11 March 2020

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи матбуот маҳфили «Рӯзноманигорони наврас» - и нашрияи наврасону ҷавонони «Ворисони Суғд» таҳти унвони «Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам» баргузор шуд.

Маҳфили идона соҳибқаламони ҷавони шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони маъруфи вилоятро ба ҳам овард. Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ дар бораи таърихи матбуот, нақши васоити ахбори умум дар ҳаёти ҷомеа, рисолат ва масъулияти рӯзноманигор ва дигар паҳлуҳои пешаи рӯзноманигорӣ сухан гуфта шуд. Соҳибқаламони ҷавон аз эҷоди худ дар шакли ҷанрҳои гуногуни ҷурналистӣ намунаҳо пешниҳод сохтанд.

Дар интиҳо озмуни «Маводи беҳтарин» натиҷагирӣ ва ғолибон муайян гардида, соҳибистеъдодҳои нав ба ҳайати эҷодии рӯзнома шомил гардиданд.

Ш.РУСТАМ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ

Ҳамасола санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бахусус, доираҳои фарҳ­ангии кишвар ва аҳли қалам ботантана таҷлил мегардад.  Ба ҳамагон маълум аст, ки матбуот барои мардум ҳамчун маводи ниёзи аввал аҳамияти бештар касб намуда, рӯзноманигорон нуфузи бештареро дар ҷомеа соҳибанд.  Намояндагони васоити ахбори омма кӯшиш доранд, бо навиштаҳои хеш дар қалби ҳар хонанда ҷой дошта бошанд.  

Тантанаҳои иди матбуот имсол шукуҳу шаҳомати махсус доранд. Зеро аз рӯзи нахустин барориши рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», ки таърихи матбуоти тоҷикро асос гузошт, беш аз сад сол гузашта бошад ҳам, қаламкашон бо қалами буррои хеш, бо суханҳои арзишманду мақолаҳои хонданӣ ва барномаҳои рангин мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, корнамоиҳо баҳри обод намудани диёр сафарбар менамоянд. Давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол ба ин бахши муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Бо иқдом ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Иттифоқи журналистони вилоят аёдати собиқадорон дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик сурат гирифт.  

Раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён,  Раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят Мунира Раҳимова ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «ҳақиқати Суғд» Мухтори Абдулло собиқадорони соҳа: Аюб Кенҷа, Тӯҳфа Расулӣ, Мазбут Воҳидов, Амонҷон Сатторов, Муҳаббат Мирсаидова, Абдуалӣ Халилов ва дигаронро аёдат намуда, бо ин санаи фархунда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва созмони журналистони   вилоят табрик гуфтанд.

Собиқадори соҳа Аюб Кенҷа миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонда, иброз дошт, ки рӯзноманигорон ҳамавақт нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти ақлонии хешро баҳри ҳадафҳои созанда, татбиқи ҳаёти сиёсати хирадмандона ва ғояҳои хештаншиносӣ равона кардаанду ин нуктаро рисолати азалии хеш меҳисобанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

«Роҳи колхозчӣ» - аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ва саҳми он дар шаклгирии матбуоти маҳаллӣ

Солҳои 30 - юми асри ХХ давраи нави тараққиёти матбуоти миллӣ буд. Дар ин марҳала дар ҷумҳурӣ ба нашри «панҷ рӯзномаи республикавӣ, як газетаи округӣ ва се журнал шурӯъ карда шуд, ки тираҷи умумии онҳо 20 ҳазор нусхаро ташкил медод».

Воқеан, дар ибтидои солҳои 30 - юми қарни гузашта «Роҳи колхозчӣ» (айни ҳол «Ҳақиқати Суғд) аз аввалин рӯзномаҳои округӣ буд, ки ба таҷрибаи газетаи «Правда» такя карда, ба вусъат додани кори оммавию сиёсӣ ва тарбиявӣ» машғул шуд ва имрӯз рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» 90 сол аст, ки чун нашрияи рақами аввали вилоят дар фазои иттилоотии кишвар ба рушду нумӯи журналистикаи тоҷик саҳм мегузорад.

Тӯли ин солҳо мактаби «Ҳақиқати Суғд» дар тарбияи мутахассисони соҳа саҳми бориз гузоштааст. Ба таърих назар андозем, «Ҳақиқати Суғд» чанд дафъа номи хешро тағйир додааст ва имрӯз нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» шоҳиди зиндаи воқеаҳои таърихии асри ХХ буд. Агар имрӯз бастаҳояшро варақгардон кунем, шиорҳои оташини инқилобӣ, пайдоиши нахустин заводу фабрика ва колхозу совхозҳо, фаъолияти мактабҳои шӯравӣ ва маҳви бесаводӣ, иҷрои нақшаҳои 5 - солаҳои аввал, зиндагии пурғалаёни солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, азнавсозиҳои баъдиҷангӣ, гул - гулшукуфии сотсиализм, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, сулҳу ваҳдат, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойдории Тоҷикистони навин аз пеши назар мегузаранд.

«РОҲИ КОЛХОЗЧӢ» ва «КОЛХОЗЧӢ»

То имрӯз рӯзнома чанд маротиба номи худро иваз намуда, бино ба иттилои сарчашмаҳо, шумораи якуми он 25 - уми марти соли 1930 бо номи «Роҳи колхозчӣ» нашр ва то 25 - уми июли соли 1930, шумораи 31 бо ҳамин ном интишор шудааст.

Рӯзнома аз шумораи 32, 29 - уми июли соли 1930 то шумораи 60, 5 - уми ноябри соли 1930 бо номи «Колхозчӣ» нашр гардид.

Он чун нашрияи афкори комитаи округии Фирқаи Коммунистии (б) Хуҷанд, комитаи иҷроияи округӣ ва шӯрои касабаҳои округи Хуҷанд интишор ёфт. Таърихшинос Усмонҷон Ғаффоров дар яке аз мақолаҳои хеш, ки соли 1980 ба истиқболи 50 - солагии рӯзнома нашр шудааст, ташкил шудани рӯзномаро аз нақли муҳаррири аввалини он - Муҳаммадҷон Ҳасанов чунин овардааст:«Баҳори соли 1928 маро барои хондан ба Институти журналистикаи Москва фиристоданд. Вақте ки ман дар курси охирин таҳсил мекардам (ин ибтидои соли 1930 буд) маро ба редаксияи газетаи «Правда» даъват намуда гуфтанд, ки ман муваққатан таҳсилро тарк карда, барои ташкили газета ба Ватан равам.

Ман бо як гурӯҳ коркунони техникии газетаи «Правда» аввали баҳори соли 1930 ба Хуҷанд омада, ба баровардани газета шурӯъ намудем. Пеш аз он ки шумораи якуми газетаро барорем, бегоҳии 24 - уми марти 1930 варақаи ҳаҷман хурдро чун «тарғиботнома» нашр карда, дар байни омма паҳн намудем. Саҳарии рӯзи сешанбеи 25 - уми марти соли 1930 шумораи нахустини газетаи Хуҷанд бо номи «Роҳи колхозчӣ» интишор ёфт». Гуфтан бамаврид аст, ки дар мақолаи «Ёде аз нахустсармуҳаррир» рӯзноманигор Абдулмаҷиди Бобоҷониён дар мавриди варақаҳои тарғиботӣ чунин қайд кардааст: «Қабл аз нашри шумораи нахустин бо ташаббуси муҳаррир иборат аз 800 адад варақаҳои огоҳкунанда чоп карда, дар байни аҳолӣ паҳн намудаанд, ки мазмуну мақсади он диққату эътибори оммаро ба рӯзномаи навташкил ҷалб кардан буд».

Хушбахтона, мо шумораҳои 1, 3, 9, 28, 32 - юми соли аввали нашри рӯзномаи «Роҳи колхозчӣ» - ро аз Китобхонаи давлатии Федератсияи Россия дастрас намудем, ки имрӯз ба шинохти таърихи «Ҳақиқати Суғд» чун сарчашмаи боэътимод хидмат мекунад. Бояд гуфт, ки рӯзнома то шумораи 32 бо номи «Роҳи колхозчӣ» нашр шуда, санаи 29 - уми июли соли 1930, шумораи 32 бо номи «Колхозчӣ» нашр шудааст.

Усмонҷон Ғаффоров дар як омӯзиши хеш ба шумораи аввали рӯзномаи «Роҳи колхозчӣ» ва бобати маводи шумораи нахустини рӯзнома ҳарф зада, қайд кардааст, ки вазифаи асосии рӯзнома пеш бурдани сохти колхозӣ ва мустаҳкам кардани он будааст. Ин таърихшинос мақолаю хабарҳои шумораи якуми он, ба монанди «Роҳи колхозчӣ» - аскари муборизакунандаи коллективонидани хоҷагии қишлоқ аст», рубрикаи «Зиндагонии колхозҳои округ» дар бораи колхозҳои «Саидқӯрғон», «Меҳнаторо», мақолаи «Нақшаи кирмакдорӣ дар Хуҷанд» ва ғайраро далели андешаҳои хеш медонад.

Дар барориши шумораҳои «Роҳи колхозчӣ» хизмати аввалин журналистони Хуҷанд М.Ҳасанов, Э.Мӯҳсинзода, А.Паҳлавонзода, М.Саид, Ҳ.Карим, С.Носиров, Ҳоҷиёров, Р.Ҷалил хеле калон аст.

Дар соли аввал газетаи «Роҳи колхозчӣ» бо ҳуруфоти арабӣ чоп мешуд ва он ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои шанбе ва сешанбе нашр мегар-дид.

Шумораи 1 «Роҳи колхозчӣ». Дар болои шиносномаи рӯзнома, ки рӯзи сешанбе, 25 марти соли 1930 интишор шудааст, бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ шиори рӯзнома - «Пролетарҳои ҳамаи дунё, як шавед!», «Пролетарии всех стран, соединятесь!» омадааст, рӯзномаи «Фирқаи Коммунистии (б) Тоҷикистон. Ношири афкори кумитаи округии Фирқаи Коммунистии (б) Хуҷанд. Кумитаи иҷроияи округӣ ва шӯрои касабаҳои округи Хуҷанд» муаррифӣ шуда, дар ҳамин қисмат суроғаи идора «шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Октябр. Идора ва контури газетаи «Роҳи колхозчӣ», шумораи телефон 97» оварда шудааст. Дар қисмати поёнии «шиноснома» зикр шудааст, ки «газета ҳафтае ду бор - рӯзҳои шанбе ва сешанбе нашр мешавад».

Дар кунҷи чапи шиноснома баҳои обуна барои яксола 2 сӯму 80 тин, барои шашмоҳа 1 сӯму 40 тин ва барои семоҳа 80 тин, як нусхааш 3 тин дар ҳар ҷо муайян шудааст. Ҳамзамон, номи муассис бо хати кириллӣ ва забони русӣ низ таъкид шудааст: «Орган Ходжентского окружкома КП(б) Тадҷикистана, Окрисполкома и окрпрофсовета».

(Давом дорад)

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Читать далее