12 March 2020

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву хуррамгардонӣ, сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва сарсабзу тоза намудани кӯчаву маҳаллаҳо муташаккилона ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии гуруҳи калони мутахассисону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо аз чанд шаҳру ноҳияи вилоят боздид намуд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода кишоварзи номдори кишвар Аҳмадҷон Қосимовро аёдат намуд

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ва оғози мавсими кишту кори баҳорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кишоварзи номдори кишвар, собиқадори меҳнат Аҳмадҷон Қосимовро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат мавсуфро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва рӯзгори хушро таманно намуд. Таъкид карда шуд, ки хизматҳои фидокоронаи чунин мардони накӯном аз ҷониби давлату Ҳукумат доимо қадр карда мешавад.

Читать далее

Ҷинояткор бояд ҷазо гирад!

Тибқи расонаҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардид, ки як гуруҳи оппозитсияи тоҷик рӯзи 2 март дар назди Маркази истирдоди пулиси шаҳри Венаи Австрия нисбати қарори ихроҷи Ҳизбулло Шовализода аз Австрия эътироз карданд.

Тавре мақомоти Австрия баён намуд, баҳори соли 2019 Шовализода дархост кардааст, ки ба ӯ паноҳгоҳ дар Австрия роҳ диҳанд. Вале мақомоти Австрия дархостро рад карда қарор кардааст, ки ӯро рӯзи 4 марти соли равон бо парвози Вена-Истанбул ихроҷ кунад. Аксари онҳо худро тарафдорони аҳзобу гуруҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24», ҲНИ ва Паймони миллӣ меноманд ва қисме – пайрави ҷараёни мазҳабии низ дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ҳастанд.

Дар ҳақиқат он шахсоне, ки ба кишвари худ хор заданду ба дигар давлатҳо лозим нестанд, чунки ҳама мефаҳманд, ки ба мардуми худ аз хор задан истиҳола накарда бошанд нисбати дигар миллат низ худдорӣ намекунанд. Дар мисол, Сурияро овардан мумкин аст.

Ҳамчун шаҳравандони Тоҷикистон мо қарори мақомоти Австрияро дастгирӣ мекунам ва он нафароне, ки дар ҳақиқат гунаҳкоранд бояд ба корҳои ношоистаашон ҷавоб диҳанд.

Салимова М. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Читать далее

Душман ба нияти нопоки худ намерасад!

Дар замони муосир бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро мавҷи нооромиҳои сиёсӣ фаро гирифтааст, ки аксари онҳо зиддиятҳои мазҳабианд. Бисёр мардуми мусалмон дар замони имрӯза азият кашида истодаанд.

Онҳое, ки аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, мардумро гумроҳ месозанд, аз тарафи баъзе мамлакатҳои абарқудрат ҷонибдорӣ мебинанд. Ҳаракатҳои сиёсии онҳо хислати террористию экстремистӣ дошта, ба миллат, забон, урфу одат ва анъанаҳои милливу фарҳангии миллату халқиятҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодаанд. Бархе хоинони кишвари мо низ, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштаанд, бо супориши хоҷагони хориҷиашон кӯшиш доранд, ба амну субот ва оромии Тоҷикистони биҳиштосоямон халал ворид намоянд.

Яке аз чунин шахсон истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Далер Шарипов мебошад, ки давоми солҳои 2013 - 2019 зиёда аз 200 асару мақолаҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро ғайриқонунӣ ба чоп расонидааст ва асарҳои нашрнамудаи ӯ дорои хусусияти ифротгароёна мебошанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз он давлате нест, ки амалҳои террористиро нодида гирад. Баръакс, давлати мо дар замони муосир дар арсаи байналхалқӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар роҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Ба Далер Шарипов ва ҷонибдорони ӯ чунин пешниҳод карданием, ки тарғиби ғояҳои ифротгароёна ин баланд бардоштани мақоми Ислом нест. Дини Ислом поку беолоиш буда, ба инсонҳои нохалафу нопок ниёзе надорад. Имрӯз зумраи инсонҳои бесаводу дунёбехабар, ки аз ягон қоидаву қонунҳои шариати Ислом хабар надоранд, аз номи ин дини муқаддас сӯиистифода мекунанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки яке аз ҷонибдорони фаъоли ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, бо якчанд суханҳои худ Далер Шариповро ҳақ ҳисобида, ӯро ҷонибдорӣ намудааст. Имрӯз душманони миллати тоҷик мехоҳанд, бо ҳар гуна суханҳои беарзиш ба кишвари худ буҳтон зананд. Аммо мардуми шарафманди мо сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд ва медонанд, ки ҳақ ба ҷониби кист.

Бинобар ин душманони миллати тоҷик ягон вақт ба мақсадҳои нопоки худ нарасидаанд ва нахоҳанд расид.

М.МУҲАММАДИЗОДА,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Илму дониш - меҳвари зиндагӣ

Терроризм ва ифротгароӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, бештар ба ҳаёту ояндаи ҷавонон хатарнок мебошад. Ин вабои аср бештар ба ҳолати равонии аҳли башар таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад,балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба бор меорад.

Имрӯз дар ҷомеаи мо барои ҷавонон шароитҳо муҳайёст. Бояд онҳо аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, рӯ ба илму дониш оранд, забон омӯзанду аз технологияи муосир бохабар бошанд. Давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон буда, фарҳанги миллиамонро ҳифз ва эҳё намоянд, сазовори боварии миллату давлат бошанд, ору номуси ватандорӣ меҳвари асосии зиндагии онон бошад.

Дар ин марҳалаи барои ҷаҳониён ҳассос миллати сарбаланди тоҷик бо ақлу заковати дурандешона бо ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад, зеро мардум худ эҷодгару офарандаи зиндагии ободи хеш мебошад.

Бояд зикр кард, ки сабаби рӯ овардани бархе аз ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб костагии тарбияи оилавӣ, дур мондан аз назорати волидон ва беэътиноии атрофиён мебошад. Муносибати нек ба фарзанд ва ҳамсӯҳбати хуб будан ҷавононро аз роҳи бад мегардонад. Қадршиносӣ, шукргузориро ба ҷавонон аз синни кӯдакӣ бояд омӯзонд. Агар ҷавонон ба қадри оила, волидон нарасанд, пас эшон ба қадри Ватану ҷомеа низ нахоҳанд расид.

Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа омода ва фаъол бошад. Дар марҳалаи навини таърихи башарият рушд ёфтани таълимоти экстремистӣ ва террористӣ ҳамаи моро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар самарабахш амалӣ созем. Ба тарбияи ватандӯстона, инсондӯстии ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофари тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъйу талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Абдурашид АБДУАЗИЗИЁН,
сармутахассиси Раёсати
адлияи вилояти Суғд

Читать далее

Маърифат ва ирода муҳим аст!

Мардуми тоҷик то имрӯз нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст. Аммо як зумра хоинони Ватан андешаи аз сари нав ноором кардани сулҳу суботи кишварро доранд ва мардуми диёр, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.

Аслан самти характерноки амали гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷалбсозии ҷавонон, гумроҳ кардан ва ба роҳи хиёнаткорӣ ҳидоят намудани ҷавонони сустирода зоҳир мешавад. Нодида гирифтани рафтори ношоистаи ҷавонон, аз ҷониби аҳли ҷомеа гузашт кардан ба қадамҳои хатои онҳо, беэътиборӣ ба рафтори онҳо оқибати боз ҳам ногувортарро оварданаш мумкин аст.

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонони аз маърифат канормонда ва камҷуръат ба гурӯҳҳои ифротӣ бояд байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба онҳо ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳои тундравро фаҳмонем. Аз ин нуқтаи назар дар ин самт омили асосӣ аввалан дар муҳити оила бошад, ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа низ нақши калон доранд.

Барои татбиқ ва амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки санади давлатии дорои аҳамияти миллӣ мебошад, механизмҳои иловагиро андешидан ба мақсад мувофиқ аст, зеро баланд бардоштани масъулияти ҳуқуқии волидайн барои рафтори ношоиста ва кирдору амалҳои хилофи қонун равонашудаи фарзандони маърифаташон суст, муайян кардани сатҳи ҷавобгарии онҳо дар назди ҷомеа дар мадди назар бояд қарор гирад.

Дар масъалаи суст намудан, бартараф сохтан ва оқибат решакан намудани ақидаву амалҳои террористию экстремистӣ роҳи ҳалли муаммо муборизаи дастаҷамъона, муташаккилона ва ҳамҷояи тамоми давлатҳо ва мардуми хайрхоҳи башар мебошад.

Хулосаи умумие, ки аз гуфтаҳои болоӣ нисбат ба амалиёти террористию экстремистӣ бармеояд, дар он зоҳир меёбад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ ва мустақилона бехатарии хос ва устувории сулҳро дар ҳудуди мамлакати худ таъмин карда наметавонад. Ин кори дастаҷамъона ва муташаккили гурӯҳи давлатҳо, аниқтараш, амалиёти ҷомеаи инсонияти сулҳпарвар аст. Баҳри пешгирӣ ва паҳншавии ин амалҳои номатлуб бояд ҳар як фарди солимақл ва ватандӯст ҳиссаи худро гузорад.

М. ЭГАМОВ,
декани факултети электромеханикаи
Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Заминаи устувор барои ҳамдигарфаҳмӣ ва бисёрҳизбӣ

Сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар посухи худ ба радиои Озодӣ изҳор кардааст, ки интихоботе, ки 1-марти соли 2020 дар ҷумҳурӣ баргузор гардид поёни ҳамдигарфаҳмӣ ва гузариш ба самти яккаҳизбӣ мебошад. Бо чунин ақидаи Кабирӣ ҳеҷ гоҳ розӣ шудан мумкин нест ва он хусусияти ғаразнок дорад. Тавре маълум аст, дар интихоботи баргузоргардида ҳафт ҳизби сиёсӣ иштирок намуда номзадҳои худро пешниҳод карданд, ки он ҷавобгӯи принсипҳои демократия мебошад. Натиҷаи интихобот нишон дод, ки номзадҳои аксарияти ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва якмандатӣ ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб гардиданд.

Пас чӣ тавр М.Кабирӣ онро нодида гирифта гузариш ба яккаҳизбӣ намудааст?

Бо чунин посух М.Кабирӣ кӯшиш намудааст, ки шунавандагонро барои хулосаи нодуруст баровардан мусоидат намояд. Бинобар ин хулосаи гузариш ба яккаҳизбӣ хатогии сиёсии М.Кабириро нишон медиҳад. Аз дигар тараф, ин ақидаи ӯ маънои паст задан ва эътироф накардани фаъолияти ҳизбҳои дигари сиёсиро дорад.

Аз андешаи М.Кабирӣ чунин хулоса бармеояд, ки танҳо иштироку фаъолияти ҳизби наҳзат маънои ҳамдигарфаҳмӣ ва бисёрҳизбиро дораду халос. Бо чунин андеша ҳеҷ гоҳ розӣ шудан мумкин нест. Зеро тавре маълум аст, моҳи сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода кӯшиш ба амал баровардани табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон намуд, ки дар натиҷа ин амал шикаст хӯрд ва фаъолияти ҳизби ифротӣ манъ карда шуд ва он ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон карда шуд.

Ҳизби наҳзат бо роҳбарии М.Кабирӣ принсипи ҳамдигарфаҳмиро поймол намуда, кӯшиши бо роҳи ҷанг ба даст даровардани ҳокимиятро кард ва то ҳол дорад. Агар онҳо ба мақсад мерасиданд, пас дар мамлакат диктатура ва яккаҳокимиятӣ ҲНИ барқарор мегардид. Бинобар  ин андешаю посухҳои М.Кабирӣ характери фиребдиҳӣ ва иғвогариро дорад. Тавре маълум аст, дар интихоботи баргузоргардида дар Тоҷикистон намояндагони созмони ИДМ, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд ва дар нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки интихобот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва бисёрҳизбӣ баргузор гардид. Паймони миллӣ, ТТЭ ҲНИ дар интихоботҳо, ки дигар ҳеҷ гоҳ иштирок карда наметавонанд.

Бо андешаю посухҳои ғаразнок худро дар назди сарпарастонаш ва ҳаммаслакону ҷонибдораш сафед намуда, барои дар ҷомеа пайдо гардидани андешаҳои носолиму иғвогарона кӯшиш менамоянд. Чунин мақсаду андешаҳо ба мақсад нахоҳад расид. зеро имрӯз дар Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор буда барои пешрафти иқтисодию – сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ заминаи устувор гузошта истодааст.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Ифротгароӣ – хатар ба ҳаёти осоишта

Айни ҳол омилҳои номатлуб ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд. Имрӯз вазъи сиёсии сайёра дар умум ноором аст. Ҷанг аз паси худ ҳамеша даҳшату бераҳмӣ хоҳад гузошт. Ҷанги таҳмилии Тоҷикистон, ки солҳои 90 - уми асри гузашта рух дод, маҳз бо тарҳу нақшаи пешакии ТТЭ ҲНИ ба вуқӯъ пайваст.

Он рӯзҳоро бояд мо ҳамчун дарси ҳаёт, панди рӯзгор оқилона қабул намоем. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо кӯшишҳои авомфиребона мехостанд, кишварро ноором созанд.

Онҳо бо ин амалҳои зишташон дини мубини Исломро доғдор месозанд. Ислом дини меҳру шафқат асту ҳама гуна зӯроварӣ, қатлу кушторро маҳкум менамояд.

Ҳақиқати талх ва ташвишовар он аст, ки айни замон сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо ҳар роҳу восита, бо иғвоҳои беасосу дасисаҳои бардурӯғу сохта, бо ғараз кишварамонро мехоҳанд, боз ба нооромӣ кашанд ва пайваста дар сомонаҳои интернетӣ танқидҳои дурӯғини худро идома медиҳанд. Ӯ ва ҳаммаслаконаш ба ивази маблағ, ҳаёти осоиштаи бемеҳнат дар хориҷа бозичаи дасти хоҷагони худ гардидаанд.

Ба Ватану миллати худ хоин будан гуноҳи азиму нобахшиданист. Онҳо ҳамчун хоин ва душмани миллат пешравиҳову ободии кишвари азизамонро нодида мегиранд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИ ва 16-уми августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро мамнуъ ва онҳоро ташкилотҳои террористию экстремистӣ эълон намуд. Ҳамчунин, сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва дигар созмону ҳаракатҳои ифротгаро хизмат мекунанд, мамнуъ эълон карда шуд. Воридоту паҳни аудиосабтҳо, наворҳои видеоӣ, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст.

Аъзоёни ТТЭ ҳоло низ бо роҳу воситаҳои гуногун, махсусан бо истифодаи интернет мехоҳанд, ҷавононро ба ин ташкилотҳои ифротгаро ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки сатҳи дониши динӣ ва дунявӣ, савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати худро боло бардоранд, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд, ба ваъдаҳою найрангҳои ифротгароён фирефта нашаванд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мувофиқи моддаи 41 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани Қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Боиси хушнудист, ки маротибаи 16 - ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амалӣ гардида, он ба зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшудагон татбиқ гардид.

Аз ҷумла шахсоне, ки бо моддаи 307 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати оммавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, фаъолияти экстремистӣ, узвият дар ТТЭ, ҷалб намудан ба ТТЭ, ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта аз озодӣ маҳрум гашта буданд, авф карда шуданд. Авф ҷиҳати тарбиявӣ ва ахлоқӣ низ дорад. Авфшудагон ҷавобан ба ин меҳрубонию ғамхорӣ бояд роҳи ростро интихоб намоянд, дигар ба ҷиноят даст назананд, ба қадри озодӣ бирасанд, барои ободию пешравиҳои диёр саҳмгузор бошанд, фарзанди содиқи Ватан бошанд, Ватанро сидқан дӯст доранд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти дахлдор ва сохторҳои марбута, балки қарзи ҳар як шаҳрванди бонангу ор ва ватандӯст мебошад. Дар ин самт ҳамкории зичи аҳолӣ бо мақомот самарабахш буда, натиҷаҳои хуб медиҳад.

Н.НАЗАРИЁН,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее

Тафриқаандозӣ накунед!

Созмони иртиҷоиву ифротии Паймони миллӣ, ки берун аз кишвар фаъолият менамояд, бо тафаккури носолими хештан байни ҷомеа тафриқа андохта, ба афкори шаҳрвандони Тоҷикистон аз берун истода, дахолат карданӣ мешавад. Ин ташкилот тавассут иғвоангезӣ ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешавад. Аммо шууру маърифати сиёсии шаҳрвандон нисбат ба солҳои пешин хеле баланд рафтааст. Мардуми имрӯзаи Тоҷикистон мардуми солҳои 90-ум Амалҳои ин созмони аҳдшиканро мардуми шарифи кишвар бо фарҳанги баланди сиёсии хеш дуруст дарк карда, хулосаи зарурӣ баровардаанд. Амалҳои Паймони Миллӣ ба ҷуз иғвоангезиву ҷудоиандозӣ чизи дигаре нест.

Имрӯз дар кишвар сулҳу суббот пойдор аст. Баҳри созандагиву бунёдкорӣ шароиту имкониятҳо мавҷуд аст. Ҳар тоифа ё гурӯҳе, ки баҳри ҳифозат аз манофеи худ бо мафкураи ғаразона иқдоме анҷом медиҳад ва байни мардум тафриқа андохтанӣ мешавад, душмани миллат маҳсуб мегардад.

Меҳроби Ватан,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Созмони бадкешу иғвобарангез

Ҳарчанд замона дигар мешавад ва тағйиротҳои куллӣ дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, аммо ҳастанд шахсоне, ки чун зоғҳои бадмур бо дили пур аз кинаву адоват ба ҷомеа менигаранд. Мо, ин тоифа афродро метавонем дар мисоли ТТЭ ҲНИ ва кормандони радиои “Озодӣ” мушоҳида намоем. Зеро ҳарду ҳамин ниҳод феълан дар ҷомеа як вазифаро иҷро карда истодаанд, - тарғибу ташвиқи ифротгароӣ ва терроризм, ки ба амнияти ҷомеа хатарнок аст.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда ва аз ҳамон ҷо ба ҷониби миллати тоҷик сангандозӣ мекунанд ва миллатро фиреб медиҳанд.

Дар мисоли ТТЭ ҲНИ мо ҳамин қадар гуфта метавонем, ки дар кишвар солҳои 90-уми асри гузашта фитнаандозӣ кард ва ҷанги шаҳрвандиро ташкил кард, ки аз ин хисороти зиёде ба кишвар расид.

Пас аз дар соли 2015 хок хӯрдани тирашон ин фитнагарон ва бадкешон бо роҳбарии Кабирӣ ба хориҷ фирор карданд ва аз ҳамон ҷо имрӯз ба миллати тоҷик хиёнаткорӣ мекунанд.

Радиои “Озодӣ” аз замони таъсисаш то ба имрӯз барои фитнаандозӣ ва иғвобарангезӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шуҳрат дорад ва дар аксари кишварҳо баста шудааст.

Кормандони ин ниҳод талош мекунанд, ки бо гузоришу хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарангез миёни ҷомеа фитнаандозӣ кунанд ва мардумро фирефта созанд. Ё ба ибораи дигар гумроҳу, сарсону саргардон намоянд.

Ҳоло роҳбарии бахши тоҷикии ин радио дар хидмати наҳзатиён қарор гирифтааст ва ҳоло бо машварати ҳамин тоифаи бадкеш фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ин пеш аз ҳама хиёнат ба ҷурналистика мебошад.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ - металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее