19 March 2020

СУМАНАК ҒИЗОИ ФАРИШТАГОН АСТ!

Ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишвар ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Хосатан дар ҳар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ҷашнгирии ин ид таваҷҷуҳангез аст. Зеро мардуми ҳар маҳал бо дарназардошти урфу анъанаҳои қадимаи худ ба Наврӯз шукӯҳи таровати нав мебахшанд.

Боиси қайд аст, ки вобаста ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ҳамасола дар гӯшаву канори вилоят, алалхусус дар маҳаллаҳо деги суманак гузошта мешавад. Занони куҳансол барои омода кардани ин таоми миллӣ аз субҳи барвақт омодагӣ мебинанд.

Суманак ғизои ҷашнӣ ва муқаддас аст, ки танҳо ба Наврӯз алоқамандӣ дорад. Идҳои зиёд дорем, монанди Меҳргон, Сада, Тиргон, ки тору пуди рӯзгори аҷдодонамонро муайян мекунанд. Фарҳангшиноси маъруфи тоҷик Ҷонибек Асрориён мегӯяд, ки дар даврони пеш, агар рӯзу моҳ мувофиқ меафтод, ин ид баргузор мешуд. Зодрӯз низ чун ҷашни хонаводагӣ аз ин радиф буд. Ҳарчанд аломат, расм, урфу одат дар ин ҷашнвораҳо умумият доранд, вале суманак дар ин ҷумла ёд намешавад, зеро вобаста ба шароит ва фарорасиаш рамзу нишони қудсӣ дораду хоси фасли баҳор ва Иди Сари сол аст.

Дар рӯзҳои ғайриҷашнӣ суманак кам пухта мешуд. Ва агар мепухтанд, хайр мекарданд, ба бенавоёну дардмандон медоданд ва ҳам ба масҷиду мазорҳо назр мебурданд.

Аслан суманак - навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумро шуста месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.

Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо менамояд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Дар бораи пайдоиш ва тарзи омода кардани суманак ривоятҳо зиёд ҳастанд ва онро ҳама ба таври худ маънидод мекунанд.

Бисоҷида бибии 82 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд:

- Тавре аз бибикалонам дар овони хурдӣ шунида будам, суманак хӯроке буд, барои раҳоӣ ёфтан аз гуруснагӣ дар замонҳои пеш. Дар қабати баландкӯҳҳо як қабила мардум умр ба сар мебурданд. Дар фасли баҳору тобистон бо киштукор машғул шуда, дар фасли зимистон ҳосили ба даст омадаро истеъмол мекарданд. Соле барои ин қабила хушкӣ омад, на кишти хуб ба даст оварданду на гандуми кофӣ гирифтанд. Ҳоло фасли баҳор нарасида, захираи онҳо тамом шуд, ҳамагон аз гуруснагӣ азият мекашиданд. Мардум интизори боридани борон буданд. Дар он қабила зане соҳиби 9 фарзанд буд. Аз гуруснагии зиёд кӯдаконаш шабу рӯз мегиристанд. Ӯ дигар тоқати шунидани гиряи тифлаконашро надошт. Ночор аз сабзаи аз гандум руста, дар деги калоне оташ гиронда, таом омода карданӣ шуд. Оташро гирон кард. Хӯроки номаълум дар даруни дег меҷӯшид. Тифлакон аз гуруснагӣ ғанабашон бурд. Зан низ аз кафча задан ғанаб кард. Субҳи барвақт аз қатраҳои борон бедор шуд. Ба даруни дег нигарист, ки хӯроки атоламонанд омода шудааст. Онро зуд аз дег кашида, ба тифлаконаш дод.

Аз ин қисса аён гардид, ки таом боиси боридани борон ва ҳосилхез шудани замини гандум гардида, нишонаи бедории табиат ва шикамсерии мардум гаштааст.

Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ модарону хоҳарони чирадасту кадбонуҳо барои фаровонҳосилию бофайз омадани соли нав бо пухтани Суманак — ғизои фариштагон ва рамзи Наврӯз машғуланд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Бофанда» - и шаҳри Хуҷанд ҳамасола бошандагон барои ҳосилхез гардидани заминҳои кишт аз субҳи барвақт бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта дар деги калон суманак мепазанд. Барои кӯдакон низ дастархон ороста, барои хушҳолии ҳамагон дастаҳои ҳаваскорон ва сарояндагони машҳурро даъват мекунанд.

Ҳамчунин, анъанае ҳаст, ки нафарони хостори бахт ва бефарзанд барои то соли оянда ба мақсад расидан то субҳ дар сари дег кафча мезананд.

Сокинон аз муҳайё будани шароити хуби истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ изҳори хушнудӣ мекунанд. Инчунин, фарорасии ҷашни Наврӯз барои кӯдакон низ хурсандибахш аст. Чунки кӯдакон нисбат ба калонсолон дӯстдори бозиҳои шавқовар, аз ҷумла лалакпарронию чиллакбозӣ, арғунчакпарию саққобозӣ ҳастанд ва маҳз дар ин ҷашн бозиҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аксарият ба сайругашти идона бо сару либоси миллӣ мебароянд. Имрӯз кӯчаҳои шаҳрро сафи занону духтарони атласпӯш зебоии тоҷикона бахшида истодааст.

Ин ҷашнро тамоми мардум дар кӯчаву хиёбонҳо бо истироҳати оилавӣ пешвоз мегиранд. Ба гуфти истироҳаткунадагон имсол тараддуди таҷлили Наврӯз нисбат ба солҳои пешин беҳтар аст. Зеро ободонии роҳҳо ва гулпӯш гардидани маҳаллаҳо ба ҳар сайркунанда илҳоми нав мебахшад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чеҳраи тобноки олами маърифат

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 - уми сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостонии Саразм” эълон гардидааст. Зиёда аз 42 сол боз ковишҳои археологӣ, таърихӣ дар хоки барӯманди Саразми бостонӣ идома дорад ва дар ҳар як ҳафриёт паҷӯҳишгарон бозёфтҳои нав ба нав ба даст оварда, аз куҳанбунёд будани решаи таърихии тоҷикон ва умуман, ориёиҳо дарак медиҳанд.

Соли 1972 чӯпон Ашӯралӣ Тайлонов дар яке аз мавзеи Саразм табари биринҷиеро ёфта, чанд сол дар хонааш нигоҳ дошт ва баъдан онро ба Осорхонаи шаҳри Панҷакент супурд, ки он ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Ин боис шуд, ки доктори илмҳои таърих, аввалин кашфиётчии Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов дар ошкор намудани ёдгориҳои беназири Саразм, муайян намудани нақшу мақоми саразмиён дар тамаддун ва фарҳанги ғановатманди ниёгонамон саҳм бигиранд.

Дар кофтуковҳои Саразм муаррих Абдуллоҷон Исҳоқов, паҷӯҳишгарони Фаронса, Амрико, чандин олимони ватанӣ cаҳм гузошта, баъдан бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса санад дар бораи ёдгории Саразм дар тамаддуни умумибашариро ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд.

Дар яке аз ҳафриёт соли 1974 дар чуқурии 3 метр ҷасади маликаи Саразм ёфт шуд, ки ба таври ҳалқашакл, чӣ хеле ки тифл аз модар таваллуд мешавад, гӯронида шудааст. Дар банди дасташ зару зевари зиёд дошт.

Аз ин бозёфт хулоса баровардан мумкин аст, ки русуми қурбонӣ кардани мо - тоҷикони имрӯза аз ниёгон сарчашма мегирад ва давра ба давра то ба замони мо омада расидааст. Ба қарибӣ яке аз паҷӯҳишгарони муваффақи Саразм, шогирди профессор Абдуллоҷон Исҳоқов (равонашон шод бод) Абдурауф Раззоқов хабар дод, ки як хумдони дуқабата бо паҳноии 3 метру 15 сантиметр ёфт шуд. Бино ба маълумоти ӯ, саразмиён дар ин хумдонҳо хишт мепухтанд.

Хиштҳо чор тарҳи баробару муайян ва дар таркибаш коҳи майдашуда дошт. Саразм растаҳои гуногун дошт, аз қабили косибон, меъморон, ҳунармандон, зироаткорон ва ғайраҳо. Инчунин, ибодатхонаю оташкадаҳо низ ёфт шудаанд. Барои саразмиён оташ тимсоли хуршед буд ва онҳо онро парастиш мекарданд. Оид ба кӯч бастани саразмиён аз ин минтақа чунин маълумоте пайдо шудааст, ки гӯё се сол пайи ҳам дар қитъаи Осиёи Марказӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва ин боис мегардад, ки саразмиён пароканда шаванд. Ин далел ба охири ҳазораи сеюми пеш аз милод дар минтақа ба вуҷуд омадааст. Саразмиён гурӯҳ - гурӯҳ ба ҳар самте кӯч бастаанд.

Гурӯҳе ба Самарқанду Бухоро, Марву Нишопуру Ҳирот, ба болооби дарёи Зарафшону Фалғар, ба минтақаҳои Кӯлобу Фархору Сари Хосору Ҳисор ва ба ҳамаи ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, асосан ба дараҳои обдори кӯҳистон кӯчида, зиндагиро аз нав оғоз кардаанд. Бояд гуфт, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500 - солагии Саразм ва 700 - солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12 - 28 - уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, ба рӯйхати солгарди ЮНЕСКО ва таҷлили 5500 - солагии Саразми бостонӣ 12 - уми сентябри соли 2020 бо иштироки олимони ҷаҳонӣ, паҷӯҳишгарон, сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ва оммаи васеи халқи тоҷик ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Бобоҷони НУРЗОД,

адиб ва рӯзноманигор

Читать далее

Мубориза бо зуҳуроти номатлуб – кори дастаҷамъона

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст. Ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакатамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла дар шароити муосир мубориза бар муқобили зуҳуроти ба монанди терроризм ва экстермизм номатлуб дар сатҳи ниҳоят ҷидди қарор дорад.

Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Айни замон терроризму экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷавони муосирро ба ташвиш овардааст.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк карданд.

ҳамчун омӯзгор дар машғулиятҳо ба дастпарваронам талқин менамоям, ки аз ҳадафҳои нопоки хоинони миллат огоҳ бошанд, ба иғвои онҳо фирефта нашаванд. Илму дониши замонавиро азхуд намуда, баҳри пешрафти диёри азизамон саҳм гузоранд. Падару модарони шогирдонамро даъват мекунам, ки дар фикри тарбияи фарзандони хеш бошанд, бо шукргузорӣ аз чунин фазои обод дар пайи таълиму тарбия ва боло бурдани донишу маърифати онҳо бошанд.                                                

Раҳимҷон БОҚИЕВ,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи физики - математикии №1 ба
номи академик М.Осимӣ, шаҳри Хуҷанд,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Сазои иғвогар - ватангадоист!

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ на ҳар шаҳрванд сатҳи муайяни маърифати ҳуқуқӣ дораду метавонад аз он холисона истифода барад. Чунин, ҳолати пастмаърифатии ҳуқуқиро дар мисоли ҳарзагӯи навбаромад Муҳаммад Тағоев дидан мумкин аст, ки ӯ дар шабакаи Интернет бо ҳадафҳои муғризона иғвобарангезӣ мекунад. Алҳол дар кишвари мо ҷомеа озод асту метавонад мақсадҳои некбинонаро ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ озодона арз намояд.

Танҳо фарди муғризу иғвогар, нохалафу ватангадо фикрҳои ифротии худро берун аз Ватан ишфо месозаду гурӯҳи нобакор ба монанди Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ онро дастгирӣ менамоянд. Ин ифротиён, ки худ риояи меъёрҳои қонунро то ин дам сарфи назар намуда, ҷиноятҳо содир кардаанд, боз як гумроҳу фиребхӯрдаро дастгирӣ менамояд. Ҳол он, ки ҳар шахсе, ки зидди кишвари худ таблиғоти мебарад, таблиғгари ғайриқонунӣ асту ҳаракатҳои ӯро қонунҳои амалкунанда чун экстремизм маънидод мекунад. Аз ин бармеояд, ки Муҳаммад Тағоев чун экстремизм боздошт гардида, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аллакай садҳо чунин нафарони муғризу нобакорро аз байни душманон ошкор кардаасту ононро чун душмани халқ маҳкум намуда аст. Алҳол, ҳар як тоҷикистонӣ дарк намудааст, ки сарзамини ободу ҳаёти осоишта неъмати бебаҳои даврони истиқлолияти давлатӣ мебошаду мардум ҳамеша омодаанд, ки бар зидди нохалафон истодагарӣ намоянд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

 М.СОБИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Мубориза муқобили терроризм ва ифротгароӣ - омили субот дар кишвар

Терроризм ва экстремизм дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Зеро мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд.

Воқеан ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрӯз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбати ингуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад, ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар гузорад.

Чунин вазъият ҷомеаи ботамаддуни оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд. Вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин ва дар ин ҷода ба ҳадаф расидан душвор аст. 

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон, ба хусус дар минтақаи Осиё мебошад.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз субъектони пешбари муборизабаранда бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас дорад.

Ба ғайр аз дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ошкор намудани ҳаракатҳои ғаразолуди баъзе аз афроди гумроҳзада, яке аз усулҳои натиҷабахш дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон вобаста ба хавфу хатари экстремизму терроризм аст, ки ҳамин усули корбарӣ имкон медиҳад, шаҳрвандон огоҳии бештар пайдо намоянд.

Давоми 12 моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  кормандони мақомоти милитсия бо қишрҳои гуногуни ҷомеа 21 687 вохӯриву суҳбатҳо ташкил ва гузарониданд, ки  пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои террористӣ - экстремистӣ дошта, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат, суботи ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавзӯи меҳвари суҳбату мулоқотҳоро ташкил дод. 

Дар давраи ду моҳи сипаришудаи соли 2020 бошад 5 119 ҳамингуна суҳбатҳои тарбиявӣ ташкилу гузаронида шудааст.

Бо иштирок дар чунин мулокотҳо ҷаҳонбинии ҷавонон фаъол гашта, бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, унсурҳои халалдорсозандаи амнияту субот дастаҷамъона паҳлу ба паҳлу бо намояндагони мақомотҳои хифзи ҳуқуқ мубориза мебаранд.

Ҷавонони гурӯҳи «Авангард» аз қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд, ки ҳамсолони худро ба роҳи илмомӯзӣ, тарзи ҳаёти солим ва мудофиа аз арзишҳои милливу худшиносӣ талқин ва то андозае дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу равияҳои хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта саҳм мегиранд.

Хело хушоянд аст, ки имрӯзҳо сафи чунин чавонон меафзояд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд муяссар шуд, ки дар замири афроди гумроҳзада дарки хатогӣ ва интихоби роҳи дуруст дар зиндагиро бедор ва онҳоро ба оянда хушбин намояд. Барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани ҷавонони гумроҳзада, пайравони равияҳои хусусияти ифротӣ дошта мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамингуна усулҳои сабукидиҳанда натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст, ки метавон ин тадбирро роҳи пешгирӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон унвон кард.

Дар соли 2019 бо роҳи гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳои боварибахш бо падару модарон ва наздикони аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва равияҳои динии хусусияти экстремистидошта якчанд афроди бо ҳамин ҷурм гумонбар бо изҳори пушаймонӣ аз дохил ва хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, ихтиёран ба ҷузъу томҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҳозир ва бо ариза муроҷиат намуданд.

Ҳамаи нафарони ихтиёран ҳозиршуда бо татбиқи моддаҳои 72 ва 84, эъзоҳи моддаҳои 307 иловаҳои 1, 2 ва 3, 401 ил. 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Давоми соли 2020 бошад ҳамин усули корбарӣ идома ёфта истодааст.

Чунончӣ, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ашт ҷустуҷӯшаванда шаҳрванд Аббосов Насрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғози ҳамин ноҳияро, ки дар асоси моддаи 307 иловаи 3 КҶ барои пайрави ба равияи динӣ - экстремистии салафия нисбаташ моҳи майи соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, расман дар кофтуков қарор дошт, ба Ватан баргардониданд. Давоми ду соли охир бо мақсади ҷалб нагардидан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ гумонбаршуда Н.Аббосов ба муҳоҷират рӯй оварда буд. Падари у тавсия ва даъвати кормандони  милитсияро пазируфта, фарзандашро аз мулки ғарибӣ баргардонид.

Ба ҳамин монанд, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба кормандони ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров муяссар шуд, ки ҷустуҷӯшаванда Дадоҷони Муҳаммад, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияро, ки давоми соли 2016 ҷинояти  дар моддаи 307 иловаи 3 КҶ фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ содир намуда, дар хориҷа паноҳ мебурд, ба Ватан баргардонанд.

Мусаллам аст, ки амалҳои террористӣ пеш аз ҳама ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор месозад. Амалҳои террористии дар ин ё он гӯшаи олам содиршуда ҳушдорамон медиҳад, ки нисбати ин тамоюл бетараф набошем, ба душманони миллат, ба фурӯхташудагони ғояҳои ифротгароӣ муқовимат намоем, то ин ки давлатамон осоишта бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.

Бахтиёр МАМАДОВ,
сардори шуъбачаи ШКҶ Раёсати ВКД
дар вилояти Суғд майори милитсия

Читать далее

Бӯҳтонҳои муғризонаи ТТЭ ҲНИ

Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш ва нотавонбинони берун аз кишвар қарор дошта, ки бо ҳазор баҳонаву дурӯғ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор намуданд, дар шаҳри Венаи Аврупо ҷамъ омадаанд, то аз истирдод ва ё депортатсияи Ҳизбулло Шовализода, ки бар асоси қонуни будубош ва ё худ қонуни кишвари Австрия аз ин кишвар берун карда мешавад, ҷамъ омада мехоҳанд ба ин масъала тобиши сиёсӣ диҳанд.

Ин тоифа як нафарареро, ки обрӯву эътибори миллатро паст намуда, қонунҳои кишвари бегонаро риоя накардааст, ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ном мебаранд, ки ин як шармандагӣ аст.

Оё ин наҳзатиёни бадкеш ва дар асл, резахӯрони хони террористону ифротгароён, намедонанд, ки қонуни кишвари дигареро дағалона вайрон кардан ва ба обрӯву эътибори миллати тоҷик латма ворид кардан, фаъолияти сиёсӣ нест???

Оё ин тоифа намедонанд, ки тавассути интернет танқид кардани кишвари хеш ва симои махуфу бадсириштонаи худро ба тамошобинон нишон додан, ин фаъолияти сиёсӣ нест?

Магар ин хоинон фаромӯш кардаанд, ки Ҳизбулло Шовализода як муҳоҷири оддист ва фақат бо умеди ин разилон он ҷо рафтааст ва сарсону саргардон шудааст.

Расонаҳои ТТЭ ҲНИ дар ин масъала муболаға карда, аз мақомоти Австрия хостаанд, ки аз ихроҷи Шовализода худдорӣ кунад. Ба гуфтаи онҳо, Шовализода барои фаъолиятҳои сиёсиаш таҳти таъқиб қарор гирифта, маҷбур шудааст, ба Австрия паноҳ барад.”, ки ин дурӯғи маҳз аст. Ин шахс аз сиёсат хабаре надорад ва як фанатик асту халос, ки ин гуна ҷавононро Кабирӣ мехоҳад гирди худ ҷамъ оварад ва дар амалиётҳои террористӣ истифода намояд. Ин гумроҳон бошанд ба ин бовар мекунанду худро қурбон месозанд. Расонаҳои ТТЭ ҲНИ бошанд, ин масъаларо тобиши сиёсӣ дода, аз он муболиға месозанд, то ҷомеаро фиреб диҳанд, ки ин хиёнати бузург аст.

Вале воқеият ин аст, ки Шовализода қонунро вайрон кардааст, пас бояд тибқи қонун муҷозот шавад, пас чӣ ҳоҷат аз ин ҳангома сохтан?

Ин ҷо низ нақшаи ТТЭ ҲНИ дар назар аст ва онон мехоҳанд, ба кишвари худ боз ҳам сангандозӣ кунанд.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Алҳазар, аз фитнакориву доми фиреб!

Падидаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Имрӯз кишварҳои олам барои решакан намудани ин вабои аср муборизаи беамон доранд. Аз ҷумла, кишвари мо низ дар ин ҷода бетараф нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин ҳисобида, ҳамеша мардумро ҳушдор менамояд, ки аз ин амалҳои номатлуби зараровар дурӣ ҷӯянду ба донишомӯзӣ рӯ оваранд. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд, маҳз аз он нафароне сар мезанад, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд.

Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки пешгирии ин гуна равандҳои номатлуб бояд доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум сурат гирад. Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани экстремизм ва терроризм тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, инчунин давлатҳои оламро барои муттаҳид шудан дар ин кор даъват намуда истодааст.

Аммо барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти экстремизм ва терроризм аз воситаву имкониятҳо бояд истифода бурд.

Бархе муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар давлатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд. Ин он ҷавононе ҳастанд, ки саводи динии кофӣ надоранд. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем.

Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилоти террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон гуногун аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошанду ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд бошанд.

Мо - шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият дастовардҳои Истиқлолияти давлатии худро бо меҳнати софдилона дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошем.

Нигорахон ИСЛОМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№25 – уми шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҷавонон бояд худогоҳ бошанд!

Терроризму экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифта, шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида ва дар мулки ғарибӣ дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтиданд.

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои террористӣ зарар надида бошад.Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, ифротгароён арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷиноят даст мезананд.

Имрӯз рисолати мо, устодони таълимгоҳҳо аст, ки бояд тарбиятгирандагони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, чун сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва шукрона аз осмони софу беғубори кишварамон тарбия намоем ва талқин кунам, ки баҳри ободиву гулгулшукуфоии кишварамон саҳм гузоранд. Зиёда аз ин насли ҷавони мо бояд худогоҳ бошанд ва бидонанд, ки натиҷаи ҳодисаҳои ваҳшатангези солҳои навадум айни замон дар шакли созмони террористии ТТЭ ҲНИ зуҳур намудааст.

Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини Ислом дар тарбияи руҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳи маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст.

 Шоира ҚӮЧҚОРОВА,
омӯзгори мактаби №8, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Оштинопазирӣ бо амалҳои номатлуб

Терроризм ва экстромизм яке аз муаммом асосии замони муосир аст. Имрӯз сафи гурӯҳҳои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна шаҳрвандони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми ин созмонҳои ифротӣ қурбон мекунанд. Ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Терроризм падидаи номатлуби ҷомеа буда, ба ягон ҳизб, мазҳаб ё миллат хос нест. Имрӯз ифротгароён барои амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯиистифода менамоянд. Моро лозим аст, ба ҷои муқовимати тамаддунҳо, муколамаи тамаддунҳоро ба роҳ монем.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳон бетараф буда наметавонад. Дар кишвари мо баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Имрӯз душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, тариқи шабакаҳои интернетӣ дар ҳаққи кишвари худ бӯҳтон мезананд. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст.

Мо доимо ба наврасону ҷавонон мефаҳмонем, ки онҳо бояд муттаҳид, дастҷамъ бошанд ва ба иғвои хоинони миллат дода нашаванд, тамоми кӯшиши худро баҳри ободии Ватан равона намоянд.

Бихосият ҚОДИРОВА,
омӯзгори фанни математикаи
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11, шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон

Читать далее

МАРГ БАР ТЕРРОРИЗМ

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ инсоният ҷонибдори муборизаи қотеъ мебошад. Алъон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Ҳоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ гашта, он торафт беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Барои ифротгароён воситаи аз ҳама мувофиқ ва дастраси паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ин шабакаҳои интернетӣ ба шумор мераванд, ки бештар ҷавонону наврасонро ба доми худ мекашанд. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, сулҳу суботи кишвар кӯшиш намоем.

Манзура Мӯминова,
омӯзгори МТМУ №20 - и
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее