13 March 2020

ЯРМАРКАИ ШАРТНОМАНБАНДӢ

Ярмаркаи шартномабандӣ байни истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд бо иштироки сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони 15 корхонаи коркарди аввалияи меваву сабзавот дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» баргузор гардид.

Дар ярмарка кишоварзону истеҳсолкунандагон байни ҳам шартномаи тарафайн бастанд. Бояд гуфт, ки  ҳадафи асосии чорабинии мазкур истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он ба хориҷи мамлакат маҳсуб меёбад.

Н.Турсунов,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Рисолати вакилӣ – хидмати содиқона ба халқу Ватан

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум 

Санаи 13 – уми марти соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид. Иҷлосияро бо сухани муқаддимавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд. Нахуст дар иҷлосия раиси комиссияи ҳавзавии интихобот М.Исматдинов роҷеъ ба натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум маълумот дода, аз ҷумла зикр дошт, ки интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи сокинони вилоят баргузор гардид.

Мавсуф таъкид дошт, ки дар 69 комиссияи ҳавзавии интихобот номзадҳо ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум интихобшуда дониста шуда, дар як ҳавзаи вилоятӣ интихоботи такрорӣ доир хоҳад шуд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода - номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2

Дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум вакилон номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешниҳод намуданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Fафуров, № 3 Ҷамшед Ҷӯразода номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ кард. Вакилон пешниҳоди мазкурро якдилона дастгирӣ намуданд.

Читать далее

КИТОБ: ПОСДОРИИ МЕРОСИ НИЁГОН

Имрӯз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба китобу китобдорӣ ва таъсиси он аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронӣ ва мулоқоти хеш таъкид месозанд, ки «Мо бояд ба қадри арзишҳои олии маънавиамон бирасем ва онро ба насли оянда расонем». Ин нукта метавонад аз тақозои фаъолияти китобхонаҳо низ шуморида шавад, зеро китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва он дар баландбародории донишу маънавиёти инсон, рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, инчунин зеҳни инсонро обутоб ва равнақ медиҳад.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои миллӣ ва мероси бойи ниёгон, китобу китобдорӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз намуданд, ки: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода китобхона бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосири иртиботиву замонавӣ таъсис шудааст.

Бино ба гуфти мутахасиси пешбари Маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги вилоят Моҳинисо Қурбонова бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода китобхона бо шароити хубу замонавӣ таъсис ёфтааст. Дар он гӯшаи махсус бо 64 нусхаи адабиёт аз асарҳои Пешвои миллат, осори шоирону нависандагони тоҷик ва китобҳо доир ба таърих, фарҳангу тамаддуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳангҳо, китобҳои бадеӣ фароҳам омадааст. Дар маҷмӯъ, 1500 нусха китоб бо забонҳои русиву тоҷикӣ ҳамчунин, маҷаллаву рӯзномаи хориҷиву ватанӣ низ ҷой дода шудааст. Имрӯз аз ин махзани маърифат дӯстдорони китобу маънавиёт, илму адаб ба таври васеъ истифода мебаранд.

Шаҳноза Ҳомидова,
Суратгир Иномҷон Рабиев,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Читать далее

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда - рисолати муҳим!

Соли нӯҳум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 - уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мекунанд. Дар арафаи ин иди касбӣ хабарнигори «Ҳақиқати Суғд» бо сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ ҳамсуҳбат гашт, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

- Кормандони Раёсат барои дар амал ҷорӣ намудани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамеша ҷидду ҷаҳд дошта, риоя гаштани ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро зери назари худ қарор додаанд. Аслан Раёсат аз рӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва «Дар бораи реклама» фаъолият дошта, мекӯшем, ки тибқи қонун муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрочиён, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва ё хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми харидани мол ва гирифтани маълумот оид ба мол (кору хизматрасонӣ) муайян намоем, - зикр намуд Азамат Азимӣ.

Чун ба таърих менигарем, аён мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 28 соли соҳибистиқлолӣ қариб бо тамоми кишварҳои ҷаҳон робитаи иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан бо кишварҳои Аврупою Осиёи Марказӣ ба роҳ монд. Ба ин васила, соҳибкорони ватанӣ аз ин давлатҳо тамоми намуди маҳсулотро ворид намуда, бозори истеъмолиро ғанӣ карданд, то харидор қонеъ гардаду шароити зиндагиаш беҳтар шавад. Аслан вақте бозору марказҳои хариду фурӯши мол ба фаъолият пардохтанд, муносибатҳои истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагон оғоз ёфт ва табиист, ки баҳри танзими ин муносибатҳо қарору қонунҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

Тибқи нахустин ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 - уми ноябри соли 2011 ҳар сол санаи 15 - уми март дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад.

Ҳар сол бахшида ба ин сана мутахассисони Раёсат, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби мутахассисони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯён вохӯриҳо доир менамоянд. Аз ҷумла, хонандагони Коллеҷи тиббӣ, Литсейи №1, Гимназияҳои №1 ва №4 - и шаҳри Истаравшан аз маслиҳату дастури ин Хадамоти ваколатдор бархурдор гаштанд.

Мутобиқи моддаи 3 - юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», шахсоне, ки ҳамчун истеъмолкунанда баромад мекунанд, соҳиби чандин ҳуқуқҳо мебошанд, аз қабили ҳуқуқ ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи худ, ҳуқуқ ба маълумот дар бораи мол (кору хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони он, ҳуқуқ ба бехатарии мол; ҳуқуқ ба интихоби озоди мол (кору хизматрасонӣ), ҳуқуқ ба сифати муносиби мол, ҳуқуқ ба ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кору хизматрасонӣ) расидааст, ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ҳуқуқ ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии худ, ҳуқуқ ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кору хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда) аст. Агар мол бесифат барояд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, онро ба моли дигар иваз намояд, шартномаи хариду фурӯшро бекор кунад, фурӯшанда бошад, нуқсони молро бемузд бартараф кунад. Агар моли харида ба истеъмолкунанда мувофиқат накунад, он гоҳ ӯ ҳуқуқ дорад, дар муҳлати 14 рӯз молро ба мағозаи харидааш баргардонад ва ё ба моли дигари ҳамнарх иваз намояд.

Фурӯшанда танҳо дар он сурат талаботи харидорро қонеъ месозад, ки агар истеъмолкунанда молро истифода набурда, борпеч ва тамға (этикетка) - и молро нигоҳ дошта бошад ва аз ҳама муҳимаш чеки назоратиашро ҳам бо худ гирад. Агар фурӯшанда талаботи истеъмолкунандаро қонеъ нагардонад, 1 фоиз аз нархи мол барои 1 рӯз кам мешавад. Бинобар ин, фурӯшандагон ҳам бояд маърифати касбии баланд дошта бошанд ва дар муҳлати 7 рӯзи тақвимӣ талаботи харидор қонеъ гардонида шавад.

Барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя гаштани қонун ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят марказҳои машваратӣ, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза фаъолият бурда, қонуншиканиҳоро рафъ месозанд.

- Мутаассифона, дар замони имрӯза дар бозору нуқтаҳои савдо, умуман, марказҳои хариду фурӯш байни фурӯшандагону харидорон нофаҳмиҳои зиёд рух медиҳанд. Фурӯшандагон барои фурӯхтани моли санаи истеъмолаш ба қарибӣ мегузашта ва ё аллакай гузашта ба тариқи арзонкунии махсус мехоҳанд, молашонро бо нархи арзон фурӯшанд. Харидор бошад, аз арзонии мол хурсанд шуда, ба санаи истеҳсолу муҳлати истеъмолаш нигоҳ накарда, молро мехарад ва дар аксар маврид баъди фаҳмидан худро фиребхӯрда меҳисобад. Бинобар ин, бояд ҳар нафар пеш аз харидани мол ба сифат ва муҳлати истеъмолаш диққати махсус диҳад ва аз дастрас намудани ин қабил маҳсулот худдорӣ намоянд. Бисёр мехостам, ки ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор аз мавҷудияти қонуни ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бохабар бошанду тибқи он амал намоянд. Фурӯшандагон низ ҳуқуқҳои харидорро хуб донанд, зеро онҳо дар як вақт харидор ҳам ҳастанд. Бисёр вақт оид ба ин масъала нофаҳмӣ мешавад. Аксар фурӯшандагон худро аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон бехабар вонамуд карда, шикояти харидорро ба инобат намегиранд. Онҳо, албатта, бо ин амал ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд, балки поймол мекунанд, - таъкид дошт сардори Раёсат. - Агар фурӯшанда ҳуқуқи харидорро эътироф кунад, бозори истеъмолиро бо маҳсулоти босифату арзон ва мувофиқ ба талаботи истеъмолгар таъмин намояд, он вақт нофаҳмӣ ва бозпасгардонии мол низ кам хоҳад шуд.

Оре, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда рисолати муҳим аст!

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Сарчашмаи саодати маънавӣ ва худшиносии миллӣ

Тайи чанд соли охир Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ироа мегардад, ба таври барҷаста ва равшан ҳадафу мароми мардуми тоҷикро барои боз як соли дигар муқаррар менамояд. Паёми навбатии Пешвои миллат баробари шарҳу тафсири ҳадафу рисолати бузурги мардуми тоҷик як марҳалаи таърихии ташаккули давлатдории миллии моро барои даҳсолаҳои дигар муайян гардонид.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва афзудани синни миёнаи умри инсон дар Тоҷикстон, ки ба 75 расидааст, шореҳи барҷастаи он аст, ки дар ҳақиқат дарозои ҳафт соли рафта ба амал пайвастани барномаҳои бузурги давлатӣ, ба марҳалаи бузурги таҳаввулоти хеш расидани се ҳадафи стратегии мамлакат ва эълони ҳадафи чаҳорум кишвари моро аз ҳар ҷиҳат ба пешрафтҳои назаррас ноил гардонида, нуфуз ва эътибори Тоҷикистонро дар миқёси кишварҳои олам хеле боло бурд. Аз ин нуқтаи назар ба мушоҳида мерасад, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш таъмини рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар робита авлавияти бештар ба нуфузи мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шарҳу тафсир намуда, беҳтарин роҳҳои муаррифии дастовардҳои кишварро дар саросари олам муқаррар сохтанд. Таваҷҷуҳи бештари ниҳодҳои давлатӣ, соҳибкорону дигар ташкилоту корхонаҳо ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти миллӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, додани имтиёзҳо ба соҳибкорони хориҷие, ки хостори сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҳастанд, инчунин содда гардонидани имкониятҳои додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар хориҷа кору фаъолият доранд, вусъати барномаҳо дар самти муаррифии имкониятҳои рушди сайёҳӣ, таҳқиқи мероси маънавӣ ва маконҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ва муаррифии онҳо дар расонаҳои ахбори умуми кишварҳои дигар ҳамагӣ тадбирҳои бузурге маҳсуб мешаванд, ки дар оянда тавассути амалӣ шудани онҳо мақом ва эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои чунин имкониятҳои бузург боз ҳам боло хоҳад рафт.

Барои мо - омӯзгорону устодон сармояи ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва боло бурдани дастоварду нишондодҳои он бо мақсади расидан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Пешвои миллат бо камоли ихлосу иродат ва ғамхории пайваста нисбат ба соҳаи илму маориф изҳор доштанд, ки “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

Пешвои миллат дар заминаи шарҳу тавзеҳи муҳимтарин барномаҳои давлатии марбут ба дастгирии низоми маорифи Тоҷикистон, ки ба афзудани бунёди мактабҳои замонавӣ дар тамоми кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои кормандони соҳа ва зиёд шудани ҳаҷми маблағгузорӣ марбутанд, дар назди роҳбарияти муассисаҳои соҳаи маориф, новобаста аз зинаҳои таҳсилот ва шакли моликият, барои боло бурдани сатҳу сифати таълим вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки “ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”. Ин барномаи бузургу оянданигарона низ масъулияти бузурге дар назди тамоми кормандони соҳаи маориф хоҳад буд, зеро дар татбиқи босамари ин барномаи бузург имконияти рушду тавсеаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат қарор дорад, чун пешрафти истеҳсолот, саноатикунонии мамлакат, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳрофарӣ, рушди меъмории миллӣ ва татбиқи унсурҳои ҷаҳонии сохтмон, маҳз ба тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба замони муосир марбут аст.

Паёми навбатии Пешвои миллатро бо итминони комил метавон дастур, оина ва раҳнамои воқеии худшиносии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард, зеро дар он Пешвои миллат ба таври воқеӣ ба муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ - чун забон ва гиромидошти он, мутолиаи китоб ва фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон, шинохти манзалати таърихии миллати тоҷик, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва мероси ғании бузургони миллат, ки саршори ғояҳои худшиносии миллӣ ба шумор мераванд, шарҳу тафсир ёфта, дар ин замина барнома ва ҳадафҳои наҷибу бузург муқаррар гардиданд. Бар ин асос Пешвои миллат бо ҳисси баланди худшиносии миллие, ки дар вуҷуди хеш ҳамеша зоҳир мекунанд ва он бояд барои ҳар нафар тоҷику тоҷикистонӣ оинаи ибрат бошад, изҳор доштанд, ки “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”. Зеро боз ҳам, ба таъбири Пешвои миллат, “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем...”

Иқдомҳои Пешвои миллат дар мавриди даъвати мардум ба мутолиаи китоб дар баробари бесобиқа будан аллакай самараҳои матлубе ба бор овардаанд, ки натиҷаи он баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мебошад. Ҳамчун узви ҳакамоти даври савуми озмуни мазкур бо камоли ихлос изҳор медорам, ки дар ҳақиқат ин озмун барои афзудани шумораи зиёди хонандагон аз ҳисоби насли наврас гардидааст ва таваҷҷуҳи боз ҳам бештари Пешвои миллат ба ин масъала бори дигар Паёмро ҳамчун сарчашмаи таҳаввули маърифатнокии ҷомеа ва худшиносии миллӣ муаррифӣ менамояд. Дар баробари ин, ташаббуси Пешвои миллат дар мавриди нашр ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми тоҷик дастрас намудани китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров, ки, ба таъбири худи Пешвои миллат, сарчашмаи худшиносии миллии мо - тоҷикон маҳсуб мешавад, иқдоми беназирест, ки метавонад, барои боло рафтани худогоҳии маънавӣ, маърифатнокии мардуми тоҷик дар сатҳи матлуб таъсиргузор бошад.

Бо камоли итминон изҳор медорам, ки Паёми навбатии Пешвои миллат сарчашмаи муҳими шурӯи марҳалаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳии миллии мо ба шумор меравад. Зеро муҳимтарин барномаҳои бузурге дар он тарҳрезӣ ва барои амал таҳия гардиданд, ки иҷрои онҳо дар баробари рисолати бузургро аз ҳар як фарди бедордили тоҷик тақозо намудан, имконият медиҳанд, ки мо бо амалкарди хеш тибқи ин дастур ва номаи ҳидоят ба фардо умри абади Истиқлолияти милливу маънавии хешро таъмин намоем.

Нуралӣ НУРЗОД,

номзади илмҳои филологӣ,

муовини директори

Институти илмҳои

ҷомеашиносии Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее