14 March 2020

Аскарӣ шарафмандӣ ва ифтихори ватандорист

Ҳама сола фасли баҳрон ва тирамоҳ маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва омода будан ба ҳимояи марзу буми кишвар шарафи мардонагӣ ва ифтихори ватандорист. Хушбахтона, сол то сол ҳисси ватандӯстӣ ва номуси миллии ҷавонони кишвар боло рафта, сафи нафаране, ки ихтиёрӣ ба хидмати Ватан-модар мераванд афзун мешавад, ин албатта, ба тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон алоқаманд аст, ки дар ин самт мо, омӯзгорон саҳми хоса дорем.

Аммо боиси нигаронист, ки бархе  маъракаи даъвати ҷавононро ба манфиати хеш истифода кардан мехоҳанд ва ҳамеша аз зери нохун чирк мекобанд. Баъзе расонаҳо низ  бо паҳн кардани матолиби иғвоангезу дур аз воқеият  доир ба даъвати ҷавонон мехоҳанд нуфуз ва рейтинги хешро миёни хонандагон боло баранд.

Аз сомона радиои озодӣ матлаберо доири ин мавзуъ хонда, дар ҳайрат мондам.

  Агар ҷавононро ба хидмат намудан ҳавасманд созем чӣ бадӣ дорад? Дар ҳоле, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандии ҳар кадом ҷавонписар аст ва онро бояд бидуни ҳич ҳавасмандкуниҳо ба ҷо овард ва агар мақомте барои беҳтарнамудани натиҷаҳои даъват  чораву тадбирҳои иловагии ҳавасмандкунӣ доранд бояд дастгирӣ ва тавсиф шавад.

Ҳеч вақт дар кишвари мо ҳеч амале берун аз доира қонун сурат нахоҳад гирифт  ман ба ин чун шаҳрванди ин сарзамин боварӣ дорам!

Умедворам ҷавонон дар даъвати навбатӣ бо масъулияти бештар омодагии хешро ба ҳифзи Ватан нишон хоҳанд дод.

Мадина Ҳакимзода,

устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ВАТАНРО АЗ ТАҲТИ ДИЛ БОЯД ДӮСТ ДОШТ

Хизмат намудан дар сафи Артиши миллии Ватани азиз қарзи ҳар як ҷавони баору баномус аст. Дар ин мактаби ҷавонмардӣ рӯҳияи ҷавонон қавӣ гардида, обутоби ҷисмонӣ меёбанду дониши васеи сиёсӣ мегиранд. Инчунин, соҳибтахассус гардида, баробари он як қатор касбҳоро меомӯзанд.

Мақсади хидмати Модар-Ватан он аст, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҷанг ҷавонон ба ҳимояи марзу бум баромада метавонанд. Имрӯз ҷавонон, насли замони истиқлол бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ ифтихори мо мебошанд.

Шукри замони осоиштаро бояд кард, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои ҳарбии кишвар тамоми шароит барои хизмат ва фаъолияти сарбозон муҳайё гардидааст. Роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то хизмати сарбозон бе душворӣ гузарад ва онҳо бо сари баланд ва сиҳату саломат ба назди волидайн баргарданд.

Имрӯз Артиши миллии мамлакат яке аз аввалинҳоест, ки метавонад бо сари баланд, омодагии ҳамаҷониба ва пурқувват кишварро аз ҳар гуна ҳаводис ҳифз намояд. Ҷавонони далеру шуҷоъ, мардони баномуси диёр ҳамеша баҳри дифои Ватан сар бардошта, ҷони худро фидои хоки муқаддас ва халқи азизашон кардаанд.

Барои ҳаматарафа омода намудани ҷавонон қисмҳои ҳарбии кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва кулли сарбозони қисми низомӣ ғайр аз вазифаҳои муайяни худ боз чанд масъулияти дигар доранд. Онҳо бештар дар вақтҳои ҷудонамуда ба омӯзиши дарсҳои тайёрии умумибашарӣ ва ё омодагии тайёрии ибтидоии ҳарбӣ машғул ҳастанд. Мувофиқи талаботи рӯз омодаи ҳимояи Ватан ҳастанд ва ин аз маҳорату малакаи ҳар як сарбоз вобаста аст.

Аслан ҷавоне, ки ҳисси ватандӯстиву ору номуси ҷавонмардӣ дорад, барои ӯ муҳим нест, ки бар ивази хизмате, ки ӯ баҳри дифои Ватан-Модар менамояд, подоше лозим бошад, ҳарчанд баҳри ҷалби ҷавонон ба хидмат ва ҳавасмандии онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳоро рӯи кор овардааст.

Бо ҷавононе бо исми Ҳасан ва Ҳусейн Дадоҷоновҳо, ки чанд сол қабл адои хизмат намуда, бо сари баланд ва унвонҳо ба диёр баргаштанд, ҳамсӯҳбат гардидем. Номбурдагон изҳор доштанд, ки мо хурсанд ҳастем, ки қарзи шаҳрвандии худро бо ифтихор адо намудем. Мактаби афсарӣ тамоман олами дигар асту дар ин ду сол мо аз тамоми шароите, ки барои мо муҳайё карда буданд, бемамониат истифода бурдем. Суханҳои дурӯғе, ки баъзан ҷавонон барои нарафтан ба дифои Ватан мегӯянд, шоҳид гардидем, ки дурӯғи маҳз будааст. Ҳар ҷавоне, ки аз ин мактаби ҳаёт мегузарад, бовар дорам, дар зиндагӣ роҳи худро дуруст интихоб менамояд. Ҳар нафаре, ки ба Ватани худ садоқат дорад, бо сари баланд ва ору номуси ҷавонмардӣ хидмат менамояд.

Имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё буда, ҷавонон бо сари баланд, ифтихор ва ғуруру виқори ҷавонмардӣ хизмат менамоянд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

      

Читать далее

Боз як иғвои "Озодӣ"

Чун дар кишварамон маъракаи навбатии даъвати баҳорона ба сафи Артиши миллӣ дар арафаи оғозёбист,  баъзе расонаҳо ҳангомаҳои бардурӯғ эҷод намуда, на танҳо сокинони кишвар, ҳатто ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ сохтани мешаванд.
 
Мисоли барҷастаи ин фикр маводи чанд руз қабл нашршуда дар сомонаи радиои Озодӣ маҳсуб меёбад. 
 
Аввал ин, ки факти кӯҳнаи даҳсола пешинаро овардаанд. Яъне додани қитъаи замин барои онҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ин амал дар баъзе ҷамоатҳо воқеан солҳои то 2000 ҷой дошт. Зеро заминтақсимкуни ба ниёзмандон вусъат дошт. Дар ин муддат ҳатто ба занони аз шавҳархояшон ҷудо шуда низ замин дода мешуд, ки дар ҳамон вақт иқдоми хуб буд. Аммо ин амал дар даҳсолаи охир ба назар намерасад ва касе аз намояндагони мақомоти давлатӣ барои ба сафи Артиш рафтани ҷавонон ягон ваъда, аз ҷумла ваъдаи додани заминро ҳам намедиҳанд. Гапи кӯҳнаро бод додан ва имрӯз ҳангома хезонидан оё рисолати ВАО аст? 
 
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба курсҳои ронандагӣ магар иқдоми бад аст?
 
Ройгон таҳсил мекунад ва соҳибкасб мегардад. Дар ҳолест, ки ин амал бо хоҳиши зиёди ҷавонон ва волидайни онҳо сурат мегирад.
 
Тарафи дигар ин масъалаҳоро ба хизмати ҳарбӣ рабт додан комилан нодуруст аст. Имрӯз ҷавонони бедордили Тоҷикистон омодаи хизмати ҳарбӣ ҳастанд ва дар ҳар мавсими даъват, бахусус дар вилояти Суғд ин маърака дар сатҳи баланд доир мегардад. Ҳар даъват беш аз 1000 ихтиёриён дар рӯзҳои аввали даъват ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.
 
Нашри чунин маводҳо ғаразнок буда, аз воқеият фарсахҳо дур мебошад.  
 
И. Кучиев, 
"Ҳақиқати Суғд"
 
Читать далее