22 March 2020

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ карда, бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр шинос шуданд.

Коргоҳи нав дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” аз ҷониби соҳибкорон- оилаи Қосимовҳо таъсис ёфтааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғози расмӣ бахшиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғози расмӣ бахшиданд.

ҶДММ «Мурғи аълосифат» дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии стратегияи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, сохтмони корхонаи парандапарварӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва дар як муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстонро мавриди истифода қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.

Читать далее

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфта, дорои ду хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон, маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусӣ оид ба истеҳсоли қубурҳои пластикиро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ “Сифат пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти коргоҳи нав ва маҳсулоти ниҳоии он шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.

Читать далее