммат, вақт аз даст меравад, ки ба ин касе парвое надорад. Оҳанги даъвату хитоб дар ин навишта зиёд аст.

Омӯзиши навиштаҳои равшангарон нишон дод, ки воқеан, онҳо барои танзими расму одат дар миёни ҷомеа саъю талоши зиёд карда, дар ин замина андешаҳои пешрави хешро баён намудаанд. Ба ибораи дигар, метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки осори равшангарон аслан ба некӯаҳволии оммаи кишвар, аз ғафлату ҷаҳолат ва нодонӣ раҳо сохтани онҳо нигаронида шуда буд. Бо эҷоди ин навиштаҳои пурдарду алам равшангарон бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор додаанд, ки беилмӣ, бемаърифатӣ ва ғафлатзадагӣ ба чӣ оварда мерасонад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки равшангарони замон дар оғози садаи бист бо дарки воқеияти иҷтимоӣ бештар бадон талош карданд, ки иллату дардҳои ҷомеаро ба таври возеҳ инъикос намоянд. Таълифоти ҷолиби равшангарон хусусан доир ба харҷу исрофи зиёд дар тӯю маросим далели он буда метавонад, ки онҳо бо умеди рушду пешрафти ҷомеа ба ин масъала дахолат намудаанд.

Имрӯз, дар ибтидои садаи ХХI ин андешаҳои пешрави равшангарон дар ҷомеаи мо амалӣ шуда истодаанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ барҳақ мефармояд, ки он “масъалаҳои рушди маънавию ахлоқии ҷомеа, ки маорифпарварон пеш гузошта буданд, имрӯз боз бештар аҳамият пайдо кардаанд”.

 Абдуқодири Абдурауф,

 дотсенти шуъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи 

тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

…КИ МАЪНӢ ДАР ДИЛ АВВАЛ ХУН ШАВАД, В-ОН ГАҲ СУХАН ГАРДАД…

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи матбуот, ки ҳар сол 11-уми март таҷлил мегардад ва ба ифтихори 90-солагии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят-«Ҳақиқати Суғд» дар толори Муассисаи давлатии «Кохи матбуот»-и маркази вилоят мулоқоти собиқадорони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» бо донишҷӯёни бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Мухтор Абдуллоев ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуд, давоми навад соли мавҷудият рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки тайи ин муддат чандин маротиба бо номҳои гуногун интишор шудааст, доимо- дар давраи коллективонии хоҷагии қишлоқ, солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқароркунии баъди ҷангӣ, сохтмони иншоотҳои бузурги аср, корхонаҳои азими саноатӣ, ҳамчунин давраи ноил гардидан ба соҳибистиқлолӣ, баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст омадани сулҳу суббот ва Ваҳдат рисолати хешро ҳамчун ҳамроҳу ҳамрози мардум ва дар роҳи баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа сарбаландона баҷо меовард.

Дар идораи рӯзнома зумраи қаламкашоне фаъолият бурдаанд, ки минбаъд сиёсатмадорони варзида, адиб, олим, инсонҳои барӯманди диёр гардиданд. Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, нависанда Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ ва даҳҳо дигарон аз зумраи онҳоанд. Сипас сармуҳаррири рӯзнома иштирокчиёни мулоқот Аюби Кенҷа, Абдулмаҷиди Бобоҷониён, Файзулло Атохоҷаев, Мавлуда Шарифова, Карим Шариф, Маҳмудҷон Ҳусейнзода, Рафоат Мӯъминова, ки солҳои тӯлонӣ дар идораи рӯзномаи вилоятӣ фаъолият бурда, бо эъҷози қалами худ дар рушду нумӯи журналистикаи тоҷик саҳм гузоштаанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Аз номи Раёсати Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карим Шариф иштирокчиёни чорабиниро ба истиқболи иди кормандони соҳаи матбуот ва 90-солагии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Ҳақиқати Суғд» муборакбод намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳадаф аз доир намудани ин мулоқот, яъне вохӯрии ду насли рӯзноманигорон он аст, ки рӯзноманигорони ҷавон аз сирру асрор, нозукиятҳои пешаи интихобнамудаи хеш бохабар бошанд, аз мактаби собиқадорони соҳа баҳри фаъолияти минбаъдаи хеш омӯзанду сабақ бигиранд.

Дар мулоқот журналистони хушсалиқа Аюби Кенҷа, Абдулмаҷиди Бобоҷониён, Файзулло Атохоҷаев, Мавлуда Шарифова, Маҳмудҷон Ҳусейнзода аз фаъолияти хеш нақлҳо намуданд.

Сипас донишҷӯён бо матбуотчиёни собиқадор суолу ҷавоб доир намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин рӯзноманигорон аз нашрияҳои вилоятии «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок намуданд.

Р.НЕЪМАТОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаи интенсивии ширкати “Барс”

Дирӯз, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гармхонаи интенсивии ширкати “Барс” дидан намуда, дар бунёди боғи суперинтенсивӣ иштирок намуд.

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар майдони 1,2 гектар боғи суперинтенсивии гелос бунёд гардида, дарахтони он аз кишвари Канада оварда шудааст. Интизор меравад, ки аз як гектар то 12 тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.

Читать далее

Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз ин ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дидан намуда, бо харидорону фурӯшандагон сӯҳбат кард. Бори дигар таъкид карда шуд, ки овозаҳои паҳншуда асоси воқеъи надорад ва арзиши маҳсулот дар бозорҳо муътадил буда, зери назорати қатъии сохторҳои дахлдор қарор дорад. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру навоҳи ба миқдори кофи маҳсулоти хурокворӣ дар анборҳои махсуси нигоҳдори  захира карда шудааст. Аз ин хотир бояд мардум ба савсаттаҳои баъзе аз ханнотон бовар накунанд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок намуданд

Дирӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Читать далее

Ҳамқадаму ҳамрози мардум

- Соли равон барои кормандон ва алоқамандони рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро ба таъсиси рӯзномаи мазкур 90 сол пур мешавад, - бо чунин суханон ба маҳфили навбатии "Меҳмонсаро" ҳусни оғоз бахшид сармуҳаррири маҷаллаи "Паёми Суғд" Толиб Карими Озарахш ва афзуд, ки бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ мо ба маҳфиламон чанд тан аз собиқадорон ва кормандони эҷодии рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд"-ро бо сарварии сармуҳаррири он, рузноманигори хушсалиқа ва соҳибтаҷриба Мухтори Абдулло даъват намудем ва дар оғоз аз ӯ хоҳиш менамоем то аз дирӯзу имрӯзу фардои ин нашрияи соҳибмақом ва сернуфузтарини вилоятӣ ба тариқи мухтасар маълумоте баҳри хонандагон пешкаш карда бошад.

-Мухтори Абдулло: -Аввало мехоҳам барои даъват ва пазироии самимона ба чунин як маҳфили бошукӯҳ, ки бо ҳузури адибону соҳибқаламони номвар дар маҷаллаи дӯстдоштаамон "Паёми Суғд" мегузарад, изҳори сипос намоям. Рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" таърихи басо бою рангин дорад. Боиси сарфарозист, ки он дар ҳамаи солҳои мавҷудияташ рисолати худро ҳамчун воқеънигор ё худ инъикоскунандаи ҳаёти вилоят, таблиғгари ғояҳои ояндасоз ва ғановатбахши маънавиёт, тарбияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва дӯстию рафоқати мардум адо карда, дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон саҳми назаррас мегузорад. Кору фаъолияти садоқатмандона ва таҷрибаи кормандони рӯзнома, дар ҳақиқат, ибратомӯз ва шоиста аст ва рӯзномаро метавон як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи миллат номид. Шумораи нахустини рӯзнома моҳи марти соли 1930 бо номи "Колхозчӣ" ба табъ расонида шуд. Нахуст муҳаррири нашрия, шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Москва Муҳаммадҷон Ҳасанов буд. Рӯзнома то гирифтани унвони кунуниаш шаш маротибаи дигар табдили ном кард, яъне бо номҳои: "Роҳи колхозчӣ", "Пролетари Хуҷанд", "Болҳшевики Хуҷанд", "Бо роҳи ленинӣ", Стахановчӣ" ва аз соли 1948 бо номи "Ҳақиқати Ленинобод" дарҷ шуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзнома "Ҳақиқати Суғд"ном гирифт ва ҳамеша ба рисолати худ-ҳақиқатгӯиву воқеънигорӣ содиқ монд…

Аъзами Хуҷаста: -Даргоҳи рӯзномаро "Қадамҷои бузургон "низ меноманд…

-Бале, ин албатта, бесабаб нест. Дар саргаҳи таъсис ва рушду такомули рӯзнома як зумра фардони маъруф меистоданд ва даҳҳову садҳо бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи ҳизбию давлатӣ маҳз қадамҳои нахустини худро ба ин даргоҳ гузошта, соҳиби мақому мартабаҳои баланд шуданд. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қаҳрамонони Тоҷикис-тон, академик Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум низ аз созмондиҳандагон ва мухбирони фаъоли ҳамин рӯзнома буданд. Академикҳо Шариф Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ,нависандагон Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, адибону рӯзноманигорон Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Курбон Баҳлулзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдуҷалил Воситзода, Озод Аминзода, Абдумалик Баҳорӣ, Додоҷон Раҷабӣ, Махкам Пӯлод, Анвар Олим, Ғайрат Ҳаким, Сайидамин Ҷило, Мавлуда Шарифова ва даҳҳо дигарон фаъолияти меҳнатиашонро дар идораи рӯзномаи номбурда оғоз карда, то ба пояҳои баланди адабӣ қадам гузоштаанд. Боиси сарфарозӣ ва ифтихори аҳли қалами рӯзнома аст, ки Шоирони Халқии Тоҷикистон, барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод низ дар ин рӯзнома фаъолият доштанд ва шеърҳои нахустини худро дар он нашр мекарданд.

Насимбек Қурбонзода: - Аз нақши равоншод, Нависандаи Халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил дар тарбияи қаламкашон ва табъу нашри рӯзнома нақл мекардед…

 Файзуллохоҷа Атохоҷаев: - Устод Раҳим Ҷалил бо идораи рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" ва аҳли қалами он пайванди ногусастанӣ доштанд. Аввалан, аз он ҷиҳат, ки ҳуҷраи кории устод ҳамеша дар паҳлуи идораи рӯзнома қарор дошт. Дигар ин, ки он кас то охири умр дар қайди ташкилоти ҳизбии идораи "Ҳақиқати Суғд" меистоданд ва моҳе як маротиба, албатта барои супоридани ҳақки аъзогӣ ба коргоҳи мо меомаданд, Бо ҳар яки мо гарму ҷушон ҳолпурсӣ мекарданд. Бо ташрифи устод коргоҳамон гӯё нуру зиёи тоза пайдо мекард. Ҳама хушҳолона атрофашонро печонида мегирифтем. Бобати мазмуну мӯҳтавои рӯзнома, маводҳои он андешаҳои худро иброз медоштанд. Устод Раҳим Ҷалил ҳазлу мутоибаҳои ширин доштанд, дар ҳама ҳолат қаламкашонро ҳимоя мекарданд. Боре сари калимаи "мавлуд" аз мақомоти боло эроди ҷиддӣ гирифта, мехостанд, ки барои истифодаи калимаи" динӣ" дар рузномаи партиявӣ муҳаррирро ҷазо диҳанд. Устод худашон назди шахси аввал даромада, исбот карданд, ки ин калима бо дин ягон алоқамандӣ надорад ва ҳамин тавр ҷони муҳаррирро аз ҷазоҳо халос карданд. Умуман, устод Раҳим Ҷалил шахси ниҳоят бообрӯ, соҳибмақом ва босалобат буданд ва на ҳар кас ҷуръат мекард сухани он касро бе эътибор гузорад. Маҳз ба шарофти бузургии устод Раҳим Ҷалил меҳмонони воломақом, шоирону нависандагоне, ки чӣ аз дохилу чӣ аз хориҷи кишвар ба вилоят ташриф меоварданд, аввал ба назди устод меомаданд ва ҳамзамон бо мо, рӯзноманигорони "Ҳақиқати Суғд" низ мулоқот меоростанд. Мо аз файзи дидору сӯҳбат-ҳои дилпазири устодони каломи бадеъ Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор, Кутбӣ Киром ва бисёр дигарон бо инояти устод Раҳим Ҷалил баҳравар гаштаем. Рӯҳу равонашон шод ва чароғи ёдашон ҳамеша фурӯзон бод!

Толиби Луқмон:- Рӯзнома дар инъикоси Иҷлосияи16-уми таърихии Шӯрои Олӣ чӣ саҳм гузошт?

-Нақши "Ҳақиқати Ленинобод" дар ҳифзи сохти конститутсионӣ ва инъикоси Иҷлосияи тақдирсоз назаррас буд. Рӯзноманигорон ҳар як рӯзи Иҷлосияро воқеъбинона инъикос мекарданд, ҳамагонро аз қарорҳои он огоҳ месохтанд. Он чиз бароямон боиси ифтихор шуд, ки баъди анҷоми Иҷлосия Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 декабр моро дар толори Ҳукумати вилоят ба ҳузур пазируфтанд,ташаккур изҳор карданд ва гуфтанд: "Ман ба "Ҳақиқати Ленинобод" бовар дорам".

Матлуба Ёрмирзоева: - Вазъи рӯзнома дар замони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷӯҳ ба кадрҳои ҷавон чӣ гуна аст?

- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ вазъи ҳам рӯзнома ва ҳам қормандони он хеле рӯ ба беҳбудӣ овард. Мушкилоти моро, ки аз нарасидани мутахассисони ҷавон танқисӣ мекашидем, таъсис ёфтани шӯъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷума дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бартараф кард. Ҳоло ҳайати кормандони мо аз ҷумлаи ҷавонони соҳибистеъдоду боғайрат Сурайё Ҳакимова, Шоира Каримзода, Маъмурахон Самадова, Нодир Турсунзода ва дигарон афзун гашта, онҳо анъанаҳои устодонро гиромӣ медоранд ва барои пешбурди ҷомеа ҳиссаи назаррас мегузоранд. Бо қаноатмандӣ мегӯям, ки баҳри ҳайати эҷодии рӯзнома шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда шудаанд. Музди маоши кормандон низ назар ба пешин хеле боло рафтааст.

Тӯҳфа Расулӣ: Ба чунин маҳфили гарму пур аз хотираҳои ширин тасодуф меҳмон шудаму хеле шоду мамнун гаштам. Барои ман ва ҳамсари зиндаёдам адиб ва рӯзноманигори маъруф Абдураҳмон Расулӣ рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ниҳоят азиз аст. Зеро мо ҳам чакидаҳои нахустини эҷодиёти худро маҳз дар ҳамин нашрия дарҷ кардаем.

Маҳваш: - Лутфан мехостем дар бораи худ ва нақшаҳои эҷодиатон бигӯед.

-Аввало мехоҳам шукри сарнавиштро кунам, ки маро бо рӯзномаи мӯътабари "Ҳақиқати Суғд" пайваст. Зеро он солҳо ба кор қабул шудан ба ин рӯзнома кори саҳлу осон набуд. Ман соли 1984 баъди хатми мактаби миёна ба бахши ҷурналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда,сипас тибқи озмун барои таҳсил дар факултаи ҷурналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург роҳхат гирифта, онро соли 1991 бомуваффақият хатм намудам ва худи ҳамон сол бо ҳидояти рӯзноманигори варзида устод Файзуллохоҷа Атохоҷаев фаъолияти кориамро дар рӯзномаи вилоятӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ оғоз намудам. Баъд то соли 1999 дар вазифаҳои мухталиф кор кардам. Минбаъд ба ҳайси устоди кафедраи ҷурналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мухбири махсуси нашрияи "Садои мардум" дар вилояти Суғд, сардори Дафтари матбуоти маркази "Тоҷикстандарт", мудири шӯбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд низ фаъолият доштам. Аз моҳи ноябри соли 2014 тибқи қарори Раиси вилоят сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" таъин гаштам. Ният дорам маҷмӯаи мусоҳибаҳоямро бо адибони номвар ва дигар ашхоси мӯътабар, ба амсоли Аъзам Сидқӣ, Шамсӣ Собир, Атахон Сайфуллоев, Абдулманнон Насриддинов ва дигарон ба шакли китоб ба нашр омода созам…

Ҳамчунин мехоҳам маҷмӯаи ашъори худро низ тартиб диҳам ва аз ин силсила шеъри худро, ки ба академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, ҳоло баҳри шумо қироат мекунам:

Хирадмандони миллатро ту устодӣ,

Ки нахли ақлу донишро ту бар додӣ.

Туро андар хирад устод Фирдавсӣ!

Камоли ҳикмату андарзу панди ту,

Ҳакими маъруфию арҷмандӣ ту,

Адаб парвардаӣ аз ҳикмати Саъдӣ!

Ба даври ту нагардид Инқилоби давр,

Фузун мекард бодӣ дар сари ту ҷавр,

Туро аз бандагӣ бедор кард Айнӣ!

Туро «Шоҳнома» ибрат гашт дар ирфон,

Туро шуд «Маснавии маънавӣ» имон.

Туро рӯҳи бузургон шуд ҳидоятгар!

Ту эҳёи Аҷамро тозатар кардӣ,

Зи Машриқ оламеро бохабар кардӣ,

Паямбарвор пайки «Тоҷикон» додӣ!

Намудӣ во дар таърихи миллатҳо,

Туӣ сардафтари таърихи миллатҳо,

Китоби халқи дунё «Тоҷикон» имрӯз!

Ту дар таърихи Одам зинда хоҳӣ монд,

Ба қалби мо абад поянда хоҳӣ монд,

Нахустин қаҳрамони Тоҷикистонӣ!..

Толиб Карими Озарахш: - Барои сӯҳбати самимиву пурмазмун ба шумо ва ҳамаи кормандони рӯзномаи соҳибҷашн ташаккур мегӯям. Итминони комил дорам, ки минбаъд низ қаламкашони рӯзнома баҳри иҷрои Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

  Таҳияи Мавлуда Шарифова

Читать далее