16 March 2020

ҶАВОНОНИ КИШВАР БЕ ПОДОШ БА ХИЗМАТ МЕРАВАНД

нодидаву насанҷида бобати шароити қисмҳои низомии кишвар

сухан гуфтан худ аз рӯи одамигарӣ нест…

Ҷавононро пеш аз ба сафи артиш рафтан дар курсҳои ронандагӣ ройгон таълим медиҳанд ва баъди хатми он шаҳодатнома месупоранд. Дар гузашта баъзе аз мансабдорони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба артиш ваъда медоданд, ки баъди адои хидмат ба онҳо бенавбат қитъаи замин медиҳанд. Аммо чанде аз ҷавонон шикоят карданд, ки пас аз адои хидмат натанҳо касе ба суроғашон наомад, балки ба дархосташон дар бораи замин посух надод, омадааст дар маводе, ки чанд рӯз пеш дар сомонаи интернетии Радиои «Озодӣ» нашр гардид.

Ин суханҳо ҳама бофтаву дурӯғ буда, мақсадашон гумроҳ намудан ва аз хизмати Ватан дур намудани ҷавонон мебошад. Имрӯз худи ҷавонон ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардида истодаанд. Чунин ҷавонон бе ягон подош шомили артиши кишвар шудаанду сол аз сол теъдоди онҳо зиёд шуда истодаанд. Инчунин, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ҷавонон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст ва онҳо то ба хизмат рафтан аз ҳама нозукиҳо огоҳ мегарданд. Дар навбати дигар ҷавонони ватандӯст дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ ва дигар ихтисосоҳои зарурии ин ташкилоти ҷамъиятӣ аъзо гардида, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷчатҳо мегарданд.

Ҳамчунин, худ шоҳиди соҳиби замин гардидани ҷавононе, ки ба хизмати Ватан – Модар рафтаанд, гардидаам.  

Инчунин, дар маводи мазкур вобаста ба ҷалби маҷбурии ҷавонон, омилҳои коррупсионӣ, шиканҷаву марги сарбозон, муносибат ва шароити бад дар қисмҳои ҳарбӣ ва набудани имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон оварда шудааст, ки ин куллан хато аст.

Ҳол он ки  имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолӣ қисмҳои низомии кишвар дорои шароити хуби будубош, таъминоти моддӣ мебошанд. Дар сӯҳбат бо чанде аз ҷавононе, ки алҳол дар қисмҳои низомии кишвар адои хизмат намуда истодаанд, маълум мегардад, ки шароити буду бош дар қисмҳои низомӣ хеле хуб аст. Дар он ҷо ҳуҷраҳои истироҳатӣ бо ҳаммом ва телевизиону дигар лавозимотҳо мавҷуданд.

Кас ҳайрон мемонад, ки дар кадом асос ин сомона маводи мазкурро паҳн намудааст. Як маълумоти дақиқро ин ҷо овардан мумкин аст, ки танҳо дар соли 2019 дар  Ташкилотҳои ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 490 нафар ҷавононро дар самти тарбияи ватандӯстӣ омода намудаанд, ки имрӯз шомили Артиши Миллии кишвар гардидаанд. Онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, дар қисмҳои низомӣ ҳамчун ронанда, ронанда – механик ва алоқачӣ шуда, хизмат намуда истодаанд.

Имрӯз ҳам ҷавонони зиёд  ба чунин ташкилот омадаанд, то соҳиби шаҳодатнома гардида, ҳангоми ба хизмат рафтанашон ҳамчун ронанда фаъолият намоянд. 

Дар поёни маводи сомонаи мазкур,  нафаре бо номи «Докторант» чунин шарҳ додаст: «Зинда бод Тоҷикистон! Ҷавонони муҳтарам, ҳаргиз аз хизмат ба Ватан саркашӣ накунед. Шароитҳо хизмат хуб аст, ба мисли солҳои пешина нест. Мо агар ба Ватанамон хизмат накунем, ки хизмат мекунад. Мо ҳамакаса ватанамонро обод кунем ва аз сиёсати Ҳукумати мамлакат ҳамеша пуштибонӣ намоем. Имрӯз ҷавонони нисбат ба насли солҳои пешина фаъолтар ҳастанд. Зинда бошед, халқи сарбаланди тоҷик.»

Сад дар сад дуруст аст, ки маводи сомонаи «Озодӣ» аз рӯи ғараз таҳия гардидааст. Ҳамаи факту рақамҳояш бошад, солҳои пешро нишон медиҳанд. Шароити имрӯза ба куллӣ тағйир ёфтааст, ки кас дар ҳайрат мемонад. Агар бовар накунанд, пас худ омада аз қисмҳои низомӣ ва ҷавононе, ки соҳиби замин ва шаҳодатнома гардидаанд, бубинанду дурӯғи худро қабул кунанд.

Истамҷон Наҷмиддинзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Оила - рукни муҳим

Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву усутвории оила таъкид намудааст. Ин омил дар талоши пайваста барои баланд бардоштани мақому манзалати зан ва ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ марҳалаи тозаеро боз намуд. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз замони пайдоиши аввалини муносибатҳои никоҳ ва оила ба танзими муносибатҳои оилавӣ, муқаррар намудани аслу насаби кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн ва дигар аъзои оила таваҷҷуҳ намуда, дар мақомоти давлатӣ мавқеи муҳиму назаррасро ишғол менамояд.

Файззода Лолахон Азиз зани боэътимоду донандаи хуби кори хеш санаи 24 - уми феврали соли равон сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардид. Мо тасмим гирифтем, аз фаъолияти корӣ, нақшаи минбаъда барои пешбурди соҳа ва боз ҳам ҷоннок намудани самти фаъолият бо ӯ ҳамсуҳбат гардем.

Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, фарҳангию маърифатии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон корро ҷоннок намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа саҳми назаррас гузорам.

- Ҳамчун мутахассиси соҳа сабаби пошхӯрии оиларо дар чӣ мебинед?

 - Дар баромади хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «Оилаи солим омили муҳими пойдории давлат аст, фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азиз расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд». Оилае, ки тарбияи солиму саводнокии комил дорад, барои бунёди оилаи солим ба фарзандон мафҳуми оиладорӣ, эҳтироми калонсолон, падару модари тарафайн ва умуман инсондустӣ дида мешавад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд. Бекор гардидани ақди никоҳ дар ҷомеа яке аз омилҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, бевосита он барои имрӯзу оянда таъсири манфии худро мерасонад. Оилаи солим аз тарбияи хуб маншаъ мегирад.

Хушунати оилавӣ, якдигарнофаҳмӣ, муҳоҷират, пинҳон доштани бемории тарафайн, хурофоту бегонапарастӣ, тақлид намудан ба расму оини бегона ва дар баъзан ҳолат сабабҳои ночиз боис гардидааст, ки оилаҳо пош хӯрда истодаанд.

- Фаъолияти асосии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ кадом аст?

- Дар ҳамаи шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии вилоят, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва муқаррароти муносибатҳои он ба роҳ монда шудааст. Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, баҳри сазовор гардидан дар фаъолияти худ кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту фарҳанги бегонапарастӣ ва тақлид ба расму оини бегона корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба халқу Ватани хеш содиқона иҷро намоем. Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии худкушӣ ва зӯроварӣ дар оила, кам кардани шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавон, коста гардондани сафи муҳоҷирати занон ба дигар давлатҳо ва дигар масъалаҳое, ки дар ҷомеа ба мушоҳида мерасанд, азму талош намоем.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ! Дар ҷодаи фаъолият муваффақиятҳои беназирро таманно дорем!

Шаҳноза Ҳомидова,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Баҳри ободонии шаҳр

Ободу зебо гардидани манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳру навоҳии вилоят аз сулҳу осоиш ва саодати шоистаи зиндагии мардум дарак медиҳад. Махсусан, корҳои ободонию созандагӣ, маърифати зебоипарпарастӣ ва дар ин замина фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон барои боз ҳам назаррабо гаштани шаҳр ҷолиби диққатанд.

Баробари оғози фасли дилфиреб - баҳори оламафрӯз ва эҳёи табиат гузаронидани ҳашарҳо ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи маҳал ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки сокинони шаҳр бо шинонидани гулу бутта ва ниҳолҳои ороишӣ ҳусни шаҳрро таровати бештар бахшиданд.

Комил Ҷумъазода, сардори раёсати Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон гуфт, ки аз ниёгони бузурги мо як анъанаи нек мерос мондааст, ки дар вақти фарорасии фасли баҳор, пеш аз ҳама, тоза кардани ҷӯю ҷӯйборҳо, кӯчаву хиёбонҳо оғози корҳои ободонию созандагӣ мебошанд. Барои сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар даромадгоҳи шаҳр рафти таҷдиду навсозӣ ва васеъ кардани роҳи асосӣ бомаром идома дорад. Иқдоми мазкур бо назардошти афзоиши аҳоливу нақлиёт амалӣ гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ симои шаҳр дигаргун ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт таъмин мегардад. Дар чаҳорчӯбаи корҳои навсозӣ чароғонкунии кӯча ва таъмири роҳҳои пиёдагард низ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт номбурда.

Ҳамчунин, тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳои атрофи шаҳр аз ҷониби сокинон, аз алафҳои бегона тоза ва кабудизору гулзор намудани майдонҳо, рӯбучини гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот, сафолакпӯш намудани роҳҳо ва дигар корҳои ободонӣ шаҳодатгари он аст, ки мардум баҳори хушиқболро бо тозакориҳо ва дастовардҳои навин пешвоз гирифтанианд.

Дар ин раванд аз тарафи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар баробари тозакунии гирду атрофи маҳал ҳазору панҷсад бех ниҳоли ҳамешасабз, 10 ҳазор дона пиёзаки лола ва дигар ниҳолҳои гуногуни ороишӣ шинонда, дар ободии макони зисти худ ҳиссагузор шуданд.

Далерҷон Иноятов, раиси Шӯрои мутобиқгардонии фаъолияти маҳаллаҳои шаҳри Бӯстон:

Имрӯз сокинони маҳаллаҳои шаҳр барои ободу зебо гардонидани ҳудуди шаҳр камари ҳиммат баста, дар ободии диёр саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳадаф аз ин сарсабзу зебо гардонидани диёр ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи фархунда буда, дар ин раванд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

- Чӣ хеле ки мегӯянд, ободӣ аз хонадон оғоз мегардад, кӯчаву хиёбонро бояд ҳар як фарди баору номуси диёр тозаву обод гардонад. Аз ин рӯ, азм дорем, ки корҳои ободониро дар кӯчаву хиёбонҳо хуб ба роҳ монда, симои шаҳрро боз ҳам зебо намуда, ба як макони дилрабо табдил диҳем, - зикр дошт номбурда.

Бояд гуфт, ки бо омадани фасли зебои табиат - баҳори нозанин ва Наврӯзи Аҷам тамоми сокинон ба корҳои саҳроӣ оғоз мекунанд, зеро яке аз фазилатҳои неки Наврӯз ин тозаву обод намудани диёри худ мебошад.

Дар маҷмӯъ, сокинони шарафманди шаҳри Бӯстон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистони азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои дарпешистода ҷаҳду далош доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ ҳисобот доданд

Дирӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилояти Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуниданд.

Читать далее

МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ мебошад. Имрӯз ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвараи азизамон ҳамеша баҳри он талош меварзанд, то ватани худро дӯст дошта, баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон садоқатмандона саҳми арзандаи худро гузоранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон пеш аз ҳама “Мактаби ҷасорату мардонагӣ ва қарзи шаҳрвандӣ” мебошад.

Воқеан ҳам, Артиши  миллии мо ба мактаби тарбияи ватандустию ватандорӣ ва мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ ҳазорон нафар ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Ҳатто дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонати мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати навини тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд.

Насли ҷавон дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муҳофизат кардани хоки поки ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистони азиз мебошад.  

Қобили зикр аст, ки дар шароити имрӯза барои буду боши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакт шароити хуби хизматию маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир аст, ки падаРу модарон барои дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои низомӣ фиристонида мешаванд. Шиносоии падару модарон аз шароитҳои хизмат дар қисмҳои низомӣ ба он оварда расонид, ки волидайн фарзандони худро ҳарчи бештар ба хизмат сафарбар намоянд.

Илёс Чаққонов - сокини ноҳияи Айнӣ:

- Хурсанд аз он ҳастам, ки ду фарзандам бо хоҳиши худ ба хизмат рафта сарбаландона қарзи мардонагии худро адо кард. Фарзанди калониям дар яке аз мақомотҳои қудратии кишвар кору фаъолият карад истодааст ва ман минатдории худамро ба Пешвои миллат расонида иброз менамоям, ки имрӯз дар ҳами қисмҳои низомӣ шароити буду бош хуб мебошад. Сарбозон аз ягон чиз камбудӣ надоранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Читать далее